5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 81

Ҳамлаи Ҳиндустон ба Покистон. Оғози ҷанг байни ду кишвари ҳастаӣ

0

Шоми сешанбе, 6-уми майи соли ҷорӣ артиши Ҳиндустон эълом кард, ки ба 9 мавзеъ дар Кашмири Покистон ҳамла кардааст.

Ба гуфтаи артиши ин кишвар, ҳамлаи низомӣ ба Покистон дар посух ба ҳамлаи маргбори охири моҳи апрел ба Кашмири Ҳиндустон буд, ки дар он 26 нафар кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шуда буд.

Бино ба иттилои мақомотҳои покистонӣ, Ҳиндустон се ҳамлаи мушакӣ ва 24 ҳамлаи ҳавоӣ ба шаш минтақа дар Кашмири Покистон анҷом додааст, ки дар натиҷа 26 ғайринизомӣ, аз ҷумла чанд кӯдак кушта ва ҳадди ақал 46 тани дигар захмӣ шудаанд. Ин кишвар мегӯяд, Ҳиндустон ба масҷидҳо ва мадрасаҳо ҳаҷум карда, танҳо 13 нафар дар як ҳамлаи он ба масҷиди Баҳавалпури Кашмири Покистон ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши “Ройтерз” ба нақл аз шоҳидон, субҳи чаҳоршанбе садои чандин инфиҷор дар нуқтаҳои гуногуни Кашмири зери назорати Покистон шунида шудааст.

Давлати Ҳиндустон дар баёнияе гуфт, ки артиши ин кишвар амалиёти “Сандур”-ро оғоз карда ва “зерсохторҳои террористӣ” дар Покистон ва Кашмирро ҳадаф қарор додааст.

Артиши Ҳинд иддао карда, ки “ҳамлаҳои террористӣ алайҳи кишварашон дар ин минтақаҳо тарҳрезӣ ва роҳбарӣ мешудаанд.”

Дар ҳамин ҳол Аҳмад Шариф Чаудрӣ, сухангӯи артиши Покистон ин ҳамлаҳоро “таҳрики нафратангез” номид ва гуфт: “Мо дар замон ва маконе, ки худамон муайян мекунем, ба ин ҳамлаҳо ҷавоб хоҳем дод.”

Кумитаи амнияти миллии Покистон имрӯз пас аз як ҷаласаи изтирорӣ бо нашри баёнияе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки Ҳиндустон ба хотири ҳамлаҳое, ки алайҳи ин кишвар анҷом додааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Дар баёния омадааст: “Кумитаи амнияти миллии Покистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват мекунад, ки хатари аъмоли ғайриқонунӣ ва беасоси Ҳиндустонро дарк кунанд ва онро барои нақзи меъёрҳо ва қонунҳои байналмилалӣ ба посухгӯӣ кашанд.”

Ба гузориши CNN, манобеи амниятии Покистон иддао карданд, ки нерӯҳои ин кишвар панҷ ҳавопаймои ҷангӣ ва як ҳавопаймои бесарнишини артиши Ҳиндустонро дар ҷараёни ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Покистон сарнагун кардаанд.

Артиши Покистон дар баёнияе эълом кард, ки се ҳавопаймои ҷангии “Рафал” (сохти Фаронса), як ҳавопаймои МиГ-29 ва як ҳавопаймои Су-30 дар як “иқдоми дифоӣ” сарнагун кардаанд.

Субҳи рӯзи чоршанбе Покистон бо чанд мушак ба баъзе мавзеъҳо дар Ҳиндустон ҳамла кард. Артиши Ҳиндустон имрӯз эълом кард, ки 10 нафар дар Кашмири таҳти назорати ин кишвар дар ҷараёни ҳамлаи Покистон кушта ва 48 нафари дигар захмӣ шуданд.

Артиши Ҳиндустон бо нашри изҳороте гуфт: “Покистон бори дигар бо шилики тӯпбхона ба минтақаи Бимбер Гулӣ, воқеъ дар ноҳияи Пунч-Раҷурии тарафи Ҳинд созиши оташбасро нақз кард. Артиши Ҳиндустон посухи муносиб ва санҷидашуда медиҳад.”

Дар ҳамин ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳарду тарафи даргир талаб кардаанд, ки дар посух ба якдигар “хештандорӣ кунанд” ва ҳарчи зудтар масъалаҳоро бо роҳи дипломатӣ дар сари мизи музокирот ҳаллу фасл кунанд.

Танишҳо миёни ин ду ҳамсояи дорои силоҳи ҳастаӣ пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи маргбор дар рӯзи 22-юми апрели соли ҷорӣ дар Кашмири Ҳиндустон шиддат ёфт.

Ҳиндустон гурӯҳи ниманизомии “Лашкари Тайиба”-ро масъули ин ҳамла медонад ва Исломободро ба ҳимоят аз ин ҳамлаи маргбор муттаҳам мекунад. Покистон ин иттиҳомро шадидан рад мекунад.

Даргирӣ ва қатли нозирони роҳ дар Доғистон

0

Дар як даргирии мусаллаҳона дар Доғистон чанд сокини маҳаллӣ 3 пулиси роҳро куштанд.

Ин ҳодисаи тирпарронӣ 5-уми май дар Махачқалъаи Доғистон байни афроди ношинос ва полис рух додааст. Ба гуфтаи расонаҳо, дар ин даргирӣ 3 корманди пулис ва 2 муҳоҷим кушта шуда, чанде аз раҳгузарон, аз ҷумла як духтари 17-сола маҷруҳ шуданд.

Ба гузориши телеграм-канали “RIA Dagestan”, Вазорати корҳои дохилии Доғистон мегӯяд, дар яке аз кӯчаҳои Махачқалъа кормандони пулис хостанд мошинеро ногоҳ доранд, вале як нафар аз дохили мошин ба сӯи онҳо оташ кушояд ва 3 нозири роҳро кушт.

Пас аз ин ҳодиса байни нерӯҳои пулис ва афроди ношинос тирпарронӣ сурат мегирад. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки ду тараф байни ҳамдигар оташ мекушоянд. Эҳтимол меравд ин саҳна пас аз ҳамлаи муҳоҷимон ба нозирони роҳ бошад.

Аммо Вазорати тиндурустии Доғистон мегуяд, дар пайи ҳамла танҳо яке аз пулисҳо кушта шуда, ду нафари дигар ба шиддат маҷруҳ ва айни ҳол дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Ҳамчунин дар расонаҳо наворҳое пахш шудаанд, ки дида мешавад, тирандозӣ байни кормандони полис ва афроди ношинос рух медиҳад ва раҳгузарон пинҳоншуда ба тамошои саҳна машғуланд ва гоҳо ба пулис кумак мерасонанд. Эҳтимол захмӣ шудани шаҳрвандони оддӣ дар ҳамин асно бошад.

Дертар Вазорати корҳои дохилии Доғистон хабар дод, ки ду нафар аз муҳоҷимон кушта шуда, боқимондаи онҳо фирор карданд ва мақомот ба дунболи онҳо мегардад. 

Аммо ба гуфтаи дигар манобеъ ва расонаҳои маҳаллӣ, муҳоҷимон танҳо ду нафар буданд, ки тавассути пулис кушта шуданд.

То ҳанӯз мақомоти дахлдори Доғистон ному насаби афроди муҳоҷим ва далели ҳамлаи онҳо ба пулиси роҳро шарҳ надодааст.

Вокуниши Толибон пас аз сафари Гадоев: Мо бо Тоҷикистон мушкиле надорем

0

Толибон иддао доранд, ки байни Афғонистон ва Тоҷикистон дар самти амниятӣ ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар суҳбат бо “TOLOnews гуфта, ки Толибон бо сарҳадбонони тоҷик равобити хубе дошта, ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният идома доранд ва ҳамаи масъалаҳои вобаста ба муҳофизати марз ва пешгирии қочоқ тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байналмилалӣ ҳаллу фасл мешаванд.

Муҷоҳид дар ин гуфтугӯ таъкид намуд, ки аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ё дигар кишварҳои ҳамсоя ҳеҷ гуна таҳдиде нахоҳад буд.

Вай ҳамчунин муносибатҳоро бо Тоҷикистон “мусбат” арзёбӣ намуда, гуфтааст, ки Кобул кӯшиш дорад бо кишварҳои ҳамсоя эътимоди мутақобиларо таҳким бахшад. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мисли ҳамеша ба чунин изҳороти Толибон посухе надода, дар минбарҳои ҷаҳонӣ Афғонистонро манбаи эҳтимолии таҳдидҳои минтақавӣ медонанд.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ҳанӯз бо ҳукумати Толибон пас аз расидани онҳо дар соли 2021 ба қудрат робитаҳои расмӣ надорад, вале фурӯши барқ ба ин кишвар идома дорад. Ва то як соли қабл мухолифони Толибонро дар дохили Тоҷикистон ҷой дода буд.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои дигари минтақа, ба мисли Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон бо Толибон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва лоиҳаҳои логистикиро рушд дода истодаанд. Ҳатто ин кишварҳо ба ҷуз Туркманистон Толибонро аз рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ берун кардаанд.

Дар ҳоле намояндаи расмии Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз муносибатҳои мусбати амниятӣ бо Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта мухолифи тоҷик ва раҳбари Ҷунбиши ислоҳ ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев бо сафари корӣ ба Кобул рафта буд. Ба гуфтаи ӯ, ин сафари корӣ бо даъвати маркази таҳлилии Sahar Discourse Center анҷом шуд ва ҳадафи он рушди ҳамкории ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон аст.

Гадоев мегӯяд, дар ин сафар чандин мулоқотҳоро бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии афғонӣ баргузор карда ва масъалаҳои таҳкими субот ва ҳамкориро баррасӣ намудааст.

Маълум нест, ки ин мухолифи тоҷик бо намояндагони ҳукумати Толибон вохӯрии расмӣ анҷом додааст ё на. Худи Толибон низ то ҳол сафари ӯро шарҳ надодаанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон, ин сафар наметавонист бе иҷозати Толибон, ки зимоми қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, сурат бигирад.

Ҳукумати расмии Тоҷикистон низ дар ин бора ҳеҷ изҳороте надодааст. Вале Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ ва ҳомии сиёсатҳои раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари Гадоев ба Кобулро “манфӣ”, “шубҳаовар”, “хатарбор” ва “як хиҷолати миллӣ” гуфта буд.

“Чун дар ин шароит бе ҳамкории наздик бо гурӯҳи “Толибон” ва бе ҳамоҳангии хадамоти махсуси кишварҳои таъсиргузор сафари шахси фаъоли сиёсии хориҷӣ ба Афғонистон ҳаргиз имконпазир нест, бе шубҳа анҷом шудани ин гуна сафар ва хоса бар зидди Тоҷикистон ва низоми сиёсии кишвар равона шудани он, барои ҳамаи тоҷикон дар ҳамаи ҷаҳон паёми шум ва манфист” – иддао кардааст Абдуллоҳи Раҳнамо.

Аммо худи Шарофиддин Гадоев дар суҳбатҳояш гуфта буд, ки ҳадаф аз ин сафар таҳияи механизмҳои муштарак барои таъмини субот, муқовимат ба ифротгароӣ дар минтақа, тавсеаи муколамаи мустақим байни ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон ва тақвияти равобити бародарона байни сокинони ду кишвар гуфта мешавад.

Инчунин роҳбари ҶИРТ изҳори умедворӣ карда буд, ки бо оғози ин гуфтушуниду ҳамкориҳо битавонанд дар Афғонистон фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳангиро ба роҳ монад.

Аҳолии Ғазза дар се рӯз як ваъда хӯрок мехӯранд

0

Дар натиҷаи бастани гузаргоҳҳои марзӣ аз сӯи артиши Исроил ва пешгирӣ аз вуруди кумакҳои инсонӣ ба Ғазза, қаҳтӣ ва гуруснагӣ дар ин борика ба сатҳи бисёр хатарнок расидааст.

Дар ин бора рӯзи 6-уми май Ожонси оворагони фаластинии Созмони Миллали Муттаҳид (UNRWA) хабар дод. Сухангӯи ин ниҳоди байналмилалӣ Аднон Абуҳасана мегӯяд, бо сабаби камбуди ғизо аҳолии ин борика бо шумули кӯдакон дар се рӯз як бор хӯрок мехӯранд. Ӯ таъкид кард, ки дар натиҷаи сиёсати қасдан гурусна нигоҳ доштани аҳолии Ғазза аз ҷониби Исроил, беш аз 66 ҳазор кӯдак бо суитағзияи шадид даст ба гиребон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо иттилоъ медиҳанд, ки артиши Исроил ҳамлаҳои ҳавоии худро ба шаҳрҳои Ғазза шиддат бахшидааст ва то рафт шумори кушташудагон ва захмиён дар ин борика бештар шуда, шароити кумакрасонӣ ва обу ғизо ба ҳадди ниҳоӣ мерасад.

Масъулони шаҳракаи Хон-Юнус дар Ғазза ба расонаҳо гуфтаанд, ки 700 ҳазор паноҳанда ва сокини ин шаҳракро ба сабаби норасоии кумакрасониҳо ва аз байн рафтани зерсохторҳои хатари марг таҳдид мекунад.

Ҳамчунин масъулони Вазорати беҳдошти Ғазза аз созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ талаб доранд, ки болои Исроил фишор оварда шавад, то гузаргоҳҳоро боз кунад ва ба вуруди кумкҳои инсониро иҷозат диҳад.

Мувофиқи оморҳои расмӣ аз 7-уми октябри соли 2023, замоне ки Исроил ҳамлаҳои худро болои Ғазза оғоз кард, то кунун 52 ҳазору 615 нафар ҷон бохта, 118 ҳазору 752 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бар илова беш аз 10 ҳазори дигар зери овораҳо нопадид шудаанд.

Гуфта мешавад, Исроил рӯзи гузашта тарҳи ишғоли Ғаззаро низ тасвиб кард ва назари коршиносон, гуфтушуниде дар дар робита ба поён додани ҷанг дар роҳ нест. Ва ҳеч яке аз кишварҳои дунё ҳам ба ин тарҳи Бинёмин Натанёҳу вокуниши ҷиддие нишон надодааст.

Аммо гурӯҳи Ансоруллоҳ (Ҳусиҳо)-и Яман рӯзи якшанбеи гузашта дар пуштибони аз мардуми Ғазза бо мушаки баллистикӣ ба фурӯдгоҳи байналмилалии Бин-Гуриони Исроил ҳамла кард.

Расонаҳои Исроил аз манобеи амниятӣ ва низомӣ менависанд, ки сист­емаҳои дифои ҳавоии амрикоии “THAAD” ва исраилии “Ҳейтс” кӯшиш карданд пеши роҳи мушакро бигиранд, вале ноком монданд.

Телевизиони 12-уми Исроил дар хабаре таъкид кард, ки мушаки Ҳусиҳо чор табақаи системаи дифои ҳавоиро убур карда, дар атрофи фурӯдгоҳ бархӯрд. Дар натиҷаи ин ҳамла 8 нафар захмӣ шудааст. Манобеи амниятии Исроил гуфтаанд, кӯлоҳаки мушак хеле бузург буд ва сабаби силсила таркишҳо шуда, ин зарбаи шадид чуқурии 25-метрӣ эҷод кард.

Пас аз ин ҳамла тамоми парвозҳо муваққатан лағв шуданд ва фаъолияти фурӯдгоҳ низ чанд соат боз мондааст. Дар ҳамин ҳол миллионҳо шаҳрванди он ба паноҳгоҳҳо паноҳ бурданд.

Расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки дар пайи ин ҳамла аксари кишварҳои аврупоӣ ва шарқӣ, аз ҷумла Олмон, Австрия, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои дунё парвозҳои худро ба Телабиб муваққатан қатъ карданд.

Ҷавони тоҷик аз Австрия истирдод ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

0

Тоҷикистон як сокини ноҳияи Шаҳритӯсро, ки аз Австрия истирдод шуда буд, ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Дар ин бора “Asia-Plus” дар истинод ба ёрдамчии калони додситони вилояти Хатлон Варқа Зайниддин хабар медиҳад.

Бино ба навиштаи манбаъ, Додгоҳи ноҳияи Шаҳритӯс Фаррух Зоирови 30-соларо барои кӯшиши пайвастан ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” ва иштирок дар ҷангҳои Сурия бо қисми 3 моддаи 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва моддаи 401(1) (ҷалб ва иштирок дар ҷангҳо дар ҳудуди давлатҳои дигар)-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор донистааст.

Ба иддаои мақомот, Фаррух соли 2014 дар муҳоҷирати корӣ дар шаҳри Маскав қарор дошта, бо нафаре бо номи Ҳусейн Содиқов, узви ДИИШ якҷо зиндагӣ мекардааст. Гӯё Содиқов ба ӯ тавсия додааст, ки барои иштирок дар ҷангҳо ба Сурия тавассути Туркия равад. Аммо ҳангоми убури марз, Фаррухро мақомоти Туркия дастгир ва аз кишвар хориҷ карданд.

Баъди ин Фаррух Зоиров аввал ба Украина ва сипас ба Австрия меравад ва октябри соли 2024, мақомоти Австрия ӯро барои вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Худи Ҳусейн Содиқов қаблан дастгир шуда, моҳи майи соли 2017 дар Тоҷикистон ба 18 соли зиндон маҳкум гардидааст.

То ҳол назари Фаррух Зоиров ва пайвандону вакили дифоаш дар бораи иттиҳоми мақомот дастрас нест.

Пештар аз ин расонаҳо аз 14 сол ҳукми зиндони Алишер Махсудови 22-сола хабар дода буданд. Гуфта мешуд, мақомот бо ваъдаи бахшиши гуноҳ аз хориҷи кишвар ӯро даъват намуданд, вале баъдтар бо се моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор ва равонаи зиндонаш карданд.

Мақомот ин ҷавони тоҷикро низ ба гуноҳи ширкат дар ҷанги Сурия ва узвият дар созмони мамнуи “Салафият” айбдор кардаанд.

Пайвандонаш иттиҳоми мақомотро рад карда, мегӯянд, ки Алишер ҳеҷ гоҳ ба Сурия нарафатааст ва солеро, ки мақомот чун дар Сурия будани ӯ ишора кардаанд, дар Тоҷикистон зистааст.

Ба гуфтаи пайвандонаш, Махсудов дар ибтидо ба Русия рафта, аз он ҷо соли 2021 ба Лаҳистон, баъдан ба Олмон рафт. Вақте дархости паноҳандагиаш пазируфта нашуд, ба Тоҷикистон баргашт ва аз он ҷо боз ба Русия рафта, ба Тошканд сафар кардааст. Мақомот ӯро бо ваъдаи афв фиреб дода, ба Тоҷикистон бурданд ва зиндонӣ кардаанд.

Раиси фурӯдгоҳи Душанбе бо иттиҳоми дуздии пули калон боздошт шуд

0

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байнулмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозодаро ҳамроҳи муовинонаш боздошт кардаанд.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш менависад, ки Абдуллозода ва ҳамроҳонаш барои аз худ кардани ҳудуди 500 миллион сомонӣ, айбдор мешаванд ва агар зиён ҷуброн шавад, эҳтимол дорад онҳо раҳо шаванд.

Ҳоло ӯ ва собиқ муовинаш Аслиддин Меликов дар Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.

Назари худи гумонборан ва наздиконашон дар ин бора маълум нест. Мақомот ҳам то ҳол расман аз боздошти собиқ раиси фурудгоҳ ва ҳамроҳонаш чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, Исматулло Абдуллозода аз январи соли 2016 дар мақоми Директори генералии ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” кор мекард ва ҳамроҳи муовинонаш пас аз санҷиши молиявӣ ва “ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон” бо фармони раисҷумҳур рӯзи 2-уми майи соли ҷорӣ аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.

Худи ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо як қарор бародари домодаш Зайнулло Шарифзодаро Директори генералии ҶСК “Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе” таъйин кард.

Гуфта мешавад, Зайнулло як соли охир дар мақоми мудири Ожонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Тоҷикистон ва дар гузашта ба ҳайси раиси корхонаи “Сементи тоҷик” кор мекард. Ӯ инчунин раиси бошгоҳи футболи “Вахш” ва раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон мебошад.

Зайнулло аз хонаводаи пурнуфузи Соҳибовҳо мебошад, ки тиҷоратҳои бузурги кишварро дар ихтиёр доранд. Амакаш Маҳмадзоир Соҳибов бо Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмон ва бародараш Шамсулло Соҳибов, молики “Фароз” бо духтари панҷумими раисҷумҳур Рухшона Раҳмонова, ки сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир мебошад, издивоҷ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 16-уми декабри соли 2022 дар тарабхонаи “ОК” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, байни Зариф Соҳибов, мудири корхонаи “Тилои тоҷик” ва писари амаи Зайнулло Шарифзода, раиси нави фурӯдгоҳ ва Наврӯз Абдуллоев, соҳибкор ва писари Исматулло Абдуллозода, ҳамакнун собиқ раиси Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ва ҳамроҳони онҳо барои як духтар ҷанҷол сар зада буд.

Он замон гуфта мешуд, ки ҷанҷол аз пушти духтари як сарояндаи тоҷик шудааст, ки аз мизи Абдуллоев ва ҳамроҳонаш хеста, ба мизи Соҳибов ва ҳамроҳони ӯ нишастааст, ки дар натиҷа гапҳояшон пасту баланд шуда ва бо иштироки беш аз даҳ нафар аз ду тараф ҷанҷоли калон сар мезанад, ки ҳашт кас ҷароҳатҳои гуногун бардошта буданд.

Тоҷикистон бо касби 11 медал барандаи “Grand Slam”-и Душанбе шуд

0

Ҷудокорони Тоҷикистон бо дарёфти 11 медал дар мусобиқаи ”Dushanbe Grand Slam 2025” ҷойи аввалро ба даст оварданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии Ҷудо, мусобиқаи мазкур рузҳои 2 то 4-уми майи соли ҷорӣ дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзишҳои обии Душанбе баргузор шуд. Ҷудокорони тоҷик дар ин мусобиқа 11 медал, аз ҷумла 4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда, барандаи мусобиқаи байналмилалии “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2025 ” шуданд.

Дар мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо, ки бори дувум аст дар Душанбе баргузор мешавд, 36 ҷудокор – 28 мард ва 8 зан – Тоҷикистонро намояндагӣ карданд. Дар маҷмуъ 226 варзишгар аз 27 кишвари дунё – 123 мард ва 103 зан – дар ин мусобиқа иштирок карданд. 

Дар охарин рӯзи мусобиқа ҷудокорони Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали тилло, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг медали нуқра ва Кароматулло Ҳакимов дар вазни -100 кг медали нуқра касб карданд.

Рӯзи аввал ва дувуми мусобиқа варзишгарони Тоҷикистон Эмомалии Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали тилло, Муҳиддин Асадуллоев  дар вазни -73 кг медали тилло, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали тилло, Меҳрзод Суфиев (дар вазни -60 кг) нуқра, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) нуқра, Ёсин Бобокалонов (дар вазни -66 кг ) медали биринҷӣ, Мадина Қурбонзода (дар вазни -52 кг) медали биринҷӣ ва Абубакр Шеров дар вазни -73 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки дар маҷмуъ 8 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) мешавад.

Дар ҷойи дуюм дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо дарёфти 4 медал (2 тилло ва 2 нуқра) ва дастаи мунтахаби Фаронса бо ба даст овардани 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, мусобиқоти “Dushanbe Grand Slam 2025” яке аз болотарин чорабиниҳо пас аз бозиҳои олимпӣ, мусобиқоти ҷаҳонӣ ва чанде дигар аст. Иштирок дар ин мусобиқот ба ҷудокорон имкон медиҳад то имтиёзоти болои ранкингро, ки барои ширкат дар бозиҳои олимпӣ ва дигар чорабиноҳои бузург зарурӣ аст, касб кунанд.

Дар гузоришҳо омада, ки ба барандагони тилло дар ҳама вазнҳо 1000 имтиёз, гирандагони нуқра 700 имтиёз ва биринҷиҳо 500 имтиёз ба даст овардаанд.

Ҳамчунин 5000 евро ба барандагони тилло, 3000 евро ба барандагони нуқра ва 1500 евро ба барандагони биринҷӣ ҳамчун ҷоиза дода шудааст.

Бетартибӣ дар мактабҳо муд шудааст?

0

Навори бо тухм задани як талабаи мактаб дар ноҳияи Шаҳринав боиси вокунишҳои тунди корбарон шуд.

Наворе, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, нишон медиҳад, ки як гурӯҳ хонандагон дар яке аз мактабҳои ноҳияи Шаҳринав ба сари ҳамсинфи худ тухм мезананд ва ба ҳоли ӯ механданд. Ҳодиса, ки ба гуфтаи корбарон, дар дохили синфхона дар рӯзи таввалуди яке аз талабаҳо рух додааст, мавҷи вокуниш ва норозигиро дар миёни корбарони фазои маҷозӣ ба бор овардааст.

Дар навор дида мешавад, ки ин амал дар ҳузури дигар талабаҳо сурат гирифта, ягон кас монеи он намешавад. 

Як корбари интернет бо нигаронӣ дар зери ин навор навиштааст: “30 сол мактаб сохтему маърифат не”.

Як корбари дигар навишта, ки “Бо тухм задани якдигар дар рӯзи зодрӯз миёни талабаҳои мактаб муд шудааст.”

Ин бори аввал нест, ки чунин рафторҳои номуносиб ва таҳқиромез аз ҷониби хонандагон дар дохили муассисаҳои таълимӣ сабт ва нашр мегардад. Корбарон аз мақомот даъват доранд, ки ба тарбияи маънавии хонандагон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва нисбати чунин амалҳо чораҷӯӣ кунанд.

Лағви Конфронси Байналмилалии занони рӯзноманигор дар Душанбе

0

Конфронси Байналмилалии занони рӯзноманигори Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе лағв шуд.

Бино ба иттилои “Эътилофи бонувони рӯзноманигор”, ин конфронс таҳти унвони “Садои баробарӣ: озодӣ, занон, расона” бояд рӯзи 1-уми май дар меҳмонхонаҳои “Серена” баргузор мешуд. Аммо як рӯз пеш масъулони меҳмонхона бидуни шарҳ додани сабабе ташкилкунандагони конфросро, ки толлорро омода мекардаанд, рондаанд.

Пас аз он ин эътилоф ба меҳмонхонаи “Румӣ” рафта, барои баргузории конфрос бо масъулонаш ба мувофиқа расидаанд, аммо рӯзи 1-уми май, замоне ки чорабинӣ аллакай оғоз шудаву меҳмонҳо ҳама расида буданд ва бояд суханронии ифтитоҳи сафирони Иттиҳоди Аврупо, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса оғоз мешуд, кормандони меҳмонхона омада, ҳамаро аз толор берун кардаанд.

Онҳо ба ташкилкунандагон ин конфронс гуфтаанд, ки дастур шудааст, то чорабиниро лағв кунанд ва то ҳол маълум нест, ки ин дастур аз куҷо дода шудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон низ хомушанд ва то ҳол сабаби лағви конфронсро шарҳ надоданд.

“Эътилофи бонувони рӯзноманигор” мегӯяд, ки лағви чорабинӣ дар остонаи Рӯзи байналмилалии озодии матбуот рух дода, ин ҳодиса барои 50 бонуи хабарнигор ва ширкатдори конфронс аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин меҳмонҳои хориҷиву дипломатҳо, ки дар конфронс ҳузур доштанд, мояи ноумедии бузург шуд.

Ба гуфтаи ташкилкунандагон, мақсади асосии конфронс эҷоди фазои амн барои табодули касбӣ, муҳокимаи масоили занон дар матбуот ва ғайра буд, на чизи дигар.

Бояд гуфт, дар ҳоле ин конфронси байналмилалӣ дар Душанбе лағв мешавад, ки тибқи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон яке аз кишварҳои маҳдудкунандаи озодии матбуот дар минтақа ба ҳисоб рафта, рӯзноманигорон бо зиндон, фишор, худсензура ва монеаҳои маъмурӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.

Имсол ҳам Тоҷикистон кишвари саркӯбгари расонаҳо баҳо дода шуд

0

Тоҷикистон дар радабандии нави Созмони Гузоришгарони бидуни марз дар байни кишварҳои саркӯбгари расонаҳо қарор гирифт.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз, ки гузориши нави худро барои соли 2025 нашр кард, вазъи озодии расонаҳо дар 180 кишвари дунёро таҳлил ва радабандӣ кардааст. Дар ин радабандӣ Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поёни ҷадвал ҷой дода шуда, ҳамчун кишварҳои саркӯбгари расонаҳо баҳо дода шудаанд.

Тоҷикистон дар байни 180 кишвар дар мақоми 153-юм ҷой дода шуда, нисбат ба соли гузашта 2 зина боло рафтааст. Дар ин ҷадвал Қазоқистон дар мақоми 141, Қирғизистон – 144, Узбекистон – 148 ва аз ҳама бадтар Туркманистон аст, ки дар мақоми 174 ҷой дода шудааст.

Дар мавриди Тоҷикистон гуфта мешавад, ки равиши саркӯбгаронаи президент Эмомалӣ Раҳмон, ки худро ҳамчун “асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат” муаррифӣ кардааст, бар зидди расонаҳо ва садоҳои интиқодӣ боз ҳам шадидтар мешавад.

Гузоришгарон афзудаанд, ки фишорҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон боиси баста шудани расонаҳои мустақили зиёд шуда, инчунин даҳҳо рӯзноманигор маҷбур шудаанд Тоҷикистонро тарк кунанд ва рӯ ба муҳоҷират биёранд.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки Ҳукумати Тоҷикистон иттилооте, ки аз тариқи радио, телевизион ва интернет пахш мешаванд, ҳамро бодиққат назорат мекунад ва дастрасӣ ба иттилооте, ки мақомоти расмӣ пешниҳод мекунанд, барои расонаҳои мустақил хеле маҳдуд аст. “Рӯзноманигороне, ки аз худсензура даст накашидаанд, аз ҷониби хадамоти махсус мавриди озору азият, таҳдид ва шантаж қарор мегиранд ва баъзеашон ба рӯйхати “террористон” ворид шудаанд. Пӯшиш додани хабарҳои эътирозие, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо зӯроварӣ саркӯб шуд буд, мамнуъ аст.”, омадааст дар гузоригш.

Инчунин Гузоришгарон бидуни марз, Эрон, Афғонистон ва Турманистонро “аз бузургтарин зиндонҳои рӯзноманигорон” меномад. Дар бораи Афғонистон мегӯяд, ки баргашти Толибон ба қудрат “зангулаи марг”-и озодии расонаҳоро дар ин кишвар ба садо даровардааст.

Ин ниҳоди байналмилалӣ вазъи озодии расонаҳо дар тамоми дунёро нигаронкунанда арзёбӣ мекунад. Ба иттилои гузоришгарон, расонаҳои хабарӣ бинобар мушкилоти иқтисодӣ дар тақрибан сеяки кишварҳои ҷаҳон баста мешаванд. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар Амрико, (дар мақоми 57-ум қарор дорад), Тунис (129-ум) ва Аргентина (87-ум) зиёд мушоҳида мешавад. 

Низ гуфта мешавад, вазъияти Фаластин (дар мақоми 163-юм) фоҷиабор аст. “Артиши Исроил дар Ғазза утоқҳои хабариро тахриб карда, тақрибан 200 рӯзноманигорро кушта ва дар тӯли беш аз 18 моҳ муҳосираи куллӣ ҷорӣ кардааст.”, омадааст дар гузориш.

Тибқи ин радабандӣ давлати Норевгияи дар ҷои аввал, Эстония дувум ва кишварҳои Чин, Кореяи Шимоӣ ва Эритрея аз ҳама охир дар ҷойҳои 178 то 180-ум ҷой гирифтаанд.