Хона блог саҳифа 74

Шӯрои Амният тарҳи Трамп барои Ғаззаро тасдиқ кард

0

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми душанбе тарҳи пешниҳод намудаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар мавриди поён додани ҷанг дар Ғаззаро расман таъйид кард.

Аз 15 узви Шӯрои Амнияти СММ 13 раъй ба ҷонибдории қатънома овоз дода, 2 раъй – Русия ва Чин – бетараф овоз доданд, вале аз ҳаққи вето ҳам истифода накарданд.

Трамп дар ин тарҳи сулҳ барои Ғазза ба чанд нуктаи муҳиме ишора намудааст, ки аз ҷониби кишварҳои арабӣ ба хубӣ пазируфта шудааст. Аммо ҲАМОС инро рад кард. Ҳамзамон бо ҲАМОС, дигар гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ низ тарҳи Трампро рад карда, мегӯянд, ба бандҳои тарҳи қаблӣ иловаҳо ворид шуда, манофеи мардуми Фаластин ба инобат гирифта нашудааст.

Тарҳи пешниҳоднамудаи Трамп, ки Шӯрои Амният тасвиб кард, чанд бандеро дар бар мегирад, ки чорчӯби умумии идора ва амнияти Ғаззаро баъди таваққуфи ҷанг мушаххас мекунад. Аз ҷумла ташкили Шӯрои сулҳ ва нерӯҳои байналмилалии муваққатӣ дар ин борика аз бандҳои асосии ин тарҳи тасдиқшуда мебошанд.

Аз ҷумла дар тарҳи мазкур ин бандҳо зикр шудаанд: 

. Таъсиси Шӯрои байналмилалии сулҳ, ҳамчун як ҳайати идоракунии интиқолӣ, ки азнавсозии Ғаззаро назорат мекунад.

. Омода сохтани пулиси фаластинӣ барои идораи Ғазза ва инчунин ободсозии Ғазза, ки тавонад роҳро барои ташкили давлати Фаластин дар оянда фароҳам кунад.

. Аз саргирии воридоти кумакҳои инсонӣ ба Ғазза дар ҳамоҳангӣ бо Шӯрои байналмилалии сулҳ. Шӯрои мазкур низ бе ҳамоҳангӣ бо Исроил ва Миср тасмимҳои худсарона гирифта наметавонад.

. Тамоми даромаду баромад ба Ғазза аз ҷониби Нерӯҳои байналмилалии сулҳ назорат мешавад.

. Барои барқарории сулҳу субот дар Ғазза силоҳ аз дасти ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои муқовимат гирифта мешавад ва пулиси фаластиние, ки бояд омода карда мешавад, барои ҷорӣ кардани тартибот дар Ғазза омода мешавад.

. Инчунин бо шуруи кори Шӯрои байналмилалӣ, артиши Исроил марҳила ба марҳила аз Ғазза хориҷ мешавад.

. Шӯрои байналмилалии сулҳ то 31-уми декабри соли 2027 фаъолият мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Исроил ба хотири вуҷуди банди “ташкили давлати Фаластин дар оянда” эътироз намуда, мегӯяд, ба ин кор ба ҳеч ваҷҳ розӣ нахоҳад шуд. Ҳамзамон ҲАМОС мегӯяд, тағйироти ҷиддие ба ин тарҳ ворид шудааст, ки ба манфиати мардуми Фаластин нахоҳад буд.

Гуфтугӯи Тоҷикистону Толибон дар бораи мушкилоти марзӣ

0

Намояндагони Тоҷикистон ба мақомдорони Толибон аз ҳалли мушкилоти марзӣ тариқи ҳамдигарфаҳмӣ гуфтаанд. 

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ ва наздик ба Толибон, 17-уми ноябри соли ҷорӣ ҳайати Тоҷикистон дар Кобул бо Нуруллоҳ Нурӣ, вазири умури сарҳадот, ақвом ва қабоили ҳукумати Толибон мулоқот намуда, ҷонибҳо масоили амниятӣ, мушкилоти марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, Абдулвоҳид Мирзозода, муовини аввали Кумитаи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфта, ки Тоҷикистон мехоҳад ҳамкориҳояшро бо Афғонистон, бахусус дар бахши иқтисод густариш диҳад. Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки мардуми ду тараф хоҳони амният ҳастанд ва бояд мушкилоти мавҷуда дар хатти марз аз тариқи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шавад.

Дар идомаи ин мулоқот мақомдори Толибон Нуруллоҳ Нурӣ иддао кардааст, ки онҳо бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон мубориза бурда истодаанд ва субот дар марзи муштарак нақши муҳиме дар амнияти ду кишвар дорад.

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо намояндаҳои марзбонии Толибон дар ҳолест, ки чанд моҳи охир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон миёни марзбонон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ задухурдҳо рух дода, чанд нафар куштаву захмӣ ҳам шуда буданд.

Пас аз ин даргириҳо дар расонаҳо наворе нашр гардид, ки дар он марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ буд. То ҷе, ки ҷонибҳо якдигарро барои ҷой додани мухолифони ҳамдигар дар кишварҳояшон муттаҳам карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати иборат аз 14 мақомдори тоҷик барои мулоқот бо мақомдорони Толибон ба Кобул рафтаанд ва ба ғайр аз дидор бо Нуруллоҳ Нурӣ бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи ҳукумати Толибон низ гуфтугӯ кардаанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ин ҳайат бо Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ин гурӯҳ мулоқот кунад.

Гуфта мешавад, ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст. Аммо расонаҳои афғонӣ ва наздик ба ҳукумати Толибон мегӯянд, ки ҳадафи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Кобул музокира бо мақомоти Толибон барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳои оянда, тарҳҳои муштарак ва муносибатҳои минтақаӣ буда, фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе, ки то ҳол он дар дасти ҳукумати қаблии Афғонистон аст ва вогузории он ба ҳукумати Толибон аз мавзуъҳои дигари ин дидорҳо будааст.

Пеш аз сафари ин ҳайаити иборат аз 14 мақомдори тоҷик ба Кобул, расонаҳо борҳо аз рафтуомади намояндаҳои дипломатӣ ва амниятии ду ҷониб ба кишварҳои якдигар хабар дода буданд.

Хомӯшии ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад ва борҳо аз ҳукумати Толибон интиқод ҳам карда буд.

Паёми пушаймонии ҷавони тоҷик аз майдони ҷанг

0
Screenshot

Як ҷавони тоҷик бо нашри наворе, ки худ либоси низомӣ дорад ва эҳтимол дар ҷанги Русия алайҳи Украина иштирок дорад, аз қарордод бастану ба ҷанг рафтанаш изҳори пушаймонӣ мекунад.

Навори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ нашр шудааст. Ӯ дар навор бо чеҳраи хаста ва овози шикаста ба ҷавонони тоҷик муроҷиат мекунад ва онҳоро ба таҳсилу мондан дар Тоҷикистон даъват мекунад.

Ин ҷавон мегӯяд, ки бо қарордод ба ҷанг омадааст, аммо ҳоло пушаймон аст: “Ман хато кардам… Ҳолам бисёр бад аст, аз субҳ то шом гурусна ҳастам”. Ӯ таъкид мекунад, ки ҷавонон бояд дар фикри ҷанг набошанд, дониш биомӯзанд ва дар назди падару модарашон бошанд.

Ин навор дар ҳоле нашр мешавад, ки борҳо гузориш шудааст, зодагони Тоҷикистон дар ҷанг алайҳи Украина ширкат мекунанд. То кунун ҷасади чандин нафар ба Тоҷикистон интиқол ёфта, теъдоде ҳам дар дасти низомиёни Украина асир афтодаанд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол ба таври расмӣ ин мавзуъро шарҳ надодаанд, аммо аз гуфтаҳои ин ҷавони тоҷик бармеояд, ки аксари шаҳрвандони тоҷике, ки дар ҳолати ӯ қарор доранд, аз кори кардаи худ пушаймон шудаанд ва ба дигарон ҳушдор медиҳанд, ки иштибоҳи онҳоро такрор накунанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия соли 2022 ба хоки Украина ҳамла кард ва ҷанги густардаеро оғоз намуд, ки то имрӯз идома дорад. Тибқи оморҳои расмие, ки мақомоти Украина нашр карданд, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби Русия дар ин ҷанг ширкат кардаанд, ки то кунун даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Падар бо иттиҳоми куштори писараш 25 сол зиндонӣ шуд

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон Парвиз Одинаевро бо иттиҳоми азият ва куштори писари 15-солааш барои 25 сол равонаи зиндон кард.

“Asia-Plus” дар истинод ба манобеаш навишта, ки мурофиаи додгоҳии Одинаев 11-уми ноябри соли ҷорӣ баргузор шуда, додистон барои ӯ 27 соли зиндон талаб кардааст, аммо додрас бо ба инобат гирифтани фарзандони ноболиғи Одинаев, 2 сол аз талаби додситон камтар ҳукм содир кардааст.

Ин ҳукм дар асоси моддаҳои 104 (Одамкушӣ) ва 117 (Азобу уқубат)-и Кодекси ҷиноятӣ содир шуда, Парвиз Одинаев 25 соли ҳукмашро дар зиндони низомаш пурзӯр адо хоҳад кард. Аммо мақомот расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, худи Парвиз Одинаев ва пайвандонаш аз болои ҳукми додгоҳ шикояти кассатсионӣ бурдан намехоҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи ғамангезу пурдарди қатли писар аз ҷониби падар дар рӯзи 26-уми июли соли 2025 ҷомеаи Тоҷикистонро такон дода, вокунишҳои шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор оварда буд.

Он замон наворе нашр шуда буд, ки дар он дида мешуд Одинаев писари 15-солаи худ Хусравро барои иқрор шудан ба гуноҳи дуздии 600 сомонӣ ва нос кашидан истинтоқ мекунад ва ҳамзамон ӯро аз пойҳояш бо таноб ба мошин баста бар рӯи замин кашон-кашон мебарад ва шиканҷа мекунад. Баъдан маълум гардид, ки бар асари ин шиканҷаи сахт, писарак ҷароҳатҳои вазнин бардошта, аз ҳуш меравад. Ва падараш Одинаве ӯро бо он ҷароҳатҳо ба хонааш мебарад, аммо Хисрави навҷавон дар хона ҷон медиҳад.

Дертар Вазорати корҳои дохилии кишвар бо нашри изҳорот хабар дод, ки Парвиз Одинаев, сокини 40-солаи шаҳри Турсунзодаро боздошт кардааст.

Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо вазири хориҷаи Толибон

0

14 мақомдори тоҷик барои мулоқот бо мақомдорони баландпояи Ҳукумати Толибон ба Кобул рафтаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ, ин ҳайат шомили муовини аввали роҳбари нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фиристодаи вежаи Вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Раёсати сарҳадӣ, коршиноси аршади амнияти миллӣ, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон (ВМКБ), сардори Раёсати идораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомҳои амниятии Тоҷикистон буда, онҳо бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон мулоқот кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои сиёсӣ, робитаҳои Кобулу Душанбе ва беҳбуди сатҳи тиҷорат миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ин ҳайат бо Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ин гурӯҳ мулоқот кунад.

Ҷузъиёти дигаре аз нишасти ҳайати Тоҷикистон бо мақомдорони Толибон дастрас нест ва ҷониби Тоҷикистон ҳам то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.

Аммо расонаҳои афғонӣ ва наздик ба ҳукумати Толибон мегӯянд, ки ҳадафи сафари ин ҳайат ба Кобул музокира бо мақомоти Толибон барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳои оянда, тарҳҳои муштарак ва муносибатҳои минтақаӣ буда, фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе, ки то ҳол он дар дасти ҳукумати қаблии Афғонистон аст ва вогузории он ба ҳукумати Толибон аз мавзуъҳои дигари ин дидорҳо будааст.

Сафари ин ҳайати бузурги мақомдорони тоҷик ба Кобул дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз бо даъвати Толибон ва мулоқоташ бо волии ин вилоят Мулло Муҳаммадхон гузориш дода буданд.

Инчунин Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Душанбе сафар карда, бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон дидор карда буд. Саймумин Ятимов ҳам чанде пеш ба Кобул сафар кардаву бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст.

Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳорои намонядагони кишварро бо мақомдорони Толибон тасдиқ ё рад накардааст. Хомӯшии ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ҳолест, ки ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад ва борҳо аз ҳукумати Толибон интиқод ҳам карда буд.

Чанд моҳи охир дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон миёни марзбонон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ задахурдҳо рух дода, чанд нафар куштаву захмӣ ҳам шуда буданд.

Пас аз ин даргириҳо дар расонаҳо наворе нашр гардид, ки дар он марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ буд. То ҷе, ки ҷонибҳо якдигарро барои ҷой додани мухолифони ҳамдигар дар кишварҳояшон муттаҳам карда буданд.

Шӯрои Амнияти СММ имрӯз тарҳи ИМА барои сулҳи Ғаззаро баррасӣ мекунад

0

Қарор аст, имрӯз соати 17:00 ба вақти Ню-Йорк дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид тарҳи Трамп дар бораи сулҳи Ғазза тасдиқ шавад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳ бо чанд кишвари арабӣ ва мусалмонӣ, аз ҷумла Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия, Қатар, Урдун, Иморот, Индонезия ва Покистон рӯзи ҷумъа аз Шӯрои Амнияти СММ талаб карданд, ки тарҳи пешниҳодкардаи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро дар бораи поён додани ҷанг ва бунёди Ғазза ҳарчи зудтар қабул намояд.

Дар изҳороти муштараки ин кишварҳо зикр шудааст, ки онҳо “пуштибонии пурраи худро аз қатъномаи мавриди баррасии Шӯрои Амният” баён карда, хостори “қабули фаврии он” шуданд.

Ҳафтаи гузашта ИМА расман музокиротро дар дохили Шӯрои 15-нафараи Амният барои тасдиқи санаде оғоз кард, ки оташбасро дар ҷанги дусолаи Исроил ва ҲАМОС пайгирӣ намуда, таъсиси Шӯрои сулҳ — як ниҳоди идоракунии муваққатӣ барои як марҳилаи гузариш дар Ғаззаро пешбинӣ мекунад. Бар асоси пешнависи қатънома, ин Шӯро то соли 2027 фаъол хоҳад буд.

Ин санад инчунин ба кишварҳои узви СММ иҷозат медиҳад, ки “Нерӯи муваққатии байналмилалии устуворсозӣ (ISF)” таъсис диҳанд. Ин нерӯ бояд бо Исроил, Миср ва пулиси нави Фаластин ҳамкорӣ карда, амнияти марзҳо, кушодани гузаргоҳҳои инсонӣ, гирифтани силоҳ аз дасти ҲАМОС ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи фаластинӣ, инчунин таъмини амният дар Ғаззаро ба дӯш хоҳад дошт.

Бар хилофи тарҳҳои қаблӣ, дар ин пешнавис эҳтимолияти таъсиси давлати ояндаи Фаластин низ зикр шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Русия лоиҳаи қарори алтернативиро пешниҳод кардааст, ки таъсиси Шӯрои сулҳ ё фиристодани нерӯҳои байналмилалиро дар назар надорад. Ин матн фақат аз Дабири кулли СММ даъват мекунад, ки гузоришеро дар бораи имкони ҷойгиркунии нерӯҳои субот дар Ғазза омода кунад. Лоиҳаи Русия номи Доналд Трампро низ зикр намекунад.

ИМА ҳушдор дод, ки рад кардани пешниҳоди он метавонад ба баргашти ҷанги ҲАМОС бо Исроил ва идомаи мушкилоти мардуми Ғазза оварда расонад. Сафири ИМА дар СММ Майк Волтс изҳор дошта, ки “дур шудан аз ин роҳ боиси хисороти ҷиддии инсонӣ хоҳад шуд”.

Боздошти чанд талабаи мактаб барои кашидани чилим ва сигори электронӣ

0

Милитсияи пойтахт аз боздошти хонандагоне хабар дод, ки дар муассисаҳои таълимӣ ба масрафи чилим ва сигорҳои электронӣ машғул буданд.

Тибқи иттилои расмии Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, дар натиҷаи санҷишҳои ҳафтаи сипаришуда, кормандони самти кор бо ноболиғон 7 ҳолати вайронкунии интизоми дохилии муассисаҳои таълимиро ошкор намуданд.

ВКД-и шаҳри Душанбе мегӯяд, дар натиҷаи санҷиш чанд хонандаи мактабҳоро боздошт кардаанд, ки ба кашидани сигори электронӣ ва чилим дар дохили мактаб машғул будаанд. Вазорат аз боздоштшудаҳо Умаров А., Қарахонов Ё., Иззатуллоев И., Раҳмонов М., Зуҳуров М., Султонов А. ва Ҷабборов А. ном бурдааст.

Нисбат ба волидайни ноболиғон тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, парвандаҳо барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол шудаанд.

Мақомот мегӯянд, чорабиниҳои назоратӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт идома хоҳанд ёфт. Мақсад ҷилавгирӣ аз паҳншавии одатҳои номатлуб дар муҳити мактабӣ ва баланд бардоштани сатҳи тарбияи ахлоқии наврасон мебошад.

Ба гуфтаи шахсони огоҳ, ҳоло дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон, бахусус мактабҳои Душанбе ахлоқи ҷавонон то рафт бад мешавад. Истифодаи сигору чилим ва ҳатто даст задан ба анвои маводи махаддир низ роиҷ шудааст. Онҳо бар ин боваранд, ки ҳодисаи мазкур бори дигар сатҳи фаъолият ва барномарезии Вазорати маориф ва илми кишварро дар ростои таълиму тарбияи донишомӯзон зери суол бурда, аз бефаъолиятии масъулон ва буҳрони ахлоқии миёни наврасон ва ҷавонон шаҳодат медиҳад.

Ҷойивазкунии навбатии мақомдорон

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар чанде аз сафоратхонаҳои кишвар дар хориҷ ва як вазорат тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, имрӯз, 14-уми ноябр, Раҳмонов бо фармоне Завқӣ Завқизодаро аз мақоми Вазири рушди иқтисод ва савдо, ки дар ин вазифа аз соли 2020 кор мекард, барканор кардаву сафир дар ИМА таъйин кардааст.

Фаррух Ҳамрализода, ки панҷ соли ахир сафири Тоҷикистон дар ИМА буд, аз мақомаш барканор шудааву дар бораи таъин шуданаш ба мансаби дигар хабаре нест.

Вазири нави рушди иқтисод ва савдои кишвар Абдураҳмон Абдураҳмонзода, ҳамакнун собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе ва бародари Мизробшоҳ Абдураҳмонзода, додситони шаҳри Душанбе таъйин шудааст.

Инчунин дар пайи ин ҷойивазкуниҳо, Ҷамолиддин Убайдулло, писари собиқ раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлисии Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки то ин дам сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва Италия буд, аз вазифаи сафир дар Фаронса озод шудааст. Аммо чун Тоҷикистон дар Италия сафорати худро боз кардааст, Ҷамоллиддин сафири Тоҷикистон дар Италия боқӣ мемонад.

Ҳоло сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҷамшед Ҳомидзода, ки то ин дам сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, таъйин шудааст.

Бо фармони дигараш Раҳмонов, Идибек Қаландарро, ки аз соли 2017 сафири Тоҷикистон дар Австрия, Руминия, Словакия, Венгрия, Норвегия ва ҳамзамон намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА буд, аз мақомаш барканор карда, ба ҷойи ӯ Манучеҳр Ҷобирро сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин кардааст. Маълум нест сафири нави Австрия ҳамзамон дар мақомҳои дигаре, ки Идибек Қаландар дар онҳо кор мекард, соҳиб хоҳад шуд ё на.

Дар ҳамин ҳол сомонаи расмии Президент аз иваз шудани консулҳои генералии Тоҷикистон дар чанд шаҳру вилоятҳои Русия хабар додааст.

Аз ҷумла, Хуршед Шерализода, ки то ин дам ёвари вазири корҳои хориҷӣ буд, консули генералӣ дар Санкт-Петербург шудааст. Ӯ писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноат консули генералии Тоҷикистон буда, бародараш Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва домоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Инчунин бори аввал як зан консули генералӣ шудааст. Зарина Исмоилзода, ки муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ буд, консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирски Русия таъйин шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи маъмул, дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисос ва донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонаводаи ӯ аст. Аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд ва ё кадрҳои нав мақомҳоро бо пули калоне мехаранд.

Пулиси Душанбе дар 15 мактаб корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронд

0

Пас аз муноқишаи гурӯҳии ноболиғон, ки ян наврас кушта ва як каси дига захмӣ шуд, мақомоти пулиси пойтахт чораҳои пешгирӣ аз ҷинояткориро роҳандозӣ кардаанд.

Бо иштироки кормандони милитсия, намояндагони Додситонии шаҳри Душанбе, масъулони соҳаи маориф ва бахши кор бо ноболиғон дар беш аз 15 муассисаи таълимии ноҳияи Фирдавсӣ вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардидааст.

Дар ин мулоқотҳо сабабу паёмадҳои ҳодисаи рухдода, мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки ғамхории кам ва назорати нокифояи волидайн яке аз омилҳои асосии даст задани наврасон ба рафторҳои хатарнок мебошад. Масъулон аз волидон тақозо карданд, ки назорат ва масъулияти худро бештар намуда, барои пешгирии оворагардию кордбадаст гаштани ноболиғон, бозиҳои компютерии зиёдатӣ ва амалҳои зиддиҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба ин мавзуъ, пулиси шаҳри Душанбе иттилоъ дода, ки танҳо дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 312 падару модар барои таълиму тарбияи нодурусти фарзандон ҷарима шудаанд. Онҳо бар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (иҷро накардани уҳдадории таълиму тарбияи кӯдак) ҷазо гирифтаанд.

Тибқи қонунгузорӣ, ин намуди ҳуқуқвайронкунӣ аз 750 сомонӣ ҷарима то 10 рӯзи ҳабсро дар бар мегирад.

Мақомот мегӯянд, ки чунин чораҳо бо мақсади пешгирии такрори ҳодисаҳои нохуш ва таъмини амнияти наврасон дар пойтахт идома хоҳанд ёфт.

Ин мушкили барқ кай ҳал мешавад? Шикояти сокинон аз бебарқӣ

0
Коллажи-Asia-Plus

Баъзе сокинон аз вилояти Суғд ва Хатлон аз он шикоят доранд, ки аз ҳоло барқ надоранд ва дар як шабонарӯз тақрибан аз 2 то 4 соат ба онҳо барқ дода мешавад.

Як бошандаи ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон ба Azda tv гуфт: “Имсол аз моҳи сентябр “лимит” ҷорӣ шуд. Ҳоло баъзе шабҳо пас аз намози хуфтан агар хоҳанд барқро барои як ё ду соат медиҳанд, ҳатто телефонҳоямонро пур карда наметавонем. Дар як шабонарӯз 8 соат гуфтаанд, лекин 2 соат шаб, 1 соат рӯз медиҳанд.”

Агарчи масъулони “Барқи тоҷик” ба мардум сабаби ин бебарқии шадидро шарҳ намедиҳанд, аммо ба назари сокинони кишвар, мадум ҳам одат кардааст ва ин масъаларо, бо вуҷуде, ки азоб мекашанд, чандон сахт намегиранд.

Дар ҳамин ҳол аз “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфтаанд, ки сабаби бебарқӣ кам шудани сатҳи об дар обанбори “Норак” аст. Масъулони ин ниҳод таъкид кардаанд, ки сатҳи об “нисбат ба соли гузашта 2 метру 47 сантиметр кам шудааст.” Ба назари корбарон, ин суханест, ки ҳар сол масъулони ниҳоди мазкур барои шона холӣ кардан аз масъулият чунин мегӯянд.

Мақомот омода нестанд сари вақт мардумро аз ҷорӣ шудани “лимит” расман огоҳ кунанд ва онро эътироф надоранд. Вале хабаргузории давлатии “Ховар” 13-уми ноябр бо нашри хабаре аз ҷаласаи гурӯҳи кории филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ”, ки дар он масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ баррасӣ шудааст, аз забони масъулин тасдиқ кард, ки “лимит” ҷорӣ шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур масъулин гуфтаанд, ки бо сабаби назорати сахт болои истифодабарандагон “ҳаҷми ҷамъоварии маблағи истифодаи нерӯи барқ дар соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 1 миллиарду 342 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.” Ин дар ҳолест, ки сокинон аз бебарқӣ шикоят доранд, аммо масъулин бошанд, аз ин ки тавонистаанд пули бештаре аз мардум ҷамъоварӣ кунанд, шодӣ доранд.

Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ суол мегузоранд, ки агар сатҳи об дар обанборҳо кам шуда бошад, ин чӣ ҳукумату ҳукуматдорӣ аст, ки захира надорад ё захирааш ба як моҳи зимистон ҳам намерасад? Дар ҳоле, ки дар тобистон зимни ироаи оморҳояшон мегӯянд, имсол миқдор нерӯи барқи иловагӣ тавлид шудааст, вале дар зимистон ин нерӯҳои тавлидшудаи иловагӣ куҷо мешаванд, ки пеш аз расидани фасли сармо дигар мардум барқ надоранд? Яъне, агар фарзияи мақомотро ҳам бовар кунем, наход баробари камшудани об дар ҳол барқ аз сокинон қатъ шавад?

Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон солона даҳҳо ҳазор киловат-соат барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон мефурӯшад. Моҳи августи имсол Эмомомалӣ Раҳмон дар суханроние гуфт, ки аз рӯзи бунёди аввалин чархаи “Роғун” дар соли 2018 то имрӯз ин нерӯгоҳ 9,1 миллард киловат-соат барқ истеҳсол кардааст. Сокинон ҳам ҳаминро мепурсанд, ки ин миқдор нерӯи барқ куҷо меравад, ки аҳолӣ солона 6-7 моҳ барқ надорад?