9.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 96

Амрико аз СММ хориҷ мешавад?

0

Қонунгузорони Ҷумҳурихоҳ дар Сенат пешниҳод карданд, ки Иёлоти Муттаҳида аз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) хориҷ шавад.

Тибқи гузориши Fox News, ин лоиҳа барои қатъи узвияти ИМА дар СММ ва дигар ниҳодҳои он, инчунин барои қатъи маблағгузории ин созмон ва муассисаҳои вобастаи он аст.

Гуфта мешавад, мақсади пешниҳодкунандагони ин тарҳ пуштибонӣ аз сиёсати президенти ин кишвар Доналд Трамп дар мавриди тақвияти иқтисоди Амрико ва даст кашидан аз кумакҳои молӣ ба хориҷ мебошад. Онҳо бар ин боварнд, ки СММ манфиатҳои ИМА-ро ба назар намегирад.

Намояндаи ИМА Чип Рой, изҳор доштааст, ки ин лоиҳа дар палатаи поёнии парламент ба муҳокима гузошта хоҳад шуд, зеро ба гуфтаи ӯ, СММ пули андозсупорандагони амрикоиро барои манфиатҳои дигар кишварҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ истифода мекунад.

Сенатори Ҷумҳурихоҳ Майк Ли, низ таъкид кардааст, ки СММ имрӯз як платформаи зидди Амрико ва ҳомии душманони кишвар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти Шӯрои равобити хориҷии ин кишвар нишон медиҳад, ки ИМА дар соли 2022 барои фаъолияти СММ беш аз 18 миллиард доллар маблағгузорӣ кардааст, ки ин тақрибан сеяки тамоми буҷети Созмони Милали Муттаҳидро ташкил медиҳад.

Fox News қайд навишта, ки Трамп дар давраи аввали худ кӯшиш кард, ки маблағгузории гурӯҳҳои СММ-ро кам кунад ва дар давраи дуюмаш низ ин корро кард.

Пештар аз ин, рӯзи 4-уми феврал раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп фармонеро имзо кард, ки ширкати Вашингтонро дар фаъолиятҳои СММ арзёбӣ мекунад. Вай ҳамчунин дар моҳи феврал фармонеро дар бораи хуруҷи Амрико аз Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ ва коҳиши маблағгузорӣ ба UNRWA “Ожонси Созмони Милали Муттаҳид оид ба кумак ба гурезаҳои фаластинӣ ва фаъолияти онҳо” имзо кард.

Толибон: Маводи мухаддир аз кишварҳои ҳамсоя ба Афғонистон ворид мешавад

0

Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон мегӯяд, маводи мухаддир ба Афғонистон бештар аз кишварҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳои ворид мешавад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки созмонҳои омории ҷаҳонӣ Афғонистонро манбаи тавлиди маводи мухаддар медонанд ва Иморати исломиро муттаҳам мекунанд, ки то ҳол натавониста пеши роҳи қочоқу истеҳсоли ин маводро бигирад.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Толибон Абдулматин Қонеъ гуфтааст, “нигаронии бархе кишварҳо аз қочоқи маводи мухаддири санъатӣ аз Афғонистон беҷо аст.” Ба гуфтаи ин намояндаи Толибон, маводи мухаддири санъатӣ аз кишварҳои ҳамсоя ва бархе кишварҳои аврупоӣ ба Афғонистон қочоқ мешавад.

Ин намояндаи Иморати исломӣ аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақа хоста, ки дар пешгирии аз қочоқи маводи мухаддир ба Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.

Оқои Қонеъ дар суҳбат бо расонаҳо таъкид карда, ки “Аз кишварҳои минтақа, ба вежа кишварҳои ҳамҷавор хоҳиш мекунем, ки дар масъалаи қочоқ бо мо ҳамкорӣ кунанд, ки дигар қочоқ сурат нагирад. Аз ин кишварҳо дар самти амният ва қочоқи маводи мухаддар зиёни зиёде ба мо ворид шудааст.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, бахусус Тоҷикистон борҳо шикоят карда буд, ки аз ҷониби кишвари ҳамсоя маводи мухаддир ба таври васеъ қочоқ мешавад. Аммо Толибон кишварҳои ҳамсояро муттаҳам мекунанд, ки қочоқи ин мавод аз ҷониби онҳо низ зиёд сурат мегирад.

Кушта шудани 3 муҳоҷири тоҷик дар амалиёти ФСБ-и Русия

0
Screenshot

Дар амалиёти вежаи мақомоти амниятии Русия се муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Псков кушта шуданд.

Тавре Радиои Озодӣ хабар дод, ҳафтаи гузашта, 13-уми феврал Хадамоти федералии амнияти Русия (ФСБ) дар пайи амалиёте чанд нафареро, ки гуфта мешуд, қасди фаъолияти терористӣ доштанд, кушт, ки баъдтар маълум гашт 3 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Дар гузориши ин ниҳод омада, ки ин афрод дар ҳоли омода кардани бомбаи худсохт барои таркондани истгоҳи роҳи оҳан буданд ва аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. Мақомоти Русия иддао дорад, ин афрод узви созмони терористии байналмилалие будаанд, аммо узви кадом созмон буданаш зикр нашудааст.

Ба итиилои Радиёи Озодӣ, чанде аз муҳоҷирони тоҷики муқими Пскови Русия гуфтаанд, ки ҳамдиёрони онҳо Парвиз Рустамов, Ҷовид Ҷумъаев ва Азизҷон Аъзамқулзода дар амалиёти нерӯҳои амниятии Русия дар як бӯстонсаро дар канораи шаҳри Псков кушта шудаанд.

Аммо тоҷикони муқими Псков ва хонаводаҳои фавтидаҳо дар суҳбат бо расонаи “Мигрант Медия”-и Радиои Озодӣ гузориши мақомотро рад мекунанд. 

Як муҳоҷир дар Псков бо номи Беҳзод гуфта, ки “Ин бачаҳоро нағз медонам, онҳо хело дар дил орзуҳо доштанд, ҳама аз пайи кор буданд. Ҳеҷ кас бовараш намеояд, ки инҳо ба ҳамин кор даст заданд. Ин бачаҳо бачаҳое набуданд, ки барои пул шуда чунин кунанд. Онҳоро ба дом андохтанд.”

Гуфта мешавад, ҷавонони кушташуда, Парвиз Рустамов аз шаҳри Турсунзода, Ҷовид Ҷумъаев ва Азизҷон Аъзамқулзода аз шаҳри Панҷакент будаанд. Шоҳидон низ гуфтаанд, ки дар аввал онҳо дар ресторани “Чайхона”-и шаҳри Псков кор мекарданд. Баъдтар Азизҷон дар маркази савдои “Акваполис” ба кор рафта, Парвиз ба  таксиронӣ машғул шудааст.

Расонаҳои Русия дар такя ба маълумоти ФСВ хабар дода буданд, ки ин ашхос дар ҳоли омода кардани бомб барои таркондани истгоҳи роҳи оҳан буданд, ки тавассути нерӯҳои амниятӣ ба қатл расидаанд. Фармондори вилояти Псков Михаил Ведерников аз нерӯҳои амниятӣ барои пешгирӣ аз ҳамлаи тераристӣ қадрдонӣ када ба мардум гуфтааст, ки танҳо ба гузоришҳои расмӣ такя кунанду ба гуфтаи ҳар касе бовар накунанд, чун дар ин бора дурӯғҳои зиёде пахн хоҳад шуд.

Падари Азизҷон, Бозорбой Аъзамқулзода 17-уми феврал зимни суҳбаташ бо расонаи “Мигрант Медия” барои радди иттиҳоми терорист будани фарзандаш гуфт, ки писараш одами диндоре набуд ва намоз ҳам намехонд. 

Дигар муҳоҷироне, ки ин афродро аз наздик мешинохтанд, аз онҳо ҳимоят карда, чунин амалеро ба онҳо нисбат намедиҳанд. Ҷовид, дар шабакаи “В Контакте” саҳфае дорад бо номи “Давид”. Ӯ дар сафҳаи худ бештар ҳунари ошпазияшро бо ширинкорӣ ба намоиш гузоштааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияи мақомотро корбарон зери суол бурда, навиштаанд, ки ин “дурӯғ аз тарафи мақомот аст”. Корбарон ҳамчунин навиштаанд, ки “дар асри дронҳо касе чунин бомбҳо омода намекунад.”

Солҳои ахир иттиҳомоти ҳамлаҳои террористии зиёде ба шаҳрвандони Тоҷикистон нисбат дода мешавад, ки вазъиятро барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳатто дар дигар кишварҳо вахимтар кардааст.

Фармони даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имзо шуд

0

Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳарбиро имзо кард.

Фармон 19-уми феврали соли ҷорӣ нашр шуд. Дар он гуфта мешавад, ки даъвати ҷавонон аз 1-уми апрел то 31-уми майи соли 2025 сурат мегирад. “Дар ин давра, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардони ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони калонсол, ки ҳуқуқи таъхир ё озод кардан аз хидматро надоранд, даъват мешаванд.”


Эмомалӣ Раҳмон дар фармони худ аз комиссияҳои даъвати вилоятҳо ва шаҳри Душанбе хоста шуда, ки барои ҷалби ҷавонон ба қисмҳои ҳарбӣ диққати ҷидӣ дода шавад. Инчунин аз комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ низ талаб шуда, ки дар як ҷоягӣ даъватро мувофиқи қонун ба роҳ андозанд.

Талаби “ҷалби ҷавонон ба артиш мувофиқи қонун” дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳамасола садҳо ҳолати бо зӯр аз кӯчаву бозор боздошт кардани ҷавонон ба артиш дар расонаҳо нашр мешавад. Ва сокинон ин амали мақомотро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд, вале то ҳол ҳеч мақомдоре барои ин рафтори ғайриқонунияш муҷозот нашудааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ дар фармони худ Вазорати фарҳанг, Комитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Комитаи телевизион ва радио вазифадор карда карда, ки раванди даъватро бо воситаи ахбори омма паҳн кунанд.

Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ба назари огоҳон Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли беш аз 30 соли ҳукуматдориаш ҳар сол ду маротиба барои ҷалби сарбозон ба артиш чунин фармоне содир мекунад. Аммо ҷалби сарбозон ҳамеша аз роҳои ғайриқонунӣ сурат мегирад. Боздошти ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳо, фишор боли падар модарҳои ҷавонон аз роиҷтарин абзоре аст, ки ҳукумати хонаводагии Эмомалӣ барои ҷалби сарбоз истифода мекунад.

Думаи давлатӣ: Муҳоҷироне, ки бемории вазнин доранд, бояд ихроҷ шаванд

0

Вакилони парлумони Русия пешниҳод кардаанд, ки муҳоҷирон бояд ба таври илзомӣ ҳар сол як маротиба аз муонаи тиббӣ гузаранд.

Гуфта мешавад, аз тарафи Комиссияи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати муҳоҷират пешниҳод шудааст, ки дар қонунгузорӣ муқаррар карда шавад, ки муҳоҷирон уҳдадоранд, пас аз як соли ворид шуданашон ба ин кишвар боз дубора аз муоинаи тиббӣ гузаранд. 

Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС аз қавли Ирина Яровая, муовини раиси парлумон ва раиси Комиссияи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати муҳоҷират хабар додааст.

Ба иттилои “Дума ТВ”, Ярмова дар нишасти Комиссия рӯи шахсисозӣ кардани вазифаи аз муоина гузаштани муҳоҷирон таъкид карда, гуфтааст: “Мо дар сатҳи қонунгузорӣ уҳдадор шудани муҳоҷирон барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ пас аз як соли ворид шуданашонро пешниҳод мекунем. Ташкили гузоришҳои тиббӣ ба таври электронӣ ин имкониятро ба мо медиҳад, ки муҳимтарин масъалаи марбут ба шахсисозӣ кардан (ба уҳдаи худи фард гузоштан)-и масъулият кайфияти муоинаҳои тиббиро ҳал кунем ва ин масъулиятро ба уҳдаи худи афрод гузорем”.

Системаи баҳисобгирии байниидоравӣ бо иттилоотрасонӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ ба мо дар ҳалли дигар масъалаҳои муҳими ин тарҳ кумак мекунад. Аз ҷумла, масъалаи муҳими дигар ин назорат болои будубош ва ихроҷи муҳоҷирон аст.

Ин намояндаи Думаи давлатии Русия гуфта, ки “Ҳарчанд масъалаи ихроҷи нафароне, ки ба бемориҳои хатарнок мубтало ҳастанд, хеле печида ва ҳассос аст, вале суоли воқеӣ ин аст, ки дар куҷо бояд ин афроди мубтало ба бемориҳои ҷиддиро нигоҳ дошт ва аз инзивояшон мутмаин гардид?” 

Пештар раиси Думаи давлати Русия Вячеслав Володин гуфта буд, ки Думаи давлатӣ иқдомоти қонуниро барои муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Федератсияи Русия меоянд таҳия карда истодааст.

Ҳамин тавр Думаи давлатӣ аз раҳбарияти Федератсияи Русия интизор дорад то пешниҳодот оид ба танзими муҳоҷирати корӣ ва ворид шудани хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ ба қаламрави Русияро ироа кунад.

Боздошти марде, ки дар бозори Панҷакет як кӯдакро ба корд зад

0

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, дида мешавад як марди калонсол дар дохили бозор бо корд ба шиками кӯдак мезанад ва аз ҷои ҳодиса фарор мекунад.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса 16-уми феврал дар бозори Панҷакент иттифоқ афтодааст. Дар ин навор, ки дурбини мадорбастаи бозор сабт кардааст, дида мешавад, кӯдак бо модараш аст, марди ҳамлагар рӯбарӯи онҳо омада, бе далел ва хеле хунсардона ба шиками кӯдак корд зада, ба роҳаш идома медиҳад. Лаҳзае пас кӯдак фарёд зада шикамашро меқапад ва мардум дар гирди ӯ ҷамъ мешаванд. Дертар дар фазои маҷозӣ хабар нашр шуд, ки кӯдак зинда аст ва саломатияш низ хуб аст.

Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ сару садои зиёдеро ба бор овард ва сокинон аз мақомоти дахлдор хостори ҳарчи зудтар боздошт ва муҷозоти сахт кардани ин мардро карданд.

Дертар аксе нашр шуд, ки гуфта мешуд марди гумонбар боздошт шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ҷузъиёти ин ҳодиса ошкор нашудааст ва дар бораи кӯдаки ҷабрдида ва марди гумонбар иттилооти зиёде нест. То ҳол Вазорати корҳои дохилӣ расман дар ин бора чизе нагуфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон аз нав мубориза бо риш ва ҳиҷобро оғоз кардаанд?

0

Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон кормандони милитсия ҷавонеро барои гузоштани риш боздошт карданд.

Як шоҳиди ҳодиса бо шарти фош нашудани номаш рӯзи чоршанбе ба Azda.tv гуфт, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин ҷавонро мустақиман дар кӯча нигоҳ дошта, сабаби риш гузоштанашро пурсиданд ва баъдтар ӯро маҷбур сохтаfнд, ки ришашро тарошад, аммо ҷавон талаби кормандони милитсияро рад кардааст. Кормандони ҳифзи ҳуқуқ баъд аз шунидани ҷавоби рад ҷавонро бо зӯр ба шуъбаи милитсия бурда, ришашро маҷбуран тарошиданд ва ӯро бо иттиҳоми вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима ва барои 10 шабонарӯз ҳабс кардаанд.

Ба гуфтаи шоҳиди ҳодиса ин ҷавон намозашро ҳамеша намехонад ва ба масҷид ҳам намерафт, аммо ин ҳам натавонист ӯро аз муҷозот наҷот диҳад.

Ин бори аввао нест, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷавонону мардонро барои доштани риш боздошту ҷарима ва бидуни ризоияташон дар идораҳои милитсия ришашонро метарошанд.

Қонунгузории кишвар расман гузоштани ришро барои ҳеч марде манъ намекунад, аммо солҳои охир назорати шадид дар мавриди намуди зоҳирии сокинон мушоҳида мешавад. Мақомот чунин чораҳоро “амалиёт дар чорчӯби мубориза бо фарҳангӣ бегона ва ба тартиб даровардани намуди зоҳирии сокинон” меноманд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки ин амали мақомот бештар мубориза бо арзишҳои дини ислом равона гаштааст.

Аз ҷумла, дар гузашта мақомот рафтани ҷавононро ба масҷид манъ карда буданд. Дертар Вазорати маорифи кишвар бо қароре пӯшидани сатрро барои занон ва гузоштани ришро барои мардони ҷавон ва “идгардак”-и кӯдакону донишомӯзонро манъ карда буд.

8-уми майи соли 2024 парлумони кишвар ба қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” тағйиру иловаҳо ворид намуда, “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо”-ро манъ кард.

Пас аз қабули ин қонун мақомот даст ба “рейд”-и занони ҳиҷобдор зада, занонро дар кӯчаву бозору идораҳо маҷбур мекарданд, ки ҳиҷобашонро бигиранд.

Ин фишору рейдҳо вокуниши корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард ва мақомот маҷбур шуданд барои муддате аз ин навъ боздошту бозпурсиҳо худдорӣ кунанд.

Созмонҳои байналмилалӣ борҳо чунин амалҳои мақомдорони тоҷикро интиқод карда буданд. Ба гуфтаи гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ, маҳдудият дар доштани риш озодиҳои шахсиро поймол мекунанд ва метавонад ҳамчун табъиз (дискриминатсия) аз рӯи эътиқоди динӣ арзёбӣ шавад.

Azda TV аз хонандагони худ мехоҳад, назарҳои худро дар бораи чунин ҳолатҳо бикоранд. Агар худи Шумо ва ё наздиконатон бо чунин мушкилот рӯбарӯ шудаед, метавонед ҳикояти худро тариқи Вотсап ва Телеграми мо бо рақами +48571608008 фиристед.

Трамп: Зеленский раисҷумҳури бекифоят аст!

0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар як изҳороте мулоқоти дирӯзаи намояндагони Амрико ва Русияро “муфид ва бисёр хуб” арзёбӣ кард.

Ӯ зимни изҳороташ гуфт, президенти Украина Владимир Зеленский президенти бекофият аст ва хостаҳои беҷо дорад.

Зеленский қаблан гуфта буд, ки заминҳои аз ғасбшудааш аз ҷониби Русия бояд ба Украина баргардонида шаванд ва тамоми музокирот байни Русия ва Амрико дар мавриди Украина бидуни ҳузури Киев эътибор надорад. Аммо Трамп мегӯяд, “Гумон мекунам қудрати хотима додани ҷангро дар Украина дорам.”

Инчунин Трамп мегӯяд, Украина, ки ба пешниҳодоти ӯ розӣ нест, 3 сол муҳлат дошт ва мебоист ҷангро ба охир мерасонад. Ӯ ҳамчунин аз раисҷумҳури Украина интиқод кард ва гуфт, ки маҳбубияти Зеленский дар кишвараш 4%-ро ташкил медиҳад ва бояд интихобот гузаронида шавад. Аммо имрӯз Владимир Зеленский дар изҳороте ин иддаои Трампро рад кард ва гуфт, ки 4% ин омори Русия аст ва дар асл дар байни шаҳрвандонаш аз маҳбубияти болое бархурдор аст.

Зеленский мегӯяд, ӯ низ мехоҳад ҳарчи худтар ҷанг бо Русия хотима ёбад, аммо бояд манофеи амниятияш ба инобат гирифта шавад. “Мо поён додани ҷангро мехоҳем, вале раванди музокирот бояд одилона бошад. Мо намехоҳем, ки касе бореро бар дӯши мо гузорад.”, мегӯяд раисҷумҳури Украина.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, Зеленский ва раҳбарони кишварҳои аврупоӣ аз он нигаронанд, ки Трамп дар масъалаи сулҳ бо Путин шитобзада аст ва ин метавонад боиси нодида гирифтани манофеи амниятии онҳо шавад ва низ дар оянда дасти Путинро барои таҳдид ба Украина ва ё дигар кишварҳо бозтар гузорад.

Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, ки Трамп аллакай барои Русия имтиёзҳое додааст, аз ҷумла шомилшавии Украинаро ба НАТО рад карда, хоҳиши Киев барои барқарор кардани тамоми қаламравҳои аздастрафтаашро “хаёлпарастӣ” хондааст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 18-уми феврал дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ нишасти вазирони корҳои хориҷии Русия ва Амрико доир гашт. Гуфта мешуд, меҳвари асосии гуфтушунид дар он нишаст масъалаи поён додани ҷанги Русия бо Украина аст. Аммо дар байни музокиракунандагон намояндагони Украина ҳузур надоштанд.

Владимир Зеленский низ дирӯз дар Анқара ба хабарнигорон гуфт, ки аз ин ки ба нишасти Риёз намояндагони Украина даъват нашуданд, ғофилгир шудааст.

Гуфта мешуд, дар нишасти Риёз ҳайати Русияро вазири корҳои хориҷии он Сергей Лавров ва ёвари президенти Русия Юрий Ушаков намояндагӣ мекарданд, аммо ҳайати Амрико аз вазири корҳои хориҷии ин кишвар Марко Рубио, мушовири амнияти миллӣ Майк Волтз ва фиристодаи вежаи ИМА дар умури Ховари Миёна Стивен Виткоф иборат буд.

Тибқи иттилои расонаҳо, Амрико ва Русия дар нишасти дирӯзаи Риёз роҳҳои хотима додан ба ҷанги сесолаи Украина ва ҳамчунин масоили дуҷонибаро муҳокима карданд. Намояндагони ду тараф инчунин роҳҳои беҳбуд бахшидани муносибатҳои байни кишварҳо, аз ҷумла коҳиш додани таҳримҳои иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, ин музокирот метавонад заминаи мулоқоти байни президенти ИМА Доналд Трамп ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путинро фароҳам оварад.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дирӯз пас аз нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки агарчи дар ин марҳила бо Амрико намешавад 100% ба тавофуқ расид, аммо якдигарфаҳмиҳо ва дастовардҳое дар мавриди поён додани ҷанг дар Украина вуҷуд дорад.

Сафари расмии Сарвазири Тоҷикистон ба Эрон

0

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 17-уми феврал бо сафари расмӣ вориди Теҳрон шуд.

Гуфта мешавад, мулоқот ва гуфтушунидҳои Қоҳир Расулзода бо муовини якуми президенти Эрон Муҳаммад Ориф ва ҳамин тавр мулоқоти ҳайатҳои баландмақом баргузор гардид. Расулзода зимни мулоқотҳо баён дошта, ки Эрон дар низоми равобити байналмилалии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад.

Дар ҷараёни суҳбатҳо ишора шуда, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат афзоиш ёфта, муносибатҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба таври назаррас густариш ёфтаанд.

Ҳамчунин дар мулоқотҳо гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Эрон барои ҳамкории дуҷонибаи судманд дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати маъдан, сохтмон, хӯрока, дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорату сармоягузорӣ имконоти фаровон доранд ва истифодаи самараноки ин имконияту захираҳо метавонад барои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаи воқеӣ гузорад.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо солҳои пешин соли 2024 ҳаҷми ҳамлу нақли молу маҳсулоти миёни ин ду кишвар 3,2 баробар зиёд гаштааст ва феълфан дар Тоҷикистон 160 ширкат бо сармояи Эрон фаъолият доранд.

Муҳаммадризо Ориф баён дошта, ки муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Эрон дар сатҳи олитарин қарор доранд ва сафарҳои ахири раисҷумҳур Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистонро тасдиқи ҷонибдории рушди муносибатҳо аз тарафи Эрон унвон кард.

Ҷониби Эрон дар ин мулоқотҳо гуфта, ки Эрон омода аст дар Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф сармоягузорӣ кунад ва ниёзҳои ин кишварро бароварда созад.

Ҷонибҳо ҳамчунин хотирррасон кардаанд, ки аз моҳи гузашта реҷаи раводид миёни кишварҳо бекор шуд, ки барои тиҷорат шароити хубу мусоидро муҳайё месозад.

Тибқи иттилои расонаҳои Эрон, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода 18-уми феврал дар ин сафар ҳамчун меҳмони вежа ба “Ҳамоиши сеюми иқтисодии Хазар”, ки дар шаҳри Теҳрон доир шуд, иштирок ва суханронӣ намудааст. Дар ин ҷамъомад сарвазирони кишварҳои Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон барои муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ гирди ҳам омадаанд.

Ёдоварӣ мешавем, ки дар моҳи январи соли равон сафари расмии Масъуд Пизишкиён раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он сафар 23 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид. Дар ҷараёни сафар Форуми тиҷоратии кишварҳо дар Душанбе баргузор шуд ва маблағи зиёда аз 450 млн доллар санадҳои ҳамкорӣ имзо шуд.

Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар ин чанд соли ахир равобити печидае доштанд. Тира шудани муносибатҳои дипломатии ду кишвар аз зиндонӣ шудани Бобаки Занҷонӣ шуруъ шуд ва бо бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар соли 2015 тиратар гашт.

Аммо соли 2019 пас аз сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ дар Эрон муносибатҳои ин ду кишвар нармтар шуд ва дар замони расиҷумҳурии Расиӣ миёни Тоҷикистону Эрон низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ҷорӣ шуд.

“Рейд”-и муҳоҷирон дар бозору кӯчаҳои Русия

0

Мақомоти Русия дар бозору кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо барои тафтиши муҳоҷирон “рейд” гузаронданд.

Дар пайи ин тафтишу бозпурсиҳо кормандони Кумитаи тафтишот ва пулиси Русия танҳо аз бозори Савеловскийи Маскав беш аз 300 нафарро боздошт кардаанд.

Гуфта мешавад, мақомоти рус бештар дар комиссариати ҳарбӣ сабти ном шудан ё нашудани муҳоҷиронро санҷида, афроди боздоштшударо ба мусофирбарҳо савор карда, ба маркази муҳоҷират ва ба комиссариатҳои ҳарбӣ мебаранд.

Ба ҳамин монанд “рейдҳо” дар дигар минтақаҳои Русия низ идома дорад ва маълум нест чанд муҳоҷири тоҷик боздошту ба комиссариати ҳарбӣ бурда шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар моҳи августи соли ҷорӣ лоиҳаи қонунеро имзо карда буд, ки тибқи он ҳар нафаре, ки пас аз гирифтани шаҳрвандии ин кишвар худро дар артиш сабти ном намекунд, ё аз хидмати сарбозӣ саркашӣ мекунад, шиносномаи Русияаш бекор карда мешавад.

ВКД-и Русия иддао дорад, ки чунин тадбирҳо ба таъмини баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун нигаронида шудааст на ба маҳрумсозии оммавӣ аз шаҳрвандии зодагони дигар кишварҳо.

Аммо муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон мегӯянд, ки дар аксар ҳолат санҷишҳо ва бекор кардани шаҳрвандии Русия нисбати онҳо сурат мегирад ва мақомоти Русия бо ин кор мехоҳанд ҳарчи бештар зодагони дигар кишварҳоро ба артиш ҷалб кунанду ба ҷанг дар Украина бифиристанд.

Гуфта мешавад, назорат болои муҳоҷирин ва ихроҷи онҳо дар Русия баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл”, ки гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти кории муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.

Танҳо дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 90 ҳазор муҳоҷир аз хоки Русия ихроҷ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 аз Русия 44,2 ҳазор ва дар соли 2022 26,6 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда буданд.

Мақомоти Русия нагуфтаанд, ки аз ин шумора чанд нафарашон зодагони Тоҷикистон мебошанд, аммо Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар 14-уми феврали соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки соли 2024 аз Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудааст ва танҳо аз фурудгоҳҳои Русия беш аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон баргардонида шудаанд.