Хона блог саҳифа 642

Гуфтушуниди намояндагони Тоҷикистон ва Узбекистон барои муайян ва мушаххас кардани хатти марзӣ

0

Намояндагони ҷониби Тоҷикистон ва Узбекистон оиди аломатгузории марз мунтазам гуфтушунидҳо анҷом медиҳанд.

Хабаргузории “Спутник” бо такя ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Узбекистон навишта, ки ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар Хуҷанд ба гуфтугӯ пардохтанд.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ҷумҳуриҳо масоили аломатгузории марзиро баррасӣ карданд.

Силсила гуфтушунидҳо тақрибан як ҳафта аз 17 то 22 -уми майи соли равон идома ёфт.

Намояндагони Тоҷикистон ва Узбекистон корҳои таъйин ва мушаххас кардани марзро баррасӣ намуда дар мавриди хатти аломатгузории лоиҳа ва таъсиси аломатҳои марзӣ табодули афкор карданд.

Корҳо дар самти муқаррар кардани марзҳои давлатӣ идома хоҳанд ёфт. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо протокол ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти қаблии намояндагони ду ҷумҳурӣ дар бораи масоили марзӣ дар охири моҳи март баргузор шуда буд. Дар марҳилаи қаблӣ Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи корҳои замини топографӣ ва геодезӣ дар замин ба тавофуқ расиданд.

Дарозии марзи Тоҷикистону Узбекистон 1,33 ҳазор километрро ташкил медихад.

Пас аз пошхурии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ тақрибан 20 дарсад хатти марзи давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон тақсимнашуда боқӣ монд.

Кумаки иловагии 21,2 млн $ Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон

0

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе Ян-Петер Олтерс дар мавриди маблағгузории иловагӣ барои вокуниши фавқулода ба таҳдиди “COVID – 19” дар Тоҷикистон созишнома имзо карданд.

Хабаргузории Азия Плюс аз қавли манбааш дар Вазорати молия иттилоъ медиҳад, ки дар доираи созишномае, ки рӯзи ҷумъаи гузашта ба имзо расид, Бонки Чаҳонӣ ба ҷумхурӣ 21,2 миллион долларро ройгон медиҳад.

То маблағ барои дастгирии соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла хариди ваксина алайҳи коронавирус, таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ, санҷишҳо, дастгирии системаи эмкунӣ ва омӯзиши кадрҳое, ки дар ваксина кардан иштирок мекунанд, ба нақша гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, ин маблағ барои харидани ваксинаҳо алайҳи дигар бемориҳои сироятии мавсимӣ истифода мешавад.

Қисми маблағҳои ҷудошуда ба кумаки яквақта ба оилаҳои камбизоати дорои фарзандони хурдсол ва маъюбон равона карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар ибтидои моҳи апрели соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи ин лоиҳа ба Тоҷикистон 11,3 миллион доллар ҷудо карда буд. Дар моҷи феврали соли равон бошад, ба таври ройгон 12,57 миллион доллари бе бозгашт ҷудо карда шуд.

Раҳмон дар суҳбат бо ҷавонон аз хиёнату хиёнаткорӣ гуфт

0

Ҳамасола рӯзи 23 май дар Тоҷикистон, Рӯзи ҷавонон таҷлил карда мешавад. Ба муносибати ин рӯз, рӯзи 21-уми май Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон мулоқот анҷом дод.

Дар оғози суханрониаш ӯ қайд кард, ки ӯ аввалин мулоқоти худро бо ҷавонон ба ҳайси роҳбари давлат 17 марти соли 1994 анҷом додааст. Ба гуфтаи Раҳмон, масъалаҳои асосӣ ва вазифаҳои он вохӯрӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва муттаҳидсозии ҷавонон дар ин давраи хеле душвор ва ба фаъолияти эҷодӣ равона кардани онҳо буд.

Мисли ҳарвақта Раҳмон имрӯзро бо 30 соли пеш муқоиса намуда гуфт, ки агар дар соли 1992 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буд, ки дар онҳо 70 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард, пас соли 2021 дар кишвар 41 муассисаи олии таълимӣ бо 245 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд.

Дар ин вохӯрӣ Раҳмон аз суиистифодаи фаровони гурӯҳҳои террористиву ифротӣ аз фанновариҳои навин ва бахусус имконоти Интернет гуфта қайд намуд, ки “солҳои охир 70 фоизи шахсони ба сафи ҷангиёни кишварҳои дигар, аз ҷумла Сурияву Ироқ шомилшуда аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷалб ва истихдом гардидаанд.”

Бино ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, дар вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд.

Эмомалӣ Раҳмон сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми диниро, ба бесаводӣ рабт дод.  

Дар ин робита ӯ гуфт, ки бояд ҳамкориҳоро байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, волидон ва фаъолон тақвият додан лозим аст, то ҷинояткории ноболиғон ва ҷавонон пешгирӣ карда шавад.

Дар идома ӯ гуфт: “Шумо, фарзандони азиз, ҳеҷ гоҳ виҷдону имони худро нафурӯшед, ба Ватани маҳбубамон, миллати бостониамон ва давлати соҳибихтиёрамон ҳаргиз хиёнат накунед. Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд. Шумо бояд фахр кунед, ки шумо насли давраи истиқлол ҳастед ва дар як кишвари озод ва соҳибихтиёр зиндагӣ мекунед. Мо ба ҷавонон ҳамчун як нерӯи бузурги созанда такя мекунем ва итминон дорем, ки шумо рисолати бузурги таърихии ба зиммаи шумо супурдашударо бошарафона иҷро хоҳед кард”.

Дар ҳоле Раҳмон аз хиёнат мегӯяд, ки мухолифин фурӯхта шудани заминҳои Тоҷикистонро ба Чин хиёнат медонанд ва мегӯянд ин амал нобахшиданист.

Илҳомҷон Ёқубов яке аз фаъолони сиёсӣ дар саҳифаи фейсбукиаш зери ин хабар менависад, “Фаромӯш накунед, ки мардум хиёнат ва хиёнаткорро ба ҳеҷ ваҷҳ намебахшанд. Бале то қиёмат миллат замине,ки ба Чин фурӯхта шуд ва хиёнати бузурге анҷом шуд ва ҳоло ба Ворух хиёнат шуда истодааст ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад”.

Ожонсии ҳавопаймоии шаҳрвандии Тоҷикистон парвозҳои ширкати “Сибир Эйрлайнс”-ро манъ кард

0

Бино ба гузориши хабаргузории “Азия Плюс” дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб беш аз 500 мусофир бинобар қатъ шудани парвози ҳавопаймои “Сибир Эйрлайнс” натавонистанд ба Русия парвоз кунанд.

Ҷурабек Тоҷибеков муовини раиси ширкати “Сибир авиалинии” дар суҳбат бо “Азия плюс” гуфт, дар лаҳзаҳои ахир ба иллатҳои ба мо номаълум Ожонсии авиатсияи гражданӣ парвозҳои моро қатъ кард.

Ба гуфтаи вай ширкати ҳавопаймои “Сибир” аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Русия-Владивосток, Новосибирск, Саратов, Барнаул ва Волгоград парвозҳои чартерӣ анҷом медихад.

Ҷурабек Тоҷибеков дар идомаи суҳбаташ афзуд, арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ аз қимате, ки мо бо Ожонси мувофиқа кардем зиёд нест. Аммо масалан имрӯз 21-уми май 3 парвози мо дар самти Кемерова, Волгоград ва Барнаул дар Кӯлоб қатъ гардид. Парвоз ба самти Кемерова мебоист дирӯз соати 9 субҳ анҷом меёфт, вале ин парвоз сурат нагирифт.

Ҳоло дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб беш аз 500 мусофир мунтазири парвоз ҳастанд. Рӯзҳои ахир боз чанд парвоз қатъ карда шуд, вале мо интиқоли мусофиронро анҷом додем.

Чанд рӯз пеш Ожонсӣ ба ширкати ҳавопаймоӣ мактуб фиристод ва дархост кард, ки нархи ниҳоии чиптаро 500 доллар муқаррар кунанд,- мегуяд сухангӯи ширкат.

Ёдовар мешавем, ки Ожонсии авиатсияи граждании кишвар парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Шимолӣ Шимол ва Сибирро аз 11-уми май боздошт ва иллати ин тавқифро гарон фурухта шудани чиптаҳо аз ҷониби ин ширкатҳои ҳавопаймоӣ унвон кард.

Чанд рӯз қабл ба истиснои ожонсӣ ба ширкатҳо иҷоза додааст мусофироне, ки аллакай чипта харидаанд аз Душанбе ва Хуҷанд парвоз анҷом диҳанд.

Ожонсӣ гуфта, ки онҳо парвозҳоро танҳо дар сурате метавонанд барқарор кунанд, ки агар ширкатҳои хавопаймоӣ арзиши чиптаро тибқи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда муайян кунанд.

Вакилони намояндагони Тоҷикистон маоши 5-рӯзаашонро ба зарардидагони сел “хайр” карданд

0

Вакилони Маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатии ин дастгоҳ, маоши панҷрӯзаи худро ба сандуқи хайрияи Кӯлоб гузарониданд. Дар ин бора расонаи ҳукуматии “Ховар” хабар медиҳад.

Ба навиштаи “Ховар” ин маблағ барои кумак ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру навоҳии Кӯлоб равона мешавад. Дар бораи миқдори маблағ чизе гуфта нашудааст, аммо қайд карда мешавад, ки он барои бунёди ду хонаи нав кифоят мекунад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 май дар натиҷаи боронҳои шадид дар ҳудуди як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ селу обхезӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа боиси марги 9 нафар гардид.

Ҳамчунин дар натиҷаи он хонаҳои сокинони маҳаллӣ хароб гардида, роҳҳо ва дигар иншооти муҳимми иқтисодӣ осеб дидаанд.

Дар Тоҷикистон як Комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шудааст, ки хисороти воридшударо муайян ва ҳамаи паёмадҳои онро бартараф хохад кард.

Дар ҳайати ин комиссия роҳбарони Вазорати умури дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон шомил ҳастанд.

Дар Русия як муҳоҷири тоҷикро ба иттиҳоми кумак ба аъзои ҲНИТ ихроҷ мекунанд

0

Суди ноҳияи Калинини Уфа, шаҳрванди 35-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Замоновро барои вайрон кардани режими будубош дар Русия 2 ҳазор рубл ҷарима кард. Дар ин бора “Коммерсант” хабар медиҳад.

Бино бар иттилои Идораи ФСБ дар Бошқирдистон, ӯ ба аъзои “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” кумак мерасонидааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти муштараки додгоҳҳои Бошқирдистон, додгоҳ ӯро дар қонуншикании маъмурӣ гунаҳгор дониста, амр додааст, ки бо роҳи иҷборӣ аз марзи давлатӣ берун карда шавад.

Дар ҳоли ҳозир дар куҷо ва дар кадом ҳолат қарор доштани ин шаҳрванди Тоҷикистон маълум  нест.

То ҳол назари Замонов ва наздиконаш низ дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.

Бо пайдо шудани маълумоти нав дар ин бора, мо онро нашр хоҳем кард.

Баъд аз 11 рӯзи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил дар Ғазза оташбас эълон шуд

0

Шаби гузашта соати 02:00 ба вақти маҳаллӣ дар Ғазза оташбас барқарор шуд. Аҳолии Ғазза бо вуҷуди додани қурбониёни зиёд ин оташбасро пирӯзии худ дониста шаб ба кӯчаҳо баромада шодмонӣ карданд.

Бино ба иттилои расонаҳои исроилӣ шоми рӯзи 20 май давлати Исроил баёнияи тасмими худ дар мавриди оташбас дар Ғаззаро эълом кардааст. Гуфта мешавад, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии Исроил, ки шоми панҷшанбе баргузор шуд, барои оташбас дар Ғазза аксарият ба тавофуқ расиданд. Ва ин оташбас бо миёнҷигарии Миср ба даст омадааст.

Давлати Исроил дар баёнаи худ замони оташбасро эълом накард, аммо шабакаи “Ал-Ҷазира” ва дигар расонаҳо аз манобеи худ соати онро соати 02:00 субҳ ба вақти маҳаллӣ гуфта буданд.

Сухангӯи ҳаракати “Ҳамос” Абуубайда ба “Ал-Ҷазира” аз омодагии ин ҳаракат барои оташбас хабар дод ва гуфт, ки агар Исроил ба оташбас пойбанд бимонда, онҳо низ ба он пойбанд мемонанд ва ҳарвақт Исроил аз бомборон намудани хонаҳои аҳолии Ғазза даст кашад, онҳо низ ба сӯи Исроил мушак партоб намекунанд.

Президенти Амрико, Ҷо Бойден низ шаби гузашта дар суханорнияш аз ба даст омадани оташбас дар Ғазза истиқбол кард ва гуфт, ки ӯ бо сарвазири Исроил Бинёмин Натанёҳу дар мавриди оташбас борҳо суҳбат кардааст. Ва таъкид кард, ки давлати ӯ ҷонибдори шадиди сулҳу оташбас дар Ғазза мебошад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “мо ҳар соат қариб бо ҷиҳатҳои даргир дар тамос будем”. Дар идома президенти ИМА таъкид кард, ки Исроил ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад.

Давлати Исроил адвоми 11 рӯз бо ҳавопаймо ва мушакҳо Ғаззаро бомборон кард, ки дар натиҷа 230 фаластинӣ ҷон бохта 1710 нафар маҷруҳ шуданд. Дар байни ҷонбохтагон 65 кӯдак ва 36 зан низ ҳаст. Ҳамчунин дар натиҷаи ин ҳамлаҳо даҳҳо манзилҳои сокинони осоишта ва мақозаву дуконҳо ба хок яксон шуданд.

Дар навбати худ Исроил гуфт, ки “Ҳамос” аз шуруи даргирӣ беш аз 4 ҳазор мушакҳои ба ҷониби ин кишвар партоб кардааст, ки 12 нафар ба ҳалокат расидааст. Аммо омори маҷруҳин ва манзилҳои истиқоматии харобшуда дақиқ нест.

Дар изҳороти ҳукумати Исроил гуфта мешавад, ки дастовардҳои низомии Исроил дар даргириҳои низомӣ бо “Ҳамос” ва гурӯҳҳои фаластинӣ “бесобиқа” буданд. Ва нерӯҳои низомии Исроил қариб ки ба ҳадафҳои худ расидааст.

Аз сӯи дигар, як мақоми “Ҳамос” гуфтааст, ки оташбас “пирӯзӣ” барои мардуми Фаластин ва “шикаст” барои Бинёмин Нетанёҳу аст.

Ҳамчунин мухолифони ҳукумати феълии Исроил Натанёҳуро дар ин ҷанг шикастхӯрда эълон карданд. Раҳбари ҳизби “Yesh Atid” (Оянда дар пеш аст) ва номзад дар ташкили ҳукумати нави Исроил Яир Лапид гуфт, ки раҳбарияти сиёсии феълии кишвараш дар амалкард бо ташдиди даргириҳо дар Навори Ғазза ноком шудааст.

Лапид рӯзи панҷшанбе дар сафҳаи Фейсбукии худ навишт, ки пас аз 11 рӯзи оғози амалиёти нерӯҳио низомии Исроил бо номи “Муҳофизони деворҳо” чунин хулоса баровардан мумкин аст: “Артиш рисолати ба зиммааш гузошташударо иҷро кард ва ҳукумат ноком шуд.”

Пешниҳоди истифода аз нерӯи кории зиндониён ба ҷои муҳоҷирони корӣ дар Русия

0

Александр Калашников роҳбари Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (ФСИН ), ки умури зиндонҳои Русияро дар ихтиёр дорад, хостори истифодабарии нерӯи кории зиндониён дар корҳое шуд, ки пештар аз муҳоҷирони корӣ истифода мешуд.

Хабаргузории “Бомдод” ба нақл аз суханони Калашников, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар шаҳри Красноярск эрод намуда навишта, ки “… ахиран Владимир Путин бо роҳбарони минтақаҳои Осиёи Миёна Узбекистон, Тоҷикистон мулоқот дошт… сухан дар бораи ба роҳ мондани маҷрои муҳоҷирати корӣ ба иншооте мерафт, ки ба камбуди нерӯи корӣ дучор шудаанд. Вале мо дар воқеъ метавонем нерӯи корӣ пешниҳод кунем…. ин ГУЛАГ намешавад, ин бо шароити комилан нав ва шоиста ба роҳ монда мешавад, чунки ин одамон дар хобгоҳ кор мекунанд ва ё хона иҷора мекунанд ва ё корфармо барояшон шароити зиндагӣ бо аҳли оилаашонро фароҳам меоварад ва онҳо маоши шоиста хоҳанд гирифт”.

Путин дар воқеъ рӯзи 8 май дар дидораш бо раиси Ҷумҳурии Тоҳикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Русия дучори камбуди нерӯи корӣ шудааст ва ба муҳоҷирони корӣ ниёз дорад.

Ба гуфтаи Калашников, агар дар Русия дар соли 2010 беш аз 860 ҳазор зиндонӣ адои ҳукм мекард, то соли 2021 шумори зиндониён дар ин кишвар то ба ҳадди 483 ҳазор нафар поин омадааст. Аз ин шумор 188 ҳазор нафар ба гуфтаи роҳбари ФСИН, ҳақ доранд, ки ариза навишта иваз кардани навъи ҷазояшон аз зиндон ба корҳои ислоҳиро дархост кунанд.

Калашников афзуд, ки соли 2020 маоши зиндониён 11 дарсад афзоиш ёфт. Масъалаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия вақтҳои ахир доғтар шуда истодааст.  Моҳи апрел муовини аввали вазизири умури дохилии Русия Александр Горовой дар ҷаласаи маҷмааи байни парлумонии кишварҳои СНГ аз мақомоти ин кишварҳо даъват кард, ки то 15 июн муҳочирони ғайри қонуниашонро аз Русия берун бикашанд. Вагарна Русия маҷбур мешавад, ки даст ба чораҳои ҷавобӣ бизанад, ҳатто марзҳояшро бибандад.

Бино ба омори вазорати умури дохилии Русия дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ин кишвар беш аз як миллион аз шаҳрвандони кишварҳои СНГ ғайриқонунӣ қарор доранд. Аз ҷумла 332 ҳазор нафар шаҳрвандони Узбекистон, 247 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, 152 ҳазор шаҳрвандони Украина, 120 ҳазор шаҳрвандони Озарбойҷон, 115 ҳазор шаҳрвандони Қирғизистон, 61 ҳазор шаҳрвандони Арманистон ва 49 ҳазор нафар шаҳрвандони Қазоқистон, вале мақомоти Тоҷикистон ин арқом дар мавриди муҳоҷирони тоҷики ғайриқонунӣ дар қаламрави Русияро носаҳеҳ ва аз будаш зиёд медонанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, 1,6 млн муҳоҷири ғайриқонунӣ Русияро тарк накардаанд

0

Шуруъ аз моҳи марти соли гузашта, пас аз оғози пандемияи коронавирус, тақрибан 1,6 миллион муҳоҷир пас аз ба охир расидани асноди будубошашон дар ин кишвар Русияро тарк накардаанд. Дар ин бора ба ТАСС аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия иттилоъ медиҳд.

“Дар давраи аз 15 марти соли 2020 то имрӯз, тақрибан 1,6 миллион шаҳрванд мӯҳлати будубошашон дар Федератсияи Русия ба охир расида ва дар қайди Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи ихроҷашон аз ин кишвар маълумот набуд. Чораҳои андешида имкон доданд, ки вазъи ҳуқуқии тақрибан 400 ҳазор нафар ба танзим дароварда шавад. “, – гуфт манбаи ТАСС.

Дар моҳи апрели соли 2020 Президенти Русия Валидимир Путин фармоне содир кард, ки бар асоси он ҳама шаҳрвандони хориҷӣ ҳақ пайдо карданд, ки бо вуҷуди ба охир расидани асноди будубош муваққатан дар қаламрави Русия иқомат ва кор кунанд.

Ғайр аз ин, ба хориҷиёне, ки муддати тӯлонӣ дар Русия дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор доштанд, имконият дода шуд, ки аз асноди худро расмӣ намуда вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд. Фармони мазкур то 15 июни соли равон тамдид карда шуд.

Моҳи апрели соли равон муовини вазири корҳои дохилии Русия Александр Горовой зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ аз намояндагони кишварҳои ИДМ хост, ки вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунии кишварҳояшонро ба танзим дароранд ва ё онҳоро аз ин кишвар берун кунанд. Ӯ гуфта буд, ки дар ғайри ин сурат баъд аз 15 июн маҷбур мешавад ин муҳоҷиронро аз Русия ихроҷ кунанд.  

Горовой инчунин таъкид карда буд, ки нисбати шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ҳастанд, то 15 июн барои вайрон кардани режими муҳоҷират ягон қонун татбиқ карда намешавад.

Мақомоти Руия шаҳрвандони ғайриқонунии Тоҷикистонро 247 ҳазор гуфта буданд. Расонаҳои Русия менависанд, ки марказҳои муҳоҷират дар Русия аз муҳоҷирон пур шудааст. Таҷаммӯи онҳо ба хотири то 15 июн тартиб додани аснодашон дар назди ин марокизи Хадамоти муҳоҷират хеле зиёд шудааст.

Нопадид шудани шуморе аз муҳоҷирони тоҷик дар марзи Белорусу Русия

0

Гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехостаанд тариқи Белорус вориди Русия шаванд, нопадид гаштаанд. Шумори онҳо ҳудудан 42-45 нафар гуфта мешавад. Дар ин бора ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, Каримҷон Ёров дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Ёров дар суҳбати видеоии худ аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хост дар пайдо кардани шаҳрвандони бедаракшуда кумак кунанд.

“Паём” аз қавли Ёров менависад: “Ҳудуди 42-45 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 17 май аз Душанбе ба Минск парвоз мекунанд, то тавассути Белорус вориди Русия шаванд. Гурӯҳе аз тоҷикони “корчаллон” ба онҳо мегӯянд, ки шумо наметавонед бо роҳи қонунӣ аз роҳи заминӣ вориди Русия шавед, аммо мо метавонем кӯмакатон кунем то бо роҳи қочоқ вориди Русия шавед.

Ин гурӯҳ аз ҳар нафар 10 000 рублӣ мегиранд ва онҳоро ба мошинҳои сабукрав савор карда, ба шаҳри дигар мебаранд. Дар онҷо онҳоро ба дасти белорусҳо месупоранд. Белорусҳо муҳоҷирони тоҷикро ба минибусҳо савор карда ба бешае назди марзи Русия мебаранд ва дар онҷо ба нафари дигаре аз ҷониби Русяи месупоранд. Ӯ онҳоро дохилтар мебарад ва мегӯяд, ки сабр кунанд, то фурсати мувофиқ расад.

Муҳоҷирон баъди интизории чандсоата тасмим мегиранд ба гурӯҳҳои майда тақсим шуда ба самти Русия ҳаракат кунанд. Як гурӯҳи ҳаштнафара ва ду гурӯҳи сенафара муваффақ мешаванд ба Русия ворид шуда ба шоҳроҳ бароянд. Ду нафарро барои овардани дигарон мефиристанд, аммо онҳо боқимондаҳоро пайдо намекунанд. Дар тамоси телефонӣ мегӯянд, ки онҳоро ба Белорус баргардондаанд”.

Гуфта мешавад, гурӯҳе, ки вориди Русия шуда ба шоҳроҳ баромада буданд, баъди пурсидани роҳ, аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти федеролӣ (ФСБ) дастгир мешаванд. Онҳоро ҷабрдида эътироф карда ҷарима мекунанд ва ба Белорус бармегардонанд. Онҳо бо Каримҷон Ёров тамос мегиранд, аммо тақдири беш аз 30 нафари боқимонда маълум нест.

Ёров аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар Белорусу Русия хоҳиш кард дар пайдо кардани ин гурӯҳи шаҳрвандон кумак кунанд. Ӯ ҳамчунин аз муҳоҷирон хост бо роҳи заминӣ аз Белорус ба Русия нараванд, чун ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.

Пештар муҳоҷирон тариқи Узбекистон ва Қирғизистон ба хотири арзон будани билетҳои парвоз ба Русия сафар мекарданд. Аммо бори аввал аст, ки тоҷикон бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ин кишвар мераванд. Коршиносон ба чунин роҳ рафтани муҳоҷирони тоҷикро дар гаронии аз ҳад зиёди билетҳои парвоз ва оварагию саргардонии шаҳрвандон дар фурудгоҳҳо медонанд.

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 10 рӯз буд, ки дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд билетҳо дар даст мунтазири парвоз ба Маскав ва Қазон буданд. Баъзе аз муҳоҷирон то 15 ҳазор сомонӣ билет дарёфт карда буд, аммо ширкати ҳавонавардии Тоҷикистон ба ширкати русии “Северный ветер”, ки муҳоҷирон аз он билет харида буданд, иҷозати парвоз надод ва дар натиҷа муҳоҷирон саргардон беш аз як ҳафта дар фурудгоҳҳо банд монднд. Аммо дирӯз қисме аз онҳо ба Русия бурда шуданд.