Хона блог саҳифа 557

Аврупо, умеди зиндагии беҳтар ё марг дар роҳ?

0

Буҳрони навбатии муҳоҷират дар марзи Иттиҳоди Аврупо рӯз ба рӯз вахимтару доғтар мешавад. Лаҳистон ва Литва ду кишваре, ки бо Белорус ҳаммарз ҳастанд ва ҳамарӯза садҳо тан аз паноҳандагон талош мекунанд марзи ин ду кишварро шикаста, худро ба Иттиҳоди Аврупо бирасонанд. Аммо мақомоти Лаҳистону Литва вуруди ин муҳоҷирон ба хокашонро ғайриқонунӣ медонанд ва монеъи вуруди онҳо мешаванд.

Буҳрони навбатии муҳоҷират дар марзи Иттиҳоди Аврупо рӯз ба рӯз вахимтару доғтар мешавад. Лаҳистон ва Литва ду кишваре, ки бо Белорус ҳаммарз ҳастанд ва ҳамарӯза садҳо тан аз паноҳандагон талош мекунанд марзи ин ду кишварро шикаста, худро ба Иттиҳоди Аврупо бирасонанд. Аммо мақомоти Лаҳистону Литва вуруди ин муҳоҷирон ба хокашонро ғайриқонунӣ медонанд ва монеъи вуруди онҳо мешаванд.

Хуҷуми навбатии муҳоҷирон барои убури марзи Лаҳситон рӯзҳои 8 ноябр сурат гирифт. Ба иттилоъи мақомоти марзбонии Лаҳситон, садҳо паноҳҷӯ аз Ховари Миёна дар он сӯи марз ҷамъ омаданд ва чанд дафъа ба таври гурӯҳӣ кӯшиданд то ба хоки Лаҳистон ворид  шаванд, аммо марзбонон ва низомиёни лаҳистонӣ монеъи вуруди онҳо гаштанд.

Вазъ дар марзи Белорусу Лаҳистон аз аввалҳои моҳи август ба далели бештар шудани талошҳои паноҳҷӯён барои убари ғайриқонунии марз нигаронкунанда шуд. Дар пайи ҳуҷуми муҳоҷирин ба марзҳои шарқии Аврупо, Лаҳистон дар манотиқи ҳаммарз бо Беларус вазъияти фавқулодда ҷорӣ кард ва барои назорати марз нерӯҳои бештаре фирситод.
Лаҳистон дар баробари бештар кардани нерӯҳояш ҳамчунин ба сохтани девор дар марз бо Беларус шурӯъ кардааст. Ин кишвар қасд дорад гузаргоҳҳои марзии худро бо Белорус комилан бибандад.

Коршинос Камил Клисински мегӯяд: “Хадамоти марзбонии Лаҳистон аз моҳи июл ва август мавориди ҷудогонаи беш аз ҳазорон убури ғайриқонунии марзро пешгирӣ кардаанд. Ин худ баёнгари он аст, вазъият то кадом андоза ногувор ва дар ҳоли рушд аст.

Литва низ оморҳои худро дорад ва фикр мекунам камтар аз Лаҳистон нест.

Аз оғози моҳи июл Литва ҳадафи фишорҳои муҳоҷиратӣ қарор гирифта буд, мутаасифона аз моҳи август ба ин сӯ Лаҳистон низ ҳадафи чунин фишорҳо қарор гирифтааст.”

Дар моҳи сентябр пас аз эълони ҳолати фавқулъода дар манотиқи ҳаммарз бо Белорус, вуруди хабарнигорон ва намояндаҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ба онҷо комилан манъ гардид. Ҳамчунин ҳукумати Лаҳистон вуруди афроди ғайримаҳаллӣ ба ин манотиқро манъ кард ва муҷозот барои қоҷоқбарон шадидтар гардид.

Паноҳҷӯёне, ки дар марзи Беларусу Лаҳистон дармондаанд, ҳафтаҳост дар шароити фоҷиабор ба сар мебаранд. Ба гуфтаи мақомти Лаҳситон дар моҳҳои ахир ҳазорон муҳоҷир аз Ховари Миёна ба умеди расидан ба Иттиҳоди Аврупо аз роҳи Белорус ба марзи Лаҳистон омадаанд. Муҳоҷирон ба расонаҳо дар бораи ранҷу азоби паноҳандагон ва шароити бади худ чунин мегӯянд: “ теъдоди зиёди кӯдакону занон дар ҳавои сард дар ҷанглаҳои лаби марз рӯз мегузаронанд ва ҷойи хобу хӯроки гарм надоранд. Бо вуҷуди сардии ҳаво, ки ҳоло ба – 2 дараҷа мерасад, онҳо маҷбуранд шабро дар ҷангалҳои сард сипарӣ кунанд. Вазъият боз ҳам дорад баддтар мешавад, чун зимистони сарди Аврупо дар роҳ аст.

“Дар шароити феълӣ истифода аз масири Белорусро тавсия намекунам. Зеро ҳамаи ин ҳаводис дар шароити ташдиди даргириҳои бузург байни Белорус ва Иттиҳоди Аврупо итифоқ меафтад. Ҳатто он даста аз афроде, ки дар кишвари худ мавриди таҳдид қарор доранд ва бояд кишварашонро тарк кунанд, низ набояд аз масири Белорус истфода кунанд, чун дар сурати истифода аз масири Белорус онҳо низ дучори мушкил хоҳанд гашт ва муттаҳам ба ҳамдастӣ дар ин раванд хоҳанд шд. Ин афрод бояд аз роҳои қонунӣ истифода кунанд, вале на аз масири Белорус”, – мегӯяд коршинос Камил Клисински.

Дар чанд моҳи ахир расонаҳо аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Лаҳистон хабар доданд. ‌‌Точикистониён аз соли 2015, пас аз бастани ҲНИТ дар Тоҷикистон ва таъқибу фишор алайҳи дигарандешон рӯ ба Аврупо оварданд. Дар ин моҳҳои ахир шаҳрвандони Тоҷикистон низ талош кардаанд бо роҳи заминӣ  худро ба Лаҳистон бирасонанд, аммо муаваффақ нашуданд. Онҳое, ки муваффақ ба убур аз марз шуданд, аз ҷониби марзбонон боздошт гардиданд.

Хадамоти марзбонии Лаҳистон иттилоъ дода буд, ки 1-уми август дар марзи Лаҳистону Беларус дар минтақаи Августов 17 шаҳрванди хориҷӣ: 12 шаҳрванди Афғонистон ва 5 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Бо қарори суд ҳамаи боздоштшудаҳо (4 зан, 13 мард, аз ҷумла 2 ноболиғ) дар марказҳои муҳофизати хориҷиён ҷойгир карда шуданд.

‌‌Инчунин гузориш шуда буд, ки дар оғози моҳи апрел дар минтақаи Августов 4 нафар ва 3-уми майи соли ҷорӣ 5 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт кардаанд.

Мақомоти Лаҳистон мегуянд, ҳамаи паноҳҷӯёни ғайриқонунӣ ихроҷ мешаванд. Қаблан вазири корҳои хориҷии Литва, Габриелиус Ландсбергис низ аз муҳоҷирон даъват карда буд, ки дар омадан ба Аврупо роҳҳои қонуниро биҷӯянд, дар ғайри он муҷирим шинохта шуда, бозпас фиристода мешаванд.

Михал Пототский, рӯзноманигори “Dziennik Gazeta Prawna” бар ин назар аст, ки “Мақомоти кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имкони иҷозаи вуруди муҳоҷирон ба қаламрави Аврупоро қотеъона рад мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло музокироти дуҷониба ва тавассти комиссиюни Аврупо бо мақомоти кишварҳое ба мисли Ироқ ва пеш аз ҳама Туркия, ки муҳоирон тавассути фурудгоҳҳои он мегузаранд идома дорад, то имкони интиқоли муҳоҷиронро аз тариқи ҳаво маҳдуд кунанд. Дирӯз мақомоти Лаҳистон эълом карданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Туркия шаҳрвандони Ироқ Сурия ва Яманро, ки аз фурудгоҳҳои Туркия ба Беларус фиристода мешаванд, ба ҳавопаймо иҷоза нахоҳанд дод”.

Аммо ин ҳама муҳоҷирон чӣ гуна худро ба марзи Лаҳистон расониданд?

Кишварҳои Аврупои Шарқӣ ҳуҷуми муҳоҷирон аз Ховари Миёна ва Афғонистон ба марзҳояшонро кори дасти раҳбари Беларус Александр Лукашенко медонанд ва ин амали ӯро ҳамчун интиқом дар баробари таҳримҳои ИА арзёбӣ мекунанд.

Михал Пототский, рӯзноманигори “Dziennik Gazeta Prawna” мегӯяд: “Дар воқеъ, ин  меконизме аст, ки мақомоти Белорус дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои туристии кишварҳи Сурия, Ироқ ва Лубнон роҳандозӣ кардаанд. Муҳоҷиронро ба Белорус даъват мекунанд ва баъд онҳоро аз фурудгоҳи минск ба марзи Лаҳистон ва Литва фиристода, онҳоро барои убури марзи ин кишварҳо роҳнамоӣ мекунанд.

Бисёр душвор аст муайян кардани теъдоди муҳоҷирин, вале тибқи омори мақомоти Лаҳистон ва Литва ҳудуан 15 ҳазор муҳоҷир дар Белорус қарор доранд ва талош мекунанд худро ба ИА расонанд”.

Охири моҳи май президенти Беларус, Александр Лукашенко таҳдид кард, ки назорати қочоқи инсон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣро ба хотири фишори Арвупо ба Минск заиф мекунад.

Роҳбарони Иттиҳоди Аврупо пас аз иқдоми Белорус барои ба замин нишондани хавопаймои мусофирбарӣ алайҳи ин кишвар маҷмуъе аз таҳримҳоро ҷорӣ карданд.

Яке аз мусофирони ин ҳавопаймо аз мухолифони давлати Белорус ва гардонандаи яке аз каналҳои телеграм буд. Кишварҳои аврупоӣ ва Амрико Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенкоро дар саркӯби мухолифонаш гунаҳкор донитсанд ва барои фишор болои ӯ алайҳи кишвараш таҳримҳо ҷорӣ шуд.

Мақомоти Лаҳистон таъкид мекунанд, ки ҳамаи муҳоҷирон аз сӯи режими Белорус дар як амалиёти тарҳрезишудае, ки (Шлюз) ном дорад, бо ҳадафи эҷоди буҳрон дар кишварҳое, ки мухолифони Белрусро дар худ ҷой додаанд, ба марз оварда мешаванд. Бар замми ин мақомдорон пули хуб низ кор мекунанд.

То кунун танҳо аз оғози буҳрон чандин тан аз муҳоҷирон дар ҷангалҳо аз хунукию гуруснагӣ ҷон бохтаанд.19 сентябр Хадамоти марзбонии Лаҳистон эълом кард, ки се ҷасадро дар ҷойҳои алоҳида дар марз бо Беларус пайдо кардаанд. Дертар ҷасади як зани дигар низ дар сарҳади Лаҳистон пайдо шуд. Хадамоти сарҳадбонии Белорус дар торнамои расмиаш то рӯзи 18 октябр адади муҳоҷироне, ки дар марз ҷон додаанд, 8 нафар гуфта аст. Ин хабарро хабаргузории Садои Олмон низ тасдиқ мекунад.

“Иттилоъи дақиқе дар даст надорем, аммо ҳолатҳои маргу мир вуҷуд дорад ва ҳаво рӯз ба рӯз сард мешавад, ки чунин ҳавои сард худ мушкилофарин аст барои муҳоҷирон.

Ҳамчун инсон ва коршинос мутаасифам барои ин афрод, ки пули зиёд пардохт мекунанд, вале дар иваз гуруснагӣ ва сардиро дарёфт мекунанд. Ва ин хатари бузург аст ва дар наҳоят онҳо ба Олмон роҳ нахоҳанд ёфт”, – гуфт коршинос Камил Клисински.

Аммо чаро ба фарқ аз солҳои қабл Иттиҳоди Аврупо ин дафъа дар пазироии муҳоҷирон аз эҳтиёт кор мегирад? Коршинос Камил Клисински вобаста баин суол гуфт: “Ман фикр мекунам, ки чунин вокуниши кишварҳои аврупоӣ аз он аст, ки онҳо метарсанд, ки агар шумори муайяни одамонро ба қаламрави худ роҳ диҳанд, дар он сурат адади чунин афрод метавонад ба маротиб бештару бештар шавад ва ба назари ман онҳо фикр мекунанд, ки дар он сурат метавонад буҳрони солҳои 2015-2016 боз тарор шавад. Ҳадди ақал ман амалҳои мақомоти аврупоиро чунин мефаҳмам”.

Ҷорӣ шудани қоидаҳои нав барои муҳоҷирон дар Русия

0

Барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия аз рӯзи 29-уми декабри соли равон қоидаҳои нав ҷорӣ мешавад.

Расм аз ТАСС

Акнун муҳоҷироне, ки барои иқомати беш аз 90-рӯза ба Русия мераванд, бояд ба мақомоти корҳои дохилии ин кишвар санади нашъаманд набудан ва бемории вич надоштанро пешниҳод намоянд.

Хабаргузории ТАСС дар шарҳи ин хабар гуфтааст, муҳоҷирон бояд ин санадро 30 рӯз қабл аз анҷоми муҳлаташ пешниҳод кунанд. Дар сурати 18-сола набудан ва ё аз ҷониби суд ғайри қобили амал эътироф шудани шаҳрванди хориҷӣ метавонад ҳуҷҷатҳоро яке аз волидон ё парастори ӯ пешниҳод намояд.

Ҳамчунин агар маълумотнома бо забони хориҷӣ бошад, он бояд ба забони русӣ тарҷума ва дурустии он бояд ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шавад.

Ҷорӣ шудани талаботи нав дар ҳолест, ки раиси Бонки марказии Русия Элвира Набиуллина яке аз сабабҳои болоравии босуръати нархи маводи ғизоиро дар камбуди муҳоҷирони корӣ медонад. Дар ин бора раиси Бонки марказӣ дар суханронии худ дар Думаи давлатӣ изҳор дошта буд. Ӯ иброз дошт, ки нарасидани кадрҳо ба афзоиши музди меҳнат дар хоҷагии қишлок таъсир расонд.

Гуфтанист, дар Русия зиёда аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва ҳанӯз дақиқ нест, ки талаботи нав барои онҳо чӣ мушкилиҳои навро пеш меорад.  

Додгоҳи олӣ парвандаи Иззат Амонро бозбинӣ мекунад

0

Эҳтимол меравад Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаи Иззат Амонро аз нав баррасӣ кунад. Дар ин бора “Азия – Плюс” аз манобеаш хабар дод.

Гуфта мешавад, Додгоҳи олӣ рӯзи 16-уми ноябр пас аз баррасии шикояти вакили дифоъ ва наздикони Иззат Амон барои бозбинии парвандаи ӯ, аз онҳо хостааст, ки аз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон маълумотнома биёранд, ки парвандаи дигаре нисбати Иззат Амон боз шудааст ё на. Дар сурати набудани парвандаи наве интизор меравад, ҳукми эълоншуда нисбати ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бори дигар баррасӣ шавад.

Коршиносон талаби чунин маълумотномаро амали нодир медонанд ва ба назари онҳо ба эҳтимоли зиёд Додгоҳи олӣ парвандаи Иззат Амонро бозбинӣ карданӣ нест. Чун ВКД ҳатман баҳоне пайдо хоҳад кард, ки Иззат Амонро боз гунаҳкор эълон кунад.

Ёдовар мешавем, ки 19 октябр Додгоҳи олии кишвар Иззат Амонро барои 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Саидбурҳон Шарифон, вакили мудофеъи Иззат Амон ба расонаҳо гуфта буд, ки бо вуҷуди он ки зерҳимояааш ҳамаи зарарҳоро барқарор кардааст ва бояд додгоҳ ӯро шомили қонуни авфи мекард, вале накард:

“Додгоҳ умуман, қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”- ро поймол карда, ба зерҳимояи ман ҳукм содир кард. Ин ҳукм  ғайриқонунӣ аст. Вақте ки қонун амал мекунад, додгоҳ бояд адолатро риоя кунад. Бояд нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ мегардид.”
Вакили мудофеъ ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ хонда гуфта буд, ки аз болои он ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

То содир шудани ҳукм ҳуқуқшиносони тоҷик бар ин бовар буданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” Иззат Амон  озод мешавад, вале тахмини ҳама нодуруст баромад.

Элони вазъияти изтирории миллӣ дар Олмон

0

Мақомоти Олмон эълом кардаанд, ки бар асари аз ҳад зиёд паҳн шудани коронавирус дар ин кишвар вазъияти изтирории миллӣ эълон мекунанд.

Ба иттилои расонаҳои олмонӣ, дар шабонарӯзи гузашта 53 ҳазор гирифторони ин беморӣ шиносоӣ шуда, 201 нафари дигар бар асар коронавирус ҷон бохтааст. Ин болотарин рақам аз оғози паҳншавии коронавирус дар Олмон аст. Мақомоти олмонӣ гуфтаанд, ки теъдоди гирифторони воқеӣ метавонад аз ин рақам зиёдтар бошад.

Олмон эълон кардааст, ки то кунун наздик 70 дарсади сокинони беш аз 18-сола воксина шудаанд, аммо қасд дорад афродеро, ки аз гирифтани вояҳои зидди коронавирус худдорӣ кардаанд, ба таври маҷбурӣ қарантин кунад.

Садраъзами Утриш ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки садҳо ҳазор нафарерор, ки вокиса нашудаанд, ба сурати маҷбурӣ қарантин мекунад, то пеши роҳи панҳшавии аз ҳад зиёди ин вирусро бигирад.

Муассисаи Роберт Кахи Олмон аҳволи гирифторони ин бемориро дар ин кишвар пайгирӣ мекунад, субҳи имрӯз эълон кардааст, ки “шохиси шумори беморон дар 100 ҳазор нафар ба 340,7 нафар афзоиш ёфтааст, дар ҳоле, ки ин мизон дар ҳафтаи гузашта 232,1 нафар будааст.

Бо фаро расидани замистон мавҷҳои ҷадиди интишори коронавирус дар хеле аз кишварҳои дунё, бахусус кишварҳои аврупоӣ ба қайд гирифта шудааст. Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ ҳафтаи гузашта ҳушдор дода буд, ки агар кишварҳои аврупоӣ сари вақт ба мубориза бо ин вирус омода нашаванд, бар асари хурӯҷи мавҷҳои ҷадиди ин беморӣ шояд наздик ним миллион нафар ҷони худро аз даст бидиҳад.  

Тоҷикистон: Ереван ва Боку ихтилофоти худро бо роҳҳои дипломатӣ ҳал кунанд

0

Эмомалӣ Раҳмон аз сарони кишварҳои Арманистон ва Озарбойҷон хостааст, ки низоъҳои бавуҷудомада дар байни ду кишварро бо роҳҳои дипломатӣ ва музокира ҳаллу фасл намоянд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, 17-уми ноябр Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон ба Эмомалӣ Раҳмон тамос гирифта, дар бораи ноором шудани марзҳои ин кишвар бо Озарбойҷон суҳбат кардааст.

Ба иттилои манбаъ, “Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ҳамчун Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии  Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) оид ба вазъияти дар сарҳади Арманистону Озарбойҷон баамаломада иттилоъ дод.”

Гуфтанист, Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ин суҳбат аз ҷонибҳо хостааст, ки “тавофуқоти ҳосилшударо риоя намуда, ҳамаи ихтилофу низоъро танҳо бо роҳи музокироти сиёсиву дипломатӣ ҳалу фасл кунанд.”

Ихтилофот ва низоъҳои мусаллаҳона байни Арманистону Озарбойҷон бар сари минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ наздик ба се даҳа инҷониб то кунун идома дорад ва дар натиҷаи задухурдҳои сешанбе ҳафтаи дасти кам 7 сарбозу афсари Арманистон кушта ва даҳҳо нафари дигар аз ду ҷониб захмӣ шудаанд.

Хона-музейи Садриддин Айнӣ тахриб намешавад

0

Бо қарори нави шаҳрдори Душанбе хона-музейи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти навини тоҷик, вайрон ва ё ба ҷойи дигаре кӯчонида намешавад. Дар ин бора субҳи рӯзи 19-уми ноябр Мақомоти давлатии шаҳри Душанбе дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.

Дар хабари шаҳрдории Душанбе гуфта мешавад, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори накӯчондану тахриб накардани хона-музей Садридддин Айниро, ки дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе воқеъ аст, дар асоси пешниҳоду дархостҳо олимону нависандагони кишвар гирифтааст.

“Вобаста ба масъалаи мазкур дастур доданд, ки Хона-музей бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад.”, – омадааст дар хабари шаҳрдории Душанбе.

Қарори мазкурро адибону олимони тоҷик бо хушҳолӣ истиқбол намуданд. Пас аз нашри ин хабар адиб ва нависандаи тоҷик Абдуқодири Рустам дар саҳифаи фейсбукияш навишт: “Ақли солим пирӯз шуд. Рустами Эмомалӣ писари президенти Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе гуфтааст, хона-музейи Айнӣ вайрон карда нашавад, ба ҷойи дигар кӯчонида нашавад ва ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ супориш додааст, гирду атрофи хона-музейро тоза нигоҳ доранд ва обод кунанд!  Худоро шукр!”

Баъд аз расонаӣ шуданӣ хабари тахриби хона-мӯзеи Устод Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик, олимону нависандагон аз гӯшаву канори дунё садо баланд карданд ва монеъи ин кор шуданд. Аз ҷумла адиб Абдуқодири Рустам яке аз аввалинҳо буд, ки дар ин маврид садо баланд кард.

Иштироки 10 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи Абузабӣ

0

10 паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи ҷудои “Гранд Слам”, ки дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад, ширкат мекунанд.

Мусобиқаи “Гранд Слам” оид ба куштии ҷудо аз 26 то 28-уми ноябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ин  мусобиқа Тоҷикистонро 10 паҳлавони шинохтаи тоҷик муаррифӣ мекунанд:

1.Шаҳбоз Сайдаброров (-60кг)

2.Алиҷон Сафаралиев (-66кг)

3.Баҳром Суфиев (-66кг)

4.Сомон Маҳмадбеков (-73кг)

5.Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг)

6.Ҳақназар Назаров(-81кг)

7.Хушвахт Идиев (-81кг)

8.Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг)

9.Комроншоҳи Устопириён (-90кг)

10.Темур Раҳимов (+100кг).

Талаби тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Мисру Ҷопон

0

Сафирони Тоҷикистон дар Миср ва Ҷопон бо муовинони вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо Қоҳира ва Токио баргузор шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дирӯз 17-уми ноябр Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ёсир Ризо мулоқот намуда, тарафҳо як зумра масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи ду ҷонибро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон вазорат хабар дода, ки Мирзошариф Ҷалолов, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бо Ҳонда Таро Сатоши, муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии ин кишвар мулоқот карда, масоили мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷонибро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Сафирони Тоҷикистон зимни мулоқот бо муовинони вазирони корҳои хориҷии Мисру Ҷопон омодагии худро ба таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.

Тоҷикистон боз барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид шуд

0

Рӯзи 17-уми ноябр Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро бо забони вазири умури хориҷааш Энтони Блинкен ба хотири ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои динӣ интиқоди шадид кард.

Вазири умури хориҷаи Амрико зимни як изҳороте кишварҳои Русия, Эрон, Чин, Куриёи Шимолӣ, Бирма, Покистон, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эритреяро ба феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии хос” шомил кардааст. Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Амрико, мақомоти ин кишвар ба “нақзи муназзам, пайваста ва дағалона озодиҳои динӣ” даст мезананд.

Блинкен дар идома афзуд, ки “Мо минбаъд низ ба ҳама ҳукуматҳо фишор меорем, то камбудиҳоро дар қонунҳо ва рафтори худ ислоҳ кунанд ва шахсонеро, ки сӯиистифода мекунанд ба ҷавобгарӣ кашиданд.”

Аммо мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора вокуниш накардааст, вале соли гузашта чуннин гузоришеро “ноодилона” хонда буданд.

Ҳамасола Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои маҳдудкунандагони озодиҳои динӣ ворид мешавад ва барои ин кораш мавриди интиқод қарор мегирад. Аммо ба чунин гузоришҳо вокуниш нишон дода, онро бо гуфтани: “ин гуфтаҳо асоси воқеӣ надоранд”, рад мекунад ва вуҷуди беш аз 3 ҳазор масҷидро далел меорад.

Коршиносон мегӯянд, Ҳукумати кишвар ҳамеша барои аз чолиш баромадан вуҷуди ҳақоиқро рад мекунад, аммо воқеияти ҳол, яъне таъқибу фишор ва зиндон кардани садҳо руҳонӣ ва донишомӯзони мадориси исломӣ, бастани садҳо масҷиду мадорис, маҷбуран тарошидани ришу гирифтани сатри занҳои ҳиҷобпӯш шоҳиди ин гуфтаҳост.

Афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон

0

Бино ба маълумоти расмӣ дар Тоҷикистон назар ба солҳои гузашта сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ 5,2 дарсад афзоиш ёфтааст.

Теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 20,2 ҳазор нафарро ташкил додааст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,2 дарсад зиёд аст.

Дар ин давра афзоиши ҷиноятҳо дар вилояти Суғд 8,8%, вилояти Хатлон 4%, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10,1% ва ВМКБ 27,6% ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Душанбе теъдоди ҷиноятҳои ба қайд гирифташуда дар ин давра 8,8% кам шудааст.

Шумораи ҷиноятҳои вазнини ба қайд гирифташуда дар ин давра 4368 буда, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли 2020 7,4% зиёдтар мебошад.

Ҳодисаҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор 11,7 дарсад, таҷовуз ба номус ва қасди тавовуз ба номус 63 дарсад, дуздӣ 4,3%, ғоратгарӣ 45,8% ва ғайра афзудааст.

Сатҳи умумии ошкор кардани ҷиноятҳо дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 77,1 дарсадро ташкил додааст, ки дар ҳамин давраи соли 2020 он ба 78,4 дарсад баробар буд.