Хона блог саҳифа 678

Қотили як муҳоҷири тоҷик маълум шуд, ҳамватан будааст

0

Баъд аз оварда шудани ҷасади як муҳоҷири тоҷик аз Русия қотил дар шаҳри Дмитрови вилояти Маскав ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои ин сомона ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 25 майи соли 2020 аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон оварда шуда буд. Ин шаҳрванд зодаи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд буда, Қушмуродов Сардор Фуркатович ном доштааст.

Гуфта мешавад Прокуратураи генералӣ барои муайян намудани қотилон ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ба Прокуратураи генералии ФР муроҷиат намудааст. Дар натиҷа аз рӯи ин ҳодиса бо қисми 4 моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида шудааст), парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Аз руйи ин ҳодиса Худойбердиев Д.А. боздошт гардид.

Ҳангоми тафтишот муайян карда шудааст, ки Худойбердиев Д.А. дар натиҷаи муноқиша бо корд ба шиками Кушмуродов С.Ф. як зарба задааст, ки Сардор зарари ҷиддӣ ба саломатӣ бардошта, вафот кардааст.

Баъд аз анҷоми тафтишот рӯзи 04 сентябри соли 2020 Худойбердиев Д.А. бо ҳукми суди шаҳри Дмитрови вилояти Москва ба муҳлати 6 сол равонаи зиндон шуд.

Вазири меҳнат худи занони мардикорбозорро дар надоштани шуғл гунаҳкор донист

0

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷкистон мегӯяд, дар Тоҷикистон сатҳи бекорӣ ҳатто дар замони пандемӣ боло нарафта. Ва дар давоми 9 сол  дар кишвар 1,9 млн ҷойҳои нави корӣ нав таъсис додаанд.

Вазири меҳнат, Ширин Амонзода чунин гуфтаҳоро дар мусоҳибае бо нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” ироа кардааст.

Ба иттилои вазир, дар Тоҷкистон татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон”, ки аз солҳои 2012 то 2020 идома кард ба анҷом расид ва танҳо дар ҳамин давра дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 млн ҷойи корӣ таъсис дода шуд.  

“Дар натиҷаи татбиқи стратегия давоми солҳои 2012 – 2020 дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд, дар ин замина бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гашт”.

Дар ҳамин ҳол вазир мегӯяд, дар ин давра теъдоди аҳолии машғули кор аз 2 миллиону 291,5 ҳазор нафар то ба 2 миллиону 463, 4 ҳазор боло рафт, ки афзоиш ба 137,8 ҳазор нафар ё 12,7 дарсад рост меояд. Аммо он ки 1 млн 42 ҳазор ҷойҳои кории дигар куҷо шуданд маълум нест. Баста шуданд ё касе нахост дар он ҷойҳои кории таъсисдодаи вазорат кор кунад, вазир ин нуктаро шарҳ надодааст.

Ҳамзамон, дар ҳамин мусоҳибааш вазир гуфт, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида имкон фароҳам омад, ки дар давраи авҷи пандемияи коронавирус фаъолияти муназзами ташкилоту муассиса ва корхонаҳои ҷумҳурӣ таъмин гардад ва ба ин васила вазъ дар бозори меҳнати кишвар муътадил нигоҳ дошта шавад.

Соли гузашта дар соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, зиёда аз 193 ҳазор ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис ёфт. Шумораи қувваҳои корӣ соли 2020  нисбат ба соли 2019-ум 3,7 дарсад афзуд. Дар ин замина, теъдоди аҳолии машғули кор низ аз 2314,9 ҳазор нафари соли 2019 то ба 2402,8 ҳазор нафар расид.

Ба иддаои Ширин Амонзода, қатъи назар аз таъсири бемории сироятии COVID – 19 ба вазъи бозори меҳнат, сатҳи бекории расмӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2 – 2,2 фоиз нигоҳ дошта шуд, ки ин нишондиҳанда қабл аз хуруҷи бемории мазкур ҳам дар ҳамин сатҳ қарор дошта аст.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, дар бораи занони “мардикорбозор”- и шаҳри Бохтар низ ибрози назар карда худи занонро, дар надоштани ҷойи кор гунаҳкор донист. Бояд, гуфт, ки дар ин бозор занҳои зиёде соатҳо интизори корфармо менишинанд ва чанде пеш вазир аз аҳволи онҳо дидан карда буд.

“Баъд аз дидору суҳбатҳо, ба хулосае омадам, ки мушкили асосии онҳо дар надоштани донишу тахассуси муайян ва илова бар ин, талош накарданашон барои соҳибтахассус шудан аст. Аслан, пайдо кардани шуғл мушкил нест, балки душворӣ дар роҳҳои расидан ба он ҷой дорад, ки аз ҳар инсон донишҳои зеҳниро тақозо мекунад. Нафаре, ки наметавонад нависад, хонад ва ё намехоҳад кореро ба таври муназзам ва тахассусӣ омӯзад, мушкилоти асосии ӯ мебошад”.

Дар ҳамин ҳол вазир мегӯяд, ки тасмим гирифтаанд қабл аз ҳама бо зеҳнияти ин нафарон кор бигиранд ва онҳоро соҳибихтисос гардонанд.

Вазир гуфт, ки баъди чанд рӯзи ин шиносоӣ, тавассути сохторҳои маҳаллии вазорат дар вилояти Хатлон ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, 48 нафар бо кори доимӣ таъмин ва 280 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ аз рӯйи талаботи бозори меҳнат ҷалб шуданд. Ба онҳо ихтиёран дар як ҳафта се рӯз барои кор ва се рӯз ба омӯзиши касбу ҳунар пешниҳод шуд.

Дар охир Ширин Амонзода ба мисли мансабдорони дигар ҳамон омрҳои куҳнаро бори дигар такрор карда, ки тибқи он омор Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар аз 36,1 миллиард сомонӣ то ба 82,6 миллиард сомонӣ афзуд, ки ҳаҷми афзоиш ба 46,5 миллиард сомонӣ ё 2,3 маротиба баробар мешавад.

Дар давраи татбиқи стратегия, ки бештар аз 8 сол идома дошта ӯ мегуяд, музди меҳнати миёнаи номиналии кормандони ҳама соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз 555,2 сомонӣ ба 1393,7 сомонӣ расид. Аммо ба мисли мансабдорони дигар ва ҳатто расиҷумуҳур, ӯ ҳам нагуфт, ки дар ин давра чи қадар қурби сомонӣ уфт карда ва нарх дар бозорҳо боло рафта ва ин маош барои зиндигии сокинон басанда аст ё ахйр.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷкистон пайваста бо боло рафтани қурби доллар дар баробари пули миллӣ нархи ҳам маҳсулот ва ҳам хидматрасониҳо боло меравад ва мансабдорон дар баробари ироаи омор дар ин бора чизе намгӯянд.

Корфармоёни рус барои ҷалби коргарон ба Тоҷикистон омаданд

0

Намояндагони ширкати сохтмонии “Тех строй”-и шаҳри Маскав барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба корҳои сохтмонии ин ширкат ба Тоҷикистон омадаанд.

Ба навиштаи хабаргузории “Sputnik”, намояндагони ин ширкати сохтмонӣ нахуст дар шаҳри Хуҷанд ва сипас ба шаҳри Душанбе сафар карда бо сокиноне, ки хоҳиши дар Русия кор карданро доранд, шартномаи корӣ ба имзо мерасонанд.

Шаҳрвандоне, ки моҳҳост дар ҷустуҷӯи кору мунтазири кушодашавии роҳҳо нишастаанд, бо шунидани ташрифи корфармоёни рус ба Тоҷикистон даҳҳо нафар сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд рӯзҳои 2 ва 3 март ба Хуҷанд омаданд.

Николай Папов, роҳбари ҶСК “Тех строй”-и шаҳри Маскав дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта, ки бахши аъзами коргарони ин ширкат аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ аст ва аз ҳамин лиҳоз ӯ дар ҳамкори бо Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо гурӯҳи иборат аз 16 нафараи худ барои бастани шартномаҳо ба корҷӯён ба Тоҷикистон омаданд.

“Давоми ду рӯз бо бештар аз 500 нафар шартномаҳо ба имзо расонида шуд. Дар ин миён бештар аз 40 нафар ҳамчун мутахассиси баландсоҳа қабул гардиданд”, гуфт роҳбари “Тех строй”-и Маскав.

Бино ба гуфти Папов, баъд аз Хуҷанд сафари онҳо ба шаҳри Душанбе низ дар назар буда, то 6 уми март сокинонро барои ҳамкорӣ қабул мекунанд.

Гуфта мешавад, ширкати “Тех строй” бастани 1000 шартнома бо ҳамкорони тоҷикро дар нақша дошта, масъалаи ташкили хатсайри чартерӣ, расмиётдарории ҳуҷҷатҳо аз қабили иҷозатномаи ҷойи кор, таъмин намудан бо хобгоҳ ва сари ҳар моҳ пардохт намудани маоши муҳоҷиронро ба уҳда гирифтааст.

Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон то баста шудани марзҳо байни Тоҷикистону Русия дар ин кишвар кор мекарданд ва зиндагии худу хонводаашонро мечархонданд, аммо баъд аз шуюъи бемории ҳамагир ва қатъи парвозҳои доимӣ аксаран корҳои худро аз даст доданд ва хелеҳо низ ба ватан баргаштанд.

Айни замон аз сабаби бекорӣ дар кишвар онҳо рӯзшуморӣ мекунанд, ки кай парвозҳои доимӣ барқарор мешаванду ба сари кори худ бармегарданд.

Президент боздошт шуд. Чаро ва бо чӣ сабабе ӯро боздошт карданд?

0

Президенти пешини бошгоҳи Барселона Жосеп Мария Бартомеу дар доираи як амалиёт аз ҷониби полиси Каталония боздошт шуд. Дар дафтарҳои ин бошгоҳ кофтукоб гузаронида шуданд. Ҳамроҳ бо Бартомеу директори иҷроия Оскар Грау, сардори департаменти ҳуқуқӣ Роман Гомес Понти ва мушовири президент Жауме Масферрер боздошт шуданд.

“Cadena Ser” радиои каталонӣ сабаби ин боздоштҳоро дар сӯиистифода аз мансаб, фасод ва шустушӯи пул медонад. Расонаҳои Испания боварӣ доранд, ки ин ҳама натиҷаи “Барса-гейт” аст.

“Барса-гейт” чист?

Дар охири моҳи феврали соли 2020, радиои каталонии “Cadena SER” тафтишотро оғоз кард ва муайян намуд, ки клуб ба ширкати таҳлилии “I3 Ventures” барои сохтани симои мусбати Бартомеу дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва танқиди Месси, Пике, Гвардиола ва ҳамаи рақибонаш, президенти собиқ аз ҳисоби клуб пули калон гузарондааст .

Гуфта мешавад, ё Бартомеу аз ҳисоби бошгоҳи Барселона барои хизматрасонии “I3 Ventures” як миллион евро пардохт кардааст. Ин маблағ шаш маротиба бештар аз арзиши бозор мебошад. Ин маблағ қисм – қисм пардохт шудааст, ки як қисми он камтар аз 200 ҳазор доллар аст.

Чаро пул қисм – қисм пардохт шудааст?

Агар маблағи шартнома аз 200 ҳазор камтар бошад, он метавонад бе маслиҳати Шӯрои директорон пардохт карда шавад. Аз ин бармеояд, ки Бартомеу мехост далели ҳамкорӣ бо “I3 Ventures” пинҳон кунад. Ин амали Бартомеу хашми футболбозонро ба бор оварда буд. Аз ҷумла Месси ва Пике дар суҳбат бо расонаҳо изҳори нигаронӣ намуда буданд.

Баъд аз ин сару садоҳо Бартомеу ва бошгоҳи Барселона қавл доданд, ки тафтишоти дохилии худро анҷом медиҳанд. Барои анҷом додани тафтишот Бартомеу ба рафтани ноиби президент Эмилие Русо исрор варзид.

Гуфта мешавад, ки Русо яке аз шарикони наздик ба Бартомеу буд. Русои барканоршуда аввалин касе буд, ки Бартомеуро дар фасод айбдор намуда гуфт:

“Коррупсия дар клуб аён аст. Клуб маълумот дар бораи шартномаҳо бо ширкатҳои гуногун, ки яке аз онҳо дар минтақаи оффшорӣ ҷойгир аст ҳазф кардааст. Ин кор барои пешгирӣ аз назорати дохилӣ ва ба даст овардани хулосаи мусбӣ аз кумитаи молия ва шӯрои директорон анҷом дода шуд. Аз ин қонуншиканӣ хабардор шудам ва ин сабаби истеъфои ман шуд.”

Ҳамчунин собиқ ноиби президент қайд карда гуфт:

“Вақте шумо барои хидмате, ки 100 ҳазор арзиш дорад як миллион евро пардохт мекунед, ин амал саволҳои зиёдро ба миён меорад. Ҳоло тафтишот идома дорад ва нишон хоҳад дод, ки чӣ гуна воқеан ин амал рӯй додааст. Бартомеу инро медонад. Ин амали ифлос аст. Ба фикри ман, касе аз ҳисоби клуб пул дуздида истодааст. Ӯ кист? Табиист, ки касе аз роҳбарият. Намедонам дақиқ кӣ аст, аммо шубҳаҳо вуҷуд доранд.”

Клуб дар посух ба Русо ӯро барои тӯҳмат ба додгоҳ кашид. Ноиби президент клубро бо 6 аъзои раёсат тарк кард. Аъзоёни раёсат ки клубро тарк карданд дар номаи кушод аз ин амалҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Нашрияи испании “El Mundo” бино бар гузориши аудиторӣ навишта буд, ки полис боварӣ дорад ин амал ва шартномаҳо на танҳо барои пинҳон кардани корҳои Бартомеу аз Шӯрои директорон, балки инчунин барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ иштирокчиёни муомила анҷом дода шудааст.

Дар ин парванда инчунин Хуан Масферрерро дасти рости Бартомеу, ки рӯзи 1 март боздошт шуда буд, ҳамроҳ аст. Гуфта мешавад, маҳз ӯ ҳамкориҳоро бо “I3 Ventures” назорат мекард. Пеш аз барканорияш Жосеп аз истеъфои Хуан гуфта буд, аммо ҳам Руссо ва ҳам полис бар ин назаранд, ки ӯ дар вазифа монда, маош мегирифт.

Пештар дар суҳбат бо расонаҳо Русо гуфт:

“Президент ба мо гуфт, ки ӯро аз кор хориҷ кардааст, аммо ин тавр набуд. Масферрер ба менеҷерон занг задан ва дастур доданро идома медод. Хандаовар аст, аммо ман дирӯз бо Масферрер сӯҳбат кардам. Ман чунин эҳсос мекунам, ки пинҳонӣ ӯ то ҳол мушовири Бартомеу аст. “

Дар моҳи июли соли 2020 Барселона ҳисоботи ширкати аудитории “PWC” пешниҳод кард, ки дар он ягон қонуншикании ҷиддӣ дар клуб муайян карда нашудааст. Полис ин хабарро ба эътибор гирифт, аммо гуфт, ки ин гузориш аз ҷониби онҳое фармоиш дода шудааст, ки метавонанд манфиатдори ҷиноятҳои эҳтимолӣ бошанд.

Охири моҳи октябри соли 2020 Бартомеу бо тамоми шӯрои директорони тими менеҷераш истеъфо доданд. Ҳатто онҳо натиҷаи овоздиҳӣ барои импичментро мунтазир нашуданд.

Интихоботи президенти нави клуби Барселона 7 март баргузор мегардад. Дар ин интихобот 3 довталаб Ҷоан Лапорта, Виктор Фонт ва Тони Фрея иштирок меварзанд. Лапорта ягона президенти Барселона дар асри 21 аст, ки аз ҷониби полис боздошт нашудааст.

Пеш аз ӯ, клубро Хосе Луис Нунес роҳбарӣ мекард, ки дар соли 2011 ба додани ришва айбдор шуда буд. Баъд аз Лапорта президенти Барселона Сандро Россел буд, ки ӯ барои тасарруфи маблағи трансфери Неймар зиндонӣ шуда буд.

Клуб рӯзи душанбе изҳороти расмӣ пахш намуда гуфт, ки Барселона омодааст пурра бо ҳуқуқдонҳо ва кормандони полис ҳамкорӣ кунад.

Тоҷикистон дар радабандии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар гурӯҳи бадтаринҳо қарор гирифт

0

Дар ҳоле, ки мақомот мегӯянд дар Тоҷикистон озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ таъмин аст, “Freedom House” ё Хонаи Озодӣ ин кишварро ба гурӯҳи бадтарини бадтаринҳо дохил кард.

“Freedom House” ё Хонаи Озодӣ рӯзи 3-юми март гузоришеро нашр кард, ки дар он Тоҷикистон аз миёни 54 кишвари ноозод дар гурӯҳи дувоздаҳ бадтарини бадтаринҳо дар як саф бо Туркманистону Куриёи Шимолӣ ва Сомали қарор дорад.

Ин созмон ҳамчунин гуфтааст, ки матлаби алоҳидаеро дар бораи Тоҷикистон ба зуддӣ нашр хоҳанд кард.

“Freedom House” дар гузориши худ дар соли 2020 режими Раҳмонро худкома номида гуфтааст, ки ӯ аз соли 1992 зимоми қудратро дар даст дорад ва дар ин муддат озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳдуд шудаанд.

“Оппозитсия аз маъракаҳои фишору саркӯби чанд соли охир осеб дида, мақомот озодиву фаъолиятҳои мазҳабиро таҳти назорати шадид гирифтаанд. Сарват ва қудрат ҳарчи бештар дар дасти президент ва аъзои оилааш тамаркуз меёбад”, – омадааст дар гузориши “Freedom House” дар соли 2020.

Ҳамчунин дар гузориши худ ин созмон аз пандемияи коронавирус, номуайяниҳои иқтисодӣ ва низоъҳо дар саросари ҷаҳон гуфта, қайд кардааст, ки ин ҳама сабаби маҳдуд шудани озодиҳо шудаанд.

Freedom House мегӯяд, дар 15 соли охир шумораи кишварҳои ноозод бештар шуда истодааст.

Ин созмон аз Қирғизистон ва Белорус мисол оварда гуфтааст, ки ин кишварҳо дар бахши озодиҳои сиёсиву маданӣ “бисёр чизро аз даст доданд”. Баръакс аз Мақдунияи Шимолӣ тавсиф шуда гуфта шудааст, ки баландтарин нишондодҳои озодиро ба даст овардааст.

Хонаи озодӣ дар гузоришаш навишта, ки “Ҳомиёни демократия дар муқобили душманони худкомаашон хеле ақибнишинӣ карданд ва тавозуни байналмилалӣ ба фоидаи зулму ситам буд”.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки раҳбарони кишварҳои худкома барои саркӯб ва аз байн бурдани мухолифини худ аз нерӯ истифода бурда, ба ҳукмҳои сангини зиндон, шиканҷа ва куштор даст мезаданд.

Пас аз Facebook ширкати Google низ ҷузъи андозсупорандагон шуд

0

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз 4 март хабар дод, ки пас аз сабти ном кардани “Facebook” ҳамчун андозсупоранда, рӯзи 3 март ширкати маъруфи “Google” низ худро дар Кумитаи андоз ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ ба қайд гирифтааст.

Дар хабар омада, ки ба ғайр аз ширкатҳои бузурги “Google” ва “Facebook”, чунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди “Doodle inc”, “Novatech IT ltd” ва “Xsolla (USA) Inc” ба қайд гирифта шудаанд ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.

Баъд аз баҳсҳои зиёд Тоҷикистон охири соли 2020 қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он шахсони хориҷӣ аз хизматрасониҳои электронӣ бояд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд.

“Амали Қонун ба шахсони хориҷие тааллуқ дорад, ки ба шахсони воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои рақамиро анҷом медиҳанд. Тибқи Қонун, ширкатҳои хориҷӣ уҳдадоранд на дертар аз 20 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз намудани хизматрасониҳои электронӣ дар мақомоти андоз ба қайд гиранд. Минбаъд, эъломияи ААИ ба мақомоти андоз тавассути утоқи шахсии андозсупоранда, ки бо забони англисӣ дастрас аст, пешниҳод карда мешавад.”

Чанд вақти ахир масъалаи андоз супоридани шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистн доғ шуд. Айнан, замоне, ки сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур, қудои раисҷумҳур ин масъаларо бардошт. Он замон ин мақомдори давлатӣ, хусусан аз ҷониби корбарони Фейсбук интиқоди зиёд мешуд.

Ҳукумат ба далели ин ки ин хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Гугл дар баъзе давлатҳо аз даромадашон андоз месупоранд, мехоҳад, дар қаламравӣ Тоҷикистон низ андоз супоранд, вале ин иқдом аз ҷониби корбарон ва коршиносон мавриди интиқод қарор гирифт.

Оғози таҳқиқот дар бораи масунияти аҳолӣ дар кишварҳои ИДМ

0

Дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омӯзиши масунияти аҳолӣ ба COVID-19 оғоз ёфт, гузориш медиҳад кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ин омузиш, ки масунияти аҳолиро ба вируси “SARS-CoV-2” (COVID-19) дар байни аҳолӣ арзёбӣ кард, авалин шуда дар Русия анҷом ёфт. Айни замон, марҳилаи сеюми омӯзиш ба охир мерасад.

Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дараҷаи шуюъ (серопревенсия) аз 21 – 74 дарсадро ташкил дода дар 6 минтақаи дигар бошад сатҳи он аз 60 дарсад боло аст. Чунин омӯзише дар Белорусия, Қазоқистон ва Қирғизистон низ оғоз ёфтааст.

Дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар мавриди мушкилоти ҳифзи беҳдоштии қаламрави кишварҳои ИДМ аз воридот ва паҳншавии бемориҳои махсусан хатарноки сироятӣ, ки 24 феврал баргузор гардид, аз зарурати идомаи омӯзиши масунияти аҳолӣ ба COVID- 19 дар кишварҳои ИДМ гуфта шуд.

Ба гуфтаи аъзои Шӯро, маълумоти дар натиҷаи омӯзиш ба дастомада барои муайян кардани хусусиятҳои раванди эпидемия, таҳияи дурнамои вазъи эпидемиологӣ дар як давлат ва дар маҷмӯъи кишварҳои Иттиҳод, инчунин банақшагирии тадбирҳои мушаххас кумак бикунад.

Дар нишаст намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Дафтари минтақавии СҶБ дар Аврупо ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.

Коршиносон қайд карданд, ки шиддати раванди эпидемияи COVID-19 ҳам дар маҷмӯъ дар ҷаҳон ва ҳам дар ИДМ коҳиш меёбад, ки ин имкон медиҳад тадриҷан чораҳои маҳдудкунӣ бекор карда шаванд. Аз ҷумла, шумораи гирифторони COVID-19 дар кишварҳои узви ИДМ дар як моҳи охир ба ҳадди ақал расидааст, ки олудашавӣ дар Узбекистон (1,02 маротиба) ва дар Белорус (1,2 маротиба) кам шуда аст.

Дар Тоҷикистон ҳеч ҳолати нави олудашавӣ ба қайд гирифта намешавад. Олудашвӣ аз ҳама бештар, дар миқдори 100 ҳазор нафар аҳолӣ дар рӯз, дар як моҳи охир дар Белорус, Молдова ва Русия ба қайд гирифта мешавад.

Ҳамзамон гуфта шуда, ки айни замон дар кишварҳои узви ИДМ бемории сирояти шадиди роҳи нафас ва зуком ба қайд гирифта шудааст, ки миёни беморон ягон ҳолати сирояти зуком ва сирояти нави коронавирус сабт нашудааст.

Дар нишаст ба таҳияи ваксинаҳо алайҳи COVID-19 ва равишҳои эмгузаронии аҳолӣ бештар таваҷҷӯҳ дода шуд. Ҷониби Русия дар бораи таҳия ва истифодаи ваксинаҳои Гам-Ковид-Вак тамғаи (“Sputnik V”) ва “EpiVacCorona”, “CoviVac” маълумот пешниҳод намуд.

Ваксинзании оммавӣ бар зидди COVID-19 дар Русия аз 18 январ оғоз ёфт. Ваксинаи русии “Sputnik V” ҳоло дар Арманистон, Белорусия ва Қазоқистон ба кор бурда мешавад. Қарор аст, ки ваксинаи русӣ дар Қирғизистон ва Узбекистон низ истифода шавад.

Қазоқистон ваксинаи худро сохтааст, ки дар марҳилаи сеюми озмоиш қарор дорад. Ба гуфтаи мутахассисон, оғози эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар як қатор кишварҳо имкон дод, ки ба марҳилаи нави мубориза бар зидди сироят дар қаламрави узви Иттиҳод гузаранд.

Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсоз зарурати идома додани мубодилаи фаврии маълумотро дар бораи вазъи COVID-19, аз ҷумла табодули натоиҷи нави илмӣ оид ба эпидемиология, ташхиси лабораторӣ, табобат, пешгирии COVID-19, байни кишварҳои узви ИДМ-ро зарур донистанд.

Сокинон иддао доранд, ки раиси ҷамоат ва коркунони он ғайриқонунӣ замин мефурӯшанд

0

Дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара сокинон аз заминфурӯшии раиси ин ҷамоат ва дигар мақомдорон шикоят доранд.

Чанд сокини ҷамоати мазкур бо ирсоли аксу наворҳо ба “Аздо тв” гуфтанд, ки раисони собиқи ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, Аҳмадов Обид ва Мусоев Субҳон ва раиси кунунии ин ҷамоат Аҳмадов Сарвар ва муовини ӯ Ҷумъаев Баҳодур чандин биноҳои давлатӣ, ки махсуси ин ҷамоат будаанд ва заминҳои дигарро ғайриқонунӣ фурӯхтаанд.

Ин сокинон мепурсанд, ки чаро то кунун аз ҷониби Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон пеши роҳи инҳо гирифта ва ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Бино ба гуфтаи манобеи “Аздо тв”, Аҳмадов Обид, собиқ раиси ҷамоати Сурх (аз соли 1995 то 2000) китобхонаи ҷамоатро фурӯхтааст ва то ба ҳол ин ҷамоат китобхона надорад.

Сокинони ҷамоати мазкур ба собиқ раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ариза навишта аз набуди мактаб шикоят карда, талаб намуда буданд, ки ба онҳо заминеро барои сохтани мактаб бидаҳанд.

Тибқи аризаи сокинон дар ин ҷамоат наздики 2500 донишомӯз будааст, ки дар ду мактаб таҳсил мекардаанд, дар ҳар синф аз 35 то 40 нафарро ҷой мекардаанд, ки ин ба талаботи таълим рост намеояд.

Сокинон дар аризаи худ навиштаанд, “Мактаби №29-и деҳа, ки барои 1200 нафар пешбинӣ шудааст, 1700 донишомӯз дорад ва мактаби №56-и ин ҷамоат, ки барои 500 нафар ҷой дорад, алҳол 713 нафар таҳсил доранд. Аз сабаби зиёд будани дошиомӯзон ҳуҷраҳои фаннӣ ва ошхонаҳо ба синфхона табдил дода шудаанд. Мувофиқи реҷаи омӯзиши азхудкунӣ бояд дар як синф то 25 нафар таҳсил кунад, вале аз сабаби камбуди ҷой дар мактабҳои мазкур дар як синф 35-40 нафар таҳсил доранд, ки ин ҷавобгӯйи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи маориф ва илми ҶТ” нест”.

Ба даъвои манобеи “Аздо тв” аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтани мактаб дар деҳаи “Ҳазорчашмаи” ҷамоати Сурх замин ҷудо шуда буд, вале баъдтар онро раиси ҷамоат ғайриқонунӣ ба дигарон фурӯхтааст.

Сокинон ҳамчунин аз бедодгарии муовини раиси ин ҷамоат Ҷумъаев Баҳодур шикоят доранд. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати “Аздо тв” Ҷумъаевро Саломзода Сиҷоуддин, собиқ раиси шаҳри Исфара соли 2018 бо сабаби дар ҳолати мастӣ ба маҷлиси шаҳрӣ ворид шуданаш аз кор озод кард, аммо баъд аз рафтани раиси шаҳри Исфара аз мансаб боз бо додани пора муовини раиси ҷамот таъйин шуд.

Ин сокин мегӯяд, на раиси феълии ҷамоат Аҳмадов Сарвар ва на муовинаш Ҷумъаев Баҳодур ҷое таҳсил накардаанд ва маълумоти олӣ надоранд. Аҳмадов Сарвар дар давоми чанд соли корияш ҳамчун раиси ҷамоати деҳоти Сурх, чандин маконҳо, аз ҷумла Кулуби деҳа ва замине, ки барои мактаб аз тарафи Ҳукумати шаҳри Исфара ҷудо шуда буд ва боз чанд замину масҷиду ғайраро фурӯхтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Аҳмадов Сарвар баъд аз фурӯхтани як биное, ки меҳмонхонаи масҷид будааст ва дар он дегу табақ ва дигар ашёи марбут ба масҷиди деҳа нигаҳдорӣ мешудааст, соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии зидди фасоди вилояти Суғд боздошт мешавад, аммо чанде пас бо додани 10 ҳазор $ пора раҳо шуда боз ба кори худ баргаштааст.

Яке аз шикоятҳои дигари сокинони ин ҷамоат ин аст, ки Аҳмадов Ҳасан, амаки раиси ҷамоати деҳоти Сурх, Аҳмадов Сарвар барои муроҷиаткунандагон як варақчаи маълумотнома ва ҳар санадеро аз 7 то 10 сомонӣ мефурӯшад.

Барои бақайдгирии ақди никоҳ аз 500 то 1000 сомонӣ ва барои шаҳодатномаи таваллуд аз 200 то 400 сомонӣ аз сокинон мегирад. Ба гуфтаи манбаъ, дар аксар ҳуҷҷтҳо қасдан як ҳарфро ба ивази ҳарфи дигар ё таърихи рӯзро хато менависад ва вақте корафтодагон дуюмбора муроҷиат мекунанд, боз ҳамон маблағро талаб мекунад.

Хабарнигори “Аздо тв” ба ҷамоат деҳоти Сурх тамос гирифт, вале касе ба тамос посух надод. Тасдиқи ин маълумот то ҳол аз ҷониби раиси ҷамоат ва ё дигар масъулин дастрас нашудааст, дар ҳолати вокуниш ва ё дастрас шудани шикояти ҷониби дигар “Аздо тв” онро нашр хоҳад кард.

Кумаки навбатии 105 млн доллари БОР ба Тоҷикистон

0

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 105 миллион доллари дигар қарзи бебозгашт медиҳад. Дар ин бора имрӯз 3-юми март Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар парлумон гуфт.

Гуфта мешавад, ин маблағ барои “рушди соҳаи энержӣ” ва “коҳиши талафоти нерӯи барқ” равона мешавад.

Ҳамчунин вазир қайд кард, ки аз ин ҳисоб хариду насби 398 ҳазор ҳисобкунакҳои муосир пешбинӣ шудааст. Аз ин гранти ҷудо намудаи Бонки Осиёии Рушд 70 миллион доллари он барои коҳиши талафоти барқ ва рушди низоми биллингӣ ва боқимонда ба бахшҳои дигари арсаи энержӣ харҷ мешавад.

Ин грант ба Ҳукумати ҶТ дар ҳоле ҷудо шуда истодааст, ки шаҳрвандони ин кишвар ба мушкилии норасоии барқ рӯбарӯ ҳастанд ва дар бештари манотиқи кишвар расман лимит ҷорӣ шудаст.

Шурӯъ аз моҳи июли соли 2018 чархаи аввалини нерӯгоҳи “Роғун” сохта ва ба истифода дода шуд. Он замон худи Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки дигар лимити барқ ба охир расидааст ва мардум бебарқиро ба хотираҳо хоҳанд супурд.

Аммо сокинони кишвар мегӯянд, имсол бебарқӣ аз солҳои пешин ҳам бадтар шудааст. Дар баъзе манотиқи кишвар дар як шабонарӯз чор то панҷ соат барқ доранду тамом.

Дар Тоҷикистон лаҷоми Фейсбук кашида мешавад?

0

Шуруъ аз 2 марти соли ҷорӣ шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон ҳамчун ширкати андозсупоранда дар Кумитаи андоз сабт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, аз ин ба баъд шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба Ҳукумати Тоҷикистон андоз месупорад. Тоҷикистон қарори дар ҷузъи андозсупорандагон ворид намудани хизматрасониҳои электронӣ дар қаламрави кишварро охири соли 2020 қабул намуд. Ва аз “Facebook”, “Google” талаб намуд, ки андоз бисупоранд. Акнун тибқи ин қарори нав ширкатҳои хизматрасонии электронӣ муваззафанд худро дар Кумитаи андоз сабтином кунанд ва андоз супоранд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки “мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 17 декабри соли 2020, № 1744, шахсони хориҷие, ки мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд”.

Ба иттилои Кумита 2 марти соли 2021 ширкати “Facebook” худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анчом дода мешаванд, ба қайд гирифт.

Чанд вақти ахир масъалаи андоз супоридани шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистн доғ шуд. Айнан, замоне, ки сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур, қудои раисҷумҳур ин масъаларо бардошт. Он замон ин мақомдори давлатӣ, хусусан аз ҷониби корбарони Фейсбук интиқоди зиёд мешуд.

Ҳукумат ба далели ин ки ин хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла Фейсбук ва Гугл дар баъзе давлатҳо аз даромадашон андоз месупоранд, мехоҳад, дар қаламравӣ Тоҷикистон низ андоз супоранд, вале ин иқдом аз ҷониби корбарон ва коршиносон мавриди интиқод қарор гирифт.