Хона блог саҳифа 922

Дар Русия ду муҳоҷири тоҷик зери хок монд

0

Ду муҳоҷири тоҷик рӯзи 2-юми июл дар вилояти Ленингради Русия ҳангоми кандани чоҳ зери хок монда ба ҳалокат расиданд. Бино ба гузориши торнамои “Ахбор” мардикорони фавтида шаҳрвандони Тоҷикистон буда яке 40 сола дигаре 28 сола будаанд ва ному насабашон ҳанӯз номуайян аст.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ ин ду муҳоҷири тоҷик дар ҳавлии як зани 36-сола сокини ноҳияи Ломоносови вилояти Ленинград чоҳ меканданд. Соҳибхоназан гуфтааст, яке аз коргарҳо дар даруни чоҳ кор мекард, ки девори чоҳ ба болояш фурӯ рехт. Муҳоҷири дуюм ба кумаки ӯ шитофт, ки берунаш бикашад, вале дар ҳамин ҳангоми девори дигари чоҳ низ чаппа шуд ва ҳарду дар зери хок монданд. Ба гуфтаи шоҳидон, дар лаҳзаҳои аввал яке аз мардикорҳо зинда буд ва нолишаш аз зери хок ба гӯш мерасид. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятиро дар робита ба ин ҳодиса баррасӣ мекунанд.

Аммо муҳоҷирони зери хокмондаро то расидани наҷотдиҳандагон касе онҳоро аз зери хок бароварда натавонистаст. Ҳатто баъди расидани кумаккунандагон амалиёти наҷотдиҳӣ то нисфи шаби 2 ба 3 июл идома ёфтааст. Замоне, ки коргаронро аз зери хок бароварданд, аллакай онҳо ҷон бохта буданд. Наҷаотдиҳандагон сабаби тӯл кашидани амалиёти наҷотдиҳиро дар боло баромадани обҳои зеризаминӣ маънидод карданд.

Барномаи хабарии ИМРУЗ – 02.07.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Хабарҳои имрӯз

Афзоиши куштор ва дуздӣ дар Тоҷикистон дар замони пандемия.

10 соли зиндон барои қатли модар ва ду бародар.

Имзо накунед! Даъвати Кумитаи дифоъи журналистон аз Раҳмон.

Садҳо нафар муҳоҷири тоҷикистонӣ дар байни сарҳади Қазоқистону Узбекистон дармондаанд.

Ба гумони ғолиб Путин то соли 2036 дар қудрат мемонад.

#Azdatv#Имруз

Имзо накунед! Даъвати Кумитаи дифои журналистон аз Эмомалӣ Раҳмон

0

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), ки қароргоҳаш дар Ню-Йорк мебошад, бо интишори як баёния аз Эмомалӣ Раҳмон, хостааст то аз имзои қонун, ки озодии баён дар ин кишваро маҳдуд мекунад, даст бикашад. Дар баёнияи ин созмони байналмилалӣ бо интиқод аз тарҳи тағйирот ба қонун таъкид мешавад, ки  он норӯшан ва муғлақ аст. Зеро гуфта нашудааст, ки “ахбори ғалат” дар мавриди коронавирусро кӣ ва кадом ниҳод муайян мекунад. Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 26-уми июн тағйироти баҳсбарангезро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул кард. Бар асоси он, барои пахши “ахбори ғалат” дар бораи коронавирус ҷарима муқаррар шудааст.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), мегӯяд, “тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як иҷозатномаи рӯшан ба мақомот барои бештар кардани сензура бо баҳонаи мубориза бо пандемияи COVID-19 мебошад.”

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар CPJ мегӯяд: “Президент Эмомалӣ Раҳмон набояд ин қонунро имзо кунад ва бояд пеши роҳи саркӯби матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шавад”.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар суҳбати телефонӣ бо CPJ гуфтааст, тағйирот ба қонун “як иқдоми саркӯбгароёна буда, ҳадафаш маҳдуд кардани озодиҳо барои дарёфт ва паҳн кардани иттилоъ мебошад”.Қаршибоев меафзояд, “ин кор метавонад дар остонаи интихоботи президентии соли ҷорӣ мақомотро барои фишороварӣ ба матбуот ҷасуртар кунад.”

Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чунин муқаррарот баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар изҳороте гуфт, таъини ҷарима барои ба истилоҳ нашри “хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ” дар бораи коронавирус “ба озодии баён осеб мерасонад”.Дар ин тағйирот барои пахши “ахбори носаҳеҳ” дар бораи коронавирус аз 580 сомонӣ то 11600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

10 соли зиндон барои қатли модару ду бародар

0

Додгоҳи олии Тоҷикистон Воҳидов Меҳробиддин Абдураҳмонович, сокини 18-солаи шаҳри Ҳисорро ахиран бо ҷурми куштор ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ин сокини Ҳисор ба куштани модар ва ду додари хурдсолаш муттаҳам мешавад. Бо ҳукми додгоҳ барои ин кирдори ҷиноятӣ Меҳробиддин Воҳидов муҳлати ҷазои худро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард.

Ба гузориши Маркази матбуоти Прокуратураи генерал Тоҷикистон мақомоти тафтишотӣ тавзеҳ кардаанд, ки 10 сол ин ҷазои баландтарин аст, чунки Меҳробиддин Воҳидов вақти куштани наздиконаш ноболиғ буд. Додситонӣ мегӯяд, модари ӯ Мусаллама Воҳидова «нисбати ноболиғ Воҳидов М.А. муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷро намудани корҳои хоҷагӣ истифода намуда, фарзандони хурдсолашро нисбат ба ӯ бештар дӯстдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ноболиғ Воҳидов М.ро ба худ пайдо кардааст.» Дар натиҷа, рӯзи 12 декабри соли 2019 Меҳробиддин Воҳидов дар хонаашон деҳаи Арбобии ҷамоати Хонақоҳи кӯҳӣ «дар заминаи рашку хусумат модараш Воҳидова М.Х. ва бародарони хурдсоли угайяшро ба қатл расонид. Ва барои нест кардани изҳои ҷиноят манзили истиқоматӣ ва ҷасадҳоро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.

Айни ҳол аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати ноболиғ Воҳидов М. бо аломатҳо ва моддаҳои 104 қисми 2 ва 255 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтиши пешакӣ ҷиҳати муҳокима ва эъломи ҳукм ба додгоҳ ирсол карда шуд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон Меҳробиддин Воҳидовро муҷрим шинохта ва бар пояи қонуни ҷиноии кишвар ба ҷазои баландтарин ба муҳлати 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ маҳкум кардааст. Қарор аст Меҳробиддин Воҳидов давраи ҷазои худро дар муассисаи ислоҳии низомаш умумии ноҳияи Ёвон дар вилояти Хатлон сипарӣ кунад.

Афзоиши куштор ва дуздӣ дар Тоҷикистон дар замони пандемия

0

Куштор, роҳзанӣ ва дуздӣ дар манзилҳо моҳи май дар Тоҷикистон бештар шудааст. Хабаргузории А-П бар пояи маълумоти расмӣ, менависад, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, имсол шумори ҳодисаҳои куштор ва суиқасд- 62%, дуздӣ дар манзилҳо – 35% ва роҳзанӣ – 75% зиёд шудааст.

Инчунин, дар ин моҳ сабти ҳодисаҳои авбошӣ (5%) ва далелҳои дуздӣ дар умум (13%) зиёд шудааст. Дар ҳамин ҳол, сабти ҳодисаҳои ғоратгарӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар, вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва порагирӣ коҳиш ёфтааст.

Моҳи майи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1,5 ҳазор ҷиноятҳои гуногун ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 12,4% камтар аст.     Дар ин давра 283 ҷиноятҳои вазнин содир шудаанд, ки дар қиёс бо моҳи майи соли гузашта 126 чунин ҷиноят камтар мебошад. Ёдовар мешавем, ки аз аввалин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар аз вируси нав ҳукумати Тоҷикистон 30-уми апрел маълумот дод.

Сафорати Тоҷикистон аз шарҳвандони бозмонда хост, барои сафар ба Тоҷикистон ба онҳо тамос бигиранд

0

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир аз тамоми шаҳрвандони тоҷикистоние, ки дар давлатҳои аврупоӣ банд мондаанд, хост то ба онҳо тамос бигиранд. Зеро хатсайрҳои чартерӣ барои бозмондаҳо аллакаи роҳандозӣ шудаистодааст. Муҳоҷирон метавонанд тариқи ин парвозҳои чартерӣ ба Ватан баргарданд. Инро сафорат дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кардааст.

Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир расонида мешавад, ки ба мақсади баргардонидани…

Gepostet von Tajikistan Embassy London am Mittwoch, 1. Juli 2020

Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир расонида мешавад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандоне, ки аз таъсири пандемияи COVID-19 дар кишварҳои минтақаи Аврупо боз мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хатсайри махсус ташкил карда мешавад.

Хатсайри махсус тавассути ширкати ҳавоии “Сомон Эйр”- SZ102 рӯзи 8 июли соли 2020 соати 12:30 (бо вақти Франкфурт) ба самти Франкфурт-Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Шаҳрвандон метавонанд маълумоти бештарро оид ба нарх ва расмиёти харидорӣ намудани чиптаҳо (Франкфурт-Душанбе) ба воситаи шумораи тамоси зер пайдо кунанд.

+992 93 839 9393, +992937777459 – Умед Маҳмудов (намояндаи ширкати “Сомон Эйр”)

Шаҳрвандон уҳдадоранд, то парвозҳои худро аз Лондон то Франкфурт шахсан ба танзим дароранд. Хоҳишмандем, зимни харидорӣ намудани чиптаҳо дар самти Лондон-Франкфурт ба вақти парвоз диққат диҳед.

Ҳамзамон, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон дар Британия расонида мешавад, ки қабл аз парвоз ба самти Франкфурт мавзуи интиқоли бағоҷҳоро бо масъулини ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз самти Лондон-Франкфурт муайян намоянд.

Бар асоси маълумоти Сафорати Германия дар Лондон, шаҳрвандони Тоҷикистон зимни ин сафар метавонанд аз майдони транзитии фурудгоҳи Франкфурт истифода баранд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир
ва Ирландияи Шимолӣ
Phone: 020 8167 7244
Mob: +447828881988
Email: [email protected]

Оғози фаъолияти АЗДО ТВ

0

АЗДО ТВ шабакаи хабаррасонӣ ва таҳлилӣ буда, аз ҷониби гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷики бурунмарзӣ таъсис ёфта, дар кишвари Лаҳистон расман зери Бунёди Ҳамгироии Фарҳангҳо (FII) сабт шудааст. Шабака бо рӯйкарди чандрасонаӣ – видеоӣ, савтӣ, матнӣ ва гарафикӣ ба хотири беҳтару дақиқтар расондани ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон роҳандозӣ шуда, аз 1-уми июли соли 2020 ба кор оғоз кард.

АЗДО ТВ бо ҳадафи рушди озодии баён, нашри арзишҳои демократӣ, риояи гуногунандешӣ ва додани минбари озод барои тамоми қишрҳои ҷомеа рӯйи кор омадааст. Тарҳ бо дастгирӣ ва кумаки молии фонди (National Endowment for Democracy) (Бунёди миллии демократии Амрико) барои 1 сол сармоягузорӣ мешавад.

Мо дар фаолияти расонаии худ пойбанди меъёрҳои байналмилалӣ ва  ахлоқии фаъолияти журналистӣ ҳастем.

​Аз усул (принсипҳо)-и асосии фаъолияти кории шабакаи «Аздо» ин воқеиятгӯйӣ, ҳақиқатнигорӣ, гуногунандешӣ, адолатмеҳварӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Мавқеи расонаи Аздо тв

–        Ба хотири риояи гуногунандешӣ АЗДО ТВ матлаб ва ахбореро ба нашр мерасонад, ки бо аҳдоф ва сиёсати расона мувофиқ нестанд ва масъулияти онҳо бар души худи муаллифон мебошад.

–        Агарчи АЗДО ТВ барои сарчашмаи хабар ва дақиқу воқеӣ будани он талош мекунад, аммо сад дар сад воқеӣ будану ҳақиқат доштани хабару гузоришҳо бар худи манбаъ ва фиристонандаи он бармегардад. Дар сурати ҳақиқат надоштан ва ё ҷой доштани иштибоҳ дар хабар он ислоҳ ё ҳазф мешавад.

–        АЗДО ТВ ҳақ дорад мақолаву ахборро тибқи салоҳдиди муҳаррирон ислоҳ, хулоса ва ё кӯтоҳ кунад.

–        Ҳангоми бознашри матолиби АЗДО ТВ зикри манбаъ ҳатмӣ мебошад.

–    Ҳангоми ирсоли хабару гузоришҳо аз ҷониби корбарон, дар сурати зарурат ҳувияти манбаъ ба хотири ҳифзи амнияташ зикр намешавад.

Маънои вожаи “АЗДО”

Маънои илмии Аздо.“Аздоидан” аз форсии миёнаи “azd” ба маънои “иттилоъ, эълом, маълум, дониста” ва “azdēnidan” яъне “иттилоъ додан, огоҳ кардан”, аз форсии бостони “azdā” яъне “дониста” ва авестоии “azdā” яъне “дониста, маълум” меояд. Ин вожа дар суғдӣ ҳам ҳаст “azd” яъне “огоҳида, дониста” ва аз форсии миёна дар арманӣ ба вом гирифта шудааст. Доктор Муҳаммад Ҳайдарии Малоирӣ

Шиори мо: Озодии расона зербинои ҷомеаи демократист.

Варшава – июли 2020 с.

Тамос: [email protected] , +48 519 767 404

Барномаи хабарии ИМРУЗ – 01.07.2020

0

Хабарҳои имрӯз

Шурӯи нишастҳои матбуотӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон.

Писари Зубайдуллоҳи Розиқро низ боздошт карданд.

30 миллион гранти Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон.

СММ ба Тоҷикистон: Мақсуд Иброҳимовро озод кунед!

Осиёи Марказӣ ва Амрико ба сулҳи байни афғонҳо ниёз доранд.

Дархости сенаторони амрикоӣ аз Раҳмон: зиндониёни сиёсиро фавран озод кунед!

#Azdatv#Имруз

Садҳо нафар муҳоҷири тоҷикистонӣ дар байни сарҳади Қазоқистону Узбекистон дармондаанд

0

(Хабар такмил ёфт)

Садҳо нафар муҳоҷири тоҷикистонӣ дар сарҳади Қазоқистону Узбекистон дармондаанд. Як корбари фейсбук, Комил Ҳакимов дар саҳифааш бо гузоштани чанд навор аз ҷамъамоадани ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар сарҳади ин ду кишар хабар дода менависад, ки мусофирон интизоранд то мақомоти кишвар онҳоро ба Ватан баргардонад. Ҳоло гузориши ҳамкорамро дар ин бора бо ҳам мешунавем.

Гузориш: Ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Жибек Жоли” сарҳади Узбекистону Қазоқистон дармондаанд. Ҳамаи ин шаҳрвандон мехоҳанд ба Ватан баргарданд. Ҳоло бо сабаби пандемияи бавуҷудомада аз вируси нав қисми бузурге аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари Русия бекор мондаанд ва боқӣ мондани худро дар ин кишвар бефоида медонанд. Ин аст, ки бо ҳар роҳу воситае мехоҳанд худро ба Тоҷикистон бирасонанд. Аммо ҳоло Узбакистон сарҳадҳояшро боз накардааст ва муҳоҷирони зиёде чанд муддат аст, ки инҷо банд мондаву маҷбуранд дар шароити бад чанд рӯзеро сипарӣ кунанд. Ҳоло ин муҳоҷирон зери айвону болои бетон мехобанд ва дар ҳамоноҷо гулхан афрӯхта хӯрок омода мекунанд.

Комил Ҳакимов як корбари фейсбукӣ дар саҳифаи худ аз вазъияти ногувори мардуми дармонда дар сарҳади Қазоқистону Узбекистон хабар медиҳад. Бо гузоштани чанд навор дар сафҳааш ин корбар менависад, ки сафорати Тоҷикистон тибқи ваъдаи қаблӣ бояд касоне, ки байни сарҳадҳо дармонда буданд, 1-уми июл ба Ватан боз мегардонад. Аммо 1-уми июл ҳам гузашт, мардум ҳанӯз инҷо овораанд.

Акс аз саҳифаи фейсбуки Комил Ҳакимов

Пештар ҳам садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳамин сарҳад ҳафтаҳо интизор мондаднд то мақомоти Тоҷикистон онҳоро ба Ватан баргардонд. Ҳамзамон “Радиои Озодӣ” ба ин қазия равшанӣ андохта менавсиад, ки баргардондани муҳоҷирон асосан бо кумаки Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират сурат мегирад, ки то кунун ду дафъа бо сармоягузории Амрико ва мусоидати молии ҳукумати Норвегия муҳоҷиронро бо мусофирбарҳо ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба Тоҷикистон бурд. Ин сафарҳо барои муҳоҷирон ройгон анҷом дода мешаванд. Ҳоло ин созмон машғули тартиб додани рӯйхати дармондаҳо мебошад, айни замон масъулонаш бо мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ва Қозоқистон кор мебаранд, то барои овардани муҳоҷирон як долон боз карда шавад, аммо ба гуфтаи онҳо: “ҳамоҳанг кардан бо мақомоти чанд кишвар каме вақт металабад”.

Вале сафорати Тоҷкистон дар Қазоқистон иддиао карда, ки ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти шароити муоинаву ташхис шаҳрвандонро “навбат ба навбат” бармегардонанд. Ва дар моҳи июн аз Қазоқистон 790 нафар бо автобус ва 237 нафар бо ҳавопаймо, дар маҷмӯъ, 1027 нафар ба Тоҷикистон бозгардонида шудаанд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират дар твиттераш ин хабаро тайид карда чунин навиштааст, бо мусоидат ва ҳамкории Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират бо кишвари Осиёи Марказӣ муҳоҷирони тоҷикистонии дармонда дар марзи Қазоқистон бо Узбакистонро ба ватанашон хоҳанд фиристод.Намояндаи СҶМ дар Узбекистон Санҷар Бек  мегӯяд автобусҳо барои интиқоли мардон, занон ва кӯдакон омода ҳастанд. “Муҳоҷирине, ки ҳолашон бадтар аст, аввал ба хонаҳояшон фиристода хоҳанд шуд ва боқимондаро фардо хоҳем фиристод. Мо ҳамчунин барои муҳоҷирини дармонда кумакҳои пизишкӣ, нӯшокӣ ва ҳамчунин дар санадгузориияшон кумак кардем”.

Gepostet von Komil Hakimov am Mittwoch, 1. Juli 2020

Ба гумони ғолиб Путин то соли 2036 дар қудрат мемонад

0

Натиҷаҳои пешакӣ нишон дод, ки 73% мардуми рус тағйиру иловаҳо дар Қонуни асосиро, ки умри ҳукумронии Путинро дароз мекунад, қабул доранд.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” рӯзи чаҳоршанбе ҳисоботи аввалияй раъйпурсии умумӣ оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо дар Қонуни асосӣ, ки тибқи он муддати ҳокимияти Путин дарозтар мешавад, нишон дода, ки зиёда аз 73%  интихобкунандагони рус тарафдори ин тағйирот мебошанд.

Ин омор баъд аз шумориши тақрибан чаҳор як ҳиссаи овозҳо ба даст омадааст.

Ба назари коршиносон ва таҳлилгарони масоили сиёсӣ, ин тағйирот дар Қонуни асосии Русия барои Путин фурсатро фароҳам месозад, ки то ду маротибаи дигар номзадиашро дар интихоботҳои ин кишвар пешбарӣ кунад ва бо ҳамин то соли 2036 дар сари қудрат боқӣ бимонад. Ин амал эътирози як идда мунтақидони Кремлро ба бор овардааст.

Ёдрас мекунем, ки референдум барои тағйиру иловаҳо бар Қонуни асосӣ дар Русия баъд аз тасвиби Додгоҳи Қонуни асосӣ ва парлумон тибқи нақша бояд 22 юми апрел сурат мегирифт, вале бо сабаби интишори вируси КОВИД-19 таърихи баргузории он то якуми июл ба таъхир гузошта шуда буд.