Шаби 10-уми ноябр Русия бо истифода аз мушакҳо ва паҳподҳои интиҳорӣ чанде аз минтақаҳои Украина ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дод.
Тавре Қувваҳои ҳавоии Украина хабар медиҳад, дар ин ҳамла аз ду мушаки аэробалистикии навъи “Кинжал”, панҷ мушаки С-300 ва С-400, ҳамчунин 67 паҳподи интиҳории “Шоҳид»”, “Гербера” ва дигар намудҳо истифода шудааст.
Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, нерӯҳои дифои зиддиҳавоии Украина то соати 09:30 субҳ тавонистаанд 52 паҳподи ҳамлагари русиро дар қисматҳои шарқӣ, ҷанубӣ ва маркази кишвар нобуд созанд. Бо вуҷуди он, 15 паҳпод дар 9 мавзеъ ба ҳадаф расидаанд ва талафоту харобиҳо ба бор овардаанд.
Манобеи маҳаллӣ аз зарбаи паҳподҳо ба вилояти Одесса низ хабар доданд, ки дар натиҷа як манзили истиқоматӣ осеб дидааст.
Ҳамлаҳои шабонаи Русия ба Украина дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти низомии Украина, вазъ дар ҷабҳаҳо мураккаб боқӣ монда, бахусус давоми чанд ҳафтаи ахир Маскав бо истифода аз мушакҳо ва паҳподҳо зерсохторҳои энергетикӣ ва низомии Украинаро ба шиддат мавриди ҳамла қарор додааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико барои хотимаи ҷанг миёни Русия ва Украина бо Владимир Путин мулоқот анҷом дод, вале зоҳиран ин мулоқот бенатиҷа поён ёфт ва пас аз ин вохӯрӣ ҳамлаҳои Русия ба Украина афзоиш ёфтааст.
Ба гуфтаи коршиносон, Путин дар ин мулоқот мутмаин шуда, ки Амрико дар ин ҷанг бо Русия рӯ ба рӯ нахоҳад шуд ва Маскав танҳо бо Аврупо тараф аст. Аз ин рӯ, Маскав на танҳо ҳамлаҳои худро ба Украина шиддат бахшид, балки ба осмони кишварҳои аврупоии узви НАТО аз Лаҳистону Литва то Олмон паҳподҳои ҷосусии худро фиристод.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ изҳор дошт, ки ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА як самти муҳими сиёсати хориҷии кишвар аст ва Душанбе омода аст муколамаро дар ҳамаи соҳаҳои муҳим густариш диҳад. Ӯ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир даҳҳо ширкат бо сармояи амрикоӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд, вале имконот барои ҳамкориҳои иловагӣ ҳанӯз зиёданд.
Дар ҷараёни мулоқот, роҳбарони ду кишвар инчунин масоили амниятӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баррасӣ карданд.
Бояд гуфт қабл аз мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп, мухолифони тоҷик ва чанд созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп хоста буданд, ки риояи ҳуқуқи инсон дар маркази гуфтугӯҳо худ қарор диҳанд.
Дар шаҳри Красноярск мақомоти прокуратура як навраси 17-солаи Тоҷикистонро пайдо кардаанд, ки бе ҳуҷҷат ва бе ойла дар ин шаҳр зиндагӣ мекардааст.
Ба иттилои прокуратураи вилояти Красноярск, ин наврас баҳори соли ҷорӣ ба Русия омадааст ва ба мақомот гуфтааст, ки “мехост шаҳрро бубинад ва қобилияти худро нишон диҳад”. Аммо дар тӯли чанд моҳ ӯ на таҳсил кардаасту на ҷое ба кор даромадааст. Муҳлати қонунии иқомати ӯ дар Русия низ ба поён расидааст.
Пулиси шаҳр мегӯяд, барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират, нисбати наҷавони тоҷик ҷаримаи маъмурӣ таъин шуд. Чун ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки ӯ дар Русия бе ҳуҷҷатҳои расмӣ ва бе намояндаи қонунӣ (Падар Модар) қарор дорад.
Пас аз дахолати прокуратура, қарор бозбинӣ шуда, наврас ихтиёран Русияро тарк намуда, ба назди волидонаш дар Тоҷикистон баргаштааст.
Ҷузъиёти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест. Мақомот нагуфтаанд, ки наҷавон аз рӯзи омаданаш ба Русия дар чӣ шароит ва аз кадом ҳисоб зиндагӣ кардааст ва ҳамчунин маълум нест, ки падар ва модараш аз сафар ӯ ба Русия огоҳ будаанд ё на.
Ин дар ҳоле аст, ки борҳо падару модарон аз гум шудани фарзандонашон баъди рафтан ба Русия хабар медиҳанд ва бо дархост ба мақомоти дахлдор ва тавассути интернет ба ҷустуҷӯи фарзандонашон мепардозанд.