Хона блог саҳифа 849

Таваққуфи ҷанг дар Афғонистон ғайри мантиқӣ аст

0

Cухангӯи Гурӯҳи Толибон, Забиҳуллоҳи Муҷоҳид бо нашри паёме ба дархости Раёсати Ҷумҳурии Афғонистон барои таваққуфи хушунатҳо ва шурӯи музокирот посух дод. Дар ин бора хабаргузории “Орёно нюз” хабар медиҳад.

Сухангӯи гурӯҳи Толибон бо нашри паёме дар твиттер гуфтааст, ки дархости таваққуфи ҷанг пеш аз шурӯи музокирот ғайри мантиқӣ аст.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Афғонистон дар твиттераш навишта, ки афзоиши хушунатҳои Толибон умеду интизори мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро барои сулҳ хадшадор мекунад ва замони он расидааст то Гурӯҳи Толибон даст аз хушунат бардорад ва вориди раванди сулҳ шавад.

Аммо дар ради ин навишта сухангӯи Гурӯҳи Толибон, Забиҳуллоҳи Муҷоҳид гуфтааст, ки татбиқи тавофуқномаи сулҳи Давҳа ба хотире зарур аст, ки барои коҳиши хушунат ва поёни ҷанг роҳе ҷуста шавад.

Роҳи ҳалли ниҳоӣ аз нигоҳи Гурӯҳи Толибон ин раҳоӣ намудани зиндониёни онҳост. Дар ин замина Забиҳуллоҳи Муҷоҳид хотирнишон кардааст, ки “бояд ҳарчи зудтар раванди раҳоии зиндониён такмил ва музокироти байниафғонӣ шурӯъ шавад”. Ба гуфтаи ӯ ин танҳо роҳи ҳал ва мавзеъгирии мантиқӣ аст.

Охирин омори COVID-19 дар саросари ҷаҳон

0

Вируси корона рӯзона ҷони ҳазорҳо инсонро меситонад. Тибқи оморҳои расмӣ то ба имрӯз зиёда аз 13,3 млн нафар ба ин вирус мубтало шуданд ва 7,4 шифо ёфта наздики 580 ҳазор нафар дар сар то сари дунё аз ин вируси қотил ҷон бохтаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико осебдидатарин давлат, дар баробари вируси COVID-19 ба шумор меравад. То имрӯз 3,4 млн амрикоӣ гирифтори ин вирус гашта бештар аз 136 ҳазор фавтидаанд.

Тибқи омори Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, Бразилия баъд аз Амрико бо шумори 1,9 млн гирифтор ва 74 ҳазор вафот мақоми дуюмро дар рӯйхати зарардидатарин давҳлатҳо аз COVID-19 ишғол намудааст.

Британяи Кабир мақоми сеюмро бо шумори зиёда аз 292 ҳазор гирифтор ва бештар аз 45 ҳазор вафот касб намудааст.

Ба ҳамин тартиб дар рӯйхати имрӯзаи омори COVID-19-и Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинси Амрико, Мексика бо 311 ҳазор гирифтор ва 36 ҳазор вафот, Итолиё 243 ҳазор гирифтор ва 35 ҳазор вафот, Фаронса бо 210 ҳазор мубтало ва 30 вафот, Испания 256 ҳазор мубтало ва 28 ҳазор гирифтор, Ҳиндустон бо теъдоди бештари гирифторон, 936 ҳазор гирифтор ва 24 ҳазор вафот раддабандӣ шудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 30 апрел то 14 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6643 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5332 нафар ё худ 80,2%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат шумораи ҳолатҳои фавт аз ин беморӣ дар мамлакат ба 56 нафар расид.

Сафоратро мебанданд ё баҳонае барои гурез аз муҳоҷирон?

0
Акс аз саҳифаи фейсбуки сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Дар тани се тан аз намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав вируси COVID-19 ошкор шудааст. Айни ҳол онҳо бистариянд. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар медиҳад.

“Тестҳое, ки аз ин се нафар кормандон гирифта шуданд, натиҷаи мусбат доданд”, – хабар додааст ба “Азия-Плюс” як манбаи муътамад аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав.

Чанд рӯзи пеш Имомуддин Сатторов зимни суханронӣ назди муҳоҷироне, ки пеши бинои сафорат ҷамъ омада буданд, изҳор доштааст, ки айни замон се корманди сафорат таби баланд доранд.

Ба гуфтаи манбаъ ҳукумати Маскав аз сафорат дархост намуда, ки рӯйхати шахсони алоқадошта бо кормандони гирифтор ба COVID-19-ро пешниҳод кунад. Ӯ гуфтааст ҳукумат метавонад сафоратро барои карантин муваққатан бибандад.

“Ҳукумати шаҳри Маскав сафоратро ба карантин баста метавонад. Айни замон ҳамаи кормандони сафорат тести ташхиси коронавирус супориданд. Натиҷаҳои он алҳол маълум нест”, – иттилоъ додааст манбаъ.

Иттилои баста шудани сафорат дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳафтаи гузашта баъди эълони таърихи парвозҳои чартерӣ байни Русия ва Тоҷикистон садҳо муҳоҷири дармонда дар Русия барои баргаштан ба Ватан назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҷамъ омаданд ва талаб намуданд, ки онҳоро ба Ватан баргардонанд. Кормандони сафорат аз онҳо хоҳиш мекарданд, ки дар ин замони пандемия фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.

Барномаи хабарии ИМРУЗ – 14.07.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Кумаки 105 доллари БОР барои рушди соҳаи энергетика.

Юсуф Раҳмон: қарори додгоҳи Австрия дар Тоҷикистон амал намекунад.

Тахриби таърих. Бинои Қасри Президентиро хароб карданд.

Таъсиси беш аз 300 ҷойи корӣ дар ним сол дар Хуҷанд.

Оё дар Қирғизистон инқилоби наве дар роҳ аст?

Дар як вилоят давоми шаш моҳ 322 ҷой корӣ омода шудааст

0
Акс аз iroz.org

Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар шимоли кишвар эълон кардаанд, ки дар ним соли аввали соли ҷорӣ 322 ҷойи нави корӣ таъсис додаанд.

Хабаргузории расмии Тоҷикистон, “Ховар” аз қавли Маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд навиштааст, ки бо бунёди чанд адад корхонаву марказҳои савдо 322 адад ҷои корӣ барои аҳолӣ таъсис дода шудааст. Суол инҷост, ки оё дар ин замони интишори вируси корона, ки аксари муҳоҷирон ҷой кори худро аз даст додаанд, ин адад, яъне 322 ҷой корӣ барои аҳолии як вилоят басанда аст?

Бо ин ҳол мақомоти Хуҷанд аз ин ки дар ин давра чи қадар аз корхона ва муассисаҳои хусусӣ муфлис шуда бошанд ва ё аз фаъолият бозмонда боиси афзоиши шумори бекорон гардида бошанд, ҳеч иттилое надодаанд. Ин ҳам дар ҳоле аст ки дар ин давра бар асари эъмоли маҳдудиятҳои ношӣ аз коронавирус ҳаҷми табодули мол ва истеҳсолот коҳиш ёфта давлат ночор шуд барои иддае аз андозсупорон сабукиҳо биоварад.

Вайрон сохтани бинои пешини ҳукумат нест кардани таърихи худ аст

0
Акс аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон ба тахриби бинои собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки аз соли 1992 Қасри раёсати ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, шурӯъ кардаанд.

Бинобар навиштаи Азия-Плюс ин бино дар пойтахти Тоҷикистон дар соли 1957 сохта шудааст. Дар замони шӯравӣ қароргоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар он ҷойгир буд. Баъди касби истиқлоли кишвар тӯли 25 сол дар ин бино Президент ва ҳукумати Тоҷикистон фаъолият кардаанд. Соли 2016 Президент ва ҳукумат ба бинои нави Қасри миллат кӯчиданд. Феълан дар қаноти чапи ин бино ҳукумати Душанбе ва Кумитаи туризми кишвар маскан гирифтаанд.

Тахриби ин бино дар чаҳорчӯби нақшаи кулл ва ё генплани Душанбе сурат мегирад.Феврали соли ҷорӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, ҷонишини аввали раиси шаҳри Душанбе дар як конфронси матбуотӣ тасдиқ кард, ки ин бино нобуд мешавад. Тахриби бино аз қабати рости он сар шудааст. Сипас қисмати марказӣ ва дар охир қисмати чапи он ки ҳоло маъмурияти шаҳрдории Душанбе  дар он қарор гирифтааст, ба хок яксон карда мешаванд. Қарор аст дар ҷойи он бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон бунёд шавад.

Ба дунболи эълони тасмим тахриби “яке аз зеботарин биноҳои шаҳр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое зиёде баланд шуда ва барои ҳифзу ҳимояи он шаҳрвандон эътироз карданд.

Яке аз онҳо Аниса Собирӣ, коргардони тоҷик аст ки мегӯяд, набояд ин бино тахриб бишавад. Вай гуфтааст:

“Ба назари ман вайронсозии ин бино дар як вазъияти душвори иқтисодӣ барои тамоми олам ғайриқобили қабул аст. Чунки барои сохтмони бинои нав ҳатто агар он бо сармояи хориҷӣ ҳам бошад маблағи зиёд масраф мешавад дар ҳоле ки он маблағро  барои бахшҳои авлавиятнок:-маориф, саноат тиҷорати хурду миёна, кишоварзӣ ва тандурустӣ метавон харҷ кард”.

Яке аз онҳо таърихшинос Ғафур Шерматов мебошад, ки ба назари ӯ вайронсозии ин бино нест кардани таърихи худ аст:

“Ман чунин меҳисобам ин бино барои ҳукумат ва ҳизб бо тамоми назокат ва санъати олӣ ва қоидаи меъморӣ сохта  шуда буд. Ин бинои мустаҳкаму тобовар буда ҳадди ақал барои 300-500 сол пешбинӣ шудааст. Вақте мегӯянд, ки бино захоири худ, яъне тавонмандиву тобоварии худро аз даст доааст, дуруст нест, дурӯғ аст. Шумо ба сангҳои ружду ҳамвор ва боқуввати он  ва тарҳи зебову аҷоиби он нигаред. Таърихи худро ҳифз кардан бисёр муҳим аст”.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардаанд, ки биноро аз байн набаранд ва барои дигар идора ва ҳадаф истифода баранд. Фаррух Неъматзода рассоми маъруфи тоҷик пешниҳод кардааст, ки дар ин бино Академияи улуми Тоҷикистон ва ҳар пажӯҳишгоҳе метавонад ҷой бигирад вале дар ягон ҳолат набояд аз байн бурда бишавад. Вай гуфтааст, намефаҳмад, ки чӣ роҳбариятро водор кардааст ба ин иқдоми ваҳшиёна даст бизанад?

Дар ҳамин ҳол бархе аз душанегиҳо хоҳиш кардаанд,ки ақалан барои бори охир як экскурсия ташкил бидиҳанд,то хоҳишмандон бубинанд,ки дар дохили он чи буд,зеро беш аз 60 сол аз он кишвар ва миллат идора шудааст.

Дар ҳамин ҳол як нафар аз фаъолони сиёсӣ ки нахост номаш зикр шавд гуфт тахриби инои ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи  шустани хотираи таърихӣ ва ҷойгузин кардани  Раҳмон ва ҳукумати вай ба унвони меъмори Тоҷикистон аст.Вай  ки худро асосгузори давлати навин эълон кардааст,қасд дорад дар ҳама арсаҳо осори худро боқӣ бигузорад, ҳама чиз боял ёди ӯро бикунад ҳамчунон, ки ҳайкали Сомонӣ дар маркази пойтахт бо қошу қавораи ғайритоҷиконаи ӯ сохта шудааст.

Юсуф Раҳмон: қарори додгоҳи Австрия дар Тоҷикистон амал намекунад

0

Юсуф Раҳмон дар нишасти матбуотии имрӯз 14-уми июл ба қарори Додгоҳи федероли Австрия, ки ихроҷи паноҳҷӯи 29-солаи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализодаро аз Вена ба Душанбе “ғайриқонунӣ” дониста буд, ишора намуда гуфт: “қарори додгоҳи Австрия дар Тоҷикистон амал намекунад”.

Додситони кул дар посух ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт: “Шовализода дар асоси далелҳои ҷамъовардаи парвандаи ҷиноятӣ ва дар асоси кирдорҳои ғайриқонунии худ дар дохили Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуд”.  

Ёдрас мекунем, ки 7-уми июл Додгоҳи федералии Австрия ихроҷи Шовализодаро “ғайриқонунӣ” хонда ҳукм содир намуда буд, ки ҳаққи вуруди ӯ ба ин кишвари аврупоӣ барқарор карда шавад.

Шовализодаи 29-сола қаблан ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат карда буд, вале дархосташ рад шуд. Вай пеш аз истирдод ба Тоҷикистон ду моҳро дар боздоштгоҳе дар Вена гузаронд.

Моҳи март Додситонии кулли Тоҷикистон расман Шовализодаро ба узвият дар ҲНИТ ва “хиёнат ба давлат” муттаҳам кард ва барои 20 сол равонаи зиндон намуд. Аммо намояндагони ҲНИТ узвияти ӯро дар ин ҳизб рад мекунанд.

Оё дар Қирғизистон инқилоби наве дар роҳ аст?

0
Денис Бердаков, акс аз: enw-fond.ru

Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон қарор аст 4 октиябр баргузор бишавад. Айни замон ҳудуди 40 ҳизби сиёсӣ омодагии худро ба интихобот эълон карданд. Аммо интишори вируси ҳамагири COVID-19 шояд дар раванди интихобот таъсири худро гузорад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” Денис Бердаков, коршиноси масоили сиёсии Қирғизистон гуфта, ки дар баробари бозиҳои сиёсии марбут ба интихоботи парлумонӣ суботи кишвар то ҳадде бо чолиш мувоҷеҳ аст. Метавон гуфт, бо сабаби интишори карона, омори ҷурму ҷиноят боло рафта ва даромади мардум як андоза поин хоҳад рафт. Ҳатто камшавии буҷаи давлат аз интизор дур нест, ки ин ҳама дар раванди интихобот бетаъсир намемонад.

Аммо ин коршинос дар робита ба масъалаи муборизаи Қирғизистон бо COVID-19 гуфт, давлат тавониста то андозае ба барномаҳои худ дар ин росто амал кунад, вале тамоми аҳдофашро бо ин имконоте, ки дорад пурра иҷро карда наметонад. Ба назари Бердаков, ба таври комил иҷро нагардидани аҳдофи ҳукуматҳои Осиёи Миёна дар мубориза бо вируси карона натиҷаи сиёсатҳои 30 соли қаблии онҳост. Зеро ин давлатҳо дар ин муддат ба зерсохторҳои беҳдоштӣ таваҷҷуҳи комил надоштанд. Ҳамзамон аз мушкилоти дигари Қирғизистон ва давлатҳои ҳамсоя ин ҷавобгӯ набудани беморхонаҳо ба меъёрҳои замони муосир ва инчунин кам будани музди меҳнати табибон мебошад.

Бердаков бар ин бовар аст, ки дар интихоботи навбатии парлумонӣ Қирғизистон ҳизбҳои хурди он чандон шонси пирӯз шуданро надоранд. Аҳзоби бузург бо далели иртиботи қавӣ доштан бо ҷомеа ва таҷрибаи бештар имкони баранда шуданро доранд ва дар ин давра аҳзоби хурдтар ба ҳизбҳои бузург аз роҳи эътилоф вориди интихобот хоҳанд шуд.

Ин коршинос гуфт: “Ба назари ман ҳатто бо таваҷҷуҳ ба шиддат гирифтани буҳрони сиёсӣ, иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ вуқӯи сеюмин интиқилоб дар Қирғизистон кам аст, чун ин мавзӯъ ниёз ба раҳбарони фаъол дорад ва имрӯз чунин фаъолоне дар кишвар нестанд. Даргириҳои мухталиф сурат мегиранд, аммо мунҷар ба тағйироти асосӣ намешаванд”.

Дар Русия муҳоҷирон бо нишони эътироз як корхонаро хароб кардаанд

0

Дар шаҳри Свободныйи вилояти Амури ФР садҳо муҳоҷир дар як корхонаи коркарди газ тазоҳурот барпо карданд. Коргарон ба идораи ширкати туркии Renaissance Heavy Industries, ворид шуданд ва талаб карданд, ки ба онҳо музди меҳнаташон, ки се моҳ боз нагирифтаанд, пардохт шавад.

Ин ширкат барои Газпром корхонаи коркарди газро месозад, ки дар он 17 ҳазор муҳоҷир аз осиёи марказӣ кор мекардаанд. Гуфта мешавад дар байни онҳо шаҳрвандон аз Тоҷикистон низ кор мекардаанд.

Коргарон ба идораи ширкат омада, дар он ҷо ба тахрибкори даст задаанд. Онҳо тирезаҳои дафтарро шикастаанд ва мошинҳоро чаппа карда, мағозаи маҳаллиро сӯзонданд. Масъулони ширкат гуфтаанд, ки эътирози муҳоҷирон хушунатомез буд ва ба ширкат зараи зиёд расондаанд. Муҳоҷирон дар навбати худ гуфтаанд маоши муҳандисон пардохт шудааст, аммо аз коргарони оддиро то ҳол напардохтаанд.

Ин тазоҳуротро кормандони “Россгвардия” ва полис пароканда карда, кормандони амният якчанд муҳоҷирро боздошт намудаанд. Бар алайҳи онҳо аллакай парванда бо иттиҳоми авбошӣ боз карда шудааст ва ҳоло тафтишот идома дорад. Ҳоло коргарони ин корхона, ки асосан аз Тоҷикистону Узбекистон будаанд мумкин аст бекор бимонанд.

Дар ҳамин ҳол Каримҷон Ёров низ дар саҳифаи фейсбукии худ навори муҳоҷиронро нашр кард, ки онҳо аз напардохтани беш аз 30 дар сади маошашон шикоят доранд. Ин муҳоҷирон, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии «Жилищник»-и ноҳияи Левобережнийи шаҳри Маскав кор карда ба роҳрубӣ машғул буданд, ба ҷои 30 ҳазор рубл 20 ҳазорӣ ба онҳо маош додаадн. Муҳоҷирон бо нишони эътироз ба ин иқдоми масъулон корпартоӣ карда ва талаб доранд то маоши онҳо пурра пардохт бишавад. Дар идораи корхона ба онҳо гуфтаанд, ки агар бо ҳамин маоши 20 ҳазор кор накунанд, аризаашонро нависанд ва аз кор раванд.

Юсуф Раҳмон сабаби боздошти Иноятзодаро гуфт

0

Имрӯз 14 июл Додгоҳи олии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дошт. Зимни ин нишаст ба чанд масъалаи марбут ба ҷинояту қонуншиканиҳо ишора шуд. Ба гуфти Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар давоми шаш моҳи ахир 513 мавриди ҷиноти марбут ба заминфурӯшию ғайриқонунӣ азхудкунии замин сабт шудааст.

Юсуф Раҳмон парвандаи раиси собиқи шаҳри Кулоб Баҳром Иноятзодаро низ ба ҷинояти марбут ба заминфурӯшӣ рабт дода афзуд, ки ӯ бо иттиҳоми “фасодкорӣ” дастгир шуда  парвандааш дар баррасӣ аст.

Бино бар гузоришҳои расмии ниҳодҳои қудратӣ бо вуҷуди дастгир шудану зиндонӣ шудани заминфурӯшони ғайриқонунӣ боз сафи онҳо меафзояд. Аксари ин заминфурӯшон аз масъулони боломақоми дониста шудаанд. Радиои Озодӣ менависад, ки як роҳи аз байн бурдан ва ё кам кардани заминфурӯширо коршиносон дар ташкили бозори қонунии замин дар Тоҷикистон мебинанд. Чун шумораи аҳолӣ торафт зиёд мешавад ва талабот ба замин зиёд аст ва масъуле, ки ҳуҷҷатҳои заминро омода мекунад, майли хеле баланди гирифтани ришваро дорад.