Хона блог саҳифа 9

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

0

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ ширкат доранд.

ـــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــــ

Истифодаи хориҷиён, бахусус майдамиллатҳову кишварҳо (қабилаҳо)-и кӯчак аз тарафи импроториҳо (ё кишварҳои бузургтар) дар таърих собиқаи зиёд дорад. Аввалин шавоҳид дар ин бора бармегардад ба 2400 сол қабл аз милод, яъне ҳудуди 4500 сол пеш. Албатта, пайдо кардани шавоҳид дар бораи баъди истифода нобуд ва ё ҳазм кардани майдамиллат/қабилаҳо дар он асрҳои қадим бисёр мушкил аст, аммо аз замоне ки таърихнависӣ рушд карда, чунин шавоҳид зиёд дида мешаванд. Ба ҳаде, ки шавоҳиди қадрдонӣ шудани майдамиллатҳо баъди “хидмат” ба импротуриҳо дар сояи онҳо гум шудаанд. 

Ҳоло, дар асри 21, асри техноложи ва даъвоҳои зиёди “ҳуқуқи инсон” Русия чунин иқдомро рӯи даст гирифта, яъне истифодаи майдамиллатҳо ба ҳайси гӯшти дами тӯп. Шавоҳиди зиёде аз истифодаи бамаротиб бештари ғайрирусҳо аз худи русҳо (дар нисбати саршумори ин халқҳо) гувоҳӣ медиҳанд. Ва тоҷикон – бо эътирофи Миронов “шашумин миллати Русия” – низ аз ин суиистифода истисно нестанд. Мутаассифона, на танҳо тоҷикони шаҳрванди Русия, балки муҳоҷирон низ мавриди ин суиистифода қарор гирифтаанд. Дар асл, Русия садсолаҳост, ки аз майдамиллатҳо суиистифода мекунад ва мутаассифона, “вафодории” ин майдамиллатҳо дар аксар ҳолат ба нобудӣ ва ё тазъифи наздик ба нобудии онҳо тамом шудааст. 

Манобеъи зиёде аз ширкати муздурони хориҷӣ дар ҳарду тарафи ҷанг байни Русияву Украина хабар медиҳанд. Мақомоти Украина расман эълон кардаанд, ки шумори хориҷиҳои ширкаткунанда дар артиши ин кишвар алайҳи Русия каме бештар аз 16 000 аст. Аммо мақомоти Русия боре ҳам расман шумори хориҷиёни ҷалбшуда ба ҷанг алайҳи Украинаро эълон накардаанд. Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ (ба истиснои 14 000 сарбози куриёӣ) меҷанганд. Шумори зиёде аз ин ҷангҷӯёни хориҷиро шаҳрвандони кишварҳои собиқ Шӯравии Осиёи Миёна ташкил медиҳанд. 

Шавоҳид нишон медиҳанд аксари ширкаткунандагоне, ки ихтиёрӣ ба ин ҷанг рафтаанд (шуморӣ иҷборӣ бурдашудаҳо ҳам кам нест), ё ба хотири дарёфти пул ва ё шаҳрвандии Русия ин корро кардаанд. Аксари онҳо ҳамчунин умедворанд баъди анҷоми “хидмат” ва ё ҷанг ба имтиёзҳои зиёде дастрасӣ хоҳанд дошт. Вале таърихи Русия ва сиёсатҳои ону назари сиёсатмадоронаш ба муҳоҷирон мегӯяд, ин кишвар сарбозони хориҷиро на танҳо аз имтиёзҳо маҳрум хоҳад кард, балки аслан ба зинда баргаштани аксари онҳо манфиатдор нест.   

Ҳоло биёед ба ҳамагӣ ду мисоли истифодаи русҳо аз майдамиллатҳо бингарем: 

1.⁠ ⁠Казакҳои Запорожйе ва Империяи Русия

Казакҳо солҳои тӯлонӣ барои Русия ҳамчун нерӯи зарбазан ва муҳофизи марзҳо хидмат мекарданд:

бар зидди Империяи Усмонӣ ва хонигарии Қрим меҷангиданд;

марзҳои ҷанубии Русияро ҳимоя мекарданд;

дар густариши ҳудуди империя саҳм мегирифтанд.

Аммо замоне ки дигар ба сохтори мустақили низомии онҳо ниёзе намонд, Екатеринаи II соли 1775 фармон дод, ки Запорожйе муҳосира ва барҳам дода шавад. Заминҳои он зери тасарруфи империя гузаштанд, бахше аз казакҳо фирор карданд ва боқимонда ба сохторҳои низомию маъмурии империя шомил карда шуданд.

Таърихнигорон ин воқеаро намунаи маъмулии сарнавишти “хидматкорони империя” медонанд: империя то замоне аз нерӯ ва истиқлоли онҳо истифода мебарад, ки барои кишваркушоӣ ба онҳо ниёз дорад, аммо пас аз анҷоми кишваркушоиҳо, ҳамон истиқлолро хатар шумурда, аз байн мебарад.

Солҳо баъд ҳукумати Шӯравӣ сиёсати ба истилоҳ “казакзудоӣ”-ро роҳандозӣ кард, ки бо саркӯб, қатл, мусодираи молу мулк ва кӯчонидани иҷбории казакҳо ҳамроҳ буд.

2.⁠ ⁠Қалмиқҳо дар Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ

Саворанизоми қалмиқҳо садсолаҳо дар хидмати Русия қарор дошт ва дар ҷангҳои ин кишвар иштирок мекард. Сарбозони қалмиқ аз шуҷоътарин ҷанговарони артиши Русия маҳсуб мешуданд. Қалмиқҳои казак ҳанӯз аз асри XVII вазифадор буданд, ки дар артиши Русия хидмат кунанд.

Аммо соли 1943 ҳукумати Шӯравӣ тамоми миллати қалмиқро ба ҳамкорӣ бо Олмони фашистӣ муттаҳам кард:

Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Қалмиқистон барҳам дода шуд;

тамоми аҳолии қалмиқро иҷборан ба Сибир ва Осиёи Марказӣ кӯчонданд;

ҳатто сарбозони қалмиқе, ки дар сафи Артиши Сурх меҷангиданд, аз ин сарнавишт эмин намонданд;

ҳазорон нафар аз сармо, гуруснагӣ ва беморӣ ҷон бохтанд.

Ин яке аз талхтарин намунаҳои таърих аст: мардон барои давлат меҷангиданд, дар ҳоле ки ҳамон давлат хонаводаҳои онҳоро танҳо ба сабаби мансубияти миллӣ аз хонаҳояшон ронда, ба бадарға мефиристод.

Қавонине, ки дар ин авохир дар Русия нисбати муҳоҷирон қабул мешаванд, аз фаро расидани рӯзгори сахте барои муҳоҷирон дарак медиҳанд. 

Хатари асосӣ барои сарбозони ғайрирус, бахусус зодагони Осиёи Миёна, чи шаҳрванди Русия бошанд, чи танҳо дорои иқомаи қонунӣ, ин аст, ки ҳукумати феълии Русия ба баргаштани ин сарбозон ба кишварашон манфиатдор нест. Кишварҳои худкома ҳатто аз сарбозони ҷангдидаи миллати худашон хавф доранд ва мекӯшанд онҳоро дар инзиво нигоҳ доранд. Як сарбози ҷангдида дар сурати вуқӯъи ноамниҳо, эътирозҳо алайҳи давлат, муқобила бо пулис ва ғайра хатарноктар аз сад шаҳрванди оддӣ аст. Ҳамон “дусад мардӣ ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор”-и Фирдавсӣ инҷо ҳам коромад дорад. Вақте ин сарбоз аз майдамиллатҳо, бахусус мусалмон аст хатараш аз нигоҳи мақомдорон бамаротиб меафзояд. Барои мисол, вуқӯъи хушунате дар Қафқоз метавонад тамоми Русияро фаро гирад. 

Бархе сиёсатмадорони ин кишвар, аз қабили Миронов, Михеев ва ғайра дарёфти шаҳрвандии Русия аз ҷониби 800 ҳазор зодаи Тоҷикистонро таҳдид ба амнияти миллии ин кишвар ҳисобида, бонги хатар мезананд.  Агар касе гумон кунад, ки ин ҳарфи мухолифон аст ва ба мақомоти расмии кишвар бастагие надорад, иштибоҳ фоҳише кардааст. Дар кишварҳои худкома одатан нақшаҳои зиддиинсонӣ бо забони “мухолифон” (ки зери контроли комили ҳукуматанд) баён карда мешавад: агар ҷомеъа ба он муқобилият накард, давлат иқдомро ба даст мегирад, агар мухолифат кард, айб ба дӯши “мухолифон” партофта мешавад. 

Додани имтиёзҳо ва пардохти нафақаи маъюбӣ ё кушташуда дар ҷанг ба беш аз миллион хонавода, аз ҷумла даҳҳо ҳазор хонаводаи муҳоҷир (ҳарчанд шаҳрвандии Русияро ҳам дарёфт карда бошанд) бори гароне ба дӯши дилхоҳ давлат аст. Ва давлат маҷбур мешавад имтиёзҳоро ё барҳам занад, ё онро интихобӣ кунад. Ба баҳси ин ки аввалин гурӯҳе, ки аз имтиёзҳо маҳрум мешавад, кадом гурӯҳ хоҳад буд, ниёзе нест.

Дар ҳоле ки аҳолии Русия бо суръат кам мешавад ва ниёзи ин кишвар ба қувваи корӣ ҳар сол бештар мегардад, садҳо ҳазор маъюби нафақахӯр, бахусус маъюби ғайрирус, ки на танҳо кор намекунад, балки аз давлат нафақаи хеле бештар аз сатҳи миёна мехоҳад, қотили буҷаи ҳар кишвар аст. Гузашта аз ин, ин гурӯҳ ҳамеша аз давлат норозӣ хоҳад буд. 

Аз баргаштани чунин маъюб барнагаштанаш хеле камхарҷтару бехатартар аст. Бахусус агар ин маъюб аз миллатҳоест, ки сиёсатмадорон афзоишашонро хатаре ба амнияти миллиашон медонанд.

Абдуманнон Шералиев

Тоҷикистон барои дарёфти то 1,8 миллиард доллар бояд ислоҳот гузаронад

0

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ метавонад дар солҳои 2026–2032 барои Тоҷикистон то 1,8 миллиард доллар маблағ ҷалб кунад. Аммо ин маблағ ҳанӯз ҷудо нашуда, дастрас шудани он ба ислоҳоти иқтисодӣ ва беҳтар шудани шароити сармоягузорӣ вобаста хоҳад буд.

Тибқи стратегияи нави ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон, қисми асосии маблағ, яъне аз 1 то 1,2 миллиард доллар метавонад тавассути Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (IDA) таъмин шавад. Ва аз соли молиявии 2027 маблағгузории нави ин ниҳод ба Тоҷикистон ба ҷойи грант ба шакли қарз пешниҳод хоҳад шуд. Фарқ дар он аст, ки грант бебозгашт аст, аммо қарз бояд баргардонда шавад.

То 500 миллион доллари дигар тавассути Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) пешбинӣ шуда, аз ин ҳисоб, то 200 миллион доллар маблағи худи ниҳод ва то 300 миллион доллар сармояи хусусии ҷалбшаванда хоҳад буд. Ҳамчунин маблағгузории Ожонси бисёрҷонибаи кафолати сармоягузорӣ (MIGA), ки сармоягузоронро аз бархе хатарҳо ҳимоя мекунад, метавонад ба 100 миллион доллар расад.

Стратегияи нави ҳамкории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бахшҳои энергетика, аз ҷумла нерӯгоҳи “Роғун”, маориф, тандурустӣ, обрасонӣ ва ҳифзи иҷтимоиро фаро гирифта, ҳадафи он таъсиси ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар ва кам кардани вобастагии иқтисод аз пули муҳоҷирон аст.

Барои дастрасӣ ба ин имкониятҳо, мақомоти Тоҷикистон бояд монеаҳои маъмуриро барои соҳибкорон кам кунанд, ҳимояи сармоягузорон ва шароити баробари рақобатро таъмин намуда, шаффофияти идоракунии давлатӣ, ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ ва идоракунии дурусти хароҷоти буҷету қарз низ аз талаботи асосии ин бонк мебошанд.

Австрия дархости истирдоди Нуриддин Ризоиро низ рад кард

0

Додгоҳи Австрия дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Нуриддин Ризоӣ — яке аз фаъолони собиқи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва паноҳҷӯи сиёсӣ дар ин кишварро рад кардааст.

Дар ҷаласаи додгоҳӣ, ки рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Вена баргузор шуд, додрас ба ин натиҷа расидааст, ки барои интиқоли ӯ ба Тоҷикистон ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашиданаш асоси кофӣ вуҷуд надорад.

Дар ин бора Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми сентябр хабар дод. Ба иттилои ин расона, мақомоти Тоҷикистон Ризоиро ба иттиҳоми “даъвати оммавӣ ба фаъолияти экстремистӣ тавассути матбуот ва интернет” муттаҳам кардаанд. Парванда алайҳи ӯ соли 2014 боз шуда буд.

Нуриддин Ризоӣ, ки қаблан узви фаъоли созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” буд, иттиҳомҳоро рад карда, гуфтааст, ки парванда алайҳи ӯ хусусияти сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, муҳокима дар Австрия кӯтоҳ идома кард ва додрас баъди баррасии масъала қарор кард, ки ӯ ба Тоҷикистон истирдод намешавад.

Ризоӣ солҳои зиёд дар Австрия зиндагӣ мекунад ва мақоми паноҳандагии сиёсӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки соли 2021 аз фаъолияти сиёсӣ канорагирӣ кардааст, аммо бо вуҷуди ин номи ӯ ҳанӯз дар парвандаҳои марбут ба мухолифон зикр мешавад.

Созмони “Гурӯҳи 24“, ки соли 2012 таъсис ёфта буд ва сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард, соли 2014 аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнуъ ва “экстремистӣ” эълон шуд. Аъзои ин созмон ин тасмимро сиёсӣ арзёбӣ кардаанд.

Ин аввалин ҳолат нест, ки додгоҳҳои Аврупо дархостҳои истирдоди мухолифони тоҷикро рад мекунанд. Пештар додгоҳҳои Австрия дархости истирдоди чанд нафари дигар, аз ҷумла Фирдавс Шукуров ва Шавкати Муҳаммадро низ қабул накарда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои охир барои бозгардонидани баъзе аз мухолифон ва фаъолони сиёсӣ аз хориҷ муроҷиат кардаанд. Аммо афроде, ки дар ин парвандаҳо муттаҳам шудаанд, мегӯянд, ки иттиҳомҳо нисбат ба онҳо асоси воқеӣ надоранд.

Қарори ахири додгоҳи Австрия бори дигар баҳси миёни мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқро дар бораи таъқиби мухолифони ҳукумат дар хориҷ аз кишвар матраҳ кардааст.

ИДМ тамрини муштараки зиддитеррористиро оғоз мекунанд

0

Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) омодагиро ба яке аз бузургтарин тамринҳои муштараки зиддитеррористии соли ҷорӣ оғоз карданд.

Қадами нахуст дар ин самт 9-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Минск гузошта шуд, ки дар он намояндагони сохторҳои амниятӣ ва мақомоти салоҳиятдори шаш кишвари ИДМ ҷамъ омаданд.

Ба иттилои Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар машғулияти амалӣ намояндагони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, инчунин Маркази зиддитеррористии ИДМ, Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар ниҳодҳои ҳамоҳангсоз иштирок карданд.

Иштирокчиён тартиби баргузории марҳилаҳои аввали тамрини “Авруосиё – Зиддитеррор 2026“, истифодаи низомҳои муштараки иттилоотӣ ва сенарияҳои амалиётиро барои муқовимат бо терроризм баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, тамрин дар се марҳила ва дар қаламрави Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мешавад. Дар моҳи сентябр диққати асосӣ ба муқовимат бо маблағгузории терроризм, ошкор кардани ҳаракати фаромарзии афроди гумонбар ба терроризм ва пешгирии ҳамлаҳо ба ҷойҳои серодам равона хоҳад шуд.

Марҳилаи ниҳоии тамрин моҳи октябр дар Беларус баргузор гардида, ҳамзамон бо қисми хотимавии машқҳои муштараки зиддитеррористии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай доир мешавад. Дар он воҳидҳои махсуси Беларус, Эрон, Қазоқистон, Чин, Русия ва Узбекистон низ ширкат хоҳанд кард.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) соли 1991, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии ин созмон рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои узв дар бахшҳои амният, иқтисод, сиёсати хориҷӣ, фарҳанг ва мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ мебошад. Айни замон ИДМ нуҳ кишвари узв дорад: Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон. Туркманистон бошад, ҳамчун кишвари ҳамкор бо созмон ҳамкорӣ мекунад.

321 миллиард рубл даромади Русия аз муҳоҷирон

0

Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.

Дар ин бора Андрей Кикот, муовини аввали вазири корҳои дохилии Русия ва роҳбари хадамоти муҳоҷират, дар мулоқот бо Владимир Путин хабар дод. Ӯ гуфт, ки ин нишондиҳанда ба давраҳои гузашта 30 дарсад афзуда, қисми асосии маблағ аз пардохти патентҳои кории муҳоҷирон ба даст омадааст.

Ҳамчунин Кикот гуфтааст, ки ҳар сол тақрибан 9 миллион шаҳрванди хориҷӣ бо ҳадафҳои гуногун ба Русия рафта, дар як вақт аз 6 то 6,5 миллион хориҷӣ дар ин кишвар ҳузур доранд, ки тақрибан 3 миллиони онҳо муҳоҷирони корӣ ҳастанд ва ҳиссаи муҳоҷирати қонунии корӣ аз 45 ба 50 дарсад расидааст.

Аммо бо вуҷуди афзоиши даромад аз бахши муҳоҷират, мақомоти Русия то рафт маҳдудиятҳои бештареро барои муҳоҷирон ҷорӣ мекунад.

Аз ҷумла, Кикот хабар додааст, ки аз 1-уми январи соли 2027 муҳоҷирони корӣ барои ҳар узви корнакунандаи хонаводаашон, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, андоз хоҳанд пардохт. Ӯ ин иқдомро бахше аз сиёсати коҳиш додани ҳузури аъзои корнакунандаи хонаводаҳои муҳоҷирон номидааст.

Ба иддаои Кикот, сахттар шудани шартҳои қабули кӯдакони хориҷӣ ба мактабҳо, аз ҷумла имтиҳони забони русӣ, шумораи чунин аъзои хонаводаҳоро нисбат ба нишондиҳандаи 1,7 миллион нафар 20 дарсад кам кардааст.

Мақомоти Русия ҳамзамон тарҳи нави ҷалби коргарони хориҷиро омода мекунад, ки бар асоси он, корфармо ба хадамоти муҳоҷират дархост медиҳад ва оператори махсус коргаронро интихоб карда, ба Русия меорад ва ҳуҷҷатҳояшонро барои кор омода мекунад.

Дар сурати қабули лоиҳа, ширкатҳои бузург ва миёна вазифадор мешаванд, ки ин коргаронро бо манзили махсус ва нақлиёт барои рафтуомад ба ҷойи кор таъмин кунанд. Пас аз анҷоми шартномаи меҳнатӣ муҳоҷирон тавассути ҳамин низом ба ватанҳояшон баргардонда мешаванд.

Аз ин лоиҳа, ки ҳоло дар ҳукумат дар марҳилаи мувофиқа қарор дорад, Путин ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин хостааст, ки масъалаи омода кардани муҳоҷирон ба кору зиндагӣ дар Русия, аз ҷумла омӯзиши забони русӣ пеш аз сафар баррасӣ шавад.

Расонаи нави “Tajikistan Newsroom” ба забони англисӣ ба кор оғоз кард

0

Ҳамзамон бо таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, платформаи нави хабарии англисизабон бо номи “Tajikistan Newsroom” фаъолияти худро оғоз кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ҳадафи асосии ин лоиҳа пешниҳоди хабару таҳлилҳои боэътимод дар бораи Тоҷикистон барои хонандагони хориҷӣ, нозирони байналмилалӣ ва намояндагони диаспораи тоҷикон дар кишварҳои гуногун мебошад.

Муаллифони платформа мегӯянд, ки “Tajikistan Newsroom” талош мекунад на бо шумори мавод, балки бо сифати он фарқ кунад. Ба гуфтаи онҳо, дар платформа танҳо хабарҳои муҳим ва тасдиқшуда нашр шуда, дар оянда мусоҳибаҳои ихтисосӣ ва таҳлилҳои амиқ низ пешниҳод хоҳанд шуд.

Оғози фаъолияти ин расона дар замоне сурат мегирад, ки вазъи фаъолияти расонаҳо дар Тоҷикистон солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ин созмонҳо борҳо аз маҳдудиятҳо дар фаъолияти рӯзноманигорони мустақил ва дастрасӣ ба баъзе манбаъҳои иттилоотӣ изҳори нигаронӣ кардаанд.

Дар чунин шароит, пайдоиши платформаҳои наве, ки ба аудиторияи байналмилалӣ нигаронида шудаанд, метавонад ба густариши дастрасӣ ба маълумот дар бораи Тоҷикистон мусоидат кунад.

Созмондиҳандагони “Tajikistan Newsroom” мегӯянд, платформа минбаъд рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистонро пайгирӣ карда, барои хонандагони англисизабон хабар ва таҳлил пешниҳод хоҳад кард.

Тағйирёбӣ обуҳаво: хокбориш дар роҳ аст

0

Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон тағйири ҳаво дар назар аст ва кишвар боз бо мушкили гарду ғубор рӯ ба рӯ мешавад.

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносӣ, аз нимаи дуюми рӯзи 11 то 13-уми сентябр дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе эҳтимоли боло рафтани сатҳи ифлосшавии ҳаво вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ҳавошиносон, сабаби ин ҳолат ворид шудани мавҷҳои хокбориш аз самтҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубу шарқӣ мебошад. Афзоиши зарраҳои хурди чанг дар ҳаво метавонад ба саломатии инсон, бахусус ба кӯдакон, пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои роҳи нафас таъсир расонад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки сокинон дар рӯзҳои ғуборолуд аз гаштугузори зиёд дар берун, махсусан дар минтақаҳои сермошин, худдорӣ кунанд ва ҳангоми зарурат аз ниқоб истифода баранд.

Хокбориш дар Тоҷикистон солҳои охир бештар мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти мақомоти расмӣ, танҳо дар соли гузашта чунин рӯзҳо дар кишвар 216 рӯз идома кардаанд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ хабар додааст, ки соли 2025 дар кишвар 63 ҳолати олудагии ҳаво сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2024 тақрибан ду баробар бештар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар радабандии созмони байналмилалии IQAir, ки сифати ҳаворо дар ҷаҳон таҳлил мекунад, дар соли 2025 дар миёни кишварҳои дорои ҳавои олуда ҷойи сеюмро гирифтааст. Тибқи гузориши ин созмон, сатҳи миёнаи зарраҳои PM2.5 дар кишвар 57,3 микрограмм дар як метри мукаабро ташкил додааст.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ин арзёбиро ҳамчун тасвири пурраи вазъи ҳаво дар кишвар қабул надоранд. Агентии ҳавошиносӣ гуфтааст, ки чунин радабандиҳоро нодида гирифтан дуруст нест, вале онҳо бояд бо назардошти маълумоти илмӣ, шароити ҷуғрофӣ ва натиҷаҳои назорати дохилӣ таҳлил шаванд.

Коршиносони муҳити зист мегӯянд, афзоиши гарду ғубор ба чандин омилҳо вобаста аст. Тағйирёбии иқлим, хушкшавии заминҳо ва коҳиши ҷангалзорҳо аз сабабҳои асосӣ дониста мешаванд. Дар Тоҷикистон, бархе коршиносон ҳамчунин буридани дарахтон, кам шудани майдонҳои сабз ва афзоиши сохтмонҳои баландошёна дар шаҳрҳоро аз омилҳои таъсиргузор ба вазъи ҳаво арзёбӣ мекунанд.

Афзоиши даргириҳо дар Яман: ҷанг ба марҳилаи нав ворид шуд

0

Дар Яман аз оғози моҳи сентябр даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷамоати Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо) дар чанд вилояти ин кишвар шиддат гирифтааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, таҳаввулоти ахир хатари бозгашти ҷанги густарда ва таҳдид ба ҳаракати киштиҳо дар гузаргоҳи стратегии Боб-ул-Мандабро бештар кардааст.

Даргириҳои шадид дар рӯзҳои охир дар шаҳрҳои бузурги Таиз, Ҳудайда, Ҷавф, Маъриб, Байзо ва Золеъ идома доранд. Бино ба гузориши Ал-Ҷазира, баъзе аз ин ҷабҳаҳо баъд аз чанд соли оромии нисбӣ дубора ба нуқтаҳои фаъоли ҷанг табдил шудаанд.

Гуфта мешавад, дар вилояти Ҷавф нерӯҳои ҳукуматӣ аз пешравӣ дар минтақаи Ятама ва тасарруфи урдугоҳи Ал-Лабинот хабар додаанд. Дар Маъриб низ даргирӣ дар чанд меҳвар идома дорад, дар ҳоле ки дар Таиз ва Ҳудайда хатҳои тамос ба минтақаҳои нави ҷангӣ густариш ёфтаанд.

Ба назари таҳлилгарон, аҳамияти асосии таҳаввулоти ахир танҳо дар кушода шудани ҷабҳаҳои нави ҷангӣ нест. Маркази вазнини даргирӣ тадриҷан ба самти соҳили ғарбии Яман ва Боб-ул-Мандаб ҳаракат мекунад.

Reuters рӯзи 10 сентябр хабар дод, ки Ҳусиҳо шаҳри бандарии Мухоро дар соҳили баҳри Сурх ба даст гирифтаанд. Мухо дар наздикии Боб-ул-Мандаб ҷойгир буда, назорати он метавонад ба Ҳусиҳо мавқеи стратегии муҳим барои фишор овардан ба ҳаракати киштиҳо дар ин минтақа диҳад. Ин гузаргоҳ баҳри Сурхро ба халиҷи Адан мепайвандад ва барои интиқоли нафт ва мол миёни Осиё, Халиҷи Форс ва Аврупо аҳамияти калидӣ дорад.

Ҳамлаҳо ба дохили Арабистони Саудӣ

Ҳамзамон Ҳусиҳо ҳамлаҳои худро ба қаламрави Арабистони Саудӣ низ афзоиш додаанд. Мақомоти Саудӣ рӯзи 10-уми сентябр пас аз ҳушдори амниятӣ дар минтақаи Хамис-Мушайт аз бартараф шудани хатар хабар доданд.

Эътилофи таҳти роҳбарии Саудӣ мегӯяд, ки дар ҳамлаҳои ахири Ҳусиҳо ба чанд шаҳри ҷанубии кишвар 73 нафар захмӣ шудаанд. Ҳусиҳо гуфтаанд, ки пойгоҳи ҳавоӣ дар Хамис-Мушайт ва зербиноҳои марбут ба саноати нафтро ҳадаф қарор додаанд.

Дар посух, ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои таҳти роҳбарии Саудӣ ба минтақаҳои таҳти назорати Ҳусиҳо дар Яман афзоиш ёфтааст. Associated Press (Ассошиэйтед Пресс) хабар медиҳад, ки бар асари зарбаи ҳавоӣ ба зиндоне дар вилояти Ҷавф дастикам 23 нафар, аз ҷумла як кӯдак кушта шудаанд.

Дар Яман аз соли 2014 ба ин сӯ миёни Ҳусиҳо ва ҳукумати эътирофшудаи байналмилалӣ ҷанги тӯлонӣ идома дорад. Оташбаси ғайрирасмии соли 2022 шиддати ҷангро ба таври назаррас коҳиш дод, аммо созиши ниҳоии сиёсӣ ба даст наомад. Ҳоло, бо пешравии Ҳусиҳо дар соҳили баҳри Сурх ва ҳамзамон амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар Ҷавфу Маъриб, хатари бозгашти Яман ба ҷанги густурдаи дохилӣ бештар шудааст. Ассошиэйтед Пресс низ имрӯз навишт, ки кишвар ба остонаи бозгашт ба ҷанги шаҳрвандӣ наздик мешавад.

Амрико киштиҳои Эронро ҳадаф гирифт, Теҳрон посух дод

0

Нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 8-уми сентябр панҷ киштии нафткаши марбут ба Эронро, ки ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ бо Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон иртибот доштанд, дар обҳои Халиҷи Форс ва наздикии ҷазираи Харк нобуд карданд.

Дар шаби 8 ба 9-уми сентябр, дар посух ба ин амалиёт, Эрон ба ду пойгоҳи низомии Амрико дар Урдун — Муваффақ Салтӣ ва Принс Ҳасан (аз ҷумла пойгоҳи ҳавоии Ал-Азрақ) — мушакҳои баллистикӣ партоб кард.

Ба гузориши расонаҳо, ҷониби Эрон дар маҷмуъ беш аз 20 мушаки баллистикӣ партоб кардааст. Мақомоти Урдун гуфтанд, ки низоми дифои ҳавоии кишвар аксари мушакҳоро пеш аз расидан ба ҳадаф боздошт кардааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ дар натиҷаи ин ҳамлаҳо гузориш нашудааст.

Ҳамзамон Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон эълон кард, ки чанд киштӣ, аз ҷумла киштиҳои амрикоӣ ва танкерҳои нафткашро дар минтақаи тангаи Ҳурмуз ҳадаф қарор додааст. Ин сохтор иддао кардааст, ки киштиҳо талош доштанд маҳдудиятҳои эълоншудаи Эронро дар ин минтақа нодида гиранд.

Аз ҷониби Амрико гуфта шуд, ки ҳамлаҳои мушакии Эрон ба манофеи низомии ин кишвар осеби ҷиддӣ нарасондаанд ва низомиёни амрикоӣ дар минтақа эмин мондаанд. Вазири корҳои хориҷии Амрико Марко Рубио низ ҳушдор дод, ки ҳар гуна ҳамла ба нерӯҳои баҳрии ИМА бо посухи сахт рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ин даргириҳо дар ҳолест, ки таниш миёни Вашингтон ва Теҳрон дар рӯзҳои охир шиддат гирифтааст. Яке аз нуқтаҳои калидии баҳс тангаи Ҳурмуз мебошад — роҳи муҳими баҳрӣ миёни Эрон ва нимҷазираи Араб, ки қисми зиёди интиқоли ҷаҳонии нафт аз он мегузарад.

ИМА ва Исроил қаблан Эронро ба тавсеаи барномаҳои ҳастаӣ ва мушакӣ, инчунин пуштибонӣ аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақа муттаҳам карда буданд. Теҳрон ин иттиҳомҳоро рад карда, мегӯяд, ки барномаҳои низомии он барои дифои кишвар заруранд.

Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки идомаи зарбаҳои мутақобил миёни Амрико ва Эрон метавонад вазъро дар Ховари Миёна боз ҳам печидатар кунад ва ба бозори ҷаҳонии энержӣ, бахусус ба нархи нафт, таъсири ҷиддӣ расонад.

Корманди собиқи ОМОН: Ба Тоҷикистон барнамегардам, ба ваъдаи афв бовар надорам

0

Мақомоти Тоҷикистон ба воситаи фишор болои хонаводаи як фирорӣ ва собиқ корманди сохторҳои қудратӣ, мехоҳанд ӯро ба кишвар баргардонанд.

Корманди собиқи нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ОМОН) Асомуддин Раҷабов мегӯяд, кормандони пулиси ноҳияи Сарбанд падари 80-солаи нобино ва бародарашро ба шуъбаи пулис даъват намуда, аз онҳо хостаанд, ки ӯро барои бозгашт ба Тоҷикистон розӣ кунанд. Раҷабов аз соли 2009 то 2012 дар ОМОН хидмат кардааст ва дар амалиёти давлатии Бадахшон низ иштирок доштааст.

Раҷабов рӯзи 8-уми сетябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ афв шудааст ва дигар таҳти пайгард қарор надорад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ санади расмӣ барои тасдиқи ин иддао пешниҳод нашудааст ва аз ҳамин сабаб ба чунин ваъдаҳо бовар надорад.

“Агар воқеан афв шуда бошам, пас чаро то ҳол маро ҷустуҷӯ мекунанд? Ман қасди бозгашт ба Тоҷикистонро надорам”, — гуфтааст Асомуддин Раҷабов.

Ба гуфтаи ӯ, ин бори сеюм аст, ки барои фишор овардан ба худи ӯ, мақомоти Тоҷикистон падари пирсолашро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват мекунанд. Раҷабов ҳоло дар Арманистон қарор дошта, барои кӯчидан ба як кишвари сеюм омода мешавад.

Ин корманди собиқи ОМОН баъд аз интиқоди мақомоти Тоҷикистон дар робита ба рӯйдодҳои Бадахшон ба ифротгароӣ муттаҳам шуда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯ моҳи март дар Арманистон бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт, вале баъд аз як рӯз озод карда шуд.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон дар солҳои охир борҳо аз афзоиши фишорҳо алайҳи мухолифон, фаъолони сиёсӣ ва мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар гузоришҳои ин созмонҳо инчунин омадааст, ки дар бархе мавридҳо аъзои хонаводаҳои мухолифони муқими хориҷ низ ба бозпурсӣ, фишор ва дигар шаклҳои таъқиб рӯ ба рӯ шудаанд.