11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 94

RSF хостори раҳоии рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова шуд

0

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” (RSF) бо нашри изҳороте хостори раҳоии фаврии рӯзноманигори тоҷик Рухшона Ҳакимова шуд.

Дар изҳороти ин созмон, ки 27-уми феврали соли ҷорӣ нашр шудааст, Жанна Кавелиер, раиси дафтари Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии RSF, мурофиаи Ҳакимоваро ноодилона ва беасос хонда, маҳкумияти ӯро ба зиндон як бахше аз маъракаи саркӯби хабарнигорони мустақил дар остонаи интихоботи порлумонии рӯзи 2-уми март аз сӯи мақомоти Тоҷикистон номидааст.

Рӯзноманигор ва модари ду кӯдаки хурдсол Рухшона Ҳакимова 16-уми июли соли 2024 дар наздикии манзилаш дар Душанбе аз ҷониби мақомот бидуни ордер боздошт ва 12 соат бе дастрасӣ ба вакили дифоъ нигоҳ дошта шуда буд. Мақомот ҳангоми набудани Ҳакимова дар манзилаш кофтуков гузаронида, таҷҳизот, шиноснома ва кортҳои бонкии ӯро мусодира кардаанд. Ӯ ба хотири доштани фарзанди ширхора то замони содир шудани ҳукм дар ҳабси хонагӣ буд.

Дертар Додгоҳи олии Тоҷикистон 5-уми феврали соли ҷорӣ пушти дарҳои баста Рухшона Ҳакимоваро бо иттиҳоми сохтаи хиёнат ба давлат ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Таъқиби ин рӯзноманигори тоҷикро ба таҳқиқоташ дар бораи нуфузи Чин дар Тоҷикистон ва як қатор мусоҳибаҳо, аз ҷумла бо Саидҷаъфар Усмонзода, вакили собиқи парлумон ва амакаш Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси шинохта, ки ҳоло ҳарду дар доираи парвандаи табадулот барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гаштаанд, рабт медиҳанд.

RSF мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон тафтишот ва мурофиаи Ҳакимоваро махфӣ ва бо қонуншиканиҳои зиёде гузаронид ва ҳеҷ далеле пешниҳод накардаанд, ки кори ин рӯзноманигор ба амнияти миллӣ таҳдид дошта бошад.

Парвандаи Ҳакимова ягона ҳолати саркӯби рӯзноманигорон дар соли ҷорӣ набуда, моҳи январи соли 2025 сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк” Аҳмад Иброҳим ба 10 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Ин созмони ҳомии рӯзноманигорон мегӯяд барои озодии Ҳакимова талош хоҳад кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намудааст, ки ба мақомоти Тоҷикистон барои ҳифзи журналистикаи мустақил дар минтақа фишор оваранд.

Гуфта мешавад, ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон беш аз 10 хабарнигор бо иттиҳомоти сохта дар зиндонҳо адои ҳукм мекунанд ва сакӯби рӯзноманигорон боис гашта, ки Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии озодии матбуоти RSF дар соли 2024 дар байни 180 кишвари ҷаҳон дар ҷои 155-ум қарор бигирад.

Абдулқодирзода: Коргарони “Роғун” метавонанд рӯза нагиранд

0

Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар як фатвои ахираш гуфтааст, ки коргарони “Роғун” ба сабаби он ки корашон сахт аст, метавонанд рӯза нагиранд.

Абдулқодирзода дар суҳбат ба хабаргузории ҳукуматии “Ховар” гуфта, ки рӯза ибодати пурмашаққат аст ва “ниёз ба сабру таҳаммул дорад ва аз ин рӯ бархе аз афроди ҷомеа онро таҳаммул карда наметавонанд.” Ӯ афзуд, ки “… шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи машаққат барои чунин гурӯҳи одамон хӯрдани рӯзаро рухсат додааст.”

“Шахсоне, ки кори аз ҳад пурмашаққатро анҷом медиҳанд, хусусан коргарони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки дар айни ҳол дар нақбу иншооти рӯйизаминию зеризаминӣ машғули коранду масъулияти бузурги иҷрои корҳои сохтмонӣ доранд ва ҳолати гуруснагӣ ё ташнагии сахт хавфи зарар ба саломатиашон дорад, метавонанд дар рӯзҳои кории худ рӯза нагиранд ва дар вақти дигари барояшон муносиб ба рӯзҳои баробар ба он рӯзаи худро қазо бигиранд”,-гуфтааст Саидмукаррам Абдуқодирзода.

Ин фатвои Абдулқодирзода дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои тундеро ба бор овардааст. Аз ҷумла, чандин чеҳраҳои шинохта ва олимони дин ба Абдулқодирзода эрод гирифта, мегӯянд, ин фатвои ғалат аст ва муфтӣ масъаларо хуб дарк накардааст.

Ин бори аввал нест, ки фатвои хӯрдани рӯза барои коргарони “Роғун” аз забони муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода садо медиҳад. Ӯ солҳои гузашта низ ба ҳамин монанд фатвоҳо дода буд, ки аз тарафи донишмандони динӣ нодуруст шуморида шуд.

Баъзе мунтақидон мегӯянд, аз баски Абдулқодирзода ба доираҳои болоӣ ва хонадаи раисҷумҳур наздикӣ дорад, бидуни мурооти дониши динӣ талош мекунад бо фатвоҳояш раҳбарону мақомдорони кишварро розӣ кунад.

Ёдовар мешавем, ки фардо, 1-уми март аввали моҳи мубораки Рамазон фаро мерасад ва мусалмонони дунё, аз ҷумла Тоҷикистон аз фардо ба муддати як моҳ рӯза мегиранд.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак!

0

Рӯзи шанбе, 1-уми моҳи марти соли 2025 моҳи Рамазон оғоз меёбад ва тақрибан тамоми мусалмонони дунё аз фардо шуруъ карда, як моҳ рӯза медоранд.

Рамазон моҳи раҳмату мағфират, моҳи сабру истиқомат ва моҳи тақвову ихлос аст. Дар ин айёми пурбаракат Худованд тоату ибодати мо ва шуморо қабул кунад ва моро аз файзу баракати ин моҳи муқаддас баҳравар гардонад.

Фаро расидани моҳи Рамазонро мусалмонон бесаброна интизор мешаванд. Ва чун фаро бирасад бо рӯза гирифтан ва тиловату Қуръону додани садақот худро ба Худо наздик мекунанд.

Аз ин фурсат истифода бурда, ҳайати эҷодии Azda tv фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба мусалмонони Тоҷикистон ва тамоми ҷаҳон муборакбод мегӯяд!

Рамазон дар баробари ин ки моҳи нузули Қуръон, моҳи тиловату ибодат ва моҳи хайру эҳсону қабули дуоҳост, инчунин моҳи худсозӣ, моҳи ислоҳсозии ҷомеа ва зудудани фасоду зулму истибдод, моҳи таҷдид ва таҳкими робитаҳо бо Худо ва мардум аст. Аз ин рӯ, барои ҳама ҳамвандони азизамон тавфиқи бандагӣ, қабули тоъот ва бедории ҳақиқиро аз даргоҳи Худованди Маннон орзумандем.

Боздошти як ҷавони тоҷик дар Амрико бо иттиҳоми кумак ба ДОИШ

0

Пулиси шаҳри Ню-Йорки Амрико аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дод, ки дар кумак ба шохаи Хуросони ДИИШ муттаҳам мешавад.

Мақомҳои амрикӣ аз ин ҷавони тоҷик Мансури Манучеҳрӣ ном мебаранд. Додситони Федералии Бруклин иддао карда, ки Манучеҳрӣ, зодаи Тоҷикистон аст ва бо вуҷуди будубоши ғайриқонунияш дар Бруклини Ню-Йорки Амрико, маблағи ба андозаи 70,000 доллари ИМА-ро ба афроди вобаста ба ДОИШ дар Туркия ва Сурия аз моҳи декабри соли 2021 то июни соли 2023 фиристодааст.

Яке аз афроди кумакгирифта аз ӯ шахси ҳамлакунанда ба калисои “Марями Муқаддас” дар Истанбул дар соли 2024 мебошад. Дар ин ҳодиса як нафар кушта шуда, шахси ҳамлакунанда дастгир гардида буд.

Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 26-уми феврали соли 2025 Дафтари додситонҳои ИМА (US Attorney’s Office) дар гузориши расмие хабар медиҳад. Дар ин гузориш омадааст, ки “Имрӯз дар Додгоҳи Федералии Бруклин парвандаи ҷиноие ошкор карда шуд, ки дар он Мансури Манучеҳрӣ барои расонидани кумаки моддӣ ба Давлати исломии Ироқу Шом айбдор мешавад.”

Дар гузориш низ таъкид мешавад, ки додраси магистратии Иёлоти Муттаҳида Роберт М. Леви нисфирӯзии рӯзи чоршанбе фармои боздошти ин ҷавони тоҷикро содир кард. Вале Манучеҳрӣ қабл аз судури фармон аллакай боздошт шуда буд.

“Манучеҳрӣ силоҳи оташфишон дошт ва зуд-зуд ба тирпарронӣ мерафт ва аз он истифода мекард. Ҳарчанд ӯ ҳамчун як шаҳрванди хориҷии ғайриқонунӣ дар Иёлоти Муттаҳида қарор дошт ва аз ин кор манъ шуда буд.”, омадааст дар гузориши мақомоти ИМА.

Ҳамзамон Додгоҳ иддао карда, ки моҳи феврали соли 2022 Манучеҳрӣ дар ҳолати тирпарронӣ дар майдони тирпарронӣ дар Ню Ҷерсӣ аз худ навор гирифта, ба яке аз афроди вобаста ба ДОИШ дар Туркия бо паёми “Худоро Шукр, ман омодаам бародар” фиристодааст.

Манучеҳрӣ бо ҷурмҳои “ҳамроҳи худ гардонидани силоҳ ба таври ғайриқонунӣ ва будубоши ғайриқонунӣ” гунаҳкор дониста мешавад. Пулис мегӯяд, ӯ дар соли 2016 бо визаи сайёҳӣ вориди ИМА шуда, вале пас аз итмоми раводидаш тавониста бо истифода аз роҳҳои ғайриқонунӣ дар ин кишвар бимонад.

То ҳанӯз назари вакили мудофеъ ва ё пайвандони Мансури Манучеҳрӣ дастарси расонаҳо нест. Ва маълум нест сокини кадом минтақаи Тоҷикистон аст.

Солҳои охир зодагони Тоҷикистон аз миёни ҷавонон ба таври густурда ба гурӯҳҳои террористӣ ҷазб мешаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, сабаби гароиши ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои террористӣ ин маҳрум мондани онҳо аз саводи дурусти динӣ аст, ки мақомоти Тоҷикистон ба далелҳои гуногун таълимоти диниро ба таври расмӣ дар кишвар мамнуъ эълон кардаанд ва ин боис шуда, ки ҷавонон ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Ба назари таҳлилгарон, роҳи ҳал дар эҷоди фазои муносиб барои ҷавонон аст то битавонанд таълимои дурусти диниро дар дохили кишвар ва дар сатҳи донишгоҳӣ ва академӣ аз худ кунанд.

Дар масъалаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон кӣ бохту кӣ бурд?

0

Мақомоти Қирғизистон ҷузъиёти раванди музокироти марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистонро ошкор карданд.

Дар ҷаласаи муштараки кумитаҳои Жогорку Кенеш (порлумони Қирғизистон) раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев ҷузъиёти пурраеро аз тавофуқоти ҳосилшуда дар мавриди марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон ба таври оммавӣ ироа кард.

Ҷаласа имрӯз, 27-уми феврал баргузор шуд ва дар он Тошиев аз бардошта шудани “муҳри махфӣ” ё ибораи “барои истифодаи хидматӣ” аз созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон хабар дод.

Зимни суханронияш раиси КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон розӣ шуд, ки қитъаҳои марзии худ бо Қирғизистонро бо такя ба созишномаҳои соли 1991 муайян кунад, на ба маводи солҳои 1924-1927, ки қаблан истифода мешуданд.

Ба гуфтаи ӯ, дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда буд. Аммо то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километр танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Дар пайи гуфтушунидҳои ин се соли ахир ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки қитъаҳоеро аз заминҳои дар ихтиёр доштаашон мубодила кунанд. Қирғизистон аз ноҳияи Лайлак 190 гектар, аз ҷумла 155 гектар қитъаи Қайроғоч ва 35 гектар заминеро, ки қаблан ба анклави ҳамин қитъа шомил буд, аз Тоҷикистон гирифта, анклави Қайроғоч барҳам дода шуд ва ҳоло сарҳад аз канали Селкан мегузарад. Бар ивази ин Тоҷикистон низ 190 гектар заминро дар ноҳияхои гуногун, аз ҷумла дар Саада, Раззоқов, Селкан, Майти, Пролетарск, Улақ-Ҷай, Ак-Арик ва Қара-Бақро ба даст овардааст.

“Мо 190 гектар гирифтем, 190 гектар додем… Агар пурсед, ки 12,5 гектар замини Пролетарск чист? Дар замони Шӯравӣ дар маркази Пролетарск ташкилоти “Сельхозхимия” ё “Сельхозтехника” вуҷуд дошт, ки аз 12,5 гектар замин иборат буд. Ин заминро фурӯхта буданд, мо онро баргардондем. Агар хомӯш мемондем, касе пай намебурд, аммо мо ин заминҳоро баргардондем. Ҳамчунин дар поёни Ак-Арик 7 гектар замине буд, ки қирғизҳо ҳеҷ гоҳ онро истифода намекарданд, балки тоҷикон истифода мебурданд. Аммо мо ин заминҳоро ба номи худ ҳисоб кардем.” – гуфт Тошиев дар шаҳри мубодилаи қитъаҳои замин.

Ғайр аз ин, ҷониби Қиргизистон деҳаи Дӯстуқ, ки 91 гектарро ташкил медиҳад ва ба гуфтаи Тошиев, “ягон фоидаи стратегӣ ё иқтисодӣ надошт” бо як қатор заминҳои дигари Мазеит, Кок-Терек, Тош-Тумшук ва Дачро, ки дар умум 141,9 ба ихтиёри Точикистон додаанд.

Тоҷикистон бар ивази ин ба Қирғизистон 142,7 гектар замин, аз ҷумла қитъаҳои замин аз Сомониён, Даҳму, Хоҷаи-Аъло, Говсувор, Минбулок ва Лакконро дода, илова бар ҳамаи ин, ба унвони ҷуброни хонаҳои нав дар деҳаи Дӯстук, ҷониби Қирғизистон аз мавзеи Лаккон 30 гектар замини дигар гирифтааст. Яъне, ҷониби Тоҷикистон бар ивази дарёфти 141,9 гектар беш аз 172 гектарро ба Қирғизистон додааст.

Инчунин Тошиев зимни суханрониаш гуфт, ки “Бо сабаби он ки марзи давлатӣ аз соли 1992 аз байни шоҳроҳи Хуҷанд—Арка—Конибодом мегузарад, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки пурра шоҳроҳ ва 3 гектар замини бозори “Дӯстуқ” ба онҳо супорида шавад, ки масоҳат умумии он 12 гектарро ташкил медиҳад. Бар ивази ин, Қирғизистон 25 гектар замини кишоварзӣ дар минтақаи Лакконро гирифт, ки ду баробар бештар аз замини супоришударо ташкил медиҳад.”

Як нуқтаи муҳими дигар ин созишнома дар бораи чорроҳаи муҳими стратегии Торт-Коча буд, ки борҳо сабаби низоъ байни Қирғизистон ва Тоҷикистон шудааст. Ҳоло ин роҳ мақоми бетараф гирифтааст ва барои ҳарду ҷониб боз хоҳад буд. Аммо пул дар ин роҳ, ки аҳамияти стратегӣ дорад ва сокинони вилоятҳои Бодканд ва Лайлак аз он мегузарад, дар ихтиёри Қирғизистон аст.

Тошиев мегӯяд, ки бо сабаби ихтилофот дар масъалаи истифодаи пул гуфтушунид шаш моҳ давом кард ва бе додани ҷузъиёт ба хиёнати мансабдорони собиқи Қирғизистон дар ин маврид ишора кард.

Дар мавриди роҳҳо аз тавофуқоти дигар ин аст, ки Тоҷикистон роҳи автомобилгарди Дача — Капчиғай — Хоҷаи Аъло — Ворухро (дарозиаш 3425 метр ва бараш 40 метр аст) сохта, истифода хоҳад кард ва ҷониби Қирғизистон шоҳроҳи Мин-Орук – Самарқандак – Ориёна – Шӯристонро (дарозиаш 3241 метр ва паҳнои 40 метр) сохта, роҳи Кулунду-Мақсатро (ноҳияи Лайлак) озодона истифода хоҳад.

Яке аз бурдҳои дигари ҷониби Қирғизистон ин аст, ки тақсими баробари 50/50 обанбори “Головной”-ро, ки ҳанӯз соли 1989 пешниҳод шуда буд, рад карда, пас аз музокироти тӯлонӣ бо Тоҷикистон ба созиш расиданд, ки Қирғизистон бар ивази қисман назорати ин иншоотро ба Тоҷикистон додан, 750 гектар заминро аз Тоҷикистон мегирад.

Ба тавовуқ расидани ҷонибҳо дар ин маврид дар ҳолест, ки 11-уми феврали соли ҷорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфта буд, ки тарафҳо ҳанӯз дар масъалаи роҳҳо ва иншооти обрасонӣ ба натиҷа нарасидаанд, аммо дертар Ятимов ва Тошиев дар Қирғизистон се санадеро имзо карданд, ки аз ҷузъиёташон чизе гуфта нашуда буд.

Инчунин дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон Тошиев дар мавриди Ворух гуфт. Ӯ ишора кард, ки музокираҳо ва дидорҳо ба “сахтӣ” баргузор мешуданд ва ҷониби Қирғизистон розӣ шудааст, ки аз 19 ҳазор гектаре, ки шаҳрвандони Тоҷикистон истифода мекарданд, 14,5 ҳазор гектарашро ба ихтиёри Тоҷикистон вогузорад.

“Ғайр аз ин, бо дархости Тоҷикистон ба онҳо ҳазор гектар чарогоҳи атрофи анклави Ворух дода шуд. Ба ҷойи ин, мо ҳазор гектар чарогоҳ дар минтақаи Караган-Сай, ноҳияи Чон-Алай гирифтаем. Ҷониби Тоҷикистон мегуфт, ки дар Ворух одамони зиёде зиндагӣ мекунанд. Чун марз дақиқ шудааст, онҳо дигар наметавонанд аз заминҳои инҷо, истифода баранд. Ба ҳамин хотир барои парвариши чорво 5 ҳазор гектар замин мехостанд, аммо мо розӣ нашудем.” – гуфт Тошиев.

Инчунин раиси КДАМ-и кишвари ҳамсоя бе овардани номи иншооти мушаххас дар назди вакилони қирғиз гуфт, ки дар доираи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, барои истифодаи бемамониати иншооти кишоварзӣ ва энергетикӣ, ки дар ҳудуди яке аз кишварҳо бо иштироки ҷониби дигар сохта шудаанд, шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар ҳоле Тошиев ҷузъиёти пурраи созишнома дар мавриди марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ошкор кард, ки мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Саймумин Ятимов, раиси КДАМ мисли пештара сукутро ихтиёр намуда, дар бораи тавофуқоти ҳосилшуда шарҳи расмӣ намедиҳад.

Бояд гуфт, ки тавофуқоти ҳосилшудаи миёни Тоҷикистону Қирғизистон бояд аз ҷониби порлумонҳои ҳарду кишвар баррасӣ шавад ва баъд аз он президентҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон онро имзо хоҳанд кард ва пас аз тасвиби порлумонҳои ду кишвар ин созишнома ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.

ҲАМОС: Исроил ошкоро бандҳои оташбасро нақз мекунад

0

ҲАМОС Исроилро муттаҳам мекунад, ки бо ақибнишинӣ накардан аз долони Филаделфия шартҳои оташбасро қасдан нақз кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи шартҳои оташбас байни ҲАМОС ва Исроил бояд то ҳафтаи оянда Исроил нерӯҳои худро аз ин минтақа комилан берун кашад. Аммо тибқи изҳороти мақомоти ин кишвар, нерӯҳои исроилӣ долони Филаделфияро тарк карданӣ нестанд.

Вазири энергетикаи Исроил Эли Коэн рӯзи панҷшанбе бо нашри изҳороте 4 шарти нав барои хуруҷи нерӯҳои исроилӣ аз муҳвари Салоҳуддин (долони Филаделфия) дар марзи байни Навори Ғазза ва Мисрро пешниҳод кард. Дар ҳоле, ки ин шартҳо ҳангоми ба созиш расидани оташбас вуҷуд надоштанд.

Ин мақомдори исроилӣ мегӯяд: “Мо 4 шарт дорем: бозгардонидани тамоми гаравгонҳо, аз байн бурдани ҲАМОС, халъи силоҳи Ғазза ва тасаллути комили он.” Таҳлилгарон мегӯянд, ин шартҳои нав ба он маъност, ки Исроил мехоҳад болои Навори Ғазза назорати комили амниятӣ дошта бошад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки тибқи созишномаи оташбас пас аз як рӯз, яъне рӯзи шанбеи оянда, ки марҳилаи аввали оташбас ба поён мерасад, Исроил бояд аз ин минтақаи стратегӣ ақибнишинии нерӯҳояшро оғоз кунад ва то 8 рӯз комилан аз ин минтақа дур шавад.

Аз тарафи дигар, вазири дифои Исроил, Исроэл Катс изҳор дошта, ки долони Филаделфия ҳамчун минтақаи амниятӣ боқӣ хоҳад монд, ҳамон тавре ки дар Лубнон ва Сурия аст.

Ӯ мегӯяд, агар артиши Исроил аз ин минтақа хориҷ шавад, ҲАМОС боз ба шаҳракнишинҳои яҳудӣ ҳамла хоҳад кард. Аммо ҲАМОС ин иттиҳомро рад кард ва изҳоротро “баҳонатарошии ҷониби Исроил” барои нақзи созишномаи оташбас медонад.

Бояд гуфт, ки долони Филаделфия дар ҳудуди Фаластин байни нимҷазираи Сино ва Навори Ғазза ҷойгир буда, марзи байни Мисру Ғаззаро мушаххас мекунад. Ин минтақа аз баҳри Миёназамин дар шимол оғоз шуда, то гузаргоҳи Карм Абусолим дар ҷануб мерасад, ки дар он ҷо марзҳои Миср, Ғазза ва Исроил ба ҳам мепайванданд ва дарозии он 14 километрро дар бар мегирад.

Дар ин минтақа гузаргоҳи Рафаҳ ҷойгир аст, ки ягона роҳи асосии иртиботии мардуми Ғазза бо ҷаҳон маҳсуб мешавад. Исроил моҳи майи соли 2024 бо вуҷуди маҳкумиятҳои ҷаҳонӣ гузаргоҳи Рафаҳро ишғол кард ва то кунун идораи онро дар даст дорад ва чизе бидуни иҷозати ӯ ба Ғазза ворид намешавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз ҷанги 15-моҳа дар Ғазза рӯзи 19 январи соли ҷорӣ созишномаи оташбас миёни ҲАМОС ва Исроил имзо шуд ва аз он рӯз табодули асирон байни ҲАМОС ва Исроил мавриди амал қарор гирифт. Ин созишнома аз 3 марҳала иборат аст, ки ҳар яке 42 рӯз идома мекунад.

Блогери тоҷик дар Русия пас аз як соли боздошт бегуноҳ баромад

0

Ҷумъабой Раҷабзода, блогери тоҷике, ки соли гузашта аз ҷониби мақомоти Русия боздошт ва зиндонӣ шуда буд, 20-уми феврал аз боздоштгоҳ озод шуд.

Ҷумъабой Раҷабзода, ки бо номи Салмон шинохта мешавад, рӯзи 24-уми феврал дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ дар наворе гуфтааст, муфаттишони рус нисбаташ “ягон айб наёфтанд ва парвандаро қатъ карданд”.

Ин блогери тоҷик моҳи январи соли 2024 бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф” дастгир шуда буд. Кумитаи тафтишоти Русия он вақт гуфта буд, ки ӯ дар наворҳои худ “шаъну шарафи духтарони дорои чеҳраи славяниро паст мезад”. Аммо худи Раҷабзода ин иттиҳомро рад карда, гуфта буд, “садо ба ӯ тааллуқ надорад ва дар давоми кори худ ба касе бадӣ ё ба ангехтани бадбинии миллӣ даъват накардааст”.

Ӯ мегӯяд, тамоми муддате, ки дар боздошт буд, барои исботи бегуноҳияш талош кард ва аз қавонини Русия аз тариқи китобҳо ва вакилон ошно шуд. Вай афзуд, бо вакилон ҳамкории хубе дошт ва ҳоло бар зидди мақомоти Русия шикоят навиштааст.

Дастгир шудани ин блогери тоҷик соли гузашта дар расонаҳои русӣ сарусадои зиёдро ба вуҷуд оварда буд. Ҳангоми баррасии қазияи ӯ мақомоти ин кишвар ҳамеша ба зодаи Тоҷикистон буданаш ишора мекарданд. Аммо аз озод шудан ва қатъи парвандааш ба далели бегуноҳӣ расонаҳои Русия то ҳол иттилое нашр накардаанд.

Гуфта мешавад, Раҷабзода шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошт, аммо баъди ба озодӣ баромадан мақомоти Русия шаҳрвандии русии ӯро бекор кардаанд. Аммо ӯ мегӯяд, бегуноҳ аст ва бояд шаҳрвандиаш барқарор шавад.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки аксар масъулин ва мақомдорони Русия гароиши нажодпарастӣ доранд ва дар маҳкум кардани муҳоҷирон ё иҷрои ҳукм болои онҳо адолатро риоят намекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Кароматулло Ҷабборов ва Руслан Бобиев ду блогери дигари тоҷик низ ба хотири мазмуни муҳтавоҳояшон – аввалӣ ба 2 солу чаҳор моҳ ва дуюмӣ ба 10 моҳи зиндон маҳкум шудаанд. Коршиносони байналмилалӣ мегӯянд, озодии баён дар Русия ба шиддат маҳдуд аст. Ҳарчанд Сарқонуни ин кишвар расман аз озодии баён ҳимоят кардааст, вале дар амал мақомоти ин кишвар шароити сахтеро пеш гирифтаанд, ки амалан озодии баён вуҷуд надорад.

Фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқро масдуд кард

0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон (КҲФ) аз афзоиши хатари тармафароӣ дар манотиқи кӯҳистонии кишвар ҳушдор медиҳад.

Тавре ин ниҳод хабар дод, шаби гузашта дар роҳи Душанбе-Чаноқ 10 тарма фаромада роҳҳо муввақан баста шуданд. Ширкати IRS (Innovative Road Solutions), ки масъули нагаҳдори роҳҳои пулакии кишвар аст, имрӯз хабар дод, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои тармаҳои хурду калон, ки имшаб рух доданд, идома дорад. Масъулини ин ширкат мегӯянд, дар баъзе ҷойҳо баландии барф ба 80 сантиметр расидааст.

КҲФ дар такя ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар дода, ки рӯзҳои 27-28-уми феврал низ боришоти сахт дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои вилояти Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма зиёд мешавад.

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми сафар аз эҳтиёт кор бигиранд ва ба сафарҳои дуру дароз ба манотиқи кӯҳистонӣ набароянд.

Мақомот ба ронандагон тавсия медиҳанд, ки дар ин шабу рӯз дар роҳҳои кӯҳӣ хеле эҳтиёткор бошанд ва инчунин дӯстдорони сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ аз сафар ба минтақаҳое, ки эҳтимоли фаромадани тарма зиёд аст, худдорӣ кунанд.

Ҳамасола дар ин бузургроҳи Тоҷикистон, ки шимоли кишварро ба пойтахт мепайвандад, фаромадани тарма ва ҳатто марги мусофирон гузориш мешавад. Бархе корбарони тоҷик мегӯянд, ширкати IRS, ки масъули нигаоҳдории ин роҳ аст ва наздики 15 сол мешавад аз ҳар мошин пул меситонад, бояд шароитеро фароҳам кунад, ки ин мушкилот пеш наояд ва роҳ ҳамеша боз бошаду мусофиронро чунин хатарҳо таҳдид накунад.

Иттиҳоми навбатӣ нисбати ронандаи тоҷике, ки бо автобус ба об сарозер шуд

0

Додгоҳи Санкт-Петербург Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи тоҷике, ки бо автобус ба об сарозер шуда ва баъдан равонаи зиндон гашта буд, боз ҷарима баст.

Тибқи иттиҳоми нави додгоҳ Қурбонов бар асоси моддаи 322.3-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (“Бақайдгирии қалбакии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дар маҳалли зист дар Федератсияи Русия”) гунаҳкор дониста шуд ва бояд 106 ҳазор рубл ҷарима пардохт кунад.

Расонаҳои русӣ аз қавли тафтишот менависанд, ки гӯё Қурбонов аз моҳи апрели соли 2022 то моҳи майи соли 2024 бар ивази маблағ 46 муҳоҷирро дар манзили истиқоматиаш дар хиёбони Металлистов сабти ном кардааст, ки воқеан дар онҷо зиндагӣ намекарданд.

Назари худи ин ронандаи тоҷик ва вакили дифоаш дар ин бора то ҳол дастрас нест.

Пештар аз ин Додгоҳи Октябри шаҳри Санкт-Петербург Раҳматшоҳ Қурбоновро бо қисми 5-и моддаи 264-и Кодекси ҷиноии ин кишвар (нақзи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду нафар ва ё зиёда аз он мегардад,) гунаҳкор дониста, ӯро ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ бар иловаи ин ҳукм, боз Қурбоновро 2 солу 6 моҳи дигар аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кард.

Ёдовра мешавем, ки рӯзи 10-уми майи соли ҷорӣ автобусеро, ки Раҳматшоҳ Қурбонови 44-сола идора мекард, ба дарёи “Мойка” сарозер шуд ва дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Ин муҳоҷири тоҷик, ки шаҳрвандии Русияро дошт ва дар ин кишвар ба рондани автобус машғул буд, қаблан дар мурофиаҳои додгоҳӣ гуфта буд, ки системаи тормози автобус вақти рондан аз кор баромада буд, аммо мақомоти ин кишвар мегӯянд, автобус аз қабл тормозаш кор намекард ва Қурбонов дар ҳолати хастагии аз ҳад зиёд автобусро рондааст.

Ширкати “Такси”, ки Қурбонов дар он ба ҳайси ронандаи автобус кор мекард, он замон гуфта буд, ки автобус пеш аз баромадан ба роҳ дар ҳолати хуб қарор дошт ва ронанда низ пас аз истироҳат ба кор баромада буд.

Худи Раҳматшоҳ Қурбонов дар додгоҳ аз қурбониён ва наздиконашон узр хоста, гуфта буд, ки аз кор баромадани тормоз боиси ин садама гашт.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуданд, дида мешавад, ки Раҳматшоҳ талош дорад автобусро боз дорад, автобус ба ду мошин бархӯрда, ба дасти рост мегардад ва панҷараро шикаста ба дарё сарозер мешавад.

Масъули Толибон: Гирифтани Тоҷикистон бисёр осон аст

0

Як масъули ҳукумати муваққати Толибон иддао карда, ки гирифтани Тоҷикистон бо қувваи силоҳ кори осон аст ва барои ин кор нерӯи зиёди низомӣ лозим надорад.

Ин рӯзҳо як наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки дар он дида мешавад, як масъули Толибон дар ҷамъе нишастааст ва мегӯяд: “Агар иҷозат диҳад Иморати исломӣ, гирифтани Тоҷикистон ба каллаи ман.” Ӯ дар идома мегӯяд, барои гирифтани Тоҷикистон “Муҷоҳидони Тахору Қундузу Бадахшонро мебарам бас аст. Ва дар як рӯз вилояти Бадахшони Тоҷикистонро мегирем.”

Ҳамчунин дар ин навор шунида мешавад, ки яке аз ҳозирин мегӯяд, “Тоҷикистон ҳеч чизе надорад. Яктояшра заддӣ ҳаммаш мегурезед.”

Ин намояндаи Толибон дар идомаи суханҳояш мегӯяд, ягона мушкилие, ки барои гирифтани Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки “Ин ҳузури русҳост.” Аммо бо итминон меафзояд, русҳо дар ҷанги Украина хеле гирифтор шудаанд ва ин ҳам барояшон мушкилсоз буда наметавонад.

Маълум нест навор кай сабт ва нашр шудааст. Аммо як манбаи огоҳ бидуни зикри ном рӯзи чоршанбе ба Azda TV гуфт, ин шахс номаш Мавлавӣ Амонуддини Мансур, аз тоҷиктаборони Бадахшони Афғонистон аст ва дар авоили ҳукумати Толибон фармондеҳи нерӯҳи ҳавоӣ буд ва баъдтар волии вилояти Бадахшон таъйин гашт ва ҳоло фармондеҳи пойгоҳи низомии 217 шаҳри Қундузи Афғонистон аст.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки Мавлавӣ Амонуддин аз ҳамсафони Мавлавӣ Фасиҳуддин аст, ки ҳардуи инҳо ҳамчун фармондеҳони пурқудрати Толибон шинохта мешаванд.

Ин бори аввал нест, ки намояндагони Толибон ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд. Қаблан ҳам Мавлавӣ Абдулҳамиди Хуросонӣ низ дар хитобе ба мақомоти Тоҷикистон чунин таҳдиде карда буд, аммо баъд аз чанде боз узрхоҳӣ кард.

Ҳамчунин қаблан гурӯҳи ДИИШ-и Хуросон, ки дар Афғонистон ҷойгиранд, низ борҳо барои ҳамла ба Тоҷикистон таҳдид карда буданд.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Толибон ҳамчунон ба дунболи таҳкими қудрати худ дар минтақа ҳастанд ва аз ҳар фурсате барои навмоиши қудрат ва тарсдиҳӣ мехоҳанд истифода кунанд.

Аммо то кунун дар робита ба изҳороти Мавлавӣ Амонуддини Мансур вокунише аз ҷониби мақомоти Тоҷикистону Афғонистон сурат нагирифтааст.