Рӯзи 8 октябр як узви гурӯҳи “Авангард”, ки гуфта мешавад тобеи ВКДТ аст, бо номи Муборакшоҳ Камолзода дар саҳифаи фейсбукаш аз пешвозгирии бо тантана аз ҷониби масъулони ноҳияи Зафаробод хабар додааст.
Номбурда зимни нашри ин хабар чанд аксеро низ гузоштааст, ки дида мешавад, ҷавондухтарон дар даст нон ва идда ҳам дастҳо пеши бар ва бо мусиқию ташрифоти расмӣ, айнан бо шеваи пешвозгирии раисҷумҳур аз ин ҳайати ин гурӯҳ пешвоз мегиранд.
Интишори ин хабар вокунишҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Аксари корбарон аз ин шеваи пешвозгирии гурӯҳи “Авангард” ба шиддат интиқод намуда, онро худнамоӣ ва тақлиди беасос ном бурдаанд. Бархе гуфтаанд, ки духтарони мардумро барои пешвози раисҷумҳур бо либосҳои атлас дар ҳавои сард маҷбурӣ мебароварданд кам набуд, ки боз ин мардум духтаронашонро барои пешвози ин гурӯҳ фиристанд.
Корбарон кори масъулони ноҳия ва ВКД-ро ба интиқод намуда, пурсидаанд, ки ин гурӯҳ чӣ вазифаро иҷро мекунад ва чӣ қаҳрамоние кардаанд, ки бо ин шакл дабдабанок пешвоз гирифта мешаванд? То ҳол дар баробари вокуниши мардум мақомоти кишвар расман чизе нагуфтаанд.
Ин дар ҳолест, ки борҳо аз шакли пешвозгирии дабдабаноки раисҷумҳур шикоятҳо нашр мешуд ва худи Эмомалӣ Раҳмон боре ба пешвозгириҳо ишора карда гуфта буд, ки бояд пешвозгириҳояш одӣ ва бе сарфу харҷи зиёдатӣ бошанд, аммо дар ин чанд ҳафтаи ахир, ки Раҳмон ба минтақаҳои кишвар сафарҳо дошт, дида мешуд, ки пешвозгириҳо ранги тоза гирифта дабдабаноктар шудаанд.
Бо он ҳама воҳимаву ҳангомаҳо, ки мегуфт “светмурӣ” афсона шуд, имсол ҳам мардуми тоҷик зимистони қаҳратунеро дар пеш доранд. Шароити шадиди лимити солҳои 2006-2008-ро, ки бар асари он Тоҷикистон талафоти ҷонӣ ҳам дошт ва он замон худи мо ҳам шоҳиди ҳол будем, дигарбора болои мардум овардааст. Шабона аз соати 22.00 то соати 05.00-и субҳ ва рӯзона аз соати 8.00 то 17.00. Тохтутози куруно аз як сӯ, бекориву бемаошӣ аз як сӯ, ҳасрати рафтан ба Русия ва омадан аз муҳоҷират ба ватан аз сӯи дигар ва ҳоло боз бебарқию торикиву сардӣ ҷони мардуми тоҷикро дар каду “қаба” кардааст.
Аз барои Худо, ин миллат ва ин мардум то ба кай ин ҳама ранҷу озору ситамро таҳаммул хоҳад кард? Боз дар ҳамин гуна як шароит бархезанду полтуну ҷомаву кулоҳу сарпӯшу мӯза бар по ва ниқоб дар фуку дастонро зиддиуфунӣ кунанд ва раванд ба маҳалли овоздӣ ва ба нафаре, ки тӯли қариб сӣ сол муҷиб ва сабабгори ин ҳама ҳолу авзоъ шудааст, овоз бидиҳанд? Воқеият ин аст, ки то сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз нерӯи барқ танқисӣ надошт ва кадом лимиту ҳеч реҷаи интиқол вуҷуд надошт. Хонаву кошонаҳои мардум гарму рӯшан буд.
Ҳанӯз январи соли 2017 дар як паёми пурвоҳима аз куллан барчида шудани лимити барқ сӯҳбат кард ва ҳангоме, ки чархаи аввали Роғун фаъол шуд, эълом кард, ки дигар “светмурӣ ба афсона мубаддал шуд”. Беш аз ин, чандин бор тазаккур дод, ки давлати Тоҷикистон, яъне Раҳмон муваффақ шуд, ки яке аз се барномаи стротежии давлат: “расидан ба истиқлолияти энергетикӣ”-ро татбиқ намояд. Хуб, кҷост?! Кҷост татбиқи барнома, кҷост афсонаи “светмурӣ”?!
Баракс, бо гузашти як ҳафта аз ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди нерӯи барқ шарҳу тавзеҳ намедиҳанд, ки иллат чӣ аст? Дар гузашта ҳам ҳеҷ гоҳе тавзеҳ надода буданд ва огоҳ ҳам намекарданд. Иззати нафс ва шарофати инсонии ин мардум на як бору ду бор, балки бор-бор ва ҳудуди сӣ сол аст, ки помол ва таҳқир шудааст. Барои худ “западло” меҳисобад, ки бо мардуми худ ҳисоб кунад. Ингор мардуми тоҷик як тӯда ва як гала аст, ки зарурат надорад барояш гуфт, ки чиро нерӯи барқ соат-байъ дода мешавад. Лиёқаташро надорад, ки “Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдат” дар сатҳи онҳо фарояд ва бигӯяд, ки чаро барқ намедиҳад?
Ин ҳам дар ҳоле аст, ки дар пеш интихоботу эҳтиёҷ ба овози ин мардум дорад. Ин гуна нописандӣ ва беэҳтиромӣ ба мардум ба ин маъност, ки бе овози шумо ҳам ман Президент. Овоз медиҳед, намедиҳед, интихобот меоед, намеоед, барқ доред, надоред, ман Президент ҳастам ва боз мешавам!!
Як нуктаеро, ки мешавад инҷо зикр кард, ин аст, ки ба ҳадде ба ин мардум ва ба ин интихоот ва ба ин ватану ин миллат тасаллут ва тасарруф кардааст, ки тӯли ин ду моҳи маъракаи интихоботӣ ва силсиласафарҳяш ба манотиқ ҳатто як бор ҳам нагуфт ва ба ёд ҳам наовард, ки ӯ феълан “номзад” аст, номзади курсӣ. Бидуни онки номзад бошад, бидуни онки ба унвони номзад бо мардум суҳбат кунад ва аз мардум ба истилоҳ “наказ”-и интихоботӣ бигирад, маъракаро кӯтаҳ ва бандубаст кард. На худи ӯ ва на тими интихоботияш ӯро номзад муаррифӣ накарданд.
Аммо ҳамин “светкушӣ” аст, ки як рекламаи баланду болои интихоботии ӯ шуд. Рекламаи қудрат ва тавони воқеии ҳукумати ҷаноби Раҳмон, ҳукумати 28 солаи ӯ. Ба назар мерасад авзоъ бениҳоят харобу вахим аст. Вагарна, ҳадди ақал сабр мекард то маъракаи интихоботи масхараашро бигзаронад ва сипас шурӯъ ва қатъи интиқоли нерӯи барқ ба мардум кунад.
Лимити барқ даҳҳо миллион сомонӣ хисорот ва зарар дар пай дорад, ки бештарини онро боз ҳам мардуми одӣ ва табақаи косибу соҳибкорони хурд мутаҳаммил мешаванд. Барои мисол нафаре, ки кулчақанд ва ё худи қанд ва аз ин даст маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол мекард ва тамоми дастгоҳу истеҳсолоташ ба нерӯи барқ вобаста буд. Ин гурӯҳ хеле зиёданд. Вале ҳамин имкон ва ҳамин шароит набудааст ва саромадааст, ки ночору ноилоҷ монду боз ҳам зери қавлаш зад ва аз эҳтимол дур нест, ки режими лимит аз ин ҳам бадтар бишавад. Ин халқи 28 сол сармохӯрдаи хунукзада боз ҳам аёс мекашад ва боз ҳам маризу боз ҳам рӯ ба раҳми Худо.
Ҳоло агар ба ҳисоб бигирем, ки аз он солҳо то кунун ду Сангтӯда ба кор даромад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон худкифо аст, дуто маркази гармидиҳӣ (ТЭЦ) дар Душанбе ба фаъолият пардохт ва ду чархаи Роғун ҳам дар низоми энергетикии кишвар ба гуфтаи худи Раҳмон 1 миллираду 600 млн.кв.соат афзуд, пас пурсида мешавад, ки нерӯи барқи тоҷик чаро ба аҳолӣ кифоят намекунад? Ин ҳам дар ҳоле аст, ки эълон шуд барои Афғонистон ва Узбакистон содироти барқ ба шиддат кам гардид.
Афзун бар ин, ТАЛКО-бузургтарин масрафкунандаи нерӯи барқи кишвар, ки 7 агрегати Норакро мехӯрад, ҳатто чаҳоряки тавони тавлидотии худро аз даст додааст ва низ коргоҳҳои кимиёвии Ёвон, нӯриҳои азотии Вахш ва ғайра дар ҳаҷми пешинаи худ қувваи барқ истеъмол намекунанд. Масъулини ҳукумат ва мутахассисин ва коршиносон бояд барои аҳолии кишвар ҷавоб диҳанд. Ҳукумат муваззаф аст, ки ошкоро эълон кунад, ки лимити барқ ҷорӣ шудааст ва вақту соат ва муҳлати оғозу анҷоми ин давраро бигӯяд. Бигӯяд, ки сабаб чӣ аст, ки нерӯи барқ боз ҳам моли дефитсит шуд? Ду Маркази гармидиҳии Душанбе рӯзона аз истифодаи пойтахт 5.000.000 млн.квт.соатро сарфа мекунад, он куҷо меравад? Тавлиди чархаҳои Роғун чӣ?
Инҷо метавон ҳадс зад, ки мақомоти Тоҷикистон ба содироти нерӯи барқ, ки як манбаи асосии даромади суратҳисобҳои оффшориашон мебошад, боз ҳам идома дода истодаанд. Дигар ҳам ин аст, ки хеле аз корхона ва муассисаҳое, ки бархе аз аъзои оилаи Раҳмон, барои мисол корхонаҳое, ки Ҳасан Асадуллозода дар дохили Талко дорад, мисли коргоҳи тавлиди кабел ва ноқилҳои ранга ва чандин ҳамингуна корхонаҳои дигари мансуби ин хонадон аз ҳисоби нерӯи барқи аҳолӣ фаъолият карда истодаанд.
Ширкати “Барқи тоҷик” дар моҳи сентябр эълон кард, ки обанбори Норак дар ҳад ва сатҳи зарурӣ, яъне дар нуқтаи 910 метр захира карда ва тирамоҳу зимистон Тоҷикистон бо барқ пурра таъмин мешавад, пас боз ҳам савол ин аст, ки чаро барои мардум бо лимит қувваи барқ дода мешавад? Қувваи барқи Тоҷикистон куҷост ва куҷо будани онро кӣ ба ҷуз аз Раҳмон бояд посух диҳад? Ин лимите, ки гуфтем баъди рӯи коройии Раҳмон ба Тоҷикистон омад, инак чаҳоряк аср-25 сол аст идома дорад. Кай он ба поён мерасад?
Ҳамчунин Сандуқи байналмилалии пул барои ёрӣ ба кишварҳои фақиртарини дунё, «Хазинаи боварӣ ва пешгирӣ аз фалокат»-ро таъсис додааст, ки Тоҷикистон низ дар баробари Афғонистону Яман ва кишварҳои африқоӣ аз он баҳра хоҳад бурд.
Рӯзи 5 октябр Шӯрои мудирони СБП дар як тасмими худ гуфта буд, кумакҳо ба кишварҳои фақир аз ин хазина барои ним соли дигар тамдид карда мешавад. Моҳи майи соли равон СБП ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз дода буд.
Ҳамчунин дар назар аст, Сандуқи байналмилалии пул аз «Хазинаи боварӣ ва пешгирӣ аз фалокат» ба Тоҷикистон грант ва ё кумаки бебозгашт ҷудо кунад, то ҳоло маълум нест ба Тоҷикистон чӣ қадар пул медиҳад.
Замони ҷудо кардани 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз СБП гуфта буд, Тоҷикистон бояд дар бораи харҷи ин маблағ ҳар се моҳ гузориш диҳад ва матни он манзури омма шавад. Аз замони ҷудо шудани қарз се моҳ гузашт, вале Тоҷикистон аз чигунагии харҷи он ҳисобот надодааст. СБП навиштааст, Тоҷикистон барои ҳисобот додан ҳам кумаки фаннӣ ё техникӣ дархост кардааст.
Ба гуфтаи иқтисоддони СБП камомади буҷаи Тоҷикистон имсол афзоиш ёфта, то охири сол метавонад, аз 350 то ба 500 миллион доллар расад. Ба ибораи дигар, ба буҷаи соли 2020 ва пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 350 то 500 миллион доллар нахоҳад расид.
Тибқи варақае, ки тарофаи “Офарин” муаррифӣ мешавад, он аз чор баста иборат аст – “Офарин – 15”, “Офарин – 5”, “Офарин – 7.5” ва “Офарин – 10” иборат аст. Тибқи он, бастаҳо аз 5 то 15 сомонӣ арзиш дошта, аз 7 то 30 рӯз мӯҳлат доранд.
Дар аввал аз иштирок кунандагони баҳс, муҷрии барнома Мирзонабии Холиқзод дар бораи интихоботи дар пеш истода пурсид. Дар посух Додоҷон Атовуллоев, интихоботро саҳнаҳосозие беш надонист. Ӯ хост, ки бештар дар бораи мухолифат ва мухолифини тоҷик гап зананд.
Кабирӣ низ интихоботи дар пеш истодаро ҳам ғайри демократӣ ва ҳам ғайриқонунӣ хонд. Президентии ояндае сари кор меояд, президенти амалкунанда аст на президентӣ мардумӣ қайд кард раҳбари ПМТ.
Атовуллоев аз он интиқод кард, ки Кабирӣ ва намояндагони ҲНИТ ӯро бадгӯӣ ва санг мезананд. Роҳбари ПМТ дар посух ба ин иддао гуфт, нафароне, ки ин суханҳоро мегӯянд ҳадди ақал як далел биёранд. Вале Атовуллоев далеле наовард.
Кабирӣ дар баробари гуфтаҳои Додоҷон Атовуллоев гуфт, ман аз номи ҲНИТ ва Паймон аз ҳама нафароне, ки эҳсоси таҳқиршуданро кардаанд, чи он гуфтаҳо ҳақиқат доштанд ё на ва фикр мекуунанд он аз номи тарафдорони Паймон ва ҲНИТ гуфта шудааст, узр мепурсам.
Вале аз худи Додоҷон хост барои таҳқирҳояш ӯзр пурсад, аммо ӯ узрхоҳӣ накард.
Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки нерӯҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон то охири ҳамин сол ба ИМА бармегарданд. Дар ин бора худи Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттераш хабар дод.
“Чанд нафари боқимондаи мардон ва занони ҷасури мо, ки дар Афғонистон хидмат мекунанд, бояд то соли нав ба хона баргарданд”, – навиштааст президент Трамп дар ин паёмаш.
Чанд соат пештар аз паёми Доналд Трамп, мушовири амнияти миллии ИМА Роберт О’Брайен изҳор дошт, ки шумораи сарбозони амрикоӣ, ки дар Афғонистон мустақаранд, то аввали соли 2021 то 2500 коҳиш дода мешавад.