Хона блог саҳифа 646

Имзои барномаи ҳамкории дусола байни Тоҷикистон ва Чин

0

Дар доираи сафари расмӣ ба Чин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 11 май дар шаҳри Сиани Чин бо узви Шӯрои давлатӣ ва вазири умури хориҷаи Чин Ван И  дидору гуфтугӯ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин мулоқот вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва вазири умури хориҷа узви шӯрои давлатии Чумҳурии Мардумии Чин Ван И масоили муносиботи дуҷонибаро баррасӣ намуда ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чин дар ҷанбаҳои мухталиф изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар ин дидор барномаи ҳамкорӣ байни идораҳои дипломатии ду кишварро то соли 2022 ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки вазири умури хориҷаи Тоҷикистон барои ширкат дар “Нишасти вазирони умури хориҷаи Осиёи Марказӣи ва Чин” ба Пекин сафар карда ва ин нишаст дар шаҳри Сиани Чин дар ҳоли баргузорӣ аст.

Вазирони умури хориҷаи ду кишвар бар аҳамияти тавсеаи равобити байни парлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноатӣ, энергетикӣ, илмӣ-техникӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.

Сарони умури хориҷаи ду кишвар ҳамчунин масоили густариши ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ, аз ҷумла дар мубориза алайҳи пандемияи корнавирус баррасӣ намуданд.

КДАМ-и Қирғизистон парвандаи як фармондеҳи тоҷикро баррасӣ мекунад

0

Додситонии кулли Қирғизистон ба амали генерал ва фармондеҳи воҳиди таъйиноти махсуси ВКД-и Тоҷикистон Хуршед Изаттуло Муҳаммадзод, ки тибқи гузоришҳои расонаҳои қирғизӣ дар даргирии мусаллаҳона дар марзи ду кишвар ширкат кардааст, баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.

Сардори Хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Қирғизистон Белек Каликов рӯзи душанбе ба “Интерфакс” гуфт, ки парвандаи ҷиноятиро Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) баррасӣ мекунад.

“Бар асоси наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст, иштироки генерал дар муноқишаи мусаллаҳонаи 28 – 29 апрел ҷой дорад”, – таъкид намуд Каликов.

Намояндаи Прокуратура илова намуд, ки оид ба далели шиканҷаи шаҳрвандони Қирғизистон аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии тоҷик, шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лейлеки вилояти Ботканд ба мурофиаи пешакӣ шурӯъ кардааст.

Генерал Муҳаммадзода Хуршеди 49-сола, аз моҳи майи соли 2015 баъд аз фирори генерал Гулмурод Ҳалимов дар вазифаи ӯ ҳамчун сардори Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсуси ВҚД Тоҷикистон таъйин шудааст.

Ёдовар мешавем вазъ дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари нуқтаи обтақсимкунии “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳарду ҷониб 55 нафарро ташкил медихад.

Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш хабар дод. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад. 2 май ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзро ба имзо расониданд.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.

Додситонии кули Тоҷикистон гуфта, ки аввалин шуда шаҳрвандони Қирғизистон нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон таҷовуз нишон доданд.

Ҳамчунин Додситони кулл дар  робита ба ҳамин қазия алайҳи 200 шаҳрванди Қирғизистон, ки дар марз муноқиша барпо карданд парвандаи ҷиноӣ боз карда аст.

Муҳаммадзода Хуршед ахиран дар шарҳи муноқишаи марзӣ изҳор дошт, ки тирпаронӣ нахуст аз ҷониби Қирғизистон оғоз гардид. Мақомоти қирғиз ҷониби Тоҷикистонро дар оғози даргирӣ муттаҳам мекунанд.

Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.

Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ба ҳол 520 километраш аломатгузорӣ шуда ва боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян ва мушаххас карда нашудааст.

Ҳамлаи мушакии Исроил бар навори Ғазза даҳҳо кушта ва захмӣ баҷо гузошт

0

Тибқи гузориши расонаҳои фаластинӣ аз шаби гузашто то субҳи имрӯз сешанбе нерӯҳои низомии Исроил дар навори Ғазза 130 ҳамла дар нуқтаҳои мухталиф анҷом доданд, ки бар асари ин ҳамалот беш аз 20 нафар аз сокинони осоишта кушта ва 103 нафари дигар захмӣ шуданд.

Бино ба гузориши “Раша тудей” субҳи имрӯз нерӯҳои исроилӣ дар навори Ғазза як бинои 8 ошёнаро бомборон карданд, ки дар натиҷа 3 сокини осоиштаи ин бино, аз ҷумла як пиразан ҳамроҳи писараш, ки маъюб будааст кушта шуданд.

Инчунин дар ҳамлаи дирӯзаи нерӯҳои пулис ва амниятии Исроил болои намозгузорон дар Масҷид-ул-ақсо 395 нафар захмӣ шуда ва 20 нафар ба шаҳодат расидаанд, ки дар байни онҳо 9 кӯдак низ ҳаст. Ин оморро шоми рӯзи душанбе Салиби Сурхи Фаластин ба расонаҳо ироа кард.

Хабаргузории Ал-Ҷазира гуфт, аз 395 захмӣ 263 нафари он ба беморхонаҳои наздик расонида шуданд. Аммо шифохонаҳои атрофи Байтулмуқаддас аз сабабе ки имконоти тиббии кам доранд, қудрати қабул ва муолиҷаи ин шумори зиёди захмиёнро надоранд.

Гуфта мешавад, мақомоти амниятии Исроил шаби ҷумъаи гузашта бар сари мардуме, ки ба хотири барпо доштани намози таровиҳ ва зиндадории шаби қадр ба масҷид омада буданд, бо чубдастҳои резинӣ ва газҳои ашковар ҳамла намуда, хостанд онҳоро аз масҷид берун кунанд.

Мақомоти Исроил мегӯяд, фаластиниҳо дар дохили Масҷид-ул-ақсо таҷаммӯъ карданд ва шиорҳои зидди исроилӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ сар медоданд. Аммо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар пӯшиши ин хабар гуфтанд, таҷаммӯи мардум эътирозӣ набуда, балки онҳо дар ҳарҷо бо дӯстону наздикони худ машғули дуо ва намоз буданд, вале нерӯҳои Исроил барои холӣ кардани масҷид аз намозгузорон болои онҳо ҳамларо шуруъ кард, ки дар натиҷа даргирӣ байни намозгузорон ва нерӯҳои исроилӣ оғоз шуд.

Сабаби аслии оғози ин даргириҳоро коршиносон ба қарори ахири як додгоҳи исроилӣ ратб медиҳанд. Тибқи он қарор мебоист аҳолии кӯчаи Шайх Ҷарроҳ, ки дар минтақаи шарқии Қудс ҷойгир аст, хонаҳои худро, ки беш аз 70 сол мешавад онҷо зиндагӣ доранд, тарк мекарданд ва яҳдуиён онҷо бояд зиндагӣ кунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 20 кушта ва 395 захмӣ дар ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ дар Байтулмуқаддас (Видео)

Сафари вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Пекин

0

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба манзури ширкат дар дуввумин “Нишасти вазирони умури хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Чин” ба Пекин сафар мекунад.

Бино ба иттилои хабаргузории “Синхуа” вазири умури хориҷаи Чин бо вазирони умури хориҷаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон дидору гуфтугу хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол тибқи иттилои хабаргузории “Форс” Сироҷиддин Муҳриддин дар чорчуби ин сафари дурӯза ҳамроҳ бо ҳамтоёни худ дар дуввумин нишасти вазирони умури хориҷаи Осиёи Марказӣ ва Чин, ки дар шаҳри Сиан баргузор мегардад ширкат меварзад.

Пешбинӣ мешавад дар ин нишаст дар бораи мавзӯъҳои муҳимме мисли тақвияти эътимоди мутақобили сиёсӣ, тарвиҷи бештари ҳамкориҳо, иҷрои тарҳҳои муштарак, табодули назар шавад.

Ҳамкорӣ дар заминаи ҳамлу нақл ва тазмини тиҷорати бе вақфа, амиқбурди равобит дар заминаи таъмини амнияти минтақаӣ, муқобила бо чолишҳо ва тахдидхои модерн аз дигар масъалаҳое ҳастанд, ки дар ин нишаст матраҳ хоҳанд шуд.

Мотами умумӣ дар Афғонистон

0

Раисҷумҳури Афғонистон дар пайи ҳамлаи террористӣ ба донишомӯзони мадрасаи Сайиду Шуҳадо дар ғарби Кобул имрӯз (11- май)-ро азои умумӣ эълом кард.

Тибқи иттилои хабаргузории “Спутник” Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ки мардуми кишвар ҳамчунон дар сӯги шуҳадои ин ҳодиса ба сар мебарад ва дар тамоми дастгоҳҳои иҷроӣ барои қурбониёни ин ҳамла маросими фотиҳахонӣ баргузор хоҳад шуд.

Рӯзи шанбе бар асари инфиҷори террористӣ муқобили мадрасаи духтаронаи Сайиду Шуҳадо дар ғарби Кобул 85 тан кушта ва беш аз 150 нафари дигар маҷруҳ гардидаанд. Ҳодисаи террористии мадрасаи духтарона дар ғарби Кобул дуруст дар остонаи хуруҷи нерӯхои ИМА аз Афғонистон сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки ахиран гурӯҳи Толибон дар Афғонистон се рӯз оташбас эълом кард.

Муҳаммад Наим Урдук сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар эълом кард аъзои ин гурӯҳ дастур гирифтаанд, ки аз рӯзи аввал то рӯзи саввуми иди Фитр ҳамалоташонро ба нерӯҳои давлатӣ мутаваққиф кунанд.

Давлати Афғонистон ҳамчунон Толибонро масъули ҷинояти рӯзи шанбе дар Кобул медонад, ки дар онҷо 85 тан, ки бештар донишомӯзони як мадрасаи духтарона буданд кушта ва 150 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гурӯҳи кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон ба чӣ натиҷа расиданд?

0

Рӯзҳои 5-9 май дар шаҳри Уши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи cарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Тибқи иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мулоқот тибқи созишномаи қаблан ҳосилшуда баргузор шудааст. Қайд карда мешавад, ки дар натиҷаи ҷаласа Протоколи лозимӣ ба имзо расид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки мулоқоти навбатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кунанд. Тафсилоти дигари мулоқот гуфта нашудааст. Ва маълум нест, ки ҳайатҳо ба чӣ натиҷа расиданд ва кори ин гурӯҳ то куҷо пешравӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 1 ва 2 майи соли 2021 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки хатти лоиҳавии Сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар қисматҳои аз нуқтаи сарҳадии № 43 то нуқтаи сарҳадии № 61 ва аз нуқтаи сарҳадии №135 то нуқтаи сарҳадии №141  аз ҳуҷҷатҳо ва маводи марзбандии миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ва комиссияи паритети соли 1989 истифода мекунанд.

Аммо дар изҳорот гуфта нашудааст, ки гап дар бораи чанд километр хатти марз меравад ва кадом минтақаҳоро дар бар мегирад.

Дар изҳороти ҷонибҳо гуфта шудааст, ки дар минтақаҳои Овчи-Калъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Чоркӯҳ, Сомониён, Хоҷаи Аълои шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нуқтаҳои аҳолинишини Максат, Кулундуи Лайлак, Коктерек, Оқсойи ноҳияҳои Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон, гурӯҳҳои кории ҷонибҳо то 17 майи соли 2021 ба иҷрои корҳои топографӣ ва тасвири хатти лоиҳавии сарҳади давлатӣ шуруъ кунанд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва барасмиятдарории қонунии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҷонибҳо роҳи мошингарди “Хоҷаи Аъло-Ворух”-ро дар хамгашти самти шарқии нуқтаи аҳолинишини Танги (Капчыгай) якҷоя месозанд ва ҷониби Тоҷикистон истифода ва нигоҳдорӣ мекунад. Мақоми ин роҳро созишномаи алоҳидаи давлатӣ байни ду кишвар муайян мекунад.

Барои ҳарчи зудтар оғоз намудани сохтмони ин роҳ, ба гурӯҳҳои кории топографӣ супориш дода шуд, ки якҷоя бо ташкилотҳои лоиҳакашӣ тадқиқоти саҳроии ин мавзеъро дар заминҳои истифодаи амалии минтақаи Бодканд то 1 июни соли 2021 анҷом диҳанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки пас аз ба итмом расидани сохтмони роҳи мошингард ба тасвири лоиҳавии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ мекунанд.

Дар охири изҳорот гуфта шудааст, ки Ҷаласаи муштараки навбатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд ва  то кунун бештар аз 504 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Боқимондаи заминҳо дар марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух диҳанд, ки ба занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мерасонад.

Задухӯрди навбатӣ дар марз бо Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 29-30 апрели соли 2021 сар зад, ки дар натиҷаи он ҷониби Тоҷикистон 19 қурбонӣ ва беш аз 80 нафар захмӣ шуданд. Мақомоти Қирғизистон аз 183 шаҳрванди маҷруҳ шудааш хабар медиҳад. 36 нафари дигар бар асраи он задухурдҳо ҷон бохта аст.

Тирандозӣ дар як мактаб дар шаҳри Қазони Русия чандин кушта ва захмӣ баҷо гузошт (Видео)

0

Субҳи рӯзи сешанбе дар натиҷаи тирандозӣ дар дохили як мактаб дар шаҳри Қазони Русия 13 нафар аз донишомӯзон ва муаллимони он кушта шуданд.

Бино ба гузориши “Аздо тв”, ба нақл аз хабаргузории “Комерсант” мақомоти пулис ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтанд, ки ҳадди ақал 13 нафар кушта ва 27 нафар маҷруҳ шудаанд. Дар байни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд. Ҳамчунин як муаллим низ дар ин тирандозӣ кушта шудааст.

Пулис гуфтааст, ҳамлагарон ду нафар будаанд, ки яке боздошт ва дуюмӣ кушта шуда аст. Гуфта шуда, ки фарди боздоштшуда ҷавони 19-сола будааст.

Аммо тибқи гузориши “MBK NEWS“, Вазорати корҳои дохилаи Тотористон ин хабарро рад карда гуфтааст, фарди ҳамлагар ҳамдасти дигаре надоштааст. Бо вуҷуди ин, пулис фарзия вуҷуд доштани ҳамлагари дигареро низ таҳқиқ дорад, менависад ин расона.

Шаҳри Қазон бо аксарияти мусулмон дар Ҷумҳурии Тотористони Русия воқеъ аст ва ин ҳамла ба мактаби рақами 175-и ин шаҳр сурат гирифтааст. Сабабҳои ин ҳамла то ҳол мушахас нашудааст.

Бар асоси тозатарин гузоришҳо, нерӯҳои мусаллаҳи пулис ва худравҳои имдодӣ дар маҳалли ҳодиса мустақар шудаанд.

Як навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамрасонӣ шуда, нишон медиҳад, ки бархе аз кӯдакони ин мактаб аз панҷара берун мепаранд.

Дар як навори дигаре низ дида мешавад, ки як навҷавон дар беруни сохтмони мактаб зоҳиран боздошт шудааст.

Посухи Прокуратураи генералӣ: дар Тоҷикистон “облава” вуҷуд надорад

0

Прокуратураи генералӣ ба муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди талаби хатми “облава” посух додааст. Дар посухи расмии ин ниҳод қайд шуда, ки дар Тоҷикистон “облава” вуҷуд надорад. Дар ин бора рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дирӯз дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Дар ин посухи Прокуратараи генералӣ, ки зери он Сарпрокурори ҳарбӣ И. О. Зоирзода имзо гузошта шудааст, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон чунин ҳолате (облава) ҷо надорад ва прокуратураи ҳарбӣ “дар даъвати баҳории соли 2021 дар кори комиссияҳои даъват таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бетараф кардани қонунвайронкуниҳо, бахусус ҳодисаҳои бо роҳи “иҳотагирӣ” ба хизмати ҳарбӣ даъват ва сафарбар кардани ҷавонон, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, беморон, аз тарафи масъулони комиссияҳои даъват содир кардани ҷиноятҳо чораҳои имконпазир андешидааст”.

Дар идомаи ин посух гуфта шудааст, дар ҷои дигар менависад, ки онҳо гӯё ҳамаи матолиби нашршуда ва наворҳоро мавриди санҷиш қарор дода, “санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват робита надоштаанд”.

Ба навиштаи Раҷаби Мирзо, Прокуратура ба ҳайси мисол танҳо аз як навореро ном мебаранд, ки он борҳо аз забони мақомот садо додааст, ки гӯё ҳамсари як ҷинояткор навори боздошти шавҳарашро сабту пахш кардааст.

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар вокуниш ба посухи сарпрокурори ҳарбӣ онро “ҷавоб ба хотири ҷавоб” номид ва навишт: “Маъмурони “Ахбор барои афкор” ин посухи Сарпрокурори ҳарбиро ба сифати як ҷавоби муносиб ва ҷиддӣ ба масъалагузориҳои худ ҳисоб накарда, ба ин назаранд, ки он ҳамон тавре интизор доштем, ба хотири “ҷавоб ба хотири ҷавоб” барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омода ва ба мо фиристода шудааст. Танҳо интизор дорем, ки ҳамон тавре дар поёни номаи худ навиштаанд, “наворҳоро ба мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ирсол кард”, аз ин ниҳодҳо посухи ҷиддиро ба масъалагузориҳои худ пайдо мекунем. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳои даҳшатнок хеле зиёд буданд ва бо чунин “посухҳо” имкони ҳалли мушкилоти вуҷуддошта вуҷуд надорад.”

Дар идома Раҷаби мирзо менависад, ки “МО АЗ НИҲОДҲОИ ДИГАРИ МУВАЗЗАФШУДА ПОСУХҲОИ ҶИДДӢ ИНТИЗОРЕМ, ВАГАРНА “ПОСУХ БА ХОТИРИ ПОСУХ” ЗАРУРАТ НАДОРАД! МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ МО ҶИДДИТАРАНД, МАҚОМДОРОН.”

Ёдовар мешавем, ки Раҷаби Мирзо рӯзи 9-уми апрел номаи саркушодаеро бо номи “Моро аз ин шармандагӣ раҳо созед!” нашр кард, ки зери он садҳо нафар имзо гузоштанд. Ин нома ба унвони Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, раиси Дастгоҳи Президент Озода Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ навишта шуда.

Ӯ дар нома аз роҳбарони аввали Тоҷикистон тақозо кард, ки ба таҷрибаи нангини “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштан ва ба артиш равон кардани ҷавонони синну соли хидматӣ нуқта гузоранд. Зеро ин кор поймол кардани ошкори ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Раҷаби Мирзо дар нома аз он нигаронӣ карда буд, ки аз сабаби дар кӯчаҳо беҳуда дастгир намудани ҷавонону маҷбуран бурдани онҳо ба сафи Қувваҳои мусалаҳ, модарон барои берун баромадан, ба кор рафтан ва ё ба дарс рафтани фарзандонашон тарсон шудаанд.

Дар нома аз Президент хоҳиш шуда, ки бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳад, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.

Изҳори омодагии Русия ва Амрико барои кумак ба ҳалли масоили марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

0

Владимир Путиин раисҷумҳури Русия пас аз дидору гуфтугӯяш бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Қирғизистон занг зада бо ӯ суҳбат карда аст.

Бино ба иттилои хабаргузории Спутник ба нақл аз дафтари матбуотии раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ин муколамаи телефонӣ бо Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон иброз дошта, ки Русия омода аст барои ба эътидол овардани вазъи марз миёни ҷумҳуриҳо кумак кунад.

Дар ин гуфтугу Путин таъкид намуд, ки бо назардошти музокирот бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Русия созишномаҳои миёни Бишкек ва Душанберо дар мавриди ҳалли вазъ дар минтақаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон дастгирӣ мекунад.

Владимир Путин Содир Ҷабборовро ба сафари корӣ ба Русия даъват кард ва даъват кабул карда шуд, омадааст дар изҳороти Кремлин.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки раисони ҷумҳур ба муносибати 76-умин солгарди ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ ҳамдигарро самимона табрик гуфта бар аҳамияти махсуси ин сана барои мардумони ду кишвар таъкид карданд.

Дар ҳамин иртибот Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ба таври ҷиддӣ ҳаводиси ахири марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро пайгирӣ дорад.

Ба навиштаи хабаргузории Спутник Ҷонатан Хеник муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ гуфт, Амрико омода аст дар ҳалли низои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон кумак кунад.

“Мо пешниҳод кардем, ки ҳалли мусолиматомези низоъро ба ҳар роҳе, ки имконпазир аст дастгирӣ мекунем ва мо сарони ҳарду давлатро ба он даъват кардем то масъулиятро ба ӯхда гиранд ва кушиш кунанд, ки ин гуна ҳолатҳо дигар такрор нашаванд”, гуфт Хеник.

Вай қайд кард, ки Иёлоти Муттахидаи Амрико ончиро ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух медиҳад пайгирӣ мекунад.

“Мо қаноатмандем, ки роҳбарони ду кишвар созишномаи оташбасро риоят мекунанд вале ҳоли ҳозир наметавон гуфт, ки вазъият комилан ҳалли худро пайдо кардааст инчунин нест”, илова намуд Хеник.

Зимнан Ҷонатан Хеник ибрози умедворӣ карда, ки аз ташдиди минбаъда ва талафот пешгирӣ карда шавад.

Ёдовар мешавем вазъ дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарготи “Галавной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳарду ҷониб 55 нафарро ташкил медихад.

Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш хабар дод. Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мешавад. 2- май ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи марзро ба имзо расониданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ба ҳол 520 километраш аломатгузорӣ шуда ва боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян ва мушаххас карда нашудааст.

20 кушта ва 395 захмӣ дар ҳамлаи нерӯҳои исроилӣ дар Байтулмуқаддас (Видео)

0

Бар асари ҳамлаи нерӯҳои пулис ва амниятии Исроил болои намозгузорон дар Масҷид-ул-ақсо 395 нафар захмӣ шуда, 20 нафар ба шаҳодат расидааст, ки дар байни онҳо 9 кӯдак низ ҳаст. Ин оморро шоми рӯзи душанбе Салиби Сурхи Фаластин ба расонаҳо ироа кард.

Хабаргузории Ал-Ҷазира гуфт, аз 395 захмӣ 263 нафари он ба беморхонаҳои наздик расонида шуданд. Аммо шифохонаҳои атрофи Байтулмуқаддас аз сабабе ки имконоти тиббии кам доранд, қудрати қабул ва муолиҷаи ин шумори зиёди захмиёнро надоранд.

Гуфта мешавад, мақомоти амниятии Исроил шаби ҷумъаи гузашта бар сари мардуме, ки ба хотири барпо доштани намози таровиҳ ва зиндадории шаби қадр ба масҷид омада буданд, бо чубдастҳои резинӣ ва газҳои ашковар ҳамла намуда, хостанд онҳоро аз масҷид берун кунанд.

Мақомоти Исроил мегӯяд, фаластиниҳо дар дохили Масҷид-ул-ақсо таҷаммӯъ карданд ва шиорҳои зидди исроилӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ сар медоданд. Аммо расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар пӯшиши ин хабар гуфтанд, таҷаммӯи мардум эътирозӣ набуда, балки онҳо дар ҳарҷо бо дӯстону наздикони худ машғули дуо ва намоз буданд, вале нерӯҳои Исроил барои холӣ кардани масҷид аз намозгузорон болои онҳо ҳамларо шуруъ кард, ки дар натиҷа даргирӣ байни намозгузорон ва нерӯҳои исроилӣ оғоз шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ дар Каронаи Бохтарӣ, шаҳри ишғолшудаи Байтулмуқаддас ва дигар шаҳрҳои Фаластин аз аввали моҳи мубораки Рамазон нерӯҳои режими Исроил ва шаҳракнишинон ба шаҳрвандони Фаластин ҳамлаҳо сурат мегирифт.

Шоми имрӯз ҷаноҳи низомии Ҳаракати Ҳамос ба шаҳри Телабиб ва минтақаҳои ишғолшудаи Фаластин то 200 мушак патроб кардааст. Ҳамос ба мақомоти Исроил то соати 18 шоми рӯзи душанбе муҳлат дода буд, ки нерӯҳояшро аз дохили масҷид барорад, боздоштшудаҳоро раҳо кунад ва бигузорад мардум ба ибодати худ идома бидиҳанд ва дар акси ҳол ба сӯи Исроил мушак партоб хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Созмони Миллали Муттаҳид, созмонҳои баналмиллаии ҳуқуқи башар, кишварҳои Турия, Русия, Эрон ва кишварҳои арабию аврупоӣ ҳамлаи нерӯҳои Исроил болои намозгузорони фаластиниро маҳкум карданд ва хостанд, ки Исроил даст аз хушунат бардорад.

Сабаби аслии оғози ин даргириҳоро коршиносон ба қарори ахири як додгоҳи исроилӣ ратб медиҳанд. Тибқи он қарор мебоист аҳолии кӯчаи Шайх Ҷарроҳ, ки дар минтақаи шарқии Қудс ҷойгир аст, хонаҳои худро, ки беш аз 70 сол мешавад онҷо зиндагӣ доранд, тарк мекарданд ва яҳдуиён онҷо бояд зиндагӣ кунанд.