Хона блог саҳифа 551

С.Ятимов: “Гулбиддин Зиёбеков ҷинояткор буд!”

0

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷаласае дар Хоруғ ширкат карда, гуфтааст, ки Гулбиддин Зиёбеков ҷинояткор буд.

Бо ин вуҷуд, мақомот бо роҳҳои мухталиф мехоҳанд болои ширкаткунандагон дар тазоҳуроти чоррӯза дар шаҳри Хоруғ фишор биоранд.

Пойгоҳи телеграмии “Pamir Daily News”, ки бештар ахбори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистонро пӯшиш медиҳад, хабар додааст, ки мақомоти қудратӣ ва интизомӣ дар вилоят бо роҳҳои гуногун фишор овардан болои иштирокчиёни гирдиҳамоии эътирозии сокинон дар шаҳри Хоруғро оғоз кардаанд.

Аммо сомонаи Радиои Озодӣ дар истинод ба телевизиони маҳаллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода, ки шоми 1-уми декабр бори аввал мақомот эълом карданд, “онҳое дар эътироз ширкат кардаанд ва ҷинояти дигар содир накардаанд, аз ҷавобгарӣ озоданд.”

Гулбиддин Зиёбеков 25-уми ноябр дар ноҳияи Роштқалъа дар деҳаи Тавдем аввал захмӣ ва сипас бо зарби 7 тир дар роҳ тавассути мақомоти Тоҷикистон кушта шуд. Қатли бераҳмонаи Гулбиддин Зиёбеков мавҷи эътирозҳоро дар Хоруғ сипас дар Душанбеву Маскав, Лондону Ню-Йорк ва дигар бузургшаҳрҳои хеле аз кишварҳои авропоӣ ба вуҷуд овард.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

0

Баъди зуҳри 1-уми декабр дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара наздик ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон садои тирпарронӣ шунида шудааст. То ҳоло талафоте аз ду ҷониб гузоирш нагардидааст.

Ба иттилои расонаҳои тоҷикӣ рӯзи 1-уми декабр тақрибан соатҳои 10:00 рӯз як омӯзгори 59-сола бо номи Камолиддин Собиров аз деҳаи сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба далелҳои то ҳол номаълум аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон рабуда шуда ва сахт лату кӯб шудаасту айни ҳол дар бемористон бистарӣ аст.

Аммо расонаҳои қирғизӣ низ иддао доранд, ки як шаҳрванди онҳо аз ҷониби тоҷикон дуздида шуда, мавриди лату кӯб қарор гирифт ва ҳоло ӯ низ дар бемористон муолиҷа мегирад.

Хабаргузории қирғизии 24.kg ба нақл аз Хадамоти нерӯҳои марзбонии ин кишвар дар шарҳи ин қазия чунин менависад: “Дар деҳаи Дахма як гови маҳаллӣ вориди қаламрави Тоҷикистон шудааст. Вақте ки шаҳрванди Қирғизистон ӯро ҷустуҷӯ мекард, аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир шудааст. Дар посух мардуми қирғиз як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд”.

Пас аз вуқуъи ҳодиса Хадамоти нреӯҳои марзбонии Қирғизистон қазияро расман шарҳ доданд, аммо то ҳол мақомоти тоҷик дар ин маврид шарҳи расмие надодаанд. То кунун фарзияҳои қирзӣ дар расонаҳои нашр мешавад.

Марзбонии Қирғизистон мегӯяд, тирпарронӣ байни нерӯҳои низомӣ ва ё шахсони алоҳида набуда, балки овози тирҳои шикорӣ будаанд.

Бино ба иттилои Хадамоти нерӯҳои марзбонии Қирғизистон рӯзи 1-уми декабр, пас аз ҳодисаи мазкур соати 23:30 дар минтақаи Торт-Кочои вилояти Бодканди Қирғизистон ҳайати музокиракунандаи ду кишвар бо шумули раисони вилояту шаҳрҳои наздимарзӣ мулоқот анҷом доданд. Пас аз музоикира ҷонибҳо дар бораи посбонии муштаркаи минтақаҳои марзӣ ба тавофуқ расиданд. Айни ҳол вазъ дар марзи ду кишвар муътадил арзёбӣ мешавад.

Боздошти як ҷавонзан ба гумони дуздидани кӯдаки хурдсол

0

Кормандони пулиси Душанбе зани ҷавонеро бо гумони дуздидани кӯдаки навзод, ки як рӯз пеш нопадид шуда буд, боздошт карданд.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД-и Тоҷикистон рӯзи 30-юми ноябр, тахминан соати 15:00 ба пулиси шаҳри Душанбе дар бораи рабуда шудани кӯдаки думоҳа аз бемористони шаҳрии рақами 13 хабар расида буд. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ соати 4:20-и субҳи имрӯз як зани бо гумони одамрабоӣ, ки берун аз пойтахт қарор дошт, дастгир шуд.

ВКД аз ин ҷавонзани 29-сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна ном бурда, ки мутаваллиди 03.07.1992 ва сокини деҳаи Кампирғалаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.

Нисбати Аҳмедова тибқи моддаи 130-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ (одамрабоӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот барои муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур, идома доранд. Ба  ин зан барои рабудани кӯдаки ноболиғ аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Шоҳидон ва расонаҳо дуздида шудани кудаки хӯрдсолро чунин шарҳ додаанд, “Ҷавонзан бо кӯдак барои муоина пеши духтур омада буд. Вале маълум шуд, ки духтур бе дастпӯшак муоина намегузаронад ва дастпӯшакро муштариён бояд худашон меовардаанд. Модари кӯдак барои харидани дастпӯшак берун баромадааст ва як духтари дигар, ки ҳамон ҷо меистод, пешниҳод кардааст, ки то омаданаш кӯдакашро нигоҳ мекунад. Модар фикр кардааст, ки ӯ корманди бемористон аст ва кӯдакашро ба он духтар додааст. Вале вақте ки бармегардад, на духтарро пайдо кардааст ва на кӯдакашро.”

Модари Гулбиддин мехоҳад бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кунад

0

Певистамо Абдулмуминова, модари Гулбиддин Зиёбеков дар ноҳияи Роштқалъа хостори мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон шудааст.

Имрӯз, 1-уми декбар модари ҷавони 29-солаи бадахшонӣ, ки ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон кушта шуд, дар суҳбат Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар вилоят ба додаш нарасиданд, маҷбур аст арзашро мустақим ба Президент расонад.

Модари Гулбуддин Зиёбеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Қасам ба номи Худо, қасам ба арвоҳи писари навгузаштаам, ки ӯ силоҳ надошт. Вай хидмат ҳам накарда буд, таппончаро намедонист. Бачаи ман ҳатто сигарет накашида буд. Вай ба ягон кас ягон зарар нарасонида буд.”

Гуфтанист, 25-уми ноябр Гулбуддин Зиёбеков тавассути гурӯҳе аз мақомот, ки барои боздошти ӯ рафта буданд, ба гуфтаи мақомот “дар ҳамлаи ҷавобӣ захмӣ шуд”, вале баъдтар маълум шуд, ки ба ҷисми вай 7 тир задаанд ва тири охири ҳам ба пешонаи ӯ расидааст.

Қатли Гулбиддин Зиёбеков мавҷи эътирозҳоро нахуст дар шаҳри Хоруғ, сипас доманаи он то Душанбеву Маскав, Лондону Ню-Йорк ва дигар бузургшаҳрҳои дунё густариш дод ва эътирозгарон ҳама бо як садо мегуфтанд, ки қотилон бояд муҷозот ва хостаҳои мардум бароварда гарданд ва алоқаи мобилӣ ва интернет дар вилоят барқарор карда шавад, вале бо гузашти се рӯз аз пароканда шудани эътирозҳо ҳамоно мақомот ба ваъдаҳои худ амал накардаанд.

Гирдиҳамоии эътирозии тоҷикон дар Лаҳистон

0

Субҳи имрӯз гурӯҳе аз тоҷикони муқими Лаҳистон дар рӯбарӯи бинои Иттиҳоди Аврупо дар пойтахти ин кишвар шаҳри Варшава гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор карданд.

1-уми декабр дар шаҳри Варшава, назди бинои Иттиҳоди Аврупо ҷамъе аз фаъолони тоҷик гирди ҳам омада, барои ҳимоят аз мардуми Бадахшон ва талаби озодии зиндониёни сиёсӣ эътироз карданд.

Дар ин гирдиҳамоии эътирозӣ намояндагони созмонҳои гуногун, аз ҷумла Паймони милли Тоҷикистон, Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ҲНИТ ва дигарон ширкат карданд.

Эътирозгарон аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ба ваъдаҳои худ дар баробари мардуми Бадахшон вафо кунад. Гуфта мешавад, ҳукумат барои пароканда кардани мардум аз майдони марказии шаҳри Хоруғ ваъда дода буд, ки дар ин минтақа интернет ва алоқаи мобилиро барқарор мекунад, вале бо гузашти чанд рӯз то ҳол интернет ва алоқаи мобилӣ барқарор нашудааст.

Ҳамзамон ҷамъомадагон дар назди бинои Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати кишвар талаб карданд, ки зиндониёни сиёсиро раҳо кунад, ба хусус аз вазъияти мубҳами Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини зиндонии раиси ҲНИТ ва Зубайдуллоҳи Розиқ, Раҳматуллоҳи Раҷаб ва дигарон ба наздикон ва расонаҳо гузоирш бидиҳад.

Дар охири ин гирдиҳамоӣ, эътирозгарон номаҳои эътирозии худро ба намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Лаҳистон супориданд.

Русия дар Тоҷикистон бо 150 млн доллар мактаб месозад

0

Рӯзи 30-уми ноябр байни намоядагони ҳукумати Русия ва Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон созишнома барои сохтани мактабҳои русӣ дар 5 шаҳри Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин бора Вазорати маорифи кишвар хабар дод.

Гуфта мешавад, ин созишнома дар доираи сафари кории муовини Сарвазири Русия Оверчук Алексей Логвинович ба Душанбе сурат гирифтааст. Ҳамроҳи муовини Сарвазир низ намояндагони ҳукумати Русия, Вазорати маориф ва Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Созишномаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ва муовини якуми вазири маорифи Федератсияи Русия Бугаев Александр Вячеславович имзо намуданд.

Бино ба иттлои манбаъ, ин 5 мактаб дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода бунёд мегардад ва низоми дарсӣ низ бо забони русӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар Созишномаи мазкур дар мавриди ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак, ки дар 5 шаҳри Тоҷикистон сохта мешаванд, гуфта шудааст, ки таҳсил дар ин мактабҳо бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад ва ҳамзамон омӯзиши забони тоҷикӣ низ ҷорӣ мегардад. Инчунин қайд гардида, ки фаъолияти таълимии онҳо дар асоси қонунгузории Федератсияи Русия аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии Русия ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Дар робита ба маблағҳои ҷудошуда барои сохтани ин мактабҳо дар хабари Вазорати маорифи Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст, аммо хабаргузории русии ТАСС мегӯяд, ҳукумати Русия барои сохтани ин 5 мактаб дар Тоҷикистон 150 млн доллар ҷудо кардааст.

Беш аз 97% мардум хостори барканории Мирзонаботов ва Назарзода шуданд

0

Ҷамъе аз сокинони Вилояти Мухтории Кӯҳистони Бадахшон бо ирсоли як номаи боз ба Президент Эмомалӣ Раҳмон аз вай талаб кардаанд, ки раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғро аз мансабҳояшон барканор кунад.

Дар ин нома, ки дар пойгоҳи телеграмии ‘‘Pamirdaylynews’‘ нашр шудааст, сокинон таъкид мекунанд, ки бо вуҷуд пароканда шудани иштирокчиёни гирдиҳамоии эътирозии сокинон аз майдони Исмоилии Сомонии шаҳри Хоруғ, боз шудани хиёбони марказӣ ва ба эътидол овардани тарбиботи ҷамъиятӣ мақомот ба ваъдаҳои худ амал намекунанд.

Дар ин нома сокинон таъкид мекунанд, ки раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода намехоҳанд бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ кунанд ва ба ваъдаҳои худ дар мавриди барқарор кардани алоқаи молибӣ ва интернет дар вилоят амал кунанд. Ва аз Президент хостаанд, ки раиси вилоят ва шаҳри Хоруғ ҳарду аз мансабҳояшон сабукдӯш шаванд.

Ин номаи сокинон ба Президент, ҳамчун кафили сулҳу оромӣ ва тазминкунандаи ҳуқуқҳои конститутсионии шарҳвандон дар Тоҷикистон ирсол шудааст. Онҳо мегӯянд, талаботи зиёде надоранд. Танҳо таъмини оддитарин ҳуқуқҳои худро талаб доранд. Ба ин хотир таъкид мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон бояд ба хостаҳои онҳо расидагӣ кунад.

Дар ин нома ишора шудааст, ки бо вуҷуди пароканда шудани эътирозҳо, аммо вақте мақомот ба ваъдаҳои худ амал намекунанд, хабарҳое ба гӯш мерасад, ки эътирозгарон дубора ба майдон хоҳанд омад ва ҳамоишҳои эътирозӣ дубора оғоз хоҳанд шуд.

Ин нома дар ҳоле нашр шудааст, ки як назарсанҷӣ дар саҳфаи ‘‘Pamir News’‘ дар Фейсбук зери унвони “шумо розӣ ҳастед, ки раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода аз мақомҳои худ барканор шаванд?”, 2744 нафар раъй дода, зиёда аз 97 дарсади ширкаткунандагон, яъне 2670 нафари онҳо гуфтаанд, ки бояд раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ аз вазифаҳои худ барканор шаванд ва танҳо 2,8% раъйдиҳандагон, яъне 74 каси онҳо қайд кардаанд, ки набояд онҳо аз вазифаҳояшон барканор шаванд.

“Облава”-и ҷавонон аз дохили донишкадаҳо дар Тоҷикистон

0

Кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент бо вуҷуди ба охир расидани муҳлати даъват ба артиш, дохили донишкадаҳо шуда, донишҷӯёнро аз дарс гирифта, зӯран ба артиш мебаранд.

Акс аз Интернет

Ҷамшед Ҳабиб, як корбар бо нашри наворе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишта, ки кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент сухани муаллимонро итоат накарда, донишҷӯёнро аз дохили донишкада омада мебаранд.

Ин корбар аз рӯзноманигон ва зиёиён гила карда, ки чунин беқонуниро расонаӣ намекунанд.

“Панҷакенте, ки чандин журналисту зиёи дорад, аммо донишҷӯро омада аз даруни донишкадааш гирифта мебаранд, дигар будани он журналисту ба ном зиёи чӣ лозим? Ҳатто гапи муаллимаро касе гуш намекунад. Прократураи ҳарбӣ ба доди касе намерасад”, – менависад, Ҷамшед.

Ҳамзамон бино ба иттилои расонаҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз мудирони мактаб ва дигар муассисҳо талаб доранд, ки ҳар нафари онҳо як ҷавонро барои хидмат ба артиш биёранд. Масъулони ноҳия низ тасдиқ кардаанд, ки аз ҳама мудирон хоста шуда, ки фарзандони худро ба хидмат равона кунанд.

Ин дар ҳолест, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш аз дирӯз 30-уми ноябр ба охир расидааст. Вазорати дифои кишвар ҳам бо ба охир расидани муҳлати даъвати ҷавонон ба атриш то имрӯз гузорише ироа накардааст.

Дар гузориши қаблии вазорат, ки 2-уми ноябр нашр гардида буд, гуфта мешуд, ки бо гузашти як моҳ аз оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ нақшаи даъват дар тамоми ҷумҳурӣ наздики 70% иҷро шудааст.

Баъзе сокинон аз вилояти Хатлон ба Аздо тв гуфтанд, ки баъзан муҳлати даъват ба охир мерасад, аммо кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ то як ҳафтаи дигар барои ҷайби худашон “шикор” мекунанд ва касе ҳам пеши роҳи онҳоро намегирад.

Гуфтанист, ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин нафар шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳои гум шудани афсарон низ вуҷуд дорад. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби бад будани шароити хидмат аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро ба артиш сафарбар мекунад, ки ин амали мақомдорон ҳамеша дар ҷомеа мавриди баҳс қарор мегирад.

Имзои Қонуни ҶТ “Дар бораи буҷети давлатии соли 2022”

0

Имрӯз 30-уми ноябр Президент Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022”-ро имзо кард.

Хадамоти матуботи Президент мегӯяд, қариб нисфи маблағи Буҷети давлатӣ ин қонун ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона шудааст.

Пеш аз ин 25-уми октябр дар ҷаласаи Ҳукумат Буҷети давлатӣ барои соли оянда тасдиқ шуд. Мувофиқи он даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 32,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021 5,1 миллиард сомонӣ бештар мебошад.

Инчунин хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 низ аз буҷети пешбинишудаи соли гузашта зиёдтар гуфта мешавад. Хароҷоти умумии буҷети кишвар барои имсол 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба даромад 600 миллион сомонӣ камтар аст.

Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумат гуфт, ки буҷети давлатии соли 2022 барои татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ва дохилӣ ба он, аз ҷумла таъсири идомаёбандаи пандемияи КОВИД – 19, тараққиёти соҳаҳои воқеию инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.

Дар буҷети давлатии соли 2022 барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишвар 14,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он баробар бо 43,7 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 14 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аст.

Интернет дар ВМКБ ҳанӯз барқарор карда нашудааст

0

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ҳол алоқаи интернетӣ вуҷуд надорад. Дар ин бора “

Набуди интернет дар ҳоле аст, ки мақомот пас аз тавофуқҳои ҳосилшуда дар гуфтушунидҳо ваъда доданд, ки алоқаро барқарор мекунанд.

“Баъди гуфтушунид ба мо ваъда доданд, ки алоқаи интернетро барқарор мекунанд, аммо як рӯз гузашту то ҳол интернет нест. Дирӯз ваъда доданд, ки имрӯз, 30 ноябр то соати 13:00 алоқа барқарор мешавад, аммо ин муддат ҳам гузашта, интернет нест. То ҳол касе чизеро шарҳ надодааст”, – мегӯяд манбаъ.

Сокинони ВМКБ аз он нигаронанд, ки дар сурати риоя накардани банди маъмулии қарордод дар мавриди барқарории интернет, мақомот бандҳои дигарро метавонанд иҷро накунанд.

Сухангӯйи ҳукумати ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ҳам соати 15:00 рӯзи 30-юми ноябр таъйид кард, ки то кунун дар вилоят интернет нест.

Муовини аввали раиси Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кардааст.

Ҳамчунин аз набуди алоқаи мобилӣ ва интернет зодагони ВМКБ, ки дар берун аз вилоят қарор доранд ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар додаанд.

Ба навиштаи манбаъ, алоқаи мобилӣ ва интернет бо Хоруғ то ҳол барқарор карда нашудааст ва онҳо наметавонанд ба наздикони худ занг зада, аз аҳволашон бохабар шаванд. Ҳоло ҳам, тавре ки дар рӯзҳои эътирозҳои Хоруғ, дар маркази маъмурии ВМКБ, дар Хоруғ ва атрофи он танҳо онҳое, ки симкортҳои “афғонӣ”, яъне аз ширкатҳои мобили Афғонистони ҳамсояро доранд, ба алоқаи мобилӣ ва интернет дастрасӣ доранд. Дар рӯзҳои нооромиҳо хабарҳо ва аксу видеоҳо аз Хоруғ ба берун низ асосан тавассути ҳамин симкортҳои “афғонӣ” фиристода мешуд.

Ёдовар мешавем, ки гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ 25-уми ноябр пас аз кушта шудани сокини ноҳияи Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардиданд. Сокинони шаҳр дар куштори ӯ мақомотро гунаҳкор дониста, ҷасади ӯро бо талаби тафтиши ҳодисаи марги ӯ ба майдони асосии Хоруғ оварданд.

Ин тазоҳуроти эътирозии сокинони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ 4 рӯз идома карда, шоми 28-ноябр поён ёфт ва ҳама ба хонаҳои худ баргаштаанд.