Хона блог саҳифа 67

Боздошти як муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон бо талаби Тоҷикистон

0

Як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷонби мақомоти Қазоқистон дастгир шудааст.

Сомонаи қазоқии Sona.kz 4-уми феврал бо такя ба манобеи худ дар сохторҳои қудратии Қазоқистон хабар дод, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон ба сабаби дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштан, 30-юми январ аз ҷониби пулис боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ дар ноҳияи Қарасой нигоҳ дошта мешавад ва барои истирдодаш ба Тоҷикистон чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, пулиси вилояти Алмато як чорабинии амниятӣ дар қаламрави вилоят, аз ҷумла дар қад-қади шоҳроҳи ҷумҳуриявии Алмато – Бишкек гузаронид. Гумонбаршуда тасодуфан аз дохили яке аз нуқтаҳои хӯрокхӯрии умумӣ, ки дар канори роҳ ҷойгир буд, боздошт гардидааст.

Мақомоти Қазоқистон аз боздоштшуда ном набурдаанд, аммо гуфта мешавад, соли таваллудаш 1994 аст ва давлати Тоҷикистон ӯро барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин, ки дар қонунгузории ҷиноятии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор додааст.

Назари худи боздоштшуда ва ё вакили дифоаш маълум нест. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзе пеш дар Русия як зан бо иттиҳоми узвият дар ҷараёни “Салафият” боздошт шуд, ки ӯро низ Тоҷикистон дар пйгарди байналмилалӣ қарор дода буд.

Ба назари коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ, мақомоти тоҷик бо баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм садҳо шаҳрвандро, ки аз ҳукумати имрӯза розӣ нестанд ва амалкарди мақомотро интиқод мекунанд, ҳамаро душман муаррифӣ карда, ба узвият дар гурӯҳҳои мамнуъ муттаҳам мекунад ва ҳамн тавр дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор медиҳад.

Дар ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғаззаро даҳҳо нафар кушта шуд

0

Рӯзи чоршанбе, 4-уми апрел дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба хаймаҳои оворагон дар Ғазза беш аз 20 нафар кушта шуданд, ки дар байни онҳо кӯадкони ширхор ҳам буданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пайи чунин ҳамлаҳои шадиди рӯзи гузашта низ 31 нафари дигар дар минтақаҳои гуногуни Ғазза кушта шуда буданд.

Дар баробари ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғазза, вазири дифои ин кишвар Йсроил Катс таҳдид карда, ки агар ҲАМОС силоҳашро пурра таслим накунад, худаш ва тамоми силоҳу қудраташро нобуд месозад.

Исроил иддао дорад, ки дар пайи таҳаррукоти низомии ҲАМОС ба нуқтаҳои онҳо ҳамла кардааст. Аммо ба гуфтаи сокинони Ғазза, ки ба расонаҳо нақл карданд, ин ҳамлаҳо мустақим ба хаймаҳои оворагон ва хонаҳои вайроне, ки аҳолӣ баргашта онҷо зиндагӣ мекарданд, сурат гирифтааст.

Коршиносни байналмилалӣ ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғаззаро бо мақсади бомборон кардани ҲАМОС “делели фиребанда” медонанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳеч фаъолияти низомии ошкоре дар байни хаймаҳои мардум вуҷуд надорад. Исроил мисли ҳамеша хаймаҳои паноҳандагон, бемористонҳо ва масҷидҳоро марказҳои низомии ҲАМОС арзёбӣ карда, ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Дар ҳамин Вазорати беҳдошти Ғазза мегӯяд, Исроил аз замони оғози оташбас, аз моҳи октябри соли 2025 то кунун 550 нафарро дар ҳамлаҳои гуногун куштааст. Аз ҷумла, онҳое, ки барои чидани ҳезум ба наздикии хатти зард мераванд, ҳамаро қариб куштааст, ки дар байни онҳо даҳҳо кӯдак вуҷуд дошт.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ғазза хабар медиҳанд, ки ҳамлаҳои Исроил шиддат гирифтааст, аз як сӯ имконоти хеле кам доранд, ки наметавонанд ба мардум ва осебдидагон кумак кунанд ва аз сӯи дигар артиши Исроил намегузорад гурӯҳҳои наҷотдиҳанда ба осебдидагон наздик шавнд. “Мо дирӯз ба сабаби набудани сӯхт фаъолияти худро таваққуф кунонидем.”, мегӯяд сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Ғазза Маҳмуд Басал.

Ӯ таъкид мекунад, ки ҷанг аз 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз мутаваққиф нашудааст. “Чизе, ки расонаҳо дар бораи қурбониён эълон мекунанд, аз воқеият хеле кам аст. Шояд ҳазорҳо нафар ҳаст, ки зери овораҳо кушта шудаанд ва мо ба онҳо расида наметавонем. Баъзан вақт Исроил ба мо чанд руз баъди аз ҳамлааш иҷозат медиҳад ва вақте меравем алакай чанд нафар ҷон додаанд. Агар мо сари вақт мерасидем, шояд ҷони чанде аз онҳоро наҷот медодем.”, мегӯяд Маҳмуд.

Мувофиқи созишномае, ки байни ҲАМОС ва Исроил анҷом ёфт ва моҳи октябри гузашта оташбас сурат гирифт, мебоист дар марҳилаи аввал бояд тамоми асирон зинда ва мурда ба Исроил бозгардонида шавад ва инчунин Исроил беш аз 2 ҳазор зиндонии фаластиниро озод кунад. Ва сипас ба марҳилаи дуюми оташбас гузашта, артиши Исроил ба хатти сурх қафо мерафт.

Чанд рӯзе қабл ҲАМОС ҷасади охирин сарбози гаравгони исроилиро пайдо ва ӯро таҳвил дод. Мувофиқи тавофуқнома акнун Исроил гузаргоҳи “Рафаҳ”-ро пурра бояд боз мекард ва рафтуо озод мешуд ва инчунин ворид шудани маводи кумакӣ ба аҳолӣ Ғазза бештар мешуд. Исроил гузаргоҳро боз кард, вале фаъолияти онро хеле маҳдуд сохт. Аз 50 нафаре, ки бояд ба Ғазза бармегаштанд, ҳамагӣ ба 12 нафар иҷозат дода шуд ва аз 40 беморе, ки бояд ба Миср барои табобат мерафтанд, ҳамагӣ ба 8 нафар иҷозати баромадан дода шуд. Гуфта мешавад, имрӯз аллакай гузаргоҳро Исроил бастааст.

Ба назари таҳлилгарон, Исроил тибқи созишномаи оташбас бояд ба марҳилаи дуюм бигузарад ва оҳиста оҳиста Ғаззаро тарк кунад, вале ҳоло ӯ чунин тасмимеро надорад ва мехоҳад дар ҳудуди хатти зард боқӣ бимонад ва ҳар вақт ки хост, Ғаззаро зери оташ бикашад ҳамон гунае ки дар Лубнон мекунад.

Рӯзноманигорони дохилӣ мегӯянд, агарчи марҳилаи якуми оташбас эълон шудааст, вале амалан ҷанг ҳанӯз ҳам ба поён расидааст. Ба гузориши онҳо, ҳатто Исроил ба тавофуқоти марҳилаи аввал, ки мебоист рӯзона садҳо мошини боркаш бо ғизо ва дигар эҳтиёҷоти мардуми вориди Ғазза бишаванд, пойбанд намондааст ва ба вуруди кумакҳои башарӣ иҷозат намедиҳад.

Коршиносон мегӯянд, Исроил вазъро ҳамин гуна асафбор нигаҳ медорад, то ҷомеаи ҷаҳонӣ ин вазъиятро дар ниҳоят қабул кунад ва оддӣ ба назар бирасад.

Боздошти як зани тоҷик дар Русия бо иттиҳоми узвият дар “Салафия”

0

Дар шаҳри Сухуми Абхазия як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 2021 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, боздошт шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Абхазия хабар додааст.

Ба иддаои манбаъ, Гулхумор Собироваи 55-сола ба узвият дар ҷараёни “Салафия”, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, гумонбар будааст. Ҳоло ин зани тоҷикро ба намояндагони Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия супоридаанд ва тақдири ояндааш рӯшан нест.

Назари худи Гулхумор Собироваи 55-сола, вакили дифоъ ва пайвандону наздиконаш ба ин иттиҳомот дастрас нест.

Аммо пештар расонаи фаронсавии “Disclose”, бо гузарондани таҳқиқот муайян карда буд, ки Тоҷикистон то сентябри соли 2024 3493 шаҳрвандашро ба “огоҳии сурх” (Red Notice)-и пулиси байналмилалии Интерпол ворид кардааст ва асосан онҳо мухолифони сиёсӣ ва шаҳрвандони мусалмонеанд, ки ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот надоранд.

Ба назари коршиносон, ҳукумати Тоҷикистон барои муноқишаҳо ва мушкилоти оддӣ ҳам аксари шаҳрвандонро ба иттиҳомоти вазнин, аз ҷумла ифротгароӣ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ, гунаҳкор дониста, дар ҷустуҷӯӣ байналмилалӣ медиҳанд.

Ошӯби навбатӣ дар яке аз зиндонҳои кишвар

0

Дар як тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд дасти кам се зиндонӣ ва як нигаҳбон кушта шудаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки 31-уми январи соли ҷорӣ ҳашт маҳбус баъди тир задан ба як нигаҳбони Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд бо нияти фирор вориди нуқтаи ҳоил шудаанд, аммо нигаҳбонони дигар ба тарафи онҳо тир зада, се маҳбусро мекушанд.

Ба гуфтаи манбаи ин расона, агар ин зиндониҳо аз нуқтаи ҳоил мегузаштанд, дигар як дарвозаи баромад буд ва метавонистанд гурезанд.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Isloh.net” дар саҳфаи фейсбукиаш рӯзи 2-уми феврал навиштааст: “Имрӯз як зиндонии кушташуда аз Рӯдакиро зери тадобири амниятӣ гӯронданд. Адади кушташудаҳоро то 15 ва маҷруҳин ҳам зиёданд.”

Ангезаи ҳамла дар Боздоштгоҳи Хуҷанд то ҳол маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳам ин ҳодисаро шарҳ надодаанд ва ин боиси тахмину оморҳои гуногун гаштааст.

Гуфта мешавад, солҳои охир дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат чанд ошӯб рух дода, даҳҳо зиндонӣ кушта шуданд. Бори охир моҳи феврали соли 2025 дар пайи як ошӯб дар зиндони Ваҳдат камаш 9 маҳбус кушта шуд, ки номи 7 нафари онҳо ба дасти Azda.tv расида буд ва 3 зиндонбон захмӣ шуда буданд.

Пештар аз ин шаби 8-уми ноябри соли 2018 дар муассисаи ислоҳии рақами 3/3-и шаҳри Хуҷанд задухӯрд миёни зиндонбонон ва зиндониён сар зад, ки дар натиҷа 23 нафар, аз ҷумла ду корманди зиндон кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб аз ҷониби тарафдорони маҳкумшудаи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” бо ҳадафи фирор ташкил шудааст.

Инчунин 19-уми майи соли 2019 дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки тибқи иттилои расмӣ, 32 нафар, аз ҷумла 29 зиндонӣ ва 3 корманди зиндон кушта шуданд. Дар миёни кушташудаҳо чеҳраҳои шинохта, монанди Каримов Абдусаттор (маъруф ба Махдуми Саттор), Саид Қиёмиддини Ғозӣ ва Саидмаҳдихон Сатторов (маъруф ба Шайх Темур) низ буданд. Мақомот он замон низ гуфтанд, ки ошӯбро ҷонибдорони ДИИШ таҳти сарварии Беҳрӯз Гулмурод, писари фармондеҳи собиқи ОМОН-и Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия ба сафи ДИИШ пайваста буд, ташкил кардаанд.

Мақомот ҳама ошӯбҳоро кори дасти ифротгароёни исломӣ мегӯянд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ вазъи бади зиндонҳо ва бадрафтории мақомот бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро аз сабабҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурдаанд. Мухолифон бар ин назаранд, ки ошӯбҳо сохтаи дасти мақомот буда, бо ҳадафҳои мақсаднок роҳандозӣ мешаванд.

Як муҳоҷири тоҷик дар Русия бо иттиҳоми тирпарронӣ боздошт ва муҳокима мешавад

0

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ба як зодаи Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми тирпарронӣ дар Красноярск боздошт шуда буд, беш аз 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Додситонии вилояти Красноярск парвандаи ҷиноятии як шаҳрванди 33-солаи зодаи Тоҷикистонро ба додгоҳ ирсол кардааст. Ӯ ба авбошӣ бо истифодаи силоҳ ва қасдан расонидани зарар ба саломатии дигарон айбдор мешавад.

Тибқи маълумоти мақомоти тафтишотӣ, ҳодиса баҳори соли 2025 дар назди толори варзишии “Стрела” дар шаҳри Красноярск рух додааст. Айбдоршаванда барои тамошои машқҳои варзишии писараш ба ин толор омада буд. Дар ҳамон рӯз ҷияни ӯ низ бо як дӯсташ барои тамошои машқҳои фарзандонашон ба ин макон ҳозир шудаанд.

Миёни хешовандон муноқишаи дерина авҷ гирифта, онҳо барои равшан кардани муносибат ба кӯча баромадаанд. Дар ҷараёни баҳс айбдоршаванда ба назди мошинаш рафта, таппончаи травматикии тамғаи “Grand Power T12-FM1”-ро гирифта, шаш маротиба ба самти ҷиянаш ва дӯсти ӯ тир холӣ кардааст.

Тирпарронӣ дар маҳалли истиқоматӣ ва дар наздикии иншооти варзишии кӯдакон ба вуқуъ пайвастааст. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки дар он ҷо кӯдакон ва мураббиён ҳузур доштанд. Пас аз садои тирпарронӣ яке аз мураббиён ба кӯча баромада, силоҳро аз дасти айбдоршаванда гирифтааст. Бо вуҷуди ин, низоъ идома ёфта, миёни хешовандон занозанӣ сар задааст. Дар натиҷа, ҳар ду ҷониб ҷароҳат бардоштаанд.

Додситонӣ нисбат ба ин зодаи Тоҷикистон бо қисми 2 моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (авбошӣ бо истифодаи силоҳ) ва бандҳои “а”, “д”, “з” қисми 2 моддаи 112 (қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ аз ангезаҳои авбошона бо истифодаи силоҳ) парванда боз карда буд.

Гуфта мешавад, айбдоршаванда гуноҳашро эътироф карда ва иддао дорад, ки маҷбур шуд “барои дифоъ аз худ” тирпарронӣ кунад. Парванда дар Додгоҳи ноҳияи Советскии шаҳри Красноярск баррасӣ хоҳад шуд. Бар асоси моддаҳои эълоншуда, ин зодаи Тоҷикистонро то 12 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Аммо мақомоти тафтишотии Красноярск хабар надодаанд, ки ҷониби дигари даргирӣ бо муттаҳам чӣ наздикӣ дошта, сабаби муноқишаи онҳо чӣ будааст. Ва инчунин оё ӯ ҳам боздошт шудааст ё на маълму нест.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 3 миллион нафар ба оби нӯшокии тоза дастрасӣ надоранд

0

Тибқи омори расмӣ, дар соли 2025 аз байни тамоми аҳолии кишвар ҳамагӣ 67 дарсади он ба оби нӯшидании тоза дастрасӣ доранд.

Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2025 аз байни 10 млну 200 ҳазор аҳолии кишвар ҳамагӣ 67,3% ё тақрибан 6 млну 864 600 нафар бо оби нӯшокии мутамарказ таъмин шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо 90,7% ва дар деҳот 57,8 %-ро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки зиёда аз 3 миллион нафар, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, ба оби тоза дастрасӣ надоранд ва маҷбур мешаванд оби нӯшокиро аз роҳҳои дур биёранд. Баъзеҳо ҳатто обро бо мошинҳо харида меоранд ва захира мекунанд.

Ҷамшед Табарзода афзуд, ки корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов соли гузашта таъминоти оби нӯшокиро ба 831 миллион метри мукааб расонида, хизматрасонии обҳои партовро ба андозаи 25,5 миллион метри мукааб иҷро кардаанд, ки нисбат ба соли 2024 қариб 7,7 миллион метри мукааб зиёд мебошад.

Ин омор ва рақамҳо дар ҳолест, ки мушкилоти дастрасӣ ба оби тоза, бахусус дар деҳот ва манотиқи дурдаст, ҳанӯз боқӣ мемонад. Дар бисёре аз ҳолатҳо мардуми ноҳияҳои дурдасти кишвар ба таври ҳашар ва аз ҳисоби шахсии худ ба хонаҳояшон лӯлаҳои об мегузоранд. Ҳатто баъзе сокинон шикоят мекунанд, ки бо вуҷуди надоштани оби доимӣ, мақомот аз аҳолӣ барои истифодаи оби нӯшокӣ пул талаб мекунанд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ: Шумори қурбониёни эътирозҳои Эрон бештар аз омори расмӣ аст

0

Рӯзи 1-уми феврал мақомоти расмии Эрон номи 2986 нафарро нашр карданд, ки дар эътирозҳои охир кушта шудаанд.

Ин дарҳоле аст, ки пештар ҳукумати Эрон эълон карда буд, дар ҷараёни нооромиҳо беш аз се ҳазор нафар ҷон бохтаанд, аммо созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ҷонбохтагон дар эътирозҳои ахир ба маротиб бештар аз омори расмӣ мебошад.

Созмони ҳуқуқи башари “HRANA” хабар медиҳад, ки то охири моҳи январ кушта шудани ҳазорон эътирозгар сабт шудааст ва санҷишу муайянсозии даҳҳо ҳазор ҳолати дигар ҳамоно идома дорад.

Ба гуфтаи ин ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, маҳдуд шудани дастрасӣ ба интернет, фишор ба хонаводаҳои қурбониён ва набудани имкони кори озоди расонаҳои мустақил дар минтақаҳои ноором, монеаи муайян кардани омори дақиқи ҳалокшудагон шудааст. Бархе расонаҳои ғарбӣ низ бо такя ба манобеи огоҳ навиштаанд, ки шумори воқеии қурбониён метавонад чанд баробар бештар аз рақамҳои эълонкардаи мақомот бошад.

Аммо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон иддао доранд, ки нерӯҳои амниятӣ дар кушта шудани эътирозгарон нақше надоштаанд ва кушташудани эътирозгаронро кори гурӯҳҳои ба гуфтаи онҳо “террористӣ” медонад. Дар ҳоле ки ниҳодҳои ҳуқуқи башар бо ишора ба наворҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки нерӯҳои амниятӣ ва афроди мусаллаҳи бо либоси мулкӣ мустақиман ба сӯи тазоҳургарон тир мекушоянд.

Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои хиёбонӣ дар Эрон аз охири моҳи декабр оғоз шуда, дар оғоз бештар хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доштанд, вале баъдтар ба як ҳаракати густурдаи зиддиҳукуматӣ табдил ёфтанд. Ба навиштаи расонаҳои байналмилалӣ, посухи мақомот ба ин тазоҳурот саркӯби сахт ва маргбор буд, ки вокуниш ва нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овардааст.

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон 37% афзоиш ёфтааст

0

Дар Тоҷикистон давоми соли 2025 ҳаҷми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 37% ва дар умум ҷиноятҳои марбут ба ин самт 20% афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора рӯзи 2-юми феврали соли ҷорӣ Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди зери раҳбарияш дар 2025, 116 ҷинояти марбут ба қочоқи маводи мухаддирро ошкор карда, ки ин омор нисбат ба соли 2024, 19% ё 22 ҷиноят бештар аст.

Ба маълмуоти Самад Зафар, Агентии назорати маводи нашъаовар дар соли гузашта 689 килову 647 грамм маводи мухаддирро кашф ва мусодира кард, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024 37% ё 185 кило бештар мебошад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии кишвар дар соли 2025, 23 ҳазору 452 ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин омор дар соли 2024, 22 ҳазор 314 ададро ташкил медод. Аз ин шумора 1003 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2024, 20% бештар мебошад.

Директори Агентӣ зимни ироаи оморҳо афзуд, ки дар соли гузашта ҳангоми гузарондани амалиётҳои махсус 5 тоннаву 280 кг маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2024, 21% зиёд мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2024 мақомот дар маҷмуъ 4 тоннаву 381 кг маводи нашъаовар мусодира карда буданд.

Дар соли 2025 қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон 2 тоннаву 742 кг-ро ташкил додааст, дар ҳоле, ки ин нишондод дар соли 2024, 1 тоннаву 824 кг буд. Бо ин ҳол мақомоти Агентии назорати маводи мухаддир вазъияти имсоларо “нигаронкунанда”, арзёбӣ мекунанд.

Дар соли гузашта 583 ва дар соли 2024, 850 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ бо ҷурми содир намудани маводи мухаддир дар ҳаҷми 208 кг дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, дар байни дастгиршудагон 9 нафарашон зан мебошанд.

Тибқи оморҳои ин ниҳод, бар иловаи афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар соли 2025, инчунин сатҳи нашъамандии шаҳрвандон низ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ин ниҳод дар омораш таъкид кард, ки дар соли 2025 барои бори аввал аст, ки муассисаҳои наркологии кишвар наздики 350 нафарро расман сабти ном мекунанд.

Соли 2025 истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон 6,5% афзоиш ёфт, вале “лимит” ҳам сахттар шуд

0

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмияш рӯзи 28-уми январ омори соли 2025-ро нашр кард.

Ин вазоратхона дар матлаби омории худ навишта, ки корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” қариб 60 дарсад ба анҷом расида, баландии он ба 151 метр баробар шудааст. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки пас аз насби ду агрегати муваққатии НБО-и “Роғун” аз замони баистифодадиҳӣ то 31-уми декабри соли 2025-ум 9,9 миллиард кВт·соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

Аммо, ба иттилои ин ниҳод, дар умум тамоми нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар соли 2025, 23 млрд 982,6 млн кВт·соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд, ки ин омор нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 554,9 млн кВт·соат ё 6,5 % зиёд мебошад.

Вазорат мегӯяд, дар соле, ки гузашт, ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ 5 млрд 356,1 млн кВт·соатро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба соли 2024 ба андозаи 1 млрд 454,4 млн кВт·соат ё 37,3 дарсад зиёд аст. Аз ин миқдор, 2 млрд 666,4 млн кВт·соаташ содироти тиҷоратии нерӯи барқ буда, 912,8 млн сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2024 ба андозаи 188 млн кВт·соат ё 7,6 дарсад зиёд мебошад.

Содироти тиҷоратӣ ба кишварҳои зерин интиқол дода шудааст:
• ба Афғонистон – 1 млрд 760,3 млн кВт·соат ба маблағи 742,3 млн сомонӣ;
• ба Ҷумҳурии Узбекистон – 894,7 млн кВт·соат ба маблағи 169,8 млн сомонӣ;
• ба Ҷумҳурии Қирғизистон – 11,5 млн кВт·соат ба маблағи 1,2 млн сомонӣ.

Дар омори вазорат таъкид мешавад, ки беш аз 90 %-и нерӯи барқи ба хориҷ содиршуда дар моҳҳои апрел-сентябр сурат гирифтааст.

Ҳамзамон қайд шуда, ки ҳаҷми воридоти нерӯи барқ дар ин давра 2 млрд 701,9 млн кВт·соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 1,1 млрд кВт·соат ё 67 дарсад зиёд мебошад. Аз ин ҳаҷм, 2 млрд 688 млн кВт·соат аз Ҷумҳурии Узбекистон ва 13,9 млн кВт·соат аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шудааст.

Ин ниҳод дар омораш талафоти нерӯи барқро 3 млрд 992 млн кВт·соат гуфтааст, ки нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 482 млн кВт·соат ё 3,6 % кам мебошад.

Вазорати энергетикаи кишвар мегӯяд, маблағи истифодаи барқ аз ҳисоби аҳолӣ, ки он 2,4 млрд сомониро ташкил медиҳад,100% ҷамъоварӣ шудааст, аммо ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби истифодабарандагони бахши саноат, ки 3,5 млрд сомонӣ гуфта мешавад, то 98% сурат гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ниҳодҳои марбутаи тақсимоти барқ, аз ҷумла ширкати “Барқи тоҷик” ҳамеша аҳолиро қарздори асосӣ медонад ва аммо аз корхонаҳои бузурги кишвар, ки ба шахсони аввали ҷумҳурӣ тааллуқ доранд ва миллионҳо сомонӣ пули барқро пардохт накардаанд, чизе намегӯянд.

Алалхусус, Вазоарти энергетики кишвар дар ин омораш аз корхонаҳои бузурге, ки қарздоранд ва то ҳанӯз пули истифодаи нерӯи барқро пардохт накардаанд, зикр кардааст. Дар ин омор гуфта мешавад, то 31-уми декабри соли 2025 маблағи қарзи дебитории нерӯи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 3 млрд 634,8 млн сомонӣ, аз ҷумла, аҳолӣ 1 млрд 161,7 млн сомонӣ, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 823,8 млн сомонӣ, корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ 246,1 млн сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 279,7 сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд 123,6 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ба назари коршиносон, маълумоти аз ҳама тааҷҷубоваре, ки дар ин омор зикр мешавад, ин ҳаҷми содирот ва воридоти нерӯи барқ ба Узбекистон ва Қирғизистон аст. Масалан, агар ҳаҷмии умумии содироти барқ ба хориҷ аз кишвар 2 млрд 666,4 млн кВт·соатро ташкил дода бошад, танҳо аз Узбекистон 2 млрд 688 млн кВт·соат гашта ворид шудааст. Ва ба Қирғизистон агар 11,5 млн кВт·соат содир карда бошанд, аммо 13,9 млн кВт·соат ворид кардаанд. Яъне, Тоҷикистон 35,5 млн кВт·соат бештар аз захираҳои худро мефурӯшад. Вале агар он 4 млрд кВт·соате, ки талаф шудааст, идораи дуруст шавад, шояд кишвар маҷбур нашавад, барқи фурӯхтаашро гашта дубора бихарад.

600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд

0

Соли 2025 қариб 600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд. Ин оморро Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ зимни нишасти хабарӣ эълон кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин донишҷӯён баъди ихроҷ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол ёфта, таҳсили худро дар кишвар идома додаанд. Ҳамзамон, муовини вазир афзуд, моҳи ноябри соли гузашта дар ҷараёни нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи донишҷӯёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи музокирот ҷониби Русия омодагии худро барои қабули дубораи 730 донишҷӯи тоҷик изҳор кардааст. Ва Тоҷикистон ба мақомоти Русия ҳуҷҷатҳое пешниҳод намудааст, ки нишон медиҳанд, ин донишҷӯён дар ду соли ахир беасос аз донишгоҳҳои Русия хориҷ шудаанд. Пас аз ин, Русия розӣ шудааст, ки онҳоро бозпас қабул намояд.

Бо вуҷуди ин, Лутфия Абдулхолиқзода мегӯяд, қисми зиёди ин донишҷӯён дар ин муддат аллакай ба муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон интиқол ёфта, таҳсилро оғоз карда буданд ва ба Русия баргаштан нахостаанд.

Дар баробари ихроҷи донишҷӯён, бо сабаби душвортар шудани тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо беш аз 9000 хонандаи мактаб аз Русия ба Тоҷикисон баргаштаанд. Кӯдакони муҳоҷирон дар Русия бе супурдани имтиҳони забони русӣ дигар ҳаққи таҳсилро надоранд.

Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода гуфт, дар мактабҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Баъди ҳодисаи «Крокус Сити Ҳол» фишор болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба таври чашмрас афзоиш ёфт. Ба гуфтаи муҳоҷирон, бархе аз шаҳрвандонро ба қаламрави Русия роҳ намедиҳанд ё бидуни шарҳи расмӣ аз кишвар ихроҷ мекунанд. Дар баробари ин, қабули як қатор қонунҳо ва маҳдудиятҳои нав шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷикро дар Русия боз ҳам душвортар кардааст.

Ҳамзамон, солҳои охир масъалаи мушкил шудани вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия низ бештар ба миён меояд. Донишҷӯён мегӯянд, ки ҳангоми бозгашт аз рухсатӣ дар марз бо монеаҳо рӯ ба рӯ мешаванд ё баъзан иҷозаи идомаи таҳсил дар донишгоҳҳоро дарёфт намекунанд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки ҷониби Русия дар аксари ҳолатҳо сабабҳои чунин маҳдудиятҳо ва ё ихроҷи донишҷӯёнро расман шарҳ намедиҳад.