Хона блог саҳифа 923

Дархости сенаторони амрикоӣ аз Раҳмон: зиндониёни сиёсиро фавран озод кунед!

0

Гурӯҳе аз сенаторҳои амрикоӣ аз раисҷумуҳри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли номае хостаанд то зиндониёни сиёсиро беқайду шарт озод кунад. Ин гурӯҳи сенаторҳо аз ҳизби Демократ ва Ҷумҳурихоҳи Амрико дар номаи худ аз он нигаронӣ кардаанд, ки набояд шаҳрвандонро барои ибрози ақида, фаолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ боздошт ва зиндонӣ кард. Дар идома онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон дархост кардаанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти буҳрони коронавирус дар ҷаҳон, ки зиндониён яке аз қишрҳои осебпазир маҳсуб мешаванд, онҳо бояд озод карда шаванд.

Сенаторони амрикоӣ барои ташвиқи Раҳмон дар ин нома хотирнишон кардаанд, ки дар бисёре аз кишварҳои дунё аз ҷумла, дар Амрико зиндониёнро пеш аз муҳлат озод кардаанд.

Дар номаи сенаторҳои амрикоӣ чунин омадааст: “Мо аз шумо дархост мекунем то ҳамаи зиндониёне, ки ба хотири изҳори ақида ва баёни андешаашон боздошт ва зиндонӣ шудаанд, бо шумули гурӯҳи донишҷуён, фаолони ҷамъиятӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро фавран озод кунед! Афрод ҳаргиз набояд бахотири озодии гирдиҳамоӣ, озодии баён ва фаъолиятҳои иҷтимоъияшон боздошт ва зиндонӣ шаванд. Мо аз Шумо даъват мекунем, ки шаҳрвандони зиндонии сиёсиро бе ҳеч қайду шарте дар чорчӯби қонун озод кунед”.

Дар ин нома сенаторони амрикоӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, номи ду зиндониро ёдрас кардаанд. Яке Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи зиндонӣ ва дуюмӣ Далер Шарипов, рӯзноманигори зиндонӣ мебошад. Ба қавли ин гурӯҳи сенаторон парвандаи ин зиндониҳо бидуни далелу ва дар додгоҳои ғайри шаффоф  барраси шудааст. Дар идома гуфтаанд, мо хабар дорем, ки Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи раҳбарони Ҳизби наҳзати Исломӣ пас аз он боздошт ва ба муддати 23 сол зиндони шуд, ки аз шиканҷаи як аз зериҳомояааш, ки узви раёсати ҲНИТ буд, ба расонаҳо хабар дод. Парвандаи Бузургмеҳр Ёоров таваҷӯҳи ҷомеаи байналмиллалиро ба худ ҷалб кардааст ва Гурӯҳи кории боздоштҳои худсаронаи созмони Миллаили Муттаҳид низ боздошти ӯро худсарона ва ғайри қонунӣ дониста дархости озодии ӯро карааст.

Хотирнишон мекунем, ки дар зери ин нома 12 тан аз сенаторони амрикоӣ аз ҳизби Демократ ва Ҷумҳурихоҳ имзо гузоштаанд.

СММ ба Тоҷикистон: Мақсуд Иброҳимовро озод кунед!

0

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид оид ба боздоштҳои худсарона аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки Мақсуд Иброҳимов, муассиси созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро фавран озод ва барояш ҷуброни молӣ пардозад. Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба содир кардани чанд ҷинояти вазнин гунаҳкор донистаанд. Ҳамсараш 30-юми июн гуфт, Иброҳимовро дар чаҳор моҳ як бор мебинанд.

«Дар шароити фарогирии пандемияи COVID-19 ва таҳдидҳои ношӣ аз он дар муассисаҳои ислоҳӣ гурӯҳи корӣ аз ҳукумати Тоҷикистон дархост мекунад, ки ҷиҳати озодии Мақсуд Иброҳим тадобири фаврӣ биандешад”,- омадаааст дар номаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ  .

Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистонро масъули амалкардҳои ғайриқонунӣ нисбат ба Мақсуд Иброҳимов номидаанд. Онҳо талаб кардаанд, ки ҳуқуқи поймолшудаи Иброҳимови 43-сола пурра барқарор карда шавад.

Мақсуд Иброҳимов 24-уми июни соли 2015 бо қарори Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба “як қатор ҷиноят”, аз ҷумла “даъватҳои ошкор ба табдили сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “ташкили созмони ҷиноӣ” гунаҳкор дониста шуд.  

Хулосаҳои аъзои Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башари СММ оид ба боздоштҳои худсарона дар бораи Мақсуд Иброҳимов рӯзи 5-уми июн нашр шуд ва мақомоти Тоҷикистону Русия посухҳои охирини худро ба ин гурӯҳ моҳи апрели имсол фиристодаанд. Дар поёни таҳқиқи нимсолаи қазияи Мақсуд Иброҳимов, гурӯҳ ба хулосае омадааст, ки ин зодаи шаҳри Душанбе сирф барои фаъолиятҳои сиёсиаш муҷозот шудааст.

Дар талаби ин созмон ба ҳукумати Тоҷикистон омадааст, “Иброҳимов бояд билофосила аз зиндон озод шавад”, “ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия бояд мутобиқ ба қонунҳои байналмилалӣ ҷуброни ҳабс, боздошти махфӣ ва ихроҷи ӯро пардохт кунанд” ва ҳукумати Русия “таҳқиқи ин қазияро ба роҳ монда, тамоми шахсони масъул дар қазияи Иброҳимовро ба ҷавобгарӣ бикашад”.

“Гурӯҳи корӣ мушаххас намуд, ки ҳукумати Федератсияи Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар поймолшавии ҷиддии ҳуқуқи Иброҳимов дар таърихи 20-уми январи соли 2015 масъулияти муштарак доранд ва ҳукумати Тоҷикистон дар боздошти худсаронаи Иброҳимов дар он рӯз масъулият дорад”, –омадааст дар хулосаҳои кори ин гурӯҳ.

Мақсуд Иброҳимов то замони боздошту маҳкумияташ миёни фаъолони тоҷик дар Русия ба унвони як мунтақиди ҳукумати Тоҷикистон ва муассиси созмони сабтиномнашудаи “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” буд. Дафъатан баъди рад шудани сабтиноми созмонаш аз ҷониби Вазорати адлияи Русия тирамоҳи соли 2014 дар Тоҷикистон ҳам созмонаш мамнӯъ ва экстремистӣ эълон шуд.  Мақсуд Иброҳимов дар зиндони низомаш сангини шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.

Фаъолони ҳуқуқи башар соли 2019 гуфтанд, аз соли 2005 то соли гузашта 15 шаҳрванди Тоҷикистон рабудаву боздошт ва ё нопадид шудаанд. Ба камияш нӯҳ ҳодиса дар чаҳор соли охир сабт шудааст. Аксари ин ҳодисаҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба нигоҳи танқидии ин афрод нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон рабт медиҳанд.Гурӯҳи кории Шӯрои ҳуқуқи башар оид ба боздоштҳои худсарона дар поёни гузоришаш аз ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия тақозо кардааст, ки дар давоми шаш моҳи наздик дар бораи иҷро шудани ин тақозоҳо гузориш диҳанд.

30 миллион гранти Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон

0

Бонки осиёии рушд ироаи кумаки бебозгашт дар ҳаҷми 30 миллион доллар ба Тоҷикистонро тасдиқ кардааст. Азия-Плюс менависад, ки ин маблағ бо мақсади беҳбуди ҷойи кор ва таъмини музди меҳнати хуб, инчунин, тавсеъаи имконоти агентиҳои шуғл ва муҳоҷират ҷудо шудааст.

Илова бар ин, маблағи 1,5 млн доллари Фонди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Ҷопон низ тасдиқ шудааст, ки расмиёти маъмурии он аз ҷониби БОР анҷом дода мешавад.

“Лоиҳаи мазкур бахусус ҳозир хеле муҳим аст, зеро дар Тоҷикистон афзоиши бекорӣ ва шумори муҳоҷирони баргашта бар асари пандемия пешбинӣ мешавад”, – гуфтааст намояндаи департаменти БОР Эйко К.Изава.

Дар доираи лоиҳа дар Хуҷанду Бохтар ва Восеъ се маркази нави хизматгузорӣ барои муҳоҷирони баргашта ва онҳое, ки азми сафар доранд, се маркази нави намунавии кор дар Душанбе дар соҳаи сайёҳӣ, дар Роғун дар бахши энергеика ва дар Данғара дар соҳаи кишоварзӣ таъсис дода мешаванд.

Акс аз “Sputnik” – Тоҷикистон

Амалисозии лоиҳа дар зарфи шаш сол пешбинӣ гардида, агентии иҷрокунандаи он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мебошад.

Коршиносони умури иҷтимоӣ мӯътақиданд, ки ин сӣ миллион доллар кумаки ройгон ва ё билоивази Бонки Осиёии Рушд баъид аст, ки дар амри татбиқи аҳдофи барномааш дуруст ҷобаҷогузорӣ шавад. Бахусус, ки татбиқ ва иҷрои он ба уҳдаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ – як ниҳоди давлатӣ вогузор шудаст. Зеро мегӯянд ниҳодҳои давлати Тоҷикистон дар бештарини ҳолатҳо фасодзадаанд ва маблағи грантии Бонки Осиёии Рушд, ки наҳваи назорати иҷрои он норӯшан аст дар гумон аст, ки мақсаднок истифода шавад. Ба назари ин коршиносон, беҳтар ва муассиртар мебуд, ки ин маблағ тавассути созмонҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳои давлатӣ дар маҳалҳо масраф карда мешуд.

Писари Зубайдуллоҳи Розиқро низ боздошт карданд

0

Асроридин-яке аз писарони Зубайдуллоҳи Розиқ, узви Раёсати Олии ҲНИТ ва зиндонии сиёсии тоҷик тавассути кормандони КДАМ боздошт шудааст. Асрориддин дар ҳоле боздошт мешавад, ки  падари 76-солаи ӯ Зубайдуллоҳи Розиқро ба ҳуҷраи ҷаримавии зиндон интиқол додаанд.

Ҳисомиддин Зубайдуллоҳ, яке дигар аз писарони Зубайдуллоҳи Розиқ, ки дар Аврупо паноҳанда аст, дар сафҳаи фейсбукии худ аз боздошти бародараш аз ҷониби кормнадони КДАМ ва интиқоли падараш ба ШИЗО хабар медиҳад.
Ба назари баъзе аз огаҳони умур ни ҳам пас аз фаъолшавии мухолифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла суханрониҳои пайиҳами раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ ва маъракаи талаби истеъфои Раҳмон, роҳандозишуда аз ҷониби пойгоҳи “Ислоҳ”, ки аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, мардум ва бахусус муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия истиқболи густардаеро ба ҳамроҳ доштааст, фишор болои хонаводаи мухолифин, зиндониёни сиёсӣ ва фаъолони дохили кишвар аз нав шиддат гирифтааст.

Худи Ҳисомиддин мегӯяд, ки аз бародараш талаб кардаанд дар муқобили дастгоҳи наворбардорӣ ҲНИТ-ро террористӣ ва раису фаъолони онро хоину ватанфурӯш бихонад, аммо ӯ розӣ нашудааст. Ҳисомиддин мегӯяд, бародараш таҳти шиканҷаи шадид қарор дорад.

Озодӣ аз қавли бастагони ин хонавода навиштааст, ки Асрориддин Розиқови 38-сола, ки дар бозори “Корвон” ба фурӯши либосҳои кӯдакона машғул буда, рӯзи 26-уми июн дар роҳ ба сӯи бозор аз тарафи кормандони КДАМ боздошт шудааст.
То ин лаҳза Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз чунин боздоште хабар надодааст. Аъзои хонаводаи Розиқовҳо мегӯянд, “ҳеч сабабе барои боздошт вуҷуд надорад, магар ин ки бо мақсади фишор ба Зубайдуллоҳи Розиқ, ки, аз додани изҳороти телевизионӣ зидди раҳбарони ҳизб худдорӣ кардааст”.

Зубайдулллоҳи Розиқи 76-сола дар соли 2016 ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Вай рӯзи 28-уми июн дар суҳбат бо наздиконаш гуфтааст, нозирони зиндон аз ҳуҷрааш китоби “Қуръон” ва маводи дезинфексия аз коронавирусро пайдо намуда, ӯро барои 5 рӯз ба ҳуҷраи ҷаримавӣ ё ШИЗО бурдаанд.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём ҳоло хонаводаи аксари фаъолони мухолиф таҳти фишори шадиди мақомот қарор доранд ва бештарашон ба идораҳои амнияту пулис эҳзор шуда, аз онҳо наворбардорӣ шудааст.

Шурӯи нишастҳои матбуотӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон

0

Қарор аст 13-уми июл нишастҳои матбуотии мақомоти Тоҷикистон оғоз шавад.Тибқи иттиллои хабаргузории Спутник ин нишастҳои хабарӣ бо ҳузури роҳбарони вазорату сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳо то 31-уми июли соли ҷорӣ идома хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол “Ховар” -хабаргузории расмии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ҳамарӯза дар сомонаи ожонси мазкур таърих ва соати баргузории нишасти матбуотии идораҳо нашр мегардад.

Ин пойгоҳи расмии хабарӣ аз масъулони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, даъват намудааст, ки вақти баргузории нишастҳои матбуотиро дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ бо “Ховар” мувофиқат кунанд.

Нишастҳои матбуотӣ бо ҳузури роҳбарони идораҳои давлатӣ ҳар шашмоҳпас бар асоси амри раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 гузаронида мешаванд.

Қаблан ин нишастҳо дар сол чаҳор маротиба доир мешуд, аммо баъдан то ду маротиба коҳиш дода шуд.
Дар амри Раисҷумҳур таъкид шуда аст, ки бо ҳадафи иттиллои бештар аз фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматӣ ва дастрасӣ ба маълумот аз дасти аввал ин нишастҳо доир хоҳанд шуд. Вале бо гузашти 10 сол аз роҳандозии ин таҷриба маҳофили хабарии Тоҷикистон аз он қаноат ҳосил накардааст. Дар бештари ҳолат масъулини асосии вазорату идораҳо ширкат намекунанд ва баъдан ҳам намояндагони ниҳодҳои расмӣ бо матнҳои аз қабл омодакардашуда омада бо қироати он барои суолу ҷавоб вақт боқӣ намегузоранд.

То ҳоло нашудааст, ки сардорони Вазорати мудофиа, Кумитаи амнияти миллӣ, Дастгоҳи раёсати Ҷумҳурӣ, худи Раҳмон ва рустами Эмомалӣ ягон маротиба дар ин нишастҳо ширкат карда бошанд.

Осиёи Марказӣ ва Амрико ба сулҳи байни афғонҳо ниёз доранд

0

Бинобар гузориши “Тулӯъ-ниюз” Зулмай Халилзод, намояндаи вижаи ИМА барои сулҳи Афғонистон имрӯз чаҳоршанбе 1-уми июл дар саҳифаи тивтраш хабар дода, ки дар масъалаи сулҳи Афғонистон бо вазирони хориҷии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон дидору гуфтугӯ кардааст.

Ӯ гуфтааст, ки зимни нишаст бо намояндагони баландпояи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи дастовардҳои ахири раванди сулҳи Афғонистон, нақши муҳими Осиёи Марказӣ дар раванди сулҳ ва баъд аз он ва тавсеаи тиҷорату дигар масоил суҳбат анҷом додааст.

Ба гуфтаи ӯ Амрико ва Осиёи Марказӣ ба оғози музокирот байни афғонҳо ниёз хоҳанд дошт, ки муштаракан барои тарвиҷ ва ташвиқи як тафоҳуми сиёсӣ кор кунунанд. Халилзод меафзояд, ки дар ин нишаст гуфтааст, суботи ва мураффаҳ дар Афғонистон ва амнияту рафоҳ дар Осиёи Миёна муҳим ҳастанд ва ҳамкории кишварҳо бо Афғонистон ба нафъи минтақа ва Амрико аст.

Ҳамзамон рӯзи сешанбе вазири хориҷии Амрико Майк Пампео бо Муллобародар, муовини сиёсии гурӯҳи толибон гуфтугӯ кардааст.

Аммо дар ин авохир ҳамалаҳои Толибон афзоиш ёфтааст, дар ин бора Дафтари шӯрои амнияти миллӣ гуфт, шумори талафоти ғайри низомӣ ҳудуди 20 тан дар як шабонарӯз будааст.

ТАМОС БО МО

0

Шабакаи “Аздо тв” аз тамоми фикру мулоҳиза ва интиқоди созандаи Шумо истиқбол мекунад. Дар мавриди барномаҳои мо ҳар пурсишу шикоят ва ё интиқоде доред, метавонед ба тариқи зер ба мо онро бифиристед. Инчунин ҳар хабару гузоришеро доред ва агар ҷое нашр нашудаасту мехоҳед дигарон аз он огоҳ шаванд, ба мо ирсол намоед то нашр шавад. Ҳувияти Шумо махфӣ мемонад.

E-mail: [email protected]
Tel: +48 571 608 008

Ҳифзи маълумоти шахсӣ

0

   Ҳангоми ирсоли хабару гузоришҳо аз ҷониби корбарон, маълумот ва ҳувияти онҳо, аз қабили ному насаб, рақами телефон, аксу садо ва ё навори шахсӣ бидуни мувофиқати соҳибаш нашр намешавад. Инчунин дар ҳолати зарурат АЗДО ТВ номи манбаъро ба хотири ҳифзи амнияташ пинҳон медорад.

МЕЪЁРҲОИ МО

0

  Бо ҳадафи таъмини ҳифзи арзишҳо ва эҳтироми мухотабон ҳангоми инъикоси ахбору воқеиятҳо шабакаи «Аздо тв» худро вазифадор медонад, ки тибқи тамоми меъёрҳои байналмиллалӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ амал кунад. Аз ҷумлаи меъёрҳои касбии шабакаи «Аздо» инҳо мебошанд:

1. Дурустӣ ва воқеиятнигорӣ

​   Мо барои ҳифзу эътибори фаъолияти рузноманигории худ асли “Дурустӣ ва воқеиятнигорӣ”-ро асоси амал қарор медиҳем. Асли асосӣ дар хабарнигории масъулона ва дақиқ ин аст, ки миёни воқеият ва назар комилан тафовут қоил бошем. Зеро воқеият новобаста аз сарчашмаи он воқеият аст ва аз исботи назар фарқ мекунад. Тибқи ин асли муҳим мо масъулем, ки дар кори худ ҳамеша ва пеш аз ҳар чиз ба воқеият такя кунем ва дурустии онро арзёбӣ кунем. Равиши мо барои дастёбӣ ба воқеиятҳо ва ироаи онҳо бояд то ҳадди имкон айнӣ бошад.

2. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс

 Дар рафти кор мо талош мекунем, ки чи аз рӯйи камтаваҷҷӯҳӣ ва чӣ аз рӯйи ҳолатҳои дигар ба эфир маводи хусусияти паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфозу ибораҳои таҳқиромез роҳ дода нашавад. Агарчи вазифадорем, ахборро ба таври воқеияш ба мардум бояд бирасонем, вале ҳамзамон мутаваҷҷеҳи ҳасосиятҳо ва урфу одати мардум низ бошем. Зеро каромати инсонӣ барои шабакаи мо бисёр муҳим аст. Шабакаи мо тамоми кушишро ба харҷ медиҳад то маводе дорои паст задани шаъну шараф нашр нашавад. Чун мо медонем, ки истифодаи калимаю ибораҳои таҳқиромез аз одоби касбии журналист нест.

 Дар ҳолати зарурати нашри аксу наворҳое, ки саҳнаҳои зӯроварӣ ва тарсовар доранд ва инчунин мавзӯҳое, ки дилхарошу таҳқиркунандаанд, бояд пеш аз пахши чунин гузоришҳо ба мухотаб ҳушдор бидиҳем, ки мавзӯъ ё тасовири гузориш метавонад озордиҳанда бошад.

3. Корбурди забон

  Забони муаяншуда дар шабакаи «Аздо» забони адабии муосири тоҷикӣ (ва русӣ) аст. Лаҳҷа, шева ё гуфтори кӯчагӣ аз меъёрҳои истифодабарӣ ва услуби журналистикаи тоҷик набуда, дар мо низ истифода намешавад.

 Инчунин аз тамоми калимаю ибораҳое, ки дар ВАО ба мақсади таҳқир истифода мешавад ва дар адабиёти ҳуқуқӣ аз онҳо “лексикаи берун аз меъёр” ёд мекунанд, парҳез мекунем.

4. Риояти тавозун

 Шабакаи «Аздо» ва дар умум хабарнигорони он бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Тибқи меъёрҳои маъруф дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Ва ҳангоми нашри аксу матн талош мешавад, ки сарлавҳа ва акс маънои матн ва гузоришро ифода кунанд. Татбиқи ин меъёр барои мо зарурист, зеро он яке аз аслҳои муҳими рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, омили асосии тарвиҷи гуногунандешӣ ба ҳисоб меравд.

5. Ҳолатҳои саҳву иштибоҳ

 Дар рафти кор агар муртакиби иштибоҳе шудем (иштибоҳ ба ҳар ҳаҷме, ки бошад), бояд зуд ва ошкор иштибоҳи худро бипазирем ва онро ислоҳ кунем. Ва агар аз рӯйи иштибоҳ матлаберо пахш кунем, ки ғайри мунсифона бошад ва мунҷар ба шикояте шуд, бояд иштибоҳамонро тавзеҳ диҳем ва иттилои дурустро ҷойгузини он кунем. Ва бояд дар баробари ҳар иштибоҳи бузурге узрхоҳӣ кунем, ба хусус, агар иштибоҳи мо мунҷар ба иҳонат, садама ба шаъну шараф ва эътибор ва ё озурдагии фард ва ё гурӯҳе шуда бошад.

6. Бетарафӣ ва беғаразӣ

 Бетарфию беғаразӣ яке аз меъёрҳои бунёдии этикаи касбии рӯзноманигорӣ мебошад. Аз ин рӯ, кормандони шабакаи «Аздо» ӯҳдадоранд, ки ҳангоми таҳия намудани мақолаҳо, хабару гузоришҳо бояд назару андешаҳои гуногун, мавқеъҳои гуногун, нуқтаи назар ва фарзияҳои гуногунро бидуни мавқеъи шахсӣ ва ё гурӯҳию қавмӣ бетарафона баррасӣ ва нашр намоянд. Албата, зимни таҳия намудани чунин матолиб аз беғаразӣ кор бигиранд. Беғаразӣ ва холисӣ аз назари мо он амале аст, ки ҳангоми таҳияи мавод ва нашр намудани андешаҳои гуногун бояд дар ҷобаҷогузории матн ба ин ё он андеша афзалияти сунъӣ дода нашавад ва бе ягон намуди манфиат ҳама гуна назару андешаҳоро якхела инъикос намоем. Инчунин вазифадорем, ки назару андешаҳо ва мавқеъҳои гуногунро бидуни таҳриф нашр намоем. Шабака ҳаргиз ба иваз намудани ибораҳои зиёд, ҷойивазкунии калимаҳо, таҳрифи ҳақиқат, ки боиси тағйир ёфтани мазмуни фикру андеша мегардад, иҷозат намедиҳад.

 Дар ҳолати пеш омадани зарурат ва ё қазовату доварӣ оиди масъалае, бетарафӣ моро аз қазоват боз намедорад. Баракс, ба мо имкон медиҳад дурусттар қазоват кунем.

 Хабарнигорони шабака ҳангоми фаолияти кории худ набояд зери таъсири шахсон ва ё гурӯҳи алоҳида монанд ва онҳо набояд ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ бартарӣ диҳанд. Инчунин онҳо бояд кӯшиш намоянд, ки ба баҳсу вазъиятҳои муноқишавӣ ворид нашаванд ва аз иштирок дар муносибатҳои муноқишавӣ худдорӣ намояд.

7. Мунсифона ба чолиш кашидан

 Шабака тибқи принсипи “гуногунандешӣ” ҳақ дорад ҳар гурӯҳу дастаро новобаста аз мавқеъҳои сиёсӣ ва иҷтимоияшон дар барномаҳои худ барои суҳбат даъват кунад ва ё аз онҳо назар бигирад. Дар барномаҳои шабака на танҳо озодандешон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват мешаванд, балки намояндагони ҳукумат ва мухолифини онро низ ба чолиш мекашем. Мунсифона ба чолиш кашидани тамоми қишрҳои ҷомеаро, сарфи назар аз мавқеъу маромашон, ҳаққи касбии худ медонем.

8. Назарсанҷӣ

 Мо бояд дар назарсанҷиҳо, пурсишномаҳо ва дар раъйгириҳо аз мухотабони худ эҳтиёткор ва дақиқ бошем. Бисёр муҳим аст, ки шеваи оморгириҳоро дуруст бисанҷем ва бо забони дақиқ ва тавзеҳоти равшан натиҷаи онҳоро гузориш кунем. Мухотабони мо бояд битавонанд ба пажӯҳишҳо ва гузоришҳои мо эътимод кунанд.

9. Шабакаҳои иҷтимоӣ

 Кормандони шабакаи моро зарур аст, ки ҳангоми ҳузур дар маҷомеъи умумӣ ва ё шабакаҳои иҷтимоӣ барои ибрози назар ва ё нашри маводе аз мавқеи шабака ҳимоят кунанд ва назари онро мадди назар қарор бидиҳанд. Ҳар маводеро, ки ба талаботи шабака созгор нест, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир накунанд.

 Ҳамчунин хабарнигорони шабакаи «Аздо»-ро зарур аст, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо масъулият истифода кунанд ва ба тамоми усул ва этикаи касбии журналистӣ, ки дар ин роҳнамо омадааст (яъне дурустӣ ва воқеиятнигорӣ, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс ва ғайра) пойбанд бимонанд. Масъулияти матолиберо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд, бар души худи онҳост.

 Хабарнигорони шабакаи «Аздо» метавонанд назароти худ ва дигаронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир кунанд, вале ба шарти ин ки усул ва қоидаҳои шабакаро зери по нагузоранд. Инчунин хабарнигорони шабака дар ҳар ҷое, ки бошанд бояд эҳтиёт кунанд, дар муноқишаҳо ва мавқеъҳои гурӯҳӣ ва ҳизбӣ аз принсипи “бетарафӣ” кор бигиранд.

Дар бораи мо

0

Оғози фаъолияти АЗДО ТВ

АЗДО ТВ шабакаи хабаррасонӣ ва таҳлилӣ буда, аз ҷониби гурӯҳи рӯзноманигорони тоҷики бурунмарзӣ таъсис ёфта, дар кишвари Лаҳистон расман зери Бунёди Ҳамгироии Фарҳангҳо (FII) сабт шудааст. Шабака бо рӯйкарди чандрасонаӣ – видеоӣ, савтӣ, матнӣ ва гарафикӣ ба хотири беҳтару дақиқтар расондани ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон роҳандозӣ шуда, аз 1-уми июли соли 2020 ба кор оғоз кард.

АЗДО ТВ бо ҳадафи рушди озодии баён, нашри арзишҳои демократӣ, риояи гуногунандешӣ ва додани минбари озод барои тамоми қишрҳои ҷомеа рӯйи кор омадааст. Тарҳ бо дастгирӣ ва кумаки молии фонди (Natinal Endowment for Democracy) (Бунёди миллии демократии Амрико) барои 1 сол сармоягузорӣ мешавад.

Мо дар фаолияти расонаии худ пойбанди меъёрҳои байналмилалӣ ва  ахлоқии фаъолияти журналистӣ ҳастем.

​Аз усул (принсипҳо)-и асосии фаъолияти кории шабакаи «Аздо» ин воқеиятгӯйӣ, ҳақиқатнигорӣ, гуногунандешӣ, адолатмеҳварӣ ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.

Мавқеи расонаи Аздо тв

–    Ба хотири риояи гуногунандешӣ АЗДО ТВ матлаб ва ахбореро ба нашр мерасонад, ки бо аҳдоф ва сиёсати расона мувофиқ нестанд ва масъулияти онҳо бар души худи муаллифон мебошад.

–     Агарчи АЗДО ТВ барои сарчашмаи хабар ва дақиқу воқеӣ будани он талош мекунад, аммо сад дар сад воқеӣ будану ҳақиқат доштани хабару гузоришҳо бар худи манбаъ ва фиристонандаи он бармегардад. Дар сурати ҳақиқат надоштан ва ё ҷой доштани иштибоҳ дар хабар он ислоҳ ё ҳазф мешавад.

–     АЗДО ТВ ҳақ дорад мақолаву ахборро тибқи салоҳдиди муҳаррирон ислоҳ, хулоса ва ё кӯтоҳ кунад.

–    Ҳангоми бознашри матолиби АЗДО ТВ зикри манбаъ ҳатмӣ мебошад.

–    Ҳангоми ирсоли хабару гузоришҳо аз ҷониби корбарон, дар сурати зарурат ҳувияти манбаъ ба хотири ҳифзи амнияташ зикр намешавад.

Маънои вожаи “АЗДО”

Маънои илмии Аздо.“Аздоидан” аз форсии миёнаи “azd” ба маънои “иттилоъ, эълом, маълум, дониста” ва “azdēnidan” яъне “иттилоъ додан, огоҳ кардан”, аз форсии бостони “azdā” яъне “дониста” ва авестоии “azdā” яъне “дониста, маълум” меояд. Ин вожа дар суғдӣ ҳам ҳаст “azd” яъне “огоҳида, дониста” ва аз форсии миёна дар арманӣ ба вом гирифта шудааст. Доктор Муҳаммад Ҳайдарии Малоирӣ

Шиори мо: Озодии расона зербинои ҷомеаи демократист.

Варшава – июли 2020 с.

Тамос: [email protected] , +48 571 608 008