Хона блог саҳифа 863

Сардори “Убоп”-и водии Зарафшон низ аз коронавирус вафот ёфт

0

Сардори Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) дар водии Зарафшон шоми 31 май бар асари коронавирус даргузашт.

Табибони бемористони  шаҳри Конибодом-зодгоҳи подполковники милитсия Мӯъминҷон Раҳимзода натавонистанд ӯро аз чанги ин беморӣ наҷот бидиҳанд.Мӯъминҷон Раҳимзода ҳамагӣ 36 сол дошта ва аз ӯ 4 фарзанди ноболиғ ятим мондааст. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки Раҳимзода Мӯъминҷон 5 моҳ пеш ба вазифаи Сардори Раёсати минтақаии мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккли ноҳияи Панҷкент таъин шуда буд. 

Тавре манбаи Ахбор аз сохтори қудратӣ гуфтааст чанде пеш як корманди шуъбаи Раёсати агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон бо номи Фирӯз ҳам пас аз ҳамагӣ чанд рӯзи ба вазифа таъин шудану ба Панҷакент рафтанаш, аз бемории коронавирус вафот карда буд.

Баъди вафоти Фирӯз кормандони ин ниҳод ва онҳое, ки бо ӯ буданд ба изолятсия ё карантин гирифта шуда буданд. Чанд нафар ҳамнишинонаш ба ин беморӣ гирифтор шуда, баъди табобат шифо ёфтаанд.

Ин аллакай дуюмин вафоти мансабдорони сохторҳои қудратӣ дар Панҷакент аз вируси COVID аст. Пеш аз ин ҳам аз рӯи маълумотҳои ғайрирасмӣ беш аз 10 нафар аз касалии коронавирус дар Панҷакент фавтидаанд. Вале табибон сабаби марги онҳоро илтиҳоби шуш ё худ пневмония гуфтаанд. Дар ҳамин ҳол, сардухтури  беморхонаи марказии шаҳри Панҷакет Маҳмадмурод Сафаров дар сӯҳбат бо расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, сатҳи сироятёбии беморӣ дар Панҷакент кам шудааст.

Вале сокинони Панҷакент мегӯянд, баъди омадани донишҷӯён аз минтақаҳои Тоҷикистон, ҳолатҳои сироят ба коронавирус дар шаҳру деҳоти Панҷакент афзудааст. Тибқи иттилои нашршуда дар расонаҳо ҳафтаи гузашта Раҳматулло Мирзоолимов,сардухтури пешини бемористони санитариву эпидемиологии Панҷкаент низ бар асари коронавирус даргузашта буд.  

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабарҳо дар мавриди гирдоварии маводди ғизоӣ ва дорувориву маблағ тавассути гурӯҳҳои фаъол дар ин шаҳр барои дастгирии табибон ва беморхонаҳо гувоҳи он аст ки дар шаҳр ва деҳоти Панҷакент шумори гирифторн ба коронавирус бештар аст. Бинобар иттиллои расмӣ дар Тоҷикистон адади сироят ёфтагон ба COVID-19-ро 4013 рақам мезананд. Аз ин шумор 2089 нафар шифо ёфта ва 47 кас вафот кардааст. Аммо мардум ба ин омор бовар надоранд.Танҳо торнамои https://kvtj.info/ номи 393 нафаре, ки аз COVID-19 вафот кардаанд, ҷамъоварӣ намудааст. Эҳтимол мервад ин адад боз ҳам бештар бошад. Шумори духтуроне ки аз ин беморӣ фавтидаанд 66 нафар гуфта мешавад.

Афзоиши қурбониёни коронавирус дар байни нерӯҳои интизомӣ

0

Дар як ҳафтаи ахир тибқи оморҳо дастикам 6 нафар аз мақомдорони баландпояи нерӯҳои интизомии кишвар аз бемории COVID-19 ҷон бохтанд.

Собиқ сардори Раёсати умури дохила дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Абдуваҳҳоб Искандарзода шаби 30 ба 31 май дар синни 62 вафот кард. Мавсуф ду сол пеш аз мақоми муовини аввали сардори РВКД вилояти Хатлон ба нафақа рафта буд. Ин генерали бознишаста дар ҳоле тӯъмаи коронавирус мешавад, ки 10 рӯз пеш бародари ӯ – сардори БДА минтақаи Кӯлоб Абдусалом Искандарзода низ аз бемории коронавирус тарки ин дунё кард. Гумон меравад генерал Искандарзода аз бародараш сироят шуда бошад. Сомонаи Ахбор менвисад, дар 10 рӯзи охир дастикам 6 афсари баландпояи милисаи тоҷик қурбони ин бемории фарогир шуданд.

Ба ҷуз аз бародарон Искандарзодаҳо, ҳамчунин ҳафтаи гузашта генерал Санг Раҳмон, корманди собиқи ВКД ва департаменти консулии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро дар оромгоҳи маҳаллаи Хуҷамбиёи Душанбе ба хок супурданд. Санг Раҳмон аз ёрони наздики Ёқуб Салимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар солҳои 90 ба шумор мерафт. Рӯзи 23 май полковник Исмонов Фарҳод Маъруфовичи 45 сола, сардори шуъбаи тайёрии хидматии Сарраёсати Хадамоти давлатии сӯхторнишонии ВКД аз олам чашм пӯшид.

Дар ин ҳафта Комрон ном як афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД (УБОП) аз бемории коронавирус вафот кард. Ӯ ҳамагӣ 32 сол дошт.Рӯзи 28 май полковник Исломзода Дилшод Аслон, муовини аввали сардори раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус (РВТМ)-и ВКД қурбони коронавирус шуд. воҳидҳои махсуси ВКД, бо шумули СОБР, ОМОН ва «нерӯҳои зудамал”-и вазорати дохиларо дар ихтиёр дорад.

Бемории фарогири коронавирус ва бемориҳои ҳамроҳи он, аз ҷумла, илтиҳоби шуш, ба саф ва сутуҳи раҳбарии ВКД Тоҷикистон зарбаи сахт задааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар тӯли моҳи май ду муовини вазир ва 5 нафар аз сардорони раёсатҳои ин вазорат, ки 5 нафараш генерал ҳастанд, ба бистарӣ беморӣ афтодаанд. Рӯзи 11 май генерал-майор Нозим Иброҳимзода, собиқ сардори Хадамоти сӯхторнишонӣ, муовини вазири дохила таъйин шуд. Манобеи сомонаи «Ахбор” мегӯянд, Иброҳимзода дар ҳоле ба ин мақом таъйин шуд, ки дар бистари беморӣ қарор дошт. Ба ҷуз аз Иброҳимзода, боз як иддаи бузурге аз роҳбари Хадамоти сӯхторнишонӣ бо аломатҳои илтиҳоби шуш (пневмония) бистарӣ будаанд.

Сарусадоҳое дар бораи бо аломатҳои пневмония бистарӣ шудани полковник Шодӣ Ҳафиззода, сардори Идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, (УБОП) низ ба даст мерасанд. Ҳамин тавр, бино  ба иттилои расида, генерал Ҳомид Барот, сардори “Воҳиди махсус” бо аломатҳои илтиҳоби шуш дар бемористон дар ҳолати вазнин қарор дошта, ҳафтае пеш дар бораи аз Хуҷанд барои табобат ба Душанбе овардани генерал Абдулло Навҷувонов, сардори РВКД вилояти Суғд хабар расида буд.

Қаблан гузориш шуда буд, ки муовини вазири Корҳои дохила генерал-майор Саидзода Маҳмадсаид Борон, ки солҳои тӯлонӣ роҳбари БДА буд, ва генерал-майор Қунғуротзода Фотеҳ Қулмурод, сардори раёсати нақлиёти ВКД дар беморхонаи маҳаллаи Зарафшон ва подполковник Шоҳрух Саидзода, сардори раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии ВКД дар беморхонаи «Истиқлол» бистарӣ карда шудаанд. Ба дунболи нашри ин хабар, дар саҳифаҳои наздик ба ВКД раддияи ғайрирасмие нашр шуд, ки мегуфт, Шоҳрух Саидзода дар бемористон бистарӣ нашудааст, балки шамол хӯрдааст ва ба ин далел дар хона дар карантин қарор дорад.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ва маргу мир дар миёни ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон, иллати онро ҷиддӣ нагирифтани ҳушдор ва огоҳиҳои табибон аз тарафи онҳо донистаанд. Аз тарафи дигар баъзе ҳам инро як навъ муҷозот ба аъмоли дар аксари вақт хушунатбори онҳо нисбати шаҳрвандон медонанд.

Таъсиси суратҳисобҳо барои COVID-19. Кумакпулиҳо куҷо шуданд?

0

Бинобар гузориши сомонаи ВКХ Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси COVID-19 суратҳисобҳо дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия ва Бонки миллии кишвар кушода шудаанд.

Тибқи ин гузориш тамоми маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани чораҳои беҳдоштию зидди эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд шуд.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки Ҳукумат бо ин амал мехоҳад буҷаи худро каме ҳам бошад аз ҳисоби хайроти мардум пур бикунад. Ин нобоварӣ дар ҳолест, ки ба куҷо ва чӣ гуна сарф шудани садҳо миллион доллар маблағ ва ҳазорҳо тонна кумакҳои башардӯстона аз хориҷу дохил барои мубориза бо COVID-19 ҷудошударо эълон накарданд. Ҳамзамон то ин муддат аз камубудиҳои зиёд табибону беморон ва мардуми одӣ шикоятҳо дар шабакаҳои интернетӣ садо медод. Пас чӣ тавр метавон мардумро боваркунонд, ки ба ин суратҳисобҳои номуайян маблағгузорӣ кунанд?

Бинобар гузориши хабаргузории “Асия-Плюс” Вазортаи тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки 344 млн сомонӣ аз Вазорати молия маблағ ба даст овардааст, ки ин 78,1% буҷаи қаблан муайяншударо ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон бошад, барои соҳаи тиб имсол 440,7 млн сомонӣ маблағ ҷуда шуда буд. Аз ин омор чунин бармеояд, ки тақрибан 100 млн сомонӣ аз буҷаи ин соҳа кам кардаанд. 

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ҳамсоя буҷаи соҳаи тибро қабл аз паҳншавии вируси корона боло бурда буданд. Ва баробари оламгир шудани ин вабо буҷаи онро дучанд намуда аз тамоми лиҳоз онро тақвият бахшиданд. Вале ҳукуматдорони кишвар бо вуҷуди ворид шудани кумакҳои ҳангуфт баракс, буҷаи ин соҳаро кам кардаанд. Таҳлилгарон ҳам бо суол изҳор медоранд, ки мақсад аз кушодани суратҳисобҳо дар назди Вазорати молия ва Бонки миллӣ чист, дар ҳоле, ки дар ин вазъияти ногувор буҷаи соҳаи тибро кам мекунанд?

Ба доди осебдидагони Хуросону Ваҳдат Ҳилоли Аҳмар расид

0

Дархости Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҷиҳати расонидани кумак ба зарардидагони ноҳияиҳои Хуросон ва шаҳри Ваҳдат посухи мусбат пайдо кардааст.

Ин Созмони байналмилалӣ барои дастрас намудани маводҳои ғайрихӯрока ба 338 оилаҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон ва 6 оилаи осебдидаи шаҳри Ваҳдат, дар маҷмӯъ ба 344 оила кумак кардааст. Ин кумак аз 344 бастаҳои маводи ғайрихӯрокворӣ, аз қабили бистар, болишт, кампал, рахти хоб, бел, каланд, 344 бастаи лавозимоти ошхона, ва 344 бастаи гигиенӣ — сачоқ, собун, дандоншӯякҳо, собуни моеъ, шампун,  маводҳои гигиенаи шахсии занона, ӯребча, собуни хоҷагӣ, бастаи селофанӣ, коғази ташноб ва ғайраҳо иборатанд. Дар доираи ин ёриҳо, ба оилаҳое, ки бештар аз ҳама зарар дидаанд ва ё манзилҳои истиқоматиашонро аз даст додаанд, инчунин оилаҳое, ки саробонашон зан, шахсони пиронсол, кӯдакони хурдсол ва оилаҳое, ки бо дастгириҳои дигар ниҳодҳои дахлдор фаро гирифта нашудаанд, кумак расонида мешавад.

Дар таърихи 2-уми июни соли равон, дар марҳилаи аввали тақсимоти кумаки мазкур ба 260 оилаи аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Хуросон, тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи Комиссияи дахлдори давлатӣ маводҳои ғайрихӯрока дастрас карда шуд. Марҳилаи дуюми тақсимот фарогирии боз 78 оилаҳои ниёзманди ноҳияи мазкурро дар бар мегирад.

Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур ба 72 оилаҳои осебдидае, ки манзилҳояшон пурра зарар дидаанд, дастрас намудани кумакпулии яквақтина ба миқдори 150 франки швейтсарӣ, ки муоидили 1602 сомонист (тибқи қурби расмии Бонки милии Тоҷикистон) пешбинӣ карда шудааст.

Осебдидагони ноҳияи Хуросон дар вокуниш ба бетафовутӣ ва нодидагирии мақомоти расмӣ даст ба тазоҳурот зада ва шоҳроҳи Бохтар-Душанберо қатъ карда буданд. Мақомот ночор шудаанд, ки барои онҳо хайма дастрас кунанд ва замини наздиҳавлигӣ тақсим намоянд. Аммо ҳамин ҳоло ҳам гуфта мешавад онҳо ниёзи шадид ба маводди ғизоӣ ва доруворӣ доранд.

Аз ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати аъзоёни аршади ҲНИТ чаҳор сол мегузарад

0

Чаҳор сол қабл, аниқтараш 2 июн соли 2016 ҳукми 14 тан аз аъзоёни Раёсати олии ҲНИТ аз тарафи Додгоҳи олии кишвар содир шуда буд. Мақомоти кишвар ин 14 узви аршади ҳизбро бо иттиҳоми ҳамдастӣ бо қиёми Абдуҳалим Назарзода, ки Ҳукумат онро “кудато” нимида буд, баъзеро барои солҳои тулонӣ ва баъзеи дигарро ба ҳукми абад равонаи зиндон кард.

Вобаста ба ин мавзӯъ саҳифаи фейсбукии “Хонаводаҳои зиндониёни сиёсӣ”  дар матлабе навиштаанд, ки эълони ҳукм аз тарафи Додгоҳи олии Тоҷикистон пушти дарҳои баста сурат гирифт ва ҳеч як аз созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва хабарнигорон дар ҷараёни суд ҳаққи ширкатро надоштанд. Ин амалкарди Додгоҳи олии Тоҷикистон боис гашт, ки ҳукмаш нисбати аъзоёни ҲНИТ-ро аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ номиданд. 

“Аз тарафи дигар ҷараёни тафтиши парванда ба таври махфӣ сурат гирифта, вакилони мудофеи онҳо вақти кофӣ барои дифоъро надоштанд. Инчунин Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеи машҳур баъд аз инки эълон кард, ки кумитаеро барои дифоъ аз ҳуқуқи боздоштшудаҳои ҲНИТ таъсис додааст, худ низ як ҳафта пас боздошт шуда, моҳи октябри соли 2016 ба 23 сол зиндон маҳкум шуд”.

Сарфи назар аз ҳукми Додгоҳи олии кишвар ҳеч созмоне сароҳатан ҲНИТ ва аъзоёнашро ҳамчун террорист напазируфтанд, баракс даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ ин боздоштҳоро худсарона ва ғайриқонунӣ номида, аз мақомот талаб кардаанд, ки онҳоро озод кунанд.

Муаллифони ин матлаб менависанд: “Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона дар се гузориши ҷудогона ба хулосае расид, ки ҳукумати Тоҷикистон бо боздошти аъзои ҲНИТ ва вакили мудофеи онҳо уҳдадориҳои худро дар масъалаи ҳуқуқи инсон поймол кардааст. Ва озодии бидуни қайду шарти онҳоро тақозо намудааст. То ба имрӯз ҳукумати Тоҷикистон ҳеч як аз талаботи Гуруҳи кории СММро оиди озод намудани зиндониёни сиёсӣ иҷро накардааст. Ба қавли таҳлилгарон ин ва ҳуқуқшиносон метавонад паёмадҳои сангине барои мақомот дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол ҳамсари зиндонии сиёсӣ Маҳамадалӣ Ҳаит хонум Савринисо Ҷурабекова ба мо гуфт, ки 18 руз боз интизори ҷавоби номаи сардори Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикситон, Мансурҷон Умаров аст. Аммо то ҳол раде нагирифтааст. Қаблан рӯзи 16 май, ҳамсари Ҳаит ба Раёсати иҷрои ҷазо нома навишта, хостори мулоқот бо ҳамсараш шуда буд. Хонум Савринисо он замон гуфта буд, «Дар ҳолате, ки ягон маълумот дар бораи вазъи саломатии каси наздикат надорӣ, имконияти одитарин суҳбат ҳам нест, албатта, шахси ошно бо вазъи зиндонҳои Тоҷикистонро ба таҳлукаву воҳима меафтонад». Ин ҳам пас аз он, ки Мансурҷон Умаров, сардори муассисаҳои ислоҳӣ дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ки  зиндониён ҳақ доранд бо телефон бо наздиконашон сӯҳбат кунанд. Аммо чунин ҳақро бо далели дар Сизо будани Маҳмадалӣ Ҳаит ба ҳамсари ӯ надоданд.

Ҳудуди 250 шаҳрванди бандмондаи тоҷикро ба Ватан оварданд

0

Ҳудуди 237 шаҳрванди Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, шоми 2-уми июни соли ҷорӣ ба Ватан баргардонида шуданд.

Дар бораи ба куҷо овардани шаҳрвандон ва айни замон дар куҷо ҳузур доштани онҳо маълумот дода намешавад. Тибқи маълумоти шабакаи телевизионии «Astana-tv», тоҷикистониён беш аз ду моҳ дар сарҳади байни Қазоқистону Ӯзбекистон дармонда, бо сабаби карантин ба Ватан омада натавонистанд.

Охири моҳи март ВКХ Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ва талошҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии кишвар дар Тошканд, Нур-Султон ва Алмато барои аз тариқи долони нақлиётии автомобилӣ ба Ватан баргардонидани беш аз 1100 нафар шаҳрванди кишвар, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишварҳои ҳамсоя дармонда буданд, мусоидат сурат гирифт. Он замон Вазорат аз шаҳрвандон дархост намуда буд, ки бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада, ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ аз шаҳрвандон даъват карда буд, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накунанд ва аз сафар ба самти Тоҷикистон тавассути нақлиёти заминӣ мисли (автобус, таксӣ ва ҳар гуна мошинҳои дигар) худдорӣ кунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандони бандмонда борҳо аз вазъи бади худашон шикоят карда, аксу наворҳоеро ҳам гузошта буданд. Дар аксҳо дида мешуд, ки занону кӯдакони тоҷик ҳам онҷо ҳузур доранд ва рахти хоби бархеи онҳо аз картон иборта буд. 

Коршиносон бо таваҷҷӯҳи даҳҳо мавридҳои мушобеҳ минтақаҳои Ҷаҳон, ки шаҳрвандони тоҷик бо чунин мушкил гирифтор шудаанд мегӯянд, ин вазъият нишон дод, ки дар мудирияти кишвар ишколи бузурге вуҷуд дорад ва нотавонии раҳбарияти Тоҷикистонро дар муқобила бо Ковид-19 бештар мухолифони тоҷик барои мардум ва ҷомеаи кишвар намоён кард.

Вокуниши бесобиқаи ВКД: ҳамлаварони Ғурбатӣ муҷозот шуданд

0

Се сокини ноҳияи Хуросон барои ҳамла ба хабарнигори «Азия Плюс” Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ) муҷозот шудаанд. Дар ин бора Маркази матбуотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи кӯтоҳ эълом кардааст.

 Ин се сокини ноҳия Хуросн тибқи ҳалномаи Додгоҳ барои латтукӯби хабарнигор бо андозаи даҳ ҳадди ақали маош (580) сомонӣ муодили 55 доллар ҷарима шудаанд. Дар иттиллоияи Вазорати корҳои дохилӣ чунин омадааст:

ВКД: «Офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хурсон ба дағалӣ роҳ додааст бо назардошти шикояти номбурда шаҳрвандон Ғуломов Қурбоналӣ Холмуродович, Бобоев Суҳроб Нуриддинович ва Давлатов Абдулмаҷид Ашурович сокинони ҷамоати деҳоти ба номи Айнии ноҳияи Хуросон бо қарори суди ноҳияи Хурсон тибқи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳкор дониста шуда, нисбати ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шуд”.

ВКД қаблан худи хабарнигорро дар ин қазия гунаҳкор дониста, гуфта буд, ки «журналисти «Азия Плюс» дахлнопазирии манзили сокинони Хуросонро поймол карда, дар вуҷуди сокинони аз офати табии зарардида, ҳисси норозигиро ба давлату ҳукумат бедор карданӣ шуд”. Аммо ин иддао дар додгоҳ исбот нашуд. 

Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми наворгирӣ дар ноҳияи Хуросон бо шахсони номаълум дучори муноқиша қарор гирифта буд. Баъди бурдани корҳои санҷишӣ аз тарафи ШВКД дар ноҳияи Хуросон, маводҳо дар суди ноҳия бо иштироки ӯ ва ҳимоятгараш мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Қарори додгоҳи ноҳияи Хуросон дар мавриди муҷозоти ин афрод, ки ба фаъолияти хабарнигор халал эҷод кардааст. Гузашта аз ин ӯро мавриди лату кӯб қарор додаанд.

Коршиносон ва таҳлилгарони арса бо таваҷҷӯҳ ба онки мавридҳои лату кӯби хабарнигорон на як бору ду бор иттифоқ афтодаву омилони онҳо беҷазо мондаанд, муҷозот шудани ин афродро бесобиқ меҳисобанд. Ин дар ҳолест, ки яке аз ин афрод раиси идораи ҷамоат ва одами давлат маҳсуб меёбад. Ҳалномаи суди ноҳияи Хуросон ҳам як навъ кутоҳоии мақомот дар баробари таҳаввул ва тағйирот дар фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи мадании кишвар аз ҷумла хабарнигорон талаққӣ мешавад.

Вазири тандурустӣ: Бемории (COVID-19) рӯ ба коҳишёбист

0

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, интишори бемории (COVID-19) рӯ ба коҳишёбист. Тибқи гуфтаи вазир мо аллакай нуқтаи авҷи ваборо убур кардем ва ҳоло ин беморӣ то рафт кам мешавад.

Ин гуфтаҳоро Ҷамолиддин Абдуллозода дар мусоҳибаи ихтисосие бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст. Вазир иброз медорад, ки бо вуҷуди он ки адади маргумир дар кишвар кам буд, вале аз ин ки натавонистанд ҷони вафотёфтагонро наҷот бидиҳад, худро намебахшад. Ӯ мегӯяд: «Шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторшуда мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем”.

Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин сӯҳбати худ оиди маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ барои табибон инчунин таҷҳизоти тестӣ ишора намуда афзудааст, ки “Тамоми муассисаҳои тандурустӣ бо маводи доруворӣ ва таҷҳизот таъмин аст. Тестҳо барои ташхиси бемории COVID — 19 аз кишварҳои Россия ва Чину Олмон ворид шудаанд. Ҳар чизе, ки аз доруворӣ ё таҷҳизот даркор шавад, сарфи назар аз беморхонаи Душанбе ё ягон ноҳияи дурдаст будан, вазорат оҷилан тибқи дархости бемористонҳо мефиристад.”

Ин дар ҳолест, ки аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин хусус нашршуда, акси гуфтаҳои вазирро мефаҳмонанд. То онҷо ки духтурон аз сабаби набудани либосҳои муҳофизатӣ маҷбур шудаанд пойҳои худро бо халтачаҳои плостикӣ печонида назди беморон дароянд. Ва баъзе табибон аз он шикоят мекарданд, ки дар як беморхонаи бузург ҳатто як таҷҳизоти тестӣ ва ташхисие надоранд, ки беморонро ташхис кунанд.

Ин иддаои вазир барои фавти танҳо 47 нафар дар ҳоле садо медиҳад, ки коршиносон ба омори расмии маргумир ва сирятёфтагони COVID — 19 бовар надоранд. Танҳо аз марги 67 табиб дар ин авохир хабарҳо нашр шудааст. Ҳамзамон омори алтернатвӣ, ки аз тарафи фаъолон таҳия шудааст, дар торнамои https://kvtj.info/ номи бештар аз 410 нафар қурбониёни бемориро ҷамъоварӣ кардаанд. Ин танҳо асмои ашхосе аст, ки дар шабкаҳои иҷтмоъӣ ва расоанҳо зикр удаанд. Ба гуфтаи огаҳони умур бсиёриҳо аз ин беморӣ дар хона табобат мегиранд ва омори маргу мириашон расонаӣ намашавад. 

Ин боис шудааст, ки корбарон дар шабакҳои иҷтимоъӣ  ба гуфтаҳои вазир вокуниш бикунанд. Аксари корбарон вазирро дар дуруғгӯӣ муттаҳам кардаанд ва гуфтаанд ҳадди ақал адади аслии ҳамкоронро, яъне табибони аз ин вабо даргузаштаро рст мегуфту аз наздикони онҳо узр мехост. Як корбар бо номи  Pirmamad Pirmamadov мегӯяд, “Сифр ҳам рақам аст ҷаноби вазир? 47нею 470 гӯед. Вақти дуздӣ бошад ҳамин «сифр»-ро ҳамиқа нағз мебинед ки, бо шумо чӣ гӯям”. Нафари дигар бо номи Ali Usmanov мегӯяд:  “Худро намебахшед ИСТЕЪФО диҳед. Дигар дар соҳаи тандурусти кор накунед. Биравед Руссия ба муҳоҷирати меҳнатӣ. Ин қадар худатонро агар баномус мегиред. Ҳамин тариқ зери ин хабар садҳо корбарон шарҳ коридаанд, ки асосан вазирро ба дуруғгӯӣ муттаҳм мекунанд.

Боз тирпарронӣ ва боз ҳам як нафар маҷрӯҳ. Дар сарҳади тоҷику қирғиз кай оромӣ меш?

0

Шаби гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ ба амал омада як шаҳрванди Қирғизистон захмӣ шуда ва ҳоло дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории “Sputnik” шаби гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифтааст. Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ки афроди номаълум аз сӯи Тоҷикистон ба ҷониби як шаҳрванди Қирғизистон оташ кушодаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол қазияро шарҳ надодаанд.

Гуфта мешавад, тирпарронӣ соати 01:30 дақиқа дар деҳаи Эки — Таши вилояти Бодканд рух додааст. Афроди номаълум аз ҷониби Тоҷикистон ба сӯйи шаҳрванди 38 — солаи Қирғизистон оташ кушоданд ва ӯро маҷрӯҳ намуданд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ронандае, ки ба самти Ош — Исфара ҳаракат дошт аз тири милтиқи шикорӣ ҷароҳати сабук бардоштааст ва феълан дар беморхонаи Самарқандак бистарӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта мулоқоти намояндагони пулиси ду кишвар баргузор шуд ва феълан низ гуфтушуниди ҳар ду ҷониб идома дорад. Хабаргузории “Spuptnik” аз қавли манбааш навиштааст, ки айни замон вазъият дар марз мӯътадил аст. Қаблан, маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки соати 11:55-и  27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи ҷавонзани 25-сола, шаҳрванди Тоҷикистон тир холӣ кард.

Манбаъ аз шаҳрванди тирхӯрдаи Тоҷикистон, Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонум Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла ном бурд. Шаропова аз қисмати рости баданаш захмӣ шуда буд.

Нооромиҳо дар сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аз чанд сол ба ин сӯ идома дорад. Дар ин нооромӣ тарафҳо айбро бар души ҳамдигар мегузоранд.   Ахиран гурӯҳи корбарони шабакаҳои иҷтимои бо номи “Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон”, ки гуфта мешавад ба мақомоти амниятии Тоҷикистон марбут аст, Сооронбей Ҷеенбеков, раиси ҷумҳурии Қирғизистонро дар даргириҳо ва таниш дар марз муттаҳам кард.

Дар як матлаби ахири ВЕСТИ-Қиргизистан муовини пешини вазорати дифои Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмонро сабабгори нооромӣ дар марзи байни ду кишвар хонда ва афзудааст, напазируфтани нақши миёнаравии Русия аз тарафи Раҳмон мойил набудани ӯ ба рафъи ихтилоф ва тавофуқи ду кишвар бар сари марзро шаҳодат медиҳад.

Номаи камол барои хатмкунандаҳо бидуни имтиҳон дода мешавад

0

   Бо сабаби интишори коронавирус (COVID-19) имсол шаҳодатномаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бе ҳузури онҳо ва бидуни имтиҳоноти охири сол дода мешавад.

  Рӯзи 1 июн Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз коронавирус дар ҷаласаи ғайринавбатиаш қарор кард, ки имтиҳонҳо барои хонандагони синфҳои 9 ва 11 «бе иштироки хонандагон баргузор карда шавад.» Бо қарори Ситод, «баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад.» Мактабҳои Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус як моҳ пеш ба таътил фиристода шуданд. 

  Ожонсии телеграфии ТоҷикТа аз қавли сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон навиштааст, ки бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеаву бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон чунин қарор қабул шудааст.  Бар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ  Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вазифадор шудааст, ки раванди ҷамъбасти аттестатсияи хатмро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, зери назорат қарор дода, бо мақсади таъмини шаффофияти аттестатсия дар назди вазорат, сарраёсат, раёсат, шӯъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ комиссияҳои аппеллятсионӣ таъсис диҳад.

  Озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра тибқи ҳамин қарор пас аз ҷамъбасти аттестатсияи хатм баргузор хоҳад шуд.