16.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 693

Даргириҳо байни Озарбойҷону Арманистон шиддат мегирад

0
Сурат: BBC

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон, нерӯҳои Арманистон рӯзи якшанбе (4 октябр) ба сӯи шаҳри Ганҷа мушак партоб карданд. Дар ҳамлаи мушакӣ як ғайринизомӣ кушта ва чаҳор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Хабаргузории “Reuters” гузориш дод, ки Мақомоти Арманистон ҳамлаи мушакӣ ба Ганҷаро рад карда ва гуфтаанд, ки баракс низомиёни Озарбойҷон мардуми осоиштаи Арманистонро мавриди ҳамлаҳои худ қарор медиҳанд, аммо ҷудоиталабони минтақаи Ногури Қарабоғи Кӯҳӣ масъулияти ҳамла ба Ганҷаро ба душ гириафта, тасдиқ карданд, ки ба шаҳри Ганҷа ҳамла кардаанд ва фурудгоҳи низомии ин шаҳрро тахриб кардаанд. Онҳо ҳамчунин таҳдид кардаанд, ки ба ҳамлаҳои худ идома медиҳанд. Аммо гуфта мешавад, ки партоби мушакҳо ҳоло қатъ шудааст.

Дар ҳамин ҳол президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳор дошт, ки партоби мушакҳо аз ҷониби Арманистон сурат гирифта, ҳадафи он Ганҷа, дуввумин шаҳри бузурги Озарбойҷон будааст.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Туркия низ партоби мушакҳо ба Ганҷаро маҳкум кард. Ба гуфтаи Туркия, ҳадафи ҳамлаи мушакӣ ғайринизомиёни шаҳр будаанд. Дар баробари ин Вазорати умури хориҷии Арманистон низ тарафи Озарбойҷонро мутаҳам мекунад, ки ба ғайринизомиёни ин кишвар ҳамла кардааст. Арманистон мегӯяд, Степанакерт ва шаҳрҳои дигар аз ҷониби нерӯҳои озарбойҷонӣ бамборон шудаанд ва онҳо “қасдан ғайринизомиёнро ҳадаф қарор додаанд”.

Бар асоси гузоришҳо, дар ин ҳамлаҳо дар шаҳри Степанакерт як нафар кушта шудаааст. Дар шаҳри таърихии Шуши ҳам як нафар ҷон бохтааст. Ду ҷониб якдигарро дар ин даргириҳо гунаҳкор мешуморанд, бо вуҷуди пешниҳодоти Амрико, Русия ва созмонҳои байналмиллалӣ барои нишастан сари мизи музокирот то ҳол ин ду кишвари даргир розӣ нашудаанд.

Илҳом Алиев дар сухаронии ахири худ таъкид намуд, ки як шарти асосӣ дорад ва он ҳам даст кашидани Арманистон аз минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва хуруҷи низомиёнаш аз онҷо мебошад. Аммо ба назар мерасад, ки Арманистон ба ин шарт розӣ шуданӣ нест.

Ёдовар мешавем, аксарияти сокинони минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро арманиҳо ташкил медиҳанд. Ин минтақа, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ истиқлолияти худро аз Озарбойҷон эълом кард. Ин сабаб шуд, ки аввали солҳои 90 дар ин минтақа даргириҳои низомӣ сурат гирифт, ки то ба имрӯз 30 ҳазор кушта ба ҷой гузоштааст.

Пас аз оташбаси соли 1994 байни ин ду кишвари даргир, давраи нави даргириҳо дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз 27 сентябри соли ҷорӣ оғоз ёфт, ки ба гуфтаи коршиносон ин масъала яке аз буҳронҳои ҷиддитарин дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мехост ба зиндон ашёи мамнӯаро ворид кунад, дастгир карданд

0
Сурат: 68.fsin.gov.ru

Ба иттилои Раёсати зиндонҳои вилояти Тамбови Русия аз як зодаи Тоҷикистон, ки мехостааст, ба зиндони №1 ашёи мамнӯаро ба ин зиндон ворид кунад, пешгирӣ карда шудааст.

Ба навиштаи сомонаи Раёсати зиндонҳои Тамбов, зиндонбонҳо аз бадани шаҳрванди Тоҷикистон 13 бастаи бо скотч печондашударо пайдо кардаанд, ки дар дохили он бастаҳо 4 телефони мобилӣ, 29 “зарядка”, 27 ноқили USB ва 200 SIM-кортро ҷойгир карда будааст, ҳамаашро мусодира кардаанд.

Барои зиндониён истифодаи телфонҳои мобилӣ дар зиндон манъ буда, вале дида мешавад, ки бархе аз зиндониён дар дохили зиндон, пинҳонӣ аз маъмурияти зиндон телeфони мобилӣ истифода мекунанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, як ҳафта қабл дар ҳамин маҳбас як шаҳрванди Узбекистонро ҳангоми кӯшиши даровардани 302 сим-корт, 38 гӯшӣ (наушник), 6 ноқили USB ва як “зарядка”  боздошт карда будаанд.

Тибқи оморҳои расмии мақомоти Русия, зиёда аз 7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои он кишвар адои ҳукм мекунанд ва беш аз 1200 зодаи дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ қарор доранд. Гуфта мешавад, сеяки онҳо бо ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ба зиндон андохта шудаанд.

Сарбозон ҳангоми наҷот додани хонандаи мактаб худ ғарқ шуданд

0

Рӯзи 29 уми сентябр ду сарбоз дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯдхонаи Бартанг – як шохаи рӯди Панҷ ғарқ шудаанд.

Сироҷиддин Ятимов ва Қандилҷон Воҳидов, ду сарбози як қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон, ки гуфта мешавад, ба хотири наҷоти хонандаи мактаб аз ғарқшави талош карданд, вале худашон ғарқ шудаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки хонандаи синфи 10-и мактаби деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшон бо қасди худкушӣ худро ба об андохта будааст. Масъули қисми марзбонӣ дар ноҳияи Рӯшон Ҳасан Раҷабов ба Радиои Озодӣ гуфтааст, сарбозон талош кардаанд, ки он хонанда худашро ба об напартояд ва аз худкӯши онро наҷот диҳанд.

Дар идома иброз дошааст: “вақте хонандаи мактаб худашро ба об мепартояд, сарбозонро шояд виҷдонашон азоб медиҳад, ки барои наҷоти ӯ ба оби сард медароянд. Мумкин музаҳои вазнини сарбозӣ ва оби сард имкон надод, ки онҳо худ ва ин писарро наҷот диҳанд. Онҳо ҳамчун қаҳрамон ва чун сарбозони дилсӯз рафтор кардаанд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони Рӯшон сарбозонро ҷустуҷӯ доранд. Гуфта мешавад, ҷасади хонандаи мактаб пайдо гардидааст, вале сабабҳои қасди худкушӣ намудани ӯ то ҳол номуайян боқӣ мондааст. Сироҷиддин Ятимовро ду соли пеш аз шаҳри Душанбе барои хидмат ба вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бурдаанд.

Маҳастӣ Зуҳурова, хоҳари сарбоз Сироҷиддин Ятимов ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Ба мо нақл карданд, ки додарам он бачаро розӣ мекунад, ки худашро напартояд. Он бача дар ҷояш меистад. Ҳамин лаҳза кадом хешашро мебинад, ки ба тарафаш меояд, дигар гапро гуш накарда, саросема худашро ба об мепартояд. Додари ман бисёр бачаи дилсӯз буд. Шояд дигар тоқат накард, ки тамошобин бошад. Ду сол пурра хизмат карда буд ва рӯзҳои наздик бояд бармегашт. Ҳоло мо мунтазири хабар ҳастем.”

Ҳамчунин падари Қандилҷон Воҳидов, сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон барои ҷустуҷӯи писараш ба ноҳияи Рӯшон рафтааст. Падари ин сарбоз Искандар Воҳидов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамроҳ бо сокинон ва кормандони мақомот писарашро ҷустуҷӯ доранд.

Ба гуфтаи падари ин сарбоз “Ҳамаи сокинон дар ҷустуҷӯйи сарбозон баромадаанд”.

Бино ба маълумотҳои интишор гардида, дар ним соли гузашта 34 нафар дар дарёву кӯлҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки бештари онҳо аз 17 то 35 сол доштаанд.

Қонуни нав дар Русия барои муҳоҷирон сабукӣ меорад ё баракс?

0

Дар Русия қонуни наверо омода доранд, ки эҳтимол аст, барои муҳоҷирон сабукӣ орад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия тарҳи қонуни наверо пешниҳод кардааст, ки тибқи он нафарони дар Русия қарор дошта метавонанд, ки аз марзи Русия хориҷ нагрдида, худашонро дуввумбора сабти ном кунанд. Вале маълум нест, ки то куҷо ин қонун ба муҳоҷирони тоҷик сабукӣ меоварад.

Айни ҳол дар Русия нафароне, ки муҳлати буду бошашон ба итимом мерасад, бояд ҳатман аз марзи Русия хориҷ шаванд ва пас аз баргаштан метавонанд, ки дуввумбора худро сабти ном кунанд.

Валентина Казакова раҳбари Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ин тарҳро ба муҳокимаи Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод кардааст.

Ба назари мутахассисон чанд нуктаи тарҳи ислоҳи қонун дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиӣ нофаҳмо боқӣ модааст.

Усмон Баротов, раҳбари ҷамъияти узбекҳо бо номи “Ватандош” ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“сабаби норушаниҳо эҳтимол набуди маълумоти пурра дар бораи тарҳи қонун аст”.

Ӯ дар идома иброз доштаааст, бо қабул шудани қонун муҳоҷирон дигар маҷбур ба тарк кардани кишвар намешаванд ва ин ҳам зиндагии онҳоро то ҷое осонтар мекунад.

Ба гуфтаи ин коршинос, тарҳи қонуне, ки ҳоло аз он сухан меравад, ба зудӣ мавриди амал қарор намегирад.

“Президент Путин то давраи пандемия дар як паёми худ гуфта буд, РВП бекор ва ба шаҳрванди хориҷӣ якбора иҷозаи иқомат дода мешавад. Вале ҳоло, ки мо бо тарҳ ошно шудем, дар он гуфта шудааст, ки ин тарҳ ба қонунгузорӣ соли 2021 ворид шуда, аз соли 2022 мавриди иҷро қарор мегирад. Яъне чизе, ки Путин ним соли пеш гуфта буд, Вазорати корҳои дохила амалишавии онро чанд сол тул медиҳад”, -гуфтааст,  Усмон Баротов.

Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, чанде пеш Вазорати корҳои дохилии Русия низ хабар дода буд, ки тасмим дорад, ба тарҳи нави қонуни мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ супурдани изи ангуштро ворид кунад. Дар назар аст, ки муҳоҷирон изи ангушт супоранд ва аз ташхиси тиббӣ гузаранд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия осон ва шаффоф будани тартиби воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳудуди ин кишвар, ба манфиати Маскав будааст.

Аз руйи маълумотҳои интишоргардида, дар як соли гузашта аз патенти муҳоҷирон ба буҷаи Русия 60 миллиард рубл даромад ворид шудааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз руйи омори ғайри расмӣ ду милиионро ташкил медиҳанд, барои кору фаъолиятошон аз марзи ин кишвар хориҷ мешаванд, ҳамчунин ҳар сол патент мегиранд

Марзи Тоҷикистон бо Узбекистон ҳамоно баста боқӣ мемонад

0
Сурат: litetrip.ru

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки то имрӯз ҳеҷ тасмиме аз ҷониби Ситоди ҷуҳуриявии мубориза бо каронавирус дар Тоҷикистон, дар мавриди боз гардидани марзҳо байни Тоҷикистону Узбекистон гирифта нашудааст.

Дар ин ибора хабаргузории “Asia-Plus” бо такя ба манбааш аз ин ниҳод хабар медиҳад.

Манбаъ гуфтааст:

“Мо ҳамагӣ, дирӯз иттилоияи расмиро аз Узбекситон, ки ҳадаф доранд марзро боз кунанд, дарёфт кардем. Мо мактбуро ба Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус равон кардем. То ҳол  посухи ситодро нагирифтаем”.

Дар идома иброз доштааст, ки  тасмим аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ аст, зеро шароити ворид ва хориҷ гардидани шаҳрвандонро дар марзҳо онҳо муайян мекунанд ва маҳдудиятҳоро ҷорӣ менамояед.

Рӯзи 1 октябр Ҷумҳурии Узбекистон марзҳояшро бо шароит ва талаботи беҳдоштӣ бо ҳамаи кишварҳо кушод.

Ҳамчунин дар гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ” ба “Asia-Plus” гуфтаанд, танҳо шумори хеле ками одамон марзро гузаштаанд.

Ба гуфтаи манбаи “Asia-Plus” аз гузаргоҳи “Дӯстӣ”

“Ба Узбекистон ҳамагӣ чанд нафарро ба далели ҳаводисе, ки дар хонаводаашон иттифоқ уфтодааст иҷозаи вуруд додаанд. Ба Тоҷикистон бошад автобуси ҳомили донишҷӯёни узбекистоние, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои мо мехонанд, ворид шуд”.

Ҳамчунин дар гузаргоҳи марзӣ гуфтаанд, марзҳо кушодаанд, вале баъди 11 октябр, баъди интихоботи президетии Тоҷикистон сокинон бемонеа метавонанд равуо кунанд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ низ аз чанд гузаргоҳои марзӣ гузориш доданд, ки марзро танҳо шаҳрвандоне убур карда метавонанд, ки бо шаҳрвандони  Узбекистон ақди никоҳ дошта бошанд, ё  шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Узбекистон қарор доранд, метавонанд озодона ба кишвар баргарданд.

Барои мошинҳои боркаши дорои рақамҳои Русия низ убури мар иҷозат будааст. Агар ронанда шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта бошад, метаовнад ба Тоҷикистон ворид шавад.

Чанде қабл Ситоди мубориза бо каронавируси Узбекистон шарти ворид шудан ба ин кишварро эълон карда буд, нафароне, ки аз Тоҷикистон ба ин кишвар ворид мешаванд, аз “минтақаи сурх” буда бояд, бо худ маълумотнома то 72 соат пеш дар мавриди надоштани бемории каронавирус дота бошанд, илова бар ин, 14 рӯз ба қартина фаро гирифта мешаванд. Дар сурати надоштани маълумотнома дар ташхисгоҳҳои марзӣ аз ҳисоби худ, аз ташхис мегузаранд, ки маблағаш 20 долар буда, пас аз 10 дақиқа омода мешудааст.

БУҲРОН, ПУЛИ МУҲОҶИРОН ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН

0

Афзоиши бесобиқаи содироти сангу металҳои гаронбаҳо, камбуди шадиди асъор дар бонкҳо, коҳиши воридот, иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии буҷа бо вуҷуди афзоиши ҷалби қарзу грант ба он ва дигар нишондиҳандаҳое, ки дар ин авохир расонаӣ мешавад, дарак аз воридшавии Тоҷикистон ба як бӯҳрони шадид медиҳанд.

Ҳоло ҳеҷ касе ба ин ки бӯҳрон дар кишвар ҷараён дорад шаке надорад, аммо мо дар кадом марҳалаи ин бӯҳронем ва он кай идома хоҳад кард?

Қаблан таъкид карда будем, ки Тоҷикистон аз коруно бештар аз ҷанги шаҳрвандӣ (дар ҳисоби маблағ) зарар хоҳад дид ва ваъда ҳам бар ин буд, ки рӯзе онро бо тафсири бештар шарҳ диҳем. Ҳарчанд бинобар набудани фурсат ин кор ба тӯл кашид, аммо чун дар ин муддат ҳаводиси зиёде ба вуқӯъ пайвастанд, бад нест дубора ба ин масъала баргардем.

Яке аз ҷолибтарин, аз назари банда, маълумотҳои дар ин муддат нашршуда ин буд, ки ҳаҷми коҳиши иқтисоди ҷаҳон аз пешбинии иқтисодшиносони сатҳи авали ҷаҳонӣ хеле бештар буд ва ин назария ҳам ба вуҷуд омад, ки бозгашт ба рушди дубора метавонад бамаротиб тӯлонитар аз он чи пешбинӣ шуда буд бошад. Тоҷикистон ҳам аз он истисно нест ва пешбинии зарари бештар аз ҷанги шаҳрвандиро метавон бо итминон ба самти боло пеш бурд. Аммо чун мафҳуми “бештар” абстрактист, ба он даст намезанем.

Чанд рӯз қабл Эмомалӣ Раҳмон эълон кард, ки иқтисоди Тоҷикистон имсол аз таъсири вируси коруно ҳудуди 2 милиард доллар зарар хоҳад дид. Агар инро асос қарор диҳем, пас Тоҷикистон ба ончи пешбинӣ карда будем, яъне зарари бештар аз ҷанги шаҳрвандӣ намерасад. Чун он зарар ҳудуди $7 млрд гуфта мешавад ($10 млрд.е, ки ҳоло мегӯянд як рақами сиёсишуда аст) ва агар Тоҷикистон дар соли бӯҳрони шадид 2 млрд зарар дид дар ду се соли оянда, ки таъсири бӯҳрон идома хоҳад кард, ба ҳеҷ ваҷҳ ба 7 млрд нахоҳад расид.
Вале бояд дид раисҷумҳур ин рақамро аз куҷо гирифтааст ва чаро маҳз 2 млрд.

Раисҷумҳур наметавонад арқомро аз иқтисоди ғарирасмӣ ва ё соягии кишвар гирад, чун мақомаш ба он иҷоза намедиҳад. Бинобар ин маҷбур аст онро аз ончи расмӣ аст ҳисоб кунанду хулосагирӣ намоянд. Барои мисол интиқоли пули муҳоҷирон, ки аз гардонандаи аслии иқтисоди кишвар аст, тибқи иттилоъоти расмӣ 20% камтар шудааст ва ниҳоде, ки зарари 2 миллиардиро ҳисоб кардааст маҷбур аст ба ҳамин рақам такя кунад. Ба ин ҳисоб 20%-е, ки гуфта мешавад ҳудуди 500-600 миллион доллар солона аст. Вале ин рақам воқеъӣ нест ва ба маротиб бештар аз он аст. Вақте ним ё бештар аз ними муҳоҷирони корӣ дар ватан дармондаанд ва ними дигар чанд моҳ дар карантин нишаста буданд, чӣ гуна мешудаст, ки интиқоли маблағ ҳамагӣ 20% кам шавад?

Дар ҳамин ҳол чаро сандаҳои расмӣ, чӣ ҷониби Русия ва чӣ Тоҷикистон чунин мегӯянд?

Посухи ин суол бармегардад ба ҳамон оморҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ. Ҳамон 2,5 миллиарде, ки солона интиқол меёбад ва ё 3,5-4 миллиарде, ки солҳои 2013-2014 мунтақил шуда буд, танҳо маблағҳое ҳастанд, ки тавассути бонкҳо фиристода шудаанд. Мабалағҳое, ки бо роҳҳои дигар ба Тоҷикистон мераванд ҳеҷ гоҳ ҳисоб нашудааст ва имкони оморгириаш ҳам вуҷуд надорад. То ҳол ҳеҷ ниҳоде ё маркази таҳлилие ба худ заҳмат надодааст ҳаҷми маблағҳои интиқолёбанда бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба Тоҷикистонро ҳисоб кунад.
Банда чанд сол ба интиқоли муҳоҷирон ва пулҳои онҳо сарукор доштаам ва бархе рақамҳоро назди худ дорам.

Тибқи ҳисобҳое, ки он солҳо доштам (аз соли 2001 то 2014) интиқоли ғайрирасмии маблағ ба Тоҷикистон аз интиқоли расмӣ тавассути бонк 1,5 – 2 баробар бештар аст! Яъне агар тавассути бонк 2,5 млд мунтақил шуд, метавон бо боварӣ гуфт, ки бо роҳҳои дигари ғарирасмӣ 3,5 то 5 миллиард доллар ба кишвар ворид шудааст. Яъне дар умум аз 6 то 7,5 миллиард! Ҳаҷми интиқолҳо байни ин солҳо ба нафъи бонкҳо тағйир карданд, вале ҳатто дар камтарин ҳолат ҳам он аз 1,5 баробар камтар набудааст. Аслан то соли 2005-2006 ин фарқ хеле бузург буд ва тавассути бонкҳо бахши бисёр ками пулҳо интиқол меёфтанд, аммо чун омор аз он замон бисёр кам аст ва ба мавзӯъи мо дахли чандоне надорад, аз он сарфи назар мекунем.

Чанд роҳи интиқоли маблағ бо роҳҳои ғайрирасмӣ вуҷуд дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки муҳоҷирон пулҳои коркардаашонро бо худ мебаранд. То солҳои 2011-2012 ҳудуди 25-30 дарсадро муҳоҷирон тавассути бонкҳо фиристода, боқимондаро ё бо худ мебурданд (асосан) ё бо роҳи дигар интиқол медоданд. Баъдан бинобар камтар шудани комиссияи бонкҳо вазъ каме тағйир кард ва он то 35-40 дарсад боло рафт. Омори баъди 2015-ро мутаассифона пайгирӣ накардаам, аммо фикр намекунам, ки вазъ бештар тағйир карда бошад. Баръакс, ба ин назар бештар мутамоилам, ки бинобар бо сомонӣ пардохт шудани маблағҳои ирсолмешуда, муҳоҷирон тарҷеҳ медиҳанд асъорро бо худ баранд.

Роҳи дигари интиқол, ки аз он асосан тоҷирону соҳибкорон, бахусус воридкунандагони маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия ва кишварҳои дигар истифода мекунанд, “перекидка” аст. Яъне шумо маблағро дар Русия ба нафаре медиҳед ва онро дар Тоҷикистон мегиред. Бо ин роҳ маблағҳои бисёр бузурге интиқол мешаванд, ки шояд 30-40 дарсади воридот ба Тоҷикистон бо ҳамин пулҳо иҷро шаванд.

Бинобар қатъ шудани рафтуомад бо сабаби карантинҳо, муҳоҷирон ҳам дигар имкони бурдани пулро надоранд ва ҳоло аксари пулҳои ба Тоҷикистон интиқолёбанда тавассути бонкҳо мераванд. Қаблан агар он 30-40% буд, ҳоло ба 70-80% расидааст (20-30% тавассути “перекидка”). Бо ҳисоби дигар, агар қаблан бо роҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар умум 6-7,5 миллиард доллар ба Тоҷикистон ворид мешуданд, имсол он ҳамагӣ 2-2,5 миллиардро ташкил хоҳад дод. Яъне бо дарназардошти “перекидка”, ки ҳоло ҳам идома дорад, интиқоли маблағ 50-60 дарсад камтар шуда, ба Тоҷикистон 3,5-4,5 млрд камтар маблағ ворид мешавад!

Ин аст, ки бӯҳронро на таҳо буҷаи кишвар, балки фард-фарди шаҳрвандон дар пӯсти худ эҳсос мекунанд. Бо ин ҳисоб Тоҷикистон танҳо дар ду сол ва танҳо аз ҳисоби камшавии пули муҳоҷирон зарари бештар аз ҷанги шаҳрвандиро мутаҳаммил мешавад. Дар ҳоле, ки ин пулҳо бо гардишашон дар иқтисод ба ҳамон миқдор маҷмӯъаи маҳсулоти дохилиро боло мебурданд ва агар зарари ин самт ҳам ҳисоб шавад, хоҳем дид, ки суръати рукуд бамаротиб сареътар аст.

Мақомот даъвоо доранд, ки маблағи муҳоҷирон 31%-и иқтисоди кишварро мечархонад. Аз соли 2014 то 2019 интиқоли ин маблағҳо 30% кам шудааст. Агар ба даъвои мақомот бовар кунем, ин миқдор кам шудани интиқоли маблағи муҳоҷирон ҳамагӣ 10% ё камтар аз он иқтисодро заъиф мекунад. Аммо дар ин муддат бинобар афзоиши содироти барқ, семент, сангу металлҳои гаронбаҳо ва ғайра, бояд ин камбуд пӯшида мешуд ва иқтисоди кишвар ҳади ақал заъиф намешуд. Аммо мо шоҳидем, ки иқтисод ва сатҳи зиндагии мардум рӯ ба коҳиш аст.

Посухи ин масъала ҳам ин аст, ки мақомот танҳо интиқоли расмиро ба назар гирифта, онро 31% баровард кардаанд. Аммо агар интиқоли ғайрирасмӣ ба назар гирифта шавад, саҳми пули муҳоҷирон дар иқтисоди кишвар камтар аз 60% нест. Ва 30 дарсад камшавии интиқоли пул маънии $1 млрд ворид нашудан ба кишварро надошта, маънии $2-2,5 млрд-ро дорад ва он иқтисоди кишварро на 10%, балки 20-25% заъифтар мекунад.

Интиқоли ғайрирасмии пули муҳоҷирон дар якҷоягӣ бо иқтисоди соягии кишвар, ки ҳаҷми он ҳам дар умуми иқтисод 60-70 дарсад тахмин зада мешавад, боис шудаанд Маҷмӯъаи маҳсулоти дохилӣ низ аз будаш бамаротиб камтар ҳисоб шавад. Ба ин масъала поёнтар бармегардем. Ҳоло биёед бубинем, ки буҳрон дар кишвар чӣ қадари дигар идома хоҳад кард.
(Идома дорад)

Аз саҳифаи фейсбукии Абдуманнон Шералиев

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Пеши роҳи фасод дар Вазорати маориф ва илм гирифта мешавад?

0

Рӯзи якуми октябр вакилони Маҷлиси намояндагон қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистонро дар бораи таъйини мудирони маорифи ноҳияҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, бо вуҷуди ҷой доштани баъзе камбудиҳо қабул намуданд.

То ин вақт мудирони маорифро дар Тоҷикистон раисони шаҳру ноҳияҳои таъйин ва барканор мекарданд, ки акнун ин салоҳият аз онҳо гирифта шуд.

Мухолифони қарор мегӯянд,  ки “ин иқдом метавонад боис ба бештар шудани омилҳои коррупсионӣ гардад”, вале ҷонибдорон ин қарорро “назорат ва беҳтар кардани сифати таълим дар Тоҷикистон” номиданд.

Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини аввали вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар порлумон гуфтааст, дар ин муддат “фаъолияти мудирони маориф аз назорат дур монда, боис ба таъйин гардидани шахсони тасодуфию бесалоҳият ва кам гардидани эътибори омӯзгорон дар ҷомеа шудааст.”

Ба гуфтаи Саломиён “дар 26 шаҳру ноҳия, дар маҷмуъ, 28,2 дарсади сардорони сарраёсати маориф, раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф шахсоне таъин гардидаанд, ки фаъолияти пешинаашон умуман ба ин соҳа (маориф) рабт надорад”.

Ба назари Саидҷафъар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби демократ, додани ин салоҳият ба ихтиёри Вазорати маориф “кори дуруст нест”. Ӯ мегӯяд: “чунин иқдом, баръакс, метавонад боис ба сар задани омилҳои коррупсионӣ гардад.”

Пас аз баҳсу баррасиҳо лоиҳаи қонун “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” бо ҷонибдории аксар вакилон қабул гардид.

Гузориши СММ: аҳолии Тоҷикистонро бекории дарозмуддат таҳдид мекунад

0

Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар як гузоиши худ, натиҷаҳои таъсири иҷтимоиву иқтисодии пандемияро ба вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон нашр кардааст. Дар ин бора сомонаи БРСММ дар Тоҷикистон ин иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, гузориш дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар шарикон оид ба рушд гузаронида шудааст. Дар гузориш гуфта шудааст, ки ба иллати афзоиши таъсири манфии COVID-19 ба иқтисоди ҷаҳон, нобаробарии иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон боло рафта, занону ҷавононро хатари бекории дарозмуддат дар пеш интизор аст.

Пратибҳа Меҳта, намояндаи БРСММ дар Тоҷикистон гуфтааст:

“Барои кумак ба кишвар дар посухи беҳбудии ҳадафманд мубтано бар далоил, дарки таъсири фаврӣ, миёнмуддат, ва тӯлонимуддати COVID-19 дар тамоми манотиқи кишвар бар зиндагиву маишати мардуми Тоҷикистон ва ҳамчунин дар касбу кор ва бахши ғайрирасмӣ бисёр муҳим аст”.

“Asia-Plus” дар робита ба ин хабар менависад, ки натиҷагириҳо ва тавсияҳои асосӣ дар гузориши “Таъсири COVID-19 ба зиндагӣ, маишат ва ширкатҳои хурд, мутавассит дар Тоҷикистон” бар асоси таҳқиқоте, ки болои 1000 хонавода ва 700 ширкати хурду миёна гирифта шуда, ки он дар мавриди чолишҳои ношӣ аз пандемияи COVID-19 гузаронида шудааст.

Дар гузориш сабаби мушкилоти иҷтимоию маишии мардум дар коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия, надоштани пасандоз, аз даст додани манбаи аслии даромад, вуҷуди қарзи аъзоёни хонавода ва гирифторӣ ба бемории сироятӣ ва ғайра гуфта шудааст.

Аз руйи далелҳои ба даст омада муайян карда шудааст, ки зиёда аз 63% ширкатҳои хурду миёна дар ҳоли ҳозир таҳти таъсири манфии пандемия қарор доштаанд. Аҳолӣ дар манотиқи рустоӣ ба ҳади ақалли дастрасӣ ба хадамоти мушовараи касбу кор ва бозор мувоҷеҳанд.

85 % пурсидашавандагон аз коҳиши фурӯши маҳсулот ва хадамот хабар доданд. Дар ҳоле, ки 25% бар асари пандемия маҷбур ба таътили муваққат шудаанд.

Дар робита ба ин гузориш доктор Пратибҳа Меҳта мегӯяд:

“Ин гузориш талоше аст, барои оғози баҳси густурдатаре дар мавриди тавсеаи фарогир, одилона ва пойдор дар заминаи таъсири пандемия ва пас аз COVID-19 ва ҳам саҳмгузорӣ дар барномаҳову тасмимҳои нав бар асоси далоили мавҷуд”.

▶️ Барномаи хaбарии ИМРУЗ – 02.10.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Як ширкати ҳавонавардии нав хатсайрҳояшро байни Душанбе ва шаҳрҳои Русия барқарор карданист.

“Oблава” оғоз шуд. Рабудани як ҷавон дар шаҳри Ҳисор аз ҷониби Комиссарияти ҳарбии ин шаҳр.

Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Миёна: Австрия дар истирдоди Ҳизбуллоҳ Шовализода ба Тоҷикистон ба хато роҳ додааст.

Шартномаҳои банкнотӣ байни бонкҳои Тоҷикистону Узбекистон ба имзо расид

0

Байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ва Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Шартнома оид ба шартҳои умумии гузаронидани амалиёти банкнотӣ ба имзо расонида шудаст, ки ҳадафаш ба роҳ мондани амалиёти банкнотӣ миёни бонкҳо мебошад.

Санади мазкурро раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ ва  раиси Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Алишер Мирсоатов, дар шаҳри Душанбе   имзо карданд.

Ба навишти хабаргузории “Ховар” дар ҷараёни вохӯрӣ Сироҷиддин Икромӣ ва Алишер Мирсоатов масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории байнибонкии ду кишвар, афзоиш додани гардиши савдои байни ду давлат зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкороне, ки ба воридоти молу маҳсулоти мавриди ниёзи мардум машғуланд ва масъалаҳои марбут ба коҳиши эҳтимолии фоизи қарзҳои байни бонкиро матраҳ намуданд.

Гуфта мешавад, Алишер Мирсоатов дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ , ки дар Душанбе баргузор гардид, ташриф овардааст.