Муовини аввалин ҲСДТ бар ин назар аст, ки дар истеъфои Зоиров ва интихоби Азизов меъёрҳои Оинномаи ҲСДТ риоя нашуданд ва машруъияти раиси муваққатан таъиншуда заминаи ҳуқуқӣ надорад ва “кирдори Раиси ҳизб мазмуни баромадан аз ваколатҳоро низ дораду дар он аломатҳои бесалоҳиятӣ низ вуҷуд доранд”.
Ба назари Ҳакимов ин ихтилофи ба вуҷудомада агарчи ҳизбро ба парокандагӣ оварда нарасонад ҳам онро “хатогии тактикӣ” номид. Ва ба андешаи ӯ Анҷуман ҳизб агар дар чорчӯбаи Оинномаи ҳизб доир шавад, ин ихтилофи назарҳо аз байн меравад.
Дар ҳамин ҳол Шуҳрат Қудратов як муовини дигари раиси ҲСДТ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ки касе аз ариза огоҳ нест ва Шӯрои сиёсии ҳизб намедонанд, ки Зойиров таҳти чӣ шароите истеъфо додааст. Ӯ бо чанд далел ба истеъфо рафтани Раҳматилло Зойиров ва ба ҷои ӯ таъйин шудани Қиёмиддин Азизовро бар хилофи талаботи оиномаи ҲСДТ медонад:
1. Шӯрои сиёсӣ умуман баргузор нашудааст ва ҳеч яке аз аъзои Шӯрои сиёсии ҲСТД огоҳӣ надошт ва ба ин ҷаласа даъват нашудаанд ва дар он иштирок накардаанд;
2. Дар масъалаи аризаи Р. Зойиров дар бораи истеъфо доданаш аз раисии ҲСДТ ҳеч яке аз аъзои Шӯрои сиёсӣ бо ин аризаи Зориров шинос нашудааст ва онро надидаст ва метавон гуфт, чунин аризаи вуҷуд надорад;
3. Агар дар ҳақиқат Р. Зоиров ба истеъфо рафта бошанд, дар инҷо бобҳои 11 ва 13 Оиномаи ҲСДТ амал мекунад ва мувофики ин бандҳои Оинома дар ҳолати ба истеъфо рафтани Раис ваколатҳои ӯ ба яке аз муовинаш вогузор мешавад. Ва ҷонишини ӯ дар муддати ду моҳ Анҷумани навбатии ҳизбро даъват мекунад ва дар он Раиси нав интихоб мешавад, аммо чунин ҳам нашуд;
4. Дар хабар омадааст, Қиёмиддин Азизов ҷонишини Раиси ҲСДТ раҳбари ҳизб интихоб шуд, Қиёмиддин Азизов ҳаргиз ҷонишини раиси ҲСДТ набуд ва у масъули бахши ҷаовнони ҳизбро бар душ дошт ва муовинони раиси ҲСДТ, Шокирҷон Ҳакимов, Маҳмурод Одинаев, – ки ба муҳлати тӯлонӣ зиндони шуд, Шуҳрат Қудратов ва Абдуназаров Амният ҳастанд.
Қудратов ба “Аздо тв” гуфт, ҳеч яке аз муовинони раиси ҲСДТ аз истеъфои раиси Ҳизб, аз аризаи ӯ ва аз баргузори Шӯрои сиёсӣ огоҳӣ надоранд.
Пештар ҳафт нафар аз надикони Нахшов дастгир шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 16-уми май Нақшов бо чанд тан аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати “Мину Фарм”, паймонкори ширкати “Фароз”, ҳамла карда буд. Он замон дар мақомоти тафтишотӣ аз ҷароҳат бардоштани 10 нафар ва бо корд захмӣ шудани 4 нафари дигар хабар дода буданд.
Яке аз шоҳидон ҳодисаро нақл карда гуфта аст, ки як мошин омаду истод ва Сайёдро даъват кард. Се нафар буданд. Ӯро маҷбурӣ бор карда бурданӣ буданд, ки нигаҳбонони ширкат нагузоштанд.
Он замон Сайёд Ғиёсов, сокини 45-солаи Данғараро бо захми чаҳор зарбаи корд дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ карда буданд. Ба қавли шоҳидон, Сайёд Ғиёсов ба Амриддин Нақшов барои соҳиб шудан ба порча замин ҷавоби рад дода аст.
Даҳҳо ҳазор корбарон аз саросари ҷаҳон як маъракаи азимеро бар алайҳи ширкати Фейсбук барои поин овардани рутба (рейтинг)-и замима (апликатсия)-и ин ширкат роҳандозӣ кардаанд.
Корбарон дар мағозаҳои электронии Google Play ва App Store бо додани як ситора мехоҳанд рутбаи замимаи ин ширкатро поин биоранд то ҳарфи онҳо аз сӯи ин ширкат шунида шавад.
Ҳоло дорад ин маърака натиҷа медиҳад ва рутбаи замимаи фейсбук, ки то 20 май ба 4,9 ситора баробар буд, акнун то 1,9 дар App Store ва 2,4 дар Google Play Store коҳиш ёфта аст.
Чизе, ки боиси хавфи ширкат шуда, ин аст, ки ин амали оддӣ – бо пахши як ситора дар мағозаҳои электронӣ аз сӯи корбарон, метавонад боиси коҳиш ёфтани фоида дар муддати тӯлонӣ барои ин ширкат бишавад. Аз ҳоло шӯрои директорон ва роҳбарони аршади он барои ислоҳи вазъ гом бардоштаанд ва барои ислоҳи мушкилии ба вуҷудомада дар муддати ҳар чи зуддтар як ҳуҷраи буҳронӣ барои мубориза бо ин маърака таъсис дода шудааст. Аммо дар ҳар сурат ба гуфтаи коршиносон, ин маърака ба обрӯи ширкат ҳатман латма мезанад ва ба ояндаи ширкате, ки мехоҳад дар тахти имперотурии шабакаҳои иҷтомоӣ яккатоз бошад “бениҳоят хатарнок” аст ва дар оянда ба рақобати шадид дар ин соҳа дучор хоҳад омад.
Роҳбарияти ширкат инчунин бо маъмурияти Apple ва Google тамос гирифтаанд то дар ин ду мағозаи элекронӣ масъалаи бартараф кардани паёмадҳои манфӣ нисбати замимаҳои ин ширкатро баррасӣ кунанд, аммо то кунун Apple ба дархости ин ширкат посухи рад дода ва Google то ба имрӯз посухе надодааст. То лаҳзаи омода шудани матлаб рутба (рейтинг)-и замимаи Фейсбук то 2,3 ситора дар Google Play ва 2,4 дар дукони Apple поин омада.
Дар кӯшиши дигари ҷилавгирӣ аз буҳрон, ширкат тавассути платформаи худ аз мардуми Фаластин ва ҷонибдорони қазияи онҳо дар саросари ҷаҳон узрхоҳӣ кард ва алгоритмҳоро барои кӯшиши канорагирӣ аз масъулият ва ҷонибдорӣ аз Исроил айбдор кард.
Ин маърака дар пайи он сурат гирфита, ки ҳазорҳо корбарон дар тамоми дунё Фейсбук – бузургтрин майдон дар шабакаи иҷтимоиро ба ҷонибдорӣ аз Исроил ва ғараз доштан нисбат ба мардуми Фаластин айбдор карданд.
Бояд гуфт, ки Фейсбук ва шабкаҳои вобаста ба он ки ба Марк Сукербегер таалуқ доранд, дар қазияи ахири танишҳо миёни Исроил ва марудми Фаластин фаъолияти худро алайҳи маводҳои дорои муҳтавои ҷонибдорӣ аз фаластиниҳо шиддат бахшиданд ва дар аксар маврид чунин муҳтаворо ҳазф мекраданд.
Ин боис шуд, ки мардум аз тамоми гӯшаи дунё ба ин амали Фейсбук эътироз карданд ва ӯро, ки ягона минбари ибрози андеша ва рамзи озодии баён медонистанд шадидан интиқод карданд. Ҳатто баъзе шахсиятҳои машҳур ва донишмандоне, ки дар мавриди қазияи мардуми Ғазза матолиб менавиштанд, баъд аз баста шудани саҳифаҳояшон аз ҷониби ширкати Фейсбук аз истифодаи ин замима ба куллӣ даст кашидани худро эълон карданд.