Хона блог саҳифа 639

Ҳушдори Толибон ба ҳамсоякишварҳо

0

Гурӯхи Толибон аз кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Тоҷикистон дархост карда аст, ки ба нерӯҳои низомии амрикоӣ пас аз хориҷ шуданашон аз Афғонистон иҷозаи мустақар шудан дар қаламрави хешро надиҳанд.

Тибқи гузориши “РИА Новости” дар ин баёния таъкид шуда, ки гурӯҳи Толибон ба ҳеҷ кишвари хориҷӣ иҷозаи иқдомоти низоми алайҳи ҳамсоягон дар Осиёи Марказиро нахоҳад дод ва ба ин далел интизор дорад, ки дар қаламрави ин ҷумҳуриҳо низ низомиёни амрикоӣ мустақар нашаванд.

Толибон ҳушдор доданд, ки дар сурати нодида гирифтани ин дархост ва додани иҷозаи истиқрори низомиёни Амрико дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя дар пайи хуруҷи ин нерӯхо аз Афғонистон масъулияти авоқиби ин иқдом бо мақомоти ин кишварҳо мебошад.

Чанде пеш Замир Кабулов намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури  Афғонистон бо ишора ба гузориши нашрияи амрикоӣ Вол Стритт журнал  дар бораи алоқамандии Вашингтон барои ҷойгир кунонидани нерӯҳои худ  дар Тоҷикистон ва Узбекистон гуфта буд:

“Тамосҳои тарафи Русия бо шарикони тоҷик ва узбеки худ нишон медиҳад, ки то кунун ҳеч дархости расмӣ аз сӯи Иёлоти Муттахида дар бораи эҷоди пойгоҳи низомӣ дар хоки ин кишварҳо сурат нагирифта аст ва мақомоти Тоҷикистону Узбекистон низ таъкид кардаанд, ки ин ғайри мумкин аст. Бинобар ин лозим нест мо мухолифат кунем.”

Кабулов гуфт, чунин тасмиме дар мавриди Тоҷикистон ниёзманди таъйиди Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аст.

Боздошт ва мусодираи беш аз 25 кило маводди мухаддир дар Бадахшон

0

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷавони 24-сола Фаромӯз Аҳмадбековро боздошт намудааст.

Гуфта мешавад, ин ҷавон зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон, ҷамоати Ширинҷонов мебошад.

Бино ба иттилои Агентӣ “Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Афғонистон барои ба даст овардани маблағи муфт, бо роҳи қочоқ, хариду фурӯш ва интиқоли маводи нашъадор  ба миқдори махсусан калон даст задааст”.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили борхалтаи полиэтилении рангаш сафед, ки ба Аҳмадбеков таалуқ дошт, кормандони Агентӣ  50 адад бастаҳои селофании скотпечи моддаҳои ҷигаранги бӯи махсусдошта дарёфткардаанд.

Моддаҳои мусодирагардида маводи нашъовари навъи “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 25 килограмму 830 граммро ташкил додааст.

Агентӣ менависад, ки нисбати Фаромуз Аҳмадбеков бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “д” (Гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар) ва 289 қисми 3 (Қочоқ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  тафтишоти пешакӣ идома дорад.

То ҳол назари худи боздоштшуда ва ё наздикони ӯ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Амрико ва Қатар ба мардуми Ғазза кумаки молӣ мекунанд

0

Вазири корҳои хориҷаи ИМА Энтони Блинкен бо пахши як баёнияе эълом дошт, ки Иёлоти Муттаҳида ба фаластиниҳо 360 миллион доллар кумак хоҳад кард, ки аз ин маблағ 38 миллион доллар кумаки ҷадид барои ҳимоят аз талошҳои башардӯстона дар Ғазза аст.

Вазири хориҷаи Амрико зимни нашри баёния, ки рӯзи чоршанбе 26 май нашр шуд, гуфт:

“Аз ин маблағ инчунин наздики 33 миллион доллар кумак ба Ожонсии имдодрасонӣ ва талоши Созмони Милали Муттаҳид барои паноҳандагони фаластинӣ дар Шарқи Наздик ва барои ҳимоят аз фаъолияти ин Ожонсӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва Ғазза дар назар гирифта шудааст.”

Блинкен афзуд, ки ин кумак таҳияи сарпаноҳ, ғизо, беҳдошт ва дармонро дар бар гирифта, ба касоне расонида мешавад, ки осебҳои ҷисмӣ ва равонӣ дидаанд.

Дар ҳамин ҳол вазири корҳои хориҷаи Қатар

Муҳммад ибн Абдураҳмон. Сурат: Твиттер

Ёдовар мешавем, ки пас аз қарори далати Исроил дар мавриди бадарға кардани сокинони кӯчаи Шайх Ҷарроҳ дар шарқи Қудс даргириҳо байни фаластиниҳо ва нерӯҳои исроилӣ оғоз шуд. Аммо шаби 27 Рамазон ин даргириҳо дар дохили Масҷид-ул-Ақсо шиддат гирифт.

Ҳаракати сиёсии Ҳамос дар Навори Ғазза ба Исроил ҳушдор дод, ки нерӯҳояшро аз Масҷид-ул-Ақсо барорад ва дар акси ҳол ба ин кишвар ҳамлаи низомӣ хоҳад кард. Баъд аз ҳамлаи “Ҳамос” даргириҳо авҷ гирифт.

Ҷанг 11 рӯз идома кард ва 20 май бо миёнҷигарии Амрико, Миср ва дигар кишварҳо дар Ғазза оташбас эълом шуд.

Давлати Исроил адвоми 11 рӯз бо ҳавопаймо ва мушакҳо Ғаззаро бомборон кард, ки дар натиҷа 230 фаластинӣ ҷон бохта 1710 нафар маҷруҳ шуданд. Дар байни ҷонбохтагон 65 кӯдак ва 36 зан низ буданд. Ҳамчунин дар натиҷаи ин ҳамлаҳо даҳҳо манзили сокинони осоишта ва мағозаву дуконҳо ба хок яксон шуданд.

Дар навбати худ Исроил гуфт, ки “Ҳамос” аз шуруи даргирӣ беш аз 4 ҳазор мушакҳои ба ҷониби ин кишвар партоб кардааст, ки 12 нафар ба ҳалокат расидааст. Аммо омори маҷруҳин ва манзилҳои истиқоматии харобшуда дақиқ нест.

Дар изҳороти ҳукумати Исроил гуфта мешавад, ки дастовардҳои низомии Исроил дар даргириҳои низомӣ бо “Ҳамос” ва гурӯҳҳои фаластинӣ “бесобиқа” буданд. Ва нерӯҳои низомии Исроил қариб ки ба ҳадафҳои худ расидааст.

Аз сӯи дигар, як мақоми “Ҳамос” гуфт, ки оташбас “пирӯзӣ” барои мардуми Фаластин ва “шикаст” барои Бинёмин Нетанёҳу аст.

Субҳонзода аз мардуми норозӣ хост аз “Пешво” розӣ бошанд

0

Дирӯз 26-уми май бештар аз 1000 мусофири дармондаи ширкати “Северний ветер” дар Фурудгоҳи Душанбе ҷамъ омада, аз мақомот талаб карданд, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ кунанд.

Аз ҷойи таҷаммуи мусофирон “Asia-plus” гузориши видеоиеро нашр кард, ки дида мешавад мусофирони дармонда талаб доранд ба парвози онҳо иҷоза дода шавад. Ин мусофирон мегӯянд, як ҳафта аст, наметавонанд ба Русия парвоз кунанд. Дида мешавад, ки бештари ин мксофирон аз гирду атрофи Тоҷикистон ба Душанбе омадаанд ва чанд рӯз мешавад дар ин фурудгоҳ қарор доранд.

Яке аз онҳо дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки бештари ҷамъомадагон аз бонкҳо қарз гирифта бо нархи 10-12 ҳазор сомонӣ чипта харидаанд, чанд рӯз мешавад дар Душанбе қарор доранд ва хароҷоташон рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Ба гуфти ӯ, бархе аз мусофирон дар фурудгоҳ шабро дар болои бетон рӯз кардаанд. Онҳо таъкид карданд, ки намояндагони ширкати “Северний ветер” сабаби лағви парвозро ба иҷозат надодани Агентии авиатсияи гражданӣ рабт додаанд.

Баъд аз чанд лаҳзаи ин таҷаммӯи мусофион раиси Агентии авиатсияи Тоҷикистон, Икром Субҳонзода ба назди мусофирон ҳозир шуд ва шарҳ дод, ки чаро “Северний ветер” то ҳол иҷозати парвозро нагирифтааст. Субҳонзода гуфт, ки “Мақсад аз бебаррасӣ мондани дархости баъзе ширкатҳо ба парвоз, танҳо як аст- паст кардани арзиши чипта”.

Дар идома қайд кард, ки ширкати “Северний ветер” танҳо дирӯз расман ва хаттӣ розигӣ дод, ки чиптаҳояшро на зиёдтар аз 500 доллар ба фурӯш мегузорад ва дубора дархост кард, ки парвозҳоро Агентӣ иҷозат диҳад.

Ӯ дар идома ба суоли мусофирон, ки хатсайри онҳо чӣ мешавад гуфт, ки “ Муҳтарам мусофирон, аз шумо хоҳиш, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонем, давлати мо сулҳдор аст, шумо ба иғво дода нашавед, онҳо дер розӣ шуданд, дар баррасӣ аст, шумо фикри худро кунед, тинҷу осудагии кишварро кунед.

Масъалаи иҷозати парвози ширкат ҳатман баррасӣ мешавад ба шумо огоҳ мекунанд, аз шумо ҳам вобастагӣ дорад, ба ягон хел иғво дода нашавед, аз паси кори худатон шавед, ба шумо иловатан аз натиҷа маълумот дода мешавад.”

Боз дар идома ба талаби мусофирон барои иҷозаи парвоз, Субҳонзода суханро дигар тараф бурда мегӯяд, ки “Гӯш кунед, шумо аз Пешвои муаззами миллат розигӣ гиред, шумо бояд розӣ бошед. Розӣ ҳастед?”

Дар навор дида мешавад, ки як мусофир дар идомаи гуфтаҳои Субҳонзода мегӯяд, ки “Албатта мо розӣ. Ҳамин халқро равон кунед, се рӯз боз мо мусофирон азоб кашида шиштем, болои бетонба хобем. Мо аз Ҷаноби олӣ розӣ, як кор кунед, ки мардум азоб накашад. Халқи бечора дар азоб. Ваъдаҳои дурӯғ надиҳед”.

Ҳамчунин дида мешавад, ки Субҳонзода мехоҳад бо ишора намудан ба сулҳ ва президент, мусофиронро ором кунад ва мегӯяд, ки “Мо бояд фаромӯш накунем, ки давлати мо тинҷ аст, мустақил аст, 30-солагии истиқлолият дорем, ҳамаи мо аз ҳукумати кишвар розӣ ҳастем ва Ҷаноби олӣ розӣ ҳастем? Барои ҷаноби Олӣ ҳама ба пеш!”

Дар идома аз мусофирони дармонда мехоҳад, ки ба ягон хел гапҳои иғвоангезона дода нашаванд ва рост аз паси корҳо шаванд, Аммо мусофирон мехоҳанд ҳарчӣ зудтар ба парвози онҳо иҷоза дода шавад то ба Русия барои кор парвоз кунанд.

Гуфта мешавад, баъд аз ин таҷаммуи мусофирон, мақомот ба чанд парвози ширкати “Северний ветер” иҷозат додаанд.

Дафтари матбуоти Фурудгоҳи Душанбе рӯзи 27-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ба шаҳрҳои Иркутск ва Қазон парвозҳо анҷом шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, парвоз ба шаҳри Санкт-Петербург имрӯз сурат мегирад.

Таҷаммӯи мусофирон дар назди Фурудгоҳи Душанбе қариб ду соат идома дошт. Мақомот барои ҳифзи тартибот маъмурони милисаро даъват карданд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон: аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ кунед!

0

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда аз онҳо дархост карда аст, ки аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ варзанд, чунки Қирғизистон ба таври муваққат марзашро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста аст.

Ба нақл аз “Спутник” дар ин муроҷиатнома омада аст: “…мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки аз ҳаргуна сафар ба Қирғизистон ё транзит ба кишварҳои дигар тавассути қаламрави он  худдорӣ кунанд”.

Ба иттилои Вазорати хориҷа ин тавсия дар ҳоле ироа мегардад, ки кобинаи вазирони давлати ҳамсоя бидуни огоҳии пешакӣ, вуруди ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистонро манъ кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки бо ҳар намуд нақлиёт боркашонӣ ва мусофирбарӣ мекунанд набояд қаламрави Қирғизистонро барои масир истифода баранд ва тавсия мешавад интихоби роҳҳои алтернативии гардиш тавассути кишварҳои саввум.

Ҳамзамон дар шӯъба равшани андохтанд, ки дар сурати нақзи ҳуқуқ ё зуҳуроти ғаразнок нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон мардум метавонанд ба хатти доим амалкунандаи сафорати Тоҷикистон дар Бишкек муроҷиат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳавопаймои “Сомон эйр”, ки шаби 25 май ба Бишкек парвоз карда буд пас аз 4 соати интизорӣ дар фурудгоҳи Манас бо мусофирон ба Душанбе баргашт. Мақомоти Қирғизистон иҷозаи вуруд ба тақрибан 177 мусофири ҳавопаймои ин парвозро ба кишварашон надоданд.

Дар ҳоли хозир садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия парвоз кардаанд ё мехостанд ба  Русия парвоз кунанд дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Бишкек дармондаанд.

Сарвазири Қирғизистон Улуғбек Маъруфов рӯзи 24 май эълом дошт, ки тамоми гузаргоҳҳои марзӣ то ҳалли мушкил таъйин кардани марзи байни ду кишвар баста мешаванд.

Мақомоти Қирғизистон ҳамчунин гуфтанд, ки умури марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол танҳо барои кормандони сафоратхонаҳо, консулгарӣ ва аъзои оилаи онҳо, мансабдорони хориҷӣ, мансабдорон дар Душанбе ва Бишкек имконпазир аст.

Се шарти Толибон барои иштирок дар нишасти Истанбул

0

Як мақоми баландпояи Гурӯҳи Толибон ба хабаргузории Садои Амрико гуфта, ки намояндагони ин гурӯҳ дар нишасти Истанбул ба шарте иштирок мекунанд, ки ин нишаст кӯтоҳ бошад, иштирокдорони он шомили тасмимгирӣ дар мавриди мавзӯоти муҳим набошад; ва ҳузури Толибон дар сатҳи поёнтар бошад.

Ин мақоми Толибон, ки нахост номаш ифшо шавад, афзуда, ки “Роҳбари мо пешниҳод карда, ки нишасти Истанбул набояд аз се рӯз зиёд тӯл бикашад.”

Як мақоми баландпояи дигари Толибон низ ин шартҳои Толибонро барои ширкат дар ҳамоиши Истанбул тасдиқ кард.

Қарор буд, нишасти Истанбул бо пешниҳоди ИМА рӯзи 16 апрел оғоз ёфта, дар ҳамбастагии Туркия, Қатар ва СММ баргузор шавад ва 10 рӯз идома ёбад.

Аммо Толибон моҳи гузашта гуфта буданд, ки ҷузъиёти мулоқот бо онҳо гуфта нашудааст ва бо ин далел онҳо дар нишаст ширкат нахоҳанд кард.

Баъдтар низ бо баҳонаи дигаре аз ҳузур дар ин нишаст худро канор кашиданд. Толибон мегӯянд, то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, онҳо дар ҳеч нишасте, ки дар мавриди Афғонистон тасмим гирифта мешавад, ширкат нахоҳанд кард.

Ин мақоми аршади Толибон ҳамчунин гуфт, ки раҳбарони гурӯҳ ҷонибдори ширкат дар нишасти Истанбул набуданд, аммо пас аз дархости Покистон ва Қатар тасмим гирифтанд, ки пеш гузоштани баъзе шартҳо ширкат кунанд.

Ин мақоми Толибон дар мавриди тасмими оташбас аз ҷониби ин гурӯҳ гуфта, ки Толибон дар ҳоли ҳозир оташбасро эълом нахоҳад кард ва ҳамчуннин дар музокироти байниафғонӣ дар мавирди оташбас тасмим гирифта намешавад.

Раҳматилло Зойиров истеъфо дод

0

Раҳматилло Зоиров раиси ҲСДТ-ягона ҳизби мухолифи дар кишвар пас аз 20 соли раҳбрӣ дар ин ҳизб тарки вазифа кард. Зоирови 64-сола, ки дар гузашта мушовири Президент Раҳмон ҳам буд, аз замони таъсисёбии ҳизбаш дар соли 1999 раҳбарии онро бар уҳда дошт.

Зойиров сабаби асосии рафтан аз раҳабарии ҳизбро ба вазъи саломатияш рабт дода, ба рӯзноманигорон гуфт, ки чанд муддат аст дарди пой ӯро азият медиҳад.

“20-уми сентябри соли гузашта зарбаи сахт хӯрдам. Аз он замон дарди пой гум нашуд. Барои ҳамин, ба Шӯрои сиёсӣ ариза навишта илтимос кардам, ки анҷуман баргузор нашуд, маро озод кунанд. Ман бояд табобат кунам.”

Ҳамазмон ӯ ба рӯзноманигорон сабаби дигари рафтанашро дар “дурудароз мондан дар мақоми раҳбарӣ” гуфта аст.

Феълан раҳбарии ин ҳизб бар уҳдаи Қиёмиддин Азизов гузошта шуда аст. Гуфта мешавад, Азизов 41 сол дорад ва то ин дам ба ҳайси яке аз муовинони раиси ҲСДТ кор карда аст. Аммо Шокироҷон Ҳакимов муовини аввали раиси ҲСДТ гуфта, ки бар асоси оинномаи ҳизб дар сурати бемории раис масъулият ба зиммаи муовини аввал мегузарад, на каси дигар.

Ҳакимов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин қарорро зери суол бурда мегӯяд, ки асли қазия барояш маълум нест, вале ба гуфти ӯ, шояд Зоиров таҳдид шуда ва ҷонаш дар хатар аст.

Ӯ мегӯяд: “Вақте раис вафот кард, фалаҷ шуд, ягон сафари хориҷӣ рафтаву бозгашташ маълум нест, ё дигар ҳолат бошаду истеъфо диҳад, иҷрои вазифаи раиси ҳизб ба уҳдаи муовини аввали раиси ҳизб вогузошта мешавад. Ин меъёри оиннома аст. Баъд Шӯрои сиёсиро муовини раиси ҳизб даъват мекунад ва аъзоро дар ҷараён мегузорад. Шояд таҳти таҳдид қарор дорад ё ҷонаш дар хатар аст, ё дигар ҳолатҳо, ки ман намедонам.”

Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон соли 1999 сабтином шудааст. Зоиров аз соли 2002 раиси ин ҳизб буд ва сиёсатҳои ҳукуматро пайваста танқид мекард. Ин ҳизбро ягона ҳизби сиёсии мухолиф дар Тоҷикистон медонанд. Соли гузашта ҳизби Зойиров интихоботи раисҷумҳури Тоҷикистонро, ки аз 6-уми ноябр ба як моҳ пеш, 11- уми октябр гузаронида шуд, баргузории онро ғайриқонунӣ номида бойкот кард.  

Ӯ гуфта буд: “таъйини интихоботи раисҷумҳури ҶТ барои ба 11-уми октябри соли 2020, ки як моҳ қабл аз ба итмом расидани салоҳияти раисҷумҳур, ки тамоми қонунҳои интихоботӣ аз он сарчашма мегиранд, комилан ғайриқонунӣ мебошад!”

Дар гузашта низ борҳо гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1994 то кунун раисҷумҳури Тоҷикистон аст, ҳақ надорад дар интихоботҳо ширкат кунад.

Бо баҳонаи “Рӯзи адвокатура” дар Тоҷикистон, ёде аз адвокатҳои қаҳрамон

0

Дар Тоҷикистон имрӯз Рӯзи адвокатураро ҷашн мегиранд. Ҷамшед Ёров адвокати паноҳанда дар Аврупо дар саҳифаи фейсбукияш навишт, ки Адвокатура дар Тоҷикистон то ба Истиқлолият расидан иди касбӣ надошт, санаи таъсисёбии он низ номуайян буд.

Ду адвокат, Бузургмеҳр Ёров ва Румиев Ғолибшо дар натиҷаи ҷустуҷӯ дар бойгониҳо ин санаро муайян намудаанду 26 май Рӯзи адвокатураи тоҷик эътироф шудааст.

Ба нвиштаи ин ҳомии ҳуқуқ, имрӯз 99-умин солгарди таъсисёбии адвокатураи тоҷик мебошад. Бо вуҷуди он ки Ёров ҳамкасбонашро ба ин рӯз табрик гуфта, аммо ҳамзамон нигарониҳое дар ин табрикот ҷой дорад.

Ҷамшед Ёров аз заҳмати ҳамкасбонаш таҳсин мекунад, вале ёдовар мешавад, ки адвокатҳо дар шароити хело вазнин ва пурхатар фаъолият карда истодаанд. Ба гутфаи ӯ, намояндагони мақомоти қудратӣ адвокатҳоро “халалрасони фаъолияташон” мешуморанду ба ҳар гуна роҳу восита монеъи фаъолияти касби адвакатон мешаванд.

“Боварии комил дорем, ки аз ин пас шумо бештар ва хубтар, на фақат ҳуқуқҳои мизоҷонатонро, балки аз ҳуқуқҳои худ низ дифоъ хоҳед кард ва ҳаргиз ҳамкасбони худро, ки дар роҳи Адолат ва Ҳақикат зиндонӣ, шаҳид ва ё ба ҳар гуна воситаҳои ғайриқонунӣ аз фаъолияти касбӣ барканор шудаанд фаромуш нахоҳед кард”,- менависад Ҷамшед Ёров.

Бо вуҷуди эътироф шудани рӯзи 26 -уми май ҳамчун ҷашни адвокатҳо дар Тоҷикистон мудофеони ҳуқуқ барои таҷлили ин рӯз асоси зиёде надоранд: Ба навиштаи созмони Авфи байналмилалӣ ё (Amnesty International) дар Тоҷкистон “ин ҷашн ба вақте рост меояд, ки кишвар торафт аз ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун рӯй мегардонад ва вакилони дифоъ ҳангоми иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд. Дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан ҳомии ҳуқуқи инсон будан маънои бо хатарҳои бемисл рӯбарӯ шуданро дорад”.

Тули шаш соли ахир ҳамаи мудофеони ҳуқуқ, ки парвандаҳои сиёсӣ ва ё ҳассосро гирифтаанд, дар иҷрои фаъолияти қонунии касбиашон зери фишор қарор гирифта дар охир ё зиндонӣ ё тарки кишвар кардаанд. Зайд Саидов собиқ вазири саноати Тоҷикистон дар соли 2013 зиндонӣ шуд ва ҳама вакилони дифои ӯро мавриди таъқибу фишор қарор дода, пас аз муҳокимаҳои судӣ ба муҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон карданд.

Адвокатҳо Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров ҳарду бо иттиҳоми ҷиноятҳои мухталиф зиндонӣ шуданд. Исҳок Табаров адвокати сеюми Зайд Саид дар пайи боздошт ва зиндонӣ шудани ду писараш дуччори сактаи қалбӣ шуда даргузашт. Худи ӯ боздошти писаронашро фишори мақомот ба ӯ барои дифои Зайд Саидов гуфта буд.

Соли 2015 дар пайи шӯриши нокоми генерал Назарзода мувони вақти вазири дифои Тоҷикистон, мақомоти қудратӣ дар сентябри ҳамон сол раҳбарони ҲНИТ-ро ба  ҷурми ҳамдасти бо Назарзода боздошт ва дар пайи он ҲНИТ аз ҷониби додгоҳи Олии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълом шуд. Раҳбарияти ҲНИТ ин итиҳомотро рад мекунад ва онро баҳонае барои саркӯби аҳзоби сиёсӣ ва мухолифин медонад.

Дар пайи мамнӯъ шудани ин ҳизб қисме аз раҳбарону аъзои ин ҳизбро боздошт карданд. Адвокати ягонае, ки розӣ шуд парвандаи ҳизбро бар уҳда бигирад, Бузургмеҳр Ёров буд. Ӯ аз тарафи полис санаи 28 сентябри соли 2015 бо иттиҳомоти қаллобӣ ва сохтакорӣ дастгир карда шуд. Аммо ба навиштаи “Amnesty International” ҳангоми дастгиркунӣ полис бо вайрон кардани имтиёзи вакил ва муштарӣ, ҳуҷҷатҳои вобаста ба парвандаи ҲНИТ-ро бо худ бурд.

Моҳи октябри соли 2015 вакили дифои Бузургмеҳр Ёров Нуриддин Маҳкамов низ боздошт шуд. Моҳи декабри соли 2015 нисбати Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов иттиҳомоти нави марбут ба экстремизм эълон шуданд.

Дар соли 2016 суди шаҳри Душанбе Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро пас аз мурофиае ба 23 ва 21 сол аз озодӣ маҳрум кард. Созмонҳои байнамаллиалии ҳуқуқи инсон мурофиаи судии ин ду адвокатро ноодилона медонанд ва Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи СММ озодии фаврии Бузургмеҳр Ёровро талаб дорад.

Дар соли 2016 Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, ки яке аз вакилони дифоъ дар парвандаи аъзои ҲНИТ буд, бо иттиҳоми “ифшо кардани сирри давлатӣ” дастгир шуд. 26 август додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ӯро маҳкум ба зиндон кард ва дертар бар асоси қонуни авф озод шуд. Ҷамшед Ёров ҳимояи муштариёни худро дар парвандаи ҲНИТ идома дод ва ба озори мақомоти амниятӣ рӯбарӯ гардид. Дар ниҳоят, ӯ маҷбур шуд Тоҷикистонро тарк кунад.

Муаззамахон Қодирова ягона вакили дифоъ, ки парвандаҳои Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро ба душ гирифт низ зери фишори мақомот тарки кишвар кард. Парвандаи ин ду адвокатро аз тарси интиқоми мақомот касе ҳозир нашуд ба душ бигирад.

Моҳи марти соли 2015 Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”-ро қабул кард ва моҳи ноябри соли 2015 ба ин қонун тағйирот ворид карда шуд.

Тағйиру иловаҳое, ки моҳи ноябри соли 2015 ворид карда шуданд, бо ташкили Комиссияи тахассусӣ дар назди Вазорати адлия назорати додани мақоми адвокатро ба дасти шохаи иҷроияи ҳокимият доданд. Чизе, ки боиси нигаронии коршиносон ва вакилони дифоъ шуд. Чун ба гуфтаи коршиносон баъзе нукоти ҳамчун тағйирот воридшуда ба мустақилияти вакилони дифоъ таҳдид карда, дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқиро зери суол бурд.

Назорати додани “мақоми адвокат” ба дасти шохаи иҷроияи ҳокимият дар ҳоле дода шуд, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ин салоҳиятро Иттифоқи адвокатҳо бояд медошт.

Ба гуфтаи коршиносон  қонуни ахир дар зиёда аз панҷоҳ фисад кам шудани шумораи адвокатҳои касбӣ сабаб шуд. Дар натиҷа дастрасии мардум дар Тоҷикистон ба адвокатҳо маҳудуд шуд ва барои нафароне, ки бо парвандаҳои сиёсӣ боздошт мешванд қариб, ки нмомукин шуд.

Тибқи иттилои “Amnesty International” то моҳи маи соли 2017 танҳо қариб нисфи онҳое, ки пеш мақоми адвокатро доштанд, тавонистанд, ки аз рӯи низоми нав ин мақомро соҳиб шаванд. Алҳол Тоҷикистон барои аҳолии зиёда аз ҳашт миллион тақрибан 600 адвокат дорад, яъне тақрибан як адвокат барои 13,000 аҳолӣ бояд хидмат кунад.

▶️Барномаи хaбарии ИМРӮЗ – 26.05.2021 | AZDА TV | برنامه ای خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

– Қирғизистон 200 мусофири Тоҷикистонро ба хокаш роҳ надод

– Муҳлати ҳабси пешакии Иззат Амон ду моҳи дигар тамдид шуд

– Мақомти Белорус кишварҳои Ғарбро ба мизи гуфтушунид даъват кард

– Рузи адвакатураи тоҷик
– Рахматилло Зоиров истеъфо дод.

Мақомоти Белорус кишварҳои Ғарбро ба мизи гуфтушунид даъват кард

0

Вазири корҳои хориҷии Беларус Владимир Макей кишварҳои Ғарбро барои ҳалли мушкилоти муносибатҳои ахир бо Минск бар сари мизи гуфтушунид даъват кард. Дар ин бора ожонсии иттилоотии “БелТА” хабар дод.

“Мушкилот бояд сари мизи гуфтушунид ҳал карда шаванд – ин мавқеи принсипии мост”, гуфт Макей рӯзи чоршанбе дар назди вакилон, аъзои Комиссияи конститутсионӣ ва намояндагони мақомоти давлатӣ. Вай инчунин илова кард, ки ташдиди минбаъда дар муносибат бо Ғарб “ҳеҷ чизи хуберо ба бор нахоҳад овард” ва шарикони ғарбиро ба “ба худ омадан” даъват кард.

Маврид ба ёдоварист, ки рӯзи гузашта роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба далели иқдоми Белорус дар нишонидани ҳавопаймои мусофирбарӣ бо роҳандозии маҷмуае аз таҳримҳо бар алайҳи ин кишвар мувофиқат карданд.

Лукашенко ба он муттаҳам мешавад, ки барои дастгир кардани мухолифи 26-солааш ҳавопаймои ширкати “Ryanair”-ро зӯран ба зимин нишонд.

Аммо ҳукумати Белорус инро рад мекунад ва ба қавли онҳо ҳавопаймо бо гумони бомбгузорӣ шудан ба таври изтирорӣ ба замин нишонда шуд. Худи Лукашенко рӯзи чоршанбе дар суҳбат бо намояндагони Парлумон ва мақомоти давлатӣ гуфт, ки хабари бомбгузорӣ шудани ҳавопаймо аз Суис (Швейтсария) ба онҳо расида буд.

Рӯзи якшанбе як ҳавопаймои мусофирбари ширкати “Ryanair”, ки аз Афина ба Вилнюс парвоз мекард, бинобар паёме дар бораи ҷой доштани маводи тарканда дар дохили он, ба таври изтирорӣ дар пойтахти Белорус нишонда шуд.

Пас аз фуруд омадани ҳавопаймо дар Минск аз дохили он маводи тарканда пайдо накарданд, аммо мақомоти Белорус рӯзноманигор Роман Протасевичро, ки дар дохили ҳавопаймо буд, боздошт кард.

Гуфта мешавад, рӯзноманигори ҷавон мухолифи ҳукумати Лукашенко буда, сармуҳаррири шабакаи телеграмии “Nexta” буд. Ӯ аз моҳи ноябри соли 2020 дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Рӯзноманигор аз аввали соли ҷорӣ аз давлати Лаҳистон талаби паноҳандагӣ карда парвандааш зери омӯзиш қарор дошт.