26.9 C
Dushanbe

Посухи Прокуратураи генералӣ: дар Тоҷикистон “облава” вуҷуд надорад

Прокуратураи генералӣ ба муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди талаби хатми “облава” посух додааст. Дар посухи расмии ин ниҳод қайд шуда, ки дар Тоҷикистон “облава” вуҷуд надорад. Дар ин бора рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дирӯз дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Дар ин посухи Прокуратараи генералӣ, ки зери он Сарпрокурори ҳарбӣ И. О. Зоирзода имзо гузошта шудааст, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон чунин ҳолате (облава) ҷо надорад ва прокуратураи ҳарбӣ “дар даъвати баҳории соли 2021 дар кори комиссияҳои даъват таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бетараф кардани қонунвайронкуниҳо, бахусус ҳодисаҳои бо роҳи “иҳотагирӣ” ба хизмати ҳарбӣ даъват ва сафарбар кардани ҷавонон, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, беморон, аз тарафи масъулони комиссияҳои даъват содир кардани ҷиноятҳо чораҳои имконпазир андешидааст”.

Дар идомаи ин посух гуфта шудааст, дар ҷои дигар менависад, ки онҳо гӯё ҳамаи матолиби нашршуда ва наворҳоро мавриди санҷиш қарор дода, “санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват робита надоштаанд”.

Ба навиштаи Раҷаби Мирзо, Прокуратура ба ҳайси мисол танҳо аз як навореро ном мебаранд, ки он борҳо аз забони мақомот садо додааст, ки гӯё ҳамсари як ҷинояткор навори боздошти шавҳарашро сабту пахш кардааст.

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар вокуниш ба посухи сарпрокурори ҳарбӣ онро “ҷавоб ба хотири ҷавоб” номид ва навишт: “Маъмурони “Ахбор барои афкор” ин посухи Сарпрокурори ҳарбиро ба сифати як ҷавоби муносиб ва ҷиддӣ ба масъалагузориҳои худ ҳисоб накарда, ба ин назаранд, ки он ҳамон тавре интизор доштем, ба хотири “ҷавоб ба хотири ҷавоб” барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омода ва ба мо фиристода шудааст. Танҳо интизор дорем, ки ҳамон тавре дар поёни номаи худ навиштаанд, “наворҳоро ба мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ ирсол кард”, аз ин ниҳодҳо посухи ҷиддиро ба масъалагузориҳои худ пайдо мекунем. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳои даҳшатнок хеле зиёд буданд ва бо чунин “посухҳо” имкони ҳалли мушкилоти вуҷуддошта вуҷуд надорад.”

Дар идома Раҷаби мирзо менависад, ки “МО АЗ НИҲОДҲОИ ДИГАРИ МУВАЗЗАФШУДА ПОСУХҲОИ ҶИДДӢ ИНТИЗОРЕМ, ВАГАРНА “ПОСУХ БА ХОТИРИ ПОСУХ” ЗАРУРАТ НАДОРАД! МАСЪАЛАГУЗОРИҲОИ МО ҶИДДИТАРАНД, МАҚОМДОРОН.”

Ёдовар мешавем, ки Раҷаби Мирзо рӯзи 9-уми апрел номаи саркушодаеро бо номи “Моро аз ин шармандагӣ раҳо созед!” нашр кард, ки зери он садҳо нафар имзо гузоштанд. Ин нома ба унвони Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, раиси Дастгоҳи Президент Озода Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ навишта шуда.

Ӯ дар нома аз роҳбарони аввали Тоҷикистон тақозо кард, ки ба таҷрибаи нангини “облава”, яъне зӯран дар кӯчаву бозорҳо доштан ва ба артиш равон кардани ҷавонони синну соли хидматӣ нуқта гузоранд. Зеро ин кор поймол кардани ошкори ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

Раҷаби Мирзо дар нома аз он нигаронӣ карда буд, ки аз сабаби дар кӯчаҳо беҳуда дастгир намудани ҷавонону маҷбуран бурдани онҳо ба сафи Қувваҳои мусалаҳ, модарон барои берун баромадан, ба кор рафтан ва ё ба дарс рафтани фарзандонашон тарсон шудаанд.

Дар нома аз Президент хоҳиш шуда, ки бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳад, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид.