Хона блог саҳифа 89

Масъуле, ки дар шиканҷаи зиндониён даст дошт, даргузашт

0

Генерал-полковник Изатулло Шарифзода, маъруф бо лақаби “Зорро” 3-уми ноябри соли ҷорӣ дар 72-cолагӣ даргузашт.

Бино ба иттилои расонаҳо, ҷанозаи ӯ имрӯз дар зодгоҳаш – маҳаллаи Пушинги ноҳияи Данғара хонда мешавад.

Сабаби марги ин мақомдорӣ тоҷик то ҳол маълум нест.

Бояд гуфт, Шарифзода аз соли 1997 то 2005 сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд ва то ин муддат ӯ 15 сол дар системаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ кор карда будааст. Пас аз ВКД ӯ дубора ба СРИҶҶ баргашта, масъули идораи зиндонҳо, ниҳоди тобеи Вазорати адлияи кишвар таъйин мегардад.

Ӯ дар ин мақом то соли 2018, яъне беш аз 12 сол кор кард ва пас аз соли 2018 то маргаш бознишаста буд.

Сабаби барканории ӯ аз ин вазифа ошӯби 7-уми ноябри соли 2018 дар зиндони шаҳри Хуҷанд гуфта мешавад.

Тибқи иттилои расонаҳои мустақил, ин ошӯб баъди шиканҷаи чанд зиндонӣ сар зада буд ва баъди тирборони маҳбусини бесилоҳ аз тарафи гурӯҳи “Алфа”-и КДАМ, беш аз 50 нафар кушта ва 186 нафар захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи огаҳон, маҳз дар давраи раҳбарии “Зорро” фасод дар зиндонҳо ва шиканҷаи маҳбусон хеле зиёд гашта, борҳо аз марги зиндониён бар асари шиканҷа хабарҳо расонаӣ шуда буданд. Аз ҷумла яке аз ин ҳодисаҳо марги маҷбурии Ҳамза Икромзода бо истифода аз дарзмол дар соли 2012 дар маҳбас мебошад.

Мухолифон аз Трамп хостанд, ба озодии зиндониёни сиёсӣ кумак кунад

0

Гурӯҳе аз мухолифони режими имрӯзаи Тоҷикистон бо навиштани номае аз раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп хостаанд, ки дар озод намудани маҳбусони сиёсии Тоҷикистон кумак кунад.

Дар ин нома, ки 3-уми ноябри соли 2025 нашр шудааст, Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, Муҳаммадиқболи Садриддин, раҳбари Ҳаракати “Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон” ва Убайдулло Саидӣ, ки худро раҳбари «Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон» меномад, аз Доналд Трамп барои мавқеи қотеъона ва саҳмаш дар озодии зиндониёни сиёсӣ дар Ҷумҳурии Беларус миннатдорӣ намуда, онро намунаи равшани роҳбарии муваффақи Иёлоти Муттаҳида дар ҳифзи озодӣ ва шарафи инсонӣ номидаанд.

Ин гурӯҳи мухолифони тоҷик аз Трамп хостаанд, ки дар мулоқоти рӯзи 6-уми ноябраш бо раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи фишорҳо ва саркӯбиҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро матраҳ намуда, ба озод намудани фаврии зиндониёни сиёсӣ даъват кунад ва барои оғоз намудани муколамаи байналмилалӣ доир ба раванди сиёсати осоишта ва фарогир дар кишвар мусоидат намояд.

Дар ин нома ҳамчунин гуфта мешавад, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони амиқи сиёсӣ ва хафақони иҷтимоӣ қарор дорад ва дар натиҷаи сӣ соли ҳукумати авторитарӣ, ҷумҳурӣ ба фазое табдил ёфтааст, ки онро назорати комил, тарс ва таъқиб фаро гирифтааст.

Муаллифони нома мегӯянд, ки дар Тоҷикистон ҳазорон шаҳрванд мавриди таъқиби сиёсӣ қарор гирифта, садҳо нафари дигар шиканҷа ва ё ба таври иҷборӣ нопадид шудаанд ва беш аз 8500 зиндонии сиёсӣ дар зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

“Марг дар зиндон, истифодаи системавии шиканҷа, маҳрум сохтани дастрасӣ ба кумаки тиббӣ ва таҳқиру озори инсонӣ ба амали маъмулӣ табдил ёфтааст. Набудани рақобати сиёсӣ ва аз байн бурдани ҷомеъаи шаҳрвандӣ муҳитро ба радикализм мебарад, ки ин хатари мустақим барои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни он ба шумор меравад”- таъкид кардаанд ин мухолифони тоҷик.

Дар поёни нома муаллифони нома изҳори умедворӣ кардаанд, ки Доналд Трамп аз нуфуз ва роҳбарии худ истифода мебарад, то мардумии Тоҷикистонро дар талошашон барои озодӣ ва адолат дастгирӣ намояд.

Раҳмон ба Қатар сафар кард

0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе, 3-юми ноябр ба Қатар сафар кард.

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, ҳадаф аз ин сафари раисҷумҳури кишвар ба Қатар “иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ” мебошад.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар дода, ки Эмомалӣ Раҳмон пас аз иштирок дар нишасти мазкур, аз Қатар бо даъвати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба Вашингтон сафар хоҳад кард. Сафар ба Амрико бо мақсади “иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби “Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” гуфта мешавад.

Ҳафтаи гузашта Доналд Трамп раҳбарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистонро барои ширкат дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Амрико” (С5+1) даъват карда буд.

Қарор аст, нишасти “С5+1” рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Вашингтони Амрико баргузор шавад. Ин бори дуюм аст нишасти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баргузор мегардад.

Нишасти аввал соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк бо ҳузури Ҷо Байден, раисҷумҳури собиқи Амрико ва раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд.

Ҳадаф аз ин нишаст дар қолаби “C5+1”, тақвият ва густариши ҳамкориҳои дипломатии Амрико бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешавад.

ПМТ Шӯрои нави худро интихоб кард

0

1-уми ноябри соли ҷорӣ Паймони миллии Тоҷикистон дар шаҳри Варшава Шӯрои нави худро интихоб кард.

Тавре ки ПМТ 3-юми ноябр дар сафҳаи расмии худ дар Фейсбук иттилоъ дод, интихобот бо иштироки ҳама 13 узви Шӯро баргузор гардидааст. Гуфта мешавад, 9 нафар ҳузурӣ ва 4 нафар бо ваколати расмӣ овозҳои худро тариқи овоздиҳии пинҳонӣ доданд. Аз миёни 23 довталаб 15 нафар бо гирифтани раъйи бештар ба ҳайати нави Шӯро интихоб шуданд.  

Гуфта мешавад комиссияи интихоботӣ, ки аз шахсони берун аз аъзои Шӯро ва номзадоҳо иборат буд, раванди омодасозии бюллетенҳо, ташкили овоздиҳӣ ва ҷамъбасту ҳифзи натиҷаҳои расмии онро ба уҳда дошт. Манбаъ афзуда, rb интихобот дар фазои шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои интихоботи озод баргузор гардид.

Тибқи натиҷаҳои интихобот, ба ҳайати нави Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон афроди зерин шомил гардиданд:  

Абдуманнон Шералиев, Абубакр Нурӣ, Алим Шерзамонов, Бобоҷон Қаюмов, Илҳомҷон Ёқубов, Исломҷон Саидов, Маҳмудҷон Файзраҳмон, Муҳиддин Кабирӣ, Неъмат Амонбеков, Салим Султонзода, Темур Варқӣ, Фарҳод Одинаев, Фатҳуддин Усмонзода, Шамсиддин Саид ва Шоҳнаим Карим.  

Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ, дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки “аз замони таъсиси Паймон зарурат пеш омад, ки чанд бор аъзои нав ба Шӯро ворид кунем. Дар ин мудат чанд нафар бо хоҳиши худ аз Шӯро хориҷ шуданд”, аммо вай дақиқ нагуфт ин нафарҳо киҳо ҳастанд, танҳо аз Шарофидин Гадоев раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ном бурд.

Масулони ПМТ баён доштанд, ки ҳайати нав бо дарназардошти таҷриба, масъулият ва омодагӣ барои иҷрои рисолати сиёсӣ ва иҷтимоии худ интихоб шудааст.

Заминларзаи шадиде Тоҷикистонро такон дод

0

Шаби 2 ба 3-юми ноябр заминларзаи шадиде Тоҷикистон ва чанд кишвари минтақаи Осиёи Марказиро такон дод.

Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларза соати 01:29 дақиқа ба вақти Душанбе рух дода, қувваи он дар пойтахт 4 ва дар Панҷакент 3 баллро ташкил додааст.

Маркази заминларза дар қаламрави вилояти Балхи Афғонистон буда, қувваи он дар он ҷо 6–7 баллро ташкил додааст. Ба гуфтаи Маркази заминшиносии ИМА, ин заминларза дар Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Покистон низ эҳсос шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки заминларза дар ҳудуди кишвар талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай надоштааст. Аммо расонаҳо то ҳол аз ҳалокати 20 нафар ва осеб дидани зиёда аз 300 нафари дигар дар Афғонистон хабар доданд. Мақомоти Толибон гуфтаанд, аз ҳама бештар вилояти Балх ва Самангон хисорот дидаанд ва омори дақиқтар дар бораи талафотро дар рӯзҳои наздик нашр хоҳанд кард.

Сокинони Душанбе мегӯянд, дар чанд соли охир чунин заминларзаи шадидро эҳсос накарда буданд ва бархе аз онҳо нимашаб ба кӯчаҳо баромадаанд.

Тоҷикистон аз таҳримҳои Аврупо бар зидди Русия нигарон аст

0

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороте дар мавриди шомил шудани баъзе бонкҳои кишвар дар рӯйхати таҳримҳои Русия нигаронӣ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии кишвар 1-уми ноябри соли ҷорӣ зимни нашри изҳороташ гуфтааст, “аз шомил шудани бархе аз бонкҳои Тоҷикистон ба ин феҳристи таҳримҳо амиқан нигарон буда изҳори таассуф мекунад.”

Дар изҳорот таъкид мегардад, ки Тоҷикистон ба уҳдадориҳои байналмилалияш пойбанд аст ва “ҳамеша омода аст, ки бо шарикони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз хатарҳои марбут ба саркашӣ аз эҳтимоли чораҳои таҳримотӣ ҳамкорӣ намояд.”

Вазорат изҳор дошта, ки Ҳукумати Тоҷикистон талош мекунад то ҳадди имкон таҳримҳо ва оқибати манфии онҳоро бар иқтисоди кишвар кам кунад.

Ин дар ҳолест, ки 23-уми октябри соли 2025 Шӯрои Иттиҳоди Аврупо бастаи 19-уми таҳримҳои зидди Русияро тасдиқ кард, ки фаъолияти чандин бонкҳо ва ширкатҳои кишварҳои сеюмро низ фаро мегирад. Дар миёни онҳо ташкилотҳои молиявӣ аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин ва Ҳиндустон низ ҳастанд.

Тибқи қарори нави Шӯрои ИА, нисбати “Спитаменбонк”, “Душанбе сити бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” таҳрим ҷорӣ шуда, ҳеч ширкату афроди алоҳидаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳақ надоранд, бо ин се бонк аз Тоҷикистон муомилоти молӣ анҷом диҳанд. Иттиҳоди Аврупо ин бонкҳоро ба кумак дар сарпечӣ аз маҳдудиятҳои қаблӣ ва маблағгузории иқтисодиёти низомии Русия муттаҳам мекунад.

Дар қарор гуфта шудааст, ки ин муассисаҳо аз кишварҳои севум бо роҳи канор задани маҳдудиятҳои содиротӣ, аз ҷумла бо содироти компютер, абзорҳои идораи мошин, микроэлектроника, бесарнишинҳо ва дигар молу технологияҳои нав ғайримустақим ба тақвияти тавоноии артиши Русия саҳм мегузоранд.

Сокинони кишвар “Душанбе сити бонк”, “Спитаменбонк” ва “Коммерсбонк”-ро ба наздикони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд ва маълум нест, ки манъи муомила бо ин бонкҳо то чӣ ҳад ба фаъолияташон таъсир мегузораду фаъолияти онҳоро то куҷо маҳдуд мекунад.

Қарор дар сомонаи расмии Шӯрои ИА нашр шуда, аз 12 ноябри соли 2025 ба иҷро медарояд.

Ҳудуди 1 милллион зиндонии сиёсӣ дар ҷаҳон

0

Даҳҳо созмони байналмилалии ҳуқуқи башар ва демократӣ бо нашри баёнияи муштараке даъват кардаанд, ки ҳамаи шахсоне, ки барои истифода аз ҳуқуқу озодиҳои асосии худ ноодилона аз озодӣ маҳрум шудаанд, фавран озод карда шаванд.

Дар ин баёния, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии зиндониёни сиёсӣ, 30-уми октябри соли ҷорӣ нашр шуд, таъкид мешавад, ки “ҳеҷ кас набояд барои ба таври осоишта баён кардани ақидаҳои худ ба зиндон андохта шавад”.

Ба ҳисоби ин созмонҳо, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан як миллион зиндонии сиёсӣ, ки миёнашон рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ, сиёсатмадорони мухолиф, роҳбарони мазҳабӣ, ҳунармандон ва шаҳрвандони оддӣ ҳастанд, вуҷуд доранд.

Инчунин ин созмонҳо гуфтаанд, ки режимҳои худкома зиндонӣ кардани афродро ҳамчун абзори фишор ва тарс истифода мебаранд, то озодандешонро хомӯш кунанд ва қудрати худро устувор намоянд.

Онҳо аз давлатҳои демократӣ даъват карданд, ки озод кардани зиндониёни сиёсиро дар авлавияти кори худ қарор диҳанд ва ин масъаларо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба пайваста бардошта, чораҳои мушаххасро ба манфиати маҳбусон талаб намоянд. Инчунин ба созмонҳое, ки аз боздоштшудагон ҳимоят мекунанд ва ба онҳо ва хонаводаҳояшон кумакҳои ҳуқуқӣ ва башардӯстона мерасонанд, ёрӣ расонанд.

Дар байни имзокунандагони ин изҳорот National Endowment for Democracy (NED), Freedom House, Amnesty International, Human Rights Watch, Human Rights Foundation, OVD-Info, Маркази озодиҳои шаҳрвандӣ, Бунёди Мемориал, Бунёди Ҷон Маккейн, Лоиҳаи байналмилалии ҳуқуқи башар, Victims of Communism Memorial Foundation, World Liberty Congress ва дигарон буда, дар баёнияашон бо хонаводаҳо, вакилони мудофеъ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар шароити фишору саркӯбӣ ҳамоно барои озодӣ мубориза мебаранд, изҳори ҳамбастагӣ кардаанд.

Дар охири баёнияи ин созмонҳо таъкид карданд, ки “Зиндониёни сиёсии ҷаҳон набояд фаромӯш шаванд ва озодии онҳо бояд ҳадафи ҷаҳонӣ боқӣ монад”.

Гуфта мешавад, Рӯзи байналмилалии зиндониёни сиёсӣ аз 30-юми октябри соли 1974, ки он рӯз маҳбусони сиёсӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ яқҷо гуруснанишинӣ баргузор карда буданд, сарчашма мегирад. Маҳбусони шӯравӣ ҳар сол 30-юми октябр ин эътирозро такрор мекарданд ва онро намоишҳои ҳамбастагӣ дар шаҳрҳои бузург дастгирӣ менамуданд. Дар посух ба саркӯби идомаёбанда ва шадидтари Владимир Путин, маҳбусони сиёсии Русия соли 2021 ин анъанаро дубора эҳё карданд ва баъд ин рӯз ба рӯзи байналмилалии ҳамбастагӣ бо зиндониёни сиёсӣ дар саросари ҷаҳон табдил ёфт.

Оё дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигар сарҳадбонон ҳузур нахоҳанд дошт?

0

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон эҳтимол аст дар ояндаи наздик ниёз ба ҳузури доимии сарҳадбонон аз байн равад. 

Чунин иттилоеро раиси КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи 91-уми Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Манаси Қирғизистон ироа кард.

Ба иддаои Тошиев, президентҳои ду кишвар Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими эътимод ва дӯстии устувор байни мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон саъй доранд.

“Мо итминон дорем, ки бо чунин сатҳи эътимод ва фаҳмиши дуҷониба байни роҳбарони мо, дар сарҳад дигар ба ҳузури доимии сарҳадбонон зарурат нахоҳад буд”, — таъкид кардааст роҳбари КДАМ-и Қирғизистон.

Ба ҷуз гуфтаҳои Тошиев тафсилоти дигар дар бораи эҳтимоли тағйир дар реҷаи ҳифзи сарҳади ин ду кишвар то ҳол ифшо нашудааст ва ҷониби Тоҷикистон ҳам дар ин бора чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 1000 км марзи муштарак доранд ва тақрибан 519,9 км-и он то соли 2011 муайян гардида буд ва 486,94 км дигараш дар се соли охир мувофиқа шуд.

То ба мувофиқа расидан дар нуқтаҳои номуайн чандин маротиба миёни сокинон ё марзбонон баҳс ва даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чанд соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Дар баробари муайн намудани марз ҷонибҳо мубодилаи қитъаҳои заминӣ ба масоҳати тақрибан 190 гектар аз ҳар тараф анҷом дода буданд.

Ҳоло пас аз ба мувофиқа расидан, ҷониби Қирғизистон 143 километр роҳҳои автомобилгард бунёд ва дар зиёда аз 107 километри марз сим, сутунҳои бетонӣ, симҳои хордор ва деворҳои 3D насб кардааст.

Подшоҳи Британия шоҳзода Эндрюро аз ҳамаи унвонҳо маҳрум кард

0

Подшоҳи Британия, Чарлз III расман бародари хурдиаш, шоҳзода Эндрюро аз ҳамаи унвонҳо ва мақомҳои ифтихорӣ маҳрум кард.

Подшоҳ Чарлз III бародари худро вазифадор намуда, ки қасри шоҳигарии “Royal Lodge”-ро, ки дар ҳудуди қалъаи Виндзор ҷойгир аст, тарк кунад. Дар ин бора рӯзи 30-юми октябр дафтари матбуоти Қасри Букингем хабар дод.

Мувофиқи иттилоъ, шоҳзода Эндрю ба амволи шоҳигарии “Сандрингем” дар ноҳияи Норфолк кӯч хоҳад кард. Зиндагии ӯ дар ин манзил аз ҳисоби маблағҳои шахсии подшоҳ Чарлз III пардохта мешавад.

Ин тасмим дар заминаи идомаи ҷанҷолҳои вобаста ба робитаҳои шоҳзода Эндрю бо бонкдори амрикоӣ Ҷеффри Эпштейн қабул шудааст. Эпштейн, ки соли 2019 дар зиндон даст ба худкушӣ зад, вай ба иттиҳоми хариду фурӯши духтарони ноболиғ барои истисмори ҷинсӣ айбдор шуда буд.

Қасри Букингем иброз дошт, ки “ин чораҳо зарур шуморида мешаванд, новобаста аз он ки шоҳзода Эндрю иттиҳомҳоро рад мекунад”. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки фикр ва ҳамдардии амиқи хонадони шоҳӣ бо қурбониён ва наҷотёфтагони зӯроварӣ боқӣ мемонад.

Ин мавзуи ҷанҷолӣ пас аз нашри пораҳое аз хотираҳои Вирҷиния Ҷуффре, ки худро қурбонии Эпштейн меномад, дубора ба маркази таваҷҷуҳи ҷомеа баргашт. Вай иддао дорад, ки дар синни 17-солагӣ бо шоҳзода Эндрю робитаи ҷинсӣ доштааст.

Шоҳзода қаблан, дар моҳи октябри соли 2025, аз унвони “Герцоги Йорк” даст кашида буд. Гуфта мешавад, бо вуҷуди маҳрум шудан аз унвонҳо ӯро аз рӯйхати ворисони тахти Британия хориҷ намекунад. Эндрю дар ин рӯйхат ҳанӯз дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.

Дар 9 моҳ беш аз 18 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кард

0

Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 18 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар Тоҷикистон фаъолияти тиҷоратии худро расман қатъ карданд.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши 9-моҳаи худро дар мавриди “Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” охири моҳи октябри нашр кард. Тибқи ин омор, дар давоми 9 моҳ (аз январ то сентябри соли ҷорӣ) 18 ҳазору 41 соҳибкори инфиродӣ дар ҷумҳурӣ, ки қисме дар бахши хоҷагии деҳқонӣ ва қисме дар дигар бахшҳо ба кори тиҷорат машғул буданд, фаъолияти тиҷоратии худро расман барҳам доданд.

Агентии омори кишвар менависад, ки бо вуҷуди қатъи фаъолияти беш аз 18 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар тамоми ҷумҳурӣ, омори соҳибкорони фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4% зиёд шудааст.

Аммо ба гуфтаи бархе таҳлилгарон, оморҳои давлатӣ отадан барзиёд нишон дода мешаванд. Дар асл, мардум дар дохили кишвар ба ҷуз бозор баромадан дигар ҳеч фаъолияте надоранд. Вале пас аз фишорҳои андозу ҷаримаҳо бозорро низ тарк мекунанд ва ба Русия ё ягон кишвари дигар сафар мекунанд.

Мувофиқи ин омори Агентӣ, соҳибкороне, ки дар Тоҷикистон аз фаъолияти тиҷоратии худ даст мекашанд, моҳона ба беш аз 2004 адад мерасад. Яъне ба ҳисоби миёна, рӯзона дар Тоҷикистон тақрибан 67 соҳибкор фаъолияти худро қатъ мекунад.

Агентии омори кишвар сабаби қатъ кардани фаъолияти ҳазорҳо соҳибкорро баён накардааст. Аммо тавре баъзе аз соҳибкорон мегӯянд, аз сабабҳои асосии қатъи фаъолияти соҳибкорони хурд, ин надоштани имтиёз, тафтишҳои аз ҳад зиёд, ҷаримаҳои ҳангуфт ва чанд навъи андоз мебошад.

Аммо дар муқобили соҳибкорони хурд дида мешавад, Ҳукумат, бахусус раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони наздик ба худаш имтиёзҳое медиҳад, ки хеле бузург аст. Ҳатто аксари онҳоро барои 5 ё 10 сол куллан аз пардохти тамоми анвои андоз озод мекунад. Аз ҷумла, ширкатҳои марбут ба Акбар Ғуломов, писари Асадулло Ғуломов, ширкатҳои марбут ба домодҳояш монанди “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки назорати роҳи Душанбе-Хуҷандро бар уҳда дорад, барои солҳои зиёд аз андозу боҷи гумрукӣ озоданд.