23.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 656

Лукашенко: Дӯстам Эмомалӣ Раҳмон бо пулемёт вориди Душанбе шуда буд

0

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар пайи таъйини ҳукумати нави кишвараш изҳор дошт, ки аз ҳама муҳим ҳифзи сулҳу субот мебошад ва  изҳор доштааст, ки Белорус ягона кишвари пасошӯравӣ аст, ки мусибатро надид.

Ӯ аз ҷумла танишҳо дар Украина, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷону Арманистон, Литваро зикр карда, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро мисол овард.

Лукашенко нақл кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо пулемёт ба пеш вориди Душанбе шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад, хабар додаст нашрияи «Беларусь сегодня».

“Касе намедонад, ки чӣ гуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурд. Чигуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”, — гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорус инчунин аз он нақл кард, ки чигуна Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Ӯзбекистон дар Андиҷон бо парондани ҳазор нафар ошӯбро шинонд. “Ҳама ӯро маҳкум мекарданд, аммо вақте фавтид, ба зону зада фиғон бардоштанд, гиря мекарданд. Мо чунинро аз сар нагузарондаем ва намехоҳем онро дарк кунем. Бархе намехоҳанд, аммо мо ёдрас мекунем”, — гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорусия дар ҳузури ҳукумати ҷадиди кишвараш аҳамияти ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудааст.

(no title)

0

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, роҳбарикунандаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон, бо як муроҷиатномае аз мардуми кишвар хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз эҳтиёт кор бигиранд, фосилаи байни якдигарро риоят намоянд, то зарур нашавад ба ноҳияву шаҳрҳо рафтуо накунанд ва аз барпо кардани ҷашну маросимҳо то интиҳои ин вабо худдорӣ бикунанд.

Ситод инчунин аз хавфи зуҳури дубораи вируси COVID-19 мардуми кишварро бар ҳазар намуда бо қотеият иҷрои қавонини беҳдоштиро талаб намудааст. Дар муроҷиатномаи ин Ситоди ҷумҳуриявӣ чунин омадааст:  “…ба маълумоти сокинони мамлакат мерасонад, ки дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ хуруҷ карда,  ҳукуматдорони ин давлатҳоро барои тадбирандешиҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ водор сохтааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии  Мардумии  Хитой,  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон,  Арманистон, Олмону Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо баъди коҳиш ёфтани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, хусусан риоя нагардидани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятӣ, инчунин бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ гаштугузор намудани одамон аллакай паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 бештар гардидааст”.

Инчунин Ситод дар муроҷиатномаш аз шаҳрвандон хостааст, бе ниқоби муҳофизатӣ аз хона набароянд ва фосилаи байни якдигарро, ки ҳудуди ду метр аст, риоя кунанд. Дар идомаи муроҷиатнома сардори Сидот афзудааст, ки безарурат ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе сафар накунанд ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои  гигиенаи  шахсию  ҷамъиятӣ  ва  қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро  қатъиян  риоя  намоянд.

Акс аз «Asia-Plus»

Татбиқи ин тавсияҳо аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ба гумони ғолиб чандон риоят намешавад. Зеро аз аксу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда пайдост, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва бозору кӯчаҳо мардум агарчи ниқоби муҳофизатӣ доранд, вале фосиларо риоят намекунанд. 

(no title)

0

Рӯзи 3-юми май сомонаи “Ахбор” хабареро нашр намуд, ки тибқи он дар таърихи 1-юми июни соли 2020 Фирӯз Қурбонов, ёрдамчии раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ва ронандаи ӯро бо иттиҳоми фурӯхтани кумакҳои башардӯстонае, ки барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷудо шуда буд, дастгир намуданд.

Тибқи ин хабар боздошти ёрдамчии шаҳрдорӣ ва ронандааш дар дохили мошини хидматии Иноятзода сурат гирифтааст.

Тасарруфу дастдарозии мансабдорони Тоҷикистон дар кумакҳои башардӯстона ва умуман амволи мардум ин бори аввал нест, ки сурат мегирад, аммо ба гуфтаи манбаи “Ахбор”, “Зоҳиран ин дафъа қазия хеле ҷиддӣ ба назар мерасад ва кормандони амният дар Кӯлоб мунтазири амр аз «боло” ҳастанд, ки чӣ мегӯянд? Агар амр ба тафтиши мӯшикофонаи ин қазия шавад, як парвандаи ҷиддии коррупсия аз ҳисоби ёриҳои башардӯстона дар роҳ аст. Вале агар боз «мӯъҷиза”, яъне «тағобозӣ” шавад, пас ин парвандаро хапу хомӯш мехобонанд мисли даҳҳо парвандаи дигаре, ки нӯги гапаш мебаромад ва баъд хомӯш мешуду мерафт”.

Ин хабар ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногунеро ба бор овардааст, аксарият Иноятзодаро ба он муттаҳам мекунанд, ки зердастонаш пештар ҳам ба ин навъи ҷиноят даст зада буданд ва он расонаи шуда буд.

Як корбар ба номи Умари Форуқ зери ин хабар навиштааст: “Шармандагӣ. Чи Шумо ёрии башардӯстонаро фурӯшед чи бо террористон якҷоя қатли оми мардумро анҷом диҳед, ҳарду баробаранд. Террористон бо як таркиш ҷони чанд одамро аз байн мебаранд. Шумо бо надодани кумакҳои омада чандин беморро дар беморхона мекушед. Марги Шумо ҳаромхурҳо. Набояд ҳӯкумат ба инҳо раҳм кунад инҳо душмани рӯирости халқу ҳукуматанд.”

Аммо як идда корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Иноятзода пуштибонӣ намуда, ин хабарҳоро “сиёҳкунии раис” унвон карданд. Бинобар гузориши “Ахбор” шаҳрдории Кулоб имрӯз 4 июн дар саҳифаи фейсбукияш ба ин хабар вокуниш намуда, гуфтааст, ки “хабари нашргардида бардурӯғ буда, асоси воқеъӣ надорад.”  Ба гуфтаи шаҳрдории Кулоб тамоми кумакҳои башардӯстонае, ки ба шаҳр фиристода шуданд, пурра ва “ба таври шаффоф ва ошкоро ба муассисаҳои соҳаи тандурусӣ ва оилаҳое, ки аз бемории коронавирус (COVID-19) фавтидаанд, ба пуррагӣ тақсим карда шуд.” Иноятзода дар хусуси дастгир шудани ёрдамчӣ ва ронандааш чизе нагуфтааст, аммо тибқи гуфтаи манбаи “Ахбор” ронандаи Баҳром Иноятзода то ҳол дар боздошт қарор дорад ва ёрдамчиашро шартан озод кардаанд.

Оғози азсаргирии иртиботи ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон

0

Ширкати ҳавопаймоии русӣ “Уральские авиалинии” дар торнамои худ ба мусофирон пешниҳод мекунад, ки ба хатсайрҳои мустақим аз Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд шурӯъ аз 13 июл метавонанд чипта харанд.

Нархи чиптаи хатсайри Маскав — Хуҷанд аз 10 ҳазору 844 рубл (тақрибан 1609 сомонӣ) ва хатсайри Маскав — Душанбе аз 15 ҳазору 136 руб (тақрибан 2246 сомонӣ) оғоз мегардад. Дар ҷадвали хатсайрҳо зикр шудааст, ки ширкат дар як рӯз 4 хатсайри мустақими нуқтаи таъин-бозгаштро анҷом медиҳад: 2 парвоз ба Хуҷанд ва 2 парвоз ба Душанбе.

 Ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр” бошад дар сомонаи расмии худ дар бахши “Ҷадвали хатсайрҳо” харидории билетҳоро ба хатсайрҳои мустақим ба Душанбе шурӯъ аз 30 июн пешниҳод мекунад. Арзиши билетҳо аз 13 ҳазору 600 рубл (тақрибан 2018 сомонӣ) ба хатсайри Маскав — Душанбе оғоз мегардад. Ба хатсайри Душанбе — Маскав билетҳо каме гаронтар буда, нархи пасттаринаш 15 ҳазору 840 рубл (тақрибан 2350 сомонӣ) зикр шудааст. Ба самти Хуҷанд — Маскав дар як ҳафта бо се хатсайр парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Акс аз сомонаи «Озодӣ» гирифта шудааст.

Барои дарёфти маълумоти бештар дар бораи барқраор шудани алоқаи ҳавоӣ байни кишварҳо аз 1 июл “Азия-Плюс” ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон муроҷиат кард. Дар он ҷо аз шарҳи масъала худдорӣ намуда, тавсия доданд, ки бо ин масъала ба онҳо хаттӣ муроҷиат кунанд. Дар ҳамин ҳол, сарҳадҳо байни давлатҳо баста боқӣ мемонанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус аз 20 март ҳамаи фурудгоҳҳои Тоҷикистон барои қабулу парвоз баста шуданд. Лекин баъдтар барои аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонидани тоҷикистониён хатсайрҳои чартерӣ роҳандозӣ шуданд.

Қаблан намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав аз ҳамватанон даъват кард, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накарда, аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ, аз ҷумла автобусу таксӣ ва ҳар гуна мошинҳои дигар худдорӣ намоянд.“Дар сурати ташкил шудани рейсҳои чартерии ҳавопаймоҳо ва ё барқарор шудани хатсайрҳои мунтазам, инчунин кушодашавии сарҳадҳо, шумо тавассути сомона ва дигар зарфиятҳои интернетии расмии сафорат Россия хабардор карда мешавед”, — гуфта мешавад дар хабар.

Аммо мақомоти Тоҷикистон хабарҳоро дар бораи оғози парвозҳои байнулмилалӣ аз ҷумла, ба самти Русия, рад карданд. Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ ва баръакс аз нимаи дувуми моҳи март қатъ шудааст. ​

Масъулони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфтаанд, ҳанӯз ба ҳавопаймоҳои ягон ширкат иҷозаи парвоз надоданд ва рафтуои ҳавоӣ танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи вобаста ба коронавируси нав имконпазир хоҳад шуд.  Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ рӯзи 4-уми июн бо нашри баёнияе гуфтааст, парвозҳои маъмулии ҳавопаймоҳо ба Русия ва кишварҳои дигар «танҳо пас аз муътадил шудани вазъияти вобаста ба CОVID-19 ва эълони расмии мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешавад». 

Коҳиши чашмраси интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик

0

Интиқоли маблағи муҳоҷирон аз Русия ба кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ то 50% дар сад кам шудааст. Хабаргузории расмии Тоҷикистон “Ховар” бо истинод ба маълумоти  нашрияи амрикоии Bloomberg дар ин бора  хабар додааст.  

Хабаргузории “Азия-Плюс” дар ин бора навиштааст, гуфта мешавад, муддати даҳсолаҳо интиқоли маблағ аз Русия иқтисоди кишварҳои хориҷи наздикро дастгирӣ мекард, дар ҳамин ҳол, даромади баъзе давлатҳо то ба сеяки истеҳсолот мерасид. Дар навбати худ, Русия бо қабули қувваи кории арзон аз ин ҳолат бурд мекард.

Bloomberg маълумоти оморӣ меорад, ки мувофиқи он ҳаҷми интиқоли пул ба Гурҷистон нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 40% коҳиш ёфта, дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои бештар вобаста ба интиқоли маблағ дар ҷаҳон мебошад, ин ҳаҷм моҳи марту апрел 50% кам шудааст. Дар Ӯзбекистон низ ба ҳамин монанд ҳолат (қариб то нисф) ба қайд гирифта шудааст.

“Барои аксари оилаҳои бештар осебпазир ин 100%-и даромадашон аст”, — шарҳ додааст инро иқтисодчии Бонки аврупоии таҷдиду рушд оид ба Осиёи Марказӣ Эрик Ливни. Ба гуфтаи коршинос, бастани сарҳадҳо маънои “ду ё се баробар” шудани оқибатҳои таъсири коронавирус ба иқтисоди бархе аз кишварҳоро дорад. “Шумо ба Русия ҳам рафта наметавонеду дар хона ҳам кор намеёбед. Ҳозир ва ояндаи наздик не”, — гуфтааст Ливни.

Зикр мегардад, ки ҳатто агар сарҳадҳо боз шаванд ҳам, муҳоҷирон дар шароити иқтисодие кор ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ки тайи 10 соли охир имсол чунин афтишро аз сар мегузаронад. Поинравии нархи ҷаҳонии нафт ва зарба аз коронавирус Русияро ба истифодаи захираҳо маҷбур мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ба муҳоҷирон лозим меояд дар шароити камшавии даромадҳо ва афзоиши бекорӣ барои худ шуғле пайдо кунанд.

 Зимнан  тибқи омори мунташира беш аз 40% тавлидоти нохолисии миллии Тоҷикистон ба маблағҳои интиқолии муҳоҷирн аз Русия вобаста аст ва гузашта аз ин 70 то 80 дар сади аҳолии Тоҷикистон 90 дар сад аз даромади худ ва ҳамин тавр  рӯзгузаронии худро аз ҳисоби ҳамин маблағҳо таъмин мекарданд.

Сафари такрории ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Тоҷикистон

0

Қарор аст рӯзҳои наздик ҳайати Созмони ҷаҳонии беҳдошт дубора  вориди Тоҷикистон бишавад. Хабаргузории  “Sputnik” менависад, дар бораи сафари қарибулвуқӯи ҳайати ин созмони байналмилалӣ  дар нишасти матбуотии дафтари минтақаии он дар Аврупо хабар дода шудааст.

Олег Стороженко, корманди Маркази ҳамоҳангсозӣ оид ба вокуниш ба пандемияи COVID-19 ва ҳамзамон узви ҳайати СҶБ, ки ба Тоҷикистон омада буд, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, мубориза бо коронавирус як равиши хеле ҳамаҷонибаест, ки захираҳои муайянро лозим дорад ва ҳамзамон дар баробари табибон кор бо аҳолиро талаб мекунад.

«Дар ҳолати зарурӣ, СҶБ омода аст шарикони худро барои кӯмак, пешниҳоди таҷрибаи зарурӣ ва таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ сафарбар намояд. Мо хуб медонем, ки ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ як ташкилот наметавонад танҳо ба пандемия мубориза барад. Мо барои муттаҳидӣ дар ин ҷоем ва агар лозим бошад, дасти худро дароз кунем «, — гуфтааст Стороженко. 

Ҳамзамон  Луба Негру, сухангӯи Дафтари минтақавии СҶБ дар Аврупо илова намуд, ки ҳайати ташкилот ба наздикӣ боз ба Тоҷикистон ташриф меорад. Бори аввал сафари гурӯҳи махсуси пизишкони СҶБ дар авоили май баргузор шуда ва ин ҳайат ду ҳафта дар Тоҷикистон  қарор доштанд. Сафари нахусти ҳайати СҶБ ба Тоҷикистон  баъди он сурат гирифт, ки Тоҷикистон вуҷуди коронавирус дар кишварро пайваста радд мекард, дар ҳоле, ки шумори вафотёфтагон аз ин вабо ҳамарӯза афзуда ва дар тамоми манотиқи кишвар паҳн мешуд. Як рӯз пеш аз вориди Тоҷикистон шудани ин ҳайат, Тоҷикистон маҷбур шуд эълон кунад, ки корнавирус дар кишвар вуҷуд дорад ва чанд нафар ҳам бар асари он вафот ёфтанд. 

Дар ҳоли ҳозир низ давлати Тоҷикистон  омори маргу мир аз коронавирусро пинҳон дошта истодааст ва бар тибқи маълумоти расмӣ тайи чанд рӯзи ахир танҳо дирӯз як нафар аз ин беморӣ даргузашта ва ҳамин тавр шумори қурбониҳо ба 48 нафар расидааст. Аммо манобеи мустақил феҳристи беш аз 400 нафарии қурбониёни ин бемориро мунташир карда ва сиҳат будани маълумоти расмиро таҳти суол қарор доданд.

Сардори “Убоп”-и водии Зарафшон низ аз коронавирус вафот ёфт

0

Сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) дар водии Зарафшон шоми 31 май бар асари коронавирус даргузашт.

Табибони бемористони  шаҳри Конибодом-зодгоҳи подполковники милитсия Мӯъминҷон Раҳимзода натавонистанд ӯро аз чанги ин беморӣ наҷот бидиҳанд.Мӯъминҷон Раҳимзода ҳамагӣ 36 сол дошта ва аз ӯ 4 фарзанди ноболиғ ятим мондааст. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки Раҳимзода Мӯъминҷон 5 моҳ пеш ба вазифаи Сардори Раёсати минтақаии мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккли ноҳияи Панҷкент таъин шуда буд. 

Тавре манбаи Ахбор аз сохтори қудратӣ гуфтааст чанде пеш як корманди шуъбаи Раёсати агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон бо номи Фирӯз ҳам пас аз ҳамагӣ чанд рӯзи ба вазифа таъин шудану ба Панҷакент рафтанаш, аз бемории коронавирус вафот карда буд.

Баъди вафоти Фирӯз кормандони ин ниҳод ва онҳое, ки бо ӯ буданд ба изолятсия ё карантин гирифта шуда буданд. Чанд нафар ҳамнишинонаш ба ин беморӣ гирифтор шуда, баъди табобат шифо ёфтаанд.

Ин аллакай дуюмин вафоти мансабдорони сохторҳои қудратӣ дар Панҷакент аз вируси COVID аст. Пеш аз ин ҳам аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ беш аз 10 нафар аз касалии коронавирус дар Панҷакент фавтидаанд. Вале табибон сабаби марги онҳоро илтиҳоби шуш ё худ пневмония гуфтаанд. Дар ҳамин ҳол, сардухтури  беморхонаи марказии шаҳри Панҷакет Маҳмадмурод Сафаров дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, сатҳи сироятёбии беморӣ дар Панҷакент кам шудааст.

Вале сокинони Панҷакент мегӯянд, баъди омадани донишҷӯён аз минтақаҳои Тоҷикистон, ҳолатҳои сироят ба коронавирус дар шаҳру деҳоти Панҷакент афзудааст. Тибқи иттилои нашршуда дар расонаҳо ҳафтаи гузашта Раҳматулло Мирзоолимов,сардухтури пешини бемористони санитариву эпидемиологии Панҷкаент низ бар асари коронавирус даргузашта буд.  

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабарҳо дар мавриди гирдоварии маводди ғизоӣ ва дорувориву маблағ тавассути гурӯҳҳои фаъол дар ин шаҳр барои дастгирии табибон ва беморхонаҳо гувоҳи он аст ки дар шаҳр ва деҳоти Панҷакент шумори гирифторн ба коронавирус бештар аст. Бинобар иттиллои расмӣ дар Тоҷикистон адади сироят ёфтагон ба COVID-19-ро 4013 рақам мезананд. Аз ин шумор 2089 нафар шифо ёфта ва 47 кас вафот кардааст. Аммо мардум ба ин омор бовар надоранд.Танҳо торнамои https://kvtj.info/ номи 393 нафаре, ки аз COVID-19 вафот кардаанд, ҷамъоварӣ намудааст. Эҳтимол мервад ин адад боз ҳам бештар бошад. Шумори духтуроне ки аз ин беморӣ фавтидаанд 66 нафар гуфта мешавад.

Афзоиши қурбониёни коронавирус дар байни нерӯҳои интизомӣ

0

Дар як ҳафтаи ахир тибқи оморҳо дастикам 6 нафар аз мақомдорони баландпояи нерӯҳои интизомии кишвар аз бемории COVID-19 ҷон бохтанд.

Собиқ сардори Раёсати умури дохила дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Абдуваҳҳоб Искандарзода шаби 30 ба 31 май дар синни 62 вафот кард. Мавсуф ду сол пеш аз мақоми муовини аввали сардори РВКД вилояти Хатлон ба нафақа рафта буд. Ин генерали бознишаста дар ҳоле тӯъмаи коронавирус мешавад, ки 10 рӯз пеш бародари ӯ – сардори БДА минтақаи Кӯлоб Абдусалом Искандарзода низ аз бемории коронавирус тарки ин дунё кард. Гумон меравад генерал Искандарзода аз бародараш сироят шуда бошад. Сомонаи Ахбор менвисад, дар 10 рӯзи охир дастикам 6 афсари баландпояи милисаи тоҷик қурбони ин бемории фарогир шуданд.

Ба ҷуз аз бародарон Искандарзодаҳо, ҳамчунин ҳафтаи гузашта генерал Санг Раҳмон, корманди собиқи ВКД ва департаменти консулии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро дар оромгоҳи маҳаллаи Хуҷамбиёи Душанбе ба хок супурданд. Санг Раҳмон аз ёрони наздики Ёқуб Салимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар солҳои 90 ба шумор мерафт. Рӯзи 23 май полковник Исмонов Фарҳод Маъруфовичи 45 сола, сардори шуъбаи тайёрии хидматии Сарраёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонии ВКД аз олам чашм пӯшид.

Дар ин ҳафта Комрон ном як афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД (УБОП) аз бемории коронавирус вафот кард. Ӯ ҳамагӣ 32 сол дошт.Рӯзи 28 май полковник Исломзода Дилшод Аслон, муовини аввали сардори раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус (РВТМ)-и ВКД қурбони коронавирус шуд. воҳидҳои махсуси ВКД, бо шумули СОБР, ОМОН ва «нерӯҳои зудамал”-и вазорати дохиларо дар ихтиёр дорад.

Бемории фарогири коронавирус ва бемориҳои ҳамроҳи он, аз ҷумла, илтиҳоби шуш, ба саф ва сутуҳи раҳбарии ВКД Тоҷикистон зарбаи сахт задааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар тӯли моҳи май ду муовини вазир ва 5 нафар аз сардорони раёсатҳои ин вазорат, ки 5 нафараш генерал ҳастанд, ба бистарӣ беморӣ афтодаанд. Рӯзи 11 май генерал-майор Нозим Иброҳимзода, собиқ сардори Хадамоти сӯхторнишонӣ, муовини вазири дохила таъйин шуд. Манобеи сомонаи «Ахбор” мегӯянд, Иброҳимзода дар ҳоле ба ин мақом таъйин шуд, ки дар бистари беморӣ қарор дошт. Ба ҷуз аз Иброҳимзода, боз як иддаи бузурге аз роҳбари Хадамоти сӯхторнишонӣ бо аломатҳои илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ будаанд.

Сарусадоҳое дар бораи бо аломатҳои пневмония бистарӣ шудани полковник Шодӣ Ҳафиззода, сардори Идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, (УБОП) низ ба даст мерасанд. Ҳамин тавр, бино  ба иттилои расида, генерал Ҳомид Барот, сардори “Воҳиди махсус” бо аломатҳои илтиҳоби шуш дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дошта, ҳафтае пеш дар бораи аз Хуҷанд барои табобат ба Душанбе овардани генерал Абдулло Навҷувонов, сардори РВКД вилояти Суғд хабар расида буд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки муовини вазири Корҳои дохила генерал-майор Саидзода Маҳмадсаид Борон, ки солҳои тӯлонӣ роҳбари БДА буд, ва генерал-майор Қунғуротзода Фотеҳ Қулмурод, сардори раёсати нақлиёти ВКД дар беморхонаи маҳаллаи Зарафшон ва подполковник Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД дар беморхонаи «Истиқлол» бистарӣ карда шудаанд. Ба дунболи нашри ин хабар, дар саҳифаҳои наздик ба ВКД раддияи ғайрирасмие нашр шуд, ки мегуфт, Шоҳрух Саидзода дар бемористон бистарӣ нашудааст, балки шамол хӯрдааст ва ба ин далел дар хона дар карантин қарор дорад.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ва маргу мир дар миёни ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон, иллати онро ҷиддӣ нагирифтани ҳушдор ва огоҳиҳои табибон аз тарафи онҳо донистаанд. Аз тарафи дигар баъзе ҳам инро як навъ муҷозот ба аъмоли дар аксари вақт хушунатбори онҳо нисбати шаҳрвандон медонанд.

Таъсиси суратҳисобҳо барои COVID-19. Кумакпулиҳо куҷо шуданд?

0

Бинобар гузориши сомонаи ВКХ Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 суратҳисобҳо дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар кушода шудаанд.

Тибқи ин гузориш тамоми маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани чораҳои беҳдоштию зидди эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд шуд.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки Ҳукумат бо ин амал мехоҳад буҷаи худро каме ҳам бошад аз ҳисоби хайроти мардум пур бикунад. Ин нобоварӣ дар ҳолест, ки ба куҷо ва чӣ гуна сарф шудани садҳо миллион доллар маблағ ва ҳазорҳо тонна кумакҳои башардӯстона аз хориҷу дохил барои мубориза бо COVID-19 ҷудошударо эълон накарданд. Ҳамзамон то ин муддат аз камубудиҳои зиёд табибону беморон ва мардуми одӣ шикоятҳо дар шабакаҳои интернетӣ садо медод. Пас чӣ тавр метавон мардумро боваркунонд, ки ба ин суратҳисобҳои номуайян маблағгузорӣ кунанд?

Бинобар гузориши хабаргузории “Асия-Плюс” Вазортаи тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки 344 млн сомонӣ аз Вазорати молия маблағ ба даст овардааст, ки ин 78,1% буҷаи қаблан муайяншударо ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон бошад, барои соҳаи тиб имсол 440,7 млн сомонӣ маблағ ҷуда шуда буд. Аз ин омор чунин бармеояд, ки тақрибан 100 млн сомонӣ аз буҷаи ин соҳа кам кардаанд. 

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ҳамсоя буҷаи соҳаи тибро қабл аз паҳншавии вируси корона боло бурда буданд. Ва баробари оламгир шудани ин вабо буҷаи онро дучанд намуда аз тамоми лиҳоз онро тақвият бахшиданд. Вале ҳукуматдорони кишвар бо вуҷуди ворид шудани кумакҳои ҳангуфт баракс, буҷаи ин соҳаро кам кардаанд. Таҳлилгарон ҳам бо суол изҳор медоранд, ки мақсад аз кушодани суратҳисобҳо дар назди Вазорати молия ва Бонки миллӣ чист, дар ҳоле, ки дар ин вазъияти ногувор буҷаи соҳаи тибро кам мекунанд?

Ба доди осебдидагони Хуросону Ваҳдат Ҳилоли Аҳмар расид

0

Дархости Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷиҳати расонидани кумак ба зарардидагони ноҳияиҳои Хуросон ва шаҳри Ваҳдат посухи мусбат пайдо кардааст.

Ин Созмони байналмилалӣ барои дастрас намудани маводҳои ғайрихӯрока ба 338 оилаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаи осебдидаи шаҳри Ваҳдат, дар маҷмӯъ ба 344 оила кумак кардааст. Ин кумак аз 344 бастаҳои маводи ғайрихӯрокворӣ, аз қабили бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, 344 бастаи лавозимоти ошхона, ва 344 бастаи гигиенӣ — сачоқ, собун, дандоншӯякҳо, собуни моеъ, шампун,  маводҳои гигиенаи шахсии занона, ӯребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, коғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд. Дар доираи ин ёриҳо, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кумак расонида мешавад.

Дар таърихи 2-уми июни соли равон, дар марҳилаи аввали тақсимоти кумаки мазкур ба 260 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон, тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводҳои ғайрихӯрока дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаҳои ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур ба 72 оилаҳои осебдидае, ки манзилҳояшон пурра зарар дидаанд, дастрас намудани кумакпулии яквақтина ба миқдори 150 франки швейтсарӣ, ки муоидили 1602 сомонист (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон) пешбинӣ карда шудааст.

Осебдидагони ноҳияи Хуросон дар вокуниш ба бетафовутӣ ва нодидагирии мақомоти расмӣ даст ба тазоҳурот зада ва шоҳроҳи Бохтар-Душанберо қатъ карда буданд. Мақомот ночор шудаанд, ки барои онҳо хайма дастрас кунанд ва замини наздиҳавлигӣ тақсим намоянд. Аммо ҳамин ҳоло ҳам гуфта мешавад онҳо ниёзи шадид ба маводди ғизоӣ ва доруворӣ доранд.