11.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 95

Масъули Толибон: Гирифтани Тоҷикистон бисёр осон аст

0

Як масъули ҳукумати муваққати Толибон иддао карда, ки гирифтани Тоҷикистон бо қувваи силоҳ кори осон аст ва барои ин кор нерӯи зиёди низомӣ лозим надорад.

Ин рӯзҳо як наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки дар он дида мешавад, як масъули Толибон дар ҷамъе нишастааст ва мегӯяд: “Агар иҷозат диҳад Иморати исломӣ, гирифтани Тоҷикистон ба каллаи ман.” Ӯ дар идома мегӯяд, барои гирифтани Тоҷикистон “Муҷоҳидони Тахору Қундузу Бадахшонро мебарам бас аст. Ва дар як рӯз вилояти Бадахшони Тоҷикистонро мегирем.”

Ҳамчунин дар ин навор шунида мешавад, ки яке аз ҳозирин мегӯяд, “Тоҷикистон ҳеч чизе надорад. Яктояшра заддӣ ҳаммаш мегурезед.”

Ин намояндаи Толибон дар идомаи суханҳояш мегӯяд, ягона мушкилие, ки барои гирифтани Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки “Ин ҳузури русҳост.” Аммо бо итминон меафзояд, русҳо дар ҷанги Украина хеле гирифтор шудаанд ва ин ҳам барояшон мушкилсоз буда наметавонад.

Маълум нест навор кай сабт ва нашр шудааст. Аммо як манбаи огоҳ бидуни зикри ном рӯзи чоршанбе ба Azda TV гуфт, ин шахс номаш Мавлавӣ Амонуддини Мансур, аз тоҷиктаборони Бадахшони Афғонистон аст ва дар авоили ҳукумати Толибон фармондеҳи нерӯҳи ҳавоӣ буд ва баъдтар волии вилояти Бадахшон таъйин гашт ва ҳоло фармондеҳи пойгоҳи низомии 217 шаҳри Қундузи Афғонистон аст.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки Мавлавӣ Амонуддин аз ҳамсафони Мавлавӣ Фасиҳуддин аст, ки ҳардуи инҳо ҳамчун фармондеҳони пурқудрати Толибон шинохта мешаванд.

Ин бори аввал нест, ки намояндагони Толибон ба Тоҷикистон таҳдид мекунанд. Қаблан ҳам Мавлавӣ Абдулҳамиди Хуросонӣ низ дар хитобе ба мақомоти Тоҷикистон чунин таҳдиде карда буд, аммо баъд аз чанде боз узрхоҳӣ кард.

Ҳамчунин қаблан гурӯҳи ДИИШ-и Хуросон, ки дар Афғонистон ҷойгиранд, низ борҳо барои ҳамла ба Тоҷикистон таҳдид карда буданд.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки Толибон ҳамчунон ба дунболи таҳкими қудрати худ дар минтақа ҳастанд ва аз ҳар фурсате барои навмоиши қудрат ва тарсдиҳӣ мехоҳанд истифода кунанд.

Аммо то кунун дар робита ба изҳороти Мавлавӣ Амонуддини Мансур вокунише аз ҷониби мақомоти Тоҷикистону Афғонистон сурат нагирифтааст.

Мулоқоти президентҳои се кишвари аҳмсоя дар Хуҷанд

0

Раҳбарони се кишвари Осиёи Марказӣ тасмим гирифтаанд дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таҳкими ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ кунанд.

Эдил Байсалов, муовини нахуствазири Қирғизистон дар суханронии худ дар иҷлосияи 58-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар шаҳри Женева гуфт, ки нахустин нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғистон 31-уми марти соли 2025 баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Байсалов, ин мулоқот дар рушди равобити бисёрҷониба ва мусоидат ба ҳамгироии минбаъда дар Осиёи Марказӣ як қадами муҳим буда, Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёв ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои амният, иқтисод, нақлиёт ва энержӣ, инчунин иқдомоти нав барои таҳкими равобити се кишварро баррасӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар гузашта Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар чаҳорчӯби шаклҳои мухталифи дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкориҳои фаъол доштанд, аммо нишасти Хуҷанд як шакли нави гуфтушунидҳост.

Пештар аз ин сарвазирони Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 8-уми январи соли ҷорӣ дар нуқтаи пайвасти марзҳои се кишвар, ҷое, ки вилояти Ботканд, вилояти Фарғона ва вилояти Суғдро бо ҳам мепайванданд, мулоқот карда буданд.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо аз анҷоми таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Қирғизистон ва Узбекистон, ки ҳанӯз авоили соли 2023 пурра ба охир расида буд, гуфтанд.

Ҳамчунин сарвазирон аз муайян гардидани хати марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки солҳо боз аломатгузории он идома дошт, ёдовар шуда буданд.

Дар он мулоқот сарвазирони се кишвар ба зарурати рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, логистика, ҳамкориҳои обию энержӣ ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ таъкид карда буданд.

Чиниҳо бузургтарин пули Осиёи Марказиро дар Тоҷикистон месозанд

0

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ширкати чинии “Zhejiang Communications Construction Group” (ZCCC) қарордоди ҳамкорӣ барои дар кишвар сохтани дарозтарин пул дар миқёси Осиёи Марказиро ба имзо расониданд.

Тавре сомонаи “Trend” 25-уми феврали соли ҷорӣ хабар дод, ин пул дар доираи лоиҳаи бунёди роҳи Обигарм-Нуробод сохта мешавад ва дарозии он 920 метр мебошад. Гуфта мешавад, дар ин лоиҳа инчунин бунёди роҳҳои пайвастшаванда ба пул бо дарозии 1500 метр ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, пули мазкур бар болои дарёи Сурхоб дар ноҳияи Нуробод сохта мешавад. Тибқи шартҳои қарордод, пул дар давоми 4 сол ба анҷом расида, қобили истифода мешавад. Зикр гардида, ки дар сохтани он мутахассисони тоҷикистонӣ ва ҷаҳонӣ ҷалб мешаванд.

Маблағи мавриди ниёзи ин тарҳ бо дар назар гирифтани маошҳо, фаъолиятҳо ва маводи зарурӣ 427 миллион юани чинӣ (тақрибан 59,857 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.

Бо ин вуҷуд, Вазорати нақлиёти кишвар мегӯяд, ки ин лоиҳа метавонад пештар аз замони ба назар гирифташуда ба поён расад.

Ҳамчунин Вазорат таъкид карда, ки сохтани пули Сурхоб бахше аз барномаи кишвар барои рафъи мушкили коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба маркази транзитӣ мебошад.

Ширкати “Zhejiang Communications Construction Group” (ZCCC) як сохтори вобаста ба Ҳизби коммунисти Чин аст, ки вусъатбахшӣ ва такмили низомҳои инфрасохтори нақлиётиро анҷом медиҳад.

Ҳузури васеи ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон нигарониҳо аз вобаста шудани беш аз ҳадди кишвар ба ширкатҳои хориҷиро ба вуҷуд овардааст. Коршиносон мегӯянд, мумкин аст кишвар ба далели нотавонӣ дар баробари пардохти вомҳо дороиҳои табиӣ ва заминҳояшро дар ихтиёри созмонҳои чинӣ қарор диҳад.

Мақомот “Радиои Озодӣ”-ро аз ҳаққи бозтоби интихобот маҳрум кард

0

Радиои Озодӣ, ягона расонаи мустақил дар дохили Тоҷикистон ҳаққи бозтоби интихоботи имсолаи парлумонии кишварро надорад.

Дар ин бора роҳбари маркази матбуотии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ рӯзи 25-уми феврал дар номаи ҷавобӣ ба ин расона гуфтааст.

Салимӣ иддао кардааст, ки Радиои Озодӣ муҳлат барои дарёфти аккредитатсияро гузаронидааст ва дар Тоҷикистон ҳуқуқи инъикос кардани раванди интихоботро надорад.

Инчунин роҳбари маркази матбуотии КМИР ба ин расона тавсия додааст, ки маълумоти мавриди таваҷҷуҳро аз сомонаи Комиссия ва воситаҳои ахбори омма, ки аккредитатсия шудаанд, дастрас намоянд. Ин дар ҳолест, ки танҳо расонаҳои давлатӣ ва бархе аз расонаҳои Русия ҳаққи бозтоби интихоботро дар кишвар дарёфт кардаанд ва коршиносон ба шаффоф бозтоб додани онҳо бовар надоранд.

Радиои Озодӣ менависад, ки номаи Салимӣ дар ҳоле дастраси ин расона шуд, ки онҳо рӯзи 20-уми феврал аз раиси КМИР, Бахтиёр Худоёрзода, хоста буданд, ки яке аз ҳамкоронаш “дар мавриди иштироки нозирон ва хабарнигорону расонаҳои маҳалливу байнулмилалӣ дар интихобот” ба онҳо мусоҳиба диҳад.

Гуфта мешавад, рӯзи охири сабтиноми расонаҳо барои бозтоби интихоботи порлумонӣ 10-уми феврали соли 2025 таъйин шуда буд, вале бархилофи интихоботҳои гузашта огоҳӣ дар ин бора танҳо дар як гӯшаи вебсайти КМИР нашр шуда, дар расонаҳои дигар бозтоб наёфтааст.

Бо вуҷуди ин ҳолат, намояндагии Радиои Озодӣ дар Душанбе рӯзи 10-уми феврал бо масъулони Комиссияи марказии интихобот суҳбат намуда, дархости сабтиноми хабарнигоронро дар миён гузоштааст, вале посухи рад гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонии Тоҷикистон имсол 2-уми март баргузор мегардад ва барои курсии Маҷлиси намояндагон 22 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ ва 41 намоянда аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Дар интихоботи имсола номзадҳои Ҳизби халқии демократӣ – ҳизби ҳоким дар кишвар, ҳизбҳои аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, сотсиалистӣ, коммунистӣ ва Ҳизби демократӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи сиёсатшиносон, дар ин чанд соли гузашта раисони ҳизбҳои мазкур чандмаротибаӣ тағйир ёфта, ба ҳизбҳои хомӯш ва “кисагӣ” табдил шудаанд ва онҳо амалан аз ҳизби ҳокими ҲХДТ пуштибонӣ мекунанд ва дар тасмимҳои сиёсии кишвар коре аз дасташон сохта нест.

Инчунин Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, танҳо ҳизби расман фаъоли дохилӣ, ки мустақил ба ҳисоб мерафт, барои интихоботи парлумонӣ номзад пешниҳод накардааст. Бо вуҷуди хомӯшии раҳбари ин ҳизб Қиёмиддин Азизов, коршиносон бар ин назаранд, ки баъди марги мармузи раҳбари собиқи он Раҳматилло Зоиров ва боздошту зиндонӣ шудани муовинаш Шокирҷон Ҳакимов ин ҳизб ба як ҳизби вобаста табдил шудааст.

Ин бори аввал аст, ки раванди интихоботи парлумониро намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо сабаби надодани аккредитатсия аз ҷониби мақомот, назорат намекунанд. Ва инчунин дар ин интихобот ҳеч расонаи мустақил ва ҳизби мухолифи фаъоле вуҷуд надорад.

Ҳамчунин интихоботи парлумонии дувум аст, ки бидуни иштироки ҲНИТ баргузор мегардад. Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ҳизби мухолиф ва фаъол шинохта мешуд, бо иттиҳоми даст доштан дар “нақшаи табаддулоти давлатӣ” ҳизби “террористӣ” хонд ва аз саҳнаи сиёсии кишвар берун карда, фаъолияти ӯро расман баст.

Дар ҳамин ҳол Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон бо нашри изҳороте интихоботи парлумонии имсолаи кишварро таҳрим намуда, таъкид кард, ки он мухолифи меъёрҳои эътирофшудаи демократӣ аст ва аз лиҳози қонуният ғайриқобили қабул мебошад.

Пирӯзии Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳӣ дар интихоботи Олмон

0

Рӯзи якшанбе, 23-юми феврали соли ҷорӣ дар Олмон интихоботи парлумонии пеш аз муҳлат баргузор шуд.

Дар ин интихобот CDU/CSU (Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳии Олмон) пештоз шуд ва дар Бундестаг (парлумони Олмон) аз ҳама бештар курсиҳоро соҳиб гашт. Мақоми дуюмро Ҳизби алтернатива барои Олмон (AfD) соҳиб шуд, аммо мақоми сеюмро Ҳизби сотсиал-демократи (SPD), ки раҳбарияшро Олаф Шолтс, Садри аъзами феълии Олмон ба дӯш дорад, ишғол кард.

Бундестаги нав 630 курсӣ дорад. Ҳизбе, ки тавонад 316 курсиро соҳиб шавад, барандаи интихобот мегардад.

Тибқи омори Комиссияи марказии интихоботи Олмон, Ҳизби итиҳоди демократ- масеҳи (CDU/CSU) бо ба даст овардани 28,5% овозҳо 208 курсиро дар парлумон соҳиб шуд. Аммо AfD 152 курсӣ (20,8%) ва SPD 120 курсӣ (16,4%)-ро ба даст оварданд. Қисми дигари курсиҳо насиби “Сабзҳо” хоҳад шуд, ки бо 11,6 дарсади овозҳо (85 курсӣ) ва Ҳизби чап бо 8,7 дарсади овозҳо (64 курсӣ)-ро соҳиб шуданд.

Дар барномаи интихоботии Ҳизби иттиҳоди демократ-масеҳӣ бо раҳбари Фридрих Мертс ҳалли мушкилоти рӯз, аз ҷумла коҳиши ҳаҷми андоз, бозсозии артиш ва ислоҳи қонунҳои муҳоҷират ва паноҳандагӣ ҷой дада шудааст.

Инчунин Фридрих Мертс рӯзи 23-юми феврал баъд аз эълони пирӯзии Эътилофи марказу ростгарои демократҳои масеҳӣ ва муҳофизакор “истиқлол”-и амниятиро аз Амрико самти асосии кори ҳукумати нав хонд.

Фридрих Мертс, раҳбари ин ҳизб гуфт, ба зудӣ ҳукумати навро ташкил хоҳад дод. Расонаҳои олманӣ мегӯянд, дар ин итихобот 80,3 дарсад раъйдиҳандагон иштирок кардаанд, ки ин баландтарин рақам аз соли 1990 ба шумор меравад. Дар интихоботи соли 2021-ум 76,4 дарсад овоздиҳандагон ширкат карда буданд.

Кормандони Раёсати гумрук аз вазифаҳояшон ронда шуданд

0

8 корманди Раёсати гумруки вилояти Суғд бо иттиҳоми “баромадан аз ҳадди ваколат ва ширкат дар ҷиноят” аз кор ронда шудаанд.

“Asia-Plus” дар истинод ба қавли Икром Фаёззода, сардори Шуъбаи кадрҳои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд навишт, ки “Онҳо кормандони Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд буданд, ки барои хунукназарӣ, баромадан аз ҳадди ваколат ва ширкат дар ҷиноят бо қарори додгоҳ ҷарима гардиданд.”

Гуфта мешавад, нисбати ин 8 корманди гумруки вилояти Суғд бо иттиҳоми “хунукназарӣ”, “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” ва “ширкат дар ҷиноят” парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, пас аз татбиқи ҷароима, аз мақомҳояшон сабукдӯш гардиданд.

Ин масъули гумруки вилояти Суғд бо зикри номи онҳо мегӯяд, ки нисбати Зиратшо Сафаров ва Бахтиёр Хоҷиев барои “хунукназарӣ” (моддаи 322 қисми 2), Эшонқулов Улуғбек, Рустамов Мирзо, Мирзоев Акрам ва Илҳом Абдумавлонов барои “баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ” (моддаи 316 қисми 1), Мардон Комрон барои “ҳамширикӣ дар ҷиноят” (моддаҳои 36 ва 391) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳамаи онҳо бо ҳукми додгоҳ ҷарима ва баъдан аз вазифа ва ҳамин тариқ аз мақомот дур карда шуданд.

Аммо ҷузъиёти ҷурмҳои эълоншуда зикр нашудааст. Файёззода дар идома қайд карда, ки соли 2024 22 корманди Раёсати минтақавии гумруки вилояти Суғд бо сабабҳои аз ҷумла, расидани кормандон ба синни нафақа, фавт, хориҷ шудан бо майли худ ва қарори додгоҳӣ аз вазифаҳо озод карда шудаанд.

Гуфта мешавад, соли 2020 ҳам рафтани кормандони ин шуъба бесобиқа буда, 30 корманди баъзан бо таҷрибаҳои кории то 20-25 сола аз кор бо сабабҳои нагузаштан аз аттестатсия, эътибор пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ ва дигар камбудиҳо аз вазифа озод карда шуда буданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, раванди маъмулии истихдоми кормандон дар идораву сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон на аз нигоҳи савод доштани номзад ва шоистагӣ, балки бо ришвадиҳӣ ё наздик будан ба хонавода ва наздикони Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Ин амал дар бисёри ниҳодҳои давлатӣ роиҷ мебошад, ки мушкилоти ҷиддиеро барои пешрафти кишвар ва ба таври дуруст тақсим шудани вазифаҳо ва одилона будани бозори кор ба вуҷуд меорад.

“Рейд”-и муҳоҷирон дар қаҳвахонаву бозорҳои Красноярск

0

Мақомоти Русия аз бозору қаҳвахонаҳои шаҳри Красноярск ҳудуди 500 нафарро боздошт намуда, барои тафтиши ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи пулис бурдаанд.

Ба иддаои Кумитаи тафтишоти Русия, “рейд”-и муҳоҷирон дар доираи парвандаи ҷиноятии ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронда шудааст.

Тафтишу боздоштҳо бо иштироки Кумитаи тафтишотии Русия, кормандони Росгвардия, Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ), Раёсати сарҳадии ФСБ ва Вазорати корҳои дохилии Русия дар панҷ бозори ноҳияи Ленинский ва 12 қаҳвахона баргузор гардидаанд.

Мақомоти интизомӣ дар рафти амалиёт 455 нафар, аз ҷумла як шахси бешаҳрвандиро ба шуъбаи пулис бурда, онҳоро пурра санҷидаанд ва ба гуфтаашон, чанд қонуншиканиеро низ ошкор кардаанд.

Расонаҳо русӣ менависанд, ки чанд шаҳрванди Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират дар Красноярск қарор дошта, дар мавриди ҷалби онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҳамчунин ихроҷи панҷ нафарашон аз хоки Русия қарор қабул карда мешавад.

Ғайр аз ин, 10 ҳолати ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ба қайдгирии сохтаи шаҳрвандони хориҷӣ сабт гардида, 58 мард, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, барои сабти ном ба комиссариати ҳарбӣ бурда шудаанд.

Аз аввали соли ҷорӣ мақомоти Русия тафтиши густурдаи муҳоҷиронро аз сар гирифтаанд. Пештар аз ин дар пайи тафтишу бозпурсиҳо кормандони Кумитаи тафтишот ва пулиси Русия танҳо аз бозори Савеловскийи Маскав беш аз 300 нафарро боздошт карда, ба маркази муҳоҷират ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ бурда буданд.

Гуфта мешавад, назорат болои муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо дар Русия баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл”, ки гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти кории муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.

Танҳо дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 90 ҳазор муҳоҷир аз хоки Русия ихроҷ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 аз Русия 44,2 ҳазор ва дар соли 2022 26,6 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда буданд.

Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки аз ин шумора чанд нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд, аммо Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар 14-уми феврали соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2024 аз Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудааст ва танҳо аз фурудгоҳҳои Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

Эҳтимол меравад дар соли 2025 шумори муҳоҷирони ихроҷшуда аз Русия бештар хоҳад буд, чун аз аввали моҳи феврал қонуне ба кор даромад, ки ба ВКД иҷоза медиҳад муҳоҷиронро бе қарори додгоҳ ихроҷ кунад.

Ҳамла ба консулгарии Русия дар Фаронса

0

Субҳи рӯзи душанбе, 24-уми феврал ба бинои консулгарии Русия дар шаҳри Марсел ҷануби Фаронса ҳамла сурат гирифт.

Ожонси хабарии Фаронса (AFP) дар истинод ба пулиси шаҳри Марсел хабар дод, ки субҳи имрӯз 3 бомбаи дастсоз ба сақфи бинои консулгарии генералии Русия дар шаҳри Марсели Фаронса партофта шуд ва касе аз кормандони консулгарӣ дар ин ҳамла осеб надидааст.

Манбаъ тавзеҳ дода, ки ду адад аз ин бомбаҳои дастсоз таркиданд ва яке натаркидааст. Расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки пас аз ҳодиса дар ҳол нерӯҳои амниятӣ атрофи консулгариро муҳосира карданд.

Хабаргузории Ройтерс бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Фаронса гузориш дод, ки кормандон ва консули Русия дар дохили консулгарӣ нигоҳ дошта мешаванд ва интизори дахолати мутахассисони безараргардонии минаҳо мебошанд. Вазорат таъкид кардааст, ки ҳодиса талафоти ҷонӣ надоштааст.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории ТАСС-и Русия низ хабар дод, ки Маскав имрӯз таҳқиқоти комили Фаронса дар бораи ҳамла ба консулгарии худ дар Марселро талаб кардааст ва бар ин назар аст, ки ҳодиса эҳтимолан як амали террористӣ аст.

То ҳанӯз дар бораи муҳоҷимон ва ангезаи ҳамла ба консулгарӣ, инчунин дар бораи қурбониён, захмиён ва ҳаҷми хисорот гузориши расмие вуҷуд надорад.

ТАСС ба нақл аз сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова навиштааст: “Ҳамлае, ки ба бинои консулгарии генералии Русия дар Марсел рух дод, нишонаи як ҳамлаи террористиро дорад.” Захарова афзуд: “Мо аз Фаронса талаб мекунем, ки таҳқиқоти ҳамаҷониба ва сареъ анҷом диҳад, инчунин чораҳоеро барои таҳкими амнияти намояндагиҳои хориҷии Русия рӯи даст гирад.”

Ин ҳодиса дар ҳоле сурат мегирад, ки аз оғози ҳамлаи Русия ва Украина се соли комил сипарӣ мешавад. Ва дар ин шабу рӯз мавзеъгирии Амрико алайҳи сиёсатҳои Украина ва Аврупо дар бораи поён додани ҷанги Русия ва инчунин тира шудани муносибатҳо афзоиш ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз омадани Доналд Трамп ба сари қудрат дар Амрико сиёсатҳои ин кишвар, ки қаблан аз Украина ба шиддат ҳимоят мекард, ба куллӣ тағйир ёфт ва Украинаро ҳоло ба он маҷбур дорад, ки бо Русия сари мизи музокирот бишинад ва ба ҷанг хотима диҳад. Аммо Украина ва кишварҳои аврупоӣ ба фишорҳои Трамп розӣ нестанд ва бар ин назаранд, ки Амрико дар ин мавзуъ манофеи амниятии онҳоро ба назар нагирифтааст. Ҳамзамон Иттиҳоди Аврупо низ дар нишасти ахири худ ба ин хулоса расид, ки таҳримҳоро алайҳи Русия афзоиш диҳад.

Расман баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон поён ёфт

0

Баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба таври расмӣ поён ёфта, созишномаи ниҳоӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев рӯзи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карданд.

Гуфта мешавад, ин созишнома ба президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов барои имзои ниҳоӣ пешкаш мешавад. Пас аз имзои президентҳо созишномаи таъйини марзҳои муштарак байни ду кишвари ҳамсоя ҳукми қонунӣ мегирад.

Бино ба иттилои мақомоти ду кишвар, раисони Кумтаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти худ дар шаҳри Бишкек се санади муҳимро имзо карданд. Ин санадҳо иборатанд аз:

  • Созишномаи миёни ду кишвар дар бораи марзи давлатӣ;
  • Созишномаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ ва энергетикӣ;
  • Cозишнома дар бораи сохтан ва истифодаи роҳҳои байнидавлатӣ ва инчунин ҷойгиршавӣ ва тарзи истифода аз чорроҳаҳо.

Бархе аз сиёсатмадорони ду кишвар, имзои созишномаи марзӣ байни ду кишварро дастоварди муҳими торихӣ ва рӯзи фаромӯшнашавандаи барои миллатҳои тоҷику қирӯиз арзёбӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳо хабар медиҳанд, ки сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Қоҳир Расулзода ва Одилбек Қосималиев рӯзи душанбе дар тамоси телефоние дар робита ба созишномаи имзошуда гуфтугӯ карда, дигар паҳлуи онро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Латтукӯби кӯдакон барои ёфтани муҳоҷирон тавассути низомиҳо

0

Гурӯҳе аз низомиёни Русия вориди толори варзишии кӯдакон ба номи “Молодые орлы” шуда, як кӯдакро латтукӯб карданд.

Ҳадафи ин амалиёт ҷустуҷӯйи муҳоҷирони ғайриқонунӣ гуфта мешавад. Сомонаи “Холод” менависад, ки ин ҳодиса ҳафтаи гузашта рӯзи 13-уми феврал дар шаҳри Краснодари Русия рух додааст.

Гуфта мешавад, мақомоти иҷрои қонун вориди толоре шуданд, ки кӯдакони 10-17-сола дар онҷо ба варзиш машғул буданд. Тасвирҳо аз камераҳои назоратӣ нишон медиҳад, ки афроде бо либосҳои низомӣ кӯдаконро маҷбур мекунанд то бар рӯи шикам дар замин бихобанд. Ба гуфтаи як волидайн, фарзанди онҳо ба хотири пайравӣ накардан аз дастурот лагадҳое дар рӯяш ва шикамаш хӯрдааст.

Расонаҳо далели ин ҳамлаи ногаҳониро кофтукоби муҳоҷирони ғайриқонунӣ унвон мекунанд, вале ҳеҷ муҷриме дар ин амалиёт пайдо нашудааст. Волидайн дар ҳоли таҳияи шикоятномае ба Кумитаи таҳқиқот ҳастанд, ки дар бораи рафтори ин нерӯҳои низомӣ аз нав таҳқиқот гузаронида шавад.

Модари яке аз кӯдакони варзишкор дар суҳбат бо сомонаи “93.ru” гуфтааст, баъди он ҳодиса зери чашми писараш сиёҳ шудааст ва “кӯдакон то он ҳад тарсида буданд, ки ҳатто дар хона ором нагирифтанд”.

Полиси шаҳри Краснодар дар баёнияи расмие анҷоми ҳамла ба клуби тамринии ҳунарҳои размии “Молодые орлы”-ро таъйид кард, аммо ба қазияи латтукӯби ноболиғе ё дигар масоили ахлоқии ин кофтукоб аз тарафи мақомоти расмӣ ишора нашудааст.

Корбарони шабакаҳои маҷозӣ дар бораи ин амалиёт вокунишҳо ва интиқодоти зиёде кардаанд. Баъзе корбарон аз бераҳмии мақомот шикоят доранд ва баъзе онҳоро миллатпараст ва муҳоҷирситез унвон кардаанд.