5.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 82

Эмомалӣ бародари домодашро вазифаи нав дод

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо як қарор бародари домодаш Зайнулло Шарифзодаро Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” таъйин кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, ин қарор рӯзи 2-уми майи соли ҷорӣ содир шудааст.

Гуфта мешавад, Зайнулло як соли охир дар мақоми мудири Ожонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Тоҷикистон ва дар гузашта ба ҳайси раиси корхонаи “Сементи тоҷик” кор мекард.

Ӯ инчунин раиси бошгоҳи футболи “Вахш” ва раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон мебошад.

Зайнулло аз хонаводаи пурнуфузи Соҳибовҳо мебошад, ки тиҷоратҳои бузурги кишварро дар ихтиёр доранд. Амакаш Маҳмадзоир Соҳибов бо Фирӯза Раҳмонова, духтари калонии Эмомалӣ Раҳмон ва бародараш Шамсулло Соҳибов, молики “Фароз” бо духтари панҷумими раисҷумҳур Рухшона Раҳмонова, ки сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир мебошад, издивоҷ кардаанд.

Ҳамакнун собиқ Директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва муовинонаш пас аз санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон бо фармони раисҷумҳур аз вазифаҳояшон шудаанд.

Гуфта мешавад, Абдуллозода аз январи соли 2016 дар ин мақом кор мекард ва бори охир номи ӯ дар моҳи декабри соли 2022 пас аз занозании писараш Наврӯз Абдуллоев дар тарабхонаи “ОК”, ки боиси ҷароҳат бардоштани 8 нафар гашт, расонаӣ шуда буд.

Ҳоло маълум нест, ки сарнавишти баъдии Исматулло Абдуллозода ва муовинони барканоршудааш чӣ мешавад ва нисбаташон барои “камбудиҳои ҷиддӣ” парвандан боз хоҳад шуд ё на.

Ҳамзамон имрӯз дар баробари ин қарорҳо Эмомалӣ Раҳмон чанд ҷойивазкунии дигарро ҳам миёни мақомдорон гузарондааст. Аз ҷумла, ҷиянаш Раҳмон Исломиддинро, ки то ин дам сардори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар буд, аз вазифа озод ва ба ҷои Темурҷон Абдулваҳобзода, ки чанде пештар вафот кард, директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (Тоҷикстандарт) ва ба ҷойи ҷиянаш Ҳайдаралӣ Раҷабзодаро роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйин кардааст.

Инчунин бо як фармони президент Раҳмоналӣ Раҳимзода, бародари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо сабаби ба нафақа баромадан пас аз як соли фаъолият аз вазифаи муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон озод гардидааст.

Дар ду рӯзи охир дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳои зиёд сурат гирифтааст.

Тибқи маъмул, дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад ва аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисосу донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар маҳал ва шинос ва наздик будан ба хонавода аст.

Мухолифи тоҷик аз Аврупо ба Кобул сафар кард

0

Роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев бо сафари корӣ ба шаҳри Кобули Афғонистон рафт.

Имрӯз, 30-уми апрел Шарофиддин Гадоев дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки ин сафар бо даъвати Фазлурраҳмон Орӣ, раҳбари Маркази таҳлилии ғайридавлатии “Sahar Discourse Center” сурат гирифтааст.

Раҳбари ҶИРТ мегӯяд, ки тайи ду рӯз бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷамъиятии Афғонистон гуфтугӯҳои дуҷониба доштааст ва онҳо идома доранд.

Ҳадаф аз ин сафар таҳияи механизмҳои муштарак барои таъмини субот, муқовимат ба ифротгароӣ дар минтақа, тавсеаи муколамаи мустақим байни ҷомеаҳои шаҳрвандии Тоҷикистону Афғонистон ва тақвияти равобити бародарона байни сокинони ду кишвар гуфта мешавад.

Гадоев дар суҳбатҳояш аз фаъол гардидани шохаи Хуросони ДИИШ, ки ба гуфтааш шумори зиёди аъзояшро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, изҳори нигаронӣ намуда, онро ба сиёсати саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон рабт додааст.

“Сиёсати саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон – аз байн бурдани нерӯҳои мустақили сиёсӣ, куштори рақибони сиёсӣ, боздоштҳои худсарона ва даҳшатафканӣ, заминаи мусоидеро барои паҳншавии афкору ҳаракатҳои ифротӣ фароҳам овардааст”- мегӯяд раҳбари ҶИРТ.

Инчунин роҳбари ҶИРТ изҳори умедворӣ кардааст, ки бо оғози ин гуфтушуниду ҳамкориҳо битавонанд дар Афғонистон фаъолиятҳои сиёсӣ ва фарҳангиро ба роҳ монад.

Маълум нест, Шарофиддин Гадоев дар ин сафараш бо мақомоти расмии Афғонистон мулоқот кардааст ё на, аммо ин аввалин сафари ошкори мухолифони тоҷик баъд аз сари қудрат омадани Толибон дар ин кишвар аст ва Толибон ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ то ҳол ба сафари як мухолифаш ба ҳамсоякишвар вокунише накардааст.

Шарофиддин Гадоев раҳбари ҷунбишест, ки он давоми шаш соли гузашта шомили Паймони миллии Тоҷикистон буд ва бо нишони эътироз 13-уми августи соли 2024 хориҷ шуданашро аз ПМТ эълон кард.

Ба навиштаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, Гадоев маҳз пас аз берун рафтани созмонаш аз ПМТ хеле фаъол гашт.

Ёдовар мешавем, Шарофиддин Гадоев, ки паноҳандагии кишвари Ҳолландро дорад, дар соли 2019 вақти сафар ба Маскав рабуда ва иҷборан ба Душанбе фиристода шуда буд. Ӯ тавонист бо пуштибонии Вазорати хориҷии Ҳолланд ва Вазорати хориҷии Олмон ба Аврупо баргардонида шавад. Баъд аз баргашташ Гадоев ба расонаҳо гуфта буд, ки дар Тоҷикистон ӯро шиканҷаву маҷбур карда буданд, ки дар наворҳои таблиғотии Ҳукумат гап занад.

Мулоқоти Эмомалӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар Қасри миллат

0

Рузӣ 29-уми апрели соли ҷорӣ раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Қасри миллат бо раиси Ассамблеяи парлумонии САҲА Пиа Каум ва мудири Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (FAO) бо фосилаи замонӣ мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, дар мулоқоти Эмомалӣ бо хонум Пиа Каум дурнамо ва чигунагии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, бахусус робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.

Раҳмон таъкид карда, ки САҲА-ро ҳамчун платформаи асосӣ барои муколама дар ченакҳои низомиву сиёсӣ, иқтисодиву муҳитизистӣ ва инсонӣ медонад.

Ҳангоми баррасии ченакҳои мазкур, дар соҳаи амниятӣ ҳамкориҳо барои муқобила бо таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла терроризм муҳим дониста шуда, дар соҳаи иқтисодӣ-муҳитизистӣ тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои воқеии иқтисод, беҳбуди зерсохторҳо ва масъалаҳои марбут ба захираҳои обиву энергетикӣ мавриди таъкид қарор гирифт.

Дар робита ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд Эмомалӣ аз баробарии ҷинсӣ ва ҳимоят аз занҳо дар муҳити корӣ ишора кардааст.  

Аммо созмонҳои ҳуқуқӣ ва таҳлилгарон рафтори Эмомалиро хилофи гуфтаҳояш медонанду ӯ ва ҳукуматашро ба нақзи ҳуқуқи инсон ва фасодкорӣ дар пешбурди лоиҳаҳои иқтисодӣ муттаҳам мекунанд.

Ҳамзамон, бо нақл аз сомонаи Президен, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамон рӯз бо мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Тсю Донгюй дар Қасри миллат вохӯрӣ дошт.

Дар ин вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид. Бахусус таваҷҷуҳи вежа ба мавзуи ташкили гӯшаи Тоҷикистон дар қароргоҳи ин Созмон карда шуд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарони созмонҳои аврупоиву байналмилалӣ ва суҳбат аз ҳимояи ҳуқуқи инсон, бахусус занон дар ҳолест, ки як рӯз пеш созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) Тоҷикистонро ба хотири маҳдуд сохтани озодии баён, таъқибу боздошти фаъолон, мунтақидон, рӯзноманигорони мустақилу дигарандешон интиқод кард. Ин созмон ҳамчунин Тоҷикистонро барои боздоштҳои худсарона, додгоҳии пинҳонӣ ва муҳокимаҳои ноодилонаи паси дарҳои баста кишвари диктотурӣ хондааст.

Солона даҳҳо созмони ҳуқуқӣ Тоҷикистонро барои поймол кардани ҳуқуқи инсонӣ интиқод мекунанд ва Эмомалиро худкома дониста, низоми давлатдорияшро диктотурӣ муаррифӣ мекунанд. Бо вуҷуди он ки ин созмонҳо Тоҷикистонро аз нигоҳи риояи ҳуқуқи инсон дар шохисҳои ҷаҳонӣ дар зинаҳои поинтарин ҷоӣ медиҳанд, вале Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқотҳояш бо ин созмонҳо аз вуҷуди озодии баёну риоя шудани ҳуқуқи шаҳрвандон мегӯяд.

Дар Хатлон ба хотири “вазни зиёд” кормандро аз кор ронданд 

0

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон як корманди ин ниҳодро ба хотири ин ки вазнаш зиёд будааст, аз кор рондаанд. 

Наворе дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки дар он як ҷавони тоҷик ва сокини шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмаон ва писараш шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат карда, ба хотири аз кор ронда шуданаш шикоят мекунад. 

Ин ҷавон, ки аз худ Бобоев Барзу ном мебарад, мегӯяд, Донишкадаи ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Русияро дар шаҳри Белград хатм кардааст. Ба гуфтаи ӯ, пас аз хатми Донишкада ба Ватан баргашта, дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон корро оғоз кардааст. 

Аммо “Моҳи июли соли 2024 маро ба сабаби гаронвазниям аз мақомоти корҳои дохилӣ озод намуданд.” – мегӯяд Барзу. Аммо ин ҷавони тоҷик шарҳ надодааст, ки вазнаш чӣ миқдор зиёд буд ва меъёри вазни як корманд дар ин ниҳод чӣ қадар бояд бошад.

Ӯ ҳамчунин дар хитоб ба раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе таъкид мекунад, ки барои дубора ба кораш баргаштан ба ӯ кумак кунанд, зеро борҳо ба Дастгоҳи Президент нома фиристодааст, аммо дар ҳеч яке аз номаҳо “дастгирӣ” наёфтааст. Барзу ишора мекунад, ки падараш низ қаблан корманди Вазорати корҳои дохилӣ буд ва мехоҳад дар ини ниҳод кор кунад, зеро ихтисосаш маҳз дар ҳамин соҳа аст.

Ин ҷавони тоҷик меафзояд, ки чанд сол таҳсил кардааст ва соҳибихтисос шуда баргаштааст, мехоҳад дар Ватани худ кору зиндагӣ кунад ва намехоҳад ба сафи муҳоҷирони дур аз Ватан бипайвандад. 

Дар зери ин навор корбарони зиёде шарҳу назар навишта, аз ӯ ҷонибдорӣ мекунанд ва аз мақомот хостаанд, ки ин ҷавон дубора ба сари кори худ баргардад. 

Баҳром Амирзода, ном як корбар менависанд: “Мутаассифона, ҳар як гаронвазне кору фаъолият намуда истодааст, ки 2 баробари ин ҷавон вазн дораду сатҳи донишаш 10 маротиба камтар аст…” 

Ҳамчунин корбари дигаре бо номи Shamsiya Badalova мегӯяд: “Бисёр афсӯс, ки ҳарчиро баҳона намуда ҷавонони босаводро аз мансаб дур мегардонанд! Шояд ин ҷавон ба таври “генетикӣ “- чоқ мебошад. Ба инҳо “салларо биёр гӯӣ калларо”- меоранд .” 

Ҳаминтавр, даҳҳо корбар навиштаанд, ки мақомоти кишвар дар сафи худ шахсони босаводро дидан намехоҳанд ва талош мекунанд нафаронеро дар атрофи худ дошта бошанд, ки ё наздиконашон бошад ва ё бесаводтар аз худашон бошад. 

Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматаш шароитро чунон сохтаанд, ки шаҳрвандони тоҷик медонанд ҳеч ниҳоди қазоие наметавонад мушкилоти онҳоро ҳал кунад, магар бо як ишораи худи раисҷумҳур ва ё фарзандону наздиконаш. Бинобар ҳамин, шаҳрвандон аксаран барои додхоҳӣ аз худи ӯ кумак талаб мекунанд, вале дар аксар ҳолат ин додхоҳии онҳо низ бепосух мемонад ва ҳақ ба ҳақдор намерасад. 

Симхоркашӣ.Қирғизистон дар марзи бо Тоҷикистон ҳисор мекашад

0

Хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки корҳои муҳандисӣ дар марзи Тоқикистон-Қирғизистон дар вилояти Бодканд оғоз шудааст.

Ин ниҳод 29-уми апрели соли ҷорӣ хабар дод, ки марҳилаи аввали амалии кор дар минтақаи марзии Бодканд дар нуқтаи пайвастшавии кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон шуруъ гардида, девори хордор дар марзи ду кишвар насб мешавад.

Абдукарим Алимбоев, директори Хадамоти сарҳадии Қирғизистон қайд мекунад: “Ин як қадами муҳим барои ҳарду кишвар мебошад.”

Ӯ мегуяд, мақсади ин кор таҳкими амният ва субот дар минтақаи сарҳадӣ аст ва Хадамоти сарҳадӣ барои анҷоми корҳои зерсохтии ин барнома дар муҳлати муаяншуда талош хоҳад кард.

Ба гуфтаи расонаҳо, як урдугоҳи майдонии муваққат дар минтақаи марзӣ мустақар шуда, бо тамоми асбобу васоили лозима муҷаҳҳаз аст, то аз нерӯҳои корӣ пуштибонӣ кунад.

Гуфта мешавад, марҳилаи аввали ин тарҳ 420 километр деворсозӣ дар марз мебошад. Инфрасохтор шомили коргузории маделбардорҳои 3-буъдӣ, насби симҳои хордор ва печхӯрда аст, то як системаи амниятии чандсатҳӣ барои сарҳад сохта шавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда, то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километри марз танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангези марзи муштараки байни ин ду кишвар солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандон аз ду тараф сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар, беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Ва ахиран дар моҳи марти соли ҷорӣ раисҷумҳурони ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишномаи тарафайнро имзо карданд ва ба он расмият бахшиданд.

Ду кишвар бар асоси шартномаи соли 1991 музокира анҷом доданд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, шартномаи соли 1991 бар зарари Тоҷикистон тамом шудааст ва Тоҷикистон бояд бар асоси харитаҳои солҳои 1924-1927 созиш мекард.

Тоҷикистониён дигар наметавонанд “визаи электронӣ”-и Арабистонро бигиранд

0

Ахиран Арабистони Саудӣ Тоҷикистон ва Узбекистонро аз феҳристи кишварҳои дорои шароити барномаи визаи сайёҳии электронии “eVisa” ҳазф кард.

Дар сомонаҳои расмии марбут ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати сайёҳати Арабистони Саудӣ дида мешавад, ки номи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳое, ки метавонанд раводиди электронӣ дархост бидиҳанд, пок шудааст. Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд барои дарёфти раводиди электронӣ дархост диҳанд.

“eVisa”-и Саудӣ як раванди содаи дарёфти визаи ин кишвар аст, ки ниёз ба муроҷиати ҳузурӣ ба консулгариро аз байн мебарад. Мақомоти Саудӣ дар ҳоле Узбекистон ва Тоҷикистонро аз ин феҳрист пок кардаанд, кишварҳои Кирғизистон ва Қазоқистон ҳанӯз дар ин ҳастанд.

Ҳанӯз далелҳои асосии ҳазфи Тоҷикистону Узбекистон аз ин феҳрист мушаххас нашудааст ва мақомоти расмии Саудӣ низ тавзеҳе дар ин маврид надодаанд.

Расонаҳо мегӯянд, ки ба пурсишҳои онҳо дар бораи ин иқдом, аз тарафи мақомоти Арабистони Саудӣ посухе ба онҳо дода нашудааст.

Ҳаминтавр, то ҳанӯз ҳеҷ гузориши расмие аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора дода нашудааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, яке аз омилҳои эҳтимолии паси ин қарор метавонад тағйирот дар муносибатҳои дипломатӣ ё тағйироти сиёсии дохилӣ ва ивази афроди тасмимгиранда дар Арабистони Саудӣ бошад. 

Онҳо мегуянд, сиёсати раводиди ин кишвар аксар вақт метавонад дар асоси мулоҳизаҳои мухталифи геополитикӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ танзим карда шавад. Хориҷ кардани Тоҷикистон ва Узбекистон аз ин рӯйхат мумкин аст қисме аз як бозсозии васеътар ё аз рӯйи омилҳое бошад, ки ҳанӯз ошкор нашудаанд.

Қабл аз ин тағйирот, дохил шудани Тоҷикистон ва Узбекистон ба системаи визаи электронӣ ҳамчун як таҳаввулоти мусбат барои шаҳрвандони ин кишварҳо ҳисобида мешуд, зеро чунин шароит ба шаҳрвандони ин ду кишвар имкони тезтар ва қулайтар барои адои умра ва боздид аз Арабистони Саудиро фароҳам оварда буд.

Баъзе коршиносони тоҷик ҳадс мезананд, ки аз феҳристи раводиди электронии Арабистони Саудӣ пок шудани номи Тоҷикистон метавонад аз талаботи худи мақомдорони тоҷик бошад. Зеро, ба гуфтаи онҳо, вақтҳои охир дида мешуд, ки шаҳрвандони зиёде бо роҳҳои арзонтар тариқи Узбекистон ё Русия ба умра мерафтанд ва ин чиз мақомдорони кишвар, аз ҷумла худи Эмомалӣ Раҳмонро водор кард, ки вокуниш нишон бидиҳанд ва талош мекарданд сари роҳи ин равандро бигиранд. Гуфта мешавад, ба умра ва ҳаҷ бурдани шаҳрвандон танҳо тавассути хонавода ва наздикони Эмомалӣ анҷом мешуд ва ҷорӣ шудани раводиди электронӣ тиҷорати хонаводаро барҳам зада буд.

Аммо гуфта мешавад, соддагардонии ин раванд аз тасмимоти худи кишвари Арабистони Саудӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар доираи ҳадафҳои иқтисодии худ буд.

Тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия

0

Мақомоти Русия бо қабули фармони нав муҳлати қонунӣ кардани будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандӣ дар ин кишварро то 10-уми сентябри соли 2025 тамдид кард.

Ин фармон рӯзи 28-уми апрел аз ҷониби Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба имзо расид.

Ҳамакнун бояд муҳоҷирон дар ин муҳлат дар идораи муҳоҷират бо пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат, худро сабтином кунанд. Инчунин муҳоҷирон бояд ҷаримаҳо ва пули телефонро пардохт карда бошанд ва аз ниҳодҳои давлатӣ, қарздор набошанд.

Ҳамзамон муҳоҷирон то замони қонунигардонии будубош ҳаққи хариди амволи ғайриманқул ва нақлиёт, издивоҷ, сабти тиҷорат, кушодани суратҳисоби бонкӣ ва шомил кардани кӯдакон ба кӯдакистону мактабҳоро надоранд.

Тибқи қарори қаблӣ муҳоҷирон дар Русия бояд то 30-уми апрели соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро танзим мекарданд ва дар ғайри ин сурат кишварро бояд тарк кунанд.

Пештар мақомот рӯйхати шахсони таҳти назорати Русияро тартиб дода нашр кард, ки номи беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки муҳлати ҳуҷҷатҳояшон гузаштааст ё бекор шудаанд, инчунин онҳое, ки қонунвайронкунии маъмурӣ содир кардаанд, оварда шуда буд. Аз онҳо хоста мешуд, ки дар сурати қонунӣ накардани будубошашон аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

Бояд гуфт, ки пас аз ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” дар моҳи марти соли 2024, ки гумонбарони ҳамла муҳоҷирон мебошанд, мақомоти Русия даст ба “рейд”-ҳои густарда зада, ҳазорон муҳоҷирро ихроҷ кард. Инчунин намояндагони парлумони ин кишвар қонунҳои наверо қабул карданд, ки шароити кор ва зиндагиро дар ин кишвар маҳдуд ва вазъи муҳоҷиронро душвор кардааст.

Дар чанд кишвари Аврупо барқ якбора қатъ шуд, сабаб чист?

0

Рӯзи 28-уми апрели соли ҷорӣ миллионҳо нафар дар Испания, Португалия, Андорра ва қисмате аз Фаронса бе нерӯи барқ монданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, барқ дар шаҳрҳои бузурге мисли Мадрид, Лиссабон, Порту ва ғайра якбора қатъ гардида, метро ва қаторҳо аз кор мондаву сокинон дар лифтҳо банд шудаанд. Инчунин чароғҳои роҳнамо хомӯш гашт, ки сабаби тамбашавии мошинҳо дар роҳҳо шудааст ва дар баъзе минтақаҳо интернет, иртиботи мобилӣ ва хидматҳои бонкии электронӣ қатъ гардидааст.

Сокинон аз тарс ба харид намудани хӯрока шуруъ кардаанд, ки боиси холӣ шудани қисмати зиёди мағозаҳо дар ин кишварҳо гаштааст.

Мақомоти Португалия ва Фаронса нуқтаи асосии қатъи нерӯи барқро Испания гуфтанд. Мақомоти Испания ҳам мегӯянд, ки соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ тамоми шабакаи миллии барқии кишвар қатъ шуда, дар панҷ сония ногаҳон 15 гигаватт нерӯи барқ нопадид шудааст.

Пас аз ин ҳодиса сарвазири Испания ҷаласаи изтирории ҳукуматро даъват кард ва Вазорати корҳои дохилии кишвар вазъи фавқулодда эълон намуд, то ба минтақаҳои зарардида барқарорсозии барқ кумак расонад.

Гуфта мешавад, имрӯз, 29 апрел дар аксар минтақаҳо дубора нерӯи барқ таъмин шудааст.

Сабабҳои якуякбора қатъ шудани барқ то ҳол маълум нест ва он таҳқиқ мешавад. Аммо то ҳол чанд фарзия садо додаааст, аз ҷумла дар расонаҳо аз як падидаи нодири атмосферӣ, мушкилоти эҳтимолии дар шабакаи тақсимоти барқ ва ҳамлаи киберӣ, ки то ҳол аломтҳои он ошкор нашудааст, гуфта истодаанд.

Бархе таҳлилгарон дар расонаҳо эҳтимол медиҳанд, ки ин ҳодиса ба ҳамлаи киберӣ наздиктар аст, зеро ба гуфтаи онҳо 15 гигаватт нерӯи барқе, ки нопадид шудааст, 15 миллион кВт/соат мешавад ва ин миқдор тақрибан масрафи 13-14 соата барқи тамоми Испания аст.

Муҳоҷирон камтарин муҷримон дар Русия ҳастанд

0
MOSCOW, RUSSIA - DECEMBER 11: (RUSSIA OUT) Russian Defence Minister Sergei Shoigu smiles during the reception marking the Day of Heroes of the Fatherland at Grand Kremlin Palace on December 11, 2019 in Moscow, Russia. (Photo by Mikhail Svetlov/Getty Images)

Шӯрои амнияти Русия дар изҳороте омори сатҳи ҷинояткории муҳоҷирон дар ин кишварро нашр кард.

Раҳбари Шӯрои амнияти Русия Сергей Шойгу охири ҳафтаи гузашта дар изҳороте омори ҷурму ҷиноятеро, ки тавассути муҳоҷирони корӣ сар мезанад, ба расонаҳо ироа кардааст. Шойгу гуфта, ки муҳоҷирони корӣ ҳамагӣ дар 2 дарсади ҷурму ҷиноятҳои содиршуда дар Русия даст доранд, ки “ин дар муқойиса бо сатҳи умумии ҷиноятҳо хеле ночиз аст.”

Ин мақомдори баландпояи Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории русии ТАСС қайд карда, ки бо вуҷуди ба 5,9 миллион нафар расидани муҳоҷирон дар ин кишвар дар 2024 омори ҷиноятҳо ба таври назаррас тағйир наёфтааст. “Омори ҷиноятҳои содиргашта аз ҷониби муҳоҷирон танҳо 2% аз умуми ҷиноятҳои сабтшуда дар соли 2024-ро ташкил медиҳад.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан бархе таҳлилгарони рус ва мақомоти баландпояи ин кишвар муҳоҷирони кориро сабаби асосии афзоиши ҷурму ҷиноятҳо медонистанд, аммо ин омори расмии нашршуда тавассути Сергей Шойгу нишон медиҳад, ки муҳоҷирон дар Русия омили асосии ҷинояткорӣ нестанд ва ҳиссаи онҳо дар шумораи умумии ҷиноятҳо ниҳоят кам аст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, мақомоти Русия талош мекунанд бештари ҷурму ҷиноятҳоро ба муҳоҷирон рабт диҳанд, аз ин рӯ, тадбирҳои сахтгиронаеро алайҳи муҳоҷирон иҷро мекунанд ва бо ин роҳ давоми як соли гузашта ҳазорҳо муҳоҷирро беасос аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол оморҳои расмии Русия нишон медиҳанд, ки бо сабаби фишорҳои афзоянда болои муҳоҷирони корӣ ва онҳоро муҷрим донистану бесабаб ихроҷ кардан, аллакай онҳо ин кишварро тарк карда истодаанд ва нисбат ба солҳои гузашта шумори онҳо хеле кам шудааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки раванди тарк кардани Русия аз ҷониби муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар оянда низ идома хоҳад кард. Зеро ба гуфтаи онҳо, шароит барои онҳо дар Русия осон ва муносиб несту иқтисоди кишварҳои мабдаъ ва дигар нуқоти дунё дар ҳоли рушди босуръат аст ва афроди зиёде дар дохили кишварҳои худ ва дигар кишвврҳо кор пайдо хоҳанд кард.

Ҳаминтавр, гуфта мешавад, назорату тафтиш ва ихроҷи муҳоҷирони корӣ дар Русия давоми як соли ахир, бахусус пас аз ҳамлаҳои террористии “Крокус Сити Ҳол” зиёд шудааст.

Тайи моҳҳои ахир чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатии Русия пешниҳоду қабул гардиданд, ки шароити кориро барои муҳоҷирон мушкилтар мекунанд.

Оташбаси серӯза дар Украина

0

Ба муносибати 80-солагии ғалабаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ нерӯҳои Русия ҳамла ба Украинаро муваққатан қатъ мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, бо қарори раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз нимашаби 7-уми май то нимашаби 10-уми майи соли ҷорӣ оташбас эълон шудааст.

Кремл бо нашри иттилоияе мегӯяд, ки дар ин муддат тамоми амалиёти ҷангӣ боздошта мешаванд ва изҳори умедворӣ кардааст, ки Украина низ ба ин иқдом пайравӣ мекунад ва дар сурати вайрон шудани оташбас аз ҷониби Украина, нерӯҳои мусаллаҳи Русия посух хоҳанд дод.

Пештар аз ин низ Владимир Путин ба муносибати иди “Пасха” оташбаси 30-соата эълон карда буд, аммо он замон Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфта буд, ки бо вуҷуди эълони Путин, нерӯҳои Русия дар чанд ҷабҳа ҷангро идома дода истодаанд.

Эълони оташбаси серӯза аз ҷониби Путин дар ҳолест, ки тими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо баргузории гуфтугӯҳои алоҳида бо ҷониби Русия ва Украина талош доранд, ки ба ҷанги сесола хотима бахшанд, аммо ҷонибҳо то ҳол ба созишҳои назаррасе нарасидаанд.