Интихоботи Русия тағйироти ҷиддие ба зиндагонии муҳоҷирон намеорад
Ҳизби “Русияи воҳид” дар интихоботи Думаи Давлатии Русия бо ба даст овардани наздик ба 50 дарсади оро 300 курсиро соҳиб шудааст.

Тибқи иттилои хабаргузории русии “ТАСС”, пас аз шумориши 100 фоизаи оро дар Русия барои интихоби вакилони Думаи давлатӣ (парлумон)-и Русия ҳизби “Русияи воҳид” (Единая Россия) пирӯзи интихобот дониста шудааст.
Ба иттилои манбаъ, натиҷаи ҳисоби овозҳои раъйдиҳандагон нишон дода, ки Ҳизби Русияи воҳид , 49,82% фисади ороро соҳиб шуда аст. Ҳамин тариқ Ҳизби коммунистони Русия (18,93%), Ҳизби либерал-демократ (ЛДПР) – 7,55%, “Русияи одил” – 7,46% ва “Одамони нав” – 5.32% фоизи ороро соҳиб шудаанд. Ҳамаи ин 5 ҳизб бо соҳиб шудани бештар аз 5 фоизи оро ҳаққи вуруд ба Думаи давлатиро пайдо кардаанд.
Назарсанҷиҳо аз қабл пирӯзии ҳизби ҳокимро пешбинӣ карда буданд. Инчунин дар интихобот мухолифон ва мунтақидони Кремлин бо баҳонаҳои мухталиф роҳ наёфтанд ва гузоришҳо аз тахаллуф ва ношафоф пур кардани сандуқҳои раъй зиёд нашр шудааст. Дар ҳамин ҳол Комиссияи интихобот ин гузоришҳоро қабул надорад, ва онро кори хориҷиҳо дониста аст.
Дар Русия муҳоҷирони зиёде аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ ва ба хусус Тоҷикистон ба сар мебранд, ки ададшон аз 1,5 то 2 милион гуфта мешавад. Интихоботи ахири ин кишвар дар зиндагии онҳо низ бетаъсир буда наметавонад, аммо коршисносн мегӯянд, беҳбудие дар кори муҳоҷирон сурат нахоҳад гирифт ва шояд қавонини муҳоҷират боз шадидтар шавад.
Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик, ки ҳудуди 20 сол дар Русия зиндагӣ ва кору фаъолият кардааст, мегӯяд дар парлумони Русия чизе иваз нашуд, ҳамон тиме куҳна ва вафодор ба Путин аст боз рӯи кор омад ва аз ин рӯй қавонин низ тағйир нахоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ: “Ин ҳама омодагӣ ба интихоботи соли 2024 аст, чун дар назар аст дар соли 2024 интихоботи президентӣ сӯрат бигирад ва Путин боз ҳақ дорад номзадиашро пешбарӣ кунад”.
Ин фаъоли сиёсии тоҷик таъкид мекунад, ки дар ин интихобот комунистон як кам раъйи бештар гирфитанд, аммо боз ҳам барои тағйироти ҷиддие дар қонунгузорӣ басанда нахоҳад буд ва ҳарфи аввал дар дасти тими Путин аз ҳизби “Русияи воҳид” хоҳад монд.
40%-и аҳолии Тоҷикистон воксин гирифтаанд
Дар Тоҷикистон то 20-уми сентябри соли ҷорӣ тақрибан 40% сокинони аз 18-сола болоро бар зидди коронавируси навъи COVID-19 воксин задаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 20-уми сентябри соли ҷорӣ 2 миллиону 307 ҳазору 140 нафар ё 39,6 дарсади шумораи умумии аҳолии аз 18 сола болои кишвар воксини зидди коронавирус гирифтаанд.
Инчунин аз ин миён вояи дуюми воксинро 1 миллиону 565 ҳазору 281 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон гирифтаанд.
Дар гузориши Вазорати тандурустӣ гуфта мешавад, ки 99,6 сокинони шаҳри Душанбе воксин карда шудаанд. Ба омори овардаи Вазорат, корбарон шак доранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки як манбаъ ба Аздо тв аз шаҳри Душанбе гуфт, айни замон намояндагони Вазорати тандурустии кишвар хона ба хона гашта мардумро маҷбур доранд аз ваксини чинӣ бизананд. Дар сурати ваксин нагирифтан кормандони Вазорати дохила дахолат намуда, мардумро маҷбур месозанд, ки ба ҳар роҳе набошад ваксин бигиранд.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми воксинзании аҳолӣ бар зидди коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон воксинаҳои CoronoVac (Чин), AstraZeneca (Аврупо), Moderna ва Pfizer (ИМА) ва Sputnik V (Русия) истифода мешаванд.
Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо судури қароре ваксинзаниро барои сокинони аз 18-сола боло иҷборӣ кард. Сокинон аз он нигаронӣ мекунанд, ки воксини чинӣ ва русӣ, ки дар аксар кишварҳо пазируфта нашудааст, ба онҳо маҷбуран тазриқ мешавад.
Таъсиси урдугоҳи паноҳҷӯён дар Хатлон
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин урдугоҳе барои паноҳҷӯёни Афғонистон сохта мешавад. Ин урдугоҳ бо кумаки молии Иттиҳоди Аврупо дар Хирманҷои ноҳияи мазкур, ки дар марзи Афғонистон ҷойгир аст бунёд мегардад.

Радиои Озодӣ аз қавли манбаъаш дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хабар дод, ки дар мавзеи Хирманҷо ва боз ду макони дигар сохтани урдугоҳ дар назар аст.
“Сафири Иттиҳоди Аврупо аз мавзе, ки урдугоҳ бояд сохта шавад, дидан хоҳад кард. Пас аз ин сафар сохтани урдугоҳ дақиқ хоҳад шуд. Ҳоло ду-се мавзеъ дар ноҳияи мо мушаххас шудааст”,-гуфт манбаъ ба Озодӣ аз ҳукумати ноҳияи Шамсиддини Шоҳин.
Чанде пеш шуморе аз муҳоҷирони афғон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аз бархурди дурушти мақомоти тоҷик шикоят карда, гуфта буданд, ки онҳоро марзбонони тоҷик ба як минтақае бурда гузоштаанд, ки на оби ошомиданӣ доранд ва на ноне барои хӯрдан.
Ин дар ҳолест, ки 14 сентябр Иттиҳоди Аврупо хабар дод, ки ба ҳукумати Тоҷикистон барои кумак ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ 160 ҳазор евро ҷудо кардааст.
Дар иттилоияи Иттиҳоди Аврупо омада, ки дар вилояти Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон то 5 ҳазор гурезаи афғонистонӣ паноҳ бурдаанд. Ва эҳтимол меравад ин урдугоҳҳо дар ин ду вилоят сохта шаванд.
То расидани кумакҳои Иттиҳоди Аврупо мақомоти тоҷик омодаи пазириши паноҳандагон набуданд ва ҳатто қисме аз онҳоро пас аз вуруд дигарбора ба Афғонистон фиристада буданд. Гурӯҳе аз нерӯҳои давлатии Афғонистон, ки моҳҳои июн ва июл ба марзи Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд, пас аз муддати кӯтоҳе ба Кобул бозпас фиристода шуданд.
Дар аввалҳои моҳи июн мақомоти тоҷик иддао карда буданд, ки то 100 ҳазор паноҳҷӯи афғонро дар Тоҷикистон пазируфта метавонанд, аммо ҳангоми паноҳ овардани афғонҳо 80 нафар бо шумули занҳо ва кӯдакон ба кишвар роҳ дода нашуданд.
Ҷасади чаҳор паноҳҷӯ дар марзи Беларус ва Лаҳистон
Ҷасади беҷони чаҳор паноҳҷӯ, аз ҷумла як зани ироқӣ, дар марзи Лаҳистону Беларус пайдо шудааст.

Шоми якшанбе 19 сентябр Хадамоти марзбонии Лаҳистон эълом кард, ки се ҷасадро дар ҷойҳои алоҳида дар марз бо Беларус пайдо кардаанд. Инчунин ҷасади як зани дигареро, ки як метр дуртар аз сарҳади Лаҳистон будааст, пайдо кардаанд. Аммо мақомоти Беларус иддао дорад, ки ҷасади занро дар марз бо Лаҳистон пайдо кардааст.
Як мақоми расмии Хадамоти марзбонии Белорус дар телевизиони давлатӣ ин кишвар гуфт, ки далелҳои возеҳе дар бораи он оварда шудааст, ки ҷасади ин зани паноҳандаи ироқиро аз Лаҳистон ба Беларус овардаанд.
Бино ба иттилои хабаргузории “Deutsche Welle” шавҳари ин зан ба хабаргузории давлатии Беларус мегӯяд, маъмурони марзии Лаҳистон онҳоро ба марзи Беларус оварда бо таҳдид маҷбур карда, ки ба Беларус бираванд. Дар ҳоле, ки ҳаво дар ин минтақа хеле сард аст ва дамои ҳаво шабона ба 5С дараҷа мерасад.
Инчунин Хадамоти марзбонии Лаҳистон мегӯяд, ҳашт паноҳҷӯро, ки дар як минтақаи ботлоқӣ дар наздикии марзи Беларус дармондаанд, ҳамроҳ бо се ҷасади дигар онҳоро наҷот додааст.
“Панҷ мард ва се зан соатҳо дар ботлоқ дармондаанд, ки ду нафари онҳо ба бемористон интиқол дода шудаанд.”
Бино ба иттилои хабарнигори Радиои “Tок-FM”-и Лаҳистон, Якуб Медек ҷасадҳо дур аз ҷои изтирории марзӣ ёфт шудааст. Яке дар наздикии деҳаи Дворчиска дар ҷангали Августов, ду ҷасади дигар дар ҷангали ибтидоии Книшинский пайдо шуданд.
Якуб Медек мегӯяд: “Ман аз полис маълумоти иловагӣ пурсидам, аммо посухе нагирифтам.”
Ин хабарро котиби матбуоти Хадамоти марзбонии Лаҳистон Анна Михалская рӯзи якшанбе тайид карда гуфтааст, ҷасади се нафарро дар се макони мухталифи ҳаммарз бо Беларус пайдо кардаанд.
“Ҳама аломатҳо нишон медиҳанд, ки онҳо ба эҳтимоли зиёд муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳастанд, аммо дар ин марҳила ҳоло аз додани маълумот худдорӣ мекунем. Чунки парванда аз ҷониби прокуратура дар ҳоли баррасӣ ва тафтиш қарор дорад.” – гуфт Анна Михалская, котиби матбуоти Хадамоти марзбонӣ ба Радиои Тok-fm.pl.
Аз аввали моҳи сентябр Хадамоти марзбонии Лаҳистон беш аз 3,8 ҳазор кӯшиши убури ғайриқонунии сарҳади Лаҳистон бо Беларусро сабт кардааст.
Президенти Лаҳистон Анджей Дуда дар аввали моҳи ҷорӣ дар марзҳои кишвар вазъияти фавқулодда эълон кард. Ин буд, ки моҳи гузашта ҳазорон паноҳҷӯён ва муҳоҷирон аз Ховари Миёна тавассути Беларус вориди Иттиҳоди Аврупо шуданд. Лаҳистон ҳамчунин ба сохтани девор дар марз бо Беларус шурӯъ кард.
Тавофуқи Тоҷикистону Покистон ба Толибон нафорид
Имрон Хон, Сарвазири Покистон пас аз сафараш ба Тоҷикистон аз оғози музокирот бо Толибон барои ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон хабар дод.

Имрон Хон дар саҳфаи Твветриаш навишт: “Дар Душанбе бо ҳамсояҳои Афғонистон, ба хусус бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Афғонистон суҳбатҳои тӯлонӣ доштем. Ба хотири ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон, ки дар он тоҷикҳо, ӯзбекҳо ва ҳазораҳо шарик бошанд, музокирот бо Толибонро оғоз кардам.”
Вай таъкид мекунад: “Баъд аз 40 соли ҷанг, ҳукумати фарогир метавонад кафили сулҳу субот дар Афғонистон бошад. Суботи Афғонистон ба манфиати минтақа аст.”
Амми ба иттилои Тулӯънюс: “Як узви Комиссиюни фарҳанги Вазорати иттилоот ва фарҳанги кобинаи сарпараст гуфта, ки кабинаи муаррфӣ шуда, ҳамашумул аст ва ба ҳеҷ кивашре ҳаққи мудохиларо намедиҳад.
Саид Хустӣ, узви комиссияи фарҳангӣ мегӯяд: “Аморати исломӣ як кобинаеро таъсис додааст, ки дар он ҳамаи қавмҳо шомиланд. Дар ин бора ҳеҷ мушкиле нест.”
Ин гуфтаҳои Толибон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи сипаришуда дар Душанбе нишасти 20 -уми Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор шуд.
Дар зинм Перезиденти Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Покистон Имрон Хон пас аз гуфтугӯе изҳор доштанд, ки барои сари мизи музокирот овардани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон тавофуқ кардаанд. Ва Душанбе омода аст мизбони ин нишаст бошад.
Бо вуҷуди он ки дар нишастҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), мавзӯи асосӣ вазъияти Афғонистон буд, аммо дар нишастҳо ҳеҷ намояндае аз Афғонистон иштирок надошт. Тамоми тавофуқот дар мавриди Афғонистон бидуни иштироки намояндаҳои ин кишвар сурат гирифта аст.
Сӯиистифодаи Эмомалӣ Раҳмон аз сафарҳои хидматӣ дар водии Рашт
Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари имрӯзааш ба водии Рашт аз ноҳияи Нуробод низ дидан карда, нахуст бинои маъмурии ҳизбашро ифтитоҳ кард.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ноҳияи Нуробод нахуст бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ бахшида, аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан кард.
Гуфта мешавад, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод барои фароҳам овардани шароити мусоид, таваҷҷӯҳу ғамхорӣ нисбат ба фаъолияташон аз Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ин дар ҳолест, ки бинои мазкур на аз ҷониби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, балки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст.
Ҳазамон манобеи Аздо тв аз водии Рашт мегӯянд, мақомот мардумро маҷбур карданд, ки аз соати 4 субҳ барои пешвози Эмомалӣ Рамҳон дар назди ин бино ҷамъ шуда, омодагӣ бигиранд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ноҳияи Нуробод се рӯз боз занҳо вазифадор шудаанд, ки барои намоиш додани маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ дар назди Президент пӯхту паз карда, макони ҷамъомад бо президентро ба ҷашнгоҳ табдил диҳанд.
Душанбе: Боздошти ду гумонбар дар куштор
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду ҷавони 23 ва 18-соларо бо иттиҳоми даст доштан дар қатлҳои рӯзҳои 17-ум ва 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе боздошт кард.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД-и Тоҷикистон, дар мавриди аввал сокини 23-солаи шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ҷавони 23-сола 17-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар дохили майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт бо ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, 1 маротиба бо мушт ба рӯйи ӯ зарба задааст, ки охирин ба замин афтида, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон сомонаи ВКД иттилоъ медиҳад, ки дар як ҳолати дигар, аз ҷониби кормандони милитсия сокини 18-солаи шаҳри Душанбе бо гумони куштор боздошт шуд.
Ба иттилои манбаъ, 18-уми сентябри соли ҷорӣ, дар назди бинои Маркази савдои “Душанбе”-и пойтахт як ҷавони 18-сола ҷавони 20-солаи сокини кӯчаи Фирдавсиро бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба қисмати рости шикамаш зада, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Вазорати корҳои дохилӣ аз сокинони кушташуда ва гумонбарон ном наовардааст. Инчун назари муттаҳамон ва ё адвокату пайвандонаш низ дар хабар вуҷуд надорад. Бо ин ҳол, ВКД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Амрико ба Тоҷикистон ваксини Pfizer дод
20-уми сентябри соли ҷорӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрко (ИМА) дар чочӯби барномаи башардӯстонаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт – COVAX 114 ҳазору 660 воя воксини “Pfizer-BioNTech” ирсол намуд.

Қарор аст то охири ҳафтаи ҷорӣ боз ҳамин миқдор ва ё бештар аз он низ бифиристад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки вакисанаҳо дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика қабул карда шуданд. Дар маросими қабули ваксинаҳо муовинони вазири тандурустии Тоҷикистон, Сафири ИМА дар Тоҷикистон, роҳбари Намояндагии СҶБ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бояд 62,4 дарсад ва ё 5,8 млн аҳолии аз синни 18-сола болои кишвар бо ваксинатсия фаро гирифта шаванд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 бори дуюм аст, ки дар чорчӯби барномаи башардӯстонаи СҶБ ба Тоҷикистон ваксин медиҳад. Бори аввал 26-уми июл ваксини “Modern”-ро ворид карда буд.
Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагир Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо судури қароре ваксинзаниро барои сокинони аз 18-сола боло иҷборӣ кард. Сокинон аз он нигаронӣ мекунанд, ки ваксини чинӣ ва русӣ, ки дар аксар кишварҳо пазируфта нашудааст, ба онҳо маҷбуран тазриқ мешавад.
Як манбаъ ба Аздо тв гуфт, айни замон намояндагони Вазорати тандурустии кишвар хона ба хона гашта мардумро маҷбур доранд аз ваксини чинӣ бизананд. Дар сурати ваксин нагирифтан кормандони Вазорати дохила дахолат намуда, мардумро маҷбур месозанд, ки ба ҳар роҳе набошад ваксин бигиранд.
Ҳамла ба донишгоҳи Перм
Имрӯз, 20-уми сентябри соли равон як ҷавони 18-сола ба донишгоҳи Перми Русия бо туфанг ҳамла кард, дар пайи ин ҳамла мусалаҳона ба донишгоҳи Перм 8 нафар ҷонашонро аз даст доданд.

Расонаҳои Русия гузориш медиҳанд, ки ин ҳамла субҳи имрӯз соати 11 ба вақти маҳал рух додааст ва як ҷавони 18-сола, ки аз ӯ Темур Бекмансуров ёд мешавад, бо туфанг ба донишгоҳи Перм ҳамала мекунад.
Фарди муттаҳам пештар дар листи сиёҳ ё таҳти назорат набудааст ва ин чунин ба ягон гурӯҳи экстримити шомил набудааст. Темур Бекмансуров дар аввал мехостааст ба мактабе, ки аз он фориғтаҳсил шудааст, ҳамла кунад, вале тасмим мегирад ба донишгоҳе ҳамла кунад, ки касд доштааст дар онҷо дар риштаи ҳуқуқ дарс бихонад.
Бекмансуров пеш аз ҳамала паёме дар саҳифаи интернетии худ нашр карда, дар он пешакӣ аз қасди ҳамла ва дар куҷо омӯзиш дидани тирандозӣ ва чигуна харидани силоҳ гуфтааст.
Ҳамзамон дар наворҳои нашр шуда аз ин ҳодиса дида мешавад, ки донишҷӯёни зиёде аз ошёнаҳои болоии донишгоҳ аз тарс худро ба замин партофта ба ҳар самт фирор мекунанд.

