Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо вазири хориҷаи Толибон

14 мақомдори тоҷик барои мулоқот бо мақомдорони баландпояи Ҳукумати Толибон ба Кобул рафтаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонӣ, ин ҳайат шомили муовини аввали роҳбари нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фиристодаи вежаи Вазорати корҳои хориҷӣ, сардори Раёсати сарҳадӣ, коршиноси аршади амнияти миллӣ, муовини аввали раиси вилояти Бадахшон (ВМКБ), сардори Раёсати идораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомҳои амниятии Тоҷикистон буда, онҳо бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон мулоқот кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои сиёсӣ, робитаҳои Кобулу Душанбе ва беҳбуди сатҳи тиҷорат миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ин ҳайат бо Муҳаммад Ҳасан Охунд, раиси вазирони Толибон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти ин гурӯҳ мулоқот кунад.

Ҷузъиёти дигаре аз нишасти ҳайати Тоҷикистон бо мақомдорони Толибон дастрас нест ва ҷониби Тоҷикистон ҳам то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.

Аммо расонаҳои афғонӣ ва наздик ба ҳукумати Толибон мегӯянд, ки ҳадафи сафари ин ҳайат ба Кобул музокира бо мақомоти Толибон барои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ, ҳамкориҳои оянда, тарҳҳои муштарак ва муносибатҳои минтақаӣ буда, фаъолияти Сафорати Афғонистон дар Душанбе, ки то ҳол он дар дасти ҳукумати қаблии Афғонистон аст ва вогузории он ба ҳукумати Толибон аз мавзуъҳои дигари ин дидорҳо будааст.

Сафари ин ҳайати бузурги мақомдорони тоҷик ба Кобул дар ҳолест, ки чанде пеш расонаҳо аз сафари як ҳайати дигари Тоҷикистон зери раҳбарии Заробиддин Файзуллозода, муовини раиси вилояти Хатлон ба шаҳри Қундуз бо даъвати Толибон ва мулоқоташ бо волии ин вилоят Мулло Муҳаммадхон гузориш дода буданд.

Инчунин Юсуф Вафо, волии вилояти Балх ба Душанбе сафар карда, бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон дидор карда буд. Саймумин Ятимов ҳам чанде пеш ба Кобул сафар кардаву бо мақомдорони Толибон вохӯрдааст.

Бояд гуфт, мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ як аз ин сафару дидорҳорои намонядагони кишварро бо мақомдорони Толибон тасдиқ ё рад накардааст. Хомӯшии ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ҳолест, ки ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад ва борҳо аз ҳукумати Толибон интиқод ҳам карда буд.

Чанд моҳи охир дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон миёни марзбонон бар сари тағйири маҷрои рӯди Ому ба иллати заршӯйӣ задахурдҳо рух дода, чанд нафар куштаву захмӣ ҳам шуда буданд.

Пас аз ин даргириҳо дар расонаҳо наворе нашр гардид, ки дар он марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ буд. То ҷе, ки ҷонибҳо якдигарро барои ҷой додани мухолифони ҳамдигар дар кишварҳояшон муттаҳам карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.

Нигаронии Душанбе ва Маскав аз вазъи Афғонистон

Русия ба Тоҷикистон дар робита ба авзои ахири амниятӣ дар Афғонистон ва инчунин бораи таъмини амнияти марзҳо итминон дод.

Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои ноболиғон дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз афзоиши истифодаи телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ноболиғон пешниҳод кард, ки ин масъаларо мақомот баррасӣ кунанд.

Дар 29 сол 29 ҳазор мутахассис бо квотаи президентӣ: чандтои онҳо сари коранд?

Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.