Хона блог саҳифа 97

Тарси мақомоти Русия аз зиёдшавии номи “Муҳаммад” дар ин кишвар

0

Дар вилояти Астрахон номи Муҳаммад ба яке аз маъмултарин номҳо миёни навзодони мард табдил ёфтааст.

Ба иттилои расонаҳои Русия, дар соли 2024 ин ном дар мақоми дуюм қарор гирифт, аммо чанд соли пеш дар минтақаи Ханти-Мансийск низ ба ҷойи аввал баромада буд.

Сергей Миронов, раиси фраксияи “Справедливая Россия — За правду” дар Думаи давлатӣ, ин равандро натиҷаи тағйироти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дониста, гуфт, ки он бояд аз ҷониби ҷомеа ва сиёсатгузорон ҷиддӣ баррасӣ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, интихоби номи Муҳаммад аз ҷониби хонаводаҳои зиёди шаҳрвандон нишонаи нигоҳдории арзишҳои динӣ ва ҳувияти миллӣ аст. Ин тамоюл метавонад ба равандҳои демографӣ ва сиёсати миллӣ таъсир гузорад.

Мақомот мегӯянд, чунин тағйирот нишон медиҳад, ки ҷомеаи Русия рӯ ба гуногунрангӣ дорад ва дар оянда масъалаҳои ҳамзистӣ ва мутобиқсозии фарҳангҳо бештар аҳамият хоҳанд ёфт.

Сергей Миронов яке аз мухолифони муҳоҷирони корӣ шинохта мешавад ва борҳо аз ҳузури муҳоҷирон дар Русия норозигӣ баён кардааст.

Мушкилот бо Қирғизистон поён ёфт, вале бо Толибон шуруъ шуд?

0

Ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, ҳафтаи ахир байни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон даргирии мусаллаҳона сурат гирифта, дар натиҷа як нерӯи Толибон кушта шудааст.

Як наворе, ки расонаҳои афғонистонӣ нашр карданд, дида мешавад, марзбонони тоҷик бо марзбонони Афғонистон барои анҷоми музокира гирди мизе нишастаанд ва гуфтугӯяшон тунду доғ аст.

Дар ин навор, яке аз нерӯҳои марзбонии тоҷик дар хитоб ба Толибон мегӯяд, “Дар Афғонистон мухолифони мо бо яроқ ҳастанд”. Ӯ мехост Толибонро ба он муттаҳам кунад, ки мухолифони мусаллаҳи ҳукуматро дар худ ҷой додааст.

Аммо як намояндаи Толибон дар ҷавоб мегӯяд: “Шумо 350 нафарро бар алайҳи Иморати исломӣ дарс дода истодаед. Ин ошкор аст. Ин мавзуъро доман назан.”

Зоҳиран, намояндагони Тоҷикистон мехостанд аз асли баҳсу музокира берун рафта, Толибонро ба муттаҳам кардан хомӯш кунонанд. Вале Толибон намояндагони тоҷикро маҷбур месозанд, ки аз мавзуи аслӣ дур нараванд, зеро суханҳои зиёде барои гуфтан доранд, ки бар зарарашон меанҷомад.

Ин намояндаи Толибон дар идомаи суҳбаташ таъкид мекунад, ки “Мо зулмро намепазирем ин мавзуи (ба вуҷуд омада) кӯчак аст, ҳеч чизи дигарро доман назанед, ҳаминро ҳал кунед. Ин ба нафъи ҳамаамон аст. Лекин ба ин шакле, ки ту равон ҳастӣ, ба ин шакл пеш бравӣ, ҳам бар зарари туст ва ҳам бар зарари мо.”

Ҷониби Толибон аз музокиракунандагони тоҷик талаб мекунанд, ки баҳси онҳо танҳо сари як масъала аст. “Қумандон соҳиб, як мавзуст, ҳамин об дар ҷои аслиш бравад, дӯстии мову шумо дар ҷояш мемонад ва ҳеч мушкиле нест. Мо фақат мехоҳем об ба ҳаму шакле, ки дар солҳои гузашта буд, ба ҳамон шакл биравад, мо ҳеч мушкиле надорем.”, таъкид мекунад намояндаи Толибон.

Баҳс аз куҷо сар зад?

Ба иттилои расонаи “Афғонистон Интернешнал”, рӯзи 24-уми августи соли ҷорӣ байни марзбонони Тоҷикистон ва Толибон дар нуқтаи марзии Дованги вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳини Тоҷикистон ҳаммарз аст, задухӯрд сурат гирифт. Дар натиҷа 1 нерӯи марзбонии Толибон кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шуд.

Гуфта мешавад, ин даргирӣ бар асари тахриби маҷрои дарёи Панҷ аз тарафи ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон сурат гирифтааст.

Бо гузашти чанд рӯз аз ин ҳодиса то ҳанӯз шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон нашр нашудааст ва маълум нест ҷонибҳо сари ин масъала ба чӣ тавофуқ расиданд.

Чанде пеш ҳам Радиои Озодӣ гузориш дода буд, ки ширкатҳои истихроҷи маъдани Афғонистон ба заршӯи ва ҷамъоварии тилло дар лаби дарёи Панҷ машғуланд ва ин чиз мақомоти Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, заршӯӣ дар лаби соҳили дарёи Панҷ боиси тағйири маҷрои дарё мешавад ва дар оянда сабаби омадани селҳои бузург мегардад, ки ба аҳолӣ зарари ҷиддӣ ворид мекунад.

“Ралик” бори дигар боздошт шуд

0

Рэпсари ҷавони тоҷик Муродов Рамазон, маъруф бо тахаллуси “Ралик”, бори дигар дар Душанбе боздошт гардид.

Ин навбат, мақомоти милитсия ӯро бо гумони рондани мошин дар ҳолати мастӣ боздошт карданд. Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии пойтахт, нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз шуда, аллакай таҳқиқи парвандааш ба поён расида, он ба додгоҳ барои судури ҳукм фиристода шудааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки Муродов қаблан низ барои чунин қонуншиканӣ ҷарима ва маҳдудияти панҷсолаи ронандагиро гирифта буд. Ҳоло дар сурати тасдиқи қонуншиканӣ, ӯ метавонад то 30 ҳазор сомонӣ ҷарима ва то 10 сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шавад.

Ин дар ҳолест ки ӯ қаблан, рӯзи 23 июли соли 2024, пас аз интишори чанд навори интиқодӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуда буд. Дар наворҳои худ “Ралик” иддао карда буд, ки пушти шабакаҳои “Парвиз ТВ” ва “Ҳодиса ТВ” мақомоти қудратии кишвар меистанд. Ба гуфтаи ӯ, шабакаи аввал ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва шабакаи дувум ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмумин Ятимов тааллуқ доранд.

Ӯ дар наворҳои худ аз чанд мақомдори баландпояи кишвар, аз ҷумла генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон (муовини аввали ВКД) ва Ҳасан Асадуллозода, додараруси раисиҷумҳури кишвар шадидан интиқод карда буд.

Муродов Рамазон баъдтар, рӯзи 12-уми декабри соли 2024, бо нашри як видео аз озод шуданаш хабар дод ва гуфт, ки иштибоҳ кард. Ӯ зимни узрпурсӣ аз мардум ва мақомоти кишвар гуфт, ки саломатияш хуб набуд ва ваъда дод, ки худро “ислоҳ” мекунад.

Боздоши ду муҳоҷири тоҷик дар Русия

0

Дар ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград ду шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони ҳамла ба як сокини маҳаллӣ боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шоми 25 август як ҷавони 20-сола, ки ба ҳайси кафшергар фаъолият мекардааст, ба пулис муроҷиат намуда, аз ҳамлаи ду нафар дар манзили иҷорааш хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ду ношинос бо силоҳ ва корд ӯро таҳдид карда, маҷбур карданд, ки ба ҳисоби бонкии онҳо тақрибан 2000 рубл интиқол диҳад.

Кормандони милитсия ду ҷавони муҳоҷиро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон гуфта мешаванд, дар ҷои ҳадиса боздошт мекунанд. Яке 18 ва дигарӣ 19 сол син доштааст. Дар ҷараёни кофтукоб аз онҳо ниқоби сиёҳ, як пистолети травматикӣ ва тирдон пайдо карда, мусодира шудааст.

Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, боздоштшудагон қаблан дар ҳудуди Русия қонуншикании ҷиноятӣ накарда будаанд.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳо русӣ дар Маскав низ аз як ҳодисаи монанд хабар доданд. Гуфта мешавад, дар Маскав шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон бо корд ба кормандони пулис ҳамла карааст.

Гуфта мешавад, ҳамлагар аввал ду шиша бо моддаҳои оташзананда ба самти мошинҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва ГБУ “Жилищник” партоб карда ва сипас ба пулис ҳамла кардааст.

Тавре тафтишот мегӯяд, эҳтимоли асосии ҳамла нафрати ӯ нисбати кормандони қудратӣ буда, акнун ӯро ба санҷиши равонӣ мебаранд.

Ба гуфтаи коршиносон, агар шахс ҳамчун муқрим шинохта шавад, барои ӯ аз 12 то 20 сол зиндон ё маҳкумияти абадӣ таҳдид мекунад.

Ҳодисаи боздошти тоҷикон дар ҳолест, ки чанд соли ахир вазъи муҳоҷирон дар Русия печида ва пур аз мушкилот аст. Ҳар гуна ҷиноят бо дастгирии муҳоҷирон боиси афзоиши фишор, нобаробарӣ ва хушунати иҷтимоӣ нисбат ба садҳо ҳазор муҳоҷири қонунӣ мешавад, ки барои пайдо кардани ризқу рӯзии худ ба ин кишвар муҳоҷир шудаанд.

Манъи рафту омади мошинҳо ва чарондани говҳо пеш аз сафари Раҳмон

0

26-уми августи соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корияш ба ноҳияҳои тобеи марказ роҳи Роғун-Обигарм-Нурободро ба истифода дод.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, роҳи нав бо дарозии 75 километр ва бо меъёрҳои сеюми техникии роҳсозӣ ва паҳноии стандартии 12 метр сохта шуда, шаҳри Душанберо бо ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш мепайвандад.

Илова бар ин, 14 пул бо дарозии умумии 1150 метр ва се нақб, аз ҷумла нақби “35-солагии Истиқлолият” (2605 м), “Ваҳдат” (1700 м), “Ориёно” (1600 м), ки роҳро барои сокинон тақрибан 24 километр кӯтоҳ менамоянд, сохта шудаанд.

Гуфта мешавад, ин роҳҳо аз соли 2021 дар се марҳилла бо маблағи 381 миллион доллар, аз ҷумла 110 млн $ гранти Бонки осиёии Рушд, 40 млн $ қарзи Фонди ОПЕК, 28,1 млн $ аз буҷети Тоҷикистон, 150 млн $ қарзи Бонки аврупоии Таҷдид ва Рушд ва 50 млн $ қарзи Бонки осиёии сармоягузории инфраструктурӣ, сохта шудаанд, вале дар хабарҳои нави ҳукуматӣ ин оморҳо оварда нашудаанд.

Мақомот ба истифодо додани роҳу нақбу пулҳоро ҳамчун қадами стратегии кишвар барои баромадан аз “бунбасти коммуникатсионӣ”, рушди савдои дохилӣ ва хориҷӣ, транзит, сайёҳӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум муаррифӣ доранд.

Аммо сокинон дар суҳбат бо Azda.tv гуфтанд, ки роҳҳо пештар омода буданд ва муддате сокинон аз он истифода мекарданд, вале ҳудуди 1,5 моҳ то омадани президент ба мошинҳо иҷозаи ҳаракатро дигар надоданд ва аҳолӣ маҷбур буданд аз роҳҳои куҳнаву хатарнок истифода баранд.

Инчунин як сокини дигари НТМ ба Azda.tv аз маҳдудияти серӯзаи чаронидани чорво изҳори норозигӣ кард гуфт, ки “мақомоти маҳаллӣ бо баҳонаи он ки говҳо роҳро ифлос мекунанду намуди онро пеш аз ифтитоҳи тантанавӣ вайрон месозанд”, чунин маҳдудиятеро дар чанд рӯзи охир ҷорӣ кардаанд.

Ин бори аввал нест, ки сокинони кишвар аз ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо зимни сафарҳои Раҳмонов ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шикоят доранд. Дар гузашта сокинон борҳо аз бастани роҳҳо, ба мардум надодани иҷозаи берун шудан аз хонаҳо, барои баргузории зиёфату ороиш ҷамъ намудани маблағ аз аҳолӣ ва ҷалби кӯдакон барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон шикоят кардаанд.

Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон рафт

0

26-уми августи соли ҷорӣ, раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба шаҳри Остона сафар кард.

Дар доираи ин сафар Рустам дар назди маҷмааи “Муҳофизони Ватан” гулчанбар гузошта, бо роҳбари Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот кардааст.

Ҷонибҳо масъалаи рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, инчунин соҳаи маориф, илму фарҳанг, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва обу иқлимро баррасӣ карда, соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва рақамисозии иқтисодро самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ гуфтаанд.

Маълум нест сафари шаҳрдори Душанбе дар Остона чанд рӯз идома хоҳад кард ва бо раисҷумҳури Қазоқистон мулоқот мекунад ё на.

Гуфта мешавад, сафарҳои кории Рустами Эмомалӣ ба Русия ва кишварҳои ҳамсоя хусусан тайи як соли охир зиёдтар шудааст. Таҳлилгарон зиёд сафар карданҳои ӯро ба наздик шудани интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистон рабт медиҳанд.

Маош зиёд мешавад, аммо нархи маҳсулоту андозҳо чӣ?

0

Бо фармони президенти Тоҷикистон, аз 1-уми сентябри соли 2025 маош, нафақа ва стипендияҳо дар кишвар зиёд мешаванд. 

Қарор аст аз 1-уми сентябр маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ба 1000 сомонӣ расонда шавад, дар ҳоле, ки то имрӯз 800 сомонӣ аст.

Мувофиқи ин фармон, маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва мақомоти давлатӣ аз 20 то 30% афзуда мешавад. Аммо, стипендияҳо ва нафақаҳо бошанд, мутаносибан 20% ва 10% зиёд мегарданд.

Ҳукумат ин иқдомро ҳамчун дастгирии иҷтимоӣ ва талош барои беҳтар кардани шароити зиндагии мардум муаррифӣ мекунад, аммо сокинон мегӯянд, ки ин афзоиш нисбат ба болоравии нархҳо ва таваррум қобили мулоҳиза нест.

Бо вуҷуди ин, бисёре аз омӯзгорон, табибон ва бознишастагон (нафақахӯрон) мегӯянд, ки ин маблағ то ҳол наметавонад хароҷоти рӯзмарраро пӯшонад. Дар пасманзари гароншавии нархи ғизо, маводи сӯзишворӣ ва хидматрасониҳо, маоши 1000 сомонӣ барои як оила ҳатто як ҳафта басанда нест.

Коршиносон бар ин назаранд, ки зиёд шудани маошу стипендияҳо бояд ҳамзамон бо ислоҳи низоми андоз, идораи таваррум ва коҳиш фасод сурат бигирад. Аммо дар Тоҷикистон бештар аҳамияти рамзӣ дошта, барои хок пошидан ба ҷашми мардум мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба духтараш унвони нав дод

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба духтараш Озода Раҳмон, ки раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент мебошад, унвони фахрии “Корманди шоиста”-ро додааст.

Маросим ҷоизасупорӣ рӯзи 25-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар маҷмуъ ба дусад нафар унвону ҷоизаҳои давлатӣ супурда шудааст.

Дар сомонаи расмии Президент гуфта мешавад, дар остонаи 34-умин солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон 23 нафар бо унвони фахрии “Корманди шоиста”, 3 нафар бо ордени “Дӯстӣ”, 1 кас бо ордени “Шараф” дараҷаи I, 11 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 107 кас бо медали “Хизмати шоиста” ва 7 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар миёни ин дусад нафар дар ҳоле ба духтараш унвони нав медиҳад, ки дар гузашта ба ӯ ордени “Шараф” (дараҷаи як), рутбаи мушовири давлатии адлия ва рутбаи дипломатии сафири фавқулода ва мухторро низ дода буд.

Ва ҷоизагирии ӯ ҳам дар ҳолест, ки чанде аз донишмандону ҳунармандон, ки дигарандешанду ба ҳукумат наздик нестанд, аз бетаваҷҷуҳӣ ва қадр нашудани хидматҳояшон шикоят доранд.

Озода Раҳмони 46-сола духтари дуввуми раисҷумҳур буда, аз соли 2016 раиси Дастгоҳи иҷроияи Президент, яъне падараш мебошад. Ӯ дар гузашта дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ва дар мақоми муовини вазири корҳои хориҷӣ низ кор карда, шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев замоне муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд.

Ӯ ягона фарзанди Эмомалӣ Раҳмон нест, ки дар вазифаҳои баланди ҳукуматӣ кор мекунад. Аз ҷумла, писараш Рустами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Олӣ, духтаронаш Рухшона Раҳмонова сафир дар Британияи Кабир ва Фарзонаи Эмомалии 27-сола сардори раёсате дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мебошанд.

Боздошти як блогер барои таҳқири Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”

0

Мақомоти Эрон нисбат ба Зайнаб Мусавӣ, блогери маъруфи танзпардоз, бо иттиҳоми таҳқири Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин блогер дар як навори видеоӣ бо истифода аз калимаҳои таҳқиромез ва мазҳакаомез “Шоҳнома” ва шахсияти Фирдавсиро масхара кардааст. Ин иқдом боиси вокуниши густарда дар ҷомеаи Эрон гардид. Устодон ва пажӯҳишгарони адабиёт гуфтаанд, ки чунин рафтор “беҳурматӣ ва таҳқири мустақим ба ҳувияти миллӣ” мебошад.

Аббос Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар робита ба ин ҳодиса изҳор дошт:
“Бархе мехоҳанд бо корҳои нодир ва баҳсбарангез машҳур шаванд. Фирдавсӣ ҳазор сол аст, ки бо “Шоҳнома”-и худ пояи ҳувияти миллии Эронро устувор кардааст ва бо чунин суханон аз бузургии ӯ ҳеҷ чиз кам намешавад”.

Ин баҳс дар Эрон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ бо харҷи миллионҳо доллар аз сӯи Ҳукумат бознашр шуда ва айни замон ба таври ройгон миёни мардум тақсим карда мешавад.

Қатар барои бунёди “Роғун” $50 миллиони медиҳад

0

Қатар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ин маврид рӯзи 23-уми августи соли ҷорӣ дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Хазинаи Қатар дар мавриди рушд Ҳамад Ал-Сулайтӣ созишномаеро ба имзо расондаанд. Шартҳои созишнома айни ҳол ошкор нашудаанд.

Аммо Вазорати молия иддао кардааст, ки маблағҳо ба пешбурди лоиҳаи “Роғун” равона шуда, иҷрои он ба таъмини амнияти энергетикӣ ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ барои бозори дохилӣ ва содирот мусоидат хоҳад кард.

Инчунин ҷонибҳо пас аз имзои созишнома, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иштироки минбаъдаи Хазинаи Қатар дар мавриди рушдро дар дигар барномаҳои муҳими давлатӣ баррасӣ намуданд.

Ҳайати ин хазина ҳамзамон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардаанд.