Хона блог саҳифа 573

Варшава: Раҳпаймоӣ дар ҳимоят аз гурезаҳо

0

17-уми октябр дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон раҳпаймоии бузурге дар ҳимоят аз гурезаҳо баргузор шуд.

Ин раҳпаймоии эътрозӣ бо ҳадафи напазируфтани сиёсати ҳалли бӯҳрони муҳоҷират, ки ҳукумати Лаҳистон онро қабул кардааст, гузаронида шуд.

расм аз warszawa.wyborcza.pl

Бино ба навиштаи вебгоҳи рӯзномаи машҳури Лаҳистон “Виборча” (warszawa.wyborcza.pl), дар ин

Ташаббускорон роҳпаймоиро бо суханони зерин оғоз карданд: – “Мо бонги хатар мезанем. Даҳҳо нафар дар ҷангалҳои Полша зиндагӣ мекунанд. Мо имрӯз барои он ҷамъ омадем, ки амали мақомоти Лаҳистон ғайриинсонӣ ва пастзананда аст.”

Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол бӯҳрони муҳоҷират дар марзи Лаҳистон ва Беларус якбора авҷ гирифт. Сарбозони лаҳистонӣ маҷбур шуданд, ки барои мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар сарҳад бо Беларус симхор насб кунанд. Аз 2-юми сентябри соли ҷорӣ дар сарҳади Лаҳистон бо Беларус вазъияти фавқулодда ҷорӣ шуд, ки он 183 нуқтаи аҳолинишинро дар бар мегирад.

Ҳамарӯза марзбонони Лаҳистон аз кӯшиши сершумори ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои нерӯҳои марзбонии Лаҳистон, аз аввали моҳи октябр то кунун беш аз ҳафт ҳазор талоши убури ғайриқонунии марз аз Беларус ба Лаҳистон сабт шудааст. Аммо аз аввали моҳи сентябр ин шумора тақрибан 20 ҳазор нафар рост меояд.

Пеш аз ин, палатаи поёнии парлумони Лаҳистон (Сейм) будҷаи сохтмони девор дар сарҳад бо Беларусро тасдиқ кард, ки ҳазинаи он 359 миллион евро бароварда шудааст.

Оғози размоиши низомии СПАД дар Тоҷикистон

0

Имрӯз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД)  размоиши низомии бузургеро бо ширкати 4000 сарбоз дар Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон оғоз кард.

“Интерфакс” аз қавли маркази тадорукоти ин размоишҳо хабар дод, ки дар тамринҳои вижаи “Эшелон-2021”, “ Ҷустуҷӯ-2021” ва размоиши муштараки “Ҳамкорӣ-2021”, ки дар чорчӯби тамринҳои амалиётӣ-стратегии СПАД “Ҷанговарони бародарӣ-2021” дар қаламрави Тоҷикистон баргузор мешавад, 4 ҳазор нафар бо беш аз 500 адад таҷҳизоти ҳарбӣ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ин размоишҳо дар майдонҳои омӯзишии “Момирак” ва “Ҳарб-Майдон”-и назди марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешаванд. Ҳадаф аз ин чорабинӣ омодагӣ ва гузаронидани амалиёти муштараки Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва гурӯҳи СПАД барои пешгирӣ ва ҳалли муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ ва инчунин пешгирӣ аз кӯшиши ворид шудани аъзои созмонҳои террероистии байналмиллалӣ ба қаламрави як давлат арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, машқҳои низомӣ дар Тоҷикистон ба муддати 5 рӯз аз 18 то 23-уми октябри соли ҷорӣ идома меёбанд. “Ҷустуҷӯ-2021” машқи иктишофии кишварҳои СПАД аст, “Ҳамкорӣ-2021” бошад нерӯи вокунишии сареъ ва зудамал гуфта мешавад, аммо “Эшелон-2021” воҳиди таъминоти моддию техникӣ мебошад.

Ташабубскорони ин тамринҳо мегӯянд, мо сенарияҳои эҳтимолиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар назар гирифтаем, аммо умедворем кор ба онҷо нахоҳад кашид, ки ин сенарияҳо ба амал биёянд.

Фармондеҳи Округи марказии ҳарбии Русия Александр Лапин ба “Интерфакс” гуфта, ки қисми асосии нерӯҳои низомии Русия дар ин тамринҳо Пойгоҳи низомии 201 -уми Русия дар Тоҷикистон хоҳанд буд.

Ӯ афзуда, ки барои интиқоли нерӯҳои низомии Белорус, Қазоқистон Русия ба ин размоиш ба Тоҷикистон 35 парвоз анҷом додаанд. Қисме аз воҳидҳои низомӣ низ тавассути роҳи оҳан ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.

Баъд аз ба сари қудрат омодани Толибон дар Афғонистон кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон нерӯҳои амниятии худро дар марз бо ин кишвари ҳамсоя тақвият бахшидаанд. Инчунин Русия моҳи август ду размоиши низомӣ, яке дар наздикии марзи Афғонистон бо Узбакистон ва дигаре бо Узбакистону Тоҷикистон баргузор кард.

Даргузашти адиб Ҳаёт Неъмат

0

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, адиби шинохта ва драматурги тоҷик пас аз бемории тӯлонӣ дар зодгоҳаш дар синнӣ 78-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Ҳаёт Неъмат, адиб ва драматурги тоҷик

18-уми ояктябр Сафар Абдулло, донишманди шинохтаи тоҷики муқими Алмаато аз тариқи саҳфаи фейсбукиаш дар бораи рӯзноманигор ва шоири машҳур Ҳаёт Неъмат хабар дод, “ҳамоне, ки бо ҷисми маълулаш борҳо садои додхоҳӣ буланд карда ва барои ҳифзи миллаташ аз нобудии маънавӣ ҷонталошиҳо, ҳамоне, ки барои ҳифзи забони мо дар хостгоҳи ин забон, дар Самарқанд чанд бор гуруснанишинӣ карда буд,” шаби гузашта дар гузашт.

Хонум Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинон ва собиқ номзад ба мақомои президентӣ дар Тоҷикистон дар сӯги Ҳаёт Неъмат навиштааст: “Шахсияте, ки дар давраи мушкили режими Каримов барои тоҷикон, барои фарҳангу забонамон ва барои рӯзномаю мактабҳои тоҷикӣ ҷонашро дар хатар монда мубориза бурд.., дареғо, ки ин неъматро аз даст додем.”

Рӯзноманигор ва шоири шинохтаи кишварамон Зафар Суфӣ дар сӯги Ҳаёт Неъмат гуфтааст: “Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ дар назари ман тимсоли тоҷику тоҷикият дар он бахше аз сарзамини тоҷикон буданд, ки бозиҳои сарнавишти талх аз ҳам ҷудо ва дур гардонадааст…Устод Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, миллатдӯст, ватанхоҳ, фарҳангие, ки дар дифоъ аз арзишҳои миллат бо ҷисме маълул ҳиммати рустамона доштанд, дигар барои ҳамеша моро тарк кардаанд.”

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоир, драманавис, адабиётшинос, аз соли 1990 узви Шӯрои Анҷумани байналхалқии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”. Аз соли 2000 Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Соли 2000 Дорандаи мукофоти ба номи Деваштич

Имрӯз, 18-уми октябари соли 2021 ҷасадаи марҳум Ҳаёт Неъмат дар зодгоҳаш, дар деҳаи Кӯсаҳои (Кӯи Сахо)-и ноҳияи Самарқанд ба хок супурда мешавад.

Афви Бузургмеҳр Ёров

0

Бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” 4 сол аз ҳукми иҷрои ҷазои Бузургмеҳр Ёров, адвокати шинохтаи кишвар кам карда шуд.

17-уми октябри соли 2021 яке аз пайвандони Бузургмеҳр Ёров ба Аздо ТВ хабар дод, ва гуфт, ки ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи афв” 4 сол аз муҳлати иҷрои ҷазои Бузургмеҳр Ёров дар зиндон кам карда шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, хабари камшудани 4 сол аз муҳлати иҷрои ҷазои дар маҳбасро ба худи Бузургмеҳр Ёров рӯзи чаҳоршанбе 13-уми октябр расонидаанд, вале аз сабаби қатъ будани телефонҳои зиндон ё дастраси надоштан ба берун ин хабар бо чанд рӯзи таъхир ба пайвандонаш расидааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи зиндонии тоҷик, соли 2015 баъд аз ин, ки парвандаи ҳимоят аз  раҳбарони боздоштшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро ба дӯш гирифта буд, бо иттиҳомоти сохта боздошт ва сипас барои 28 сол равонаи зиндон гашт.

Адвокат Бузургмеҳр Ёров замоне боздошт шуд, ки вакли мудофеъи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва собик вакили парлумон буд. Вай баъд аз дидор бо Ҳусайнӣ-зерҳимояи худ ба расонаҳо гуфта буд, ки мақомот дар боздоштгоҳ бар ивази барҳам додани ҲНИТ ба Саидумар Ҳусайни пешниҳоди мансаб кардаанд, вале зерҳияи ӯ ин пешниҳоди мақомотро рад кардааст. Баъд аз он мақомо дар сари Ҳусайнӣ халта кашида вайро башиддат лату кӯб кардаанд.

Мақомот Бузургмеҳр Ёров нахуст боздошт ва дафтари корияшро бозҷӯи карда, аснод ва мадорикро бо худ бурданд.

Бузургмеҳр Ёров барои 28 сол зиндонӣ шуда аст, тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи афв” соли 2019 низ 6 сол аз муҳлати иҷрои ҷазои ӯ дар зиндон кам гардида буд, ва дар умум дар ин марҳила 10 аз иҷрои ҷазои ӯ кам карда шуда, 12 соли дигар аз муҳлати  ҳабсаш боқӣ мемонад.

Соли 2019 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид баъд аз баррасии парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва дигар раҳбарони ҲНИТ-ро боздошти ӯро худсарона эълом карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки бидуни қайду шарт фавран ӯро  озод кунад, вале то имрӯз ҳукумати Эмомали Раҳмон ҳеч дархости ин кумитаи СММ-ро иҷро накарда ва ба таъаҳудоти байналмиллалии худ амал пойбанд набудааст.

Инфиҷор дар дохили масҷид даҳҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт

0

Имрӯз, ҷумъа 15-уми октябр дар масҷиди “Имом Боргоҳ” дар ноҳияи аввали шаҳри Қандаҳори Афғониятон якбора аз ҷониби интиҳориён се таркиш пайҳам сурат гирифт, ки дасти кам ҷони 35 нафарро гирифт ва даҳҳо захмӣ баҷо гузошт.

Бино ба иттилои расонаҳои Афғонистон, ин масҷид ба пайравони аҳли ташаюъ таъалуқ дошта, ҳамла ҳангоми адои намози ҷумъа сурат гирифтааст. Яке аз маргталабон худро дар даромадгоҳи масҷид, дувумӣ дар саҳни он ва сеюмӣ дар дохили масҷид худро таркондаанд.

Тасовири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки даҳҳо ҷасад дар дохил ва хориҷи масҷид рӯи замин афтодаанд ва захмиёни зиёде доду фиғон доранд.

Пас аз вуқуъи ҳодиса нерӯҳои интизомии Толибон ба маҳалли ҳодиса расиданд ва роҳҳоро барои рафту омади мошинҳо масдуд карданд.

Мақомоти маҳаллии Толибон дар мавриди ин ҳодиса то кунун ҳеч изҳори назаре накардаанд. Инчунин то ҳол ҳеч гурӯҳе масъулияти онро ба дӯш нагирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ ҳангоми баргузории намози ҷумъа дар шаҳри Қундуз ҳамлаи маргталабонаи бузурге дар масҷиде, ки он ҳам мансуби пайравони аҳли ташаюъ буд, сурат гирифт, ки дасти кам 50 кушта ва беш аз 150 захмӣ ба ҷо гузошт. Масъулияти ҳамлаи хунини шаҳри Қундузро ДОИШ бар дӯш гирифта буд.

Ҳузури нерӯҳои Ҳиндустон дар Фархор

0

Аксҳои моҳвораии тоза нишон медиҳанд, ки бонди фурӯдгоҳи ҳарбии ноҳияи Фархори Тоҷикистон баъд аз таътили чандсолаҳо аз нав тармим шудааст.

Гуфта мешавад, ин бонд (нуқтаест дар фурӯдгоҳ, ки барои бархостан ва нишастани ҳавопаймоҳо омода шудааст)-и фурӯдгоҳ дар аввалҳои моҳи октябри соли ҷорӣ тармим шуда ва эҳтимол меравад тармими он бо сармоягузории кишвари Ҳиндустон сурат гирифта бошад.

Фурӯдгоҳи Фархор агар пурра мавриди истифода қарор гирад, он дуввумин фурӯдгоҳе дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки идораи он дар дасти нерӯҳои низомии Ҳиндустон қарор мегирад. Пеш аз ин тарҳи бозсозии фурӯдгоҳи “Айнӣ”, ки дар 15-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, бо сармоягузории 70 млн доллории Ҳиндустон соли 2006 бозсозӣ шудааст.

Фурӯдгоҳи “Айнӣ” ва фурӯдгоҳи Фархор ягона пойгоҳҳои махфии Ҳиндустон дар хориҷ маҳсуб мешаванд. Ва ҳеч маълумоти расмие то ҳол на аз ҷониби Тоҷикистон ва на аз ҷониби Ҳиндустон дар бораи вуҷуди нерӯҳои низомӣ ва аслиҳаву муҳиммоти ҷангӣ дар ин пойгоҳҳо ироа намешавад.

Аз солҳои пеш расонаҳои мустақили Ҳиндустон бо такя ба манобеи худ дар бахшҳои низомии ин кишвар баъзе маълумотро дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии ҳавоии Ҳиндустон дар Тоҷикистон гузориш кардаанд, вале чунин хабарҳо ҳамвора аз сӯйи мақомоти низомиии Тоҷикистон такзиб шудаанд.

Ҳамчунин тарҳи бозсозии бемористони низомии Фархор, ки онҷо Аҳмадшоҳ Масъуд табобат гирифта буд, ва тармими бонди ин фурӯдгоҳ бо сармоягузории Ҳинд пештар ҳам расонаӣ шуда буд. Соли 2011 нашрияи “Times of India” бо нашри матлабе иттилоъ дода буд, ки низомиёни ин кишвар омода ҳастанд дарозии бонди парвози фурӯдгоҳи Фархорро бозсозӣ ва тӯлонитар кунанд.

Коршиносон сабаби талошҳои Ҳиндустон барои мустақар кардани нерӯҳои низомияш дар Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз афзоиши нуфӯзи Покистон, Чин ва густариши ифротгароии мазҳабӣ дар минтақа ва инчунин барои тақвияти мавқеаш пас аз баромадани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон рабт медиҳанд.

Ба иттилои баъзе коршиносон, дархости Ҳиндустон барои доштани пойгоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистон бо тавофуқи Маскав сурат гирифтааст. Зеро қаблан Маскав барои ҷой ёфтани Ҳинд дар Тоҷикистон мухолиф буд, аммо баъд аз тавофуқи Маскав барои фурӯши S400 ба Ҳинд мувофиқа сурат гирифтааст.

Инчунин бархе коршиносон бар ин боваранд, ки талоши Ҳиндустон барои ба даст овардани пойгоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистон маҳз ба хотири тасаллут пайдо кардан бар раванди авзоъ дар Афғонистон ва таъсиргузорӣ ба нуфӯзи Чину Покистон аст.

Пойгоҳи ҳавоии Фархор барои Ҳиндустон аз ҷиҳати стратегӣ хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро он дар масофаи хеле наздик бо Покистон ҷойгир аст. Покистон ҳамеша Ҳиндустонро бузургтарин таҳдиди худ медонад. Ҳамин тариқ, тамоми дороиҳои низомии Покистон барои фаро гирифтани сарҳади васеъ бо Ҳиндустон мутамарказ шудаанд.

Гузориши расонаи ҳиндӣ дар мавриди вуҷуди пойгоҳи низомии Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Дар сурати муноқишаҳои низомӣ байни Покистон ва Ҳиндустон, дуюмӣ метавонад Покистонро ғофилгир кунад. Ин масир барои зарба задан ба ҷойҳое ба мисли Чатрол, Пешовар, Исломобод ва дигар шаҳрҳои Покистон барои Ҳиндустон осонтар хоҳад буд.

Аммо, баъзе гузоришҳои тасдиқнашуда, нишон медиҳад, ки баъзе аз IAF Mi 17 дар пойгоҳи ҳавоии Фархор мустақар шудаанд. Гуфта мешавад, ки Ҳиндустон баъзе ҳавопаймоҳои иҷораи Русияро аз пойгоҳи ҳавоии Айнӣ идора мекунад ва Фархорро ҳамчун пойгоҳи амалиётии пешрафта истифода мебарад.

Гуфта мешавад, пойгоҳҳои “Айнӣ” ва Фархор ҳам аз ҷониби Русия ва ҳам Ҳиндустон назорати муштарак мешаванд.

Тоҷикистон ҳам ба Чин, ки бо Ҳиндустони мухолифати сиёсӣ дорад ва ҳам ба Ҳиндустону Русия пойгоҳи низомӣ додааст.

Фурӯдгоҳи Фархор дар оғози солҳои 80-уми асри гузашта сохта шудааст ва баъдтар дар солҳои 1990 нерӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд барои кумак ба Ҷабҳаи Шимоли Афғонистон аз он истифода мекарданд.

Шиканҷаи гурӯҳии зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон

0

Масъулини зиндони нав дар шаҳри Ваҳдат пеш аз мулоқот бо намояндаҳои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Прокуратураи генералӣ ва Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон зиндониёни сиёсиро ба таври гурӯҳи муҷозот кардаанд.

15-уми окятбри соли ҷорӣ, манобеи Аздо тв аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон хабар доданд, ки баъд аз расонаӣ шудани гузоришҳо дар бораи

Дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Саррарёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз зиндониёни сиёсии кишвар аз ҷумла адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ҳуқуқшинос Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон ва рӯзноманигорон Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб, Абдуқаҳҳори Давлат (Абдуқаҳҳор Давлатов) ва мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад аз раҳбарони зиндонии ҲНИТ ва ғайра нигаҳдорӣ мешаванд.

Ифтитоҳи як анбори мол барои гурезаҳои афғон дар Хатлон

0

Дар пасманзари вазъи душвори Афғонистон, дар минтақаи марзии Тоҷикистон як анбор барои ҳолатҳои фавқулодда кушода шуд.

Сурат: Твиттер

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар Кушониёни вилояти Хатлон як анбори ғайриозуқа ифтитоҳ карданд. Дар ин бора дафтари БРСММ-и Тоҷикистон дар саҳифаи

Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Душанбе, Пратибха Меҳта ҳангоми ифтитоҳи он гуфт:

“Ҳукумати Тоҷикистон барои омодагӣ ва пешгирӣ ба ҳама гуна бӯҳронҳо ва ниёзҳои башардӯстона дар сурати офатҳои табиӣ ва вуруди эҳтимолии паноҳандагон аз Афғонистон тамоми чораҳоро меандешад.”

Бино ба гуфтаи вай, ҷаҳон таърихи нав аз сар мегузаронад, зеро таҳаввулоти ахир дар олам, вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҷумла хавфи афзоиши бӯҳронҳо ва ҳаводиси ахир дар Афғонистон нигаронкунанда аст.

Ба гуфтаи вай, ҷаҳон яке аз харобтарин ва амиқтарин зарбаҳои сохторӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар таърихи нав аз сар мегузаронад, аз ҷумла хавфи афзоиши ҳаводиси табиъӣ, инчунин бӯҳронҳои сунъӣ, аз қабили ҳаводиси ахир дар Афғонистон.

Гуфтанист, анборҳо дар ихтиёри Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қарор хоҳанд гирифт, ки он аз соли 2018 муайян шуда бо мақсади мусоидат ба дастрасӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар минтақаҳои дурдаст дар манотиқи назди сарҳадӣ мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан вазири корҳои дохила, Рамазон Раҳимзода эълом дошта буд, ки Тоҷикистон барои қабули муҳоҷирони Афғонистон омода нест.

“Дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад,” – афзуд Рамазон Раҳимзода.

Конфронси солонаи САҲА дар Варшава

0

Дар конфронси солонаи САҲА дар Варшава намояндаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба сурати онлайнӣ ва мухолифони он ба сурати ҳузурӣ иштирок ва суханронӣ мекунанд.

14-уми октябри соли 2021 дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон конфронси солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба кори худ оғоз кард.

‌‌Ин конфронс бо ҳузури раҳбарияти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва созмони Афви байналмилал ва дигар намояндаҳои кишварҳои узв ва созмонҳои байнулмилалӣ оғоз ба кор кард.

Имсол ба фарқ аз солҳои қабл, ки конфронсҳои солонаи САҲА ба муддати даҳ рӯзи корӣ баргузор мешуд ва иштирокчиёни зиёде дар ҷаласаҳои он ҳузурӣ роҳ меёфтанд, ин конфронс дурӯза буда, ширкаткунандагони он ба сурати ҳузурӣ ва онлайнӣ тариқи барномаи ZOOM иштирок мекунанд. ‌‌Ташкилкунандагони ин конфронс сабаби дар шакли гузашта баргузор нашудани онро ба мувофиқа нарасидани кишварҳои узв арзёбӣ карданд.

Ҳайати иштироккунандаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ин конфронс эълом нашудааст, ки киҳо мебошанд ва чанд нафар ҳастанд, аммо аз гурӯҳҳои мухолифин ҳудуди 10 нафар иштирок мекунад. Аз ҷумла намояндагони Паймони Миллии Тоҷикистон ва Ҳаркати “Гурӯҳи 24” ва як намоянда аз пайвандони зиндониёни сиёсии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Вале аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз дохили кишвар дар ҷаласаҳои ҳузурӣ дар ин конфронс касе ширкат намекунад.

Дар ин конфронс иштирокчиён имкони камтар барои пешниҳоди гузориш ё матраҳ кардани мушкилоти худро доранд. Дар ҷаласаҳои дирӯз эксперт ё худ меҳмононҳои олиқадри САҲА дар конфронс суҳбат намуда, мавзӯъҳои гуногунро баррасӣ намуданд ва дар охири ҳар як мавзӯъ чанд дақиқае барои суол дода мешуд. Ба назар мерасид, ки нафарҳои суолдиҳанда интихоб шуда истодаанд ва ба баъзе суолҳо пурра ҷавоб дода намешуд.

Дар ин ҷаласа мухолифини тоҷик ва дигар намояндаҳои ҷомеаи маданӣ аз кишварҳои мухталиф кӯшиш карданд дар сессияи аввал, ки мавзӯи он “Ҳуқуқи инсон ва демоктратия” буд, ба намояндагони баландпояи САҲА суол диҳанд ва мушкилоти худро матраҳ кунанд, вале ба онҳо вақт дода нашуд.  Зеро, САҲА 30-солагии худро ҷашн мегирад ва мавзӯъҳои ҷаласаҳоро маҳдуд карда, бештар масъулони худи САҲА дар бораи фаъолиятҳои ин созмон ва бурду бохтҳояш суҳбат мекунанд.

Бо вуҷуди ном набурдан аз кишварҳои зиддиятнишондода, баъзе аз коршиносон бар ин назаранд , ки Русия ва кишварҳои ҳампаймони он ба мисли Тоҷикистон зидди баргузории ин конфронс дар формати пештара будаанд. Зеро дар нишастҳои солҳои қабл мухолифини ин кишварҳо фаъолона мушкилоти худро матраҳ ва намояндаҳои ҳукуматҳоро ба чолиш мекашиданд.

‌‌Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА соли 1991 ташкил ёфта, идораи марказии он дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон ҷойгир аст. Имсол дар ин нишаст САҲА 30-солагии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони худро қайд кард.

‌‌

Ятимов: Бояд 24 соат кор кунем

0

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамарӯза ҳудуди 600 нафар гурезаҳои Афғонистон талош доранд, то марзро убур ва ба кишвари мо ворид шаванд.

Саймумин Ятимов, раиси КДАМ дар ин бора 13-уми октябр ҳангоми

Бино ба гузоришҳо 4-уми октябр Толибон дар Бадахшони Афғонистон гуфта буданд, ки 600 паноҳҷӯро аз марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ба хонаҳояшон баргардонда иддаеро ҳушдор доданд, ки ба манзилҳояшон баргарданд.

Инчунин манбаъҳои дигар низ аз латукӯб ва қатли паноҳҷӯён дар Ишкошими Афғонистон аз сӯи Толибон гузориш доданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Раҳимзода, вазири корҳои дохила эълон карда буд, ки Тоҷикистон тавони қабули паноҳҷӯёни Афғонистонро надорад. Сафорат ва консулгариҳои кишварамон дар Афғонистон ба осонӣ ба мардум раводид намедиҳанду марзҳо низ ба рӯи паноҳҷӯёни афғон баста мебошанд, аммо акнун суол ин ҷост, ки ин теъдоде, ки раиси КДАМ мегӯяд, аз чӣ роҳе худро ба Тоҷикистон мерасонанд?

Ба хотири тасдиқи ин арқоми пешниҳод кардаи Саймумин Ятимов ва посух ёфтан ба ин суол пеш аз ҳама фарзияи шабакаи афғонистонии “Тулӯънюс”, ки гуфта буд, визаи 60 доллараи Тоҷикистон дар бозорҳои сиёҳи Афғонистон зиёда аз 400 доллар фурӯхта мешавад, пеши назар барҷаста менамояд.