Хона блог саҳифа 544

Толибон аз Тоҷикистон хоста, ки бо Аморати исломӣ ҳамкорӣ кунад

0

Муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Афғонистон дар ҳукумати Толибон аз Тоҷикистон хостааст, ки бо Аморати исломӣ ҳамкорӣ кунад.

Шермуҳаммад Аббос Истоникзай, дар як изҳороти худаш дар Ҳирот тариқи телевизиони миллии Афғонистон гуфтааст:

“Афғонистон хонаи муштарки тамоми афғонҳост ва тамоми афғонҳо ҳаққи зиндагии бидуни табъизҳои қавмӣ, забонӣ ва мазҳабиро доранд.”

Муовини вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар Афғонистон гуфтааст, ки “мо бо Тоҷикистон муштаркоти зиёде дорем!” ва хоҳони барқарории равобити хубе бо ҳама кишварҳои дунё, ба хусус бо ҳамсояҳои Афғонистон ва Омрико мебошем.

Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёси Марказӣ ва кишварҳои узви ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки расман эълон карда, ки Аморати исломии Толибонро то замони ташкили ҳукумати ҳамашумул эътироф намекунад.

Аз сӯи дигар Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз замони ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ҳамеша аз минбарҳои дохилӣ, байни давлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нигаронии худро аз хатари таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи Афғонистон иброз мекунад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм ва мустаҳкам кардани ҳифзи сарҳадот аз кишварҳои дунё хоҳони дарёфти кумакҳои молӣ ва низомӣ мешавад.

Парлумон қарор қабул кард: Додраси ДОИ ба ҷавобгарӣ кашида шавад

0

Имрӯз дар рафти иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллии кишвар барои боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани Ширинзода Эраҷ, собиқ додраси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон розигӣ доданд.

Имрӯз 17-уми декабр ин қарори аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ки раҳбарии онро Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад, бо пешниҳоди Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон сурат гирифтааст.

“Дар ҷараёни иҷлосияи имрӯза пас аз баррасии пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати бекор карданидахлнопазирии судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинзода Эраҷ Сифот, барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба ҳабс гирифтани ӯ ризоият доданд.”

Дар хабар гуфта намешавад, ки Ширинзода айнан ба кадом ҷиноят даст задааст, аммо Эмомалӣ Раҳмон бо як фармонаш чанд рӯз пеш ӯро аз мақомаш сабукдӯш кард ва сабаби барканорияшро содир намудани кирдоре мегӯянд, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад.”

Барканории ин додраси Додгоҳи олии иқтисодии кишвар дар ҳолест, ки худи Эмомалӣ Раҳмон Ширинзодаро соли 2019 бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ карда буд.

Пас аз мукофот гирифтани Ширинзода дар бораи “софдилона” кор кардани ӯ матлабе дар сомонаи Додгоҳи олии иқтисодии кишвар нашр шуда буд. Дар ин матлаб аз ҷумла чунин навишта шудааст:

“Ширинзода Эраҷ солҳои тӯлонӣ дар мақомоти судӣ софдилона ва поквиҷдонона  кор ва фаъолият  менамояд. Аз ин рӯ, Ширинзода Эраҷ барои фаъолияти босамар, сатҳи баланди дониши касбӣ, саривақт ва босифат баррасӣ кардани парвандаҳои судӣ, дуруст татбиқ намудани меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ, саҳм доштан дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба чунин мукофот сазовор гардиданд.”

Ба ин монанд дар таърихи давлатдории Тоҷикистон даҳҳо мақомоти олӣ вуҷуд доранд, ки пас аз қадрдонӣ аз амалҳои “софдилона”-ашон аз мансабҳо барканор ва бархе зиндонӣ ҳам шудаанд.

Ҳукумати Толибон будҷаи соли ояндаи Афғонистонро омода кардааст

0

Ҳаракати Толибон, ки 4 моҳ мешавад идораи Афғонистонро дар даст дорад, бидуни эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кумакҳои хориҷӣ будҷаи молии соли ояндаи худ барои идораи ин кишварро таҳия кардааст.

Сухангӯи Вазорати молияи Афғонистон Аҳмадвалӣ Ҳақмал ба расонаҳо гуфтааст, ки будҷаи молии соли ояндаи Афғонистон омодааст ва пас аз ниҳоӣ шудани он ба зудӣ ба Раёсати вузаро рафта, тасвиб хоҳад шуд.

Аҳмадвалӣ Ҳақмал афзуда, ки будҷаи молии соли ҷорӣ одӣ аст ва аз сӯи ҳукумат маблағгузорӣ гардида ва то охири сол моҳонаи кормандони давлатӣ пардохт мешавад.

Пеш аз ин Аҳмадвалӣ Ҳақмал, сухангӯи Вазорати молияи Афғонистон дар ҳукумати Толибон дар робита ба даромади ниҳодҳои давлатӣ гуфта буд, ки дар соли ҷорӣ зиёда аз 62 миллиард афғонӣ (наздик ба 600 млн доллар) даромад доштаанд.

Толибон чор моҳ пеш дар 15-уми августи соли ҷорӣ пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз Кобул қудратро дар Афғонистон ба тасарруфи худ дароварданд ва бо гузашти беш аз 120 рӯз то ҳол ягон давлати дунё ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Задухӯрди навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

0

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 16-уми декабр задухӯрд бо истифодаи силоҳ рух додааст. Дар ин бора мақомоти расмии ду кишвар хабар доданд.  

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон имрӯз, 17-уми декабр хабар дод, ки рӯзи “16 декабри соли 2021, тахминан соати 16:50, дар қитъаи дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён далели аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон сохтмони ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуд.”

Аммо расонаҳои қиғизӣ мегӯянд, шаҳрвандони Қирғизистон дар минтақаи Кочо-Боюи вилояти Ботканд корҳои сохтмонӣ анҷом медодаанд. Сарҳадбонони қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон фикр кардаанд, ки кори сохтмон дар ин минтақа ғайриқонунист ва ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, қатъи сохтмонро талаб кардаанд. Дар натиҷа задухӯрди лафзӣ ба амал омада, он ба ҷанҷол табдил ёфтааст.

Дар ҷараёни ҷанҷол яке аз марзбонони ҶТ барои роҳ надодан ба занозании бештар аз таппончаи “Макаров” чаҳор маротиба ба ҳаво тир холӣ кардааст. Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, сардори дидбонгоҳи сарҳадии ҚС Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз арзёбии вазъият ва барои пешгирӣ аз ҷанҷло ба ҳаво ду бор тир холӣ кардааст на чаҳор бор.

Бино ба иттилои ҷониби Тоҷикистон, зимни вохӯрии марзбонони тоҷик бо марзбонони қирғиз, “шаҳрвандони хашмгини Ҷумҳурии Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯи онҳо санг партофтанд. Чун дар ҳолатҳои қаблӣ бо ба роҳ андохтани иғвои навбатӣ шаҳрвандони Қирғизистон ба пеш ҳаракат карданд ва бо ин ба ҳаёт ва саломатии марзбонони тоҷик таҳдид намуданд.”

Гуфта мешавад, намояндагони марзбонии тарафҳо дар ҳол ба ҷойи ҳодиса расиданд ва пас аз гуфтушунидҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҳодисаро якҷоя тафтиш ва барои ҷамъбасти он боз мулоқот мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир вазъ дар қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон мӯътадил арзёбӣ мешавад.

Як ширкати наздикони Эмомалӣ Раҳмон 7 сол аз андоз озод шуд

0

Ҳукумати Тоҷикистон ширкати “Мармарӣ”-ро, ки дар кишвар ба парвариши чорво гӯшти мурғ машғул аст, барои 7 сол аз тамоми намуди андоз ва боҷи гумрукӣ озод кард.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, созишномаи озод кардани ширкати “Мармарӣ” аз ҳама анвои андозҳо байни Ҳукумат ва масъулони ин ширкат моҳи сентябр ба имзо расидааст.

“Тибқи шартнома бо ҳукумат, моликони ширкати “Мармарӣ” аз пардохти андоз аз фоида, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андози замин, андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол (кор ва хидматрасонӣ) ва таҳвили маҳсулот дар ҳудуди Тоҷикистон озод карда шудааст.”, омадааст дар хабар.

Дар баробари ин имтиёзҳо ширкати мазкур муваззаф шуда, ки “бо харҷи 25 миллион доллар шумораи говҳоро дар фермае дар ноҳияи Ёвон ба 3500 сар расонида, дар як сол 20 ҳазор тонна хӯроки чорво истеҳсол кунад. Дар маҷмааи паррандапарварии ноҳияи Данғара аз 2,7 миллион парранда дар як сол 5 ҳазору 86 тонна гӯшти мурғ омода намояд.”

Таҳқиқот нишон дода, ки ин ширкат ба Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон тааллуқ дошта, шахсони наздик ба ӯ ширкатро роҳбарӣ мекунанд.

Имтиёзҳои тиллоии Ҳукумати кишвар ба ин ширкат ва амсолаш дар ҳолест, ки солона дар Тоҷикистон даҳҳо ширкатҳои хурду бузург ба хотири анзодҳои ҳангуфт ва тафтишҳои зиёди мақомот фаъолияти худро қатъ мекунанд.

“Барқи тоҷик” бояд $82 млн қарзи будҷаро баргардонад

0

Ширкати “Барқи тоҷик” муваззаф шудааст, ки имсол 82 миллион доллари қарзи гирифтааш аз ҳукуматро ба будҷаи давлат баргардонад.

Бо як қарори Ҳукумати кишвар 7 корхонаи давлатӣ ва ширкатҳои саҳҳомӣ муваззаф шудаанд, ки соли оянда бояд ба будҷети давлат беш аз 992,2 млн сомонӣ (88 млн доллар) қарзҳояшонро пардохт кунанд.

Аз ин миқдор маблағ тақрибан 93%-и он (922,5 млн сомонӣ баробар ба 82 млн доллар) ба ШСХК “Барқи тоҷик” рост меояд. Гуфта мешавад, қарзи умумии кредитории ин ширкат то 1 июли соли ҷорӣ 29,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар рӯйхати қарздороне, ки “ASIA-PLUS” онро нашр кардааст, инчунин боз 6 корхонаи дигар оварда шудааст, ки бояд соли 2022 қарзҳояшонро ба маблағҳои зерин пардохт кунанд:

– ҶСК «Фурӯдгоҳи байнулмилалии Душанбе» – 25,1 млн сомонӣ ($2,2 млн);

– КВД «Обу корез» – 16,8 млн сомонӣ ($1,5млн);

– ҶСК «Помир Энержӣ» – 11,6 млн сомонӣ ($1 млн);

– ҶСК «Тоҷиктрансгаз» – 8,7 млн сомонӣ ($770 ҳаз.);

– КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 4,1 млн сомонӣ ($363 ҳаз.);

– ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» – 3,3 млн сомонӣ ($292 ҳаз.).

Ба ҷуз ширкати “Помир Энержӣ”, ки иштирокчии лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оқо Хон оид ба рушди иқтисодӣ, Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ (IFC) ва Агентии рушди байналмиллалии Швейтсария аст, бастаи пурраи дигар 5 ширкати дар рӯйхат зикршуда ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон то 1-уми октябри соли ҷорӣ 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил дода, соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон дар нақша дорад, ки  барои пардохти қарзи беруна ҳудуди 2,2 млрд сомонӣ (195 млн доллар) маблағ ҷудо кунад.

Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ дар бораи ҳодисаҳои ахири Хоруғ

0

Ҷомеаи шаҳварвандии Бадахшон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки қонун барои ҳама як аст, омилини қатли се нафар ва захмӣ кардани чанд каси дигар дар Хоруғ бояд шиносоӣ гардида, муҷозот шаванд.

Ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо нашри изҳороти видеоӣ дар бораи ҳодисаҳои рӯзҳои 25-28-уми ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ аз камтаваҷҷуҳии мақомот ва поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон интиқод кардааст.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки дар рафти амлиёти боздошт дар ноҳияи Роштқалъа бар иловаи қатли Гулбиддин Зиёбеков ду нафари дигаре низ аз сокинони вилоят маҷрӯҳ ва барои ҳамеша маълул шуданд.

Инчунин дар рафти багузории ҳамоишҳои эътирозии сокинон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ, ки мардум барои додхоҳӣ ба назди раҳбарияти вилоят ҷамъ шуда буданд, дар натиҷаи тирборони мақомот 17 нафар захӣ гардид, ки аз ин теъдод ду нафарашон ҳам дар ҳамон рӯзҳои аввал ҷони худро аз даст доданд.

Ҳамзамон дар ин изҳорот таъкид мешавад, ки “дар филми “Нерӯи қонун” фақат масъалаи ҷавобгарӣ барои латукӯби кормандони мақомотҳои қудратӣ ба роҳ монда шудаасту дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани ду нафар кушта шуда ва 15 нафар аз тири яроқи оташфишон захмӣ шуда, ягон гапу гузоре нест.”

Пеш аз тарки майдони марказии Хоруғ хостаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардум аз мақомот чунин буд:

  1. Ҳодисаи қатли Гулбиддин Зиёбеков таҳқиқ ва омилони он ба ҷавобгарӣ ва муҷозот кардани ҷинояткорон;
  2. Иштирокчиёни ҳамоишҳои эътирозӣ афв карда шаванд;
  3. Баровардани низомиён ва блокпостҳои иловашуда дар ҳудуди шаҳри Хоруғ;
  4. Дастрасӣ ба алоқаи молибӣ ва Интернет;
  5. Аз кор сабукдӯш кардани Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ.

Хостаҳои асосии намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардум дар он хулоса мешуд:

  1. Роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣӣ Қулма-Хоруғ-Душанбе бояд фавран кушода шавад;
  2. Майдони Исмоили Самонии шаҳри Хоруғро мардум тарк намоянд.

Дар изҳорот таъкид мешавад, ки фаъолияти аперативӣ-ҷустуҷӯӣ фақат дар доираи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти апреративӣ-ҷустуҷӯӣ” сурат бигирад. Ҳар касе, ки ҷиноят содир намояд, ӯро фақат суд ҷазо медиҳад, на мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти КДАМ ва не мақомоти Прокуратураи генералӣ. Дар Тоҷикистон фақат суд ҳуқуқи ҷазо доданро дорад, на дигар мақомот.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин изҳороти худ ёдовар мешаванд, ки дар Тоҷикистон барои шикори харгӯш, оҳӯ ва моҳигирӣ иҷозатномаи расмиеро аз мақомоти махсус мегиранд, вале дар Вилояти Мухотори Кӯҳистон Бадахшон исонҳо арзиш надоранд ва онҳо бидуни ҳукми суд мепарронанд.

ДДР: Тасвиби созишномаи таъсиси системаи муштараки дифои ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

0

Субҳи имрӯз, 16-уми декабр Думаи давлатӣ созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи таъсиси системаи муштараки дифои зидди ҳавоиро ба тасвиб расонд.

Ба иттилои хабаргузории давлатии Русия “Тасс“, тибқи ин санад, ҷонибҳо як системаи ягонаи дифои ҳавоии минтақавӣ эҷод мекунанд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи ягонаи дифои ҳавоии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) мебошад.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин баланд бардоштани самаранокии ҳалли проблемаҳои мудофиа аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар минтақа арзёбӣ мешавад.

Пеш аз ин 8-уми декбар, Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон ин тарҳи пешниҳодии Русияро ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бурд ва бо суханронӣ ва муаррифии кӯтоҳи он Парлумони кишвар бидуни баҳсу баррасиҳои зиёд ин тарҳро қабул карда буд.

Созишномаи таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ зимни сафари кории Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ба Душанбе бо Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Баъдан ҷонибҳо шарҳ доданд, ки ҳадаф аз имзои ин созишнома баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи марзи давлатӣ дар ҳарими ҳавоӣ мебошад.

Акнун баъд аз ба тасвиб расидани ин тарҳ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Думаи давлатии Русия қарор аст президентҳои ҳар ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон зери он имзо кунанд, то ба марҳилаи амалӣ бирасад.

Ваколати Ёдгор Файзов дар Парлумон қатъ карда мешавад

0

Қарор аст дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ваколатии Ёдгор Файзов, собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Парлумон қатъ ва аз мансаби муовинатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон барканор гардад.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Дар хабари

Акс аз сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон

Дар хабар аз ҳузури Файзов дар ин ҷаласа гуфта нашудааст, аммо дар аксе, ки аз ҷаласаи имрӯза нашр шгудааст, дида мешавад, ки дигар аъзоёни Шӯрои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд ва Ёдгор Файзов дида намешавад.

Толибон ба ҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе 800 ҳазор доллар гузаронданд

0

Ҳукумати Толибон ҳудуди 800 000 долларро ба “хато” дар суратҳисоби сафорати Афғонистон дар Душанбе интиқол додаанд. Дар ин бора “Авеста” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, охири моҳи марти соли ҷорӣ Ашраф Ғанӣ, собиқ президенти фирории Афғонистон аз Тоҷикистон дидан кард ва он замон ваъда дода буд, ки дар шаҳри Ваҳдат барои муҳоҷирони афғон мактаб бунёд мекунад. Он вақт Ашраф Ғанӣ ба Вазорати молияи Афғонистон дастур дода буд, ки барои сохтмони ин мактаб ҳудуди 800 ҳазор доллар ҷудо кунад.

Вазорати молияи Афғонистон мебоист ин маблағро ба суратҳисоби сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон интиқол диҳад, аммо дар моҳи август вазъ дар Афғонистон ба таври куллӣ тағйир ёфт, Толибон ба қудрат расиданд ва Ғанӣ аз кишвар фирор кард.

Эҳтимол меравад, ин пул дар суратҳисобҳои Вазорати молия дар Кобул бо нишондоди мухотаб барои интиқол боқӣ мондааст ва Толибон маблағро ба сафорати Афғонистон дар Душанбе интиқол додаанд.

Дар охири моҳи ноябр Вазорати корҳои хориҷии Толибон ба сафорати Афғонистон дар Душанбе бо талаби баргардонидани тақрибан 800 ҳазор доллар нома ирсол кардаанд. Аммо сафорат мегӯяд, он пулҳоро барнамегардонад, чун онҳо аллакай барои эҳтиёҷоти сафорат сарф шудаанд.

“Мо наметавонем ин пулро ба Толибон баргардонем, зеро Толибонро на танҳо мо, балки тамоми ҷаҳон эътироф намекунад”, – шарҳ додааст намояндагии дипломатии Афғонистон дар Душанбе ба “Авеста”.