Хона блог саҳифа 716

Вашингтон: Тоҷикистон мунтазам озодиҳои мазҳабиро поймол мекунад

0
Масҷид-мақбараи Шайх Муслиҳиддин ш.Хуҷанд дарТоҷикистон

Такмилшуда:

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар як гузориши навбатии худ дар бораи озодиҳои мазҳабӣ Тоҷикистонро бори дигар дар рӯйхати кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динӣ ва мазҳабӣ ворид кардааст.

Дар баробари Тоҷикистон низ давлатҳои Эрон, Чин, Кореяи Шимолӣ, Мянма, Нигерия, Покистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Эритрея ба рӯйхати кишварҳое шомил шудаанд, ки ба гуфтаи Вашингтон, ба таври пайваста озодиҳои мазҳабиро поймол мекунанд.

Ҳамзамон Амрико Русия, Куба, Никарагуа ва Ҷумҳурии Муттаҳидаи Қумурро низ ба “рӯйхати таваҷҷӯҳи махсус” шомил кард. Иёлоти Муттаҳида иддао дорад, ки мақомоти ин давлатҳо дар қаламрави худ ба “нақзи ҷиддии озодиҳои мазҳабӣ” роҳ додаанд ё худ дар ин кор даст доранд. Дар ин бора рӯзи душанбе 7-уми декабри соли равон Вазири хориҷии ИМА Майк Помпео гузориш додааст.

Департаменти давлатии Амрико дар асоси қонуни амрикоии озодии дин аз соли 1998 пайваста чунин гӯзоришҳоро омода мекунад. Тибқи муқаррароти он, Вазорати корҳои хориҷии ИМА гузориши солона дар бораи озодии дин дар ҷаҳонро таҳия мекунад.

Бар асоси хулосаҳои дар ин санад овардашуда, вазири умури хориҷии ИМА метавонад тавсияҳо барои шомил кардани баъзе кишварҳо ва ташкилотҳо ба рӯйхати сиёҳи поймолкунандагони озодиҳои динӣ ироа кунад ва ё авомире зидди онҳо таҳия намояд.

Департаменти ИМА моҳи июни соли ҷорӣ чунин як гузориши дигарро низ нашр карда буд, ки Тоҷикистон дар он гузориш дар гурӯҳи давлатҳои поймолкунандагони ҳуқуқи озодиҳои мазҳабӣ шомил буд. Агарчи баъзе давлатҳо баъд аз ин гузориш вокунишҳо нишон додаанд, аммо то ҳол Вазортаи хориҷаи Тоҷикистон вокунише накардааст.

Тоҷикистон дар рӯйхати 10 кишвари поймолкунандагони озодиҳои динӣ, мисли кишварҳои Чину Бирма ва Туркманистон аз соли 2016 шомил аст. Гуфта мешавад, дар натиҷаи “поймолкунии ҳуқуқҳои динии доимӣ, идомадошта ва тоқатнопазир” ин кишварҳо боиси нигаронии ҷиддии Департаменти давлатӣ мебошанд.

Инчунин дар гӯзоирш омада, ки Судон ва Узбекистон “бар асоси пешравии назаррасу мушаххаси ҳукуматҳояшон давоми соли охир” аз рӯйхати поймолкунандагони ҳуқуқҳои динӣ хориҷ шуданд. Департаменти Давлатии Амрико онро ба ислоҳоти ҷасуронаи қонунҳо ва амалкарди ин ду кишвар дониста ва ҳамчун намунаи ибрат барои дигар миллатҳо муаррфӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки Департаменти давлатии ИМА минбаъд низ барои хотима додан ба бадрафторӣ ва таъқиб бо сабабҳои мазҳабӣ дар саросари ҷаҳон талош меварзад ва кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар як инсон дар ҳама ҷо ва ҳама вақт ба бовару эътиқоди худ озодона зиндагӣ кунад.

Дар гузориши имсолаи озодиҳои динии Департаменти давлатии ИМА таъкид мешавад, ки маҳдудиятҳои озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон – аз назорати риши мардон ва ҳам либоспӯшии занону ноболиғон шурӯъ мешавад. Масалан, маъмурони давлатӣ пӯшидани ҳиҷоб ва дигар унсурҳоеро, ки хоси либоси миллӣ нест, тавассути роҳандозии рейдҳои махсус маҳдуд мекунанд.

Кумиссиюни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба озодиҳои динӣ моҳи майи соли 2019 бо нашри гузориши солонааш дар бораи озодиҳои мазҳабӣ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон мақомот соли 2018 ҳамаҷониба эътиқоду бовариҳои мардумро назорат мекарданд.

Аз ҷумла маросимҳои тӯй ва ҷанозаро маҳдуд карда, барои риш гузоштан ва ҳиҷобпӯшӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд. Таҳсилоти олии исломӣ тақрибан барҳам хӯрд ва тағйирот ба Қонуни дин аз соли 2009 боиси баста шудани бештар аз 2000 масҷид дар давоми ду соли охир гардид. Зери пардаи мубориза бо ифротгароии динӣ, ҳукумат ба шиканҷаи аъзои собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ идома дод. Аъзоёни собиқи қатории ҳизбро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард ва истирдоди раҳбарони онро аз хориҷа дархост мекунад.

Бар асоси муқаррароти Иёлоти Муттаҳида, ҳукумати кишвар метавонад ба зидди ин кишварҳо таҳримот эълом кунад, вале пештар расман гуфта, ки бо назардошти аҳаммияти зиёди Тоҷикистон барои манофеи миллии ИМА аз ин кор худдорӣ мекунад.

Ба марказҳои дилхушӣ дар Хуҷанд иҷозати фаъолият дода шуд

0
Маркази дилхушии “Хваканта” дар ш. Хуҷанд. Сурат: навори видеоӣ – Ютуб

Дар шаҳри Хуҷанд ба маркзҳои дилхушии “дискоклубҳо” дигарбора иҷозаи фаъолият додаанд.

Раҳбари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хуҷанд Таҳмина Усмонова ба “Азия-Плюс” гуфтааст, дар сурати риоя нашудани талабот, онҳо дигарбора дари “дискокулубҳо”-ро мебанданд.

Усмонова гуфтааст,  “шартан ба фаъолияти марказҳои дилхушӣ иҷозати кор дода шуд. Онҳо бояд тамоми қоидаҳои аз рӯйи дастурамал пешбинишударо аз ҷумла пӯшидани ниқоб, пеш аз ворид шудан ба дискоклуб ҳатман санҷиши ҳарорати бадан гузаронанд. Безараргардонии дастон ва гузоштани курсиҳо дар масофаи на кам аз 2 метр аз ҳамдигар дар дохили дискокулубҳоро ба инобат гиранд. Масъулини дискокулубҳо ҳатман бояд ин меъёрро риоя кунанд”.

Иҷозаи марказҳои дилхӯшӣ дар ҳолест, ки як моҳ қабл мақомот ба гуфтаи худашон ин маконҳоро баста буданд, вале як таҳқиқоти Радиои Озодӣ ошкор карда буд, ки дар баробари манъ кардани мақомот марказҳои дулхӯши фаъолият доранд.

Дуввумбора кушодашавии марказҳои дилхушӣ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳолест, ки то ба ҳол чанд маротиба масъулони масҷиду ибодатгоҳҳо ба мақомот муроҷиат кардаанд, ки ба намозхонии дастаҷамъии мардум иҷозат дода шавад, вале то имрӯз дари масҷидҳо баста боқӣ мемонад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон марказҳои дилхушӣ яке аз омилҳои ривоҷи коронавирус дониста мешаванд, ки бештари кишварҳои ҷаҳон фаъолитяи ин марказҳоро муваққтан боз доштаанд.

Ба гуфтаи Таҳмина Усмонова, ҳоло вазъи эпидемиологӣ дар Хуҷанд “нисбатан идорашаванда” будааст  ва сироятёбӣ ба бемориҳои илтиҳоби шуш ва коронавирус бамаротиб кам гардидааст.

Кумаки СММ ва давлати Швейтсария ба Тоҷикистон

0
Сурат: farsnews.ir

Сандуқи ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва давлати Швейтсария ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 50 ҳазор доллар таҷҳизоти пизишкӣ барои муқобила бо коронавирус ирсол кардаанд.

Бино ба иттилои хабаргузории “Форс”, бахши умдаи ин кумакҳои башардӯстона шомили 6 ҳазору 840 дона либоси муҳофизатӣ, 10 ҳазор ҷуфт дастпӯши беҳдоштӣ, 3 ҳазору 900 адад ниқобӣ тиббӣ, 200 ҷуфт чакмаи зидди об ва маҳлулҳои тамизкунанда будааст.

Ҳамчунин дар идома гуфта шудааст, ки намояндаи СММ дар Душанбе дар як баёнияе эълом кардааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши шаҳрвандони Тоҷикистон аз хатари коронавирус, маводи таблиғотии бештар дар байни ҷомеа мунташир карда мешавад.

Ин бори аввал нест, ки кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ба хотири мубориза бо коронаврус кӯмак мерасонад.

Аз оғози хуруҷи коронавирус чандин кишварҳо аз ҷумла Олмон, Амрико Русия, Туркия, Чин, Узбекистон ва дигар кишварҳо кӯмак карданд.  

Занони асирафтодаи тоҷикро аз паноҳгоҳҳои Сурия ба Тоҷикистон меоранд

0

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ занон ва кӯдакони тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон меоранд. Ин занону кӯдакон дар паноҳгоҳҳое зери назорати размандагони курд нигоҳдорӣ мешаванд. Мақомоти тоҷик барои баргардонидани 7 зану 20 кӯдаки тоҷик бо мақомоти курд гуфтугӯ доранд.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ сафорати Тоҷикистон дар Кувайт гуфтанд, ки роҳҳои бозгардонидани занону кӯдаконро бо мақомоти курд баррасӣ кардаанд.

Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Кувайт гуфтааст, ки 8-уми декабр ба паноҳгоҳи дигар мавсум ба “Ал-Ҳавл” барои номнавис кардани шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд рафт. Дар паноҳгоҳи “Ал-Ҳавл” занону кӯдакони зиёде нигаҳдорӣ мешаванд, ки теъдоди онҳоро дар умум бештар аз 400 нафар мегӯянд.

Дипломати тоҷик гуфт, бо мақомоти курд, ки урдӯгоҳҳоро зери назар доранд, мулоқот кардаанд ва онҳо ваъда додаанд, ки барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмак мерасонанд.

Ҳамчунин рӯзи 7-уми декабр як зани тоҷик аз урдӯгоҳи Рож ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки се сол боз дар ин паноҳгоҳ аст ва бори аввал бо мақомоти тоҷик аз наздик суҳбат кард.

Он зан иброз доштааст, ки шавҳарашро дар ҷанг куштаанд ва худаш ба нерӯҳои курд таслим шудааст ва ҳоло бо як фарзандаш дар урдӯгоҳи Рож зиндагӣ мекунад.

Рӯзи 5-уми декабри соли равон Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода, “масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи ал-Ҳавлро баррасӣ кардааст”.

Бино ба иттилои нашр гардида дар урдӯгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия зиёда аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Ин Занону кӯдакони тоҷик пас аз шикасти гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” солҳои 2017-2018 ба дасти размандагони курд асир афтоданд ва ҳоло дар урдӯгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.

Тибқи оморҳои ахир то моҳи октябри соли равон дар умум дар худи паноҳгоҳи “Ал Ҳавл” ҳудуд 40 ҳазор зану кӯдаки доишиён аз 53 давлати дунё нигаҳдорӣ мешаванд. Баъзе давлтаҳо шаҳрвандоин худро ба ватанҳояшон баргардонидаанд ва баъзе дигар чандон моил нестанд, ки онҳоро баргардонанд, чун аз ояндаашон эҳсоси хатар мекунанд.

Дар Тоҷикистон маош чӣ қадар аст ва оё ба зиндагии оддӣ мерасад?

0
Сурат: Спутник

Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон миқдори маоши кормандони давлатиро нашр кард.

Гуфта мешавад, ки маоши аз ҳама пастаринро кормандони кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мегиранд, ки 563 сомонӣ (49 доллар)-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора сомонаи “Sputnik” аз манбааш аз Агентии омор иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки маоши баландтарин аз кормандони молия (бонк) ва суғурта буда, ки ҳудуди 3 ҳазору 397 сомонӣ(300 доллар)-ро дар бар мегирад.

Маоши кормандони истихроҷи металҳои қимматбаҳо ва сохтмон 2,400 сомонӣ буда, бахши барқу об 2,300 сомониро ташкил медиҳад.

Агентии омор гуфтааст, маоши миёна дар моҳи сентябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 426 сомониро ташкил додааст.

Маврид ба ёдоварист, ки дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал 400 сомонӣ (35 доллар) гуфта мешавад.

Чанде пеш хабаргузориҳо дар мавриди музди меҳнат дар кишварҳои Осиёи Марказиро нашр карда буданд, ки Тоҷикистон дар байни онҳо дар зинаи аз ҳама поёнтарин қарор гирифт.

Коршиносони умур яке аз сабабҳои ривоҷ ёфтани корупсияро дар кишвар вобаста ба маоши пасти кормандон унвон мекунанд. Аз баски маошашон ба зиндагӣ нокифоят аст, даст ба фасод мезананд.

То дар мавриди маоши Президенти кишвар ва сарвазиру дигар мақомҳои баландпоя чизе гуфта намешавад. Сиррест пинҳон. Аммо огаҳони умур мегӯянд, маоши кормандони суду прократура ва сохторҳои қудратӣ ба он андозае, ки гуфта мешавад, бовар нокарданист. Чун хонаҳои бо ҳашамату мошинҳои гаронбаҳои онҳоро ҳечгоҳ бо пули маош харидан имкон надорад.

Таркиши газ дар ноҳияи Рӯдакӣ куштаву захмӣ ба ҷо гузошт

0
Сурат: Интернет

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзҳои 4 ва 5 декабр дар деҳаи Маърифати ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ду таркиши газ ба вуқуъ пайваст, ки бар асари он як нафар ба ҳалокат расид ва 5 тани дигар захмӣ шуда дар бемористон бистарӣ шуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи менависад, ки ҳарду инфиҷор дар фосилаи як рӯз дар як деҳа иттифоқ афтодаву аз ду ҳавлӣ якеро валангор ва дуюмиро қисман хароб кардааст.

Хабаргузории “Sputnik” аз қавли Кумита иттилоъ медиҳад, ки инфиҷори аввал шоми рӯзи 4 декабри соли равон дар хонаи шаҳрванд Мастов Мирмати 46-сола истиқоматкунандаи деҳаи Маърифати ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ рух дод.

“Алангаи оташи газ ба бадани чор фарзанди соҳиби хона, ки аз 8 то 24 сол доштанд, расид ва аз 15 то 37 дарсад бадани онҳоро сӯзонд”,-афзудааст, манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, дар пайи инфиҷори рӯзи 5 декабри соли равон Бобомурод Ҳаитови 46-сола, сокини деҳаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

“Sputnik” аз қавли манбаъ менависад, ки кормандони Кумита дар пайи муоина муаян карданд, ки сабаби таркиш балони газ набуда, балки аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанберо таъмин менамояд.

“Ин қубур иттифоқан аз назди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон мегузарад ва ба кадом сабабе он сӯрох гардидаву вориди хонаҳо шуда ва сабабгори таркиш шудааст”,-гуфтааст, Кумита.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар ин таркишҳо идораҳои масъул ва мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рудакиро гунаҳгор дониста сабаби онро риоя накардани талаботҳои сохтмонӣ ва хунукназаронаи масъулони ҷамоати деҳоти Чортеппа донист.

Дар Тоҷикистон чаро ҷилави заминфурӯшӣ гирифта намешавад?

0

Замин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат эълон шудааст ва хариду фурӯши он то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале ончуноне мушоҳида мешавад, талабот ва ҳарфи қонун дар рӯйи коғаз аст.

Азбаски замин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат дониста шудааст, масъулияти ҳифз ва сариштаи он  ҳам дар шаҳр ва ҳам дар деҳот бар дӯши раиси шаҳр ё ноҳия-ба ҳайси намояндаи раисиҷумҳурӣ вогузор шудааст. Ҳуқуқи додани замин, аз ҷумла ҳуқуқ барои сохтмони тамоми намуди иншоот дар замин, шурӯъ аз як дӯкони хурд то нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ,истгоҳи нақлиёт, майдони бозӣ, бозор то хона ва баландошёна дар дасти раиси шаҳр аст.

Фарз кардем агар як сокини деҳа бихоҳад қитъаи замини наздиҳавлигӣ бигирад, санад ва ё сертификати он танҳо дар он сурат қонунӣ хоҳад буд, ки дар он имзои раиси шаҳр бошад. Барои ҳамин дар тамоми амали хариду фурӯши замин, он хоҳ қонунӣ ва хоҳ ғайриқонунӣ масъулият бар дӯши раиси шаҳру ноҳия аст. Зеро ба маҳзи имзои ӯ ва ё бидуни имзои ӯ як шаҳрванд дар фалон қитъаи замин хона андохтаву як пора заминро тасоҳуб кардааст.

Солҳои пеш буд, ки Файзулло Бобохонов-додситони шаҳри Ҳисор ва писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ Додситони кулли Тоҷикистонро, замоне муҳокима мекардандяке аз иттиҳомоти ворида ба ӯ фурӯши ғайримуҷози қитъаи замин ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ буд. Ҳамин чанд рӯзи пеш, ки Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб ва собиқ узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистонро барои 12 сол равонаи маҳбас карданд, ба айни ҳамин иттиҳом фурӯши ғайриқонунии замин буд.

Дар солҳои пеш, аз 2010 ҳам пештар шумораи зиёди мансабдоронро барои савдои замин ба давраҳои гуногун ҳатто барои 25 ҳам равонаи зиндон карда буданд. Чун он нафар  чандин гектар заминро ба садҳо нафар ва он ҳам бо асноди тақаллуби фурӯхта буд.

Лозим ба ёдоварист, ки пажӯҳишгарони як Бунёди амрикоӣ роҷеъ ба фаъолияти низоми қазоияи Тоҷикистон дар соли 2017таҳқиқоте доир ва маълум карда буданд,ки беш аз 35% -и муҳокимаҳои додгоҳӣ марбут ба савдо ва ё фурӯши ғайриқонунии замин мебошад. Даҳҳо ва шояд ҳам садҳо нафар аз масъулин барои фурӯши замин дастгир ва муҷозот шуда бошанд,ки дар фавқ танҳо аз ду мавриди он ёдовар шудем.

Инро ҳам бояд гӯшнишон созем, ки дар шумори масъулине, ки бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замин дастгир ва муҷозот шудаанд, бештар кормандони Кумитаи замини шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳо мебошанд. Моҳе нест, ки як ё ду нафар аз кормандони маҳз ҳамин Идораи замин бо ҷурми гирифтани ришват боздошт нашаванд.

Дар бархе ҳолатҳо ин нафарон на танҳо бо ришват халос мешаванд,балки дубора дар мақоми худ корашонро идома медиҳанд. Намунаи равшани он ки дар барои шахсияти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби зиёде нашру пахш шуд, Зокирзода Умед, сардори Кумитаи замини ноҳияи Мастчоҳ аст. Ӯро барои қонуншиканиҳои фаровон вобаста ба тақсим ва фурӯши замин аз кор гирифтанд вале  баъди ҳамагӣ як моҳ ба ҷойи кораш барқарор шуд. Ин ҳодисаи ягона нест. Метавон даҳҳо мисол овард.

Аз сӯи дигар худи мо шоҳид ҳастем, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештарини муроҷиати сокинон ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов маҳз дар мавзӯи замин ва баҳси вобаста ба замин аст.

Дар муроҷиат ба раиси ҷумҳурӣ мардум бештар аз тақсимоти нодурусти замин, заминфурӯшии интихобии масъулин, вуҷуди фасоду фиреб дар тақсимоти замин, аз онки солҳо боз дар навбат ҳастанду наметавонанд соҳиби қитъаи замин бишаванд вале як нафари “пулдор” ва ё хешу ошнои раис дар як фурсати кутоҳ соҳиби замин мешавад,шикоят мекунанд. Раисони шаҳру ноҳия,ки бидуни шак бо раиси ҷамоат ва воҳиди кишварзӣ ҳамдаст мешаванд,замини мошинсароҳо (гараж), автобаза, селхозтехника ва ғайраро бар ивази пул вале ғайриқонунӣ мефурӯшанд.

Ҳоло агар ин нуктаро ҳам алоҳида таъкид намоем,ки ин ҳама мансабдорҳо:-раиси ноҳия ва шаҳр, сардори Кумитаи замин, раиси ҷамоат, заминсоз ҳамагӣ узви ҲХДТ-ҳизби Президент Раҳмон ҳастанд, ”чаро”-и фурӯши ғайриқонунии замин маълум мешавад.

Маълум мешавад, ки фурӯшофурӯши ғайриқонунии замин, ки дигар дар тамоми қаламрави Тоҷикистон якрангу яксон идома дорад, як кори тасодуфии барои мисол масъулин дар Мастчоҳ нест. Балки ин як сиёсати ҳисобшуда аст ки то худи болои боло медонанд. Медонанд ва кадом табдири мушаххас намеҷӯянд. Вагарна имкон надорад, ки раиси ноҳия медонад,ки бар тибқи қонун фурӯши замин ва махсусан барои манзили зист санад кардани замини обӣ дар пайи ҷазои ҳабс дорад,аммо боз имзо гузорад.

Ба назар мерасад инҷо кадом як дастуре ва ё тавсияву барномае дигар вуҷуд дорад. Чунки такрор ҳам шавад бояд бигӯем, ки бо асноди воқеӣ ва ё бо асноди ҷаълӣ фурӯхтани замин дар саросари кишвар идома дорад. Баъид ба назар мерасад, ки аз ин кор Кумитаи давлатии амнияти миллӣ огоҳ набошад. Ва, бадтар аз ин ҳолатҳое ҳам пеш омадааст, ки як замин ва ё як мошисаро ва ё шипанги собиқи колхозӣ ба ду нафар ҳуҷҷатгузорӣ шуда ва ҳарду ҳам маблағ харҷ кардаанд ва ҳарду ҳам дар даст санади бо имзои нафари масъулро доранд.

Боз ҳам бадтар аз ин ин аст ки ҳоло дар тамоми Тоҷикистон шояд ҳазорон нафари фиребхӯрдаеро вомехуред, ки раиси собиқ барояш санади истифодаи замин ва ё ҳатто сохтани мағоза ва ё манзили истиқоматиро доаасту раиси нав омада онро “анулироват” кардааст. Намунаи равшани инро дар ноҳияи Файзобод метавон мушоҳида кард, ки даҳҳо нафар ҳамин тавр бо асноди раиси собиқ дар даст аммо соҳиби замин намешаванд.

Ҳоло дар инҷо аз онки дар васати биноҳои баландошёнаи шаҳрҳое назири Норак ва ё Конибодом барои сохтмони манзил ва ё дигар иншоот заминҳои барои майдончаи варзишӣ ва ё сайр гаштро тақсим намуданд,дам намезанем. Вале ин ҳама аъмои ғайримуҷоз,ки дақиқан бар асари ришват ва фасод сурат гирифтааст, чаро аз назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Кумитаи амният пинҳон мондааст, ин суолест, ки ҷавоб мехоҳад. Мутаассифона ин  воқеияти кишвари мо- сарзамини камзамин аст.

Солҳо пш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи Шӯрои амният бо лаҳни шадид аз заминфурӯшӣ ва бо коррупсия олуда будани мақомиоти ҳифзи ҳуқуқ ба шиддат интиқод карда буд:

“Худи кормандони прокуратура даст ба коррупсия ва заминфурӯшӣ задаанд. Ба наздикӣ дар Душанбе се корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсияро ҳамроҳ бо прокурор бо ҳамин ҷурм боздошт карданд… Шумо намебинед, намедонед! Чашмҳоро кӯр ва гӯшҳоятонро кар мекунед!”

Аммо чаро бо гузашти солҳо ин вазъ ислоҳ намешавад? Чунки бародари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Абдумумин Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор яке аз заминдорони калони ноҳия аст ва ӯ ҳам мазореъи панба ва ҳам мазореъи гандуму ҷав ва ҳам замини чарогоҳи ин ноҳияро “хусусӣ” кардааст. Ба мисли ӯ Мурод Сайидови телехи Раҳмон дар ноҳияи Восеъ заминҳои асосиро гирифтааст.

Ҳамин тавр хешу табори Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ҳам соҳиби заминҳои садҳо гекторианд. Аммо агар ба ҳисоб бигирем, ки Раҳматуллои Саъдулло, яке аз бародарзанҳои Эмомалӣ Раҳмон аксарияти заминҳои Колхозободи собиқро тасарруф кардааст ва бародари дигари занаш Муҳибулло айни корро, яъне заминҳои Шаҳритузу Носири Хусравро тасоҳуб кардааст ва аз инҳо ҳам бештару болотар марҳум Нуриддини дар гузашта трактористи бародари худи Эмомалӣ Раҳмон -феодали Данғара тамоми заминҳои ин ноҳияро бо “Сомонҷон”-у “Раҳмонҷон”-аш тасаллут кардаасту мардуми ин ноҳия ҳоло дар заминҳои онҳо мисли батрак, барои як маошу хуру коркун кор мекунад, парда аз рӯи ин ҳама моҷарои “савдо”-и замин дар Тоҷикистон бардошта мешавад.

Раиси Кумитаи замини ноҳияи Мастчоҳ як вақте дар сари кайф гуфтааст,ки “доля”-и ин заминҳоро то ба Озода Раҳмон ҳам мерасонам. Мо, наметавонем, ин гуфтаи ӯро таъйид ва ё такзиб кунем, аммо ин воқеиятро, ки фурӯши замин ба як манбаи даромади бедардимиёни аз таг то болои ҳукумати Раҳмон табдил шудаастро наметавон инкор кард.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Боздошти як корманди ҷамоат бо иттиҳоми гирифтани пора

0

Маркази матбуоти агентии мубориза бо коррупсияи ҶТ аз кушодани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳурматов Р.Ш. раиси ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён хабар дод.

Ба навиштаи маркази матбуоти агентӣ Ҳурматов Р.Ш бо истифода аз мақомаш ба боварии шаҳрванд Толибов А.Р. даромада барои ҷудо намудани 0.3 га замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди боғи фарҳанги фароғатии ноҳияи Кушониён, 25000 сомонӣ гирифтааст.

Нисбати собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кушониён бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз тафтишот ба суд ирсол шудааст.

Дар 1 моҳи ахир ин дуюм ҳодисаи боздошти кормандони ҳукумату ҷамоатҳост, ки бо гумони тақсими нодурусти замин ва гирифтани пора барои ҷудо намудани замин боздошт мешаванд.

Пештар аз ин дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ду корманди ҳукуматро бо айби даст доштан дар “хилофкорӣ ва тақсими нодурусти қитъаи замин барои бунёди манзили зист” боздошт карданд.

Ин ду боздоштшуда, яке Аскар Набизода, муовини раиси ноҳияи Ёвон ва Хайриддин Саидмуродзода, роҳбари Идораи замини ҳамин ноҳия мебошанд.

Боздошти ин корманди ҳукумату ҷамоъатҳо дар ҳолест, ки солҳои ахир ҳолатҳои ришваситонӣ ҳангоми тақсими замин зиёд дида мешавад. Худи Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз сӯҳбатҳояш заминфурӯшии мансабдоронро “дарди бедаво” ном карда буд.

Ҳамлаи толибони тоҷик бар деҳаи тоҷикон дар Афғонистон

0

Дар шабакаи иҷтимоии фейсбук наворе нашр шуд, ки дида мешавад як гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба ноҳияи Моймайи Дарвози Афғонистон ҳамла мекунанд. Дар навор садои тоҷикони Тоҷикистон шунида мешавад, ки ба сокинони мусаллаҳи ин минтақа ҳамла доранду онҳоро тирборон намуда ба қатл мерасонанд.

Умед Ҷайҳонӣ, донишманди тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш менависад:

“Толибоне, ки бар Моймай дар Дарвоз тохт оварданд, тоҷик буданд. Дар миёнашон ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст, ки яке Гадоев Басинбой аз ноҳияи Спитамен аст, ки худро Закариё номида ва дигаре Воҳидов Абдулбосит аз ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки худро Юнус хондааст”.

Ҷайҳонӣ дар шарҳи ин навор менависад, ки “мо тоҷикҳо омодаем аз ҳаргуна андешаву идеулужие пайравиву пуштибонӣ кунем, ҷуз аз андешаи миллӣ ва идеулужии миллатгароӣ”.

Ҳамзамон Латиф Педром раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон ин ҳуҷуми Толибони тоҷикро сахт маҳкум карда мегӯяд:

“Моймай зодгоҳи ман аст. Ман филми ҷанги Моймайро тамошо кардам. Барои ман куштани як тоҷик аз дасти як тоҷики аз замини дигар ҷонгудозу ҷигарсӯз буд. Агар ин идда тоҷикон бо ҳар далиле наметавонанд оғуши муҳаббат ва бародарӣ ба сӯи мо боз кунанд, набояд даст ба қатлу куштори мо бизананд”.

Ӯ дар идома аз се узви Толибон, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ном мебарад, ки ҳарсе бо духтарони ин минтақа хонадор шудаанд. “Мебоист ин тоҷикон тоҷикистонӣ поси хешовандиро медонистанд даст ба куштори бераҳмонаи ҳамтаборони дарвозии тоҷики худ дар ноҳияи Моймай намезаданд.”, менаисад Латиф Педром.

Ин намояндаи тоҷикони Афғонистон ба шиддат ин кушторро маҳкум карда менависад, “Ман ин амали ваҳшиёнаи тоҷикҳои омада аз Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шадидтарин алфоз маҳкум ва тақбеҳ мекунам”. Ҳамчунин Падром ба Толибони Дарвоз ҳушдор медиҳад, ки санҷида амал кунанд. Ва меафзояд, ки он чи дар навор дида мешавад, “на диндорона буд ва на аз ҷинси ҷанги озодибахш, ваҳшат дар ваҳшат буд”.

Ӯ дар хитоб ба Толибони Дарвоз мегӯяд: “Шумо чӣ гуна бар як бегона агарчи ҳамтабор ва ҳамхун бошад, иҷозат медиҳед ҳамсояи Шуморо дар деҳаатон ин гуна фаҷиъ ба қатл бирасонад. Ман садои омиронаи он тоҷикҳои он сӯи Омударёро шунидам, ки мегӯфтанд, бизанеду бикушед… Ин садоҳо ҷигархарош буд ва тавҷеҳнопазир.”

То ҳол дар бораи ҷузъиёти ин ҳамла расман аз ниҳодҳои марбута чизе нашр нашудааст. Чанде пеш хабарҳо нашр шуда буд, ки Толибон дар ноҳияи Моймайи Дарвози Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Хабаргузории “Sputnik” аз як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар дод, ки вобаста ва вазъияти ба амаломада дар Дарвозҳои Афғонистон, нерӯҳои амниятии Тоҷикистон вазъро таҳти назорат доранд ва ба ҷилавгирӣ аз ҳар иттифоқе омодаанд.

Обунакунии маҷбурии донишҷӯён ба манфиати кист?

0

Саидалӣ Каримов донишҷӯи бахши сеюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар саҳифаи фейсбукиаш аз маҷбуран обуна кардани донишҷӯён ба рӯзномаи ин донишгоҳӣ шикоят намудааст.

Ин донишҷӯ менависад, ки дар ду соли таҳсилаш дар баробари дигар падидаҳои “хубу бад”-и донишгоҳ ба пардохти маблағи обунаи рӯзномаи Донишгоҳ, ки ба таъбири ӯ аслан арзиши хонданро надорад, одат карда буд.

Бознашр аз саҳифаи фейсбукии муаллиф бидуни таҳрир:

Saidali Karimov
ДДХ САРИ “БИЗНЕС”-И ГАЗЕТА КӢ НИШАСТААСТ?РЕКТОР Ё КАСИ ДИГАР?Аслан маҷоли навиштаи ин матлабро надоштам. Чун дар ду соли донишҷӯиям дар баробари дигар падидаҳои “хубу бад”-и донишгоҳ ба пардохти…

ДДХ САРИ “БИЗНЕС”-И ГАЗЕТА КӢ  НИШАСТААСТ?РЕКТОР Ё КАСИ ДИГАР?

Аслан маҷоли навиштаи ин матлабро надоштам. Чун дар ду соли донишҷӯиям дар баробари дигар падидаҳои “хубу бад”-и донишгоҳ ба пардохти маблағи обунаи рӯзномаи донишгоҳӣ, ки аслан арзиши хондан надорад, одат карда будам. Аммо имсол баъди маъракаи “обунаи маҷбурӣ” натавонистам, ин ҳолатро дида, мӯҳри хомӯшӣ бар лаб занам. Чун “косаи сабрам лабрез шуд”. Танҳо барои обунаи як рӯзнома пардохтани 35 сомонӣ маблағ барои донишҷӯ ки аз як тараф сар карда аз барномаи таълимӣ то китобу файлу папкаю корҳои курсию реферату ҷузвдон ва соири дигари маводи хониш, пули билет ба консерту намоишномаҳои хару хингил, аз тарафи дигару сару либосу хӯроку иҷорапулӣ, ки ба ҳамааш маблағ лозим аст, ҳаргиз сабук нест. Дар мисоли ман, ки падарам бинобар вазъи паҳншавии коронавирус ба Русия барои дарёфтани ризқу рӯзи рафта натавонистанду дар оилаамон бо вуҷуди он ки мо 4 фарзанд ҳама хонандагони мактабу донишгоҳ ҳастем, аммо аз ягон манбаъ даромад нест, албатта вазнинӣ мекунад. Чун ман мушкили молидоштаҳо лак-лак. Аммо вақте ки шумо бо ҳар баҳона барои дар баробари билети консерту, банеру овезаҳо  ҳамчунин обунаи як рӯзномаи “камарзиш” аз донишҷӯ ба таври иҷборӣ маблағ  меситонед, бояд ёдатон бошад, ки мо донишҷӯён ҳаргиз аз рӯи тавону имконият ин “маҷбуриятҳои молие”, ки Шумо сари мо бор мекунед, пардохт намекунем. Балки як буридаи нони имрӯзу фардоро барои шумо медиҳему худ гурусна мегардем. Шумо ки шикамҳоятон аз сери “пинак”-аш вайрон намешавад, азоби гурусна монданҳоро гумон аст, ки дарк кунед. Ҳатто дарк ҳам кунед, бовар дорам, ки  ба “ҷайби донишҷӯ ҷашм ало кардан”-ро бас намекунед…Арифметикаи оддӣ  ё пардакушодӣ аз рӯи  асрори гумшавии 450 000 сомонӣСуханро ба дарозо намекашам. Пӯсткандаи гап! Дар донишгоҳ ҳамасола моро маҷбур мекунанд, ки ба газетаи “Нури маърифат” обуна шавем. Маблағи обуна дар ҳоли ҳозир 35 сомониро ташкил медиҳад. Имсол, азбаски дар вақти обуна мо чанд ҳамсабақон барои пардохти маблағи мазкур таъхир кардем, кор то ба ҷое расид, ки ҳатто бо роҳбари гурӯҳ ихтилоф доштем ва хоҳиш кардем, ки моро аз пардохти ин маблағ озод кунанд. Аммо, гӯши шунаво куҷо? Аз ҳамаи гурӯҳамон маҷбуран маблағи обунаро ҷамъ карданд. Бо вуҷуди он ки  аслан на ҳамаи мо имкони пардохти ин маблағро доштем.  Албатта аз мо донишҷӯён бо роҳҳои гуногуни таъсиррасонӣ маблағро ҷамъ карданд, аммо инҷо чанд норӯшание вуҷуд дорад, ки бояд рӯшани андохт ва “риштаро аз хамир ҷудо кард”.   Дар ДДХ  ҳудуди  22 ҳазору 600  нафар донишҷӯ  таҳсил ва атрофи 800 устоди донишгоҳ дарс мегӯянд. Фаразан гуфтем, ки 2, ҳазору 600 нафар аз оилаҳои камбизоат ва ятимон ҳастанд ва шояд(агар инсонигарии масъулин бедор шавад) онҳоро аз пардохти маблағи обунаи рӯзнома озод кунанд. Аз байни 800 муаллим шояд бо сабабҳои узрнок агар ба ҳадди максималӣ гӯем 100 нафарро аз пардохти маблағи обуна озод кунанд(дар ҳоле ки донишгоҳ аз муаллимон барои обунаи рӯзномаҳо ҳамасола маблағи бештар ҷамъоварӣ мекунад). Дар умум 20 ҳазору 700 нафари обуначӣ ба газетаи “Нури маърифат”  боқӣ мемонад. Биёед ҳамин 700 нафарро ҳам ҳисоб намекунем. 20 ҳазор обуначӣ. 20 000 нафар ҳар яке бо пардохти 35 сомонӣ ба газета обуна мешаванд. 20 000 * 35 = 700 000. Фаромӯш накунед  ҲАФТСАД ҲАЗОР сомонӣ. Тиражи умумии газетаи “Нури маърифат” 10 000(то чанд соли ахир 12 000 нусха нашр мешуд) адад аст ва моҳе 2 маротиба дар умум дар як сол 24 шумора нашр мешавад. Тибқи маълумотҳо дар матбааҳо рӯзномаҳо вобаста ба ҳаҷму сифати қоғаз аз 45 то 65 дирам нашр мешудааст. Биёед мо барои газетаи “Нури маърифат”, ки дар формати А3 нашр мешавад, қариб ҳадди миёнаи нархи чоп дар матбаа – 55 дирам барои ҳар донаро мегирем. 1 адади газета 55 дирам. 10 000 * 0,55 = 5 500 сомонӣ. Дар умум 1 шумораи газетаи “Нури маърифат” ба маблағи ПАНҶ ҲАЗОРУ ПАНҶСАД сомонӣ нашр мешавад. Акнун шумораи яксолинаи гезета 240 000 дона  аст. 240 000 * 0,55 = 132 000. Яъне давоми як сол 24 шумораи газетаи 10 000 ададии “Нури маърифат” ба маблағи ЯКСАДУ СИВУ ДУ ҳазор сомонӣ аз чоп мебарояд.  Акнун хароҷоти дигар. Газета шояд 4 коргар дошта бошад. Муҳаррир ва 3 коргари дигар. Бигузор муҳаррир 2 000 ва 3 нафари боқимонда 1 000 сомонӣ маош гиранд(моҳе 5 000 сомонӣ). Барои  пардохти маоши кормандон дар як сол 60 000 сомонӣ маблағ сарф мешавад. Фаромӯш накунед, ШАСТ ҲАЗОР сомонӣ. Бигузор барои харидории қоғазу ранг ва дигар маводи конселярӣ дар кори рӯзнома соле 10 000 сомонӣ маблағ сарф шавад. Фаромӯш накунед, ДАҲ ҲАЗОР сомонӣ. Фаразан гуфтем, ки рӯзнома барои муаллифони маводҳо ҳаққи қалам диҳад ва онро ҳам дар як сол 10 000 сомонӣ ҳисоб кунем. Фаромӯш накунед, ДАҲ ҲАЗОР сомонии дигар.  Акнун ҷамъ мекунем: 132 000 сомонӣ барои чоп дар матбаа 60 000 сомонӣ барои маоши коргарони газета 10 000 сомонӣ барои харидории қоғазу дигар маводи конселярӣ  10 000 сомонӣ барои пардохти ҳаққи қалам ба муаллифони мақолаҳо Натиҷа: 132 000 + 60 000+ 10 000+ 10 000 = 212 ҳазор сомонӣ Бигузор 38 ҳазор сомонии дигарро барои хароҷотҳои иловагии газета , ки шояд мо дар бораи онҳо маълумот надорем, сарф кунанд. Дар умум харҷи умумии яксолаи газетаи “Нури маърифат” 250 000 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин ҳисобҳоро мо ба ҳадди максималӣ ҳисоб кардем. Бовар дорем, ки дарвоқеъ харҷи яксолаи ин газета аз ин ҳам камтар аст. Чун тавре ки гуфтем мо ҳамаи хароҷотҳоро ба ҳадди болоӣ ҳисоб кардем ва ҳамчунин хароҷотҳои иловагиро дар назар гирифтем.  Акнун барегардем, ба маблағи умумие ки донишҷӯён барои обуна пардохт мекунанд. 700 000 сомонӣ. Аз ин маблағ хароҷоти яксола барои нашри “газетаро кам мекунем. 700 000 – 250 000 = 450 000 сомонӣ. Дуруст аст? ЧОРСАДУ ПАНҶОҲ ҲАЗОР сомонӣ маблағи боқимонда аз обуна аслан куҷо меравад? Кӣ онро “обу лой” ва ё “обу хок”  мекунад? Ин тиҷоратро дар ДДХ кӣ “крутить мекунад? Ректор? Ё кадом кас ё гурӯҳи дигар? Чаро масъулини донишгоҳ ба чашми мардум хок мепошанд? Ин миқдор маблағи зиёдро аз киссаи фарзандони мардум гирифта, ба куҷо сарф мекунанд? Шояд аз ҳисоби ин маблағ кадоме ба фарзандаш мошин ва ё хона харида дода истодааст?! Кӣ ҷавоби инро  мегӯяд?“Шағоле бо ҳамҳамаю дабдабаи шер”Ё чаро тиражи як рӯзномаи донишгоҳӣ баробари рӯзномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бояд бошад?Барои он ки бо зиёд намудани тираж аз фарзанди мардум имкони ҷамъоварии маблағи ҳангуфти бедардимиён мавҷуд ҳасту онро баъдан “обу лой” кардан осон аст? Шумо боре андеша кардаед, ки шумораи газетаи донишгоҳии “Нури маърифат”-и ДДХ аз тиражи газетаи сатҳи вилоятӣ бештар аст? Не?! Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки Газетаи МИҲД вилояти Суғд “Ҳақиқати Суғд” бо ин қадар муҳимият ва мӯҳтаво ҳамагӣ бо тиражи 8 000 нусха чоп мешавад. Дар ҳоле ки “Нури маърифат” бо вуҷуди як газетаи сатҳи донишгоҳӣ будан, бо обунаи маҷбурӣ бо тиражи 10 000 нусха чоп мешавад. Яъне агар мантиқан фикр кунем, ин аз як газетаи сатҳи вилоятӣ баландтар ҳисоб кардани як газетаи сатҳи донишгоҳӣ нест? Ва ё  бо ин қадар шумора дар ҳисоботҳо ҳамҳамаю дабдабаи зиёдати кардан нест? Ҳам ину ҳам он. Иловатан зиёд кардани шуморо ва ба гардани донишҷӯю муаллими донишгоҳ бор кардани пули обуна як роҳои ҷамъоварии маблағи зиёди бедардимиён баъдан бе мушкил “обу лой” кардани ҳамин миқдор маблағ.ХулосаАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамавора мардуми кишварро барои сарфакорӣ ва истифодаи дурусти захираҳои молӣ ҳидоят мекунанд. Ҳангоми таъини кадрҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда низ аз ҳар як роҳбар талаб мекунанд, ки барои ободии ин диёри ҷаннатмакон – Тоҷикистони ояндамеҳвар софдилона, поквиҷдонона ва аз таҳти дил кор кунанд. Судури ҳама гуна амру қарор ва қонунҳо дар кишвар барои беҳбудии сатҳи накӯҳволии мардум равона шуда, аз ҷумла ғояи асосии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”  маҳз барои сарфакорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст. Албатта “обу лой” кардани маблағи обуна дар донишгоҳ чандон ба Қонуни танзим рабт надорад. Вале дар ҷавҳари он ҳам сарфакорӣ қарор дорад.  Агар дар сухан ҳарчанд аз сарфакорӣ гӯему дар амал алорағми қонунҳои амалкунандаи кишвар ва гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат кор карда, бо ҳар роҳу восита ва усулу шева аз мардум маблағ ҷамъ кунему ба ҷайби шаҳрвандон ҷабр кунем, ин хокпошие ба чашми роҳбари давлат ва боварии халқ беш нест. Ба таваҷҷӯҳи масъулини  мақомоти прокуратура, палатаи ҳисоб,  ва дигар мақомотҳои ваколатдорӣ давлатӣ, ки салоҳияти назоратӣ дар самти истифода ва сарфаи маблағҳо буҷетӣ,  маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва махсус доранд, расонида мешавад, ки ин масъаларо мавриди санҷиш қарор диҳанд ва то куҷо шаффоф истифода шудани маблағҳои обунаи донишҷӯёну устодони ДДХ ба рӯзномаи “Нури маърифат” таҳқиқ намоянд.P.S. Бовар дорам, ки баъди нашри ин мақола ва фош шудани асрори “бизнеси газета” дар ин муассисаи давлатӣ, донишгоҳ бо ташкили гурӯҳҳои вижа ва маъракаи васеъи вокуниншнависӣ ба ин навиштаро пиёда мекунад ва мо донишҷӯёро шояд ба дурӯғгӯи муттаҳам ҳам кунад. Аммо… Мо ба таври ошкор ҳисобу китоби ин масъаларо кардем ва ҳеҷ пӯшидагӯиву “дурӯғбофӣ”-е дар ин ҷо аслан, ки вуҷуд надорад. Ҳатто ҳафтафаҳм ҳам мефаҳмад, ки инҷо маблағи зиёдеро “калонмушҳо” ба куҷое пинҳон мекунанд.  Хулоса як: дар донишгоҳ обунаи иҷборӣ ба газетаи кӯчаку камарзиш хусусияти “тиҷоратӣ” барои гурӯҳҳои махсус ва  шахсиятҳои муайян дораду бас!

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.