9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 8

Созмонҳои ҳуқуқӣ: Шумори қурбониёни эътирозҳои Эрон бештар аз омори расмӣ аст

0

Рӯзи 1-уми феврал мақомоти расмии Эрон номи 2986 нафарро нашр карданд, ки дар эътирозҳои охир кушта шудаанд.

Ин дарҳоле аст, ки пештар ҳукумати Эрон эълон карда буд, дар ҷараёни нооромиҳо беш аз се ҳазор нафар ҷон бохтаанд, аммо созмонҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, ҷонбохтагон дар эътирозҳои ахир ба маротиб бештар аз омори расмӣ мебошад.

Созмони ҳуқуқи башари “HRANA” хабар медиҳад, ки то охири моҳи январ кушта шудани ҳазорон эътирозгар сабт шудааст ва санҷишу муайянсозии даҳҳо ҳазор ҳолати дигар ҳамоно идома дорад.

Ба гуфтаи ин ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ, маҳдуд шудани дастрасӣ ба интернет, фишор ба хонаводаҳои қурбониён ва набудани имкони кори озоди расонаҳои мустақил дар минтақаҳои ноором, монеаи муайян кардани омори дақиқи ҳалокшудагон шудааст. Бархе расонаҳои ғарбӣ низ бо такя ба манобеи огоҳ навиштаанд, ки шумори воқеии қурбониён метавонад чанд баробар бештар аз рақамҳои эълонкардаи мақомот бошад.

Аммо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон иддао доранд, ки нерӯҳои амниятӣ дар кушта шудани эътирозгарон нақше надоштаанд ва кушташудани эътирозгаронро кори гурӯҳҳои ба гуфтаи онҳо “террористӣ” медонад. Дар ҳоле ки ниҳодҳои ҳуқуқи башар бо ишора ба наворҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки нерӯҳои амниятӣ ва афроди мусаллаҳи бо либоси мулкӣ мустақиман ба сӯи тазоҳургарон тир мекушоянд.

Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои хиёбонӣ дар Эрон аз охири моҳи декабр оғоз шуда, дар оғоз бештар хусусияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доштанд, вале баъдтар ба як ҳаракати густурдаи зиддиҳукуматӣ табдил ёфтанд. Ба навиштаи расонаҳои байналмилалӣ, посухи мақомот ба ин тазоҳурот саркӯби сахт ва маргбор буд, ки вокуниш ва нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овардааст.

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон 37% афзоиш ёфтааст

0

Дар Тоҷикистон давоми соли 2025 ҳаҷми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 37% ва дар умум ҷиноятҳои марбут ба ин самт 20% афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора рӯзи 2-юми феврали соли ҷорӣ Самад Зафар, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ниҳоди зери раҳбарияш дар 2025, 116 ҷинояти марбут ба қочоқи маводи мухаддирро ошкор карда, ки ин омор нисбат ба соли 2024, 19% ё 22 ҷиноят бештар аст.

Ба маълмуоти Самад Зафар, Агентии назорати маводи нашъаовар дар соли гузашта 689 килову 647 грамм маводи мухаддирро кашф ва мусодира кард, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024 37% ё 185 кило бештар мебошад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии кишвар дар соли 2025, 23 ҳазору 452 ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин омор дар соли 2024, 22 ҳазор 314 ададро ташкил медод. Аз ин шумора 1003 ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2024, 20% бештар мебошад.

Директори Агентӣ зимни ироаи оморҳо афзуд, ки дар соли гузашта ҳангоми гузарондани амалиётҳои махсус 5 тоннаву 280 кг маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст, ки нисбат ба соли 2024, 21% зиёд мебошад. Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2024 мақомот дар маҷмуъ 4 тоннаву 381 кг маводи нашъаовар мусодира карда буданд.

Дар соли 2025 қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон 2 тоннаву 742 кг-ро ташкил додааст, дар ҳоле, ки ин нишондод дар соли 2024, 1 тоннаву 824 кг буд. Бо ин ҳол мақомоти Агентии назорати маводи мухаддир вазъияти имсоларо “нигаронкунанда”, арзёбӣ мекунанд.

Дар соли гузашта 583 ва дар соли 2024, 850 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ бо ҷурми содир намудани маводи мухаддир дар ҳаҷми 208 кг дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, дар байни дастгиршудагон 9 нафарашон зан мебошанд.

Тибқи оморҳои ин ниҳод, бар иловаи афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар соли 2025, инчунин сатҳи нашъамандии шаҳрвандон низ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ин ниҳод дар омораш таъкид кард, ки дар соли 2025 барои бори аввал аст, ки муассисаҳои наркологии кишвар наздики 350 нафарро расман сабти ном мекунанд.

Соли 2025 истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон 6,5% афзоиш ёфт, вале “лимит” ҳам сахттар шуд

0

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмияш рӯзи 28-уми январ омори соли 2025-ро нашр кард.

Ин вазоратхона дар матлаби омории худ навишта, ки корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” қариб 60 дарсад ба анҷом расида, баландии он ба 151 метр баробар шудааст. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки пас аз насби ду агрегати муваққатии НБО-и “Роғун” аз замони баистифодадиҳӣ то 31-уми декабри соли 2025-ум 9,9 миллиард кВт·соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст.

Аммо, ба иттилои ин ниҳод, дар умум тамоми нерӯгоҳҳои барқи обии кишвар соли 2025, 23 млрд 982,6 млн кВт·соат нерӯи барқ истеҳсол кардаанд, ки ин омор нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 554,9 млн кВт·соат ё 6,5 % зиёд мебошад.

Вазорат мегӯяд, дар соле, ки гузашт, ҳаҷми умумии содироти нерӯи барқ 5 млрд 356,1 млн кВт·соатро ташкил дод, ки ин омор нисбат ба соли 2024 ба андозаи 1 млрд 454,4 млн кВт·соат ё 37,3 дарсад зиёд аст. Аз ин миқдор, 2 млрд 666,4 млн кВт·соаташ содироти тиҷоратии нерӯи барқ буда, 912,8 млн сомониро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2024 ба андозаи 188 млн кВт·соат ё 7,6 дарсад зиёд мебошад.

Содироти тиҷоратӣ ба кишварҳои зерин интиқол дода шудааст:
• ба Афғонистон – 1 млрд 760,3 млн кВт·соат ба маблағи 742,3 млн сомонӣ;
• ба Ҷумҳурии Узбекистон – 894,7 млн кВт·соат ба маблағи 169,8 млн сомонӣ;
• ба Ҷумҳурии Қирғизистон – 11,5 млн кВт·соат ба маблағи 1,2 млн сомонӣ.

Дар омори вазорат таъкид мешавад, ки беш аз 90 %-и нерӯи барқи ба хориҷ содиршуда дар моҳҳои апрел-сентябр сурат гирифтааст.

Ҳамзамон қайд шуда, ки ҳаҷми воридоти нерӯи барқ дар ин давра 2 млрд 701,9 млн кВт·соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 1,1 млрд кВт·соат ё 67 дарсад зиёд мебошад. Аз ин ҳаҷм, 2 млрд 688 млн кВт·соат аз Ҷумҳурии Узбекистон ва 13,9 млн кВт·соат аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шудааст.

Ин ниҳод дар омораш талафоти нерӯи барқро 3 млрд 992 млн кВт·соат гуфтааст, ки нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 482 млн кВт·соат ё 3,6 % кам мебошад.

Вазорати энергетикаи кишвар мегӯяд, маблағи истифодаи барқ аз ҳисоби аҳолӣ, ки он 2,4 млрд сомониро ташкил медиҳад,100% ҷамъоварӣ шудааст, аммо ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби истифодабарандагони бахши саноат, ки 3,5 млрд сомонӣ гуфта мешавад, то 98% сурат гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ниҳодҳои марбутаи тақсимоти барқ, аз ҷумла ширкати “Барқи тоҷик” ҳамеша аҳолиро қарздори асосӣ медонад ва аммо аз корхонаҳои бузурги кишвар, ки ба шахсони аввали ҷумҳурӣ тааллуқ доранд ва миллионҳо сомонӣ пули барқро пардохт накардаанд, чизе намегӯянд.

Алалхусус, Вазоарти энергетики кишвар дар ин омораш аз корхонаҳои бузурге, ки қарздоранд ва то ҳанӯз пули истифодаи нерӯи барқро пардохт накардаанд, зикр кардааст. Дар ин омор гуфта мешавад, то 31-уми декабри соли 2025 маблағи қарзи дебитории нерӯи барқ бо назардошти қарзҳои солҳои пешин 3 млрд 634,8 млн сомонӣ, аз ҷумла, аҳолӣ 1 млрд 161,7 млн сомонӣ, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” 823,8 млн сомонӣ, корхонаю хоҷагиҳои кишоварзӣ 246,1 млн сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 279,7 сомонӣ ва дигар корхонаҳо 1 млрд 123,6 млн сомониро ташкил медиҳад.

Ба назари коршиносон, маълумоти аз ҳама тааҷҷубоваре, ки дар ин омор зикр мешавад, ин ҳаҷми содирот ва воридоти нерӯи барқ ба Узбекистон ва Қирғизистон аст. Масалан, агар ҳаҷмии умумии содироти барқ ба хориҷ аз кишвар 2 млрд 666,4 млн кВт·соатро ташкил дода бошад, танҳо аз Узбекистон 2 млрд 688 млн кВт·соат гашта ворид шудааст. Ва ба Қирғизистон агар 11,5 млн кВт·соат содир карда бошанд, аммо 13,9 млн кВт·соат ворид кардаанд. Яъне, Тоҷикистон 35,5 млн кВт·соат бештар аз захираҳои худро мефурӯшад. Вале агар он 4 млрд кВт·соате, ки талаф шудааст, идораи дуруст шавад, шояд кишвар маҷбур нашавад, барқи фурӯхтаашро гашта дубора бихарад.

600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд

0

Соли 2025 қариб 600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд. Ин оморро Лутфия Абдулхолиқзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ зимни нишасти хабарӣ эълон кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин донишҷӯён баъди ихроҷ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол ёфта, таҳсили худро дар кишвар идома додаанд. Ҳамзамон, муовини вазир афзуд, моҳи ноябри соли гузашта дар ҷараёни нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи донишҷӯёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи музокирот ҷониби Русия омодагии худро барои қабули дубораи 730 донишҷӯи тоҷик изҳор кардааст. Ва Тоҷикистон ба мақомоти Русия ҳуҷҷатҳое пешниҳод намудааст, ки нишон медиҳанд, ин донишҷӯён дар ду соли ахир беасос аз донишгоҳҳои Русия хориҷ шудаанд. Пас аз ин, Русия розӣ шудааст, ки онҳоро бозпас қабул намояд.

Бо вуҷуди ин, Лутфия Абдулхолиқзода мегӯяд, қисми зиёди ин донишҷӯён дар ин муддат аллакай ба муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон интиқол ёфта, таҳсилро оғоз карда буданд ва ба Русия баргаштан нахостаанд.

Дар баробари ихроҷи донишҷӯён, бо сабаби душвортар шудани тартиби қабули кӯдакони муҳоҷир ба мактабҳо беш аз 9000 хонандаи мактаб аз Русия ба Тоҷикисон баргаштаанд. Кӯдакони муҳоҷирон дар Русия бе супурдани имтиҳони забони русӣ дигар ҳаққи таҳсилро надоранд.

Вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода гуфт, дар мактабҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Баъди ҳодисаи «Крокус Сити Ҳол» фишор болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба таври чашмрас афзоиш ёфт. Ба гуфтаи муҳоҷирон, бархе аз шаҳрвандонро ба қаламрави Русия роҳ намедиҳанд ё бидуни шарҳи расмӣ аз кишвар ихроҷ мекунанд. Дар баробари ин, қабули як қатор қонунҳо ва маҳдудиятҳои нав шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони тоҷикро дар Русия боз ҳам душвортар кардааст.

Ҳамзамон, солҳои охир масъалаи мушкил шудани вуруди донишҷӯёни тоҷик ба Русия низ бештар ба миён меояд. Донишҷӯён мегӯянд, ки ҳангоми бозгашт аз рухсатӣ дар марз бо монеаҳо рӯ ба рӯ мешаванд ё баъзан иҷозаи идомаи таҳсил дар донишгоҳҳоро дарёфт намекунанд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид кардаанд, ки ҷониби Русия дар аксари ҳолатҳо сабабҳои чунин маҳдудиятҳо ва ё ихроҷи донишҷӯёнро расман шарҳ намедиҳад.

Боз даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

0

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шоми дирӯз байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт.

Гуфта мешавад, шоми 29-уми январи соли 2026, тақрибан соати 19:30, дар дидбонгоҳи марзии “Баҳорак”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, гурӯҳе аз қочоқбарони афғон ғайриқонунӣ марзи давлатии кишварро убур карданд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, панҷ нафар қочоқбари афғон аз қаламрави Афғонистон вориди Тоҷикистон шуданд, пас аз анҷоми чорабиниҳои оперативӣ онҳо шиносои мешаванд. Ҳангоми боздошт, қочоқбарон ба фармонҳои нерӯҳои марзбонӣ итоат накарда, бо истифода аз силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд ва кӯшиши бозгашт ба самти Афғонистонро кардаанд. КДАМ афзуда, ки дар натиҷаи оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се қочоқбари афғон кушта шуда, ду анфари дигар фирор кардаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, кушташудагон Ҷовид ва Рашид, писарони Давлатманд, сокинони деҳаи Ворича ва Собир, писари Зоҳир, сокини деҳаи Анҷир аз вулусволии Чахёби вилояти Тахори Афғонистон мебошанд.

Ҳангоми бозрасии ҷои ҳодиса марзбонон се автомати Калашников бо чор тирдон, 150 тир аз калибрҳои гуногун, миқдори зиёди гилзаҳои холӣ, чор халта бо 73 баста маводи мухаддир навъҳои «ҳашиш» ва «афюн», инчунин як қаиқро мусодира карданд.

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид карданд, айни ҳол вазъ дар марзи давлатӣ таҳти назорати пурра қарор дорад.

Дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 200 (муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир), 289 (қочоқ), 335 (убури ғайриқонунии марзи давлатӣ) ва 195 (муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки дар чанд моҳи охир даргириҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, рӯзи 18-уми январи соли ҷорӣ Кумитаи марзбонии Тоҷикистон хабар дод, ки дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чаҳор нафар, ки онҳоро «аъзои гурӯҳи террористӣ» номид, кушта шудаанд. Аммо мақомоти Толибон дар Афғонистон иддао карданд, ки ин афрод қочоқбар буданд.

Ҳамчунин рӯзи 24-уми декабри соли гузашта дар ҷараёни як задухӯрди мусаллаҳона дар ҳамин ноҳияи марзӣ ду афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Тоҷикистон он замон хабар доданд, ки се ҳамлагар, ки онҳоро «аъзои ташкилоти террористӣ» муаррифӣ карданд, нобуд шудаанд.

Илова бар ин, дар аввали моҳи декабри соли гузашта дар ду ҳамлаи дигар аз қаламрави Афғонистон дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон панҷ шаҳрванди Чин кушта шуданд.

Ваъдаи навбатии мақомдорони тоҷик дар бораи лимити барқ

0

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки агар боридани барфу борон зиёд шавад, лимити барқ камтар мешавад.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон 29-уми январи соли ҷорӣ зимни нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, беҳтар шудани таъмини мардум бо нерӯи барқ ба саховати табиат вобаста аст, аммо нагуфт, ки лимит кай пурра бардошта мешавад.

Ҳамчунин ӯ ба суоли хабарнигорон, ки чаро оғозу анҷом ва реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинон расман эълон намешавад, посухи равшан надода, танҳо гуфт, ки “Ин як низоми бисёр бузург аст, ҳаррӯз 4 маротиба амалиёт гузарондан, дар масъалаи барқро додану хомӯш кардан, ин аз лиҳози низом як кори бисёр ҳам мураккаб аст ва ҳам вақтгир аст. Албатта, дар баъзе мавридҳо ин ё он минтақа барқро ё барвақттар ё дертар медиҳанд”.

Дар идома Далер Ҷумъа иддао кард, ки реҷаи барқ аз соати 5 то 8 субҳ ва аз 17 то 21-и шом муқаррар шудааст ва мисли солҳои пеш реҷа вобаста дар моҳи Рамазон риоят мешавад ва ҳатто дар ин моҳ зиёдтар барқ дода мешавад.

Аммо сокинони кишвар мегӯянд, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бахусус деҳоти дурдаст барқ тақрибан 2-4 соат дар як шабонарӯз дода мешавад.

Ва маҳдудияти шадиди инқоли нерӯи барқ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 7-% истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2025 хабар медиҳанд, ки тибқи омори расмӣ, ҳаҷми умумии он ба 24 млрд кВт·соат расидааст.

3500 тоҷик дар рӯйхати сурхи Интерпол. Оё ҳамаи онҳо ҷинояткоранд?

0
epa04703664 Security cameras pictured against the Interpol logo on the Interpol Global Complex for Innovation building (IGCI) in Singapore, 14 April 2015. Interpol's first digital crime centre was officially opened in Singapore on 13 April 2015. Complementing its headquarters in Lyon, the Interpol Global Complex for Innovation (ICGI) will support international policing efforts against cybercrime, as well as research and capacity building in online security. EPA/WALLACE WOON

Мақомоти Тоҷикистон механизмҳои Интерполро асосан барои ҷустуҷӯи мухолифони сиёсӣ ва шаҳрвандони мусалмонаш истифода мебарад, ки ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот надоранд.

Расонаи фаронсавии “Disclose”, бо гузарондани таҳқиқот муайян кардааст, ки Тоҷикистон то сентябри соли 2024 3493 шаҳрвандашро ба “огоҳии сурх” (Red Notice)-и пулиси байналмилалии Интерпол ворид кардааст, ки ин нишондиҳанда аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса ва Чин ҳам бештар аст.

Мақомоти Тоҷикистон теъдоди зиёди дархостҳоро бо баҳонаи мубориза бо терроризм, аз ҷумла бо Шохаи “Хуросон”-и ДИИШ фиристода будаанд. Аммо ин таҳқиқот, ки бар асоси таҳлили ҳазорон маълумоти дохилии Интерпол анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризм мақомоти Тоҷикистон Интерполро барои таъқиби мухолифони сиёсияш, ки дар муҳоҷират қарор доранд ва инчунин шаҳрвандони мусалмонеаш, ки ба гурӯҳҳои мусаллаҳ иртибот надоранд, истифода мебарад.

Гуфта мешавад, Тоҷикистон аз соли 2004 узви Интерпол буда, то ҳол тибқи таҳқиқот, кишвар бо вуҷуди нақзи оинномаи ин созмон, зери чораҳои назорати тақвиятёфта қарор нагирифтааст. Дар матлаб таъкид мешавад, ки Интерпол метавонист “чораҳои ислоҳӣ”-ро, ки қаблан нисбат ба Беларус ва Сурия татбиқ шуда буданд, нисбати Тоҷикистон ҷорӣ намояд, аммо ин кор то ҳол анҷом дода нашудааст.

Дар ин таҳқиқот қазияи ҳомии ҳуқуқи инсон Шабнам Худойдодова, ки соли 2015 Русияро тарк карда ва дар марзи Беларус ва Лаҳистон боздошт гардид, зикр гардидааст. Худойдодова ҳашт моҳ дар боздоштгоҳи Беларус қарор дошт ва пас аз раҳоӣ ӯ тавонист ба Лаҳистон равад ва мақоми паноҳанда гирад.

Интерпол тақрибан пас аз як сол огоҳиро бекор кард ва истифодаи нодурусти механизмҳои худро эътироф намуд. Аммо номи ӯ аз ҷониби кишвари Лаҳистон ба рӯйхати Интерпол оид ба муқобила бо терроризм бо номи CT CAF илова карда шуда, беш аз се сол – аз моҳи августи соли 2019 то ноябри соли 2022, дар ин рӯйхат боқӣ мондааст. Дар ин муддат? ба гуфтаи Худойдодова, ӯ на камтар аз се маротиба дар фурудгоҳҳои Аврупо боздошт шудааст. Баъдан Котиботи генералии Интерпол иштибоҳро эътироф намуда, маълумотро ҳазф кард.

Дар таҳқиқоти “Disclose” инчунин қазияи як хонаводаи тарафдори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон оварда шудааст, ки падар, модар ва фарзандонаш бо иттиҳоми иртибот бо “Давлати исломӣ” дар “огоҳии сурх”-и Интерпол қарор гирифтаанд.

Дар натиҷа, падари хонавода соли 2016 дар Туркия боздошт шуда, тақрибан ду моҳ дар зиндон қарор дошт. Писари ӯ соли 2022 дар яке аз кишварҳои Аврупо боздошт шуда, 40 рӯз дар ҳабс буд. Соли 2024 дар Туркия модари хонавода низ боздошт гардид, вале баъдан бе эълони айб раҳо карда шуд. Дар қарорҳои Комиссияи Интерпол оид ба назорати парвандаҳо ба набудани маълумоти дақиқ дар бораи даст доштани аъзои хонавода ба фаъолияти террористӣ ва мавҷуд будани заминаи сиёсӣ ва динӣ дар ин парвандаҳо ишора шудааст. Бо вуҷуди ин, баррасии парвандаҳо моҳҳо идома ёфтааст.

Тибқи маълумоти “Disclose”, Интерпол ҳадди ақал дар бораи 13 ҳолати шабеҳ иттилоъ дорад, аммо нисбат ба Тоҷикистон ҳеҷ гуна таҳрим ё маҳдудияте ҷорӣ накардааст.

Дар ҳамин ҳол Матйё Мартиниер (Mathieu Martinière), рӯзноманигори фаронсавие, ки ин таҳқиқотро нашр кардааст, дар суҳбат бо “Аздо ТВ” гуфт, ки онҳо танҳо пойгоҳи додаҳои афродеро доранд, ки аз болои пайгарди Интерпол шикоят кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин ҳолат афроди хеле кам шикоят мекунанд, зеро шикоят бояд бо забонҳои англисӣ ё фаронсавӣ бошад, ки барои тоҷикҳо душвор аст. Ҳамчунин, адвокатҳо барои пешниҳод кардани чунин шикоят аз 10 то 12 ҳазор евро ҳаққи кор талаб мекунанд ва ин боис мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз болои пайгарди Интерпол шикоят накунанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки тибқи маълумоте, ки ӯ дорад, аз афроде, ки шикоят кардаанд, наздики 15 нафар дар он рӯйхат бо баҳонаҳои сиёсӣ ва динӣ ҷой дода шудаанд, аммо намехоҳанд номашон расонаӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта мақомоти Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба “огоҳии сурхи” Интерпол ворид карда буд, аммо дертар номи ӯ аз ин рӯйхат бароварда шуд.

Сардори раёсати тандурустии Суғд чаро боздошт шуд?

0
SONY DSC

Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд боздошт шудааст. Вале то ҳанӯз маълумоти расмие вуҷуд надорад, ки ӯро кадом ниҳод ва бо кадом гуноҳ боздошт кардаанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, боздошти Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғдро тасдиқ кард. Ӯ рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки сабаби боздошти Мақсудзода ба фаъолияти касбии ӯ рабте надорад, эҳтимол боздошти ӯ ба фаъолияти шахсиаш марбут бошад.

Дар бораи боздошти Фаррух Мақсудзода ҳанӯз моҳи декабри соли 2025 хабарҳои тасдиқнашуда паҳн шуда буданд, вале то ин дам мақомоти расмӣ дар ин бора шарҳ надода буданд. Вазир бори аввал расман ин хабарро таъйид кард, аммо нагуфт, ки кадом ниҳод Мақсудзодаро боздошт кардааст ва иттиҳоми ӯ чист.

Манобеи огоҳ дар мақомоти вилояти Суғд мегӯянд, ки Мақсудзода чанд муддат инҷониб дар ҷои кор ҳозир нест, аммо бо баҳонаҳои “беморӣ” ва “рухсатӣ” аз шарҳи дақиқи макони будани ӯ худдорӣ мекунанд.

Хешовандони Мақсудзода низ маълумоти равшан надодаанд. Яке аз бародарони ӯ боздоштро рад карда, гуфта буд, ки бародараш аз сафар бармегардад, вале баъдан бо ӯ тамос гирифтан имконнопазир шудааст. Модари ӯ низ танҳо гуфтааст, ки писараш ба “ҷои дур” рафтааст ва аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки Фаррух Мақсудзодаро мақомоти амниятии вилояти Суғд бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт кардаанд. Аммо ин иттилоъ аз сӯи мақомоти расмӣ то ҳол тасдиқ нашудааст.

Вазорати тандурустӣ яке аз ниҳодҳои фасодзадаи кишвар ба ҳисоб меравад. Сокинон борҳо аз мавҷудияти фасод дар ин ниҳод шикоят кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Ожонсии зидди фасод борҳо соҳаҳои тандурустӣ ва маорифро шомили вазоратхонаҳи олуда ба фасод муарифи кардааст .

Афзоиши ҳамлаҳои Русия ба Украина

0

Рӯзи 28-уми январ нерӯҳои Русия ба шаҳри Киев ва чанд минтақаи дигари Украина ҳамлаи нав анҷом доданд. Ба иттилои манобеи украиниӣ, ҳамлаҳо асосан шабона сурат гирифта, дар онҳо аз мушакҳо ва паҳподҳо истифода шудааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳамлаҳо дар Киев ва атрофи он чанд бинои истиқоматӣ ва иншооти инфрасохторӣ осеб дидаанд. Бар асари зарбаҳо дар баъзе маҳаллаҳо барқу гармидиҳӣ қатъ шуда, сокинон бо мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Мақомоти Украина хабар додаанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳо чанд ғайринизомӣ захмӣ шуда, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

Манобеи расмии Украина мегӯянд, ҳамлаҳои рӯзи 28-уми январ идомаи зарбаҳои пайдарпайи Русия ба зербиноҳои шаҳрвандӣ ва энергетикии кишвар аст, ки ҳадафаш фишор ба аҳолии осоишта мебошад. Президенти Украина Владимир Зеленский ҳушдор додааст, ки Русия метавонад ҳамлаҳои навбатиро идома диҳад ва вазъ ҳамоно ноором боқӣ мемонад.

Ин ҳамлаҳо дар ҳоле рух медиҳанд, ки ҷанги Русия алайҳи Украина вориди марҳилаи тӯлонӣ шуда, ҳамарӯза ҷони ғайринизомиёнро зери хатар қарор медиҳад.

Рӯзи 27-уми январ низ Русия бо паҳподҳо ба як қатори мусофирбар дар вилояти Харков ҳамла кард. Дар ин ҳодиса дастикам панҷ нафар кушта шуданд. Мақомоти Украина мегӯянд, нерӯҳои Русия бо се паҳподи «Шаҳид» ба назди қаторе, ки дар он 291 мусофир, аз ҷумла кӯдакон буданд, зарба заданд. Президент Владимир Зеленский ин ҳамларо амали террористӣ номид ва шадидан маҳкум кард.

Номаи шикоятии гурӯҳе аз фаъолони тоҷик ба ВКХ-и Олмон аз фаъолияти Имомуддин Сатторов

0

Фаъолиятҳои сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов фаъолони ҷомеаи тоҷики хориҷ аз кишварро нигарон кардааст.

Гурӯҳе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, фаъолони сиёсӣ ва мухолифони ҳукумат, ки берун аз кишвар зиндагӣ мекунанд, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон муроҷиати расмӣ ирсол намуда, аз фаъолиятҳои ғайридипломатии сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Саторов изҳори нигаронии ҷиддӣ кардаанд.

Муаллифони нома мегӯянд, ки Сатторов аз мақом ва имтиёзҳои дипломатии худ барои анҷом додани фаъолиятҳое истифода мебарад, ки берун аз доираи ваколатҳои расмияш қарор доранд.

Ба гуфтаи онҳо, сафири Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои сохторҳои амниятии кишвар ба ҷамъоварии маълумот дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла мухолифони сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар қаламрави Олмон зиндагӣ мекунанд, машғул аст.

Дар нома ҳамчунин аз созмоне бо номи “Пайванд”, ки дар Олмон бо мусоидат ва саҳми Имомуддин Саторов фаъолият мекунад, ёдоварӣ шудааст. Ба гуфтаи фаъолони тоҷик, ин созмон, бо вуҷуди муаррифии худ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ, дар асл ба фаъолияти иттилоотӣ ва таблиғотӣ ба манфиати сохторҳои амниятии Тоҷикистон машғул аст.

Илова бар ин, тавассути ин шабака аз бархе донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахши хидматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки дар бораи ҷойи кор, фаъолияти худ, ҳамкорон ва мусофироне, ки дар он меҳмонхонаҳо иқомат мекунанд, маълумот ҷамъоварӣ ва ба сафорат пешниҳод намоянд.

Қисмати алоҳидаи нома ба фаъолияти Имомуддин Саторов дар давраи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия (солҳои 2014–2021) бахшида шуда, гуфта мешавад, ки дар он давра бо ташаббуси шахии ӯ ва дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои қудратии Русия садҳо шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, ба кишвар интиқол дода шуданд ва баъдан мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор гирифтанд. Бояд гуфт, дар давраи сафирии ӯ чеҳраҳои шинохтае мисли Каромат Шарипов ва Иззат Амон аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буданд.

Дар муроҷиати фаъолони бурунмарзӣ ҳамчунин фарзияҳо дар бораи робитаҳои дарозмуддати ӯ бо сохторҳои амниятии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Федератсияи Русия баён шудаанд.

Дар поёни нома муаллифон аз Вазорати корҳои хориҷии Олмон даъват намудаанд, ки маълумоти пешниҳодшударо ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода, барои пешгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти миллӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти паноҳандагону шаҳрвандони Тоҷикистон дар Олмон чораҳои дахлдор андешад.

Гуфта мешавад, ин муроҷиат ба ВКХ-и Олмон аз ҷониби гурӯҳе аз рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии тоҷик ва мухолифону озодихоҳони навишта шудааст.

То лаҳзаи нашри ин хабар, Вазорати корҳои хориҷии Олмон ва ё Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ба ин муроҷиат расман вокуниш нишон надодаанд.