Хона блог саҳифа 90

Исроилро аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои футболи Аврупо маҳрум мекунанд?

0

Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) дар ҷаласаи рӯзи 23-уми сентябраш масъалаи муваққатан боздоштани иштироки дастаҳои миллию клубҳои Исроил дар мусобиқоти зери раҳбарияшро баррасӣ хоҳад кард.

Дар рӯйхати муҳокима гузоштани ин масъала дар УЕФА пас аз ҳамлаи Исроил ба Доҳа – пойтахти Қатар, ки 9-уми сентябр рух дод ва чанд куштаву захмӣ гузошт, инчунин бад шудани вазъи инсонӣ дар Навори Ғазза ба миён омадааст.

Бино ба навиштаи расонаҳо, Қатар дар посух ба ҳамлаи Исроил фишори дипломатиро зиёд кардааст ва талош дорад вокунишҳои ҷиддиеро аз ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз УЕФА нисбати Исроил ба даст оварад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аксар кишварҳои узви УЕФА ҷонибдори маҳрум кардани Исроил аз ширкат дар мусобиқоти футбол мебошанд.

Агар УЕФА чунин қарореро қабул кунад, ки тимми миллии Исроил ба таври автоматӣ ба иштирок дар даври интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 ва дастаҳои он мисли “Маккаби” Тел-Авив ба Лигаи Аврупо роҳ дода намешаванд.

Дар ҳамин ҳол Федератсияи футболи Исроил бо роҳҳои дипломатӣ ва ҳуқуқӣ талош дорад ин масъала аз рӯзномаи ҷаласа бардошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир тимҳои миллӣ ва дастаҳои Русия дар мусобиқоти зери УЕФА ва ФИФА иштирок карда наметавонанд. Чунин қароре пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 гирифта шуд. Инчунин варзишгарони рус наметавонанд зери парчами кишварашон дар аксар мусобиқоти варзишии байналмилалӣ ширкат кунанд.

Вакилони рус: муҳоҷирон хонаводаҳояшонро ба Русия наоранд

0

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин мегӯяд, ки шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор ба Русия меоянд, набояд бо худ оилаҳояшонро биёранд.

Ӯ дар ин бора наворе дар канали Telegram-и худ нашр карда, аз мавқеи Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳимоят кард.

Ҳафтаи гузашта вазири рушди иқтисоди ин кишвар Максим Решетников аз маҳдудияти нав гуфта, қайд намуд, ки шаҳрвандони хориҷӣ бояд мувофиқи принсипи “омад – кор кард – рафт” амал кунанд.

Ба иддаои ӯ, Русия вазифадор нест, ки оилаҳои шаҳрвандони хориҷиро мутобиқи ин кишвар созад ва рушди иқтисод бояд пеш аз ҳама аз ҳисоби баланд бардоштани самаранокии меҳнати худи русҳо таъмин карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки 9-уми сентябри соли ҷорӣ гурӯҳе аз вакилон ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонуне пешниҳод карданд, ки мувофиқи он ба ҳамсарону фарзандони муҳоҷирони корӣ иҷозати вуруд ва иқомат дар Русия дода намешавад. Истисно танҳо барои шаҳрвандони Беларус ва мутахассисони баландихтисос пешбинӣ шудааст. Муаллифони ташаббус вакилони рус Сергей Миронов, Олег Нилов, Яна Лантратова, Алексей Кузнетсов ва Михаил Делягин мебошанд.

Дар тавзеҳоти ин тарҳи қонун зикр мешавад, ки оилаҳои муҳоҷирон ба инфрасохтори иҷтимоӣ ва буҷетҳои минтақавӣ сарборӣ меоранд.

Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли 2025 ба шаҳрвандони хориҷӣ 114 ҳазор иҷозатнома барои кор дода шудааст, ки 1,5 маротиба бештар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия зиёда аз 6,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Муаллифони ин тарҳ интизор доранд, ки қабули қонун воридоти муҳоҷиронро то 15–20% коҳиш медиҳад.

Маълум нест пас аз қабули ин қонун муҳоҷироне, ки бо пайвандонашон дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд ва шумораашон кам ҳам нест, чӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, бо ин баҳона чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардидаву ҳамарӯза дар ин кишвар рейди зидди муҳоҷирон баргузор мегарданд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар вазъи муҳоҷирон пас аз ҳодисаи ҳамла ба “Крокус”, ки гумонбаронашон муҳоҷирон мебошанд, каме бадтар шуда буд, сиёсатмадорон, бахусус вакилон фазои бадтареро бо суханрониҳои худ ба вуҷуд овардаанд.

Зеро соли 2026 дар Русия интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад ва ҳизбҳое, ки то ҳол намояндагии маҳдуд дар Дума доранд, мисли “Справедливая Россия — За правду” ё “Новые люди” талош доранд аз ин фазои бавуҷудоварда дар Русия истифода намуда, курсиҳои худро соли оянда бештар кунанд. Пешниҳод кардани ташаббусҳое, ки бо маҳдуд кардани ҳуқуқи муҳоҷирон вобастаанд, барои онҳо роҳест, то дастгирии он қисми интихобкунандагонеро ба даст оваранд, ки аз сиёсати шадидтар дар соҳаи муҳоҷират ҷонибдорӣ мекунанд.

Доналд Трамп: пойгоҳи низомии Багромро дар Афғонистон пас мегирем

0

Президенти Амрико Доналд Трамп изҳор дошт, ки нерӯҳои ИМА бояд пойгоҳи низомии Багромро дар Афғонистон бозпас бигиранд.

Ин пойгоҳи низомӣ соли 2021 пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ба ихтиёри Толибон гузашт. Трамп 18-уми сентябр зимни суханронии худ гуфт: “Мо мехоҳем онро баргардонем ва ин бояд ҳарчи зудтар сурат гирад”.

Ба изҳороти Трамп, Толибон фавран вокуниш нишон дода, онро беасос ва ғайриқобили қабул хонданд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон таъкид намуд, ки ҳеҷ порчаи хоки Афғонистон ба дигарон дода намешавад.

Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Толибон Амирхон Муттақӣ дар як суҳбати телевизионӣ гуфт, ки мо Багромро ба Амирико намедиҳем. Ӯ таъкид кард, ки “ҳатто як ваҷаби замини худро намедиҳем.”

Ба гуфтаи Трамп, пойгоҳи Багром ҷойгоҳи муҳими стратегӣ дорад ва наздикии он ба минтақаҳои ҳассоси Чин аз омилҳои асосии аҳамияти он ба шумор меравад. Вале Толибон хотиррасон карданд, ки мувофиқи Созишномаи Доҳа, Амрико уҳдадор шудааст, ки ба умури дохилии Афғонистон дахолат накунад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин баёнияҳо бештар хусусияти сиёсӣ доранд ва эҳтимоли татбиқи амалӣ надоранд. Ба гуфтаи онҳо, вазъияти кунунии Афғонистон ва муносибатҳои Толибон бо кишварҳои хориҷӣ имкони бозгашти нерӯҳои амрикоӣ ба Багромро хеле маҳдуд месозад.

Чаҳор кишвари ғарбӣ давлати Фаластинро расман эътироф карданд

0

Британияи Кабир, Канада, Австралия ва Португалия рӯзи 21-уми сентябри соли 2025 давлати Фаластинро ҳамчун кишвари мустақил эътироф карданд.

Ин иқдом дар пасманзари афзоиши интиқодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амалкарди Исроил дар Навори Ғазза ва ба бунбаст расидани раванди сулҳ сурат гирифтааст.

Мақомоти Фаластин аз тасмими кишварҳои мазкур истиқбол намуда, онро як қадами муҳими сиёсӣ ба сӯи ҳалли “ду давлатӣ” донистанд. Ба гуфтаи онҳо, чунин иқдом метавонад барои барқарории адолат ва ба расмият шинохтани ҳуқуқи мардуми Фаластин мусоидат кунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Исроил эътироф шудани Фаластин ҳамчун давлати мустақил аз ҷониби кишварҳои ғарбиро шадидан маҳкум карда, онро “ҷоиза барои терроризм” номид. Тел-Авив бар ин назар аст, ки чунин тасмим метавонад низоъро мураккабтар намояд ва ба суботи минтақа таҳдид кунад. Нахуствазири ин кишвар Бинёмин Натанёҳу мегӯяд, эътирофи давлати Фаластин вуҷуди Исроилро ба хатар меандозад.

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки эътирофи Фаластин аз ҷониби кишварҳои калидии ғарбӣ метавонад ба афзоиши фишори дипломатӣ болои Исроил ва эҳёи музокироти сулҳ мусоидат намояд. Аммо онҳо таъкид мекунанд, ки танҳо ин иқдом кофӣ нахоҳад буд, агар дар амал барои қатъи хушунат ва таъмин намудани ҳуқуқҳои мардуми Фаластин чораҳои воқеӣ андешида нашавад.

Бо ба расмият шинохтани ин 4 кишвари ғарбӣ акнун аз 193 давлати узви Созмони Милали Муттаҳид 151 давлати дунё Фаластинро ҳамчун давлати мустақил эътироф кардаанд. Қарор аст, дар нишасти имрӯзаи Маҷмаи умумии СММ, ки бо раҳбарии Арабистони Саудӣ ва Фаронса баргузор мегардад, чанд кишвари дигар, аз ҷумла Фаронса, Малта, Луксембург ва дигарон Фаластинро эътироф кунанд.

Тақвияти равобит байни Тоҷикистон ва Исроил

0

Байни Кумитаи рушди саёҳии Тоҷикистон ва Вазорати саёҳати Исроил ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Рӯзноманигори исроилӣ Den Shamuel Elmas рӯзи ҷумъа, 19-уми сентябр дар сафҳаи “Х” хабар дод, ки вазири саёҳати Исроил Ҳойим Катз бо мақсади тақвияти равобит ба Тоҷикистон сафар карда, бо раиси Кумитаи рушди саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед Ҷурахон мулоқот кардааст.

Тоҷикистон ва Исроил равобити расмӣ надоранд, вале сафари вазири саёҳати Исроил Ҳойим Катз аввалин мақоми расмии он маҳсуб мешавад, ки бо як ниҳоди давлатии Тоҷикистон ёддошти тафоҳум имзо кард.

Ин мақомдори исроилӣ бо навиштани паёме дар сафҳаи “Х” мегӯяд: “Ҳатто дар ин давраи чолишбарангез бо намояндагони кишварҳое, ки равобити расмӣ бо онҳо надорем, дидор кардам ва ба дӯстӣ пазируфта шудам.

Бо вуҷуди сафари расмӣ ва имзои қарордодҳои саёҳӣ байни Тоҷикистон ва Исроил, ин хабар дар ҳеч як аз расонаҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла сомонаи расмии Кумитаи рушди саёҳӣ, “Ховар” ва ё дигар расонаи давлатӣ нашр нашудааст.

Аз ҷузъиёти ин сафар, ки кай анҷом шудааст ва тавофуқоте, ки байни намояндагони Исроил ва Тоҷикистон ҳосил шудааст, маълумоти расмӣ дастрас нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Исроил бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ аз октябри соли 2023 Ғаззаро бомборон дорад ва вазъи инсонӣ дар ин борика ба шиддат тоқатфарсо шудааст. Куштани одамони бегуноҳ, манъи воридоти маводи ғизоӣ ва кумакҳои башардӯстона, вайрон кардани замину хонаҳои мардум дар Ғазза, Исроилро дар инзивои байналмилалӣ қарор додааст.

Ҳоло сарвазири ин кишвар Бинёмин Натанёҳу аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ зери таъқиб қарор дорад ва Созмони Милали Муттаҳид ҳам чанд рӯзе қабл дар гузорише ин кишварро ба “наслкушӣ” муттаҳам кард. Инчунин Иттиҳоди Аврупо низ талош дорад, болои баъзе аз раҳбарони ин кишвар ба хотири нақзи меъёрҳои байналмилалӣ таҳрим ҷорӣ кунад.

Дар вокуниш ба ин хабар, бархе корбарон менависанд, ки “дар ин рӯзҳо аксари давлатҳои дунё ҳаракат доранд муносити худро бо Исроил қатъ кунанд ва ё ӯро ба Суди Гаага супоранд, Тоҷикистони мусалмонӣ бо ин давлат робита барқарор мекунад, инро чӣ гуна метавон шарҳ дод?”

Созишномаи дифоӣ байни Саудӣ ва Покистон аз чӣ дарак медиҳад?

0

Арабистони Саудӣ ва Покистон созишномаи дифоии муштаркеро имзо карданд, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба Давҳа ҷиддитарин иқдоми кишварҳои Халиҷ дониста мешавад.

Тавре расонаҳои Арабистони Саудӣ хабар медиҳанд, тавофуқномаи дифои роҳбурдии муштарак миёни Риёз ва Исломобод рӯзи чоршанбе, 18-уми сентябр зимни сафари расмии нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф ба Саудӣ имзо шуд.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ гуфт, ки ин созишномаи “стратегӣ” ҳадафаш рушд додани ҳамкории дифоӣ миёни Арабистони Саудӣ ва Покистон ва таҳкими боздорандагии муштарак бар зидди ҳар гуна таҷовуз мебошад. Ҳамчунин ин вазоратхона таъкид карда, ки “ҳар гуна таҷовуз ба яке аз ду кишвар, таҷовуз ба ҳарду ҳисобида мешавад”.

Ин созишнома аз чанд банди муҳими стратегӣ иборат аст, аз ҷумла, ҳамоҳангии муштараки дифоии густурда, тамринҳои низомии васеъ, табодули маълумоти низомӣ ва истихборотӣ, сохтани силоҳ ва ин ки Покистон шумори сарбозонашро дар хоки Арабистони Саудӣ, ки ҳоло 5 ҳасзор аст, ба 10 ҳазор мерасонад.

Дар ҳамин ҳол мудири Донишкадаи аустриягии сиёсати амниятӣ барои Аврупо Велина Чакарова дар поёме дар шабкаи “Х” навишта, ки “Созишномаи дифоии муштарак байни Арабистони Саудӣ ва Покистон баёнгари тағйироти геосиёсии “ногаҳонӣ ва шоккунанда” аст ва дар худ паёме ба Амрико медиҳад, ки Риёз дигар ба чатри ҳастаии Амрико эътимод надорад ва шарики боэътимод меҷӯяд.

Аммо расонаҳои Арабистони Саудӣ мегӯянд, ки ин созишнома ногаҳонӣ набуда, балки нақшаест, ки тақрибан 80 сол боз раванди он идома дошт.

Омилҳое, ки сабаби имзои ин созишнома шуд

Ба таҳлили коршиносон, Покистон ин шабу рӯзҳо аз мушкилоти иқтисодӣ ранҷ мебарад. Дар ин бора қаблан ҳукумати ин кишвар эълон карда буд, ки 5 миллиард доллар барои рафъи мушкилоти иқтисодияш ниёз дорад. Ва Арабистони Саудӣ шарики муносибе аст барои чунин сармоягузории бузург дар Покистон. Дар баробари ин кумакҳои иқтисодӣ, Покистон метавонад Саудиро аз ҳар ҳуҷуми эҳтимолии Исроил ҳимоят кунад.

Аммо аз ҷониби Саудӣ бошад, ҳамлаи ахири Исроил ба Давҳаи Қатар мақомдорони ин кишварро ба ин хулоса расонд, ки ҳеч кишвари халиҷие аз ҳамлаи Исроил дар амон нест ва ваъдаи Трамп барои ҳимояи ин кишварҳо дар баробари манофеи худаш бесамар аст.

Маҷаллаи амрикоии “Financial Times” менависад, ки Бин Салмон бо ин созишнома чанд паём ба Трамп ва Натанёҳу фиристодааст. Аз ҷумла, ӯ мехоҳад ба Трамп ин паёмро бирасонад, ки созишномаҳои амниятие, ки барои ҳимояи кишварҳои Халиҷ дар қиболи сармоягузориҳои ҳангуфт сурат гирифт, ҳеч замонате надоранд ва мо қаноатманд нестем.

Коршиносон бар ин боваранд, ки баёнияи кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар чорчӯби Созмони ҳамкории исломӣ, ки аввали ҳафта дар Давҳа баргузор шуд, бетаъсир буд ва ҳеч иқдоми ҷиддие сурат нагирифт. Ва ин тасмими Саудиро саривақтӣ ва зарурӣ медонанд.

Ихроҷи беш аз 35 ҳазор муҳоҷир аз Русия

0

Дар ҳашт моҳи соли 2025 додгоҳҳои Русия беш 35 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба моҳҳои январ-августи соли гузашта 36% камтар аст. Соли 2024 дар ҳамин муддат Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳӣ тақрибан 55 ҳазор нафарро аз сарҳади ин кишвар берун кардааст.

Дар умум, соли гузашта ин ниҳод 88 ҳазор муҳоҷири – ба гуфтааш – ғайриқонуниро ихроҷ кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2024 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия зиёда аз 190 ҳазор қарор дар мавриди ихроҷи маъмурӣ, ихроҷ ва реадмиссияи шаҳрвандони хориҷиро қабул кардааст. Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилӣ Ирина Волк соли гузашта зиёда аз 157 ҳазор хориҷиён, ки қонунгузориро вайрон карда буданд, маҷбуран Русияро тарк карданд.

Суоле пайдо мешавад, ки чаро оморҳои додаи ҳарду ниҳод фарқ мекунад? Чун омори Хадамоти федералии иҷрои қарорҳои додгоҳӣ танҳо он муҳоҷиронеро инъикос мекунад, ки аз ҷониби ин ниҳод то нуқтаҳои гузариши марзӣ барои берун кардан аз хоки ин кишвар ҳамроҳӣ карда шудаанду дигар ихроҷҳо ба ин омор ворид карда нашудаанд. Ва шумораи ихроҷшудаҳо аз аввали соли ҷорӣ низ метавонад аз ин ҳам бештар бошад.

Гуфта мешавад, аз 5-уми феврали соли 2025 Вазорати корҳои дохилӣ ҳақ дорад муҳоҷиронро бе қарори додгоҳ хориҷ кунад ва дар чунин ҳолатҳо иҷрочиёни қарорҳои додгоҳӣ иштирок намекунанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон дар ин 4 моҳи ахири сол мақомоти рус метавонанд шумораи бештари шаҳрвандони хориҷиро аз хоки ин кишвар берун кунанд. Зеро замони қонуни гардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия рӯзи 10-уми сентябр ба охир расид ва ВКД гуфта буд, ки аз 11-уми сентябр нафаронеро, ки будубошашонро дар Русия қонунӣ нагардондаанд, ихроҷ ва ҳамчунин ворид шудан ба ин кишварро барои солҳои тӯлонӣ манъ мекунанд.

Ҳоло дар тамоми Русия бо иштироки кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва интизомӣ рейдҳои густардае дар ҷойҳое ки бештар муҳоҷирон ҷамъ мешаванд, мисли қаҳвахонаву бозор ва хобгоҳ идома дорад ва онҳо бо лаҳни тунд ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро санҷида, дар баъзе ҳолатҳо латтукӯб низ мекунанд.

Дар баробари тафтиши асноди будубош, мақомоти рус, инчунин, онҳоеро меҷӯянд, ки ба наздикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанду худро дар комисариатҳои ҳарбӣ сабти ном накардаанд. Ин гуна афродро ба комисариатҳои ҳарбӣ мебаранду ба ҷанги зидди Украина мефиристанд ва ҳар нафаре, ки рафтан ба хидмат ё ҷангро рад кард, шаҳрвандияш бекор ва аз Русия ихроҷ мешавад.

Путин аз эҳтимоли бекор шудани патент барои муҳоҷирон гуфт

0

Президенти Русия Владимир Путин эҳтимоли аз байн бурдани низоми патентҳои корӣ барои муҳоҷиронро матраҳ кард.

Ӯ рӯзи 18-уми сентябр ҳангоми дидор бо роҳбарони фраксияҳои Думаи давлатӣ гуфт, ки масъалаи мазкур ҷиддан мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи Путин, мавзуи муҳоҷират дар ҷомеаи Русия ҳассос боқӣ мемонад ва ниҳодҳои давлатӣ наметавонанд аз мушкилот чашм пӯшанд. “Ҳамаи ин масъалаҳо воқеан вуҷуд доранд ва бояд роҳи ҳалли онҳо пайдо шавад”, — таъкид кардааст ӯ.

Ҳоло низоми патентӣ яке аз асосҳои қонунии фаъолият барои шаҳрвандони кишварҳои дорои режими бераводид ба шумор меравад. Барои гирифтани чунин иҷозатнома муҳоҷирон бояд пас аз вуруд ба Русия дар давоми 30 рӯз ҳуҷҷатҳоро расмӣ кунанд ва ҳар моҳ маблағи муайян пардозанд. Танҳо дар Маскав ҳаққи моҳонаи патент аз аввали соли ҷорӣ ба 8900 рубл баробар шудааст.

Соли ҷорӣ ҳамзамон талабот барои дарёфти патент сахттар шуда, аз ҷумла, қисми имтиҳонҳо дар бораи забони русӣ зиёд гардида ва ҳадди ками холҳои қабул муайян шудааст.

Путин қаблан имкон дода буд, ки муҳоҷирон дар баъзе аз минтақаҳои, ки аз суи Русия ғасб шудааст ,ба монанди шаҳрҳои Донетск ва Луганск, бе патент то охири соли 2025 кор кунанд.

Баъди изҳороти Владимир Путин дар бораи эҳтимоли бекор шудани низоми патентҳо, бархе аз коршиносони соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод мегӯянд, ки чунин иқдом метавонад паёмадҳои гуногун дошта бошад.

Ба таъкиди онҳо, аз як тараф, бекор шудани патент метавонад хароҷоти муҳоҷиронро кам кунад ва равандҳои расмии корро осонтар намояд. Ин иқдом бахусус барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қисми зиёди муҳоҷирони корӣ дар Русияро ташкил медиҳанд, сабукиҳо ба бор меорад.

Аммо аз тарафи дигар, эҳтимол меравад, ки ба ҷои патент шаклҳои дигари иҷозатнома ҷорӣ шаванд, ки боз ҳам бо санҷишу маҳдудиятҳои нав ҳамроҳ хоҳанд буд. Баъзе коршиносон мегӯянд, ки изҳороти Путин бештар хусусияти сиёсӣ ва ором сохтани ҷомеаи дохили Русияро дорад, на пешниҳоди воқеии тағйирот.

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки ҳатто агар патент аз миён бардошта шавад, масъалаҳои асосии муҳоҷирон мисли муносибати ноадолатона, мушкилоти ҳуқуқӣ ва шароити вазнини корӣ боқӣ мемонанд.

Ветои навбатии Амрико барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза

0

Бори шашум аст, ки Амрико ба пешнависи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои таваққуфи ҷанг дар Ғазза вето мекунад.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ аз ҳаққи ветои худ барои радди пешнависи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ истифода кард. Қатънома хостори оташбаси фаврӣ дар Ғазза буду вуруди кумакҳои башардӯстона ва озодии гаравгонҳоро талаб мекард.

Намояндаи Амрико дар Шӯрои амнияти СММ Дороти Ши бо мухолифат ба пешнависи қатънома, ки ҳадафаш поён додани ҷанг дар Ғазза буд, гуфт: “Наметавон миёни Исроил ва ҲАМОС баробарӣ қоил шуд.” Ӯ илова кард, ки “ҲАМОС дигар роҳе надорад ва бояд фаран таслим шавад ва гаравгонҳоро озод кунад.”

Намояндаи Амрико дар СММ таъкид кард, ки “Иёлоти Муттаҳида ба ҳамкорӣ бо шарикони худ барои поён додан ба ин ҷанги ҳавлнок идома медиҳад.”

Ёдовар мешавем, ки пешнависи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ тавассути 10 узви мунтахаб аз байни 15 узви Шӯрои амният таҳия шуда буд ва ҳимояти 14 узвро ба даст оварда буд. Дар ин қатънома бо шумули талаби поён додани ҷанг, озодии фаврии гаравгонҳои исроилӣ аз дасти ҲАМОС ва бидуни ҳеч қайду шарте низ матраҳ буд.

Исроил пас аз ҳамлаи ҲАМОС аз 7-уми октябри соли 2023 ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии худро ба Ғазза оғоз кард, ки то имрӯз ҳамоно идома дорад. Шӯрои амнияти СММ ва дигар созмонҳои ҳуқуқӣ борҳо барои кушта шудани мардуми бегуноҳ дар Ғазза садо баланд карданд, вале то ҳол бенатиҷа будааст.

Чанд рӯз қабл Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии СММ низ пас аз поён расондани таҳқиқоташ дар бораи Исроил ва мақомдоронаш, дар гузорише гуфт, ки Исроил дар Ғазза даст ба “наслкушӣ” задааст ва то ҳол ин амалшро идома медиҳад.

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

0

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи “Dushanbe Expo” Намоишгоҳи байналмилалии саёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори мақомоти шаҳри Душанбе ва дастгирии Кумитаи рушди саёҳӣ ташкил шуда, ширкатҳои маҳалливу хориҷӣ, аз ҷумла “Сомон Трэвел”, дар он иштирок карданд.

Дар маросими кушодашавӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зикр намуд, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо барои муаррифии иқтидори бойи табиӣ, фарҳангӣ ва таърихии кишвар, ҳамчунин барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон бо манзараҳои нотакрори кӯҳӣ, пиряхҳои калон, захираҳои обӣ ва мероси фарҳангӣ метавонад ба яке аз самтҳои муҳими саёҳӣ дар минтақа табдил ёбад.

Ба гуфтаи масъулон, танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 760 ҳазор саёҳ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ки наздик ба ду-се ҳиссаи онҳо пойтахтро интихоб намудаанд. Ин омор боз як далели равшани ҷойгоҳи Душанберо ҳамчун маркази асосии саёҳӣ нишон медиҳад.

Иштирокдорони намоишгоҳ имконияту хидматрасониҳои худро пешкаш намуда, роҳҳои нави ҳамкорӣ ва сармоягузориро баррасӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ин иқдом на танҳо ба рушди дохилии соҳа мусоидат менамояд, балки барои ҷалби саёҳон ва сармояи хориҷӣ низ заминаи муҳиме ба ҳисоб меравад.

Намоишгоҳи байналмилалии саёҳии Душанбе, ки қарор аст минбаъд ҳар сол ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии саёҳӣ баргузор гардад, то 20-уми сентябр идома хоҳад кард.

Ҳукумат талош дорад бо баргузории чунин намоишгоҳҳо обрӯ ва имкониятҳои саёҳии кишварро муаррифӣ намуда, саёҳони бештарро ба Тоҷикистон ҷалб кунад.