Хона блог саҳифа 717

Вазорати илми Русия ба донишҷӯёне, ки дар кишварҳои худ банд мондаанд, роҳи ҳал пешниҳод кард

0
Сурат: РИА Новости

Вазири илм ва маълумоти олии Федератсияи Русия Валерий Фалков дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Россия 24” дар бораи донишҷӯёни хориҷӣ, ки бинобар баста будани марзҳо ба Русия баргашта наметавонанд, якчанд роҳро пешниҳод кардааст.

Фалков гуфтааст, ки донишҷӯёни хориҷӣ, ки бинобар пандемия наметавонанд ба Русия баргарданд, рухсатии академӣ бигиранд.

Ҳамчунин гуфт, ки ихтисосҳо ва соҳаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо принсипи таҳсилоти фосилавӣ хориҷ карда шудааст. Онҳо ҳузури шахсиро талаб мекунанд, бояд донишҷуёни ин бахшҳо дар дарсҳо ҳузур дошта бошанд.

Ба гуфтаи вазир: “Дар ин ҳолатҳо, ё фанҳои дахлдор ба таърихи дертар гузаронида мешаванд, ё ба донишҷӯён пешниҳод карда мешавад, ки агар мутлақо имкони таҳсил набошад, ба рухсатии академӣ баромадан ё дарсҳои иловагӣ пас аз ҳузури доимӣ низ дар ин ҷо вуҷуд дорад”.

Фалков қайд кардааст, ки Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия тамоми ҳолатҳои рухдода бо донишҷӯёне, ки дар натиҷаи пандемияи коронавирус дар хориҷа мондаанд, бодиққат меомӯзад ва дар ҳар вазъ тасмими инфиродӣ гирифта хоҳад шуд.

Чанде пеш донишҷуёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил мекарданд, дар назди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷамъ омада хостори ҳалли мушкилиашон шуда буданд.

Донишҷуён гуфта буданд, ки аз сабаби қатъ гардидани барқ ва паст будани суръати интернет наметавонанд дар дарсҳо иштирок намоянд ва имкон дорад аз донишгоҳҳои Русия хориҷ шаванд.

Баъд аз эътирози донишҷуён вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни як мулоқот бо донишҷӯёни донишгоҳҳои Русия, ки дар кишвар банд мондаанд, гуфт, то кушодашавии марзҳо интизор бошанд ва ҳамзамон пешниҳод кард, ки хоҳишмандон метавонанд таҳсилро дар донишгоҳҳои ватанӣ идома диҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Шикояти донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои хориҷӣ аз лимити барқу интернети паст дар Тоҷикистон

Мужда! Пас аз як ҳафта дар Тоҷикистон барқ доимӣ мешавад

0

Далери Имомалӣ хабарнигори тоҷик, дар шабакаи ютубии худ бо сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик”, Нозирҷон Ёдгорӣ дар мавриди лимити барқ ва корҳои профлактикии ин ширкат дар истгоҳҳои барқӣ мусоҳиба анҷом додааст.

Дар ин мусоҳиба сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, корҳои профилактикӣ дар кишвар қариб пурра ба анҷом расидааст, вале рӯзи дақиқи ба анҷом расидани корҳои таъмириро нагуфтааст. Танҳо иброз доштааст, ки пас аз 4 ё 5 рӯз барқ дар кишвар доимӣ мешавад. Ёдгорӣ лимити сартосарӣ дар кишвар ва фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояро рад мекунад.

Ба қавли ин намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” дар кишвар маҳдудияти барқ аз 17 январи соли 2017 лағв шуда буд ва ҳоло танҳо давоми сол корҳои таъмирӣ рафта истодааст. Ӯ исрор меварзад, ки ин бебарқии сартосарӣ дар кишвар лимит нест, балки “корҳои профилактикӣ” мебошад, ки ба зудӣ рафъ хоҳад шуд.

Яке аз сабабҳои тӯл кашидани корҳи профлактикиро Ёдгорӣ ба пандемия рабт дода гуфтааст, бо сабаби он ки марзҳо баста ҳастанд, лавозимоти зарурӣ барои таъмир, ки аз хориҷа ворид мегардад, дер дастрас шуданд, ба ҳамин хотир таъмири дастгоҳҳои нерӯгоҳ зиёд тӯл кашид.

Ӯ мегӯяд, аксар таҷҳизоти нерӯгоҳҳои кишвар аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондаанд, ки ба таъмир ниёз доранд.

Бино ба гуфтаи намояндаи ин ниҳоди барқрасон, бо вуҷуди сохта ва ба истифода додани ду чархаи Роғун Тоҷикистон ҳоло ҳам ба истиқлоли энергетикӣ нарасидааст. Ӯ мегӯяд:

“Мо ҳанӯз ба истиқлолияти энергетикӣ нарасидаем ва то он замоне, ки мардум истифодаи оқилонаи онро ёд нагирад, нахоҳем расид”.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш муовини сарвази Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар  вилояти Хатлон аз сокинон хоста буд, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода кунанд, зеро сатҳи обанборҳои кишвар хело кам шудааст.

Шакли пурраи мусоҳибаро инҷо бубинед:

Маҳмурод Одинаев боздошт шуд

0

Имрӯз 5-уми декабр Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боздошт шуд. Дар ин бора раиси Ҳизб Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Зойиров аз мақомот хостааст ҳарчи зудтар сабаби боздошти муовинашро расман шарҳ бидиҳанд. Ӯ менависад:

“Сабаби боздошт шудани  Маҳмурод Одинаев, дар кадом асос, омилҳои боздошт, моддаи ҷиноят ё кодекси маъмурӣ, ки ӯ айбдор карда мешавад, ба ҲСДТ ва шахсан раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ҳатмӣ расонида шавад.”

Маҳмурод Одинаев пас аз як даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД шаҳри Ҳисор даъват шуд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Одинаев аз таърихи 20 ноябр ба муддати ду ҳафта бедарак буд ва ҷои будубошашро касе намедонист.

Рӯзи 3-юми декабр телевизиони “Настоящее Время” аз қавли раиси ҲСДТ хабар дод, ки Одинаев дар озодӣ аст.

Раҳматилло Зойиров дар сӯҳбат бо ин расона гуфт, ки “Одинаев зиндаву саломат аст. Муддати дароз ӯ бемор буд, ҳаракат карда наметавонист. Ҳоло ба ҳаракат даромад”.

Ду ҳафта ғайб задани Маҳмурод Одинаев ҳадсу гумонҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Чун чанд рӯз пеш аз бедарак шуданаш ин мухолифи ҳукумат дар саҳифаи фейсбукаш аз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои гирдиҳамоӣ дар назди Қасри Президент иҷозат хоста буд.

Давоми ду ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои гуногуни ғайб задани муовини раиси ҲСДТ пайдо шуд. Баъзе аз корбарон бар ин назар буданд, ки Маҳмурод Одинаев дар яке аз таҳхонаҳои шӯъбаҳои ВКД дар пойтахт нигоҳдорӣ мешавад ва раҳбарияти ВКД ин ҳамаро аз ҷомеа пинҳон медорад.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худ ва хонаводааш бисёр мегуфт.

105 млн доллари БОР барои баланд бардоштани устувории молиявии соҳаи энергетика дар Тоҷикистон

0

Бонки Осиёии Рушд барномаи грантиро барои баланд бардоштани устувории молиявии соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ва тақвият башидан ба ислоҳот дар он ба маблағи 105 миллион доллар тасдиқ кард. Дар ин бора Avesta.tj  бо такя ба дафтари БОР дар Тоҷикистон хабар дод.

“Бахши энергетика дар Тоҷикистон ба бӯҳрони молиявӣ рӯ ба рӯ шудааст ва барқароршавӣ аз он ҳалли ҳамзамони масъалаҳои идоракунии соҳа, қарз, таърифаҳо, фурӯш ва ғайраро талаб мекунад”, – гуфт Юки Иноу, мутахассиси молиявии БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ.

Дар идома мутахассиси БОР қайд кард, ки ин барнома ба ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти асосӣ дар соҳаи энергетика, такмили лоиҳаҳои қаблии энергетикии БОР ва дигар шарикони рушд кумаки муҳим мерасонад.

Ин грант ба ҳукумати ҶТ дар ҳоле ҷудо шуда истодааст, ки шаҳрвандони ин кишвар ба мушкилии норасоии барқ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Шурӯъ аз моҳи июли соли 2018 чархаи аввалини нерӯгоҳи “Роғун” сохта ва ба истифода дода шуд. Он замон худи Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки дигар лимити барқ ба охир расидааст ва мардум бебарқиро ба хотираҳо хоҳанд супурд.

Аммо сокинони кишвар мегӯянд, имсол бебарқӣ аз солҳои пешин ҳам бадтар шудааст. Дар баъзе манотиқи кишвар дар як шабонарӯз як ё ду соат барқ доранду тамом.

Мардуми Арманистон истеъфои Пашиниянро талаб доранд

0
Сурат: rtvi.com

Бино ба гузориши хабаргузории “euronews” рӯзи 3-уми декабр садҳо арманӣ дар хиёбонҳои Еревани Арманистон даст ба тазоҳурот зада, истеъфои сарвазир Никол Пашинянро талаб намуданд.

Тазоҳургарон аз созишномаи оташбас байни Озарбойҷону Арманистон, ки моҳи гузашта байни Ереван ва Боку бо миёнҷигарии Русия ба даст омад, розӣ нестанд. Эътирозгарон бар онанд, ки Пашинян бояд ба сабаби амалкарди фоҷиабор дар созишномаи оташбас бо Озарбойҷон аз қудрат барканор карда шавад.

Эътирозгарон шиорҳое, мисли “Никол як ҷинояткор аст” норизоиятии худро нисбат ба натиҷаи музокироти ду кишвар иброз доштанд.

Тибқи гузориши расонаҳои маҳаллӣ, нерӯҳои амниятӣ чанд эътирозгарро боздошт кардаанд.

Рӯзи панҷшанбе эътилофи иборат аз 17 ҳизби мухталифи ин кишвар сарвазири собиқи Арманистон Вазген Манукянро ҷойгузини эҳтимолии Пашинян муаррифӣ карданд. Гарчанде ин тадбир иҷро нашудааст, аммо ин амал баёнгари хашми густардаи мардум ва нухбагони сиёсии Арманистон нисбат ба амалкарди ҷаноби Пашинян мебошад.

Аз замони эълони оташбас дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ, ки 10-уми ноябр аз ҷониби раҳбарони Арманистон, Озарбойҷон ва Русия ба имзо расид, мардуми Арманистон алайҳи ин созишномаи оташбас, ки минтақаи Қарабоғи Кӯҳистониро ба Озарбойҷон вокузор кард, эътироз карданд.

Пас аз ин тавофуқ, амалиёти низомӣ дар атрофи Қарабоғи Кӯҳӣ қатъ шуд ва арманиҳои муқими ин минтақа хонаҳои худро тарк карданд. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 2000 нафар посдорони сулҳи Русия дар он минтақа мустақаранд. Минтақаҳои калони Қарабоғи Кӯҳӣ, ки қаблан таҳти назорати Арманистон буданд, пас аз оташбас ба Озарбойҷон супорида шуд.

Қазоқистон хост зиндониёни тоҷикро ба Тоҷикистон интиқол диҳад, аммо мақомоти тоҷик рад кард

0

Додгоҳи шаҳри Алмато моҳи сентябри соли 2019, 7 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иттиҳоми терроризм ба ҳабс маҳкум карда буд. Ин кишвар аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, ки шаҳвандонашро ба кишварашон интиқол диҳанд, вале мақомоти Тоҷикистон рад кардаанд.

Радои Озодӣ аз ин нафарон Қосимҷон Ғиёсов, Абдуҳалим Давлатов, Неъматулло Неъматов, Парвиз Тӯйчиев, Султон Аминзода, Шарифалӣ Сафаров ва Сафиаллоҳ Қосимов номбурааст, ки додгоҳи ин кишвар ин нафаронро аз 12 то 18 сол равонаи зиндон кардааст, вале наздиконашон идао доранд, ки онҳо қурбони ин ҷиноят шудаанд.

Чанде пеш Додситони кули Қазоқистон ба  Додситони кули Тоҷикистон нома равон намуд буд, ки зиндониёни тоҷикро ба Тоҷикистон интқол диҳед, вале Додситонии кулли Тоҷикистон дар посух ҷавоби рад додааст.

Дар нома зикр гардидааст, ки “интиқоли шахсони муттаҳам ба ҷиноятҳои сангин ба Тоҷикистон ғайриимкон аст”.

Тоҷикистон ба Конвенсияи кишварҳои ИДМ аз соли 1998 имзо гузоштааст, ки бар асосои он шахсони муттаҳам ба ҷиноятҳои сангин метавонанд, дар ҳамон кишваре нигаҳдорӣ шаванд, ки ҷиноят содир кардаанд.

Дар ҳамин ҳол наздикони чаҳор зиндоние, ки 12-солӣ ҳукм гирифтаанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, “онҳо қурбонии фиреб шудаанд” ва “дар зиндоне дур аз ватан ҳоли хуб надоранд”.

Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Қазоқистон гуфта буданд, ки Қосимҷон Ғиёсов, ки бо дигар боздоштшудаҳо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард, бо нафаре аз аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар Афғонистон, ки ӯро “Устод Шаҳомат” ном мебурданд, тамос доштааст.

Қазоқистон дуввумин кишварест, ки пас аз Русия муҳоҷирони тоҷик онҷо кору зиндагӣ мекунанд. Аз руйи оморҳои расмӣ шумораи муҳоҷиронро дар ин кишвар зиёда аз даҳ ҳазор нафар мегӯянд.

Афзоиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ва коҳиши истеҳсолот дар Тоҷикистон

0

Тайи 10 моҳи 2020 тавлиди маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 21 дарсад кам шудааст.

Спутник аз манбааш аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳури Тоҷикистон менависад, ки бар асоси омори расмӣ, ҳаҷми тавлиди бензин 51,1%, сӯзишвории дизелӣ 51,2% ва мазут 51,3% кам шудаст, аз моҳи январ то октябри соли равон дар Тоҷикистон 20,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст .

Дар идома гуфта мешавад, ки воридоти маҳсулоти нафтӣ дар кишвар 15,6% афзоиш ёфта, аз аввали сол ба ҷумҳурӣ 488,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 231,6 миллион доллар ворид шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, таъминкунандаи асосии маводи сӯхт дар Тоҷикистон Русия мебошад, ки бештари маводи сӯзишвории Тоҷикисон аз ин кишвар ворид карда мешавад.

Чанде қабл Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфта буд, ки воридоти мол ба кишвар дар 10 моҳ ба 2,5 миллиард доллар баробар шудааст, ки ба андозаи 6,3 дарсад нисбати нишондоди январ – октябри соли 2019 камтар мебошад.

Дар зимистони бебарқӣ ҳам барқро сарфакорона истифода баред!

0
Сурат: Азия-Плюс

Муовини сарвазири Ҷумҳури Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ дар вилояти Хатлон аз сокинон хостааст, ки нерӯйи барқро сарфакорона истифода намоянд.

Бино ба иттилои давфтари манбуотии Раиси вилояти Хатлон рӯзи 2-уми декабри соли равон бо иштроки муовини сарвазир Усмонзода раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири Энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳури Тоҷикистон Далери Ҷумъа ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ барои зимистон гузаронӣ баргузор гардидааст.

Усмонзода аз сокинони вилояти Хатлон хостааст, ки дар давраи тирамоҳу зимистон нерӯйи барқро сарфакорона истифода намоянд.

Дар идома иброз доштааст:

“бо сабабҳои ба ҳамагон маълум, кам будани об дар обанбори нерӯгоҳҳои барқии обӣ, зиёд шудани аҳолӣ ва аз меъёр зиёд истифода намудани нерӯи барқ эҳтиёҷ ба нерӯи барқ дар қаламрави кишвар пеш омадааст. Бояд ҳамагон аз маданияти истифодабарии нерӯи барқ бархӯрдор бошанд, дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро безарурат истифода набаранд ва ҳаққи истифодаи нерӯи барқро сари вақт пардохт намоянд”.

Ин суханони Усмонзода дар ҳолест, ки сокинон аз набудани барқ шикоят мекунанд ва танҳо бо реҷаи муайянгардида рӯзона аз соати 7:30 то 17:30, шабона аз 22:30 то 5:00 субҳ барқ хомӯш карда мешавад.

Дар баробари шикоятҳои пайдарпай ва сару садоҳои зиёди сокинон “Барқи тоҷик” расман ҷорӣ гардидани лимитро тасддиқ накардааст, ҳамеша намояндагони ин ширкат қатъ гардидани барқро вобаста ба корҳои таъмири истгоҳҳои барқӣ марбут медонанд.

Гуфта мешавад, ки ҳолати зимистонгузаронӣ дар шабакаҳои барқии ҷанубӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1-уми декабр аз 60 то 100% иҷро гардидааст. Аммо мутаассифона, дар баъзе ҷамоатҳои деҳот бо сабаби бунёди маҳаллаҳои нав норасоии симчӯб ба чашм мерасад.

Аз вазири энергетика ва захираҳои об даъват карда шуд, ки дар таъмини шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо бо трансформатор ва симчӯбҳои нав мусоидат намояд.

Давлати Қатар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба кор даъват мекунад

0
Сурат: Ховар

Муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо ҳайати Давлати Қатар масоили муҳоҷиратиро баррасӣ кардаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Ховар” ҷаласа тариқи онлайн баргузор гардидааст. Дар ин мулоқот давлати Қатар муҳоҷирони тоҷикро дар бахшҳои корҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва бахши хизматрасонии иҷтимоӣ ба кор даъват намудааст.

Инчунин масъалаҳои ба сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатӣ–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар, бақайдгирӣ ва барасмиятдарории онҳо дар ин кишвари арабӣ, ҳимояи ҳуқуқ, омӯзиши забон, баланд бардоштани тахассуси муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Маҳмурод Одинаев дар озодӣ аст?

0

Муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев, ки рӯзи 20 ноябр ғайб зада буд, зинда ва дар озодӣ қарор дорад. Дар ин бора рӯзи 3-юми декабр ба “Настоящее Время” ҳамҳизбони ин мухолиф хабар доданд.

Раҳматилло Зойиров раиси ҲСДТ дар сӯҳбат бо ин расона гуфт, ки “Одинаев зиндаву саломат аст. Муддати дароз ӯ бемор буд, ҳаракат карда наметавонист. Ҳоло ба ҳаракат даромад”.

Муффасал дар бораи Одинаев, ки дар куҷо қарор дошт, чаро аз беморияш ба касе нагуфт ва оё дар ҳақиқат дар кофтукоб қарор дорад, рӯзи 4 декабр ҲСДТ дар як нишасти матбуотӣ хоҳад гуфт.

Ду ҳафта ғайб задани Маҳмурод Одинаев ҳадсу гумонҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Чун чанд рӯз пеш аз ғайб заданаш ин мухолифи ҳукумат ба номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ариза барои гузаронидани гирдиҳамоӣ навишта буд.

Баъд аз ин Маҳмурод Одинаев як рӯз қабл аз нопадидшавӣ барои бозпурсӣ дар робита ба қазияи писараш ба шӯъбаи ВКД дар Ҳисор даъват шуда буд. Вале ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд.

Ин ҳама сабаб шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои гуногуни ғайб задани муовини раиси ҲСДТ пайдо шавад. Баъзе аз корбарон бар ин назар буданд, ки Маҳмурод Одинаев дар яке аз таҳхонаҳои шӯъбаҳои ВКД дар пойтахт нигоҳдорӣ мешавад ва раҳбарияти ВКД ин ҳамаро аз ҷомеа пинҳон медорад.

Дар бораи дар куҷо қарор доштани Одинаев пайвандонаш изҳори бехабарӣ мекунанд ва ба гуфтаи яке аз пайвадонаш, феълан маъмурони милисаи шаҳри Ҳисор бозпурсии наздикони ӯро идома дода истодаанд.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дорад. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худ ва хонаводааш бисёр мегуфт.