Хона блог саҳифа 921

Нархи газ дар Тоҷикистон боло рафт

0

Дар Тоҷикистон сӯзишвории аксари омошинҳо аз гази моеъ аст, дар ин чанд рӯзи ахир яку якбора қиммати он аз 2,6 ва 2,8 сомонӣ ба 3,5 ва 3,8 сомонӣ боло рафт, ки ин боз ҳам зарбаест болои иқтисоди мардум.

Ин дар ҳолест, ки аксари давлатҳои дунё бинобар паҳншавии вируси корона ва замони қарантина бештари маҳсулоти аввалияи рӯзгор, аз ҷумла, нархи бензину газро аз нархи қаблӣ арзонтар карданд, аммо дар мо ин баракс шудааст, – мегӯяд як ронандаи таксӣ дар Душанбе.

Торнамои Spetnik Тоҷикистон менависад, тайи як ҳафтаи охир қиммати фурӯши гази моеъ дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба таври бесобиқа тағйир ёфтааст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки гаронгшавии қимати газ, ки бештари худравҳои шахсӣӣ ва мусофиркаш аз он истифода мебаранд, ба иқтисоди хонаводаҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Як коршинос ба хабаргузории Spetnik гуфта:

“Вақте, ки сокинон барои пешгирӣ аз паҳни пандемияи COVID – 19 дар хона монданд ва гаштугузори мошинҳо ҳам кам дида мешуд, арзиши нархи газ қариб то 50 % коҳиш ёфта 2, 5 сомонӣ шуд, вале ҳоло, ки мошинҳо зиёд ба кӯчаҳо баромадаанд ва талабот ба хариди маҳсулот зиёд шудааст, аз ин хотир нархи газро боло бурдаанд. Аммо дар шароити камбуди маош чунин гароншавиҳо ба вазъи иқтисоди хонаводагии сокинон таъсир мерасонад”,- зикр намуд, коршинос Умар Собиров”.

Кишвари Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизелро аз хориҷа, умдатан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст.

“Фароз”, “Газойл”, “Газпром”, “Роҳи Сомон” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Таърихи парвозҳои чартерӣ байни Русия ва Тоҷикистон маълум шуд

0

Имрӯз 4-уми июл Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таърихи парвозҳои чартериро, ки байни Русия ва Тоҷикистон анҷом мешаванд, эълон кард. Тибқи ин эълон ширкатҳои ҳавоии “Сомон Эйр” ва  “Тоҷик Эйр” аз имрӯз 4-уми июл то 30-юми июли соли равон муҳоҷирони бандмондаро аз шаҳрҳои Русия ба Ватан хоҳанд овард.

Ҳамзамон ВКХ ба таваҷҷӯҳи ҳамватанони муқими Беларус ва Украина мерасонад, ки ба мақсади баргардонидани шаҳрвандони кишвар 10 июли 2020 танзими парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе-Минск-Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Ва аз шаҳрвандоне, ки дар ин ду кишвар дармондаанд, метавонанд ба сафорати Тоҷикистон дар ин кишварҳо муроҷиат кунанд.

Хабари Вазоратро дар зер бихонед:

Вазорати корҳои хориҷӣ иловатан ба хабари қаблӣ дар бораи ҷадвали парвозҳои чартертӣ ба/аз Русия иттилоъ медиҳад, ки бо дарназардошти теъдоди ниҳоят зиёди муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нав 13 парвози чартерии изофӣ дар моҳи июли 2020 аз Русия ба Тоҷикистон, ки ҳоло бо ҷониби Русия ҳамоҳанг шуда истодааст, ба нақша гирифта шудаанд.

Дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Москва ва консулгариҳои генералии кишвар дар Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа аз 19 июни соли 2020 комиссияҳои махсус таъсис дода шуда, баруйхатгирии шаҳрвандон барои бозгашт ба Тоҷикистон сурат мегирад.

Бояд хотиррасон кард, ки дар раванди танзими парвозҳои мазкур авлавият ба табақаҳои осебпазир, пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад.

Бо дарназардошти он ки теъдоди муроҷиатҳои бақайдгирифташуда дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа аз зарфияти 21 парвози банақшагирифташуда дар моҳи июл чанд маротиба бештар аст, муваққатан баруйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар биноҳои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия қатъ шуда, қабули аризаҳо тариқи почтаи электронии [email protected] идома дорад.

Парвозҳои чартерии изофии зерин баъди дастрас намудани ризояти мақомоти марбутаи Русия анҷом дода хоҳанд шуд:

3 июли 2020 (баргашт субҳи 4 июл) бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
4 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Хуҷанд, ширкати “Сомон Эйр”;
7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе,  ширкати “Сомон Эйр”;
9 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
11 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
16 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
18 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
20 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
22 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
24 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
26 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Краснодар – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
28 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
30 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Москва – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.

▶️ Барномаи хабарии ИМРУЗ – 03.07.2020 |AZDА TV| برنامه خبری امروز اخبار تاجیکستان

0

Ҳифозати Амрико аз истиқлол ва тамомияти арзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Раҳмон Путинро барои раъйпурсӣ табрик кард.

Русия дар Исфара корхонаи пойафзолдӯзӣ сохт.

Федератсияи Рӯзноманигорони Аврупо: Тоҷикистону Озарбойҷон бояд аз монеъатарошӣ даст бардоранд.

Падари Ҳабиб Нурмагамедов даргузашт.

Воридоту содироти Тоҷикистон дар замони пандемияи каронавирус

0

Тоҷикистон бо 108 кишвари олам ҳамкории тиҷоратӣ доштааст. Аммо ҳаҷми воридоти маҳсулот аз 89 кишвар аз содирот ба маротиб бештар мебошад. Аз 66 кишвар танҳо воридот доштааст вале маҳуслот содир накардааст.

Хабаргузории  «Авесто»  бо такя ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон менависад, давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии кишвар1,8 миллиард долларро ташкил додаааст, ки 9,3%,  ва ё  $158,9 млн. дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта бештар будааст. Ба гуфтаи манбаъ тавозуни тиҷорат манфӣ буда $675,1 млнро дар бар мегирад. Воридоти маҳсулот дар ҳамин давра дар ҳаҷми бештар аз $1,2 млрд, ки нисбат ба соли 2019 2,2%, ё  $29 млн бештар мебоашд. Содироти маҳсулот то 45,8%, ва  ё $187,9 млн. афзоиш ёфта  $598,4 млнро ташкил додааст.

Нишондодҳои содироти маҳсулот аз 89 кишвар аз воридоти маҳсулот бештар аст. Танҳо бо 12 кишвар нишондодҳои содироти маҳсулот назар ба воридот бештар будааст, ки он ҳам бо фарқияти ночиз. Дар шумори чунин кишварҳо Швейцария ва Туркия қарор гирифтаанд,ки умдатан маъданҳои гаронарзиш алюминий ва нахи панба содир карда мешавад. Ҳаҷми содироти маҳсулот ба ҷазираҳои Вирҷиниё 2 миллион долларро ташкил додааст.

Падари Ҳабиб Нурмагамедов даргузашт

0

Абдулманап Нурмагомедов Падар ва мураббии қаҳрамони бозиҳои ЮФС дар вазни сабук, Ҳабиб Нурмагамедов 3 июл дар як бемористони низомии шаҳри Маскав дар синни 57-солагӣ даргузашт. Тибқи навиштаи расонаҳо дар ин бора Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистон дар телеграм-канали худ хабар додааст. Дар идома бо изҳори таслият аз номи мардуми Чеченистон менависад, ки “ӯ аз худ номи неке боқӣ гузошт ва як насли шоистаро ба воя расонд. Аммо ҳамаи мо аз Аллоҳем в бозгашти мо ба сӯи Ӯст!”

Аз 15 апрели имсол расонаҳо оиди бемории падари Нурмагамедов хабар дода буданд, ки ӯро дар беморхонае дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти Доғистон бистарӣ кардаанд. Дертар дар ӯ бемории илтиҳоби шушро кашф карданд. Ва рӯзи 3 май ӯро бо ҳавопаймо ба Маскав оварданд. Аммо 13 май маълум шуд, ки ӯ бо ҳолати сангин дар як беморхонаи Маскав аз коронавирус табобат мегирад ва як муддат дар ҳолати кома ё беҳушӣ низ қарор доштааст.

Абдулманап Нурмагомедов соли 1962 дар деҳаи Силдии ноҳияи Тсумадии Ҷумҳурии Доғистон ба дунё омадааст. Худи Абдулманап дар вақташ чемпиони Украина оид ба гуштии дзюдо ва самбо будааст. Аммо номи ӯ замоне бештар машҳур шуд, ки писараш Чемпион дар бозиҳои ЮФС дар вазни сабук шуд. Абдулманап дар охир вақтҳо мураббии Ҳабиб низ буд. Ҳабиб Нурмагамедов дар ҳоли ҳозир яке аз қавитарин варзишгарони муҳорибаҳои омехта дар бозиҳои ЮФС дониста мешавад.

Сардори деҳаи Кироавули Доғистон Илёс Ҳазиев ба хабаргузории ТАСС гуфтааст: «Бачаҳо ба фурудгоҳ рафтанд имрӯз бояд ҷасадро биоранд. Агар фурсат даст диҳад ҳамин рӯз ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Кироавул дафн хоҳем кард. Ҳоло хешовандон ва бисёриҳо дар деҳа ҷамъ омадаан ва бояд боз мардуми зиёде биёяд.”

Русия дар Исфара корхонаи пойафзолдӯзӣ сохт

0

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, коргоҳи пойафзолдӯзии “Саманд” бо сармоягузории Федератсияи Русия ба фаъолият оғоз намуд. Фахриддин Сироҷов, роҳбари корхонаи “Саманд” дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ин коргоҳи онҳо бо маблағгузории Фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Магнитогорски Русия таъсис дода шудааст.

“Аз соли 2010 инҷониб мо, бо Фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Магнитогорск ҳамкорӣ мекунем. Соли 2016 дар заминаи ин ҳамкорӣ ба ин натиҷа расидем, ки Коргоҳи пойафзолдӯзиро дар шаҳри Исфара дуруст кунем ба ин хотир, ки ҳунари кафшдӯзӣ дар Тоҷикистон гум нашавад ва ҳам ҷои корӣ фароҳам шавад. Имрӯз бо ин ният корро шурӯъ намудем”, – гуфтааст Фахриддин Сироҷов, роҳбари корхонаи “Саманд”.

Бино ба иттилоъи манбаъ, аз ҷониби Фабрикаи пойафзолбарории шаҳри Магнитогорск барои оғози фаъолияти коргоҳи кафшдӯзии шаҳри Исфара бештар аз 230 ҳазор сомонӣ саромягузорӣ сурат гирифта, дар назар аст оянда ҳаҷми он то ба 500 ҳазор сомонӣ расонида шавад. Фахриддин Сироҷов гуфт, ҳоло кафшҳое, ки барои кӯдакони 1 то 6 сола ва хонандаҳои мактаб истеҳсол мешаванд ва муд ё модели онҳоро худ коркард мекунанд. Ҳама намуд ашёъи хом, барои коргоҳи онҳо аз кишвари Русия ворид карда мешавад. Сифати молҳои Русия аз Хитой баландтар аст. Роҳбари “Саманд” гуфт, нархи як пойафзоли чармини кӯдакона 70-80 сомонӣ буда, вобаста ба андоза ва масрафи чарми он 90 сомонӣ муқаррар шудааст.

Шумори хеле зиёди соҳибкорони тоҷики муқими Русия омодаи ташкил ва бунёди корхона дар ватани худ-Тоҷикистон ҳастанд. Аммо бо таваҷҷҷӯҳ ба сарнавишти тиҷорати Маъруф Орифов, раиси сети дӯконҳои Орима, Зайд Сайидов ва Рустам Одинаев,раиси ширкати Умед-88 аз ғасби тиҷорати худ аз тарафи наздикони роҳбари аввали кишвар бим доранд

Эмомалӣ Раҳмон Путинро табрик гуфт

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як сӯҳбати телефонӣ Владимир Путин ҳамтои русашро ба муносибати анҷоми маъракаи раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсия, табрик кардааст.

Хабаргузории Sputnik аз қавли котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки дар ибтидои сӯҳбат президенти Тоҷикистон Владимир Путинро ба муносибати бо муваффақият анҷом ёфтани раъйпурсӣ барои тағйирот ба Конститутсияи Русия табрик намуда, таъкид кард, ки нишондиҳандаҳои баланди иштироки раъйдиҳандагон дар он, боз як далели возеҳи аз ҷониби ҷомеа пурра дастгирӣ ёфтани сиёсате мебошад, ки роҳбарияти кишвар ҷиҳати тақвияти давлатдорӣ дар Русия пеша кардааст. Раҳмон ҳамчунин зикр кардааст, ки тағйироти конститутсионӣ ба раванди рушди босуботи кишвар такони тоза бахшида, ҳатман ба нафъи тамоми шаҳрвандони Русия хизмат хоҳанд кард.

Раҳмонов ҳамтои руси худро барои анҷоми раъйпурсӣ ҷиҳати ислоҳот ба Қонунӣ асосӣ дар ҳоле муборакбод мекунад, ки худи ӯ низ баъди Созишномаи умумии истиқрри сулҳ ва ризояти миллӣ як бор дар соли 2003 ва бори дуввум дар соли 2016 ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид карда шароити ҳузури худ дар сари қудрат то охири умрро таъмин кард. Тағйироти Қонуни асосии Русия ҳам иҷозат медиҳад, ки Путин дар соли 2024 низ барои ду навбати дигар номзадияшро дар интихоботҳои президентӣ пешбарӣ кунад ва бо ҳамин то соли 2036 зимоми қудратро ба касе надиҳад.

Нишасти вазирони хориҷаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико

0

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико бо ҳамтоёни худ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як ҷаласаи онлайнӣ анҷом додааст.

Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии ИМА – Майк Помпео, Тоҷикистон – Сироҷиддин Муҳриддин, Узбекистон – Абдулазиз Комилов, Қазоқистон – Мухтор Тлеуберд, Қирғизистон – Чингиз Айдарбеков ва Туркманистон – Рашид Мередов иштирок карданд.

Ҷонатан Ҳеник, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар як гуфтугӯи онлайнӣ рӯзи 1-уми июл гуфт, Майк Помпео ба пуштибонии Амрико аз истиқлол ва тамомияти арзии кишварҳои ОМ таъкид карда ва гуфтааст, ки ин асоси стратегияи кишвараш дар ин минтақа мебошад. Ба гуфтаи ин дипломати амрикоӣ, Майк Помпео ҳамвора таъкид кардааст, ки Амрико ба субот, пешрафт ва амнияти Осиёи Миёна алоқа дорад.Ӯ гуфт, сиёсати кишвараш ин будааст, ки итминон ҳосил шавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар интихоби манфиатҳои миллии худ озод ҳастанд ва дар тиҷорат, рушд ва муваффақият вобастаи ҳеҷ кишваре набошанд.

“Мо барои Осиёи Марказии пешрафта ва ниҳоят амн, ки ин кишварҳо, Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ фоида барад, кор мекунем”, –  гуфтааст Ҷонатан Ҳеник, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико.

Ба гуфтаи оқои Ҳеник, яке аз мавзуъҳои меҳварии гуфтугӯи рӯзи сешанбе, пандемияи COVID-19 ва таъсири он ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Амрико то ба ҳол барои кишварҳои шарики худ дар минтақа барои пешгирӣ ва назорати ин беморӣ 25 миллион доллар кӯмак кардааст.
Ба гуфтаи Ҷонатан Ҳеник, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба дунболи ислоҳоти сохторӣ ва дарозмуддат бошанд, ки битавонад суботи сиёсии пойдор, дарозмуддат ва рушди иқтисодиро барои мардум тазмин кунад.

Дар музокироти вазирони умури хориҷии Амрико ва Осиёи Марказӣ субот дар минтақа ба шумули раванди сулҳ дар Афғонистон баҳс шудааст.
Вохӯрии гуруҳи мавсум ба “С5+1” аз соли 2015 баргузор мешавад. Аз он сол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид чаҳорчӯбаи нави ҳамкориро барои баррасии масъалаҳои минтақавӣ муқаррар кардаанд.

Вазорати хориҷии Амрико низ барои қонуни “ахбори ғалат” вокуниш нишон дод

0

Дар пайи даъвати Кумитаи дифои журналистон аз Раҳмон, ки ба қонуни ҷазо барои пахши “ахбори ғалат” имзо нагузорад, Вазорати хориҷии Амрико низ вокуниш кардааст. Вазорати хориҷии Амрико бо нашри паёме дар твитераш аз баёняи Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ҳимоят карда, аз тасвиби қонуни муҷозот барои нашри “ахбори ғалат” изҳори нигаронӣ кардадаст.

“Мо аз он нигаронем, ки қонуни ҷадид дар бораи муҷозоти “ахбори ғалат” метавонад озодии суханро маҳдуд кунад ва барои ба даст овардани ҳақиқат монеи кори хабарнигорон шавад”.

Дар ин паёми кӯтоҳ дар твиттер Вазорати умури хориҷаи Амрико менависад, ки расонаҳои мустақил дар даврони КОВИД-19 нақши асосиро ифо мекунанд. Фаъолони иҷтимоӣ умедворанд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қонуни баҳсбарангезро имзо нахоҳад кард. Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чунин муқаррарот баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад. Пештар Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар изҳороте гуфт буд, таъини ҷарима барои ба истилоҳ нашри “хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ” дар бораи коронавирус “ба озодии баён осеб мерасонад”.

Бояд гуфт, ки пас аз ворид сохтани тағйирот дар қонуни пахши “ахбори ғалат”  дар бораи коронавирус аз  580 сомонӣ то 11600 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст. Ҷазо барои пахши “ахбори ғалат” баъди тасвиб аз сӯи ҳарду палатаи порлумон, баъди имзои раиси ҷумҳур ба иҷро медарояд. Баъд аз он мақомот метавонанд рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳо иҷтимоиро барои пахши “ахбори носаҳеҳ” дар бораи пандемияи коронавирус муҷозот кунанд.

Федератсияи Рӯзноманигорони Аврупо: Тоҷикистон ва Озарбойҷон аз монеатарошӣ даст бардоранд

0

Федератсияи Рӯзноманигорони Аврупо аз Тоҷикистон ва Озарбойҷон даъват кардааст, ки аз монеъатарошӣ  барои тамдиди мандати Ҳарлем Дезир даст бардоранд. Ҳоло Федератсияи Рӯзноманигорони Аврупо аз тамдиди дубораи мандати намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо, Ҳарлем Дезир ҳимоят мекунад, аммо ба қавли ин созмон кишварҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон, барои тамдиди дубораи мандати ӯ монеъа эҷод кардаанд.

Ин созмон дар саҳифаи твитери худ менависад: “Мо аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Тоҷикистон мехоҳем талошҳояшонро барои пешгирӣ аз расидан ба тавофуқ дар мавриди тамдиди мандат даст кашанд”.

Ҳарлем Дезир аз соли 2014 то 2017 ҳамчун вазири фаронса дар умури Аврупо буд. Аз моҳи июли соли 2017 ба унвони намоянадаи САҲА дар умури озодии расонаҳо ба кор оғоз кардааст ва имсол муҳлати намояндагияш ба поён расид. Ҷаноби Ҳарлем Дезир замони фаолияташ ба унвони намояндаи САҲА дар умури озодии расонаҳо дар баробари нақзи оздоиҳои расонаҳо фаъол буд ва дар 4 соли намояндагиаш борҳо Тоҷикистонро барои саркӯби раоснаҳо,тамдид накардани акредитатсияи хабарнигорони Радиои Озодӣ, таъқиби пайвандони рӯзноманигор Ҳумайрои Бахтиёр ва боздошти рӯзноманигорон Хайрулло Мирсаидов ва Далер Шарипов башиддат интиқод карда буд.

Аксари кишварҳои узви САҲА дар мавриди тамдиди номзадии ӯ ба ин мақом барои 4 соли дигар мувофиқанд, аммо кишварҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон талош доранд то монеъи тамдиди дубораи мандати Ҳарлем Дезир ба мақоми намояндаи САҲА дар умури озодиҳои расонаҳо гарданд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ду узв аз 54 узви САҲА мебошанд.