Хона блог саҳифа 572

Толибон: Қасри Дӯстум пойгоҳи низомӣ мешавад

0

Толибон эълон кардааст, ки Қасри шаштабақаи моршол Абдуррашид Дӯстум дар Афғонистон ба пойгоҳи низомӣ табдил дода мешавад.

Қасри Абдуррашид Дӯстум дар Шибирғон

Шабакаи Тулӯънюс дар истинод ба як мақоми аршади Толибон дар Вазорати дифоъ иттилоъ дода, ки бо дастури раҳбарият Қасри моршол Абдуррашид Дӯстум дар шаҳри Шибирғон ба пойгоҳи низомии Толибон табдил шавад.

Ба гузориши расонаҳо, Мулло Фозил Охунд, муовини Вазорати дифоъи Толибон дастур дода, ки Қасри моршол Абдуррашид Дӯстум ба пойгоҳи низомии Толибон табдил шавад. Зеро ба гуфтаи ӯ, қасд доранд ба хотири дифоъ аз сарҳадот як артиши қавӣ ташкил кунанд.

Толибон дар моҳи августи соли ҷорӣ пеш аз фирори моршол Абдуррашид Дӯстум аз Афғонистон ба самти Ӯзбекистон шаҳри Шибирғонро ба тасарруфи худ дароварда, аз тасхири қасри бо ҳашамати вай дар ин шаҳр хабар дода буданд.

Толибон пеш аз ин эълом карда буданд, ки ба амлоки хусусии мардум дар манотиқи зери нуфӯзашон дастдарозӣ намекунанд, вале ин қарори онҳо баъдтар дар робита ба амвол ва дороии собиқ мансабдорон тағйир кард ва эълон карданд, ки қасд доранд амлок ва дороии собиқ мансабдоронро барои пардохтҳои пули нерӯи барқи воридотӣ ба фурӯш гузоранд.

Шибирғон, пойгоҳи асосии моршол Абдуррашид Дӯстум, раҳбари Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон ва намояндаи қавми ӯзбекҳо дар манотиқи Шимолу Шарқ ва Шимолу Ҷануби ин кишвар дониста мешуд.

125 миллион доллари Чин ба Тоҷикистон

0

Чин ба Тоҷикистон боз 125 миллион доллар кумаки бебозгашт медиҳад.

18-уми октябр Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатиаш созишномаи Тоҷикистону Чин, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дар хабар омада, ки созишнома бо  сафарбаркунонии ҳайати коршиносони хитоӣ ҷиҳати омодасозии лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ аз ҷониби Чин пешниҳоди кумаки бебозгаштро дар ҳаҷми 800 миллион юани хитоӣ пешбинӣ намудааст.

Ҳамчунин Чин ба Тоҷикистон барои ҷудо намудани кумаки молиявии бебозгашти иловагӣ барои сохтмони майдонҳои қисман калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасидаро пешниҳод намудааст.

Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дарозии қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ 80 километрро ташкил медиҳад.

Ҳангоми сохтмони иншоот сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 км, 67 трубаи обпошии диаметрҳои гуногун, 5 долони муҳофизатӣ бо дарозии 490 м, 15 пул бо дарозии 634 м, 180 девори муҳофизати сунъӣ бо дарозии 21,8 км, 54 км деворҳои муҳофизатӣ, 13 чуқури кушода бо дарозии 1,8 км дар назар гирифта шудааст.

Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи таҷдиди ин қитъаи роҳ 228 миллион доллар лозим аст.

Чин дар солҳои охир сармоягузор ва кумакрасони асосии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, зиёда аз нисфи қарзи хориҷии Тоҷикистон ба Чин рост меояд.

Қотили Руфайда ба ҳабси абад маҳукм шуд

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон таҷовузгар ва қотили Руфайдаи ноболиғро ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли наздикони Руфайда хабар дод.

Ҳукми Додгоҳи олии кишвар нисбати Раҳматулло Гадоев – шахсе, ки ба қатли Руфайда муттаҳам мешавад, субҳи рӯзи сешанбе, 19-уми октябр эълон шудааст, аммо дар сомонаи Додгоҳ то ҳол расман нашр нашудааст.

Дар мавриди ин ҳукм то ҳол назари наздикон ва вакили мудофеи Гадоев дастрас нест.

Аммо Валиҷон Иноятов, падари Руфайда Иноятова ба Радиои Озодӣ гуфта, ки аз ҳукми Додгоҳ розиянд, вале ҷузъиёти бештаре надодааст. “Танҳо ҳаминро мегӯям, ки аз ҳукми додгоҳ розием. Талаби мо аз аввал ҳамин буд, ки ин шахс ба ҳабси абад маҳкум шавад”, афзудааст Иноятов.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июни имсол дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади Руфайдаи хурдсол аз ҳоҷатхонаи ҳамсояашон пайдо шуд. Ӯ як рӯз пеш аз назди хонаашон нопадид шуда буд.

Хабари қатли ӯ ҷомеаи тоҷикро такон дод. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли нома ба шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон раиси Маҷлиси миллӣ талаб карда буданд, ки тафтишоти қатли ин тифлаки хурдсолро шахсан зери назорат бигирад ва ҷазо барои чунин кирдорҳои бад сангинтар шавад.

Иззат Амон ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

0

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бо қарори додгоҳи шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Иззат Амон

19-уми октябри соли ҷорӣ Сайбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон ба расонаҳо хабар дода гуфт, ки ин ҳукми додгоҳ алайҳи Иззат Амон баъд аз зуҳри имрӯз 19-уми октябр эълон шуд.

Вакили мудофеъи Иззат Амон ба расонаҳо гуфтааст, ки зерҳимояааш ҳамаи зарарҳоро барқарор кардааст ва бояд додгоҳ ӯро шомили қонуни авфи моҳи сентябр мекард:

“Додгоҳ умуман, қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ ва моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи авф”- ро поймол карда, ба зерҳимояи ман ҳукм содир кард. Ин ҳукм  ғайриқонунӣ аст. Вақте ки қонун амал мекунад, додгоҳ бояд адолатро риоя кунад. Бояд нисбати зерҳимояи ман қонуни авф татбиқ мегардид.”

Саидбурҳон Шарифон ҳукми додгоҳро ғайриқонунӣ хонда гуфт, ки аз болои он ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

То содир шудани ҳукм ҳуқуқшиносони тоҷик бар ин бовар буданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” Иззат Амон  озод мешавад.

Ҳамчунин дар расонаҳо хабаре нашр шуда буд, ки номи Иззат Амон баъд аз пардохтани пули даъвогарон, ба афв пешниҳод шудааст.

Наздикон ва пайвандонаш ба расонаҳо гуфта буданд, ки бо ҳамаи даъво ба зидди Иззат Амон розӣ нестанд, вале ба хотири раҳоии ӯ пулро пурра супурданд. Қарзи Иззат Амон назди даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар расида буд.  

Пеш аз ин котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мурофиаи Иззат Амонро рӯзи 22-юми сентябр ба поён расонда, парвандаашро “бастанд”.

Қонуни нави афв рӯзи даҳуми сентябри имсол ба иҷро даромад. Моддаи “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ), ки бар асоси он алайҳи Иззат Амон парванда боз шуда буд, ба қонуни афв шомил мешавад.

Иззат Амон, раҳбари Маркази Тоҷикон дар Маскав 25-уми марти соли ҷорӣ аз Русия ғайб зад, вале баъдтар мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин ҳомии ҳуқуқро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Дар Тоҷикистон аз пеш бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда буд ва пас аз фурӯд омадан дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Боздошти Иззат Амон дар Тоҷикистон мавҷе аз вокунишҳои муҳоҷирон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард ва аксари мардум хостори озодии ӯ шуданд, вале мақомот эълон кардаанд, ки боздошти Иззат Амон дар асоси шикояти шаҳрвандон бо иттиҳоими қаллобӣ сурат гирифтааст.

Русия: Бекор шудани маҳдудиятҳои ковид-19 барои муҳоҷирон

0

Раёсати консулии Департаменти Вазорати корҳои хориҷии Русия дар

Акнун оилаҳои муҳоҷирон ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, метавонанд ба Русия биёянд.

Бино ба маълумоти Департаменти ин вазорат ба узви оила гуфта, дохил мешаванд, ҳамсар, падару модар, фарзандон, хоҳару бародарон, бобою бибӣ, набераҳо, фарзандхондагон ва парасторон.  

Гуфтанист, бо пешниҳод намудани як ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хешутаборӣ (масалан, шаҳодатномаи ақди никоҳ ё таваллуд) ҳуҷати парасторӣ, васиятнома ва амсоли ин метавонанд, вориди хоки Русия шаванд.

Дар эъломия департаменти Вазорати хориҷаи Русия таъкид мешавад, агар хеши муҳоҷире, ки дар Русия ба сар мебарад, шаҳрвандии дигар кишвареро дошта бошаду аз ҷониби Русия дар бораи рафтуомади бидуни раводид ба мувофиқа нарасидааст, пас хориҷӣ (шахси бешаҳрванд) бояд ба аъзои оилаи худаш даъватномаи расмӣ тартиб диҳад. Барои ин ба ӯ лозим аст, ки ба Вазорати корҳои дохилии Русия муроҷиат ва бар асоси он шӯъбаи консулӣ ба хеши ӯ раводид медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки пештар бар асоси қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 16 марти соли 2020 таҳти рақами 635 (дар бораи маҳдуд кардани вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба Федератсияи Русия), тибқи он фақат аъзои оилаи шаҳрвандони Русия имкони вуруд ба Федератсияи Русияро доштанд. Ҳоло бошад аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Русия ва муроҷиатҳои сершумори шаҳрвандон инчунин хориҷиёне, ки дар Русия ба таври доимӣ истиқомат мекунанд, ба он тағйрот ворид карда шуд.

Қаблан мақомоти Русия эълон карда буд, ки маҳдудиятҳои парвозҳоро низ барои шаҳрвандони худаш бекор мекунад то инки худи русҳо битавонанд ба кишварҳои курортии Хургада ва Шарм ал -Шайхи Миср сафар кунанд.

Инчунин дар назар аст аз 9 ноябри соли ҷорӣ парвозҳои доимӣ бо давлатҳои зерин аз сар гирифта шаванд: Багама, Эрон, Нидерландия, Норвегия, Уммон, Словения, Тунис, Шветсия, Таиланд танҳо барои шаҳрвандони Федератсияи Русия бо назардошти талаботи беҳдоштӣ, ки бар зидди сирояти нави коронавирус эм кардаанд.

Зулмай Халилзод ба истеъфо рафт

0

Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон Зулмай Халилзод субҳи рӯзи сешанбе 19-уми октябр истеъфои худро аз мақомаш эълом кард.

Оқои Халилзод соли 2018, замони президенти Амрико будани Доналд Трамп ба ин симат гумошта шуда буд. Зулмай Халилзод нақши муҳиммеро дар ҷараёни сулҳи байналафғонӣ ва сулҳи Толибону Амрико мебозид.

Вазири корҳои хориҷаи Амрико Тони Блинкен истеъфои Халилзодро таъйид ва аз корҳои ӯ қадрдонӣ кард.

Халилзод дар номаи истеъфояш, ки шабакаи хабарии “Тулуънюз” нашр кард, аз собиқаи корияш тавсиф карда, аммо иқрор шудааст, ки барои ба даст омадани сулҳи комил дар Афғонистон натониста нақши худро комил анҷом диҳад.

Зулмай Халилзод дар номаи худ ба Антони Блинкен навишта, ки “муносибатҳои сиёсӣ байни давлати Амрико ва Толибон он тавре, ки пешбинӣ шуда буд, пеш нарафт.” Вай ба вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфта, ки пеш нарафтани кор бо Толибон далелҳои печидаи зиёд дорад ва дар рӯзҳои наздик назарҳои худро дар ин маврид матраҳ хоҳад кард.

Зулмай Халилзод зодаи Мазори Шарифи Афғонистон буда, падараш пашту ва модараш тоҷик аст. Забони расмии ӯ форсӣ-дарӣ гуфта мешавад. Ӯ аз даҳаи 70-и асри гузашта дар Амрико зиндагӣ ва дар симатҳои гуногуни Вазорати хориҷии ин кишвар кор кардааст.

Боздошти як корманди махфии Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон

0

Як корманди қисми махфии Комиссарияти ҳарбӣ дар вилояти Хатлон бо иттимоҳи қаллобӣ аз ҷониби маъмурони Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дастгир шуд.

Агентии зидди фасоди Тоҷикистон аз ин нафар Дустов Раҷабали Ҷумахонович ёд карда, хабар медиҳад, ки номбурда сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершуъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон буд. Ӯ ҳангоми фаъолияти кориаш “бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22000 сомонӣ талаб намудааст”.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ Дустов Р.Ҷ. дар ҳоли талаб кардан ва гирифтани маблағи 22000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир шуда, аз ӯ маблағи 22 ҳазор сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Манбаъ афзуда, ки пас аз дастгир шудани Дустов Раҷабали Ҷумахонович нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ мувофиқи моддаи 247 қисми 3 банди “а”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.

Коршиносон дар баробари дигар вазорату идораҳои фасодзада қисми низомии Тоҷикистонро низ аз фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ медонанд. Зеро ҳамасола аксари кормандони комиссариатҳо барои аз адои хидмати низомӣ раҳо кардани ҷавонон бо маблағҳои ҳангуфт дастгир мешаванд.

Дар Тоҷикистон ҷазо барои пиёдагардон сахттар мешавад

0

Парлумони Тоҷикистон барои пиёдагардоне, ки қоидаи роҳҳоро ҳангоми убур риоят намекунанд, ҷазои сахттар пешбинӣ мекунад.

Акс аз “cabar.asia”

Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки дар ҷаласаи рӯзи 11-уми октябри Шӯрои Маҷлиси намояндагони кишвар лоиҳаи Қонун дар бораи “ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки ин лоиҳаи қонун аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ба хотири сагнинтар намудани ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳое, ки аз тарафи пиёдагардон сар мезанад, роҳандозӣ мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, таҳлилҳо нишон додаанд, ки аксари ҳодисаҳои тасодуфи “роҳу нақлиётӣ аз ҷониби пиёдагардон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузаштани онҳо ба амал меоянд”.

Гуфтанист, ки сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе қоидаҳои бехатарии роҳро риоят намекунанд ва аз нуқтаҳои пиёдагардӣ барои убур аз роҳҳо истифода намебаранд.

“Дар соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 183132 адад вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 35926 адади он аз тарафи пиёдагардон содир гардидааст”, – омадааст дар хабар.

Пешниҳодкунандагони лоиҳаи мазку гуфтаанд, ҷазоҳои муқарраршуда барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба монанди огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз барои пешгирӣ аз ин мушкилот кумак намекунад ва бояд ҷазоҳо сахттар шаванд.

Инчунин дар лоиҳаи Қонун масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан низ ҷазо пешбинӣ гардидааст.

Пеш аз ин ҳам қонунҳои амалкунандаи кишвар барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон ҷазо таъин карда буданд, аммо бо сабаби риоя нашудани ин талабот ҳоло Прокуратураи генералӣ мехоҳад миқдори ин ҷаримаҳоро зиёдтар кунад, вале маълум нест, ки вакилони парлумон ба чӣ қароре меоянд?

Афзоиши интиқоли пул ба Тоҷикистон

0

Дар моҳҳои апрел, май ва июн аз Русия ба Тоҷикистон 400 миллион доллар интиқол шудааст.

Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ дар семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ дар муқоиса бо семоҳаи аввал қариб 30% афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ 3 миллиарду 69 миллион долларро ташкил додааст.

Интиқоли пулии коргарон – 1,8 миллиард доллар, интиқол маблағҳо байни аъзои хонаводаҳо – ҳудуди 700 миллион доллар, музди меҳнати пардохтшуда – тақрибан 0,5 миллиард долларро дарбар мегирад.

Ҳаҷми бештари маблағҳо ба Ӯзбекистон – қариб 1,2 миллиард доллар, Қирғизистон – 0,6 миллиард доллар ва Тоҷикистон – 0,4 миллиард доллар интиқол дода шудааст.