11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 62

Изҳороти зидду нақизи раиси оҷонсӣ

0

Дар идомаи сиёсатҳои маҳдудсозии озодиҳои динии шаҳрвандон дар Тоҷикистон инак раиси Оҷонсии хизмати давлатӣ гуфтааст, ки беҳтар аст, кормадони давлатӣ баъди ба нафақа рафтан ба Ҳаҷ бираванд.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 21-уми июли соли 2025, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон Илёс Идрисзода ба расонаҳо гуфтааст, ки хизматчиёни давлатӣ беҳтар аст, баъди ба нафақа рафтан ба Ҳаҷ бираванд.

Ба гуфтаи ӯ, “хизматчии давлатӣ бояд вазифаи худашро иҷро кунад, ин фикри шахсии ман аст. Вақте дар мақомоти давлатӣ кор кардӣ, дар хизмати давлатӣ кор кардӣ бояд содиқона, сидқану шаффоф ба давлату миллат хизмат кунӣ. Баъд аз он, ки ба нафақа баромаданд, аз хизмати давлатӣ озод шуданд, марҳамат рафтанд гиранд.”

Ин мавқеъгирии шахсии раиси Оҷонсии хизмати давлатӣ дар ҳоле дар Тоҷикистон садо медиҳад, ки тайи наздик ба ду даҳсолаи ахир мақомоти Тоҷикстон талош мекунанд, ки озодиҳои маҳзабӣ барои мусалмононро бо баҳонаҳои мухталиф то рафта маҳдуд кунанд.

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти Тоҷикистон ҳам борҳо аз минбарҳои расмӣ рафтани мардум барои адои маросими Ҳаҷҷи фарзӣ ва умраро зери интиқодҳои тунд қарор дода, дар муқобил пешниҳод мекарданд, ки ба ҷои Ҳаҷ рафтан, мардум бояд хонаву кошона ва кӯчаву мактабҳои худро обод кунанд. Аммо, онҳо барои мисол, боре ҳам бо чунин лаҳни тунд, нагуфттанд, ки мансабдорони давлатӣ ба фалону фалон ҷойҳо ба сайру саёҳат нараванд.

На Эмомалӣ Раҳмон ва не дигар мақомоти расмӣ ягон маротиба аз тариқи расонаҳо бо садои баланд нагуфтаанд, ки дар вақти омадани меҳмонони хориҷӣ, раҳбарони кишварҳои дуру наздик, ки мешавад, бо ду се ҳазор сомонӣ онҳоро меҳмондорӣ кард, дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ аз 10 то 100 миллион сомонӣ харҷ накунанд.

Бо ин вуҷуд, гуфта мешавад, Ҳаҷ кардан яке аз рукнҳои асосии дини ислом ба ҳисоб меравад ва дар тӯли умр дасти кам як бор адои Ҳаҷ кардан ба ҳама мусалмонон фарз аст. Ба ин хотир, солона ҳудуди 7,500 нафар тоҷикитсонӣ ба сурати расмӣ дар мавсими Ҳаҷҷи фарзӣ барои адои зиёрати Хонаи Худо мераванд ва дар тӯли сол даҳҳо ҳазор нафари дигар чун хароҷоти Ҳаҷҷи фарзӣ зиёд аст ва ба осонӣ навбат гирифта наметавонанд, дар мавсимҳои мухталиф барои Умра кардан ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Даргузашти “Шоҳзодаи хуфта” пас аз 20 сол дар кома

0

Шоҳзода Ал-Валид бин Холид бин Талал, шоҳзодаи хонадони шоҳии Арабистони Саудӣ, ки ба “Шоҳзодаи хуфта” маъруф буд, пас аз 20 соли пайдарпай дар ҳолати кома буданд, дар синни 36-солагӣ даргузашт.

Ин шоҳзода соли 2005, вақте ки ҳамагӣ 15 сол дошт, дар як садамаи шадиди нақлиётӣ дар шаҳри Лондон дучори кумо шуд. Пас аз ин ҳодиса, вай ба хунрезии мағзӣ гирифтор шуда, ба ҳолати вегетативӣ (кома) афтод ва дигар ҳушёр нашуд.

Ба гуфтаи расонаҳои арабӣ, ӯ дар тӯли ин 20 сол зери назорати пурраи тиббӣ дар Маркази тиббии шоҳ Абдулазиз дар шаҳри Риёз нигоҳубин мешуд. Бо вуҷуди баъзе ҳаракатҳои ғайрииродӣ дар бадани ӯ, ки умедвории оилаашро зиёд мекард, ҳолати умумии ӯ дигаргун нашуд.

Маросими ҷанозаи шоҳзода рӯзи 20 июл дар Масҷиди бузурги Имом Турки бин Абдуллоҳ дар шаҳри Риёз баргузор гардид. Хабаргузориҳои расмии Арабистони Саудӣ ин хабарро тасдиқ карданд.

Шоҳзода Ал-Валид бин Холид фарзанди шоҳзода Талал бин Абдулазиз ва яке аз наберагони бевоситаи шоҳи собиқ — Абдулазиз ибни Сауд мебошад. Ӯ дар Арабистони Саудӣ ба рамзи сабри оилавӣ ва умеди бемаҳдуд табдил ёфта буд.

“Ба Тоҷикистон наёед!” — ноумедии афғонҳо аз кишвари дӯст

0

Як блогери ҷавони афғон, бо номи Амир Раҷабӣ, ки бо ҳадафи сайру саёҳат ба Тоҷикистон омада буд, бо лаҳне шадид аз рафтори мақомот интиқод кардааст. Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба доштани ҳуҷҷатҳои расмӣ, аз ҷумла шиноснома ва раводид, аз қаламрави Тоҷикистон депорт шудааст.

Ин блогер, ки навори видеоии шикояти худро дар саҳифаи Instagram нашр намудааст, мегӯяд, баъд аз ин ки ба Тоҷикистон расидаанд, субҳи барвақт кормандони мақомоти Тоҷикистон ба меҳмонхонае, ки ӯ ва ҳамватанонаш дар он ҷо иқомат доштанд, ворид шуда, ҳуҷҷатҳои ҳамаи шаҳрвандони Афғонистонро ҷамъоварӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, “пас аз се рӯз, мо ҳама депорт шудем — ҳатто хонаводае, ки ҳамроҳи кӯдаки хурдсолашон нав як рӯз пеш ба Тоҷикистон омада буданд”. Вай афзудас, “Ҳукумати Тоҷикистон иҷозат намедиҳад, ки афғонҳо дар пойтахт зиндагӣ кунанд ва зисти онҳоро бо шиддат зери назорат гирифтааст”.

Блогер таъкид мекунад, ки ҳатто шаҳрвандони афғонеро, ки бо харҷи аз 1300, то 1500 доллар раводид гирифта ба Тоҷикистон омадаанд, низ ихроҷ мекунанд. Ӯ дар паёми худ хитоб ба ҳамватанонаш гуфт: “Аслан ба Тоҷикистон наёед, инҷо ҷои хубе нест, шуморо ҳатто бо ҳуҷҷати қонунӣ депорт мекунанд”.

Дар ҳами ҳол, маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави кишвар дар моҳҳои охир афзоиш ёфтааст ва бархе аз онҳо ба таври ғайриқонунӣ вориди кишвар мешаванд ё қоидаҳои будубошро дағалона вайрон мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон бидуни он, ки аз шаҳрвандони кишваре ба таври мушаххас ном бибаранд, иддаъо доранд, бархе шаҳрвандони хориҷӣ дар фаъолиятҳои мухталифе даст доранд, ки қонунҳои Тоҷикистонро поймол мекунанд. Аз ҷумла, мақомоти амниятӣ онҳоро ба ташвиқ ва тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои ифротгароёна, тақаллуби ҳуҷҷатҳо барои дарёфти мақоми гурезагӣ, вайрон кардани низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари сеюм, истифода бурдани Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва муомилаи ғайриқонунии маводи мухаддир муттаҳам мекунанд. Ва акнун яке аз сабабҳои аз кишвар хориҷ кардани теъдоди муайяни шаҳрвандони Афғонистон низ ба ҳамин масъалаҳо рабт дорад, омадааст, дар хабари расмӣ.

Ҳукумати Эмомали Раҳмон, ки солҳо худро яке аз тарафдорони мардум ва гурезагони афғон муаррифӣ мекард, дар пасманзари ихроҷи дастаҷамъии муҳоҷирон ва рондани мухолифони режими Толибон аз қаламрави кишвар, ба назар мерасад, муносибати худро нисбат ба масоили Афғонистон тағйир додааст.

Дар гузашта борҳо шаҳрвандони Афғонистон, аз ҷумла фаъолони сиёсӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, Тоҷикистонро ҳамчун “амнтарин ва дӯсттарин кишвар барои гурезагони афғон” мешумориданд. Онҳо Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳамчун “раҳбари ҳомии мардуми Афғонистон” тавсиф мекарданд ва барномаҳои ҳукумати ӯро ба унвони намунаи бародарӣ байни ду миллат таъриф менамуданд.

Аммо, имрӯз, дар байни бисёре аз тоҷикҳо ва форсизабонони Афғонистон, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ ва пас аз омадани Толибон ба Тоҷикистон умед баста буданд, эҳсоси ноумедӣ ва рӯйгардонӣ аз сиёсатҳои Душанбе эҳсос мешавад.

“Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои зиёд бо истифода аз мавқеъи ҳамдардӣ бо мардуми Афғонистон барои худ имиҷи як раҳбари одил месохт. Аммо рӯйдодҳои ахир нишон доданд, ки манфиатҳои сиёсӣ бар ваъдаҳои ахлоқӣ бартарӣ доранд,” мегӯяд, як таҳлилгари афғон.

Дар гузашта низ гузоришҳое дар бораи депортатсияи шаҳрвандони афғон дар расонаҳо нашр шуда буд, ки боиси нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ гардида буданд.Мавзӯи муносибат бо паноҳҷӯён ва муҳоҷирони афғон, бахусус баъд аз таҳаввулоти сиёсӣ дар Афғонистон, дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя мавзӯи баҳси рӯз гаштааст.

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

0

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои аврупоӣ гуфтааст, созукоре, ки фоқиди ҳаргуна мабнои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ барои он ҳастанд, даст бардоранд.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 17-уми июли соли 2025 вазирони умури хориҷиа се кишвари аврупоӣ ҳамроҳ бо масъулияти сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо вазири корҳои хориҷии Эрон ба сурати видеоӣ якҷо суҳбат карданд.

Ин нишасти онлайнӣ, ки пас аз ҳамлаҳои 12-рӯзаи Исроил ба Эрон ва ҳамзамон ҳамлаҳои Амрико алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон барои нахустин бор сурат гирифта аст, ҳамроҳ бо таҳдидҳо шурӯъ гардид.

Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Олмону Фаронса, Бритонияи Кабир ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳушдор додаанд, ки агар то поёни тобистони соли ҷорӣ ба як тавофуқи малмусе даст наёбанд, аз механизими моша ё ҳамон “SNAP-BACK” алайҳи Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид истифода карда, таҳримҳоеро ҷорӣ мекунанд.

Аммо субҳи имрӯз, Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон бо нашри як иттилоя дар саҳфаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт,” дишаб як конфроси видеоии муштарак бо вазирони корҳои хориҷии се кишвари аврупоӣ (Е3) ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо доштам ва дар он нукоти зерро ба равшанӣ баён кардам: Ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд, ки аз тавофуқе, ки тайи ду сол ва бо ҳамоҳангии Иттиҳоди Аврупо дар соли 2015 ҳосил шуда буд, хориҷ шуд, на Эрон ва ин Амрико буд, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ мизи музокираро тарк карда, ба ҷои ҷои диплумосӣ гузинаи низомиро интихоб кард, на Эрон.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Эрон, агар Иттиҳоди Аврупо ва ин се кишвари аврупоӣ мехоҳанд нақше ифо кунанд, бояд масъулона рафтор кунанд ва сиёсати фарсудаи таҳдиду фишор, аз ҷумла таҳдид ба иҷрои созукори “SNAP-BACK”, ки фоқиди ҳаргуна мабнои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ барои он ҳастанд, даст бардоранд.

Гуфтанист, баъд аз ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон, ки Амрико ҳам ба се неругоҳи ҳастаӣ дар ҷумҳурии исломӣ ҳамла карда буд, Теҳрон ҳамкориҳои худ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ)-ро ба сурати яктарафа қатъ кард. Ин иқдоми Эрон кишварҳои аврупоӣ, ИМА ва Исроилро сахт нигарон кард. Ба ҳамин хотир, ҳоло ин се кишвари аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо талош доранд, ки Теҳрон дубора ҳамкориҳои худ бо ин созмонро аз сар бигирад ва роҳро барои назорати таъсисоти ҳастаиаш боз кунад.

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

0

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии барқӣ- (НОБ)-и “Роғун” фурӯши нерӯи барқ аз ин неругоҳро ба Узбакисон шурӯъ кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор дастур додааст, ки Лоиҳаи ҳамкорӣ бо Узбакистон дар соҳаи электроэнергетика ба имзо бирасад. Ин санад дар портали иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Тибқи ин қарор, Тоҷикистон қисме аз неруи барқи тавлидшуда дар НОБ-и “Роғун”-ро бо қимати 03,4 сенти амрикоӣ, бар асоси қурби имрӯз баробар ба 32,71 дирам барои ҳар як киловатсоат ба Узбекистон мефурӯшад.

Мутобиқи ин қарори ҳукумат, шартномаи хариду фурӯш байни шикрати “Барқи Тоҷик”-и Тоҷикистон ва “Узэнергосотиш”-и Узбакистон ба имзо расида, интиқоли неруи барқ тибқи ҷадвали мувофиқашуда ва соатҳои камбудииқтидор дар низоми барқии Узбакистон анҷом дода мешавад.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҳама мавсимҳои сол қисме аз неруи барқи тавлидшуда дар кишварро ба Узбекистону Қирғизисон, Қазоқистону Афғонистон ҳам мефурӯшад ва бо Покистон ҳам шартномаҳое рӯи даст дорад, ки дар сурати такмил шудани сохтмони НОБ-и “Роғун” тавассти КАСА-1000 нерӯи барқ бифурӯшад.

Гуфтанист, дар ин санад зикр шудааст, ки дар марҳилаи сохтмони неругоҳи “Роғун” мавсими интиқол танҳо дар мавсими обёрӣ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр сурат мегирад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба таҷриба ва шинохте, ки мардум аз ҳукумати 34-солаи Эмомалӣ Раҳмон доранд, ҳеч кас кафолат дода наметавонад, ки вай ба хотири пул шуда дар дигар мавсимҳо низ бо баҳонаҳои мухталиф барқро ба Узбакистон нафурӯшаду сокинони кишварро мисли солҳои пешин дар сардиву торик нигаҳ надорад.

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

0

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани вируси ҷадид муҳоҷирони кориро низ сари вақт мавриди ваксиназании ҳатмӣ қарор диҳанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин пешниҳод, ки аз ҷониби узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Олга Демичова садо дод, нуктаи баҳси наве дар масири сиёсати муҳоҷират ва тандурустии ин кишвар арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи Демичова, муҳоҷирон махсусан онҳое, ки бидуни назорати тиббӣ ба кишвар ворид мешаванд, метавонанд ба сарчашмаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба мисли менингит, табдил ёбанд. Вай изҳор дошт, ки “барои ҳифзи амнияти саломатии ҷамъиятӣ, лозим аст пеш аз шурӯи фаъолият муҳоҷирон ваксина гиранд”.

Ин пешниҳод дар шароите садо медиҳад, ки баҳсҳо перомуни муносибати давлат бо муҳоҷирон дар ҷомеаи русӣ шиддат мегирад. Ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ки интиқоди шадид аз муҳоҷирон ва бор кардани мушкилот ба онҳо метавонад ба афзоиши бадбиниҳо, табъиз ва зӯроварӣ оварда расонад.

Бо назардошти он, ки шумори зиёде аз муҳоҷирони кории Тоҷикитсон дар Русия қарор доранд, ҷорӣ шудани чунин қарорҳои нав агар аз як сӯ ба нафъи саломатии онҳо бошад, аз сӯи дигар вақте мақомот дар амал ин иқдомҳоро амалӣ кардан мехоҳанд, бархе гурӯҳҳо ва кормадони мақомоти рус бо баҳонаҳои мухталиф даст ба ҷайби муҳоҷирон зада, пулу моли онҳоро ғорат мекунанд.

Гуфтанист, менингит, ки аз бемориҳои илтиҳоби пардаҳои мағзи сар маҳсуб мешавад, дар сурати таъхир дар дарёфти кӯмак метавонад марговар бошад. Ва тибқи иттилои мақомоти тандурустии Русия дар танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 1200 ҳолати сирояти менингит дар ин кишвар сабт шудааст — рақаме, ки нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёдтар арзёбӣ мешавад.

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

0

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз манотиқи наздимарзии Покиситон ва ба манотиқи наздимарзии Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Бино ба иттилои “Садои Помир”, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони аршади ДИИШ (созмони Давлати исломии Ироқ ва Шом ахиран дар вилояти Тахори Афғонистон, вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон дида шудааст.

Гулмурод Ҳалимов баъди пайвастан ба ДИИШ зина ба зина ба мақоми “вазири ҷанг”-и ин гурӯҳи террористӣ роҳ ёфта, ба қавли расонаҳо, дар ҳоли ҳозир, вай масъули ҳамоҳангсозии амалиётҳои шохаи «Вилояти Хуросон»-и ДИИШ (ISIS-K) дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Русияро низ бар уҳда дорад.

Пеш аз ин гуфта мешуд, ки пас аз шикаст ДИИШ дар Сурияву Ироқ ҳазорон нафар аз пайкорҷӯёни бо роҳҳои мухталиф ба Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои африқоӣ интиқол ёфтаанд. Инчунин, он замон гуфта мушд, ки Гулмурод Ҳалимов ҳам дар ин раванд аз Сурия ба вилояти Кунари Афғонистон, минтақаи ҳаммарз бо Покистон интиқол дода шудааст.

Ин иқдом дар ҳолест, ки Толибон иддао доранд амнияти тамоми Афғонистонро зери назар доранд. Ва аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч як аз кишварҳои ҳамсоя ҳеч иқдоме сурат нахоҳад гирифт. Аммо ҳузури шахсияте ба монанди Гулмурод Ҳалимов дар минтақае наздик ба Тоҷикистон ин ҳама ҳадсу гумонҳоро дар бораи ин иддаъоҳои Аморати исломӣ зери суол қарор медиҳад.

Аз сӯи дигар бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки интиқоли ӯ на танҳо хатарро ба амнияти марзҳои Тоҷикистон зиёд мекунад, балки метавонад оғози як марҳилаи нави фаъолсозии ДИИШ дар ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.

Гуфтанист, Гулмурод Ҳалимов, ки замоне дар қатори фармондеҳони машқдидаи нерӯҳои вижаи Тоҷикистон буд, таҷрибаи низомии бузург ва иртибототи васеъ бо дигар гурӯҳҳои ҳаросафкан дар минтақа дорад. Аммо бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора ба сурати расмӣ вокуниш ва ё изҳороте содир накардаанд.

Ҳамлаи Исроил ба калисое дар Ғазза

0

Нерӯҳои артиши Исроил дар раванди ҳамлаҳои ахири худ ба ягона калисои масеҳиёни ортодокс, ки дар Ғазза вуҷуд дорад, ҳамла карда, даҳҳо нафар аз паноҳҷӯёнро ҳадаф қарор додаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 17-уми июли соли 2025 артиши Исроил ҳамлаҳои тупхонаӣ ва ҳавоии худро алайҳи Навори Ғазза шиддат бахшида, дар натиҷа то кунун дасти кам 29 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд.

Ба қавли расонаҳо, дар рафти ин ҳамлаҳо, бархе тонкҳои исроилӣ ба сурати мустақим ба ягона калисои масеҳиёни ортодокс, ки дар Ғаззаро ҳамла карда, дар натиҷа ду паноҳҷӯи занро кушта ва 4 каси дигар, аз ҷумла яке аз масъулони онро ҳам маҷрӯҳ кардаанд.

Аз сӯи дигар вазири корҳои хориҷии Итолиё бо нигаронӣ аз ин ҳамла гуфтааст, ки “ҳамлаҳои артиши Исроил болои сокинони осоишта дар Навори Ғазза пазируфтанӣ нест, ва ҳеҷ тавҷеҳе ҳам надоранд.” Раҳбари котуликҳои ҷаҳон низ бидуни он, ки аз Исроил ном бибарад, хабари марги онҳоро “ҳузновар” гуфта, хостааст, ки ҷанг алайҳи Навори Ғазза ба сурати фаврӣ қатъ карда шавад.

Ҳамзамон мақомоти исроилӣ тайи беш аз 4 моҳи ахири вуруди кумакҳои башардӯстона, дорӯ ва дигар лавозимоти беҳдоштиро барои сокинони Ғазза манъ кардаанд. Инчунин дигар кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла обу нон ва дигар маҳсулоти ниёзҳои аввали мардумро ҳам ба ин минтақа маҳдуд кардааст.

Дар Навори Ғаззаи Фаластин, ки аксари сокинони он мусалмон ҳастанд, дигар аққалиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла масеҳиёни ортодокс низ зиндагӣ мекунанд ва дар ин шабу рӯзҳои ҷанг ҳудуди 400 нафар аз онҳое, ки хонаҳояшон вайрону валангор шудаанд, ба ин калисо панаҳ овардаанд.

Гуфтанист, Исроил 8-уми октябри соли 2023 ҳамлаҳои навбатии худ алайҳи Навори Ғаззаро оғоз карда, ки то ҳол дар ҷарён аст. Дар натиҷа, тай ин ин муддат наздик ба 60 ҳазор нафар аз фаластиниён, ки теъдоди аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, кушта шуда, зиёда аз 250 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти фаластинӣ дар Навори Ғазза теъдоди касоне, ки зери оворҳо мондаанд ва ё нафароне, ки бар асари бомбборонҳои шадид беномунишон гаштаандро ба даҳҳо ҳазор нафар баробар арзёбӣ мекунанд.

Сӯистифодаи ҳизби ҳоким аз моликияти давлатӣ

0

Ҳизби Халкӣ Демократии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз дороиҳои давлатӣ ва моликияти мардум ба нафъи худ сӯиистифода мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 17-уми июли соли 2025, Ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа таъкид гардид, ки “имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳои созанда амалӣ месозад.”

Ба гуфтаи коршиносон, агар ин эътирофи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле садо медиҳад, ки тиқби қонунгузории Тоҷикистон “ҳама ҳизбҳои сиёсӣ дар назди қонун баробаранд”, вале чунин имтиёзҳоро ҳукумат ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба мисли Ҳизби комунист ва ё Ҳизби сотсиал-демократ намедиҳад ва онҳо маҷбур ҳастанд, ки барои идомаи фаолиятҳои худ биноҳоеро иҷаро гирифта тамоми хароҷоти онҳоро худашон пардохт намоянд.

Ин дар ҳолест, ки дар муддати фаъолияти беш аз 30-солаи ин ҳизб, ягон маротиба раҳбарияти он ба сурати эълон накардаанд, ки солона ва ё моҳона чӣ қадар пул барои биноҳои азхудкардаашон дар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар онҳо фаъолият доранд, пардохт мекунанд.

Аз сӯи дигар агар омор дуруст бошад, маънои онро дорад, ки ҳизби ҳоким қариб дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бахше аз биноҳо ва утоқҳои кории онҳоро ба нафъи худ “мусодира” кардааст ва ҳамагуна хароҷоти солонаи онҳоро, ки ба садҳо миллион баробар ҳастанд, амалан ба зиммаи давлат ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ бор мекунад, ки он хилофи қонунгузории Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад, Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон ба сурати расмӣ декабри соли 1994 дар Вазорати адлияи кишвар сабти ном шудааст. Ин ҳизб дар давоми беш аз се даҳа дар Тоҷикистон ҳоким аст ва, тибқи оморҳои расмӣ солона садҳо нафар аз аъзову ҷонибдорони он, ки дар ниҳодҳои давлатӣ кору фаъолият мекунад, бо иттиҳоми фасодҳои идорӣ ва ахлоқӣ, аз ҷумла дуздӣ, ришватситонӣ ва азхудкунии моликияти давлатӣ боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

Дар Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукоти форуми “Dushanbe Invest-2025” баргузор гардид

0

16-уми июли соли 2025 Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати Ҳаким Холиқзода, муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ, ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest-2025” баргузор шуд.

Чорабинӣ бо ҳадафи баррасии ҷанбаҳои омодагӣ ба форум, ки рӯзҳои 14 то 16 октябри соли 2025 баргузор мегардад, сурат гирифт. Форуми имсола таҳти шиори «Иқтисоди сабз имкониятҳои имрӯза барои фардои устувор» баргузор мешавад.

Ин чорабинии байналмилалӣ ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, таблиғи имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши иқтисоди сабз ва таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявӣ ва тиҷоратии байналмилалӣ равона шудааст.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии баргузории форум, фароҳамсозии шароити мусоид барои иштирокчиён ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима гардиданд.

Мақомот изҳор доштанд, ки форум метавонад ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва густариши равобити байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.

Бо вуҷуди талошҳо, муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон то ҳол пурра муносиб нест ва ниёз ба ислоҳоти амиқ дорад.