17.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 692

Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистонро аз муноқиашаи тоҷикону чеченҳо огоҳ кардаанд

0
Сурат: Аз Ютуб

Аҳмад, як намояндаи диаспораи чеченҳои Маскав бо интишори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао дорад, ки аз ҳодисаи ба сари Шералӣ Ҳакимов омада роҳбарони Чеченистонро огоҳ кардааст ва Адам Делимханов, муовини сарвазири Чеченистон бо супориши Рамазон Қодиров ҷараёни тафтиши ин қазияро таҳти назорат гирифтааст.

Ба гуфтаи намояндаи диаспораҳои чеченҳо Адам Делимханов ба ӯ гуфтааст, афроди гунаҳкоре, ки қории “Қуръон” аз Тоҷикистон Шералӣ Ҳакимовро лату кӯб карда ва корд задаанд, ба ҷавобгарӣ кашонда мешаванд. Як ҳафта қабл 4 зодаи Чеченистон Шералӣ Ҳакимовро дар шаҳраки Дудкино дар минтақаи “Мосрентген” дар канори шаҳри Маскав бераҳмона корд задаанд, ки ҳоло дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор дорад.

Адам Делимханов: grozny-inform.ru

Гуфта мешавад, пулиси Маскав се нафар аз ҳамлагаронро дастгир карда будаааст, вале танҳо як марди 65-солаи собиқ варзишгарро дар боздошт нигоҳ дошта, ду писари ӯро ҷавоб додаанд. Баъд аз нашри видеои Шералӣ Ҳакимов, ки захмҳои зиёд дар бадани ӯ дида мешуд ва хабари аз боздошт раҳо ёфтани ҳамлагарон боиси таҷаммӯи даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷик дар “Мосрентген” гардид.

Муҳоҷирони ҷамъгардида аз мақомоти Тоҷикистон дархост карданд, ки  ба ин қазия дахолат кунанд ва нагузоранд, ки ҳамлагароне, ки Шералӣ Ҳакимовро корд заданд, аз ҷавобгаӣ озод шаванд. Аз рӯйи баъзе хабарҳои интишоргардида, марди боздоштшуда санади бемории рӯҳӣ доштааст ва дар ин асос, метавонанд ӯро ҳам озод кунанд.

Ба гуфтаи шоҳидон як гуруҳи муҳоҷирон, ки дар як хонаи нимсохта  дар “Мосрентген”  зиндагони мекардаанд, зодагони Чеченистон аз онҳо барои дар ин бино зиндагони карданашон ҳар моҳ 100 ҳазор рубл ҳақ мегирифтаанд.

Ҳафтаи гузашта рэкетирҳо барои гирифтани “доля” омадаанд, вале нафареро, ки мебоист ба онҳо “доля” диҳад, пайдо накарда, ба сари ҳамсарони он ду нафар борони дашному ҳақоратро рехтаанд.

Шералӣ Ҳакимов, ки аслан ба ин моҷарои пул дахл надошт, садои доду фарёдро шунида, аз ҳуҷрааш берун баромадааст ва ба он рэкетирҳо фаҳмонданӣ шудааст, ки даст бардоштану дашном додани занон ба мусалмон намезебад. Ин насиҳати қорӣ онҳоро чунон ба хашм овардааст, ки Шералӣ Ҳакимовро зери мушту лагат гирифта, бо корд баданашро пора кардаанд, гуфтааст, яке аз шоҳидон.

Вале то ҳол аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ин маврид ягон вокуниш нашудааст, ҳамчунин сафорати Тоҷикистон дар Русия хеҷ иттилое дар ин маврид нашр накардааст.

“Тағо” бошад мушкилиҳо осон, ё чӣ гуна парвандаи ҷиноятии Раҳмонзода ва Юнусзода қатъ гардид?

0
Сурат: vkd.tj

Сомонаи Ахбор ком аз манбааш хабар додааст, ки парвандаи ҷиноятӣ ба зидди подполковник Маҳмадалӣ Раҳмонзода, сардори шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии ин шуъба қатъ карда шудаааст.

Ба гуфтаи манбаи “Ахбор” Даврон Юнусзода аз ҳабс озод карда шудааст, ҳамчунин мақомоти тафтишотӣ ҷустуҷӯи подполковник Маҳмадалӣ Раҳмонзодаро қатъ кардаанд.

Моҳи сентябр бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ – 316 (берун баромадан аз ҳадди ваколат) ва 358 (боздошти худсарона) нисбати ин ду корманди баландпояи милисаи Суғд парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

Бино ба иттилои нашр гардида, гуфта мешуд, ки Раҳмонзода ва Юнусзода фармондеҳи як қисми низомии мустақар дар ноҳияи Мастчоҳ, рутбааш майорро бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир карда, дар ҳуҷраи кориашон мавриди лату кӯб қарор додаанд, бар асоси натиҷаҳои ташхиси тиббию судӣ, тухмдонаш кафида будааст. Аз руйи баъзе маълумотҳои тасдиқ нагардида Маҳмадалӣ Раҳмонзода қудои Раҳмонқул Раҳимзода, сардори Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Хадамоти гумрук ва бародари вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода будааст.

Манобеи муътамади сомонаи “Ахбор”  аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд гуфтаанд, додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ бар зидди подполковник Маҳмадалӣ Раҳмонзода, сардори шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва Даврон Юнусзода, ваколатдори калони фаврии ин шуъбаро ба далели “тасдиқ нашудани фактҳо” қатъ кардааст.

Даврон Юнусзода, ки аз миёнаҳои моҳи сентябр дар ҳабс қарор дошт, аз ҳабс озод карда шудааст ва ҳамчунин исми полковник Раҳмонзодаро аз рӯйхатти ашхоси таҳти ҷустуҷӯи расмӣ хориҷ намуда, кофтукови ӯро қатъ кардаанд.

Яке аз мушкилиҳое, ки то ба имрӯз дар Тоҷикистон ҳали худро пайдо накардааст ва Тоҷикистонро дар байни кишварҳои ҷаҳон ба руйхати кишварҳои озордиҳандаи шаҳрвандон ворид кардааст, ин шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон гуфта мешавад, ки аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ ба таври анъана даромадааст. Шаҳрвандони бегуноҳро бо роҳи шиканҷа гунаҳкор мекунанд ва онҳоро бо ҷурмҳои сохта вориди зиндон месозанд.

Фарзанди Маҳмурод Одинаевро кӣ ва чаро лату кӯб кард?

0
Сурат: Фейсбук

Маҳмурод Одинаев муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфтааст, ки афроди ношинос писарашро лату кӯб намудаанд, мақомоти Вазорати корҳои дохили Тоҷикистони ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ, рӯзи 5-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, писараш Шайх Ризоеви 24-соларо, ки ронандаи таксӣ будааст, шаби гузашта дар ноҳияи Ҳисор мавриди лату кӯб қарор додаанд. Ҳодиса дар ҷамоати Сомони Ҳисор рух додааст.

Одинаев гуфтааст:

“Писарам барои пайдо кардани манбаи даромад таксӣ меронад. Касе занг занад, рафта хизматашро мекунад. Ҳамон шаб баъди занг задан як нафарро ба назди Маркази дилхушӣ мебарад, ту ба инҷо омада, “каттагӣ” мекунӣ гуфта, сахт задаанд. Биниаш шикааст. Ларзиши майнаи сар дорад”.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, “чунин ҳолат ҷой дорад ва корҳои фаврӣ барои муайян кардани гумонбарон идома дорад”.

Маҳмурод Одинаев бар ин назар аст, ки лату кӯб гардидани фарзандаш эҳтимол аст, ба фаъолиятҳои сиёсиаш вобаста бошад. Ба гуфтаи Муовини раиси ҲСДТ “ҳодиса барои тарс додани дигарҳо ва ман аст, то фаъолияти сиёсиро бас кунам”.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша фишор болои мухолифонро рад мекунанд, то ҳол дар ин маврид вокуниши расмие накардаанд. Лату кӯби писари Одинаев дар ҳолест, ки ду ҳафта қабл Раҳматилло Зойиров, раиси ҲСДТ ҳам аз ҷониби афроди ношинос аз ҳамла шудан болояш хабар дод, вале масъулони Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, Зойировро касе назада, балки сагаш ӯро ба даруни ҷӯй афтондааст.

Гуфта мешавад, баъд аз оне, ки Ҳизби сотсиал-демократ интихоботи президентии 11-уми октябрро таҳрим кард, фишорҳо болои аъзоёни ҳизб зиёд гардидааст, ҳамчунин дар шабкаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсус, ки гуфта мешавад, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо унвони “Фермаи ҷавоб” ва аз ҷониби  ВКД “Авангард” таъсис дода шудааст, мавриди таҳвин қарор гирифтаанд.  

Созмонҳои байнулмилалӣ ҳамеша ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯб кардани намояндагони аҳзоби мухолиф ва фаъолони сиёсӣ зери танқид қарор медиҳанд, вале мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳуқуқи баробарии  мардум ва озодиҳои сиёсӣ эҳтиром мегузоранд.

Мақоми Тоҷикистон дар радабандии нави иқтисодӣ

0
Сурат: Heritage Foundation

Пажӯҳишгоҳи амрикоии “Heritage Foundation” дар Индекси озодии иқтисод (Index of Economic Freedom) ба озодии иқтисодӣ 180 кишвари дунёро натиҷагирӣ намудааст, ки Тоҷикистон дар зинаи 155 қарор гирифтааст.

Муалифони ин пажӯҳиш сатҳи озодии иқтисоди Тоҷикистонро 52,2 балл арзёбӣ кардаанд, ки нисбат ба соли 2019 34 банд нишондиҳанда кам шудааст, яъне аз зинаи 122-юми соли гузашта ба мақоми 155-ум паст рафтааст.

Дар ин пажӯҳиш гуфта шудааст:

“Иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рушд буда, вале то ба имрӯз яке аз кишварҳои камбизоати Осиё боқӣ монда, иқтисоди кишвар ба  интиқоли пул аз хориҷи кишвар вобаста аст”.

Дар  ин радбандӣ дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон дар мақоми 39-ум, Қирғизистон дар мақоми 81-ум ва Узбекистон дар ҷойи 114-ум қарор доранд.

Туркманистон дар зинаи 170 қарор дошта аз Тоҷикистон пасттар аст, Русия бошад дар мақоми 94-ум ҷой гирифтааст.

Сингапур, Гонконг ва Зеландияи Нав дар мақомҳои аввали ин радабандӣ қарор дошта, Куба, Венесуэла ва Кореяи Шимолӣ дар зинаҳои охирон ҷой дода шудаанд.

Сурат: heritage.org

Ҳамасола дар шохисҳои иқтисодӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми поёнтареро касб мекунад, ҳамчунин дар миқёси ҷаҳонӣ низ аз ҷумлаи фақиртарин давлатҳои дунё ҷогузорӣ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки масъулони иқтисоди Тоҷикистон ҳангоми ҳисоботи солонаашон аз пешрафти иқтисодии кишвар мужда медиҳанд, вале боз ҳам дида мешавад, ки дар чунин пажӯҳишҳои созмонҳои байналмиллалӣ аз мақоми қабляш чанд зина поёнтар меравад.

Идомаи пикетҳои эътирозии “Гурӯҳи 24” дар пайи нопадидшавии Шобуддин Бадалов

0

Пикетҳои эътрозии “Гурӯҳи 24” дар назди сафоратхонаҳои Русия ва кишварҳои аврупоӣ ва Амрико идома дорад. Имрӯз 5 октябр намояндаҳои ин гурӯҳи мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон бо нишони эътироз ба рабудашудани фаъоли ин гурӯҳ Шобудин Бадалов дар назди сафоратхони ин кишвар дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон даст ба пикети эътирозӣ заданд.

Пештар ин гурӯҳи мухолифон дар шаҳри Лондони Бритония ва дар шаҳри Берлини кишвари Олмон назди сафаратхонаҳои Русия пикети эътирозӣ барпо карда буданд. Имрӯз 05 октябр чунин як пикете дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳадиаи Амрико бо иштироки фаъолони ин гурӯҳ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ баргузор шуд.

“Гурӯҳи 24” дар саҳифаи расмиаш хабар дода, ки фаъоли ин гурӯҳ Шобудин Бадалов 1-уми сентябри соли равон аз ҷониби маъмруони пулси Нижний Новгороди Русия аз хонааш рабуда шуд. Тибқи иттилои ин ҳаракат, ки бар асоси маълумоти манобеи ғайрирасмиаш мебошад, узви фаъоли ин ҳаракат Шобудин Бадаловро аллакай шоми 1 сентябр аз Русия ба Тоҷикистон фиристодаанд ва ӯ ҳоло дар дасти Мақомоти амнятии Тоҷикистон қарор дорад. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошт ва ё истирдоди Бадалов аз Маскав ба Душанбе изҳори бехабарӣ кардаааст.
Дертар намояндагони “Гурӯҳи 24” хабар доданд, ки Вазорати умури дохилии Русия дар як посухи расмӣ ба онҳо ҷавоб додаанд, ки Шобуддин Бадалов, як узви нопадидшудаи ин созмон “худаш ба Тоҷикистон рафтааст”.

Дилшод Шарифов, масъули бахши иттилооти “Гурӯҳи 24” рӯзи 4-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Вазорати корҳои дохилии Русия дар посухи катбӣ ба номаи вакили мудофеи онҳо доир ба сарнавишти номаълуми Шобуддин Бадалов посух дода гуфтааст, ки Бадалов рӯзи 1- уми сентябр аз фурудгоҳи Домодедово ба Тоҷикистон парвоз кардааст. Худи намояндагони ин гурӯҳ ихтиёран рафтани ин узви фаъолашонро ба Тоҷикистон рад мекунанд.

Муаззама Қодирова як фаъоли ҷомеъаи шаҳрвандӣ, ки дар пикети баргузоркардаи ин гурӯҳ назди сафорати Русия дар Варшава иштирок дошт, гуфт, тибқи маълумоти ба дастомада, ӯ ҳатто телефони мобилиашро аз хона нагирифта ва тамоми либосҳояш низ ҳамонҷо мебошад, ки эҳтимоли ихтиёран рафтани ӯро ботил мекунад.

“Гурӯҳи 24” соли 2012 таъсис ёфта ва соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчун созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон гардид. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шуданд. Масъулони ин гурӯҳи мухолиф қарори Додгоҳи олиро сиёсӣ медонанд.

Исломиддин Файзалӣ ба 5,6 соли зиндон махкум шуд

0

Пушти дарҳои баста собиқ узви Раёсати олӣ ва узви академияи илми ҲНИТ, Исломиддин Файзалӣ ба 5,6 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора ба “Аздо ТВ” Саидисҳоқ Бобоев, намояндаи Департаменти ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирон дар Лаҳистон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бо кадом ҷурм маҳкум шудани Исломиддин Файзали маълум нест. Танҳо зиндонӣ шудани ӯ ба ин хотир будааст, ки мебоист дар филми “Хиёнат” – таҳия кардаи сохторҳои амниятии Тоҷикистон ширкат варзида назди дурбин зидди рахбарияти ХНИТ сухан бигӯяд, аммо ӯ ба ин розӣ нашудааст.

Ба гуфтаи Саидисҳоқ Бобоев, ба наздикони Исломиддин Файзалӣ аз макомот гуфтаанд, ки фармон аз боло аст ва аз дасти онҳо чизе намеояд, шояд баъд аз 10-12 рӯз ба ҳукми ӯ чанд соли дигар низ илова кунанд.

Исломиддини Файзалӣ ё домулло Илмоиддинро аз манзилаш дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони КДАМ бурдаанд ва сабаби боздошти ӯ то ҳол маълум нест. Аммо фаъолони мухолифон мегӯянд, ин як баронмаи пешазинтихобтӣ аст, ки бо ин роҳ мақомот ба мухолифон мехоҳанд фишор биоранд. Мақомот то ҳол дар ин бора ба сурати расмӣ  чизе нагуфтаанд.

Аз соли 2015 то ба ин ҳол пайваста боздошт ва таъқибу фишори аъзоён ва масъулони ҲНИ дар Тоҷикистон аз сӯи мақомоти ҳудратии кишвар идома дорад. То имрӯз садҳо тан аз аъзоёни ин ҳизб ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаву қисме ба кишварҳои ғарбӣ паноҳ бурдаанд.

Ин ҳизби умдаи мухолифонро Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи (ба қавли мақомот) “ошӯби мусаллаҳона”-и генерал Абдуҳалим Назарзода бо ҷурми даст доштан дар ин ошӯб мамнӯъ эълон кард. Вале масъулони ҲНИТ даст доштани худро дар “ошӯб”-и генерал Назарзода рад мекунанд ва мегӯянд, ин ошӯб барои мақомоти Тоҷикистон танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби мухолифи ҳукумат буд ва қарори суди олиро сирф сиёсӣ медонад.

Дар ин авохир кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид 12 тан аз аъзоёни раёсати олии ин ҳизбро бегуноҳ донита аз мақомот раҳоии бечунчарои онҳоро талаб кард.

Оё Тоҷикистон дар раванди сулҳи Афғонистон метавонад таъсир гузорад?

0

Радиои Озодӣ бо Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон суҳбате анҷом дода, дар бораи роҳҳои хотимаи ҷанг ва таъсири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар раванди сулҳи Афғонистон суол кард.

Залмай Халилзод дар суҳбат аз раванди музокирот гуфтааст, ки барои музокира баҳсҳо идома доранд ва 20 масъалае, ки гузошта шуда буд, 18-тои он ҳали худро пайдо кардаанд ба ғайр аз 2 масъала. Ба суоле оне, ки сулҳ дар ояндаи наздик ба Афғонистон омаданист ва кадом монеаҳо барои расидан ба он вуҷуд дорад?

Халилзод гуфтааст, ки ҳам афғонҳо ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ талош доранд то ҳарчӣ зудтар дар ин кишвар сулҳ шавад. Фиристодаи хоси Амрико қайд кардааст, ки намешавад пешгӯи кард, дар чанд ҳафта ин ҷанги 42 сола хотима меёбад, чун монеаҳое мисли хушунат вуҷуд дорад.

Залмай Халилзод рӯзи 3 октябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада буд, ӯ бо раисҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси КДАМТ Саймумин Ятимов суҳбат анҷом дода аст. Ба гуфтаи Халилзод ин суҳбат сари масоили сулҳ буд. Ӯ дар суҳбат ба озодӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон низ аз ҷанги шаҳрвандӣ зарар дида буд ва Эмомалӣ Раҳмон дар масоили ҷангу сулҳ таҷрибаи зиёде дорад. Ӯ қайд кардааст, ки барои расидан ба сулҳ на танҳо ҳамкории афғонҳо, балки ҳамкории  кишварҳои ҳамсоя низ муҳим аст. Ва омадани сулҳ ба Афғонистон барои кишварҳои минтақа таъсири бузурге хоҳад дошт.

Ба суоли радиои озодӣ, ки Тоҷикистон дар раванди сулҳи Афғонистон чӣ нақше метавонад дошта бошад? Залмай Халилзод гуфтааст, ки Тоҷикистон як кишвари муҳим ва ҳамсояи Афғонистон аст. Дар вақти муқовиматҳо теъдоде аз афғонҳо омада, баъзеи онҳо то ҳол дар Тоҷикистон боқи мондаанд. Халилзод қайд кардааст, ки дар сулҳи тоҷикикон, баъзе афғонҳо нақш доштанд ва ҳукуматҳо бо ҳам дустӣ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон пеш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Дар ин кишвари ҳамсоя аз замони ҳуҷуми Шӯравӣ то ба ҳол беш аз 40 сол мешавад, ки ҷангҳои хунин идома дорад. Пас аз хуруҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз хоки Афғонистон Гурӯҳи Толибон бо ҳукумати ин кишвар дар ҷанг аст.

Чандест масъалаи сулҳ байни Толибон ва ҳукумати Афғонистон бо ташаббуси ИМА раванди сулҳ идома дорад. Рӯзи 12 сентябр дар Давҳа пайтахти Қатар байни ҳайатҳои Ҳукумат ва Толибон маросими ифтитоҳи музокироти сулҳ оғоз ёфт.

Вокуниши Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар робита ба хабари бемории Рустами Эмомалӣ

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар пайи нашр шудани хабари табобат гирифтани Рустами Эмомалӣ дар Твиттер ва баъдан дар расонаҳо, ки гуфта мешуд, шаҳрдории Душанбе дар бемористони “Ҳертселия”-и Исроил менависад, ки бо масъулони давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар Тошканд) тамос гирифта, пайгирии ҳақиқати масъаларо талаб кардаанд.

Масъулони дипломатии Исроил дар посух гуфтаанд, ки пас аз таҳқиқ маълум гардидааст, ки ин хабар ҳақиқат надошта ва он ҳисобе, ки дар Твиттер ин хабарро аз номи мудири бемористони “Ҳертселия” Дани Энгел нашр кард, ба мудир тааллуқ надорад ва ҳисоби фейкӣ будааст.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон менависад, ки бар асоси ин хабар Вазорати тандурустии Исроил расман аз пулиси кишвараш ва шабакаи Твиттер талаб намуда, ки сарчашмаи хабарро муайян кунанд. Ин ниҳод аз расонаи дохилӣ ва хориҷии тоҷикӣ талаб намудааст, ки пеш аз нашри ҳаргуна хабар дурустии онро бисанҷанд.

Хабари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Дар пайи дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нашр шудани хабар, ки гӯё дар Маркази тиббии Ҳертслияи Давлати Исроил Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дармон ёфтааст, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тошканд бо дипломатҳои Сафорати Давлати Исроил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) дар тамос шуда, таваҷҷуҳи ҷониби исроилиро ба интишори хабари бардурӯғи мазкур ҷалб кард.

Дар посух дипломатҳои исроилӣ иттилоъ доданд, ки Вазорати тандурустии Исроил расман аз пулиси кишвар ва шабакаи иттилоотии Твиттер талаб намудааст, ки пайдоиш ва манбаи хабари мазкурро оҷилан муайян кунанд. Гузашта аз ин, Вазорати мазкур дар натиҷаи санҷиши дохилии худ муайян намудааст, ки хабари нашршуда асоси воқеӣ надорад.

Мудири кулли Маркази тиббии Ҳертселия Дани Энгел, ки хабари мазкур аз номи ӯ дар Твиттер нашр шудааст, ба Вазорати тандурустии Исроил таъкид кардааст, ки ҳаргиз чунин хабареро нашр накардааст ва ҳисобе, ки дар Твиттер ба номи ӯ буда, хабари мазкур дар он гузошта шудааст, дар асл аз ӯ нест ва қалбакист.

Дар робита ба мавзӯъ Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзноманигорони ватанӣ ва хориҷӣ эҳтироман даъват менамояд, ки пеш аз мунташир намудани ҳар гуна хабар сиҳҳату дурустии онро бисанҷанд, то масъули паҳн кардани хабарҳои кизбу дурӯғ нашаванд.

Баҳсе овозадортар аз интихоботи расиҷумҳур дар Тоҷикистон?

0

Додоҷони Атовулло раҳбари ҳаракати “Ватандор” дар саҳифаи фейсбуяиш аз баҳиси рӯ ба рӯ бо раҳбари ПМТ Муҳиддин Кабирӣ хабар додааст. Ба навишати худи ҷаноби Атовуллоев то ин баҳс, ки онро «рӯзи майдон» унвон карда ду рӯз боқӣ мондааст, яъне дар назар аст ин баҳс дар таърихи (07. 10. 20) дар Радиои Озодӣ доир гардад.

Дар робита ба ин ҷаноби Атуовуллоев навишта, ки «мехоҳам чанд нуктаро зикр намоям, то ин баҳс ба як баҳси озод ва бидуни интригаву бозиҳои пасипардагӣ дар ёдҳо бимонад. Шубҳае надорам, ки ҳам масъулини радио ва ҳам худи тарафи дигари баҳс инро мехоҳанд”.

Нуктаҳои зикркардаи Атовуллоев ба шакли зер аст:

1. Мунозира ба тариқи он-лайн сурат гирад. Агар барнома аввал сабт шаваду баъд он пахш гардад, метавонад боиси ҳар гуна каҷфаҳмиҳо гардад. Ҳатман тарафе хоҳад гуфт: ин ҷумлаамро қайчӣ задед, он суоламро буридед ва ғ.ва ҳ.

2. Қоидаҳои асосии мунозира мушаххас бошад.

Муаррифии ҷонибҳои баҳс, суханронии муқаддимавии онҳо чанд дақиқа?

Кӣ якум сухан мегӯяд ва инро кӣ муайян менамояд: муҷрӣ ё …? Пешниҳоди ман, аз ҳама роҳи осону бемушкилаш қуръапартоист.

3. Мавзӯъҳо ҳаминҳоянд, ки гуфта шуданд ва ё боз мавзӯъи дигареро муҷрӣ метавонад ба майдони баҳс биёварад?

4. Барои посух ба ҳар пурсиши муҷрӣ чанд дақиқа вақт ҷудо мешавад?

5. Оё тарафҳои баҳс ҳам метавонанд ба ҳамдигар суол диҳанд? Чанд суол?

6. Агар яке аз тарафҳо ҳар замон сухани якеро буридан гирад, халал расонад, ҷарима мешавад ё хайр? Шояд аз «вақти тараф» тарҳ мешавад?

7. Имкон дорад, ки шунавандагон, бинандагон ва хонандагон низ дар рафти баҳс суол диҳанд? Агар чунин бошад, беҳтар бувад, ки аз ҳар ду ҷониб як ё ду нафар ҳамандешони қаҳрамонони барнома ба тарафи муқобил суол бидиҳанд. Маъмулан чунин суолҳо «газандаанд» ва мисли мурчу қаранфул таомро болаззаттар мекунанд.

8. Ба тарафҳо барои суханронии муқаддимавӣ ва хотимавӣ имкон дода мешавад ва чанд дақиқа?

9. Дар студия, дар паҳлӯ ё болои сари муҷрӣ соате бояд бошад, ки ҳама гузашти вақт ва риояти онро бубинанд.

Ҳамзамон Атовуллоев аз иқдоми Радиои Озодӣ барои баргузории ин баҳс истиқбол карда менависад, ки ин «Иқдоми «Озодӣ» барои роҳандозии чунин баҳсҳо ва мунозираҳо сутуданист».

Ҷаноби Атвоуллоев дар охир илова карда ки, «ман бар онам, ки сиёсатмадор набояд рози ниҳоне аз ҷомиъа дошта бошад. Ҳар коре мо мекунем, ба хотири ҳамин мардум ва ҳамин ҷомиъа аст. Назари онҳо, ширкати онҳо танҳо ва танҳо ба суди кор асту бас”.

Чанд аст, ки Додоҷони Атвоуллоев аз Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ даъват дорад то баҳси рӯ ба рӯ дошта бошанд. Як чунин даъватро ҷаноби Атовуллев моҳи сентябри соли гузашта дар нишасти САҲА аз тариқи шабакаи САТВ карда буд. Дар ҷавоб Кабирӣ ба ин даъвати рӯ ба рӯ гуфта буд, ки

“агар ин даъват барои суҳбату гӯфтугӯ ҳаст, барои Тоҷикистон ҳаст ва байни ду ё чанд нафар мубориз, ки барои ватану миллат мубориза кунанд чарон не, мо омода ҳастем дар ҳама ҷо дар ҳама вақт суҳбату гӯфтугӯ дошта бошем. Аммо агар ҳадаф аз ин ҳарфҳо танҳо таблиғот бошаду танҳо реклама бошад ва барои ҳангома сохтан, дӯстон ҳама медонанд, ки ман аҳли ин корҳо нестам. На ба маънои он, ки ман ҳарфе барои гуфтан надорам, балки фоидаашро намебинам”.

Ва ҳамин тариқ он замон баҳсе доир нашуд. Корбарони зиёд дар шабакаҳо аз хабари барпо шудани ин баҳс истиҳбол кардаанд. Пештар як чунин баҳсе байни Кабирӣ ва Собир Валиев, собиқ фаъоли мухолиф, ки дертар ба Тоҷикистон баргашт, доир гашта буд, ки бо 437 ҳазор бинанда, аз пурбинандатарин матлабҳои Радиои Озодӣ буд.

Худи Додоҷон Атовуллоев, ки пештар аз мухолифини шадиди Ҳукумати Раҳмон буд ва аз чеҳараҳои машҳур дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ӯ ахиран лаҳни гуфторашро нисбат ба ҳукуматдории Раисҷумҳур Раҳмон тағйир дод ва дар охирҳои соли 2019 мавриди авф қарор гирифт.

Даргириҳо байни Озарбойҷону Арманистон шиддат мегирад

0
Сурат: BBC

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон, нерӯҳои Арманистон рӯзи якшанбе (4 октябр) ба сӯи шаҳри Ганҷа мушак партоб карданд. Дар ҳамлаи мушакӣ як ғайринизомӣ кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Хабаргузории “Reuters” гузориш дод, ки Мақомоти Арманистон ҳамлаи мушакӣ ба Ганҷаро рад карда ва гуфтаанд, ки баракс низомиёни Озарбойҷон мардуми осоиштаи Арманистонро мавриди ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд, аммо ҷудоиталабони минтақаи Ногури Қарабоғи Кӯҳӣ масъулияти ҳамла ба Ганҷаро ба душ гириафта, тасдиқ карданд, ки ба шаҳри Ганҷа ҳамла кардаанд ва фурудгоҳи низомии ин шаҳрро тахриб кардаанд. Онҳо ҳамчунин таҳдид кардаанд, ки ба ҳамлаҳои худ идома медиҳанд. Аммо гуфта мешавад, ки партоби мушакҳо ҳоло қатъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳор дошт, ки партоби мушакҳо аз ҷониби Арманистон сурат гирифта, ҳадафи он Ганҷа, дуввумин шаҳри бузурги Озарбойҷон будааст.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Туркия низ партоби мушакҳо ба Ганҷаро маҳкум кард. Ба гуфтаи Туркия, ҳадафи ҳамлаи мушакӣ ғайринизомиёни шаҳр будаанд. Дар баробари ин Вазорати умури хориҷии Арманистон низ тарафи Озарбойҷонро мутаҳам мекунад, ки ба ғайринизомиёни ин кишвар ҳамла кардааст. Арманистон мегӯяд, Степанакерт ва шаҳрҳои дигар аз ҷониби нерӯҳои озарбойҷонӣ бамборон шудаанд ва онҳо “қасдан ғайринизомиёнро ҳадаф қарор додаанд”.

Бар асоси гузоришҳо, дар ин ҳамлаҳо дар шаҳри Степанакерт як нафар кушта шудаааст. Дар шаҳри таърихии Шуши ҳам як нафар ҷон бохтааст. Ду ҷониб якдигарро дар ин даргириҳо гунаҳкор мешуморанд, бо вуҷуди пешниҳодоти Амрико, Русия ва созмонҳои байналмиллалӣ барои нишастан сари мизи музокирот то ҳол ин ду кишвари даргир розӣ нашудаанд.

Илҳом Алиев дар сухаронии ахири худ таъкид намуд, ки як шарти асосӣ дорад ва он ҳам даст кашидани Арманистон аз минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва хуруҷи низомиёнаш аз онҷо мебошад. Аммо ба назар мерасад, ки Арманистон ба ин шарт розӣ шуданӣ нест.

Ёдовар мешавем, аксарияти сокинони минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро арманиҳо ташкил медиҳанд. Ин минтақа, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ истиқлолияти худро аз Озарбойҷон эълом кард. Ин сабаб шуд, ки аввали солҳои 90 дар ин минтақа даргириҳои низомӣ сурат гирифт, ки то ба имрӯз 30 ҳазор кушта ба ҷой гузоштааст.

Пас аз оташбаси соли 1994 байни ин ду кишвари даргир, давраи нави даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз 27 сентябри соли ҷорӣ оғоз ёфт, ки ба гуфтаи коршиносон ин масъала яке аз буҳронҳои ҷиддитарин дар минтақа ба ҳисоб меравад.