5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 71

Ҳаққи истифодабарии Русия аз НБО “Сангтуда-1” боз тамдид шуд

0

Парлумони Тоҷикистон дар нишасти навбатияш рӯзи 16-уми июни соли ҷорӣ, муҳлати истифодаи НБО “Сангтӯда-1”-ро барои Русия тамдид кард.

Гуфта мешавад, дар ин нишаст вакилони парлумон Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи истифодаи НБО “Сангтӯда-1” аз 30 июли соли 2009 ба тасвиб расониданд.

Протоколи мазкурро ба вакилон муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Манучеҳр ва раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шерализода Муҳамадулло муаррифӣ намуданд.

Ҳадафи асосии Протоколи мазкур “ба эътидол овардани вазъи молиявии ширкати “Барқи тоҷик” гуфта мешавад. Дар созишнома ҳаҷми сармояи ҷонибҳо ба маблағи умумии 847 млн. доллари ИМА муаяйн карда шудааст.

Тибқи ин созишномаи нав, аз соли 2025 нархи тарифҳо 1,5 сенти ИМА ва дар соли 2032 ба 2,2 сенти ИМА баробар хоҳад шуд.

Пралумони кишвари муҳлати бозгашти сармояи ҷонибҳо ва ҳаққи истифодаи Русия аз НБО “Сангтуда-1”-ро, ки тибқи созишномаи қаблӣ бояд соли 2034 ба поён мерасида, то соли 2048 (бо 15 соли илова) тамдид кард.

Созишномаи нав “Барқи тоҷик”-ро вазифадор мекунад, ки давоми солҳои 2025 – 2034 марҳила ба марҳила маблағи қарзи худро аз НБО “Сангтуда-1”, ки 3 млрд 257 млн сомонӣ (баробар ба 297 миллион доллари ИМА) аст, пурра пардохт кунад.

Ҳамчунин ин созишнома муқарра карда, ки “Барқи тоҷик” нерӯи барқро аз НБО “Сангтуда-1” ба ҷои 3,168 сент 1,5 сенти ИМА мехарад, яъне 2,1 мартиба нарх барояш тахфиф карда шуд, вале то охири соли 2032 ин нарх ба 2,2 сенти ИМА баробар мешавад. Ва аз соли 2033 то охири соли 2048 нарх нерӯи барқ 3,3 сенти мешавад.

Ба назари коршиносон ширкати “Барқи тоҷик” чун қарзи ҷониби Русияро гардонида натавонист, парлумон маҷбур шуд муҳлати истифодабарии Русияро аз ин нерӯгоҳ 15 соли дигар тамдид ва ҳамзамон нархи нерӯи барқро арзонтар кунад, то ин ширкати зери қарзмонда тавонад аз қарзҳои ҳангуфти Русия раҳо ёбад.

Марги як мақомдор дар боздоштгоҳ пас аз эълони ҳукмаш

0

Собиқ декани факултаи биология ва химияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Парвиз Рӯзизода пас аз эълони ҳукми додгоҳ, дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд вафот кардааст.

Бино ба иттилои “Asia-Plus”, Рӯзизода, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз сӯйи мақомоти амнияти вилояти Суғд боздошт шуда буд, рӯзи 13-уми июн дар мурофиаи додгоҳие ба “пора гирифтани шахси мансабдор” (моддаи 319, қисми 3) ва “ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ” (моддаи 139 қисми 2) гунаҳкор ва ба 17 соли зиндон маҳкум гашт.

Аммо пас аз эълони ҳукми додгоҳ, аниқтараш шаби 13-уми июн фишораш баланд шуда, дар боздоштгоҳ дилаш аз кор мондааст ва 14-уми июн ӯро дар зодгоҳаш ноҳияи Ашт ба хок супориданд.

Гуфта мешавад, Парвиз Рӯзизода дар гузашта низ бо иттиҳоми вобаста ба ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ боздошт шуда буд, вале баъдтар ӯ боз ба кори муаллимӣ баргашта, вазифаи деканро соҳиб шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотие сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд Сафар Салимзода Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муассисаи фасодзада номида, гуфта буд, ки дастикам 49 мавриди ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин донишгоҳро ошкор карда, нисбат ба панҷ корманди ин донишгоҳ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Он замон пас аз боздошти Парвиз Рӯзизода мақомот дар 11-уми марти соли 2025, Усмон Аюбзода, ректори ҳамин донишгоҳро бо иттиҳоми фасодкорӣ боздошт карданд, аммо то ҳол ҳукми ӯ содир нашудааст.

Мулоқоти Раҳмонов бо Си Ҷинпин

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чинии худ Си Ҷинпин мулоқот намуда, чанд санадеро низ ба имзо расондааст.

Мулоқоти Раҳмонов ва Си Ҷинпин рӯзи 17-уми июн дар ҳошияи нишасти “Осиёи Марказӣ – Чин” дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуда, Раҳмонов сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чинро баланд арзёбӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар робита ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф, тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию инсонӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ низ гуфтугӯ карданд. Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки беш аз 20 дарсади гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба Чин рост меояд ва дар кишвар беш аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият дорад.

Ҳамчунин, масоили бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ, ширкатҳои муштараки истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, маҳсулоти дорусозӣ ва кимиёӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҷонибҳо таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чинро самти ояндадори ҳамкорӣ номида, оғози парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар натиҷаи мулоқоти сарони Тоҷикистону Чин чанд санади нави ҳамкориро низ ба имзо расиданд:

– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

– Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин;

– Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Бояд гуфт, Чин бузургтарин сармоягузор ва қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ба шумор меравад ва бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон танҳо аз “Эксимбонк”-и Чин беш аз як миллиард доллар қарздор аст.

Бо чӣ шарту шароите қарзҳои ҳангуфтро Чин ба Тоҷикистон медиҳад, расман эълон нашудааст. Аммо дар ивази ин қарзҳо ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон аз имтиёзҳои зиёде бархӯрдоранд ва истихроҷи маъданҳои нодиру гаронбаҳо дар дасти онҳост. 

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон зиёда аз ҳазору панҷсад километри мураббаъи замини Тоҷикистонро, ки бештар аз 1 дарсади масоҳати кишвар аст, ба Чин дода буд.  

Боздошти ҷавондухтари тоҷик бо иттиҳоми нашри наворҳои ғайриахлоқӣ

0

Маъмурони Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ҷавондухтар ва блогери тоҷик – Пирумшозода Меҳронаро боздошт кардааст.

Ин блогери тоҷик ба нашри наворҳои ғайриахлоқӣ муттаҳам мешавад. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки Пирумшозода ҳамеша дар саҳифаҳои иҷтимоии худ навору акси нимурён ва дорои мазмуни қабеҳ нашр мекард, ки ба гуфти онҳо, зидди арзишҳои фарҳангиву ахлоқии ҷомеаи тоҷик буда, норозигии корбаронро низ ба бор овардааст.

Гуфта мешавад, бар зидди ин блогер парвандаи маъмурӣ боз шуда, пас аз таҳқиқ ба додгоҳ фиристода шуд. Ва дар натиҷа додгоҳ нисбати ӯ ҷазои ҷаримавӣ таъин карда, огоҳ кардааст, ки дар сурати такрори чунин кирдор, чораҳои шадидтар амалӣ хоҳанд шуд.

Мақомот аз ҷавонон даъват мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳуввияти миллиро ҳифз намуда, ба фарҳангу арзишҳои бегона тақлид накунанд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон танҳо шабакаҳои иҷтимоиро масъули ин раванд намедонанд. Онҳо мегӯянд, маҳдуд сохтани озодии мазҳабӣ низ нақши ҷиддӣ дар бадахлоқ шудани ҷавонон доштааст. Ба гуфтаи онҳо, манъи омӯзишҳои динӣ, маҳдуд кардани пӯшиши исломӣ барои занон ва дур кардани уламои дин аз минбар, муҳитеро ба вуҷуд овардааст, ки дар он арзишҳои ахлоқии ҷомеа заиф шудаанд.

Мунтақидон бар ин боваранд, ки ҷои таълиму тарбияи динӣ ва ахлоқӣ дар муҳити суннатии тоҷикон холӣ мондааст ва ин холигиро фарҳангҳои бегона пур мекунанд, ки на ҳамеша бо меъёрҳои ахлоқии ҷомеа мутобиқанд.

Ҳамлаи Исроил ба “Садо ва симо”-и Эрон

0

Исроил бо ҳамлаи мушкаӣ мақарри Садо ва симои Эронро мавриди ҳамла қарор дод. То ҳол талафоти ин ҳамла гузориш нашудааст.

Наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, лаҳзаи таркиш ва ҳамла дар сабти мустақимро нишон медидҳад.

Соате пеш артиши Исроил эълон карда буд, ки ба Минтақаи 3-и Теҳрон, ки онҷо Садои ва симои Эрон ҷойгир аст, ҳамла хоҳад кард ва аз сокинони он хост минтақаро тарк кунанд.

Теҳрон ба 22 минтақа тақсим мешавад ва Минтақаи 3 дар шимолу шарқии Теҳрон ҷойгир буда, аз бузургтарин ва сераҳолитарин маҳалҳои пойтахти Эрон маҳсуб мешавад. Аҳолии ин минтақа беш аз 330 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Ба назари таҳлилгарон, ҳамлаи Исроил ба бинои Садо ва симои Эрон баёнгари он аст, ки ҳадафи Исроил на танҳо заъиф сохтани иқтидори низомӣ ва ҳастаӣ Эрон аст, балки ҳамчунин мехоҳад низоми ин кишварро низ тазъиф созад ва аз ин рӯ, ба бинои телевизионӣ ва ахбории он ҳамла кард.

Исроил иддао карда, ки аз оғози ҳамлаҳояш то кунун сеяки иқдори мушакии Эронро аз байни бурдааст. Аммо эрон ин иддаои Исроилро дурӯғ мешуморад.

Ҳамлаҳои низомӣ байни Эрону Исроил аз бомдоди рӯзи ҷумъаи 13-уми июн то имрӯз идома дорад. Бино ба иттилои расонаҳо, дар ҳамлаҳои шаби гузаштаи Эрон ба шаҳрҳои Телабиб ва Ҳайфои Исроил 8 нафар кушта шуданд. Аммо аз оғози даргириҳо кушташудагони Исроил ба 24 нафар ва захмиёнаш аз 600 нафар бештар шудааст.

Аммо “Меҳр Нюз” – хабаргузории эронӣ дар такя ба мақомоти расмии ин кишвар гузориш дода, ки дар пайи ҳамлаи Исроил то кунун 224 нафар кушта шуда, 1277 нафар захмӣ шудааст.

Мақомоти Эрон мегӯянд, 90% қурбониёнро шаҳрвандони оддӣ ташкил медиҳанд. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, Исроил на пойгоҳҳои низомӣ ва нуқтаҳои ҳассос, балки хонаҳои маскунӣ ва ба шаҳрвандони оддӣ ҳамла мекунад.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, чанд инфиҷор баъд аз нисфирӯзии рӯзи душанбе, 16-уми июн дар қисмати шарқӣ ва ғарбии Теҳрон рух дод. Хабаргузории “Форс” – расонаи давлатии Эрон гузориш дода, ки як пойгоҳи низомӣ дар ғарби Ткҳрон мавриди ҳадафи Исроил қарор гирифтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҷанг миёни Исроил ва Эрон идома пайдо мекунад ва васеътар шудани домани ин ҷангро низ аз эҳтимол дур намедонанд.

Боз маҳдудият! Дар Русия таҳсил фарзандони муҳоҷирон сахттар мешавад

0

Вакилони Думаи давлатии Русия пешниҳод карданд, ки омӯзиш дар мактабҳо барои фарзандони муҳоҷирон пулакӣ шавад.

Раиси Кумитаи меҳнат, сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорони Думаи давлатии Федератсияи Русия Ярослав Нилов пешниҳод намудааст, ки таҳсилоти ройгон дар мактабҳои Русия барои кӯдакони муҳоҷирон бекор карда шавад.

Ба гуфтаи Нилов, буҷаи давлатӣ набояд хароҷоти таҳсили шаҳрвандони хориҷиро ба уҳда гирад. Ӯ мегӯяд: “Бо кадом асос мо бояд кӯдакони шаҳрвандони хориҷиро ройгон омӯзонем?”

Ин вакили рус ҳамзамон таъкид мекунад, ки “Бигзор оила, корфармо, сафорат, фондҳо ё давлати хориҷӣ пардохт кунад, вале на мо бо андозҳои худ”.

Нилов пешниҳод карда, ки шумораи кӯшишҳои супоридани имтиҳони забони русӣ, ки аз 1-уми апрели соли 2025 барои қабул ба мактабҳо ҳатмӣ шудааст, маҳдуд карда шавад. Ва ӯ ҷудо намудани маблағро аз буҷаҳои минтақавӣ барои курсҳои таълимии кӯдакони муҳоҷирон ғайриқобили қабул номид.

Ба гуфтаи ӯ, агар кӯдак натавонад забони русиро ёд гирад, “лозим нест ӯро азоб диҳем — бигзор дар хона интизори бозгашти падару модар ба ватанашон шаванд”.

Ӯ пешниҳод намуда, ки омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои аслии муҳоҷирон ба роҳ монда шавад ё дар он ҷо мактабҳои русӣ кушодаву имкониятҳои таълими фосилавӣ низ фароҳам гарданд.

Пешниҳоди Нилов аз ҷониби миллатгароҳои рус истиқбол ёфта, мухолифони ин тарҳ мегӯянд, ки он ҳуқуқи кӯдаконро нақз мекунад.

Ин бори аввал нест, ки маҳдуд сохтани шароити таълим барои фарзандони муҳоҷирон аз забони вакилони Думаи давлатии Русия садо медиҳад. Давоми як соли ахир аз ҷониби вакилони рус чандин қонун барои тангтар кардани шароити будубош ва омӯзиши фарзандони муҳоҷирон қабул гардид.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, давоми ду соли ахир фазои муҳоҷирбадбинӣ дар Русия хеле боло рафта, то ҳадде, ки он ба парлумон ва намояндагони давлат ҳам таъсир расондааст, ки ҳар аз гоҳе қонунҳои ҷадид барои маҳдуд сохтани шароити муҳоҷирон қабул мекунанд.

Мулоқоти Си Ҷинпин бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон

0
Ин акс як рӯз пеш аз ин нишаст дар як маросими фарҳангӣ бардошта шудааст

Дар Қазоқистон нишасти дувуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Чин баргузор мегардад.

Қарор аст Си Ҷинпин имрӯз, душанбеи 16-уми июн бо Тоқаев дидору гуфтугӯ кунад ва рӯзи баъд дар нишасти бисёрҷониба бо ҳузури раҳбарони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат варзад.

Гуфта мешавад, ки ин севумин сафари хориҷии Си Ҷинпин дар соли 2025 мебошад. Ин мулоқот дар Остона ҳамзамон бо нишасти сарони гурӯҳи G7 дар Канада баргузор мегардад.

Тавре таҳлилгарон мегӯянд, яке аз аҳдофи асосии ин сафар таҳкими мавқеи Чин дар Осиёи Марказӣ аст, хусусан дар шароите, ки эҳтимоли шиддат гирифтани танишҳо миёни Пекин ва Вашингтон вуҷуд дорад.

Маҳз даҳ сол пеш Си Ҷинпин зимни нишасте дар Қазоқистон ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ”-ро эълон карда буд.

Таҳлилгарон бар он назаранд, ки Чин мехоҳад дар ҷанги иқтисодӣ бо ИМА суботи иқтисодии худро тавассути рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа нигоҳ дорад.

Ба гуфтаи ин гурӯҳи таҳлилгарон, Осиёи Марказӣ, ки дорои захираҳои бойи уран, нафту газ ва металлҳои нодир аст, барои Пекин аҳамияти стратегии баланд дорад. Зеро масирҳои муҳими содиротии рӯизаминӣ ба Аврупо маҳз аз ҳамин минтақа мегузаранд.

Нуфузи Русия дар ин минтақа, ки баъди оғози ҷанги Украина коҳиш ёфтааст, ба Чин имкониятҳои бештар барои густариши тиҷорат бо минтақаеро медиҳад, ки маҷмуи маҳсулоти дохилии он тақрибан 500 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Варзишгарони тоҷик дар Будапешт ду медал ба даст оварданд

0


Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов – ҷудокорони тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба ҷудо, ки дар шаҳри Будапешти Венгрия баргузор гардид, медалҳои таърихӣ ба даст оварданд.

Тавре Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар вазни то 66 кило ду намояндаи Тоҷикистон — Эмомалӣ Нуралӣ, ки дар сархатти рейтинги ҷаҳонӣ қарор дорад ва Обид Ҷебов — ба рақобат пардохтанд. Ҳарду варзишгар аз даври дувум вориди сабқат шуда, то даври 1/8 финал расиданд.

Эмомалӣ Нуралӣ бар рақибонаш Нието Чинар аз Испания, Важа Маргвелашвили аз Гурҷистон ва Гусман Қиргизбоев аз Қазоқистон пирӯз шуд. Дар нимфинал ӯ бо ҳамватанаш Обид Ҷебов рӯбарӯ гашт ва пирӯзӣ ба даст овард.

Дар қувваозмоии финалӣ Нуралӣ бо Такеока Такеши аз Ҷопон рӯбарӯ шуд ва бо вуҷуди толошҳои зиёд, шикаст хӯрд. Бо ин натиҷа, Эмомалӣ Нуралӣ аввалин медали нуқраи Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол, Обид Ҷебов, ки дар ин сабқат яке аз “варзишгарони ояндадор” дониста шуд, қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва чоркаратаи ҷаҳон Ҳифуми Абэро шикаст дод. Ӯ дар мубориза барои медали биринҷӣ Валид Хиёрро мағлуб кард ва аввалин медали ҷаҳонии худро ба даст овард.

Пас аз муваффақиятҳои Расул Боқиев дар соли 2007 ва Сомон Маҳмадбеков дар соли 2024 ин сеюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар таърихи ҷудои кишвар мебошад.

СММ хостори оташбаси фаврӣ ва доимӣ дар Ғазза шуд

0

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе қатънома дар бораи оташбаси фаврӣ ва доимӣ ва бидуни шарт дар Навори Ғаззаро қабул кард.

Ин қатъномаро 149 кишвари узв ҷонибдорӣ ва 12 давлат ба он мухолифат карданд ва 19 ҳайат раъйи бетараф доданд. Ба ҷуз Иёлоти Муттаҳида ва Исроил, кишварҳои Маҷористон, Аргентина ва Парагвай низ зид овоз доданд. Гурҷистон, Ҳиндустон, Эквадор ва Руминия аз овоздиҳӣ худдорӣ намуданд.

Раъйдиҳӣ баъд аз он баргузор шуд, ки Шӯрои Амнияти СММ рӯзи 4-уми июн натавонист қатъномаи оташбасро тасвиб кунад, зеро ИМА онро вето кард.

Қатънома, ки бо пуштибонии беш аз 20 кишвари узв таҳия шудааст, “истифодаи гуруснагиро ҳамчун силоҳи ҷангӣ алайҳи мардуми Ғазза” шадидан маҳкум мекунад, инчунин лағви муҳосираи кӯмакҳои башардӯстона аз ҷониби Исрлил хориҷ комили ин кишвар аз навори Ғазаро талаб мекунад ва бар зарурати ҳимояи ғайринизомиён бар асоси қонунҳои байналмилалӣ таъкид менамояд.

Ин санад ҳамчунин раҳоии фаврӣ ва бидуни шарти тамоми гаравгонҳои дар асорати Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳбудаи фаластиниро талаб мекунад.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд иҷрои ин қатънома аз назари ҳуқуқӣ ҳатмӣ нест, аммо ҷомеаи ҷаҳониро барои поён додани ин ҷанг, ки ҷони ҳазорҳо инсон аз ҷумла кудакон ва занонро дар Фаластин гирифт, муттаҳид кунад.

Эрон: Дар ҳамлаҳои бомдодии Исроил беш аз 50 зану кӯдак низ захмӣ шуданд

0
Дар акс, раҳабри Эрон ҳамроҳ бо Ҳусейн Саломӣ, Муҳаммад Боқирӣ

Исроил дар як ҳамлаи ғофилгирона алайҳи Эрон, ки дар як марҳила анҷом шуд, чанд тан аз мақомоти низомии радаи аввали Эронро ба қатл расонид.

Бино ба иттилои расонаҳои эронӣ, субҳи имрӯз, 13-уми июни соли 2025, Алии Хомании, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар робита ба ин ҳамлаҳои пай дар пай алайҳи кишвараш гуфт, “дар ҳамалоти душман, тане чанд аз фармондеҳон ва донишмандон ба шаҳодат расиданд.” Ӯ афзуд, ки ҷонишинони намояндагони кушташуда “бе даранг вазоифи худро пай хоҳанд гирифт”.

Мақомоти эронӣ мегӯянд, Исроил дар ин ҳамлаҳои худ дар баробари ба қатл расонидани чанд тан аз раҳбарони радаи аввали мақомоти низомии эронӣ ва донишмандони ҳастаии ин кишвар, чанд марказҳои ҳарбӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва марказҳои ҳастаӣ ва чанд бинои маскуниро низ ҳадаф қарор додааст.

Эрон то замони таҳияи ин гузориш ба сурати расмӣ эълон накардааст, ки бар асари ин ҳамла чанд афсару аскар талафот додааст, вале телевизиони расмии ин кишвар хабар дод, ки дар пайи ин ҳамлаҳо дасти кам 50 нафар аз шаҳрвандони мулкӣ, аз ҷумла 35 зону кӯдак захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи расонаҳои эронӣ, дар ин ҳамла сарлашкар Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва сарлашкар Ғуломалӣ, фармондеҳи Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ва ҷамъе аз донишмандони эронӣ низ кушта шудаанд.

Ҳамзамон раҳбари Эрон ба сурати фаврӣ кадрҳои дигареро дар мақоми ин раҳбарони низомии аз дастдодааш таъйин кардааст. Барои мисол, Аҳмад Ваҳид, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ, раиси муваққати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эронро таъйин шудаанд.

Расонаҳои эронӣ мегӯянд, мақомоти исроилӣ ин ҳамалоти имрӯзаашро алайҳи Эрон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти амрикоӣ анҷом додааст. Аммо мақомоти амрикоӣ дар Кохи Сафед гуфтаанд, ки Телавив ба танҳоӣ ин ҳамлаҳоро анҷом додааст, на бо ҳамкорӣ ва ҳамҳангӣ бо Вашенгтон.

Ҳамзамон артиши Эрон бо нашри баёнияе гуфтааст, ки артиш дар канори Сипоҳи посдорон таҷовузи ин кӯдаккушони нопок ва рехта шудани хуни пок ҳамватанонро таҳаммул намекунад ва дарси талхе ба Натанёҳу хоҳад дод.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки ҳамалоти Исроил ба Эрон нақзи банди 2 маншури моддаи 4 Созмони Миллали Муттаҳид ва таҷовузи ошкор алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Ин кишвар мегӯяд, мувофиқи моддаи 51 маншури СММ посух ба ин таҷовуз ҳаққи қонунӣ ва машруъи Эрон аст ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо тамоми қувва ва ба шевае, ки худ ташхис медиҳанд ба Исроил посух хоҳанд дод.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки ин ҳамлаҳо ” наметавонад бидуни ҳамоҳангӣ ва муҷаввизи Амрико сурат гирифта бошад. Бар ин асос, давлати Амрико ба унвони ҳомии аслии ин режим низ масъули осор ва табаоти хатарноки моҷароҷӯйи режими саҳюнистӣ хоҳад буд.”

Гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки Исроил ба сурати расмӣ алайҳи Эрон ҳамла мекунад, балки дар тайи якуним соли ахир низ чанд маротиба ба марокизи ҳастаии Эрон ҳамла кард. Дар посух ба он ҳамлаҳо Теҳрон низ дар иқдомҳои низомие алайҳи Телавив “Ваъдаи содиқ 1″ ва Ваъдаи содиқ 2”-ро анҷом дода буд.

Пас аз ҳамлаҳои нерӯҳои фаластинӣ бо раҳбарии ҲАМОС ва Ҷиҳоди исломӣ дар 7-уми ояткбри соли 2023 ба Исроил, ин кишвар ҳамлаҳои хунини худ алайҳи Навори Ғаззаро оғоз карда, то ҳол ҷанги онҳо идома дорад. Исроил ва кишварҳои ғарбӣ Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз нерӯҳои муқовимати фаластиниро ҳимоят мекунад ва амнияти минтақа ва Исроилро ба хатар мувоҷеҳ кардаанд. Аммо дар баробари он Амрико ва муттаҳидонаш дар Шарқу Ғарб аз Исроил ҳимоят мекунанд.