Хона блог саҳифа 582

Талаби 9 соли зиндон ба Иззат Амон

0

Додситон ба Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, 9 соли зиндонро бо иттиҳоми “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” талаб кардааст.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин котиботи Додгоҳи шаҳри Душанбе хабар дода буд, ки мурофиаи Иззат Амонро рӯзи 22-юми сентябр ба поён расонда, парвандаашро “бастанд”.

Ҳамчунин наздикон ва пайвандонаш ба расонаҳо гуфта буданд, ки бо ҳамаи даъво ба зидди Иззат Амон розӣ нестанд, вале ба хотири раҳоии ӯ пулро пурра супурданд. Қарзи Иззат Амон назди даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар расида буд.

Як манбаъ аз Додгоҳи пойтахт  29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби додситон Абдулмуъмин Кабирзода ду рӯз пеш садо дод ва пас аз он додрас ба хонаи машваратӣ рафт.

Ин манбаъ меафзояд: “Барои шомил шудани гумонбар ба қонуни афв ин марҳила ҳатман бояд тай шавад. Додситонии кул парвандаро баррасӣ карда, ҷазо хост. Додгоҳ ҳукмро содир карда, сипас, қонуни афвро татбиқ хоҳад намуд”.

Қонуни нави афв рӯзи даҳуми сентябри имсол ба иҷро даромад. Моддаи “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” (қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ), ки бар асоси он алайҳи Иззат Амон парванда боз шуда буд, ба қонуни афв шомил мешавад.

Иззат Амон, раҳбари Маркази Тоҷикон дар Маскав 25-уми марти соли ҷорӣ аз Русия ғайб зад, вале баъдтар мақомоти Тоҷикистон эълом карданд, ки Русия ин ҳомии ҳуқуқро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Дар Тоҷикистон аз пеш бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда буд ва пас аз фурӯд омадан дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Боздошти Иззат Амон дар Тоҷикистон мавҷе аз вокунишҳои муҳоҷирон, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард ва аксари мардум хостори озодии ӯ шуданд, вале мақомот эълон кардаанд, ки боздошти Иззат Амон дар асоси шикояти шаҳрвандон бо иттиҳоими қаллобӣ сурат гирифтааст.

Русия муҳлати ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро тамдид карданист

0

Расис Шӯрои ҳуқуқи инсони назди Президенти Федератсияи Русия, Валерий Фадеев ба рӯзномаи “

Сурат: Твиттер

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Маскав ба муҳоҷирон хотиррасон карда буд, ки 30-уми сентябр имтиёзҳое, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус ҷорӣ шуда хотима меёбад. Дар ин паём, ки рӯзи 27-уми сентябр ба нашр расидааст гуфта мешавад, хориҷиёни муқими Русия бояд то моҳи октябр мақоми будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ кунанд.

“Онҳое, ки то 15-уми марти соли 2020 омадаанд ва барои то 16-уми июни соли 2021 дар кишвар будубошашон асосҳои қонунӣ надорад, метавонанд бо навиштани ариза ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд, то худро дар асоси қонуни муҳоҷират ба қайд гиранд.”

Раҳмон бо ифтитоҳи майдончаву биноча сарашро сафед кард

0

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон як майдончаи варзишӣ ва маркази захиравиро ифтитоҳ карда аст.

Тибқи иттилои торнамои расмии раисҷумҳур, иншооти варзишӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо харҷи наздики 100 ҳазор доллари амрикоӣ сохта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар баистифода қарор додани хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ иштирок намудааст.  

Гуфта мешавад, лоиҳаи азнавсозии хати оби нӯшокӣ аз соли 2019 оғоз шуда он  240 оила аз ду маҳаллаи шаҳри Хоруғро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад.

Ҳамзамон Раҳмон дар рӯзи 29 сентябр дар идомаи сафари кориаш ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ба Маркази саломатии шаҳрӣ баъди таъмиру навсозии ин бино аз он дидан карда аст.

Ин Маркази саломатӣ соли 1987 бунёд шуда, “бо гузашти солҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошта аст”. Маълум нест, ки агар раисҷумҳур ба вилоят сафар намекард, оё ин бинои садамавиро таъмир мекраданд ё хайр ва ё чаро дар ин си сол он таъмир нашуд? Аммо ҳукумат таъмири ин биноро ҳам аз даствардҳои Раҳмон ва даврони истиқлол уновн кардааст.

Раҳмон ҳамингуна дар гузоштани санги асоси майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Шуғнон иштирок карда аст. Вай соли оянда низ маҳз барои ифтитоҳи ин майдонча боз ба ин ноҳия сафар хоҳад кард.

Сабқати мунтахаби футболи занони Тоҷикистон бо Ветнам

0

Имрӯз, 29-уми сентябр, Дастаи мунтахаби футболи занони Тоҷикистон бозии ниҳоиро дар сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В” анҷом медиҳад.

Расм аз FFT.TJ

Дар ин сабқат рақиби Тоҷикистон мунтахаби футболи занони Ветнам хоҳад буд. Барои ба даври баъдии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфтан тими миллии Тоҷикистон дар вохӯрии имрӯза бояд пирӯзӣ ба даст орад.

Бозии Ветнам – Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор гардида, соати 18:00 оғоз мешавад. Ба навиштаи ФФТ, даромад барои тамошо ба варзишгоҳ ройгон аст.

Бонк муфлис шуд, мардум саргардон

0

То ба поён расидани муҳлати барҳамхӯрдани “Тоҷпромбонк” ду рӯзи дигар боқӣ мондааст. Қисме аз муштариёни ин бонк, ки баъд аз муфлис эълон шудани он амонтҳояшон монда буд, то ҳол бозпас нагирифтаанд.

Акс аз навори гузориши Радиои Озодӣ

Ба гузориши Радиои Озодӣ, рӯзи 27-уми сентябр гурӯҳе аз муштариёни собиқи “Тоҷпромбонк”, ки амонҳояшонро то ҳол гирифта натавонистаанд, ба Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, барои рӯёндани пулҳояшон кумак хостанд. Аммо Додгоҳ мегӯяд, муштариён намехоҳанд бар ивази маблағ хона бигиранд, ки онҳо аз дороии бонк маҳсуб мешаванд.

Муштариён иддао доранд, ки 4 сол боз барои гирифтани амонтҳояшон тамоми дарҳоро кӯфтанд, аммо касе ба онҳо кумак накард. Ва хонаҳое, ки бонк пешниҳод мекунад, як хонаро бояд чанд нафар бигирад ва байни худ тақсим кунад, ки мушкилоти он зиёдтар мешавад.

Як зан бо номи Солеҳамоҳ Самадова иддо дорад, ки 650 ҳазор доллар дар ин бонк амонт гузошта буд, бонк андак-андак маблағҳояшро бозпас гардондааст ва ҳоло 450 ҳазор сомнияш боқӣ мондааст.

Мақомоти кишвар пас аз муфлис эълон шудани “Тоҷпронбонк” раиси он Ҷамшед Зиёевро моҳи апрели соли 2018 боздошт кард. Ӯ пеш аз муҳокимаи додгоҳӣ тавонист 10 млн доллари қарзи муштариёнашро бозпас гардонад. Ва соли гузашта бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ – “қаллобӣ”, “азонихудкунӣ ва исрофкорӣ”, “таҳияи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ” ва “суистифода аз мансаб” муттаҳам ва барои 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба ин монанд сокинони дигар низ ҳастанд, ки маблағҳои зиёде дар бонкҳои кишвар пасандоз карданд, вале дигар натавонистанд маблағҳои худро бозпас бигиранд.

Дар чор соли ахир дар Тоҷикистон дасти кам 4 бонк муфлис эълон шуд. Соли 2017 “Тоҷпромбонк”-у “Фононбонк” аз фаъолият бозмонд ва моҳи майи соли равон ду бонки маъруфи дигар, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” низ муфлис эълон шуданд. Муштариёни ҳамаи ин бонкҳо аз он нигаронанд, ки маблағҳои пасандозкардаашонро гирифта наметавонанд. Аммо масъулини бонкҳо ваъда медиҳанд, ки пас аз фурӯши дороиҳои бонкҳо ҳамаи амонтаҳои муштариёнро боз мегардонанд. Иҷозатномаи фаъолияти кории ҳамаи ин бонкҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд шудааст.

СҶБ таҳқиқоти пайдоиши коронавирусро бо тими нав идома медиҳад

0

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) бо як гурӯҳи нави олимон таҳқиқоти пайдоиши коронавируси SARS-CoV-2-ро идома медиҳанд.

Ба ин гурӯҳ тақрибан 20 нафар, аз ҷумла мутахассисони бехатарии лабораторӣ, амнияти биологӣ ва генетика, инчунин коршиносони бемориҳои ҳайвонот шомил хоҳанд шуд. Қарор аст, ин таҳқиқот дар Чин ва дигар кишварҳо сурат гирад.

Бино ба навиштаи “РБК”, СҶБ марҳилаи нави таҳқиқотро чанд моҳ пас аз бозгашти гурӯҳи аввалини таҳқиқотчиён аз Вуҳани Чин эълон кард.

Олимон чаҳор версияи пайдоиши SARS-CoV-2-ро муаррифӣ карданд, ки эҳтимоли бештар ин версияи интиқоли коронавирус аз кӯршапаракҳо ба одамон буд. Ҳамзамон, олимони СҶБ эҳтимоли ихроҷи вирус аз як лаборатория дар Вуҳанро “бениҳоят кам” номида буданд.

Гуфта мешавад, гурӯҳи нав ба СҶБ дар ёфтани маълумот, ки барои пешгирии хуруҷи минбаъдаи ин вирус зарур аст, кӯмак мекунад.

Дар доираи ин таҳқиқот, коршиносон сабабҳои пандемияи кунуниро муайян намуда, аз ҷумла имконпазир будани пайдоиши сунъии коронавирусро таҳқиқ мекунанд.

Барои дубора оғоз намудани таҳқиқоти СҶБ бештар мақомоти ИМА, аз ҷумла Котиби давлатӣ Энтони Блинкен, исрор варзида буданд. Ҳамзамон, Чин аз ин созмон талаб кард, ки ҳангоми таҳқиқи пайдоиши вирус ба кишварҳои дигар, ба мисли Италия ва ИМА таваҷҷӯҳ кунанд.

Интизор меравад, ки аъзои гурӯҳи нав то охири ин ҳафта интихоб шаванд. Аммо, ҳоло маълум нест, ки ба ин даста барои кор дар Чин иҷозат дода мешавад ё не?

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷии Чин дар як изҳорот гуфт, ки Пекин бо гурӯҳе, ки таҳқиқоти аввалро анҷом додааст, “пурра ҳамкорӣ кардааст”.

Эммануэл Макронро боз бо тухм заданд

0

27-уми сентябр як ҷавони 19-сола Раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макронро ҳангоми вохӯрӣ бо мардум бо тухм зад.

Акс аз навори видеоӣ

Ҳангоми боздиди Раисҷумҳур аз намоишгоҳи хӯрок ва тағзия дар шаҳри Лиони Фаронса ҷавони 19-солае бо тухм Эммануэл Макронро зад ва он зоҳиран ба тухми ҷӯшонидашуда монанд буд, ки бар шонаи Президент расиду нашикаст.

Пулис ҷавони ҳуҷумкунандаро, ки шиори “зинда бод ҷумҳурӣ” сар медод, фавран боздошт кард. Додситони шаҳри Лион хабар дод, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми “ҳуҷум бар намояндаи давлатӣ” парванда боз шудааст. Вале то ҳол қазияи ӯ маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки болои раисҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон аз тарафи мардум ҳуҷум сурат мегирад. Нахуст соли 2017 ӯро бо тухм зада буданд, ки тухм бар сараш исобат карда шикаст, ин дафъа бори дуюм аст, ки бо тухм зада мешавад.

Ҳамчунин моҳи июни соли равон ҳангоми вохӯрӣ бо мардум дар ҷануби Фаронса як ҷавон бо даст шаппотие бар рӯяш зада буд. Додгоҳ ҷавонро бо иттиҳоми “ҳамла бар намояндаи давлатӣ” барои 4 моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд.

Эълони барқарории Ҷумуҳурии Ислмоии Афғонистон

0

Ҷамъе аз шахсиятҳои саршинос дар ҳукумати қаблии президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо судури эъломияе аз барқарории давлати пешин, Ҷумуҳурии Исломии Афғонистон хабар доданд.

Ин Эъломия, ки ҳоло нусхаҳои форсӣ, англисӣ ва баргардони он бо хатти сирилик дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст, аз 18 банд иборат буда, срапарасти ҷумҳурии исломӣ муовини аввали раёсатиҷумҳури Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ муаррифӣ шудааст.

Дар банди аввали ин эъломия гуфта мешавад, ки “Давлати ҶИА ягона марҷаъи машрӯъи низоми сиёсии Афғонистон буда, ки мубтанӣ бар интихобот ва орои мардум ташкил гардидааст. Ҳеҷ низом ва ҳокимияти дигаре наметавонад бар хилофи моддаҳои Қонуни Асосӣ ҷойгузини низоми мавҷуда гардад”.

Гуфта шуда, ки тамоми тасмимҳо дар эъломия баъд аз машвара ва ройзанӣ бо бузургон, сиёсиюн ва ақшори мухталифи ҷомеа, ҷамъе аз занон ва мардон гирифта шуда аст. Аз шумули ин тасмимҳо дубора инсиҷоми аркони сегонаи давлат, ташкили Шӯрои олии давлат дар зудтарин фурсат, риояти Қонуни Асосӣ, побандӣ ба муоҳидот, мисоқҳо ва тамоми конвенсиюнҳои байнулмилалӣ, ки Афғонистон пештар ба он мулҳақ гардида, ва баҷомондани парчами серанги кишвар аст.  

Ҳамчунин давлати барқароршудаи ҶИА аз тамоми кишварҳо талаб дорад, то равобити худро мисли пеш бо ҶИА ҳифз намуда, аз ҳар гуна машрӯъият бахшидан ба гурӯҳи “Толибон”, худдорӣ намоянд.

“Аз Созмони милали муттаҳид ва Шӯрои амнияти он созмон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тақозо дорем, то бар ҳомиёни гурӯҳи “Толибон” барои поёни ишғоли ғайриқонунии ин гурӯҳ фишор ворид намоянд то аз тариқи гуфтугӯҳои созанда ва содиқона бо ҷониби ҶИА заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар фароҳам гардад”.

ҶИА мегӯяд, ки аз муқовамати миллӣ ки раҳбариашро Аҳмад Масъуд бар уҳда дорад аланан ҳимоят менамояд ва дар сурати бунбасти музокироти сулҳ аз тамоми мардуми Афғонистон тақозо карда то бо Ҷабҳаи муқовамат пайваста,  алайҳи ишғол ба муборизоти худ идома диҳанд.

“Агар “Толибон” ба хости мардуми Афғонистон ва ҷомиаи байнулмилалӣ барои сулҳи пойдор, риояти ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мубориза бо терроризм посухи мусбат надиҳанд, давлати ҶИА бо иродаи комил ва ваҳдати миллӣ ба ҳимояти худ аз муқовимати миллии мардуми Афғонистон идома хоҳад дод”.

Ҳамазмон ҶИА аз тамоми аъзои аршади ҳукумат ва Шӯрои миллӣ тақозо карда то даври ҳам ҷамъ шуда, фаъолиятҳои идорӣ ва сиёсии худро аз сар гиранд.

“ Макон ва маҳалли фаъолияти ҳукумат ва Шӯрои миллӣ ба зудӣ аз тариқ Шӯрои олии давлат ва меҳвари муқовамат эълом мегардад”.

ҶИА гуфта, ки  неруҳои амниятӣ ва дифоъии кишвар, ба зудӣ фаро хонда мешаванд ва сармояҳои миллӣ ва шахсии мардум, ки ба яғмо рафтааст, мавриди арзёбӣ қарор мегирад ва ба ҳамкории ҷомеаи байнулмилалӣ ба ва баргардонидани онҳо иқдомоти лозим сурат хоҳад гирифт. Ҳама намояндагиҳои сиёсӣ ва генералконсулгариҳои ҶИА умуроти кории хешро ба таври маъмулӣ пеш мебаранд.

ҶИА дар охир аз кишварҳоие, ки дар ин рӯзҳо ба мардуми Афғонистон кӯмак карда ташаккур карда аст ва аз кившарҳои ҷаҳон барои ҳимоят аз оворагони дохилӣ ва хориҷӣ, ки бар асари ишғоли “Толибон” бесарпаноҳ шудаанд, тақозои кӯмак ва ҳамкорӣ карда аст.

Русия дар Исфара “хлебзавод” сохт

0

Бо ҳимояти молии Русия Созмони ҷаҳонии ғизои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии вилояти Суғд рӯзи 27 сентябр дар шаҳри Исфара фабрикаи нонпазии бузургеро ифтитоҳ бахшиданд.

Акс аз саҳифаи твиттерии Барномаи ҷаҳонии ғизо

Ба қавли масъулони тарҳ ин шашумин фарбрикаи нонпазист, ки Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ бо дастгирии молии Федератсияи Русия дар минтақа месозад.

Гуфта мешавад, ин фабрикаи нонпазӣ аз ҷониби Созмони ҷаҳонии ғизои СММ бо мақсади таъмини хӯроки 90 ҳазор донишомӯзи синфҳои ибтидоии 270 мактаб дар вилояти Суғд сохта шудааст.

Дар маросими ифтитоҳи он намояндагони Созмони ҷаҳонии ғизо ва консулгарии Русия дар вилояти Суғд, инчунин масъулони вилояти Суғд ва шаҳри Исфара иштирок карданд.

“Ба дастгирии молии Федератсияи Русия ва дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи иҷтимоию саноатии хӯроки умумии Русия мо метавонем сохтмон ва азнавсозии фабрикаи нонпазиро анҷом диҳем. Технологияи пешрафта ва таҷҳизоти нав маънои онро дорад, ки нонро акнун метавон зудтар, арзонтар ва бо сифати беҳтар пухт. Ин сармоягузориҳо на танҳо ба саломатӣ ва рушди кӯдакон мусоидат мекунанд, балки барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд.”, – мегӯяд намояндаи СҶҒ Хюн Ҷи (Анги) Ли.

Ба қавли намояндагони СҶҒ дар саросари Тоҷикистон дар маҷмуъ ҳашт фабрикаи нонпазӣ бо ташаббуси ин созмон сохта ва ё таъмиру навсозӣ шуда, ки хӯроки 114 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз 340 мактаб аз онҳо таъмин мешавад.

Барномаи Ҷаҳонии Озуқаворӣ аз соли 1999 бо Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани системаи миллии таъом додани мактаббачагон ҳамкорӣ мекунад.

Боздошти 36 наврасону ҷавонон дар шаҳри Душанбе

0

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)дар доираи амалиёти “Корд” дар шаҳри Душанбе аз мусодираи 36 адад “силоҳи сард” хабар дод.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД-и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, кормандони ин ниҳод аз 21-ум то 26-уми сентябр дар пойтахт амалиёти шартии “Корд”-ро гузаронида, 17 ноболиғ ва 19 ҷавонро бо “силоҳи сард” дар кӯчаҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ боздошт карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин амалиёт аз боздоштшудаҳо дар умум 36 адад силоҳи сард, аз ҷумла 26 адад корд, 6 “кастет” ва 4 “дубинка” дарёфт ва мусодира шуд.

Гуфта мешавад, нисбати 6-нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлатҳои аз 7-то 10 шабонарӯзӣ, нисбати волидайни ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ ҶТ ва нисбати дигарон бо Қарорҳои Суд ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шудаанд.

Бо вуҷуди ин ҳама боздошти ҷавонону ноболиғон Раёсати ВКД-и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ба фарқ аз солҳои пеш, содиршавии ҷинояти авбошӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ бо истифодаи аз “силоҳи сард” коҳиш ёфтааст.