Хона блог саҳифа 644

Музокироти нав байни Тоҷикистону Қирғизистон ва гузоштани постгоҳҳо аз ду ҷониб

0

Рӯзи 17-уми май байни Тоҷикистон ва Қирғизистон музокироти нав сурат гирифт, дар ин музокирот Тоҷикистон ба шарти Қирғизситон розӣ шуд то шаҳрвандони худро танбеҳ бидиҳад.

Торнамои Радиои Озодӣ бо такя ба қавли манобеаш навишта, ки “танҳо баъд аз иҷрои шарти ҷониби Қирғизистон, яъне чораҷӯӣ нисбат ба раиси маҳаллаи Тоҷикони Исфара, Ғафур Ҷӯраев, убури амн аз деҳаҳои қирғизнишин таъмин карда шуд. Намояндагони Қирғизистон даъво карданд, ки ӯ дар лату кӯби сокинони боздоштшудаи қирғиз даст дорад.”

Музокироти 17-уми май бар сари он шуръ шуд, ки се шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Ворух ба Хоҷаи Аъло мерафатаанд дар роҳ аз ҷониби марзбонони Қирғизистон боздошт шуданд.

Пештар сухангӯйи Ҳукумати Исфара Зубайдулло Шомадов гуфта буд, ки “се шаҳрванди моро дар деҳаи Оқсой аз “Газел” фароварда, гаравгон гирифтаанд. Дар посух тоҷикон низ се шаҳрванди Қирғизистонро дастгир кардаанд. Дертар боздоштшудаҳои ду тараф дар пайи музокироти 17-уми май, ки бар сари боздошти шаҳрвандон сурат гирифт ба ҳамдигар супурда шуданд.

Ҳоло мақомоти Қирғизистон даъво дорад, ки се сокини боздоштшудаи Оқсой аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон лату кӯб шудаанд ва барои муолиҷа дар бемористон қарор доранд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон иттилоъ медиҳад, ки дар музокироти 17-уми май, ки бо иштироки раҳбарони вилоятҳои Суғду Бодканд гузашт, ду тараф ба хулоса расидаанд, ки он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар лату кӯби сокинони боздоштшудаи Қирғизистон даст доранд, “ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд”.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Тоҷикистон аз вазъи шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик чизе намегӯяд. Ва ҳамчунин ҳеч маълумоте аз натиҷаи музокирот бо ҷониби Қирғизистон ироа накардааст.

Тасмими дигари мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон пас аз он музокирот ин буда, ки байни Воруху Оқсой посгоҳҳои пулис гузошта шаванд. Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон аз субҳи имрӯз, 18 май пулиси ду ҷониб ба нигаҳбонии муштараки минтақаи марзӣ шурӯъ карданд.

Аз субҳи имрӯз мошинҳо дар масири Хоҷаи Аъло – Ворух ва Оқсой – Тамдик ҳаракат мекунанд. Инчунин барои ҳалли саривақтии масоили марзӣ тасмим гирифта шудааст, ки ҳар ҳафта ҷаласаҳо баргузор карда шавад.

Солҳост, ки ба сабаби аломатгузорӣ нашудани марзи 976 километрӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон боиси задухӯрдҳо дар минтақаҳои баҳсбарангез мешавад. Муноқишаи 28 ва 29 апрел дар марз байни ноҳияҳои Исфара ва Батканд аз хунинтарин муноқишаҳо буд, ки дар пайи ин даргириҳо аз ду ҷониб 56 нафар кушта ва беш аз 230 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Душанбеву Бишкек ҳарду якдигарро дар оғози муноқишаи мусаллаҳона гунаҳкор медонанд ва барои таҳқиқи ҳодиса парванда кушодаанд. Дар пайи ин муноқиша гурӯҳҳои нақшабардории марз аз сӯи ду кишвар ташкил шуда ва тасмим гирфита шуд, ки 12 км марзи байни ду кишвар байни ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафураф дар вилояти Суғд, Батканд ва Лилак дар вилояти Батканд аломатгузорӣ шавад.

Даври аввали машваратҳо дар шаҳри Уши Қирғизистон аз 5 то 9 май баргузор шуд, вале ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бидуни тавофуқ ба поён расид. Ҷаласаи дуввуми гурӯҳҳои харитасозии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 13-17 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ин ҷаласа низ натоҷие дар пай надошта чун вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон эълом доштанд, ки музокироти рӯзи душанбе бо эҳтироми тарфайн ва дӯстона баргузор шуд ва ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки музокиротро дар оянда идома диҳанд.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони хориҷии давлатҳои аъзои СААД дар Душанбе

0

Рӯзи 19 майи соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мегардад.

Ин ҷаласа таҳти раҳбарии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ва бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия барпо мегардад. Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ин ҷаласа дабири кулли СААД Станислав ширкат хоҳад кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКХ-и Тоҷикистон дар ин ҷаласа ҳолат ва дурнамои рушди амнияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Инчунин Нақшаи машваратҳо дар умури масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии имзои Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД баррасӣ хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, ки пеш аз оғози ҷаласаи мазкур, вазирони корҳои хориҷиро, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки имсол раисии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад,  ба ҳузур мепазирад.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз тарафи ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ 15 майи соли 1992 ташкил шудааст. Ба ин созмон Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узв мебошанд.

Сармоягузории беш аз 3 миллиард долларии Чин дар иқтисоди Тоҷикистон

0

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳаҷми сармоягузориҳои Чин дар иқтисоди Тоҷикистон дар охири соли 2020 ба 3 миллиарду 15 миллион доллар расид.

Хабаргузории “Азия-Плюс” ба нақл аз манбааш дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон навишт, ки вуруди сармоягузорӣ аз Чин соли 2020, 152 миллионро ташкил дод, ки аз он 120 миллон доллар сармоягузориҳои мустақим мебошад.

Саҳми сармоягузории асосии Чин дар иқтисод, соли гузашта 35,5 дарсади хаҷми умумии сармояи ҷалбшудаи хориҷиро ташкил медиҳад.

Дар маҷмуъ, дар соли 2020 вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ 428,4 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он 162,5 миллион доллар сармоягузории мустақим, 265,9 миллион доллар сармоягузориҳои дигар мебошанд (қарзҳои имтиёзнок ва дигар сармоягузориҳои молиявӣ).

Сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо дар нимаи дуввуми соли 2000 ворид шудан гирифт.

Аввалин, нисбатан калон, сармоягузории Чинро Тоҷикистон соли 2007 пас аз имзои шартномаи ҳамсоягии нек, дустӣ ва ҳамкорӣ ҷалб кард.

Вуруди назарраси сармоягузориҳои Чин пас аз ҳалли масоили ҳудуди марзӣ байни ду кишвар дар соли 2011 оғоз ёфт.

Дар солҳои 2007-2020 аз 65 кишвари ҷахон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 10,3 миллиард доллар ҷалб карда шуд, ки тақрибан 30 дарсад ба Чин рост меояд. Пас аз он Русия (1,6 миллиард доллар), ИМА (703 миллион доллар), Англия (694 миллион доллар), Қазоқистон (577 миллион доллар) ҷойгиранд.

Маблаггузории асосии Чин тақрибан дар тамоми бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон ба назар мерасад, ки афзалият ба иктишоф ва истихроҷи маъдан, алоқа, сохтмон, хадамоти молиявӣ, барқ, инфрасохтор, саноати кимиё ва бофандагӣ, ҳамчунин кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дода мешавад.

Бар асари фурӯ рафтани теппа дар ноҳияи Деваштич ду зану се кӯдак ҷон бохт

0

Рӯзи 17-уми май дар деҳаи Дархони ноҳияи Деваштич 2 зан ва 3 кӯдак баъд аз фурӯ рафтани теппа болои ошхона ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора сокинони деҳаи Дархон ба “Sputnik” хабар доданд.

Ба гуфтаи сокинон, соҳибхона зани 32-сола буда, бо ду писараш, ки яке синфи сеюм ва дигарӣ синфи чорум мехонданд, аз хонаводаҳои Эшонқуловҳо буданд. Зани 23-солаи дигар, ки бо писарчаи яксолааш ба меҳмонӣ рафтаанд, аз хонаводаи Ёқубовҳо будаанд.

Гуфта мешавад, “Ҷасадҳои онҳо дар пайи талоши мардуми маҳал ва мақомоти зидахл ба зудӣ аз дохили гилу хок берун оварда, ба маркази ташхиси тибби судии ноҳияи Деваштич интиқол дода шуд”.

Сокинони деҳаи Дархон сабаби фурӯ рафтани теппаро ба зиёд обёрӣ шудани он рабт медиҳанд. Ба гуфтаи яке аз сокинон, дар ин теппа сафедор шинонда ва онҳоро қаблан об дода будаанд. Дар пайи зиёд обёрӣ шудан теппа ҳам нарм шуда, фурӯ рафтааст.

Ҷанозаи фавтидагон, имрӯз яке соати 8-и субҳ ва дигари соати 11 ба вақти Тоҷикистон баргузор гардид. Дархон (деҳае дар ҷамоати Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштич буда, ҳудуди 3 ҳазор сокин дорад.

Байни Тоҷикистону Қазоқистон 5 санад дар ҳаҷми 100 млн $ ба имзо расид

0

Рӯзи 17 май дар Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони тоҷику қазоқ баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш байни Тоҷикистону Қазоқистон 5 санади ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат дар ҳаҷми умумии 100 млн доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Ин чорабинии тиҷоратӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст рӯзҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев бо сафари расмии ба Тоҷикистон биёяд.

Бино ба гузориши “Авесто” дар форуми тиҷории мазкур 16 ширкати Қазоқистон ва тақрибан 100 ширкати ватанӣ ширкат варзиданд.

Гуфта шуд, ки гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли 2020 909,8 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 5,3% камтар аст.

Соли гузашта Тоҷикистон ба Қазоқистон ба маблағи умумии 152,2 миллион доллар ва аз Қазоқистон ба маблағи 757,5 миллион доллар мол ворид кардааст.

Ҷониби Қазоқистон иттилоъ дод, ки молҳои асосии содиротии Тоҷикистон ба ин кишвар нерӯи барқ, пахта, алюминий ва маҳсулоти он, маъдан, меваю сабзавот, масолеҳи нассоҷӣ ва ғайра мебошанд.

Аммо маҳсулоти воридотӣ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ғалла, орд, инчунин равғанҳои ҳайвонот ва растанӣ, намак ва ғайра мебошад.

Гуфта мешавад, дар ин форуми тиҷоратӣ 5 санад ба имзо расида: се қарордод барои таҳвили маҳсулоти Қазоқистон ва ду ёддошти ҳамкорӣ ба маблағи умумии то 100 миллион доллар.

6 шикояти нав дар парвандаи Иззат Амон афзуда шуд

0

Ба тафтишот алайҳи Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва раиси “Маркази тоҷикон” дар Маскав, 6 шикояти дигар ворид шудааст. Дар ин бора Сайидбурҳон Шарипов вакили дифои Иззат Амон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи Шарипов то кунун муфаттиши парванда дар ин маврид пурсиш нагузаронидааст ва  ин пурсиш қарор аст рӯзҳои наздик гузаронида шавад. Вакили дифои Иззат Амон мегӯяд, ки намедонад зерҳимояааш ин шикояткунандаҳоро мешиносад ё не, чун дар гузашта Иззат Амон гуфта буд, бархе аз шикояткунандаҳоро намедонад ва бори аввал мебинад.

Ҳамчунин вакили дифоъ гуфт, ки онҳо ҳоло талош доранд то ҳар шикоят ё зарари расидаеро, ки Иззат Амон бар дӯш мегирад, товони онро пардохт кунанд.

Ин шикоятҳои нав дар ҳолест, ки рӯзи 22 апрел, Сайидбурҳон Шарипов ба расонаҳо гуфта буд, ки талош доранд, ки парвандаи зерҳимояи ӯ мувофиқи қонуни афви соли 2019 банду баст шуда, парванда қатъ карда шавад.

Шарипов сару садоҳои рӯзҳои ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимои дар бораи Иззат Амон нашршударо беасос номида, шароити нигоҳубини зерҳимояашро хуб арзёбӣ кард ва гуфт, ки зерҳимояаш шиканҷае нашудааст.

Ҳамчунин Шарипов аз он шикоят кард, ки нафарони зиёде дар расонаҳо барои пуштибонӣ аз зерҳимояааш изҳори расонидани ёриҳои молиявиро мекунанду вале то кунун ба Иззат Амон касе кумаке накардааст. Ӯ ин амалро “дастгирии ҳавоӣ” номида, мегӯяд, агар онҳо бихоҳанд ёрӣ кунанд ба ҳамсараш, ки дар Маскав ва писараш, ки дар Тоҷикистон аст, метавонанд як суратҳсоб кушоянду  кӯмак намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта ҳамкорон ва шогирдони Иззат Амон, ки то боздошти ӯ дар “Маркази тоҷикон” дар Русия ҳамроҳаш кор мекарданд, аз таъқибу бозпурсӣ шудани хонаводаҳояшон аз ҷониби мақомоти интизомии кишвар хабар доданд.

Иззат Амон як чеҳраи маъруф ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон рӯзи 25 моҳи март шаҳрвандияш лағв ва рӯзи 27 дар Тоҷикистон хабари боздошташ расонаӣ шуд. ВКД-и Тоҷикистон Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳм намуда, нисбаташ бо моддаи 247, қисми 4-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикстон парванда боз кардааст.

Аммо наздикони ӯ ва ҷомеаи шарҳрвандӣ ин иттиҳомотро рад мекунанд ва парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ унвон кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик дар шаҳри Маскав барои озодии ӯ даст ба эътироз заданд ва дар назди сафорати Тоҷикистон талаби озодии Иззат Амонро карданд. Дере нагузашт, ки тақрибан ҳамаи муҳоҷирон боздошт шуданд, ки бо кумаки созмонҳои ҳуқуқӣ ва дахолати мухолифон озод карда шуданд.

Ҳамчунин дар баробари ин бо ибтикори КДАМ-и Тоҷикистон тақрибан ҳаррӯз донишҷӯён, омӯзгорон ва сокиноне, ки Иззатро умуман намешинохтанд дар назди дурбин ӯро ба қаллобӣ айбдор мекарданд.

Боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду корманди Вазорати молияи Тоҷикистон

0

Ожонсии назорати давлатии молия ва мубориза бар зиди каррупсия дар Тоҷикистон ду корманди Вазорати молияро дар азхудкунии маблағи калон муттаҳам дониста алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда аст.

Маркази матбуотии Ожонсии зидди фасоди кишвар итилоъ дод, ки дар нисбати сардори раёсати молияи Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон Наргис Рузиева ва мутахассиси пешбари ҳамин раёсат Тахмина Юсупова бар асоси моддаҳои 245 қисми 4 (азхудкунии маблағҳои махсусан миқёси калон) ва 323 (сохтакории расмӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда аст.

Тибқи маълумоти зидди коррупсиёни, шахсони дар боло зикргардида бо роҳи сохтакории хуҷҷатҳои муҳосиби аз соли 2018 то 2020 беш аз 4 миллиону 72 ҳазор сомониро аз они худ кардаанд.

Дар сурати исботи гуноҳ ба онҳо то 12 сол зиндон таҳдид мекунад.

Назари бозддоштшудаҳо ва ё наздикони онҳо то ҳол дастрас нест.

Як муҳоҷири тоҷикро аз Русия барои 30 сол ихроҷ карданд

0

Дар Якутия шаҳрвандии як муҳоҷир аз Тоҷикистон лағв карда шуд. Дар ин бора ТАСС бо такя ба Хадамоти матбуоти ФСБ Русия хабар дод.

Бино ба иттилои ин расона, ин муҳоҷир марди 47-сола буда, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба Хадамоти муҳоҷират маълумоти бардурӯғ додааст.

Ҳанӯз ӯро моҳи апрел дастгир намуда дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ нигоҳ дошта, сипас ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд.

ФСБ-и Русия гуфтааст, ки ин мард дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар канори гурӯҳҳои исломӣ меҷангид.

Ба иддаои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин мард кӯшиш кардааст, ки шахсияти худро пинҳон кунад, зеро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар Тоҷикистон метарсид. Ба ҳамин хотир бо додани маблағ шиносномаи миллии худро бо маълумоти нави шахсияташ иваз кардааст.

Дар баробари маҳрум намудан аз шаҳрвандии Русия ва ихроҷ, вуруди ин муҳоҷирро ба Русия барои 30 сол манъ кардаанд.

Шахсияти ин шаҳрванди Тоҷикистон ошкор нашудааст ва назари ӯ то ҳол дастраси расонаҳо нагардидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш кумак кард

0

Кумиати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз расондани кумак ба зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш хабар дод. 17-уми май кормандони КҲФ бо намояндагони Кумитаи меъмории Тоҷикистон хонаҳоеро аз назар гузарониданд, ки эҳтимолан барои зиндагии оянда хатар доранд.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Вахш Ситоди фаврӣ барои куамк ба осебдидагони сел таҳти сарпарастии ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Исозода таъсис ёфта шабонарӯз фаъолият мекунад.

Барои бартарафсозии оқибатҳои сел 15 нафар афсарони Раёсати Куитаи ҳолатҳои фаввқулодда дар вилояти Хатлон ва се мошини махсус хидмат мекунад.

Тибқи иттилои Кумита давоми як шабонарӯзи гузашта 40 сарбози қисми низомии КҲФ дар ноҳияи Вахш бо истифода аз ду мошин 9 хонаро аз лойю лойоба тоза намуда, дар шаҳраки хайманишинон барои осебдидагон боз 8 хайма заданд.

“16 майи соли 2021 ҳангоми ҳамоҳангсозии кори Ситоди фаврии КҲФ дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” – и ноҳияи Вахш, ки аз сел зарар дида буд, ташкилоти “Собир Сам” 7 мошини боркаш, ду таҷҳизоти механикии борбардор ва 1 экскаваторро барои таъмири роҳҳои байни деҳаҳо ҷудо кард. Ин мошинҳо то кунун 32 маротиба лойю ифлосиҳо ва сангу шағалу селовардҳоро аз макони офат берун кашидаанд”,-омадааст дар хабари Кумита.

Ҳамчунин қайд мегардад, ки то имрӯз дар маҷмуъ 760 метр роҳи вайрондушдаи деҳот асфалтпӯш карда шудааст.

“Аз рӯзи аввали оғози бартарафсозии паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда то 17-уми майи соли 2021 1900 метр роҳ дар минтақаҳои офатзада мумфарш карда шудааст”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳамарӯза аз ҳисоби мақомот ва низ бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ ба осебдидагон ҳам маводи ғизоӣ ва ҳам ашёи ниёзи аввал кумак мерасонад.

Дар ин ноҳия ва дигар минтақаҳои офатзадаи Тоҷикистон корҳои баратафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ идома доранд.

Расонаҳои Украина аз кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон дар Луганск хабар медиҳанд

0

Ба гузориши “Аздо тв” ба нақл аз вебгоҳи укроинии “sprotyv.info”, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳои муссалаҳи ҷудоихоҳи мавриди ҳимояти Русия дар Луганск меҷангидааст, кушта шудааст.

Ин расона менависад, ки “наздики як моҳи пеш дар 6 апрлел як ҷангҷӯи зархарид аз Тоҷикистон ба номи Абдуқаҳҳор Замонов аз байн бурда шуд. Аз кушта шудани ҷангҷӯи 41-солаи сокини шаҳри Душанбе дар мантақаи вилояти ишғолшудаи Луганск дирӯз расонаҳо огоҳ шуданд”, – омадааст дар хабари “sprotyv.info“.

Хабари марги ин зодаи Тоҷикистон дар Луганскро Анатоли Штефан, сарҳанги НМУ нерӯҳои мусаллаҳи Укарина дар телеграм-канали худ нашр кардааст, аммо аз ҷузъиёт ва чӣ гуна кушта шудани Каҳҳор Замоновро шаҳр надодаст.

Як огоҳи умури Украина дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ки мақомоти низомии Украина дастраси ба омори кушташудаҳои ҷангҷӯёни ҷудоиталаби Луганск надоранд, вале ӯ афзуд, вебгоҳи “sprotyv.info” мавриди эътимоди расонаҳо мебошад ва ҳамеша хабарҳои дуруст нашр мекунад.

Вебгоҳи дигари укройнӣ “myrotvorets” маълумоти кӯтоҳе дар бораи ин зодаи Тоҷикистон нашр кардааст, ки бар асоси он Замонов Абдуқаҳҳор мутавалиди 02,09,1979 сокини шаҳри Душанбе будааст. Аммо ӯ 6 апрел дар шаҳри Первомайский вилояти Лугански Украина кушта шудааст.

Ин хабар то ҳанӯз аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ё Луганск тайид ва ё рад нашудааст, дар сурати пайдошудани маълумоти бештар хабар такмил хоҳад шуд.