Хона блог саҳифа 609

Собянин: камбуди муҳоҷиронро яке аз сабабҳои таваррум номид

0

Хуруҷи муҳоҷирони корӣ аз Русия яке аз сабабҳои болоравии сатҳи таваррум дар ин кишвар шудааст. Дар ин бора шаҳрдори Маскав Сергей Собянин 2-юми автуст дар мусоҳиба бо

Вай гуфт, бинобар маҳдудиятҳои коронавирус дар соли гузашта ва баста шудани кор дар сохтмонҳо, ки дар соли гузашта ҳудуди ду моҳ замон бурд, пудратчиён маҷбур шудаанд, ки бисёри коргарон, аз ҷумла муҳоҷиронро аз кор озод кунанд.

Ба гуфтаи Собянин, норасоии қувваи корӣ, ки ҳангоми пандемия ба вуҷуд омадааст, сабаби болоравии арзиши хидматҳо ва болоравии нархҳо дар тиҷорат ва дигар соҳаҳо гардидааст.

«Дар ҳақиқат, норасоии қувваи корӣ дар Маскав ба андозаи хеле калон вуҷуд дорад. Ман тахминан фикр мекунам, ки 200 ҳазор коргар намерасад. Қисман дар хоҷагии манзилию коммуналӣ, дар соҳаи хизматрасонӣ ва савдо, дар сохтмонҳо ва ғайра, ки ин боиси болоравии арзиши меҳнат шудааст ва ҳама чизи дигар низ боло рафтан гирифт. Зеро вақте, ки музди меҳнат бе афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ боло меравад, ҳар як иқтисоддон ба шумо мегӯяд, ки он ба чӣ оварда мерасонад. Аз ин рӯ, мо афзоиши таваррумро мушоҳида мекунем”, – шарҳ дод Собянин.

Зиёд иҷро шудани Буҷети давлатӣ

0

Дар шашмоҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ба беш аз 13,2 млрд сомонӣ баробар шудааст. Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда 6,5 дарсад ё 809,6 млн сомонӣ бештар будааст.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 2-юми август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 3,4 млрд сомонӣ зиёд мебошад.

Қаҳҳорзода изҳор дошт, ки хароҷоти буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ–июни соли 2021 тибқи нақшаи пешбинигардида амалӣ шуда ба соҳаҳои иқтисоди кишвар ҳудуди 13 млрд равона гардидааст.

Вазири молияи кишвар афзуд, барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 3,2 млрд сомонӣ, идрорпулӣ 43 млн сомонӣ, нафақа 1,5 млрд сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар ҳаҷми умумии 186 млн сомонӣ пардохт шудааст.

Қаҳҳорзода дар ҳоле аз зиёд иҷро шудани буҷети давлатӣ мегӯяд, ки дар нишастҳои матбуотии давраи гузашта наздики 5 дарсад ё 400 млн сомонӣ кам иҷро шудани буҷет мегуфтанд. Ва иҷро нашудани буҷетро тибқи нақша ба вазъияти пандемӣ рабт дода буданд.

Токио-2020: Парвиз Одинаевро дар бозиҳо роҳ надоданд

0

Кумитаи байналмилалии паралимпӣ тасмим гирифт, ки Парвиз Одинаевро аз рӯйхати иштирокчиёни Токио-2020 хориҷ кунад.

Варзишкори тоҷик Парвиз Одинаевро барои ширкат дар мусобиқаи пауэрлифтинг дар Токио роҳ надоданд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон мураббии варзишгар, Толеъ Холназаров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, чунин тасмимро Кумитаи байналмилалии паралимпӣ пас аз бознигарии натиҷаҳо гирифтааст.

Толеъ Холназаров мегӯяд, ки дар соли 2020, бинобар пандемияи коронавирус, онҳо натавонистанд дар арсаи ҷаҳонӣ рақобат кунанд, аз ин рӯ бисёр варзишгарон ба Паралимпиада роҳ наёфтанд.

Холназаров ҳамчунин таъкид кард, ки Одинаев тамринҳоро идома дода, ба дигар мусобиқаҳо омодагӣ мебинад.

Пештар дар Дубай мусобиқаи пауэрлифтинг дар категорияҳои гуногун баргузор шуда буд, ки дар он ба ҷуз Одинаев, Бахтиёр Донаёров низ ширкат дошт.

Одинаев дар ин мусобиқа беҳтар баромад намуда, тибқи рейтинги номзадҳо барои иштирок дар озмун мебоист ба он роҳхат мегирифт.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои XVI тобистонаи паралимпӣ дар Токио аз 24-уми август то 5-уми сентябр баргузор мешаванд. Дар Бозиҳои олимпӣ аз рӯи 22 намуди варзиш 4400 варзишгар аз кишварҳои гуногун иштирок мекунанд.

Боздошти Аскар Акаев дар Бишкек

0

Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон бо даъвати раиси ҷумҳури феълии ин кишвар Содир Ҷабборов ба Бишкек сафар кард, вале пас аз вуруд боздошт ва айни замон дар бинои Кумитаи давлати амнияти миллӣ (КДАМ)-и ин кишвар мавриди бозпурсӣ қарор дорад.

Сомонаи хабарии “24.kg”, дар истинод ба КДАМ-и ин кишвар менависад, “Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон, ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор дошт, ба Бишкек супурда шуд.” Аскар Акаев дар солҳои 1992 ва 2003 дар чанд парванда бо фасоди молӣ муттаҳам мешавад.

Дар иттилоияи КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешавад: Тафтишот ба амали ҳамаи шахсони муттаҳаме, ки дар амалисозии лоиҳаи маъруф ба “КУМТОР” дар замони раҳбарии Аскар Акаев даст доштанд, баҳои ҳуқуқӣ додааст. КДАМ барои барқарор кардани адолати таърихӣ дар робита ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани Аскар Акаев ва ворид кардани ӯ ба қаламрави ин кишвар фаолона талош мекард.”

Дар ҳамин ҳол баъзе коршиносони қирғиз дар суҳбат ба Аздо тв гуфтанд, ба гумони ғолиб Аскар Акаев, нахуст президенти Қирғизистон, ки дар Русия ба сар мебурд, бо даъвати Содир Ҷабборов, ки омада дар Қирғизистон модарашро зиёрат кунад, розӣ шуд ва ба кишвараш сафар кард, вале фиребаш карданд.

Аскар Акаев, собиқ президенти Қирғизистон, ки аз соли 1991 то 2005 раҳбарии ин кишварро ба уҳда дошт, баъд аз канор рафтан аз қудрат кишварашро тарк карда, дар давлатҳои Русия ва Беларус ба корҳои илмӣ ва тадрис машғул буд.

Русия нерӯҳои низомияшро дар размоиш ду баробар афзоиш дод

0

Русия шумори сарбозон ва муҳиммоти ҷангияшро дар размоиши минтақаи Ҳарб-Майдон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон баргузор мешавад, ду баробар афзоиш дод.

Хабургузории ТАСС рӯзи душанбе иттилоъ дод, ки Русия шумораи нерӯҳои низомии худро дар размоиши муштараки сеҷониба, Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия, ки аз 5 то 10 август дар 20 километрии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон баргузор мешавад, ба 1,8 ҳазор нафар афзоиш дод. Гуфта мешавад, воҳидҳои низомии ин кишвар низ ду баробар афзоиш дода мешавад. Мувофиқи барномаи қаблӣ Русия бояд 1000 сарбозашро ба ин тамрин мефиристод.

“Мувофиқи қарори фармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин, шумораи ҳайати низомии Русия, аз қабили техникаи низомӣ ва муҳиммоти махсуси ҷангӣ барои иштирок дар машқҳои муштараки қувваҳои мусаллаҳи Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон то 420 адад афзоиш дода шудааст”, – омадааст дар хабар.

Тибқи иттилои мақомоти Русия дар ин размоиши сеҷонибаи Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон беш аз 2,5 ҳазор сарбоз ва тақрибан 500 адад аслиҳа ва техникаи низомӣ ҷалб карда мешаванд.

Қаблан вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар нишасти вазирони дифои кишварҳои СҲШ дар Душанбе гуфта буд, ки ин кишварҳо барои нобуд сохтани гурӯҳҳои ифротӣ, гузаронидани размоиши муштараки низомӣ таҳия хоҳанд кард.

Сарбозони Русия асосан аз пойгоҳи низомии “201”-и ин кишвар дар Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. Ин пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тибқи тавофуқномаи соли 2012 байни ду кишвар то соли 2042 дар хоки Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Пас аз ҳамлаҳои Толибон ба шаҳру навоҳии Афғонистон ва тасарруфи навоҳии марзии он Тоҷикистон вазъи марзро “хатарнок” арзёбӣ мекунад. Тоҷикистон барои тақвияти ва муҳофизат аз марз 20 ҳазор сарбози эҳтиётиро ба марз эъзом кардааст. Бар иловаи ин борҳо аз Русия ва давлатҳои узви Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД) дар ин замина дархости кумак карда буд.

Тағйири парвозҳо дар фурӯдгоҳи Душанбе

0

Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дод, ки тамоми парвозҳо ва фурӯди ҳавопаймоҳо муваққатан ба муддати як моҳ шабона анҷом мешаванд.

Маркази матбуоти Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ додааст, ки “бо сабаби таъмиру таҷдиди хати парвози фурудгоҳ ба реҷаи парвозҳо тағйирот ворид гардида, аз 01 август то 01 сентябри соли 2021 тамоми парвозу фуруди хатсайрҳо шабона аз соати 19-00 -и бегоҳ то соати 08-00 –и субҳ анҷом дода мешаванд.”

Ҳамзамон ширкати “Сомон-Эйр” дар сафҳаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод, ки бинобар оғози корҳои таъмиру тармим дар Фурӯдгоҳ дар вақти тамоми парвозҳо тағйирот ворид шуда, “мусофирони хатсайрҳое, ки вақти парвозиашон тағйир пазируфтаанд, пешакӣ огоҳонида мешаванд.”

Дар таърихи Тоҷикистон фаъолияти авиатсионӣ ду сол пеш аз автомобил ва 5 сол пеш аз қатора-поезд сабт гардидааст. 3-юми сетнябри соли 1924 аввалин парвоз тариқи ҳавопаймои Ю-13 (Юнкерс Ф-13) аз Бухоро ба Душанбе дар ҳайати сарнишинон Пётр Комаров ва Рашидбек Ахриев анҷом шудааст.

Варзиш: Темур Раҳимов низ аз медал маҳрум шуд

0

Темур Раҳимов охирин ҷудокори тоҷик дар Токио-2020 дар даври ҳаштякфинал шикаст хӯрд.

Субҳи 30-юми июл Темур Раҳимов дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ  дар вазни +100 кг бо варзишгари Куба Энди Гранда қувваозмоӣ намуда, пирӯзиро ба даст овард.  Аммо дар даври баъдӣ аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ шикаст хӯрдаву аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт.

Гуфтанист, ҷудокори гурҷӣ дорандаи унвони қаҳрамони ҷаҳони соли 2018 дар Боку буда, дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи шашум ҷойгир аст.

Ҳамчунин дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён низ ноком шуданд.

Дар риштаи бокс қаблан дар ин мусобиқот Шаббос Неъматуллоев ва Сиёвуш Зуҳуров дар даври аввал шикаст хӯрданд.

Танҳо Баҳодур Усмонов аз риштаи бокс мусобиқаро идома медиҳад. Ӯ дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Узбекистон) вомехӯрад.

Имрӯз ҳамзамон аз шиноварӣ Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов вориди сабқат мешаванд.

Илнур Аҳмадиев аз варзиши сабук дар дав ба масофаи 100 метр рӯзи 31-уми июл дар даври интихобӣ ширкат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш ворид аст. 11324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо қувваозмоӣ мекунанд.

Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо ба даст овардани 18 медали тилло, 9 нуқра, 11 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Ҷопон бо 16 медали тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ дар ҷои дуюм ва ИМА бо 14 тилло, 16 нуқра ва 11 биринҷӣ дар ҷои сеюм қарор доранд.

Беамалӣ ва ҳуқуқвайронкунии кормандони Кумитаи андоз

0

30-юми июл, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода дар нишасти матбуотиаш хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 46 шикояту муроҷиатномаҳоро дар хусуси беамалӣ ва ҳуқуқвайронкунии кормандони ин кумита дарёфт кардаанд.

Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, ба ҳисоби миёна ҳар се рӯз мардум ва андозсупорандаҳо аз як корманди Кумитаи андоз шикоят карда, онҳоро ба беамалӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ё сӯиистифода аз ваколатҳои хидматиашон муттаҳам мекунанд.

Раиси Кумитаи андоз мушаххас нагуфт, ки ин афроди тахаллуфкорро чигуна муҷозот кардаанд, вале қайд кард, ки тамоми ин муроҷиат ва шикоятҳо баррасӣ шуда, ҷиҳати пешгирии беамалӣ ва ҳуқуқвайронкунии кормандони Кумитаи андоз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Ҳамзамон дар ин нишаст бархе хабарнигорон аз он шикоят карданд, ки кормандони Кумитаи андоз дар ноҳияҳо, ки тоза ба кор шурӯъ мекунанд, ҳисоботи қаблии ҳамкорони худашонро нодида гирифта, дубора аз андозсупорандаҳо талаб мекунанд, ки молиёти семоҳа ва ё шашмоҳаи худро пардохт кунанд.

Раиси Кумитаи андоз ҳамзамон дар ин нишасташ гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ беш аз 12 ҳазор муроҷиатнома ворид шудааст, ки нистаб ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор камтар мебошанд.

Кормандони Кумитаи андоз дар гузашта низ ба беамалӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, порагирӣ ва дигар ҷиноятҳо борҳо ҷониби мақомот расонаӣ шудааст.

Баррасии истирдоди мухолифин аз Олмон ба Тоҷикистон

0

Прокурори генералии Тоҷикистон масъалаи истирдоди шахсони дар кофтуков қарордоштаро бо мақомоти Олмон баррасӣ кард.

29-уми июл, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз мақомоти кишвари Олмон хоста, ки шаҳрвандони тоҷике, ки дар пайгард қарор доранд ва ба ин кишвари аврупоӣ паноҳ бурдаанд, боздошт ва ба онҳо таслим кунанд.

Ба гузориши дафтари матбуоти Прокуратураи генералии кишвар, Юсуф Раҳмон дар ин сафараш ба Олмон бо прокурори генералии Олмон Ҷаноби Доктор Петер Франк ва Прокурори генералии шаҳри Дюсселдорф, Ҳорст Бин мулоқот намуда, “муқовимат ба терроризм ва экстремизм, парвандаҳои ҷиноятии мушаххас, истирдоди ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта”-ро баррасӣ кардааст.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон аксари мухолифини ҳукуматро, ки дар кишварҳои аврупоӣ ба сар мебаранд, ҳамчун ҷинояткор дар ҷустаҷӯ қарор додаанд ва додситони куллӣ то поёни сафараш дар Олмон ин масъаро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон дар ҳоле масъали истирдоди мухолифини Ҳукумати Тоҷикистонро бо мақомоти Олмон мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки 10 рӯз қабл ба парлумони Аврупо пешниҳод шуд, ки исми прокурори генералии Тоҷикистон ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ҳамчун ҷинояткор ва поймолкунандаи ҳуқуқи башар ба листи таҳримҳои “Магнитский”  ворид кунанд.

Шираи камол: “Фароз” мардуми Ҳисорро ба дод овардааст

0

Ҳамлаи шабонаи гурӯҳи тарсафкан ва ё худ “рекет”-ҳои ширкати “Фароз” алайҳи сокинон дар деҳаи Чанори шаҳри Ҳисор ноком монд.

29-уми июл, гурӯҳе аз сокинони деҳаҳои Чанор, Ҷартепа ва Ҷетиқири шаҳри Ҳисор бо ирсоли наворҳо ба “Аздо тв” аз он шикоят  карда гуфтанд, кормардони ширкати “Фароз”, ки дар наздикии ин деҳаҳо ба ҷамъоварии шираи камол машғул ҳастанд, рафту омади зиёди шабонаи онҳо бо мошинҳои гаронвазн мардумро ба дод овардааст.

Дар наворҳо дида мешавад, ки шабона чанд мошин кормандони ширкат бо мардум муноқиша доранд. Дар ин навор гуфта мешавад, ки гурӯҳи тарсафкани “Фароз” савори чор мошин дар даст чӯбу калтак барои задани мардум рафтаанд.

Ин ҳамла дар торикии шаб сурат гирифта, кормандони “Фароз” тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва оромии мардуми деҳаро халалдор мекунанд. Дар наворҳо рақамҳои давлатии ду мошини ин “рекет”ҳо дида мешавад: PRADO рақами давлатиаш “TJ 8355 CP 01” ва мошини дигар “TJ 2000 CC 07” мебошанд.

Ҳадафи ин гурӯҳи тарсафкани ширкати “Фароз”, ки аз онҳо “рекетҳои “Фароз” низ ном бурда мешавад, аз роҳи таҳдиду зӯроварӣ хомӯш кардани садои эътирозгарон унвон шудааст. Аммо дар наворҳо дида мешавад, ки ин юриши “рекет”-ҳои “Фароз” бо муқовимати сахти сокинони деҳа рӯ ба рӯ шуда, мардум намегузоранд, ки онҳо ба ҳадафашон бирасанд.

Шикояти сокинони шаҳри Ҳисор, ба хусус деҳаи Чанор аз ширкати “Фароз” бори аввал нест. Моҳи августи соли гузашта низ сокинони ин деҳа чанд аксу навор ба “Аздо тв” фиристода, дар он аз бадрафтории коркунон ва масъулони ширкат шикоят карда буданд. Ба қавли онҳо мошинҳои ин ширкат дар дохили деҳа кӯдаконро метарсонанд ва ба касе эҳтиром қоил нестанд. Инчунин ба ниҳодҳои марбута шикоят кардаанд, вале касе ба арзу додашон намерасад.

Ҷамъоварӣ ва фурӯши шираи камол дар Тоҷикистон аз соли 2013 бо қарори ҳукумат расман дар ихтиёри ширкати “Фароз” қарор гирифт ва касе ҳақи ҷамъоварии онро надорад.

Пештар аксари сокинони деҳаҳое, ки дар наздикияшон ин ширкат ба ҷамъоварии шираи камол машғул буд, ба кор ҷалб мешуданд, вале музди меҳнаташон дар охир тибқи қарордод пардохт намешуд. Дар моҳи апрели соли 2019 гурӯҳе аз ҷамъоварандагони шираи камол ба иллати кам пардохт шудани музди корашон дар назди қароргоҳи “Фароз” дар Душанбе даст ба тазоҳурот заданд. “Фароз” маҷбур шуд дастмузди онҳоро тибқи қарордод бипардозад, вале баъдан чанде аз ин муътаризон барои 15 рӯзӣ ба ҳабс гирифта шуда ва иддае ҳам бо пардохти ҷарима раҳо шуданд.

Дар кишвар ҳоло ҷамъоварии ин гиёҳ, аз сӯи шаҳрвандони оддӣ ҷиноят маҳсуб мешавад ва то кунун чандин нафар бо ин ҷурм аз ҷониби мақомот дастгир шудаанд. Онҳое, ки дастгир мешаванд бар зиддашон бо моддаи 77-78-и Қонуни ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз мешавад.

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ аз тиҷорати шираи камол ширкати “Фароз” солона аз 35 то 40 миллион доллар даромад ба даст меоварад.

Шикояти навбатии сокинони шаҳри Ҳисор дар ҳолест, ки ширкати “Фароз” моҳи апрели соли гузашта эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ кардааст. Вале амалан амалан дар бозорҳои кишвар ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсуллоҳ Соҳибов – домоди Эмомалӣ Раҳмон дар аввали таъсисаш танҳо дар бозори сӯзишворӣ фаъолият дошт, вале дар ҳоли ҳозир доманаи тиҷорати худро густариш дода, дар бахшҳои дорӯсозӣ, тандурустӣ, маориф, нақлиёт, роҳсозӣ ва ғайра фаъолият мекунад.