5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 70

Тоҷикистон ҳамлаи Амрико ва Исроил ба иншооти ҳастаии Эронро маҳкум кард

0

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қотеъият ҳамлаи нерӯҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил ба иншооти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эронро маҳкум кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороти расмиаш, ки рӯзи 23-уми июн нашр шудааст, аз шиддат гирифтани муноқиша, ки метавонад боиси табдил ёфтани низои кунунӣ ба ҷанги давомдор бо пайомадҳои хатарнок барои кулли минтақа ва ҷаҳон гардад, изҳори нигаронии ҷиддӣ кардааст.

Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид, Ожонсии байналмилалӣ энержии атомӣ (IAEA) ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ даъват кардааст, ки барои роҳ надодан ба нақзи қонунҳои байналмилалӣ, пешгирӣ аз эҳтимоли фоҷеаҳои экологӣ ва таъмини пойдории сулҳу субот ва амният дар минтақа, қарорҳои фаврӣ ва қатъӣ қабул кунанд.

Инчунин Тоҷикистон аз талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ, ки ба коҳиши ташаннуҷ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна равона шудааст, пуштибонӣ намуда, таъкид кардааст, ки роҳи ягонаи ҳалли ҳама гуна муноқиша ва низоъ танҳо тавассути муколамаҳои сиёсию дипломатӣ имконпазир аст.

Ба ҷуз Тоҷикистон инчунин чандин кишварҳо, аз ҷумла Чин, Қатар, Русия, Туркия, Арабистони Саудӣ, Алҷазоир, Африқои Ҷанубӣ, Покистон, Уммон, Кувайт ва дигарон ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эронро маҳкум ва аз густариш ёфтани ҷанг дар минтақа изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш низ аз афзоиши хатарноки муноқиша дар Ховари Миёна изҳори “нигаронии амиқ” намуда, аз тамоми тарафҳо даъват кардааст, ки фавран амалҳои ҷангиро қатъ намуда, ҳуқуқи байналмилалиро эҳтиром кунанд, инчунин соҳибихтиёрии якдигарро эҳтиром ва аз ҳар гуна иқдоме, ки метавонад вазъиятро бадтар намояд, худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои амнияти СММ бо ташаббуси кишварҳое чун Русия ва Чин ҷаласаи фаврӣ баргузор намуда, зарбаҳои ҳавоӣ ба иншооти ҳастаии Эронро баррасӣ кардаанд ва чанд кишвари узв талаб доранд, ки қатънома дар бораи маҳкум кардани амалҳои ИМА ва Исроил қабул гардад.

Паёмадҳои ҳамлаи Амрико ба Эрон нигаронкунанда аст

0

Дар давоми 11 рӯзи ҷанги Эрону Исроил вуруди Амрико ба ҷанг алайҳи Эрон хабарсозтарин буда, вокунишҳои густардаи ҷомеаи ҷаҳониро дар пай дошт.

Бомдоди рӯзи 22-юми июни соли ҷорӣ бар иловаи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон, Амрико низ барои ҳимоят аз Исроил вориди ҷанг шуд ва таъсисоти ҳастаии Форду, Натанз ва Исфаҳонро мавриди ҳадаф қарор дод.

Мақомоти низомии Амрико баъдтар тафсилоти ин амалиётро шарҳ доданд. Ба гуфтаи онҳо, Амрико бо 7 ҳавопаймоҳои бомбафкани В-2, ки ҳаркадом 2 бомби 14-тонаро бо худ ҳамл мекарданд, аз худи Амрико парвоз карда, ба Эрон расиданд. Гуфта мешавад, ин ҳамла дар хоки Эрон ҳамагӣ 25 дақиқа тӯл кашидааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пас аз ин ҳамла ба расонаҳо гуфт, “барномаи ҳастаии Эронро пурра аз байн бурдем, акнун Эронро мебояд дар мизи музокирот бишинад.” Ӯ ҳамчунин афзуд, ки “Истифода аз истилоҳи “тағйири режим” аз назари сиёсӣ дуруст нест, аммо агар режими феълии Эрон натавонад, Эронро дубора бузург кунад, чаро набояд режим тағйир кунад?”

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Амрико дигар намехоҳад аз ин бештар вориди ҷанг шавад. Ва ҳатто Исроил ҳам ба поён додани ҷанг моил аст. Гуфта мешавад, Исроил, ки ҳоло худро барандаи ҷанг эълон кардааст, намехоҳад ин имтиёзро аз даст бидиҳад, зеро бо рӯбарӯ шудан ба мушакҳои харобиовари Эрон хавфи аз даст рафтани ин пирӯзиро дорад.

Бар асоси иттилооти расонаҳо, Исроил то кунун 25 вилояти Эронро мавриди ҳамла қарор додааст. Омори қурбониёни ин ҳамлаҳо дар маҷмуъ 4400 нафар эълон шудааст. Аз ин миқдор 950 нафарашон кушта ва 3450 нафари дигар захмӣ шудаанд. Ҳамзамон 640 шаҳрванди эронӣ бо иттиҳоми амниятӣ ва ҷосусӣ ба фоидаи Исроил боздошт шудаанд.

Ба назари таҳлилгарон, бо вуруди мустақими як нерӯи бузурги низомӣ, доираи буҳрон дар шарқ васеъ хоҳад шуд. Ҳамлаҳои имрӯзи Исроил ба шаҳрҳои Эрон гувоҳи он аст, ки вазъияти амниятӣ ҳамчунон буҳронӣ боқӣ монда, дурнамои равшане дар бораи коҳиши танишҳо вуҷуд надорад.

Гуфта мешавад, Исроил дар 11 рӯзи охир ба зерсохторҳои Эрон, минтақаҳои низомӣ ва ғайринтизомӣ, биноҳои масукунӣ ва ғайримаскуниро дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз, Ардабил, Исфаҳон, Кирманшоҳ, Ҳамадон, Занҷон, Қазвин, Қум, Мазандарон ва ғайра мавриди ҳамла қарор додааст.

Тавре шаҳрдори Теҳрон Муҳаммадсодиқ Муътамадиён гуфта, ки Исроил дар давоми 11 рӯзи гузашта 200 нуқтаро дар шаҳри Теҳрон бомборон кардааст.

Аммо аз ҷониби дигар, Эрон субҳи имрӯз ба Исроил бо мушакҳои дурбар ҳамла кард, ки Исроил ин ҳамларо “қавитарин ва дарозтарин” ҳамла аз оғози даргириҳои байни ду кишвар гуфтааст.

Мақомоти исроилӣ мегӯянд, Эрон дар 5 навбат бо 15 мушак ба шаҳрҳои Тел-Авив ва Ҳайфо ҳамла карда, ба зерсохторҳои барқӣ ва дигар иншооти муҳими ин кишвар зарари ҷиддӣ ворид кардааст. Ширкати барқи Исроил эътироф карда, ки ба сабаби ҳамлаҳои Эрон ба зерсохторҳои барқӣ дар аксар минтақаҳои Исроил барқ қатъ шудааст.

Мутобиқи маълумоти расмӣ, дар давоми 11 рӯзи даргирӣ 25 исроилӣ кушта ва беш аз 1000 нафар захмӣ шудааст. Инчунин ба зерсохтооҳои муҳими ин кишвар ва бархе пойгоҳҳои низомии он низ зарар ворид шудааст.

Фарқи “Оила” аз оилаҳои дигар дар Тоҷикистон

0

Вақте сухан дар бораи ин оила меравад, суолҳо дар зеҳни кас пайдо мешавад, ки ин оила чӣ гуна оила аст? Аз куҷо ва аз ҳисоби кӣ ба ин расидааст?

Ин “як оила” хеле калон аст, аммо ҳамаи Тоҷикистон нест, вале бо оилаҳои дигар намешавад муқоиса кард. Ончи ки ин оила дорад, ҳеҷ як оилаи дигар надорад. На ҳукуматаш, на қудраташ, на нонаш, на обаш, на хонааш, на аспаш, на мошинаш, на пулаш, на ягон чизашро оилаҳои дигар доранд. Қасрҳо, кӯшкҳо, бӯстонсароҳо, мошинҳову ҳавопаймоҳо доранд. Бонкҳо, фондҳо, ширкатҳо мағозаҳо, бозорҳо, ресторанҳо, дискоклубҳо, чойхонаҳо, ҳотелҳо доранд. Рамаҳо, подаҳо, фермаҳо, галаҳо, мурғҳо доранд. Заминҳо аз они ҳамин оила, дарраҳо, кӯҳҳо, чарогоҳҳо аз они ҳамин оила, конҳо аз они ҳамин оила, роҳҳо ҳам аз они ҳамин оила. Нашрияву маҷаллаву шабакаҳои телевизиониву радиоӣ фақат ва фақат аз ҳамин оила мегӯянд. Ончи ки инҳо доранд, оилаҳои дигар ки чӣ, хазинаву байтулмоли Тоҷикистон надорад.

Ин ҳама чизҳоро, ки доранд, ғасбу забту истилову мусодира кардаанд. Аз они онҳо набуд, аз они онҳо шуд.

Масалан, роҳи ягонаи миёни шимолу маркази кишвар – роҳи гарданаи Анзобро ҳанӯз бобоҳоямон дар солҳои ҷанг бо мисрону каланду бел канданду мошинраҳааш карданд ва сипас бо пули Чин тармиму таъмир шуд, ин оила гирифт ва барои оилаҳои дигар пулакӣ кард ва ҳосили он шуд Спитаменбонк.

Ин оила бо фишору шантаж саҳмияҳои “Роғун”-ро фурӯхт ва пули он шуд Боинги “Сомон Эйр”. Ва ҳамин тавр даҳҳову садҳо намунаҳо, ки надоштанд, гирифтанд. Дар Душанбе, ки чизе боқӣ намонд, ҳамаро гирифт, ҳатто таксиҳоро дар пойтахт гирифт.

Осоишгоҳҳои кишвар: Шоҳамбарӣ, Хоҷа Обигарм, Зумрат аз они дигарҳо буд, ҳамин як оила соҳиб шуд. Аммо пурсиш, ки ин ҳамаро чи тавр гирифтанд, қатаған аст. Вале мову шумо медонем, ки чи тавр гирифтанд.

Ин оила ҳукуматро бо вазорату кумитаҳоро халъи пулу даромаду ваколату салоҳият кард. Тамоми хадамоти давлатиро ин оила гирифт. Прававу техосмотру техталонро аз ГАИ гирифт, рентгену узиву лабораторияро аз Вазорати тандурустӣ гирифт, суғурта(бима)-ро аз Тоҷиксуғурта гирифт, билети ҳавопайморо гирифт….хулоса ба гуфтан адо намешавад.

Аммо дар аввал, вақте омад гуфта буд, ки “ма як акаи тракторчӣ дораму тамом”. Вале баъдҳо….. аввал Ҳасанро овард, баъд Озода, баъд Рустам, сипас Рухшона, сонӣ, Заринаву Парвина ва…Исмоилро овард.

Савол додан, пурсидан, ки ин як оила ин ҳамаро аз куҷо ба даст овардаасту аммо чаро боқии оилаҳои Тоҷикистон надорад ва натавонистааст ба даст оварад, нораво ва мамнуъ аст. Саволдиҳандаҳо, пурсандаҳо ба дасти милиса, амният, прокурор ва суд меафтанд ва ба солҳои тӯлонӣ зиндон мешаванд.

Масалан, раис ва муассиси ин оила қонуни алоҳида дорад: Қонуни Асосгузори сулҳу ваҳдат ва пешво. Бар тибқи ин қонун асосгузор, пешво ва аъзои оилаи вай дахлнопазир, дастнорас аст ва дар курсии болои болои ҷой дорад. На фақат аъзои оила, сарвату молу милкаш ҳам дар чаҳорчӯби ин қонун  иммунитет-дахлнопазирӣ дорад ва раиси ин оила барои аъмоли содирнамудааш ҳеҷ гоҳ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. Балки муҳофизон дорад, фонди махсус –пул дорад ва ҳақ дорад, ки то дар рӯи замин зинда аст, раис бимонад. Ва, Қонуни асосии кишвар бар асоси ҳамин қонуни асосгузор тағйир дода шуд ва меъёри якумрии раису муассиси ин як оила мақоми ҳуқуқӣ касб кард.

Ин оила бо нерӯи барқ мушкил ва танқисӣ надорад, таъмин аст. Гармӣ ва рӯшанӣ дорад дар хонааш.

Ин оила аз тамоми неъматҳои модӣ бениёз аст. Мушкил ва азоби муҳоҷират  ва облава надорад.

Ин оила чоплусон дорад, лесакон дорад, хушомадгӯён дорад, маддоҳон дорад, хизматгорон дорад.

Ин оила таъин ва барканор мекунад. Дастгир мекунад, мешинонад ва афв мекунад. Вақте ин оила ба ҷодаҳо мебарояд, корвони мошинҳо-эскорти он аз пасу пеш бо муҳофизон ва ҷондорҳои то баногуш зиреҳпӯшу мусаллаҳ мушояат ва таъмини бехатарӣ мекунанд.

Масалан, вақте раиси ин оила гап мезанад, паём медиҳад дар кишвар лимит бошад ҳам барқ дода мешавад. Ва вақте раиси ин оила мехоҳад рақсу ҷунбонҷунбонии вай дар Наврӯзро ҳама бинад, лимит бошад ҳам барқ медиҳад.

Меҳмоншо Шарифзода ҷомеашиноси мустақили тоҷик, ки дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад дар як навиштааш ин оиларо таърифи воқеӣ кардааст: “Ин қавм, ки худро “фарҳангсолор”, “тоҷик”, “соҳибдавлат” ва ҳар киву ҳар чӣ мегиранд, аслан ба корҳои (дуздиҳои оилавии худ машғуланд) ва қаламрави онҳо ҳамчун масъули тақдири ин мардум дар марзи чароғакҳои чойхонаи Роҳат (Роҳатро ҳам хароб карданд) ба охир мерасад, вале дар фазои лофу дурӯғ ва ҳамчун саркӯбгари мардуми Тоҷикистон қаламрави онҳо дар ҳамаҷост”.

Кумитаи андоз ё молиёти Тоҷикистон дар соли 2024 эълон дошт, ки буҷети давлатӣ аз ҳисоби имтиёзҳои додаи ҳукумат (раиси як оила) 27% зиён дид. Кумита гуфт, чанд бор тавсия ва пешниҳод кард, ки соҳа имтиёз бигирад на ширкат ё тиҷорати алоҳида, вале раиси оила эътибор надод.

Ин омори ироадодаи раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, яке аз дарозумрон дар ҳукумати ин оила аст, ки дар баробари хабарнигорон эълон кард. Вай бо сароҳат гуфт, ки суду зиёни имтизҳо ба афрод ва ширкатҳои алоҳидаро бояд аз ҳукумат суол кард, аммо мегӯяд, ӯ аз ин имтиёзҳо буҷети кишвар дар соли 2024 бистуҳафт дарсад зиён дид.

Аммо ин имтиёзҳоро кӣ бархурдор аст? Фақат аъзои ин оила. Масалан, ҳамин Ҳасан барои сохтмони як меҳмонхона, ки бист сол мешавад идома дорад, ҳамасола имтиёзи андозу гумрук дорад.

Ин оила давлатро ба оила супорид.Балки ин оила давлат аст. Ва давлати Тоҷикистон давлати ин оила аст. Оилаи давлатӣ ё давлати оилавӣ?

Як мисоли дигари конкретӣ: Шираи камол-як гиёҳи пурдаромадро, ки солҳо дар ихтиёри Кумитаи ҷангал ва Вазорати тандурустӣ буд, раиси ин оила гиррифту ба ширкати оила дод. Тамоми муҷаввизу ҳаққи ҷамъоварӣ ва фурӯши онро аз давлат гирифту ба оилааш дод, ки даромади солона аз ин гиёҳ, бинобар тахминҳо то 40 миллион доллар аст.

Аз ҳисоби фоида ва даромади ҳукумат бо дастури раиси ин оила барои анҷоми сохтмони бинои Донишгоҳи тиббии Данғара 30 миллион ва меҳмонхона дар маркази Данғара 15 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Аммо, барои мисол дар Нуробод барои мактаб мардум пул ҷамъ карда, тахтаи синфу мизу курсӣ хариданд.

Бо пули як хонаи ба яке аз набераҳои ин оила харида дар Дубай камаш 50 боғчаи кӯдакон мешавад сохт.  

Яке аз дигар набераҳои ин оила, ки ҳанӯз бист солаш ҳам набуд, ба як кӯдаки узбек, ки ба ҷарроҳӣ ниёз дошт, кумаки молӣ расондааст. Он вақт нашрияе навишта буд, ки “ин хонаводаи ин кӯдаки бемор, ки дар Тошканд зиндагӣ мекунанд, аз амалҳои хайри Исмоили Муҳаммадзоир дар Тоҷикистон иттилоъ пайдо карда, аз ӯ барои ҷарроҳии фарзандашон кумак пурсидаанд.

Дар видеое, ки Фатҳиддини Замон нашр кард, дида мешавад, ки се ҷавон вориди хонаи Аҳатовҳо шуда, аз номи Исмоил ба ӯ як лифофа бо кумаки молиявиро месупоранд. Модар ва бибии Имронбеки бемор даст ба дуо бардошта, дар ҳаққи набераи Президенти Тоҷикистон дуои хайр мекунанд. Исмоили Муҳаммадзоир 20 сол дошта, фарзанди Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии Президенти Тоҷикистон мебошад. Падараш Муҳаммадзоир Соҳибов яке аз соҳибкорони муваффақи кишвар аст.
Чанд ҳафта пеш Исмоили Муҳаммадзоир ба ду оилаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки дар шароити вазнин зиндагӣ доштанд, хона туҳфа карда буд. Муҳаррама Очилова ва духтараш аз ин пештар дар як фермаи чорво, дар шароити хеле сахт зиндагӣ мекарданд”.

Аммо, ин ҳамаро оилаҳои дигар надоранд. Оилаҳои дигар аз ҳаққу ҳуқуқе, ки ин оила дорад, бебаҳраанд, бархурдор нестанд. Ҳатто ҳуқуқи худпешбарӣ ба маҷолис ва раёсати ҷумҳурӣ ба онҳо дода нашудааст. Дар ҳоле, ки ин оила ҳукуматро меросӣ кардааст.

  Дар чунин вазъу чунин ҳол чӣ гуна мешавад ин оиларо бо бақия оилаи халқи тоҷик муқоиса кард? Мешавад ин оиларо худӣ хонд? Ин оила агар худист, чаро ранги дигарҳо нест? Масалан, чаро мушкили ангишут тапаку ҳезум надорад?

Ман агар бигӯям, ки “хоини давлат ӯест, ки манофеи шахсии худро аз манофеи давлатӣ афзал ва пештар мемонад” дуруст гуфтам ё хато гуфтам? Ин як оила, ки ҳарфи достони мо шуд дар баробари 10 миллион аҳолӣ истодааст, балки дар болои вай қарор дорад. Агар қиёс кунӣ дар ҳаҷму андозаи чашми мӯр ё боли магас аст. Аммо тамоми ин даҳ миллион ҳамин оиларо итоат ва фармон мебарад, ин даҳ миллион дар хидмати ҳамин оила камар бастааст.

 Магар дурӯғ гуфтам?

 

Падару писар дар Душанбе чанд биноро ба истифода доданд

0

Имрӯз, 20-уми июн, дар шаҳри Душанбе чанд иншооти нав бо иштироки раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ расман ба истифода дода шуданд.

Бино ба иттиллои сомонаҳои ҳукуматӣ, яке аз ин иншоотҳо бинои нави “Шаҳри ҳушманд” дар кӯчаи Ҷалол Икромист, ки дорои чор ошёна, утоқҳои конфронс, маркази мониторинг, китобхона ва ҳатто толори варзишӣ мебошад ва барои беш аз 200 корманд пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин бино ба хотири “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” ва дар доираи омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта шуда, сохторест, ки дар асоси охирин назарияҳои рақамикунонӣ такмил ёфтааст ва бо кумаки он идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва коммуникатсия ба роҳ монда мешавад.

Ва ҳадафи “Шаҳри ҳушманд” рақамигардонии хидматрасониҳо ва рушди иқтисоди рақамӣ мебошад. Аммо бо дарназардошти мушкилоти доимӣ дар соҳаи интернет, савияи пасти дониши рақамии аҳолӣ ва набудани шаффофият дар иҷрои лоиҳаҳои давлатӣ, бисёриҳо дар самаранокии чунин иқдомҳо шак доранд. Бояд гуфт, ки то ҳол арзёбии мустақили фаъолияти худи “Шаҳри ҳушманд”, ки аз 7-уми майи соли 2019 зери шаҳрдории Душанбе кор мекунад низ мавҷуд нест.

Дар идомаи пардабардориҳо падару писар дар ҳудуди шаҳраки донишҷӯён Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, дорои беш аз 60 утоқи корӣ ва имкониятҳои таълимӣ мебошад, ба истифода додаанд. Гуфта мешавад, ин марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба 300 нафар кормандону омӯзгорон, донишҷӯёни донишгоҳ ва дигар муроҷиаткунандагон хидмати баландсифати таббӣ расонад ва ҳадаф баланд бардоштани сатҳи омодагии амалӣ ва хидматрасонии тиббии донишҷӯён ва омӯзгорон аст.

Инчунин раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе дар кушодашавии кӯдакистони “Дурахшон”, ки бо маблағи беш аз 20 миллион сомонии соҳибкори маҳаллӣ Неъматулло Ҳаитов сохта шуда ва барои 300 кӯдак пешбинӣ гардидааст, иштирок кардаанд.

Аммо бо вуҷуди хусусӣ будани маблағгузорӣ дар сохтмони он расонаҳои давлатӣ ба истифода додани кӯдакистонро “туҳфаи арзандаи Пешвои миллат дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ барои кӯдакони хуштолеи замони истиқлол” номидаанд.

Ҳамзамон Раҳмонов ва Руста дар давоми рӯз аз гармхонаи “Донаҳои умед”, ки 1,5 гектарро дарбар ва 10 нафар дар он кор мекунанд, дидан кардаанд.

Бояд гуфт, сарфи назар аз он ки дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар пайваста иншоотҳои нав сохта мешаванд, раванди умумии муҳоҷирати аҳолии қобили кори кишвар тағйир наёфта, даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳамарӯза ба кишварҳои хориҷӣ барои дарёфти кор ва даромад мераванд ва ин маросимҳои бо тантана ба истифода додани иншоотҳо бо суханрониҳо дар бораи таъсиси даҳҳо ё садҳо ҷойи корӣ бо воқеият мухолифат мекунад.

Ҳатто ҳолатҳое дар кишвар вуҷуд доранд, ки баъзе аз чунин биноҳо ва корхонаҳо баъд аз маросими пурхарҷи ифтитоҳ амалан фаъолият намекунанд ё бо иқтидори нокифоя кор мекунанд ва ё умуман баста мешаванд.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳадафи асосии бо тантана ифтитоҳ намудани биноҳо таблиғотии сиёсӣ ва расонаии Эмомалӣ Раҳмону наздиконаш буда, мехоҳанд Президент ва аъзои наздики оилаи ӯ ҳамчун ягона ташаббускорон ва созандагони кишвар муаррифӣ шаванд, на аз байн бурдани камбизоатӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва гаронӣ дар кишвар аст.

Танҳо дар панҷ моҳ Русия аз муҳоҷирон 805 миллион доллар фойда ба даст овард

0

Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 муҳоҷирони корӣ ба буҷети Русия 63 миллиард рубл (тахминан 805 миллион доллар) андоз пардохт кардаанд.

Дар ин бора Валентина Казакова, роҳбари Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Русия, дар Форуми иқтисодии Санкт-Петербург гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 дарсад бештар аст. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳар моҳ барои гирифтани иҷозатномаи корӣ ё “патент” маблағи зиёд мепардозанд ва он ба буҷет ворид мешавад.

Вай дар идома афзуд, ҳоло дар Русия наздики 3 миллион муҳоҷир кор мекунад. Бештарини онҳо дар сохтмон, савдо ва саноат фаъоланд. “Соли гузашта 6,3 миллион хориҷӣ ба Русия омадаанд ва беш аз нисфашон бо ҳадафи кор. Дар баробари ин, 700 ҳазор муҳоҷир ғайриқонунӣ вуҷуд дорад ва аз ин шумор 157 ҳазорашон ихроҷ шудаанд.”, мегӯяд ин мақомдори рус.

Аз ҳама бештар дар ин кишвар муҳоҷирон аз Узбекистон бо 23,3%, Тоҷикистон – 16,7% ва Қирғизистон – 10,4%-ро ташкил медиҳанд.

Мақомоти муҳоҷирати Русия аз моҳи феврал рӯйхати махсуси назорати муҳоҷирон дар ин кишварро таъсис доданд. Ин руйхат онҳоеро фаро мегирад, ки қонуншиканӣ кардаанд. Ҳоло дар он рӯйхат зиёда аз 800 ҳазор муҳоҷир сабт шудаанд.

Вазири корҳои дохилии Русия пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони бекор, ки нафъе надоранд, аз кишвар хориҷ карда шавад.

Бо вуҷуди саҳми бузурги муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар иқтисоди Русия, онҳо бештар аз дигарон мавриди боздошти беасос, муносибати бераҳмона ва шиканҷа аз ҷониби мақомоти пулис қарор мегиранд.

Нигаронии СММ аз ташдиди танишҳо байни Эрону Исроил

0
CREATOR: gd-jpeg v1.0 (using IJG JPEG v62), quality = 100

Созмони Милали Муттаҳид аз паёмади ҷанги Исроилу Эрон ва афзоиши шумори оворагону муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кард.

СММ эълом кард, ки нигарони таъсироти манфии даргирӣ байни Исроил ва Эрон аст. Аз ҷумла, ин ниҳоди байналмилалӣ таъкид мекунад, ки ҷудо аз таъсироти низомӣ, масъалаи “муҳоҷирати густарда” онро бештар нигарон кардааст.

Стефан Ҷаррик, сухангӯи СММ рӯзи панҷшанбе дар ҳузури хабарнигорон гуфт, ки ин ниҳод барномаи изтирорӣ барои расидагӣ ба вазъияти паноҳандагонро дорад ва онро бозбинӣ мекунад.

Ҳафтаи гузашта СММ дар гузориши солонааш дар робита ба раванди муҳоҷират гуфт, ки “то охири моҳи апрели соли 2025 шумораи шахсони гурезагони иҷборӣ ба 122.1 миллион расида, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 миллион бештар аст.

Ин ниҳоди байналмилалӣ омилҳои асосии афзояндаи муҳоҷирати иҷбориро “ҷангҳои харобиовар” дар Судон, Миёнмар ва Украина гуфтааст. Аммо, мегӯяд, бо ҳамлаи Исроил ба Эрон ва оғози ҷанг байни ин ду кишвар сафи муҳоҷирони иҷборӣ боз ҳам афзоиш меёбад.

Филиппо Гранди, Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон гуфт: “Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки шоҳиди бесуботиҳои амиқ дар равобити сиёсӣ ва байналмилалӣ ҳастем. Зеро ҷангҳои муосир сабабгори офатҳои даҳшатборе ҳастанд, ки мушкилоти сахти инсониро ба ҳамроҳ доранд. Мо бояд барномаҳои худро барои ҷустуҷӯи сулҳ ва ҳалли дарозмуддат барои гурезагони иҷборӣ ва фирориёни ҷанг дучанд кунем”.

Созмони Милали Муттаҳид дар ин гузоришаш оварда, ки танҳо шумори онҳое, ки то соли 2024 ба сабаби ҷангу низоъҳо аз давлатҳои худ ба дигар кишварҳо фирор кардаанд, ба 73.5 миллион нафар расидааст, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ 6.3 миллион зиёд аст. Аммо 42.7 миллион нафари дигар ба сабабҳои гуногун кишварҳояшонро тарк кардаанд.

Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА

0

Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ нишасти Кумитаи амнияти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена таҳти унвони “Саводи расонаӣ, иттилоотӣ ва нақши ҷавонон дар пешгирӣ ва мубориза бо радикализми онлайнӣ” баргузор гардид.

Ба иттилои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия, дар ин ҳамоиш сардори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Додситонии кулли Тоҷикистон Манучеҳр Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ кард.

Вай зимни суханронияш аз таҷрибаи Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ аз ифротгароии хушунатомез, бахусус дар байни ҷавонон, ёдовар шуда, тадбирҳои амалишавандаро дар доираи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2025–2030” муаррифӣ намуд.

Ҷаласа бо ҳузури намояндагони кишварҳои узв ва сохторҳои дахлдори САҲА доир гашта, ба мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар заминаи амнияти рақамӣ ва сиёсати ҷавонон равона буд.

Иштироки Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар ҳолест, ки Душанбе ба ин созмон барои додани минбар ба мухолифони Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои солонаи ҳуқуқи инсон дар Варшаваи Лаҳистон норозӣ аст. Тоҷикистон САҲА-ро ба ҳимоят аз мухолифонаш муттаҳам мекунад. Хусусан пас аз баҳсҳои шадид байни мухолифон ва намояндагони Ҳукумат дар он нишаст, дигар дар ин чорабинӣ иштирок намекунад.

Оғози амалиёти “Нелегал” дар Челябинск

0

Дар вилояти Челябински Федератсияи Русия “рейд”-и муҳоҷирон бо номи амалиёти “Нелегал” оғоз ёфтааст.

Ба гуфтаи мақомоти рус, ин тафтишот аз 16-ум то 25-уми июни соли ҷорӣ идома ёфта, ҳадаф пешгирӣ ва ошкорсозии қонуншиканиҳои муҳоҷирон, санҷиши қонунияти будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва назорати фаъолияти онҳо дар бозори кор мебошад.

Мақомоти рус иддао доранд, ки танҳо дар рӯзи аввали “рейд”-ҳо 13 ҷиноят ва 122 қонуншиканӣ ошкор гардида, вуруди 6 муҳоҷир ба Русия манъ шудааст.

Инчунин кормандони шуъбаи муҳоҷират, пулис ва Росгвардия дар бозори ноҳияи Курчатов санҷиш гузаронида, ду ҳолати вайронкунии реҷаи будубош ва як ҳолати фаъолияти кории бидуни “патент” сабт гардид. Корфармое, ки муҳоҷири ғайриқонуниро ба кор қабул карда буд, метавонад бо ҷарима то 800 ҳазор рубл ё муваққатан баста шудани фаъолият рӯбарӯ шавад.

Ин бори аввал нест, ки дар вилояти Челябинск рейд гузаронида мешавад. Ба иддаи мақомоти ин вилоят, аз аввали соли 2025 беш аз 664 ҷиноят ва 5,6 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи муҳоҷиратро ошкорнамуда, 371 шаҳрванди хориҷиро ихроҷ ва 932 нафар аз ҳаққи ворид шудан ба Федератсияи Русия маҳрум шуданд. Маълум нест чанд нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд.

Танишҳо байни Исроилу Эрон шиддат мегирад. Ҷанг ба куҷо мекашонад?

0

Бо оғози шашумин рӯзи ҳамлаҳои артиши Исроил ба Эрон раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон Алӣ Хоманаӣ бо нашри паёме гуфт, ба Исроил “посухи қавӣ” хоҳад дод.

Алӣ Хоманӣ дар паёмаш гуфт: “Мо бояд посухи қавие ба режими террористии саҳюнистӣ бидиҳем. Ҳеч раҳму мурувате ба саҳюнистҳо нишон нахоҳем дод.” Раҳбари Эрон қабл аз ин бо таҳдид ба Исроил навишта буд, ки “Акнун набард оғоз мешавад.”

Аз тарафи дигар, сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Абдурраҳим Мусавӣ аз сокинони Тел-Авив ва Ҳайфо даъват кард, ки барои ҳифзи ҷони худ шаҳрҳоро тарк намоянд.

Шаби гузашта Эрон дар посух ба ҳамлаҳои ҳавоии вайронгари Исроил бо беш аз 20 мушак ба Тел-Авив ҳамла кард, ки чанде аз онҳо ба ҳадаф расиданд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълом кард, ки дар мавҷи ёздаҳуми амалиёти “Ваъдаи содиқ 3”, насли аввали мушакҳои “Фаттоҳ”-ро истифода бурдааст ва изофа намуд, ки ин амалиёт “оғози поёни устураи дифои ҳавоии артиши саҳюнистӣ” мебошад.

Аз сӯи дигар, шшабакаи телефизионии 12-и Исроил гузориш дод, ки то ҳол беш аз 1800 нафар дар Исроил дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон кушта ва маҷруҳ шудаанд.

Ҳамзамон Исроил субҳи имрӯз бо 50 ҷанганда ба манотиқи ҳассоси Эрон ҳамла кард. Исроил иддао карда, ки ба ҳарими ҳавоии Теҳрон даст пайдо кардааст ва тавоноии мушакии Эрон рӯ ба камшавӣ аст, вале Эрон мегӯяд, мушакҳое дорад, ки то ҳол истифода нашудаанд ва бо партоби онҳо Исроилро ғофилгир хоҳад кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки субҳи рӯзи чоршанбе бархе расонаҳои амрикоӣ бо такя ба мақомҳои низомии кишварашон гузориш доданд, ки қувваи дифои ҳавоии Исроил заъиф шудааст ва агар кумаки Амрико набошад, дар ин ҷанг давом оварда наметавонад.

Рӯзномаи “Вашингтон Пост” бо истинод ба арзёбиҳои иктишофии амрикоӣ ва исроилӣ навишт, ки Исроил метавонад то 12 рӯзи дигар бе кумаки ИМА алайҳи мушакҳои Эрон муқовимат кунад.

Расонаҳои амрикоӣ дар ҳоле аз заъиф шудани нерӯҳои исроилӣ мегӯянд, ки артиши Исроил иддао дорад, ҳамлаҳои беамонаш ба партобгарҳои мушак дар саросари Эрон, қудрати мушакии Сипоҳро ба шиддат тазъиф кардааст.

Ҳамзамон шаби гузашта раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо Шӯрои амнияти миллии Амрико нишаст ташкил дод, то масъалаи ҳамла ба Эронро баррасӣ кунад. Баъдтар расонаҳо навиштанд, ки Амрико дар ин шабу рӯз вориди ҷанг шуданӣ нест.

Вале Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Social Truth” дар хитоб ба раҳбари Эрон Алӣ Хоманаӣ навишт, ки “Медонем махфигоҳат куҷост ва сабри мо дар ҳоли лабрез шудан аст.” Трамп пештар дар ин шабака навишта буд, ки “Контроли осмони Эрон ба таври комил дар ихтиёри мо аст.” Ва аз Эрон “таслими бе қайду шарт”-ро талаб карда буд.

Мақомот нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро равонаи зиндон кард

0

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нуҳ сокини маҳаллаи “Дарвоз”-ро бо иттиҳомҳои ифротгароӣ, таъсиси созмони ифротгаро ва пинҳон кардани ҷиноят равонаи зиндон кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мурофиаи додгоҳӣ рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ баргузор шуда, додрас панҷ нафар аз боздоштшудаҳоро ба муҳлатҳои аз панҷ то панҷуним соли зиндон ва чор тани дигарро шартан барои огоҳ накардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 8-моҳӣ маҳкум кардааст.

Тафтишот иддао карда, ки маҳкумшудагон аҳдофи ҷараёни мамнуи “Салафия”-ро миёни мардум таблиғ намуда, сиёсатҳои зидди динии ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекарданд. Аммо хешовандони маҳкумшудагон гуфтаанд, ки онҳо иттиҳомоти мақомотро рад карда, изҳор доштанд, ки пайрави “Салафия” нестанд.

Дар маҷмуъ, дар ин парванда номи 17 нафар зикр шудааст, ки ба гуфтаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ҳашт нафари онҳо дар хориҷ, асосан дар Русия қарор доранд.

Ёдовар мешавем, боздошти ин афрод, ки аксарашон ҷавонону зодаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ мебошанд ва дар Душанбе зиндагӣ ва кор мекардаанд, моҳи марти соли ҷорӣ сурат гирифта буд.

Он замон расонаҳо аз боздошти 20 сокини маҳаллаи “Дарвоз”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо, ки бештарашон хешу табори ҳам будаанд, хабар дода буданд.

Инчунин пулиси Русия чаҳор сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро охири моҳи апрели соли ҷорӣ боздошт ва ба Душанбе истирдод карда буд ва то ҳол тақдири боздоштшудаҳо дар Душанбе ва истирдодшудаҳо аз Русия норӯшан боқӣ мондааст. Номи ҳамаи ин афрод то ҳол расонаӣ нашудааст ва мақомот ҳам дар ин бора чизе намегӯянд.

Пештар аз ин низ дар моҳи майи соли 2024 Azda.tv аз амалиёти вежаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар водии Язгуломи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва боздошти беш аз 20 сокини ҳамин водӣ хабар дода буд.

Пас аз муддате хомушӣ Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи августи 2024 ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки мақомот 27 нафарро бо гумони узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дастгир кардаанд ва 4 нафари дигарро дар берун аз кишвар меҷӯянд.

Вале моҳи декабри соли 2024 Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро бо иттиҳоми фаъолияти ифротгароӣ аз 2 то 23 сол маҳкум ба ҳабс кард. Назари худи маҳкумшудаҳо то ҳол дастрас нест.