Хона блог саҳифа 7

Як мақомдори баландпояи шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани пора боздошт шуд

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон бо гумони гирифтани маблағи ҳангуфти пора хабар дод. Ба гуфтаи мақомот, ӯ дар ду маврид 90 ҳазор доллар ва як манзили зистро ба сифати ришва гирифтааст.

Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, рӯзи 7-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки алайҳи Олимҷон Мирмуҳамедов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон, бо гумони гирифтани пора ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Мирмуҳамедов дар ду маврид аз шаҳрвандон барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои марбут ба замин ва иҷозаи сохтмон маблағ талаб карда, дар маҷмуъ 90 ҳазор доллари амрикоӣ ва як хонаи истиқоматии 120-метри мураббаъро бо арзиши тақрибан 600 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

Тибқи иттилои мақомот, дар мавриди аввал ӯ барои мусоидат ба иваз кардани мақсади истифодаи қитъаи замин ва гирифтани иҷозаи сохтмон дар қитъаи 0,30 гектар аз як сокини шаҳри Бӯстон 50 ҳазор доллар ва як хонаи истиқоматӣ гирифтааст.

Дар мавриди дуюм бошад, ба гуфтаи мақомоти зидди фасод, Мирмуҳамедов аз як сокини дигар барои мусоидат ба иваз кардани таъиноти қитъаи замин бо мақсади сохтмони бинои баландошёна 40 ҳазор доллар ришва гирифтааст.

Ба иттилои Агентӣ, ин ҳолатҳои эҳтимолии ришвахорӣ аз моҳи ноябри соли 2025 то апрели соли 2026 рух додаанд.

Алайҳи гумонбар бо моддаи 319 қисми 4 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) ва моддаи 314 қисми 1 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Барои иттиҳоми гирифтани пора қонун аз 7 то 12 соли зиндон ва барои сӯиистифода аз мансаб ҷарима ё то 3 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мекунад.

То замони нашри ин хабар, назари худи Олимҷон Мирмуҳамедов ё мақомоти шаҳри Бӯстон дар бораи ин иттиҳомҳо дастрас нашуд.

Тибқи иттилои Агентии зидди фасод, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар 118 ҷинояти марбут ба коррупсия аз ҷониби 183 мансабдор ва корманди давлатӣ ошкор шудааст.

Фасод ва ришвахорӣ дар байни мақомдорони кишвар солҳост, ки аз мушкилоти асосии Тоҷикистон дониста мешавад. Ҳарчанд барои мубориза бо ин падида Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис ёфтааст, вале баъзан вақт ҳатто кормандони худи ин ниҳод бо даст доштан дар коррупсия муттаҳам мешаванд. Ин аст, ки мунаққидони ҳукумат самаранокии фаъолияти ин ниҳодро зери суол мебаранд.

Ба гуфтаи онҳо, мубориза бо фасод бештар хусусияти намоишӣ дошта, аксаран мансабдороне боздошт мешаванд, ки аз пуштибонии доираҳои пурнуфузи ҳокимият бархӯрдор нестанд. Мақомоти Тоҷикистон ин иддаоҳоро рад карда, мегӯянд, ки дар назди қонун ҳама баробаранд ва мубориза бо коррупсия бидуни истисно идома дорад.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Лаҳистон: Ӯро то 28 соли зиндон таҳдид мекунад

0

Додситонии шаҳри Жешуви Лаҳистон алайҳи як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда, онро ба додгоҳ ирсол кардааст.

Бино ба иттилои мақомоти додситонии шаҳри Жешув, ин ҷавони тоҷикистонӣ ба гумони сабабгор будан дар як садамаи маргбори нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ боздошт шудааст. Дар сурати гунаҳкор дониста шудан, ӯро то 28 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи TVP3-и Лаҳистон, садама шаби 30-юми ноябри соли 2025 дар кӯчаи Лангевичаи шаҳри Жешув рух додааст. Ба гуфтаи муфаттишон, ин ҷавон дар ҳолати мастӣ ронангӣ карда, мошинро идора карда натавониста, аз роҳ хориҷ шуда, ба дарахт бархӯрдааст. Дар натиҷа, яке аз мусофирон дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, мусофири дигар ҷароҳати вазнин бардоштааст. Худи ронанда низ ба бемористон интиқол дода шудабуд.

Тибқи иттилои Додситонии шаҳри Жешув, ташхиси тиббӣ нишон додааст, ки дар хуни ронанда тақрибан 2,5 промилл машруб мавҷуд будааст. Ҳамчунин хулосаи коршиноси бозсозии садамаҳои нақлиётӣ нишон медиҳад, ки мошин пеш аз садама бо суръати 71 километр дар як соат ҳаракат мекард, дар ҳоле ки маҳдудияти суръат дар он қитъаи роҳ 50 километр дар як соат буд. Муфаттишон таъкид кардаанд, ки вазъи техникии мошин ба рух додани садама ҳеҷ таъсире надоштааст.

Гумонбар ҳангоми бозпурсӣ эътироф кардааст, ки мошинро дар ҳолати мастӣ идора мекард, аммо масъулияти рух додани садамаро напазируфтааст. Ӯ иддао кардааст, ки яке аз мусофирон пеш аз садама рулро кашидааст. Аммо, ба гуфтаи додситонӣ, коршиноси парванда ин фарзияро рад кардааст.

Ғайр аз ин, додситонӣ ҷавони тоҷикро ба он низ муттаҳам мекунад, ки соли 2023 барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ дар Лаҳистон ҳуҷҷати бардурӯғ оид ба вазъи молиявии худ пешниҳод кардааст.

Қобили зикр аст, ки дафтари матбуоти Додситонии шаҳри Жешув ҳанӯз пас аз рух додани ин садама ҷузъиёти ҳодисаро нашр карда буд. Ба гуфтаи он, тафтишоти пешакӣ нишон додааст, ки ронандаи 20-сола Рустамбек С. шоми ҳодиса ҳамроҳи ду ҳамватани худ — Далер С. ва Ҳофиз С., шаҳрвандони Тоҷикистон якҷо сипарӣ кардааст. Тақрибан соати 23:00 ин се нафар бо мошини тамғаи Mercedes ба сайру гашт баромада буданд ва мошинро Рустамбек С. идора мекард. Додситонӣ он замон ному насаби ихтисоршудаи ронанда ва ду мусофирро низ нашр карда буд.

Ҳоло, пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ, парвандаи ҷиноӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Дар солҳои охир, бо сабаби сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратӣ ва бад шудани шароити кор барои муҳоҷирон дар Русия, инчунин таъсири ҷанги Русия алайҳи Украина, шумори бештари шаҳрвандони Тоҷикистон кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Лаҳистонро барои кор ва зиндагӣ интихоб мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар сархати хабарҳои расонаҳои Лаҳистон қарор мегиранд. Солҳои охир расонаҳои ин кишвар борҳо дар бораи боздошт, муҳокима ё маҳкум шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми қонуншиканиҳои гуногун, аз ҷумла садамаҳои нақлиётӣ, қонуншиканиҳои муҳоҷиратӣ ва дигар ҷиноятҳо хабар додаанд. Бо вуҷуди ин, чунин ҳодисаҳо ба ҳамаи муҳоҷирони тоҷик дахл надоранд ва аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар Лаҳистон қонунҳои ин кишварро риоя намуда, ба таври қонунӣ фаъолият ва зиндагӣ мекунанд.

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад

0

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико, ки пас аз даргирии ҷонибҳо дигарбора оғоз шудааст, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад.

Як манбаи баландпоя ба хабаргузории “Ал-Арабия” гуфтааст, ки музокироти ғайримустақим миёни Эрон ва Амрико, ки бо миёнҷигарии чанд кишвари минтақа идома дорад, ба марҳилаи ниҳоӣ ворид шудааст ва ҳоло санади ниҳоии тавофуқ дар бораи бозкушоии тангаи Ҳурмуз таҳия мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, созишномаи пешниҳодшуда барои муҳлати 60 рӯз пешбинӣ гардида, пас аз тасдиқи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт. Дар доираи ин тарҳ, киштиҳои воридшаванда ба тангаи Ҳурмуз аз масири наздик ба соҳилҳои Эрон ва киштиҳои хориҷшаванда аз масири наздик ба Уммон ҳаракат хоҳанд кард. Ҳамчунин дар созишнома ситонидани ҳар гуна боҷи убур ё ҳаққи хидмат аз киштиҳо пешбинӣ нашудааст.

Манбаъ афзудааст, ки Покистон ва Қатар дар паси пардаи музокирот ба ҳамоҳангсозии иртибот миёни Теҳрон ва Масқат идома медиҳанд. Инчунин вазири корҳои хориҷии Покистон аз ҳамтои эронии худ Аббос Ироқчӣ барои сафар ба Исломобод даъват кардааст ва интизор меравад ин сафар дар рӯзҳои наздик анҷом шавад.

Ба иттилои ин манбаъ, мақомоти Покистон ҳамчунин валиаҳди Арабистони Саудиро аз ҷараёни музокирот огоҳ хоҳанд кард.

Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки эҳтимол дорад кишварҳои минтақа дар поксозии минаҳо ва омодагиҳои фаннӣ барои азсаргирии киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз саҳм гузоранд. Пас аз тасдиқи ниҳоии созишнома, тарафҳо ба иҷрои марҳилаи баъдӣ гузашта, музокироти фаннӣ барои татбиқи амалии тавофуқро оғоз хоҳанд кард.

Музокирти ин давра байни Эрон ва Амрико дар ҳоле ҷараён дорад, ки қаблан низ ин ду кишвар пас аз дагирии низомии 40-рӯза бо миёнаравии Покистон ва дигар кишварҳои минтақа чанд даври музокироти ғайримустақим анҷом дода буданд ва ҳатто президентҳои Эрону Амрико бар он имзои электронии худро гузошта буданд ва ҷанг расман поён ёфта буд. Аммо чанде пас нофаҳмиҳо бори дигар сари бозкушоии тангаи Ҳурмуз ва таъмини амнияти киштиронӣ ба мушкилот печид ва даргириҳои низомии Амрико алайҳи Эрон аз сар гирифта шуд.

Дар Русия муҳоҷирон маҷбуранд дар барномаи “Амина” худро сабтином кунанд

0

Русия истифодаи замимаи мобилии “Амина”-ро барои доираи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ мекунад.

Бино ба иттилои мақомоти расмии Русия, аз моҳи сентябри соли 2026 шаҳрвандони хориҷии болиғ, ки бидуни раводид ба вилояти Маскав меоянд, бояд тавассути ин барнома маълумоти худро сабтином кунанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони кишварро аз тағйироти нав дар қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар вилояти Маскав огоҳ кардааст.

Ба иттилои намояндагӣ, агар қаблан замимаи “Амина” танҳо барои муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Маскав ва вилояти Маскав дар шакли таҷрибавӣ истифода мешуд, аз 1-уми сентябри соли 2026 истифодаи он барои дигар гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳатмӣ мегардад.

Тибқи талаботи нав, шаҳрвандони хориҷии болиғ, ки аз кишварҳои бидуни раводид ба вилояти Маскав меоянд, бояд дар ин замима сабтином шаванд. Ба ин гурӯҳ, аз ҷумла, донишҷӯёни хориҷие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Маскав таҳсил мекунанд, дохил мешаванд.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки ҳадафи асосии барномаи “Амина” беҳтар кардани назорати муҳоҷират, рақамӣ кардани сабти будубош ва пешгирии қонуншиканиҳо мебошад. Тавассути ин барнома маълумот дар бораи ҷойи истиқомат ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти дахлдор дастрас мешавад.

Аммо баъзе коршиносон ва намояндагони ҷомеаи муҳоҷирон нисбат ба ин низом нигаронӣ доранд. Ба гуфтаи онҳо, ҷамъоварии маълумоти шахсӣ ва назорати ҷойгиршавии муҳоҷирон метавонад ба афзоиши фишор нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ оварда расонад.

Қаблан низ муҳоҷирон аз мушкилоти техникӣ ҳангоми истифодаи “Амина” ва мушкили сабтином дар барнома шикоят карда буданд.

Дар солҳои охир Русия қоидаҳои муҳоҷиратиро сахттар карда, ҳар замон талаботи наверо барои назорати шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мекунад. Ҷорӣ шудани “Амина” як қисми сиёсати нави назорати рақамии муҳоҷирон дар ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Шикояти як зан аз бадрафторӣ ва латукӯб дар маркази визадиҳии Туркия

0

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шудааст, ки дар он як зан иддао мекунад, дар маркази визадиҳии Туркия дар Душанбе аз ҷониби чанд корманди ин муассиса мавриди бадрафторӣ ва латукӯб қарор гирифтааст.

Дар навор дида мешавад, ки миёни як зан ва чанд корманди маркази визадиҳӣ муноқиша ба вуҷуд меояд. Зан иддао мекунад, ки ин ҳодиса дар маркази визадиҳии Туркия, воқеъ дар бинои “Созидание” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рух додааст.

Зане, ки наворро нашр кардааст, мегӯяд, 31-уми июл барои дарёфти раводиди корӣ ба ин марказ муроҷиат намуда буд, аммо бо муносибати дағалонаи кормандон рӯбарӯ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, пас аз баҳси лафзӣ, раиси марказ ва ду корманди дигар аввал дар дохили утоқи корӣ ва сипас дар роҳрави идора ӯро таҳқиру дашном додаанд.

Ин зан ҳамчунин иддао мекунад, ки баъдан ӯро ба қисмате аз бино, ки камераҳои назоратӣ набудаанд, бурда, мавриди латукӯб қарор додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, вобаста ба ин ҳодиса ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиат карда, аз мақомот хост кардааст, ки қазияро таҳқиқ намуда, нисбати афроди масъул чораҳои қонунӣ андешанд.

То замони нашри ин хабар, маркази визадиҳии Туркия ва ҳамчунин Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ин иддао изҳори назар накардаанд.

Додгоҳи Австрия истирдоди Шавкати Муҳаммад ва ду узви хонаводаашро ба Тоҷикистон рад кард

0

Додгоҳи парвандаҳои ҷиноӣ дар шаҳри Венаи Австрия дархости мақомоти Тоҷикистонро барои истирдоди узви Наҳзати исломии Тоҷикистон Шавкати Муҳаммад (Шавкатҷон Шарифов), модараш Шарофат Шарифова ва бародараш Билолиддин Шарифов рад кард.

Қарори додгоҳ рӯзи 5-уми августи соли ҷорӣ эълон шуд. Ба гуфтаи намояндагони мухолифин, додгоҳ дархости мақомоти Тоҷикистонро ғайриқонунӣ дониста, аз фиристодани ҳарсе ба Тоҷикистон худдорӣ кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи апрели соли ҷорӣ аз мақомоти Австрия дархост карда буд, ки 18 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба гуфтаи Душанбе бо созмонҳои мухолиф иртибот доранд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кунанд. Дар байни онҳо номи Шавкати Муҳаммад, модар ва бародараш низ зикр шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон Шавкати Муҳаммад ва наздиконашро ба тундгароӣ муттаҳам мекунанд. Аммо худи онҳо ин иттиҳомҳоро рад карда, парвандаро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд.

Шавкати Муҳаммад сухангӯи эътилофи мухолифи “Паймони миллии Тоҷикистон” буда, беш аз даҳ сол аст берун аз кишвар ба сар мебарад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурда дошта, аз мунтақидони шадиди сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Қаблан созмони “Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон” низ хабар дода буд, ки мақомоти Тоҷикистон аз Австрия истирдоди 18 шаҳрванди тоҷикро, ки ба гуфтаи Душанбе бо гурӯҳҳои мухолиф иртибот доранд, дархост кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти додгҳии Австрия чунин дархостро рад мекунанд. Пештар низ Додгоҳи Вена аз истирдоди се шаҳрванди дигари Тоҷикистон, аз ҷумла як узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” худдорӣ карда буд.

Китоби нави Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳизби ҳоким рӯнамоӣ шуд

0

Дар Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон китоби нави Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” муаррифӣ гардид.

Тибқи иттилои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, китоб дар нашриёти “Ирфон” бо теъдоди 7 ҳазор нусха ба табъ расида, таърихи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақши он дар даврони истиқлол ва маҷмуи суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад.

Роҳбарияти ҳизб мегӯяд, ин асар дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолиро инъикос намуда, нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар рушди кишвар нишон медиҳад.

Нашри ин китоб дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир даҳҳо китоб ва маҷмуаи суханронӣ нашр кардааст. Ин осор пайваста аз ҷониби мақомоти давлатӣ, расонаҳои расмӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ таблиғ ва муаррифӣ мешаванд.

Дар баробари ин, мухолифони ҳукумати Тоҷикистон навишта шудани чунин китобҳо аз ҷониби худи Эмомалиро ба шубҳа менигаранд ва ба назари онҳо чунин китобҳо аз ҷониби ниҳодҳои масъул навишта ва ба номи ӯ нашр мешаванд. Мунтақидон чуниин таълифотро бештар василаи таблиғи шахсияти президент ва ҳизби ҳоким медонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар ин гуна асарҳо рӯйдодҳои сиёсӣ якҷониба инъикос шуда, нақши дигар нерӯҳои сиёсӣ ва воқеаҳои баҳсбарангези таърихи муосири кишвар нодида гирифта мешавад.

Мунтақидон ҳамчунин мегӯянд, ки дар шароите, ки фазои сиёсӣ маҳдуд буда, аксари ҳизбҳои мухолиф фаъолият надоранд ё манъ шудаанд, нашри пайвастаи китобҳои ситоишомези президент аз ҳисоби имкониятҳои давлатӣ, бештар ба таҳкими шахсиятпарастӣ мусоидат мекунад, на ба рушди баҳси озоди илмӣ ва таърихӣ.

Мақомоти Тоҷикистон ин интиқодҳоро рад мекунанд ва таъкид доранд, ки китобҳои Эмомалӣ Раҳмон бар пояи воқеиятҳои таърихӣ навишта шуда, барои омӯзиши давраи истиқлол ва рушди давлатдорӣ аҳамияти илмӣ ва сиёсӣ доранд.

Путин қонунҳои нави зидди муҳоҷиронро имзо кард

0

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, бастаи қонунҳоеро имзо кард, ки қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишварро ба таври назаррас сахттар мекунанд. 

Бар асоси тағйироти нав, барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ (РВП) ва иҷозаи иқомати доимӣ (ВНЖ) талаботи иловагӣ ҷорӣ шуда, ҳамчунин рӯйхати ҳолатҳое, ки метавонанд боиси ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷӣ аз Русия шаванд, қариб ду баробар зиёд гардид.

Тибқи қонунҳои нав, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки доғи судӣ доранд, новобаста аз вазнинии ҷинояти содиркардаашон аз гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ ё иҷозаи иқомати доимӣ маҳрум карда мешаванд.

Ҳамчунин ҳамаи шаҳрвандони хориҷии аз 14-сола боло уҳдадоранд ба Вазорати корҳои дохилии Русия маълумотнома дар бораи надоштани доғи судиро аз кишвари шаҳрвандӣ ё маҳалли истиқомати доимии худ пешниҳод кунанд. Ин маълумотнома бояд на бештар аз се моҳ пеш аз супоридани дархост барои РВП ё ВНЖ дода шуда бошад. Агар шахс доғи судӣ дошта бошад, ӯ бояд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи онро низ пешниҳод намояд.

Ин талабот ба кӯдакони то 14-сола, паноҳандагони расман эътирофшуда, шахсоне, ки паноҳандагии сиёсӣ ё муваққатӣ гирифтаанд, шаҳрвандони хориҷие, ки бо шартнома дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекунанд ё дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок доштаанд, инчунин онҳое, ки қаблан чунин маълумотномаро пешниҳод кардаанд, татбиқ намешавад.

Ба назари коршиносон, истисно кардани шаҳрвандони хориҷие, ки бо Вазорати мудофиаи Русия қарордоди хидмати низомӣ бастаанд ё дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок мекунанд, метавонад ба ҳадафи ҷалби шумораи бештари хориҷиён ва ташвиқи онҳо ба хидмати низомӣ ва сафарбар намудан ба ҷанги Украина рабт дошта бошад.

Илова бар ин, Владимир Путин қонуни дигареро низ имзо кард, ки рӯйхати асосҳои ихроҷи маъмурии шаҳрвандони хориҷиро аз Русия ба таври назаррас васеъ мекунад. Агар то ҳол чунин ҷазо танҳо тибқи 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия татбиқ мешуд, пас баъди мавриди амал қарор гирифтани тағйирот шумораи онҳо ба 45 модда мерасад.

Аз ҷумла, иштирок дар гирдиҳамоиҳои бидуни иҷозат, амалҳое, ки қонунгузории Русия онҳоро ҳамчун “бадном кардан”-и Қувваҳои мусаллаҳи Русия арзёбӣ мекунад, даъват ба ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Русия ва шаҳрвандони он, инчунин изҳороте, ки мақомоти Русия онҳоро нақзи тамомияти арзии кишвар меҳисобанд, метавонанд барои шаҳрвандони хориҷӣ боиси ихроҷ гарданд.

Ҳамчунин хориҷиён метавонанд барои вайрон кардани талаботи низоми вазъияти фавқулода, амалиёти зиддитеррористӣ ё вазъи ҳарбӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои мамнуъ, монеъ шудан ба ҳаракати нақлиёт, итоат накардан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, майдаавбошӣ, табъиз ва баъзе қонуншиканиҳо ҳангоми убури сарҳади давлатӣ, таҳқири рамзҳои динӣ, барангехтани кинаву адоват, тарғиби рамзҳои экстремистӣ, таҳия ва паҳн кардани маводи экстремистӣ, паҳн намудани даъватҳо ба терроризм тавассути хидматрасониҳои аудиовизуалӣ ва инчунин сӯиистифода аз озодии воситаҳои ахбори омма дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории кишвар низ аз Русия ихроҷ шаванд.

Сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратии Русия дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи коршиносон иқтисоди ин кишвар то ҳол аз нерӯи кори муҳоҷирон, бахусус дар бахшҳои сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика вобастагии зиёд дорад. Бархе корфармоёни рус низ қаблан ҳушдор дода буданд, ки маҳдудиятҳои бештар метавонанд норасоии қувваи кориро дар бозори кор амиқтар созанд.

Дар Панҷакент маъракаи нави зидди “либоси бегона” баргузор шуд

0

Дар шаҳри Панҷакент рӯзи 4-уми август намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаи кор бо занон ва мақомоти корҳои дохилӣ аксияеро таҳти унвони “Либоси миллӣ – муаррифгари миллат” баргузор карданд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ҳадафи ин чорабинӣ пешгирӣ аз паҳншавии он чизе аст, ки мақомот онро “фарҳанги бегона” меноманд, инчунин ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ташвиқи пӯшидани либоси миллӣ миёни занону духтарон мебошад.

Дар аксҳои нашркардаи масъулон дида мешавад, ки намояндагони ҳукумат ва кормандони пулис дар маркази шаҳр бо занону духтарони ҳиҷобпӯш суҳбат анҷом медиҳанд. Мақомот шарҳ надодаанд, ки дар ин суҳбатҳо ба шаҳрвандон чӣ тавсия дода шудааст ва бо ё чанд нафар чунин суғбатҳо гузарониданд.

Дар иттилоияи расмӣ таъкид шудааст, ки либоси миллӣ бахше аз фарҳанг ва таърихи тоҷикон буда, ҳифзи он барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Дар идомаи изҳорот ҳамчунин омадааст, ки бояд аз воридшавии либосҳои ба гуфтаи онҳо “динӣ”, ки бо урфу одатҳои миллӣ мувофиқат намекунанд, пешгирӣ карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки аз моҳи июни соли 2024 дар Тоҷикистон воридот, фурӯш, пӯшидан ва таблиғи либосе, ки мақомот онро “ба фарҳанги миллӣ бегона” меноманд, тибқи қонун манъ гардидааст ва барои риоя накардани он ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Аммо ба гуфтаи сокинон, мақомот ҳангоми гузаронидани чунин чорабиниҳо бештар занони мусалмони ҳиҷобдор ва мардон, хусусан ҷавонони ришдорро мавриди ҳадаф қарор дода, шакли зоҳирии онҳоро ҳамчун намунаҳои “либоси бегона” ё “фарҳанги бегона” муаррифӣ мекунанд.

Тоҷикистон кишвари аксаран мусулмоннишин аст, ки тибқи оморҳои расмӣ беш аз 90 дарсадаш мусалмони суннӣ ҳастанд. Чунин иқдомҳои мақомот солҳои охир пайваста баҳсбарангез буда, дар байни диндорон норозигӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои густардаро ба вуҷуд меоранд.

Суоли аксар сокинон низ ҳамин аст, ки дар чунин чорабиниҳои мақомот танҳо мардони ришдору диндор ва занони ҳиҷобпӯши мусалмон мавриди ҳамла қарор мегиранд, дар муқобил ҷавонони зиёде дар кӯчаҳои пойтахт дида мешавад, ки шакли зоҳирияшон ба фарҳангу миллати тоҷик ҳеч наздикӣ надорад, вале мақомот ба онҳо коре надоранд.

Боздошти чанд хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар Душанбе

0

Пулиси Душанбе рӯзи 4-уми август аз боздошти як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилои мақомоти пулиси шаҳр, гумонбарон ошёнаи дуюми яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанберо ба унвони маркази дилхушӣ (караоке) ба иҷора гирифта, онро барои ташкили фоҳишахона истифода мебурдаанд. Ба гуфтаи пулис, онҳо ҳамчунин чанд занони хориҷиро барои анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ ҷалб карда буданд.

Мақомот нисбати гумонбарон бо иттиҳоми “ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, барои ин ҷиноят ҷарима ё то ҳашт соли маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон нисбати заноне, ки ба гуфтаи пулис ба фоҳишагӣ машғул будаанд, парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, қарор аст онҳо аз Тоҷикистон ихроҷ шаванд. Пулис шумораи боздоштшудагон ва шаҳрвандии онҳоро расман эълон накардааст.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти Тоҷикистон аз боздошти шаҳрвандони хориҷӣ бо гумони ташкили фоҳишахона хабар медиҳанд. Қаблан низ дар бораи боздошти шаҳрвандони хориҷӣ бо чунин иттиҳом дар Душанбе гузоришҳо нашр шуда буданд.