Хона блог саҳифа 643

Байни Тоҷикистону Қазоқистон 7 санади ҳамкорӣ ба имзо расид

0

Имрӯз 20-уми май дар Душанбе пас аз мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Тоқаев, ҳафт санад ба имзо расид.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Тоқаев Изҳороти муштараки Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро имзо карданд.

Дар ҳузури раисони ду давлат ҳуҷҷатҳои зерин ба имзо расиданд:

– Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо бемории сил;

– Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2021-2023;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;

– Ёддошти қолабӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

– Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи аэрокайҳонии Вазорати рушди рақамӣ, инноватсионӣ ва саноати эрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон;

– Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба таъсиси низоми тақсимоти молҳо.

Гуфта мешавад, дар доираи ин санад доир ба таъсиси марказҳои низоми тақсими молҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 45 миллион доллари ИМА ва дар маҷмӯъ барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи саноат наздики 500 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо мегардад.

Ҳамчунин зимни нишаст, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба сафари ҷавобӣ ба Нур-Султон даъват кард.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев рӯзи 19-уми май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Дар фурудгоҳи Душанбе Тоқаевро Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабари занозании муҳоҷирони тоҷикро рад кард

0

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабари иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар занозание, ки рӯзи 18-уми май дар Маскав рух додааст, рад кард.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми  май хабаргузории ТАСС дар бораи занозанӣ байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дод, ки дар натиҷа 6 нафар захмӣ шуда, нӯҳ нафари дигар боздошт шуданд.

Кормандони консулгарии сафорати Тоҷикистон баъд аз расонаӣ шудани ин хабар бо намояндаи полиси Маскав Оксана Шликова вохӯрданд.  Намояндаи пулиси Маскав занозании рӯзи 18-уми майро тасдиқ кард, аммо қайд кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар он ширкат надоштаанд.  Дар идома ӯ гуфтааст, ки дар байни боздоштшуддаҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Корманди консулгарӣ аз қавли Оксана Шликова гуфтаанд, ки ҷанг танҳо байни шаҳрвандони Қирғизистон будааст ва “маълумот дар бораи иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар занозанӣ беэътибор аст.”

ТАСС бо такя ба хадамоти матбуоти полиси шаҳри Маскав рӯзи чоршанбе хабар дода буд, ки занозании оммавӣ байни муҳоҷирон дар яке аз қаҳвахонаҳо дар ҷанубу ғарби Маскав рух додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Занозании шадид байни муҳоҷирони тоҷик ва қирғиз дар қаҳвахонае дар Маскав

Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу

0

Садҳо нафар марду зани тоҷик аз шоми 10 май ба ин тараф дар саҳни ҳавлӣ ва долону толорҳои фурудгоҳҳои Хуҷанду Душанбе дар даст билет мунтазири парвоз ба шаҳрҳои Русия ҳастанд. Вале бидуни онки арзу шикваи онҳо шунавида шавад, мақомоти Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва ширкатҳои русии мусофирбари «Сибир» ва «Севрений ветер» байни ҳам баҳсу даъво роҳ андохтаанд: тарафи Тоҷикистон мегӯяд, ки ширкатҳо бар хилофи мувофақаи қаблӣ арзиши билетҳоро афзудаанд, вале ширкатҳо бо радди ин иддао мегӯянд, ки мувофақаи ҳосилшударо нақз накардаанд.

Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон ин ширкатҳоро аз ҳаққи парвоз дар Тоҷикистон маҳрум кардааст. Ҳамакнун мусофирони бандмонда дар ин фурудгоҳҳо намедонанд, ки чи кор кунанд?

Масъулони Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон сад дар сад медонанд, ки шаҳрвандони рӯ ба муҳоҷират оварда аз рӯи ноилоҷӣ ва ночорӣ билети ниҳоят гаронро харидорӣ мекунанд. Роҳу чораи дигар надоранд. Мераванду халос. Зеро дар ватан роҳу василае барои зиндагӣ ва зинда мондан надоранд. Онҳо аз куҷо бидонанд, ки барои мисол «Северний ветер» ва ё ҳамин «Сомонайр» барояшон билетро хеле гарон фурӯхтааст.

Ин дигар масъулияти Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон аст, ки мебоист нархҳоро танзим ва назорат мекард. Аммо ин ширкат вақте огоҳ мешавад, ки садҳо нафар билет харидааст ва онҳо бояд, ки ҳарчи зудтар парвоз кунанд. Ин мусофирони муҳоҷир ҳар дақиқаву соаташон ва ҳар дирами барои билет харҷ кардаашон баҳисоб аст. Онҳоро набояд муаттал кард. Аз бонк қарз гирифтаанд, бонк % мегирад, ҷойи корашон мунтазир аст, саривақт бояд бирасанд. Маблағе изофӣ надоранд, ки дар ин чанд рӯзи интизорӣ бихуранд.

Хулласи калом, ин масъулони Ожонсии алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистонанд, ки мебоист қабл аз расонидан ба чунин шароит андеша мекарданд. Аз тарафи дигар вақте ҳолати зору азиятбори ин ҳама марду зану ҷавонони бандмонда дар фурудгоҳҳоро дида кас дар тааҷҷуб меафтад, ки магар ҳамин масъулон нестанд, ки иҷоза доданд билетҳо аз тарафи ин ширкатҳои русӣ фурӯхта бишаванд.

Магар ҳамин Икром Субҳонзода, раиси Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон қабл аз фурӯши билетҳо бо ширкатҳои русӣ муомилоти худро ниҳоӣ накарда буд? Ин мардум чи гуноҳ доштанд, ки бар ивази иштибоҳи ӯ ин ҳама масрафу харҷ кунанд, сарсону саргардон ва таҳқир шаванд?

Бидуни кадом эълону огоҳии муқаддамотӣ тафовуту тағйиротҳо миёни парвози чартерӣ ва муқаррариро аз байн бурда тавонистанд, ку. Ҳоло касе намепурсад, ки шумо шаҳрвандии Русияро доред, шумо бемор ҳастед, шумо таҳсил мекунед, шуморо нафаре ва ё корхонае даъват кардааст? Ин қабил шарту шурут дигар пурсида намешавад. Яксара билет фурӯхта истодаанд. Танҳо касе зиёдтар диҳад ӯ меравад. Пас, чаро натавонистаанд, ки нархи билетро назорат кунанд?

Худи ҳамин масъулини ин Ожонсӣ буданд, ки нархи рафту баргашт аз Тоҷикистон ба Русия, масалан Маскавро 500 доллар муқаррар карданд. Агар чунин аст, чаро нархи ширкатҳои мусофирбарии «Северний ветер» ва ё ҳамин «Уралский авиалиний» 800 доллар таъйин шудааст? Онҳо чи кори алоҳида ва хосеро анҷом медиҳанд? Дигар ки гуфтем, кадом маҳдудияте миёни парвози чартерӣ ва муқаррарӣ боқӣ намондааст, пас чаро фарқи нархҳо аз замин то осмон?

Тааҷҷубовараш ин аст, ки Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз даромади 100.000 долларии ин ширкатҳо ҳасуд мехурад, аммо чиро тавзеҳе намедиҳад, ки «Тоҷикайр» чунин парвозҳоро анҷом намедиҳад ва аз чунин даромад маҳрум аст? Ҳадди ақал дар панҷ парвози ширкатҳои русӣ ширкати «Тоҷикайр» ҳам яктоӣ парвоз анҷом намедиҳад?

з тарафи дигар Икром Субҳонзода, раиси Ожонси авиатсияи граждании Тоҷикистон дар ҳоле барои баландии қиматҳо ширкатҳои русиро муқассир меҳисобад, ки арзиши билетҳои «Сомонайр» низ поин нест.

То ҳамин ҳоло касе аз мусофирони ин ширкат ба нархи 350 доллар билет дастрас накардааст ва карда ҳам наметавонад. Зеро иллат на дар ширкатҳои русӣ аст ва на дар мусофирони тоҷик. Сабаб дар он аст, ки иҷозат ва ҳаққи фурӯши билети роҳҳои ҳавоӣ дар Тоҷикистонро ширкати “Агентии алоқаи ҳавоӣ” ба таври инҳисорӣ дар дасти худ гирифтааст. Тамоми авиакассаҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар ихтиёри ҳамин ширкат аст.

Ин ширкат билетҳоро ба таври яклухт (оптом) аз ҳама ширкатҳои мусофиркашӣ, чи тоҷикӣ ва чи русӣ харидорӣ карда тавассути ҳамин кассаҳо ва албатта, бо изофаи ҳатмии «доля»-и худ мефурӯшад. Яъне бо ба дасти ин ширкат расидани билетҳо он аллакай ба дасти дуввум меафтад ва табъан ки нарх боло меравад. Ба навбати худ фурӯшандаҳои ин авиакассаҳо аз ин «шонс»-и пешомада ҳадди аксари истифодаро карда истодаанд.

Инҳо аз ширкати “Агентии алоқаи ҳавоӣ” баста-баста ва даста-даста, яъне яклухту оптом билетҳо барои парвозҳои мухталифро «зайнит» мекунанд, мусалламан бо пардохти маблағ. Ва ин билетҳоро ба харидори ниҳоӣ, ҳамин муҳоҷир бо дарсади калон мефурӯшанд. Аз ин ҷо аст, ки нархи билети 6,7,8000 сомонӣто 12 -у 13 ва аз ин ҳам болотар фурӯхта мешавад. Шояд бархе аз авиакассаҳо дар васат миллион-миллион кор карданд.

Намояндаи ширкати русии «Северний ветер» ошкоро ва босароҳат мегӯяд, ки онҳо ягон шарти тавофуқи ҳосилшуда бо Тоҷикистонро вайрон накарданд ва агар билетҳо гарон фурӯхта шуд, шаҳрвандон бираванд сабабашро аз авиакассаҳо бипурсанд:

Фирӯзҷон Юнусов, намояндаи ширкат, рӯзи 18-уми май ба расонаҳо гуфтааст, билетҳоро аз 8 ҳазору 800 сомонӣ зиёд нафурӯхтаанд:

“Аз якуми июн нарх арзонтар мешавад. Мо аз гарон фурӯхтани чиптаҳо хабар надорем. Агар нарх гарон аст, ҷавобгар хазиначиҳои билетфурӯшӣ ҳастанд. Метавонанд аб азидди онҳо даъво кунад. Нархи билети мо расман 8 ҳазору 800 сомонӣ муайян шудааст.

Ба касе пӯшида нест, ки бад-ин минвол идома ёбад ҳатто сеяки шумори муҳоҷирони кории тоҷик наметавонанд, ки саривақт ба Русия бираванд. Норасоии шадиди парвозҳоро ҳама медонад. Талабот бениҳоят зиёд аст. Тоҷикистон барои ширкатҳои ҳавонавардии мусофиркашӣ як бозори пур аз даромад аст. Ин вазифа ва масъулияти мақомоти тоҷик аст, ки шароити парвоз ба ширкатҳоро сода карда шумораи бештари онҳоро вориди ин бозор кунад.

Дар ин сурат мешавад, ки суръати афзоиши нархи билетҳоро коҳиш дод. Ин қоидаи бозор аст, ки мегӯяд, «бардорад зам кун». Аммо мутаассифона, дар мо дар чунин мавридҳо мақоли мардумии «буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу» ба ёди кас мезанад.

Зеро чунин тарзи муомила ва муносибат, ки аз ширкатҳо иҷоза ва ҳақи парвозро бигиред, на танҳо роҳи ҳал нест, балки ин бар зарари мардуми тоҷик аст. Чунки ин муҳоҷирон ба таври мавсимӣ кор мекунанд ва ҳоло барои онҳо як рӯзи офтобӣ муҳим ва боарзиш аст.

Намояндаи ширкати русӣ ҳамчунин пардохти зарари ворида ба ин мусофиронро бори дӯши мақомоти тоҷик кардааст, чунки гуфтааст вай, онҳо ҳеҷ коре хилофи шартнома накардаанд. Ҳавопаймои онҳо бо айби масъулони Тоҷикистон наметавонад мусофиронро бибарад. Дар ҳоле, ки мувофақа ҳосил шуда ва ҳатто парвозҳо ҳам анҷом шуда буданд.

Як нафар аз мусофирони бандмонда мегӯяд, ки:

« Агар масъулини Ожонси алоқаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар фикри халқи худ (муҳоҷирон) мебуданд, монеа намегузоштанд, баракс иҷозат медоданд, ки онҳо парвоз кунанд. Масалан, парвози рӯзҳои 10 то 14 то ба ин рӯзҳо кашола намешуд, чунки мусофирон, мусофирони маъмулӣ нестанд. Онҳо як тинашон ба ҳисобу китоб аст. Қарз гирифтагианд. Онҷо онҳоро мунтазиранд. Ҳамаи ин паҳлуҳои мураккаб ва мушкилофаринро бояд мулоҳиза ва  инсофан расидагӣ мекарданд».

Аз тарафи дигар ин мардум розӣ шудааст, ки бо ҳамин нарх (гарон) билет бихарад, пас Ожонси алоқаи шаҳрвандӣ чиро ғуссаи пули мардумро мехуранад? Магар «Сомон Эйр» арзонтар мепарад? Пас, чаро онро назорат намекунед?

Воқеияти таассуфбор ин аст, ки айни замон мардуми муҳоҷир дигар «виход» надорад. Поезд нест, автобус намегардад, танҳо роҳ ҳамин аст. Худро ба сад дар мезанаду қарз мегираду меравад, чун кораш «сезонний» аст. Ана, ҳамин «сезонний» будан фишори асосӣ аст, ки мардум чору ночор билетро гарон ҳам бошад мехарад.

Ин садҳо нафари бандмонда тайи ин муддат се ва чаҳор борӣ “справка”-и Ковид-19 харидорӣ карданд, ки харҷи изофӣ ва як зарбаи дигар ба ҷайби холишудаи онҳост. Албатта, дар зеҳни ҳар кадоме аз шумо ин саволҳо пеш меояд, ки «Ожонси алоқаи ҳавоӣ»- «оптовик»-и билетҳо моли кист?

Ин ширкат як зерсохтори «Тоҷикайр» буд, ки солҳо пеш аз тарафи Таҳмина Раҳмонова, духтари саввуми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ карда шуд. Бале, ин Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои оилаи ӯ ҳастанд, ки ҳатто дар ҳамин гуна рӯзҳои сахт ва душвори бар сари халқ омада даст ба талаву ғорати мардум мезананд.

Гаронии нархи билетҳоро на ширкатҳои русӣ, балки Таҳмина Раҳмонова сабаб шудааст. Ин Таҳмина аст, ки солона аз фурӯши танҳо ҳиссаи марбут ба «Сомонайр»-и бозори фурӯши билет 10.000.000 доллар даромади соф дорад. Ҳоло ки нархҳо маротибаҳо афзудааст ва ин афзоиши бамаротибӣ ҳамагӣ ба суратҳисобҳои ӯ меравад.

Вале сабаби дигари бандмондани садҳо нафар дар ин фурудгоҳҳоро як нафар корманди фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт, ки напардохтани доля ба фурудгоҳи Хуҷанд аз сӯи ин ширкат будааст. Ширкати русии «Северний ветер» мебоист як дарсадии муайяни арзиши билетҳояшро ба суратҳисоби Таҳмина ворез мекард ва барои онки ҳавопаймои бузургҳаҷмеро дар фурудгоҳ мешинонад ба раиси фурудгоҳи Хуҷанд Қурбон Исматуллоев, қудои Таҳмина Раҳмонова мебоист ҳақ медод, ки надодааст…аз ин ҷо аст, ки мардум сарсону саргардон аст ва инак 10 рӯз мешавад, ки авзоъ чуни наст.

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия пас аз як соли танаффуси маҷбурии вобаста ба пандемияи коронавирус дар моҳи апрел аз сар гирифта шуд. Ба навиштаи сомонаи Your.tj, ба ҳар як билети ҳавопаймо дар ин хатсайр 1000 нафар (!) талабгор ҳастанд.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Корманди Комиссариати ҳарбӣ гуфт, “ҳоло даври зулм аст” (ВИДЕО)

0

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз бадрафтории мақомдорон ва зӯран ба хонаи як сокин зада даромаданашон чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки биоси вокуниши корбарон гашта аст.

Вокуниши корбарон ба он хотир аст, ки дар навор дида мешавад, нафаре, ки эҳтӣимолан масъули Комиссариати ҳарбӣ аст ва аз номи ин ниҳод сӯҳбат мекунад ба даъвои ҷавон мегӯяд, ки “ҳоло давр, даври зулм”.

Ин сухани масъули Комиссариати ҳарбӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки ҷавони соҳибхона ин масъулро ба риоя накарадни қонун ва беиҷозат даромадан ба хонаи шаҳрванд муттаҳам мекунад.

Эҳтимол меравад ин навор аз рафти “облава” ё зӯран бурдани ҷаовонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ сабт шуд аст. То имрӯз чандин аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз қонуншикании кормандони комиссариятҳои ҳарбии Тоҷикистон нашр мешавад.

Вале дақиқ нест, ки ин “амалиёти облава” аз дохили хона дар кадом шаҳру ноҳияи Тоҷикистон рух додааст.

Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҷавононро барои ба хидмати ҳарбӣ бурдан аз роҳҳои зӯроварӣ истифода мешавад, ки борҳо ин масъала дар сатҳҳои гуногун мавриди интиқод қарор гирифта буд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими баҳорӣ ва тирамоҳӣ ҷавоноро бо усулҳои маҷбурӣ аз бозору кӯчаҳо дастгир карда ба хидмати ҳарбӣ мебаранд. “Облава”-и навбатӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки охири соли гузашта мақомт қонуни наверо дар бораи пулакӣ шудани хидмати ҳарбӣ қабул намуд ва тибқи он, ҳарки мехоҳад метавонад дар муқобили маблағ билети ҳарбиро харад. Аммо маблағи расмии он чӣ қадар аст, то ҳол чизе гуфта нашудааст.

Аксари мардум бар ин гумон буданд, ки бо қабул шудани ин қонун “Облава” аз байн меравад, вале чуноне ба назар мерасад ин мушкилӣ ҷомеаи тоҷикро тарк карданӣ нест.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори маъруфи тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш дар мавриди “Облава” шудани донишҷӯён менависад:

“Мегуфтанд, ки масъалаи “облава” сабуктар мешавад. Аммо… Дигар аз донишгоҳҳо ҳам меқапанду мебаранд? Дар давлате, ки ҳукумати қонун вуҷуд дорад, барои ин амал прокурораш парвандаи ҷиноӣ боз мекард!”

Коршиносон нарафтани ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ба бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ рабт медиҳанд.

Ҳамасола бо сабаби шиканҷаву барафторӣ дар қисмҳои низомӣ аз маъюб шудан ва ҳатто аз марги наваскарон хабарҳо нашр мешавад, ки ин боиси дилхунукии ҷавонон ба хидмат кардан дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гаштааст.

Занозании шадид байни муҳоҷирони тоҷик ва қирғиз дар қаҳвахонае дар Маскав

0

Хабаргузории “ТАСС” бо такя ба хадамоти матбуотии сарраёсати Вазорати умури дохилии Маскав иттилоъ дод, ки шоми 18-уми май дар ҷанубу ғарбии Маскав байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқиша ва даргирӣ ба амал омад.

Бино ба навиштаи манбаъ мушаххас карда шуда, ки дар ин даргирӣ 15 тан аз муҳоҷирон ширкат кардаанд. Шаш нафар дар натиҷаи ин занозанӣ маҷрӯҳ гардида ба шифохона интиқол дода шуда ва дигар ашхоси ширкаткунанда дар ин муноқиша барои равшан кардани ин қазия ба идораи пулис бурда шуданд.

Тибқи иттилои дарҷшуда, ин даргирӣ байни хориҷиён бар асари хусумати шахсӣ сурат гирифта ва хусусияти ҳаррӯза дорад. Бар асоси ин хабар ду тан аз иштирокчиёни ин даргирӣ ба вайрон кардани қонуни муҳочират ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Пештар низ дар расонаҳо аз даргирии тоҷикону қирғизҳо дар Русия хабарҳо нашр шуда буд.

Баъд аз даргирии марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели соли ҷорӣ хабарҳои занозанӣ дар байни шаҳрвандони ин ду ҳамсоякишвар бештар расонаӣ мешавад.

Русия дар бунёди постгоҳи марзӣ байни Тоҷикистону Афғонистон кумак мекунад

0

Русия ва Тоҷикистон ба зудӣ созишномаи байниҳукуматиеро ба имзо мерасонанд, ки тибқи он Федератсияи Русия дар бунёди посгоҳи муосири марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кӯмак хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи чоршанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар пайи мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин хабар дод.

“Имрӯз мо қадамҳоеро, ки барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон,  дар заминаи фаъолияти СПАД ва ҳамкориҳои дуҷониба андешида мешаванд, муҳокима кардем. Бо иштироки Қувваҳои Мусаллаҳи Русия мунтазам тамринҳои зиддитеррористӣ баргузор мешаванд ва дар ояндаи наздик мо созишномаи байниҳукуматиро имзо хоҳем кард, ки мувофиқи он мо дар бунёди посгоҳи муосири марзӣ дар яке аз қисматҳои сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кумаки молиявӣ хоҳем расонид.”- гуфт Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки ҳамтои тоҷикаш ба ин ақида ҳамфикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон омили муҳим дар субот ва амнияти Осиёи Марказист.

Ҳамчунин дар ин мулоқот Лавров қайд намудааст, ки Русия аз фаъол шудани террористон дар шимоли Афғонистон нигарон аст.

“Мо аз фаъол шудани ҷангиёни созмонҳои байналмилалии террористӣ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нигаронем. Мо омодаем ба Душанбе дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир тамоми кумаки заруриро расонем” – мегӯяд Лавров.

Вазир қайд кард, ки бо хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО аз ин Афғонистон, амнияти умумии Федератсияи Русия ва Тоҷикистонро бо назардошти вазъияте, ки айни ҳол дар Афғонистон ба вуҷуд меояд, хатарҳо таҳдид мекунад.

Дар робита ба ин, Маскав ва Душанбе иҷрои созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, аз ҷумла кумаки Русия дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро баррасӣ карданд, таъкид кард Лавров.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст ҳамчунин Лавров дар масъалаи кумак ба созиши марзӣ бо Қирғизистонро ҳам баррасӣ кардааст.

132 млн $ кумаки бебозгашти Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

0

Бонки ҷаҳонӣ барои беҳтар кардани роҳҳои минтақавӣ ба Тоҷикистон 132 миллион доллар маблағи грантӣ медиҳад.

Тавре ба хабаргузории “Авеста” аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 18-уми май дар Душанбе созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (АБР), созишнома байни АБР ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва ғайраҳо ба имзо расиданд.

Созишномаҳоро Вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, роҳбари Хадамоти гумруки кишвар, Хуршед Каримзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ян Питер Олтерс имзо карданд.

Арзиши умумии лоиҳа 132 миллион доллар маблағи грантӣ буда, татбиқи лоиҳа дар давоми солҳои 2021-2026 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани самаранокии тиҷорати наздисарҳадӣ байни иштирокчиёни иқтисодиёти минтақа, тобоварӣ ба офатҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои минтақавӣ дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Маблағи ҷудошуда барои барқарор кардани қитъаҳои роҳ дар минтақаи Суғд (Куруш-Бекобод – 12,3 км, Дехмой-Ғафуров – 21,9 км, Ғафуров-Хистеварз – 6,3 км, Кучкак-Конибодом – 10 км) ва ВМКБ (пул дар шаҳри Хоруғ – 1,1 км ва нақб дар Барсем – 3,2 км), нигоҳдории инфрасохтори роҳ, баланд бардоштани амнияти ҳаракат дар роҳҳо, содда кардани тартиби транзити сарҳадии молу мусофирон истифода мешавад.

Як намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Русия нопадид шуд

0

Аз дирӯз 18 майи соли ҷорӣ намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар Федератсияи Русия, Раҳматҷони Маҳмадҷон, ки шаҳрвандии Русияро низ доштааст, пас аз хона баромадан нопадид шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии “Гурӯҳи 24” хабар дод.

Бино ба иттилои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Раҳматчон бори охир рӯзи 18 май соати 12:19 тамос дошта, пас аз он то ба ҳол аз ӯ хабаре нест.

Гуфта мешавад, ин ҳаракати сиёсӣ барои пайдо кардани намояндааш дар Русия ва равшан намудани ҳодиса вакили дифоъ гирифтааст. Дар хабари “Гурӯҳи 24” омада, ки дар сурати пайдо шудани иттилои нав хонандагонро огоҳ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамроҳи Шобуддин Бадалов баъд аз баргузор намудани раҳпаймоии эътирозӣ дар Маскав боздошт шуданд. Дар умум Раҳматҷон ва Бадалов 30 рӯзро дар боздошт гузаронданд ва рӯзи 24-июли соли 2020 ба озодӣ баромаданд. Вале дере нагузашта субҳи 1 сентябри соли 2020 Шобудин Бадалов узви  “Гуруҳи 24”-ро дар манзили зисташ дар шаҳри Нижний Новгороди Русия афроди номаълум боздошт карданд.

Ҳаракати сиёсии “Гуруҳи 24” эълон кард, ки Бадаловро аллакай ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Вале бо гузашти қариб 9 моҳ мақомоти Тоҷикистон то ҳол истирдоди Шобудин Бадалов аз Русияро расман тасдиқ ё рад накардаанд ва сарнавишташ номаълум боқӣ мемонад.

Ба монанди Раҳматҷони Маҳмадҷон ва Шобуддин Бадалов дар гузашта низ узви фаъоли дигари “Гурӯҳи 24” Эҳсон Одинаев низ аз Русия нопадид шудааст. Одинаев, ки рӯзи 19.05.2015 аз Русия рабуда шудааст, то ҳол бо гузашти 6 сол тақдири ӯ норушан боқӣ мемонад.

ФАВРӢ! Вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев дар зиндон бад шудааст

0

Вазъи саломатии Маҳмурод Одинаев маҳбуси сиёсии тоҷик дар зиндон бад шуда, ба кумаки фаврии тиббӣ ниёз дорад. Дар ин бора ба “Аздо тв” аз зиндоне, ки Одинаев нигаҳдорӣ мешавад, хабар доданд.

Бино ба иттилои ин манбаъ, ба эҳтимоли зиёд муовини раиси ҲСДТ сактаи қалбӣ гирифтааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар муддати бемориаш касе аз наздиконаш аз берун ба ӯ хӯрок ва ё кумаке набурдааст.  

Ёдовар мешавем, ки пайвандони ӯ ва ҳамчунин масъулони ҲСДТ дар моҳи апрел аз вазъи саломатии ӯ нигаронӣ карда буданд. Он замон Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфта буд, ки вазъи саломатии Одинаев дар боздоштгоҳ бад шудааст ва ӯро бо аробачаи маъюбӣ мегардонанд. Зери назорати табибон будани ӯро масъулони зиндон низ тасдиқ карданд.

Дар аввали боздошти Одинаев наздиконаш дар суҳбат ба “Аздо.тв” гуфта буданд, ки ӯ бемор аст ва роҳ рафта наметавонад ва ҳамчунин биноияш низ заиф шудааст, то ҳадде, ки одамро хуб намешиносад. Наздиконаш шиканҷа шудани ӯро аз эҳтимол дур намедонанд. Аммо мақомот шиканҷа шудани Одинаевро рад карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси ҲСДТ-ро ба 14 соли зиндон маҳкум кард.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худу хонаводааш бисёр мегуфт. Фаъолону мухолифон боздошту эълони иттиҳом бар зидди Маҳмурод Одинаевро тарҳрезишуда меноманд, ки бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд.

То 15 июн камтар аз як моҳ монд, муҳоҷирони ғайриқонунӣ ихроҷ мешаванд?

0

Торнамои “Москва 24” хабар медиҳад, ки ҳамарӯза Маркази муҳоҷират дар Путилковои наздикии Маскав мавриди ҳамлаи ҳазорон муҳоҷирон қарор мегирад.

Муҳоҷирон аз шаб навбат мегиранд ва рӯзҳо интизори қабул онҷо мемонанд. Муҳоҷирон саъй доранд, то 15 июн иҷозатномаи кор бигиранд чун рӯзи 15-уми июн мӯҳлати моратория ба ихроҷ аз қаламравӣ Русия, ки тибқи фармони президент, бинобар вазъи эпидемиологӣ, амал мекунад, ба охир мерсад.

Тибқи ин фармон муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз қаламрави Русия бинобар вазъи эпидемиологӣ то 15 июн ихроҷ карда намешаванд. Аммо пас аз ин муҳлат касоне, ки натавонистанд муҳлати будубоши худро қонунӣ гардонанд ба таври автоматӣ ихроҷ хоҳанд шуд.

Аз нимаи соли 2020 бо Фармони президенти Русия Владимир Путин ин маратория чанд дафъа тамдид шуда буд. Ин навбат ҳам муҳоҷирон интизор доштанд, ки чунин иқдоме сӯрат бигирад. Коршиносjн мегӯянд, бо ҳамин сабаб муҳоҷирон масъаларо аз аввал ҷиддӣ нагирифтанд.

Бояд гуфт, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой рӯзи 16 апрел дар ҷаласаи Маҷмаи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ (СНГ) аз мақомоти ин кишварҳо талаб кард, ки то 15 июн муҳоҷирони ғайриқонуниашонро аз Русия берун бикашанд. Дар акси ҳол ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия ихроҷ карда мешаванд ва марзҳои барои онҳо баста мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар Русия муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз кишварҳои ИДМ дар умум беш аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумор 247 ҳазорашо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ин ҳолат ба гарон шудани билетҳо барои баргашти муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия оварда расондааст ва муҳоҷиронро ин вазъият нигарон кардааст. Дар ҳамин ҳол парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия пурра барқарор нашуда дар ҳафта танҳо ду парвоз байини Душнабе ва Маскав сурат мегирад.