Хона блог саҳифа 98

Боздошти як блогер барои таҳқири Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”

0

Мақомоти Эрон нисбат ба Зайнаб Мусавӣ, блогери маъруфи танзпардоз, бо иттиҳоми таҳқири Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин блогер дар як навори видеоӣ бо истифода аз калимаҳои таҳқиромез ва мазҳакаомез “Шоҳнома” ва шахсияти Фирдавсиро масхара кардааст. Ин иқдом боиси вокуниши густарда дар ҷомеаи Эрон гардид. Устодон ва пажӯҳишгарони адабиёт гуфтаанд, ки чунин рафтор “беҳурматӣ ва таҳқири мустақим ба ҳувияти миллӣ” мебошад.

Аббос Солеҳӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар робита ба ин ҳодиса изҳор дошт:
“Бархе мехоҳанд бо корҳои нодир ва баҳсбарангез машҳур шаванд. Фирдавсӣ ҳазор сол аст, ки бо “Шоҳнома”-и худ пояи ҳувияти миллии Эронро устувор кардааст ва бо чунин суханон аз бузургии ӯ ҳеҷ чиз кам намешавад”.

Ин баҳс дар Эрон дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ бо харҷи миллионҳо доллар аз сӯи Ҳукумат бознашр шуда ва айни замон ба таври ройгон миёни мардум тақсим карда мешавад.

Қатар барои бунёди “Роғун” $50 миллиони медиҳад

0

Қатар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарзи имтиёзнок медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, дар ин маврид рӯзи 23-уми августи соли ҷорӣ дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори генералии Хазинаи Қатар дар мавриди рушд Ҳамад Ал-Сулайтӣ созишномаеро ба имзо расондаанд. Шартҳои созишнома айни ҳол ошкор нашудаанд.

Аммо Вазорати молия иддао кардааст, ки маблағҳо ба пешбурди лоиҳаи “Роғун” равона шуда, иҷрои он ба таъмини амнияти энергетикӣ ва афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ барои бозори дохилӣ ва содирот мусоидат хоҳад кард.

Инчунин ҷонибҳо пас аз имзои созишнома, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иштироки минбаъдаи Хазинаи Қатар дар мавриди рушдро дар дигар барномаҳои муҳими давлатӣ баррасӣ намуданд.

Ҳайати ин хазина ҳамзамон бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кардаанд.

Панҷумин ҳолати марги зодагони Бадахшон дар зиндонҳои Тоҷикистон

0

Дар соли 2025 дар зиндонҳои Тоҷикистон панҷ маҳбуси сиёсии зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фавтидаанд.

Сомонаи “Pamir Inside”, ки бештар ҳодисаҳои Бадахшонро пӯшиш медиҳад, 24-уми августи соли ҷорӣ, аз марги Боғшо Иматшоеви 67-сола, ки ҳанӯз 25-уми феврали соли ҷорӣ дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд пас аз як моҳи кома вафот кардааст, хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 26-уми январи соли 2025 фишори хуни Иматшоев дар зиндони рақами 3/5-и шаҳри Хуҷанд ногаҳон боло рафта, вазъи саломатияш бад шудааст. Аммо кормандони зиндон ёрии таъҷилиро пас аз чор соат даъват карданд, ки дар натиҷа, Иматшоев сактаи майна гирифта, ба кома афтодааст. Ӯ дар беморхона қариб як моҳ беҳуш буд ва сипас даргузашт.

Манбаъҳо гуфтаанд, ки пештар ӯ ягон мушкили ҷиддии саломатӣ надошт ва бад шудани ногаҳонии саломатиаш ғайричашмдошт буд.

Гуфта мешавад, Боғшо Иматшоев соли 2023 баъди бозгашт аз Русия аз ҷониби кормандони КДАМ дар Хуҷанд дастгир ва бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмонҳои фаъолияташон мамнуъ ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд.

“Pamir Inside” мегӯяд, ки дар давраи саркӯбҳо дар ВМКБ (ноябр 2021 – июни 2022) Иматшоев дар пахшҳои зиндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” иштирок карда, дар мавриди рӯйдодҳо дар ин вилоят назарашро баён мекардааст.

Бояд гуфт, Боғшо Иматшоев панҷумин зодаи Бадахшон аст, ки дар соли ҷорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон мефавтад. Пештар аз ӯ расонаҳо аз марги Аслан Гулобови 35-сола, Кулмамад Паллаеви 50-сола, Эроншо Мамадраҳимови 39-сола ва Музаффар Давлатмиров 61-сола хабар дода буданд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон марги ин фаъолони зодаи Бадахшонро дар зиндонҳои кишвар шарҳ надодаанд.

Бори охир 8 созмони ҳуқуқи башарӣ дар изҳороте аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо ва марги чанд тани онҳо дар зиндонҳои кишвар изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ин созмонҳо гуфта буданд, ки шароити номусоиди зиндонҳо, набудани дастрасӣ ба ёрии тиббӣ ва марги зиндониён дар боздоштгоҳҳо мушкили системавӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Инчунин аз давлатҳои ҳамсоя ва Русия хоста буданд, ки дар таъқибҳои байналмилалии шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат накунанд ва аз кишварҳои ҳомии ҳуқуқ талаб карданд, ки алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.

400 сомонӣ барои аксгирӣ аз Кохи Наврӯз

0

Як корбари Фейсбук бо нашри навори видеоие шикоят карда, ки ҳангоме мехост аз Кохи Наврӯз акс ва наворбардорӣ кунад, аз ӯ 400 сомонӣ талаб кардаанд.

Ин корбар, ки мехоста барои таблиғи кишвари худ тавассути наворҳо саҳм гузорад, бо ҳайрат мепурсад: “Ман дар кишвари худам зиндагӣ мекунам, барои таблиғу рушди сайёҳӣ талош мекунам чаро бояд барои як аксу навор 400 сомонӣ пардохт кунам?”

Зери навори мазкур даҳҳо корбар вокуниш нишон додаанд. Яке аз онҳо менависад, ки “Ин зулм ва тасмими худсарона аст!”. Ин корбар аз муаллифи навор хоста, ки ин бедодгариро тариқи воситаҳои ахбори омма ба ҳама расонад. “…бигзор дар ин бора ҳама огоҳ шаванд, на танҳо дар интернет!”

Корбари дигар навиштааст: “Ба зудӣ барои ҳаво низ бояд пул бардохт кард”.

“Он бо пули буҷетӣ сохта шудааст — бо пули мардум. Пас чаро аз мо барои акосӣ пул мегиранд?” навиштааст як корбар дигар. 

Ин бори аввал нест, ки сокинон аз пулситонии бемаврид ва ғайриқонунии масъулон шикоят мекунанд. Чанд сол пеш низ расонаҳо дар бораи пулситонӣ барои истифоди “Лифт” дар яке аз беморхонаҳои кишвар гузориш дода буданд.

Ёдовра мешавем, ки Кохи Наврӯз соли 2014 бо ҳазинаи давлатӣ ва аз ҳисоби андозу маблағи шаҳрвандон сохта шудааст.

Дар Ғазза боз 4 рӯзноманигори дигар кушта шуд

0

Бар асари ҳамлаҳои шадиди Исроил ба Хон-Юнуси Ғазза 4 рӯзноманигор, аз ҷумла наворбардорони шабакаи “Ал-Ҷазира” ва “Reuters” кушта шуданд.

Артиши Исроил субҳи рӯзи душанбе ба беморхонаи “Маҷмааи тиббии Носир” дар Хон-Юнус бо ҳавопаймоҳо ҳамлаҳои шадид анҷом дод. Бар асари ин ҳамлаҳо 15 фаластинӣ, аз ҷумла 4 рӯзноманигор кушта шуданд, ки аз яке аз онҳо зан буд.

Мувофиқи омори Идораи ҳукуматии рӯзноманигорон дар Ғазза, Исроил аз оғози ҷанг 244 рӯзноманигорро бо шумули ин 4 нафар, ки субҳи имрӯз мавриди ҳадаф қарор гирифтанд, дар ин борика куштааст.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, артиши Исроил махсус ва ҳадафмандона ошёнаи 4-уми беморхонаи “Носир” ва чанд бинои дохили ин маҷмааро мавриди ҳадаф қарор дод. Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуолодда барои аз зери овораҳо берун кашидани ҷасадҳо ва ё маҷруҳин талош доштанд, ки Исроил ҳамлаи дуюмашро бо ҷангандаи бесарнишин анҷом дод ва ин шумори ҷонбохтагону захмиёнро дучанд кард.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, яке аз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Ғазза дар ин ҳамла низ ҷони худро аз даст дод ва 7 корманди дигараш захмӣ шудаанд.

Ҳамлаи маргбори Исроил ба беморхонаи “Носир” дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳуҷумҳои ҳавоӣ ва заминии артиши он ба Ғазза аз 7-уми октябри соли 2023 идома дорад.

Дар ҳамин ҳол Созмони ҳукуматии рӯзноманигорони Ғазза аз ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон хоста, ки ҷиноятҳои қатлу куштори бераҳмонаи Исроил дар Ғаззаро маҳкум кунанд ва ӯро ба ҷиноятҳои мақомоти ин кишварро ба додгоҳҳои байналмилалӣ бикашонанду муҷримонро ба чанги адолат супоранд.

Исроил аз 7-уми октябри соли 2023 бо кумакҳои кишварҳои абарқудрат болои мардуми Ғазза беамон аз замин ва ҳаво бомборон дорад. Мувофиқи оморҳои расмӣ, то кунун дар пайи ин ҳамлаҳои сангини Исроил 62 ҳазор нафар кушта ва 158 ҳазор фаластинии дигар захмӣ шудааст. Ва шумори онҳое, ки зери овораҳо монданду ё беному нишон гаштаанд, беш аз 10 ҳазор гуфта мешавад.

Ҳамлаҳои Исроил ба манотиқи Ғазза пас аз тасмимаш дар бораи ғасби комили ин борика шиддат ёфтаст. Ва ба ин далил вуруди обу ғизоро ба Ғазза ба таври куллӣ манъ карда, ки рӯзона аз гуруснагии шадид садҳо зану кӯдак ва пиронсол ҷон медиҳад.

Олмон парвандаи Дилмуродро аз нав баррасӣ мекунад

0

Додгоҳе дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон қазияи шаҳрванди ихроҷшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Эргашевро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Дилмурод Эргашев шаҳрванди 42-соли Тоҷикистон ёздаҳ сол боз дар шаҳри Клевеи Олмон зиндагӣ мекард, аммо тирамоҳи соли гузашта аз ин кишвар ба Тоҷикистон ихроҷ гардид. Билофосила пас аз расидан ба Тоҷикистон ӯ боздошт ва бо ҳукми додгоҳ ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуд.

Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон пеш аз ихроҷи Дилмурод Эргашов дар бораи эҳтимоли таъқиб ва шиканҷа нисбат ба ӯ ҳушдор дода буданд.

Вакили дифои Эргашев ба расонаҳои олмонӣ изҳор доштааст, ки ҳадафи мурофиа ин аст, ки собит кунанд, ихроҷи ин паноҳандаи тоҷик ғариқонунӣ мебошад.

Инчунин гуфта мешавад, дар мурофиа вакилон аз парлумон (Бундестак) низ ҳузур доштаанд. Вакилон таъкид кардаанд, ки пеш аз қабули қарор дар мавриди ихроҷ ба кишварҳои дорои низоми авторитарӣ, зарур аст хатари эҳтимолии шиканҷа ва таъқиб пурра ба назар гирифта шавад.

Ба гуфтаи коршиносон, баррасии ин қазия метавонад барои тасмимҳои минбаъдаи марбут ба парвандаҳои муҳоҷирону паноҳҷӯён аҳамияти муҳим дошта бошад.

Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсӣи муқими Олмон, бар он назар аст, ки дар сурати мусбат будани қарори додгоҳ, он метавонад далели қавӣ барои оянда бошад ва ба судури ҳукм ба фоидаи паноҳҷӯёни тоҷик дар Олмон мусоидат кунад.

Ба гуфтаи ӯ, ин парванда нишон медиҳад, ки ихроҷ кардани паноҳҷӯён ба Тоҷикистон хатарҳои ҷиддӣ дорад ва паноҳандаи сиёсӣ метавонад шиканҷа шуда, ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон гардад. Ин ҳукм дар оянда метавонад як далели муҳим барои вакилони дифоъ бошад ва ба гирифтани ҷавоби мусбат барои паноҳандаҳои тоҷик мусоидат кунад.

Одинаев бар ин бовар аст, ки ин қарор дар сурати мубсат будан метавонад ба ҳукумати Олмон фишор оварад, то аз Тоҷикистон шарҳи расмӣ талаб кунад ё дар сатҳи байналмилалӣ барои ҳимояи Дилмурод Эргашов фаъол шавад. Ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башар, аз ҷумла Amnesty International ва Human Rights Watch, метавонанд бо такя ба қарори додгоҳ масъалаи озод кардани Эргашовро талаб кунанд.

Додгоҳ дар ин бора ишора намудаст, ки имкон дорад парванда аз нав баррасӣ гардад. Қозии мурофиа таъкид кардааст, ки бояд фикр кард, парвандаҳои ҳуҷҷатшуда дар оянда барои мурофиаи паноҳҷӯёни тоҷик чӣ гуна паёмадҳо хоҳанд дошт.

Қарор аст ҳукми ниҳоии додгоҳ дар ҳафтаҳои наздик содир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ихроҷи Дилмурод Эргашов 18-уми январи соли 2023 мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буданд. Ӯ баъдан ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар Русия фаъолияти диаспораҳо манъ ва қоидаҳои ҷалби коргарони хориҷӣ сахттар мешавад?

0

Дар Думаи давлатии Русия чораҳои наве барои маҳдуд кардани шароити кор ва қоидаҳои тоза барои ҷалби муҳоҷиронро баррасӣ карданд.

Аз ҷумла, вакили Думаи давлатии Русия ва раҳбари ҳизби “Справедливая Россия — За правду” масъалаи манъи диаспораҳо, ҷорӣ намудани назорати биометрӣ дар марз ва принсипи омадан-кор кардан-рафтан барои муҳоҷиронро дар Думаи давлатӣ матраҳ кардааст.

Дар ин бора Миронов ҳангоми мусоҳиба бо RTVI, ки аз ташаббуси Вазорати меҳнат ҷонибдорӣ мекард, изҳор доштааст.

Вазорати меҳнати Русия ташаббусеро рӯи даст гирифтааст, ки он аз соли 2026 барои як қатор соҳаҳои иқтисодӣ имконияти ҷалби шаҳрвандони хориҷиро маҳдуд месозад.

Вакили рус гуфтааст, ки ҳизби ӯ чораҳои монандро ҳанӯз моҳи июли соли 2024 пешниҳод карда буд, вале ҳукумат тарҳи қонунро рад намуда, гуфта будааст, ки минтақаҳо аллакай ҳақ доранд квотаҳоро мустақилона муайян кунанд.

Ба гуфтаи Миронов, қонун ва механизмҳои амалкунанда дар Русия чандон муассир набуда, субъектҳои Федератсия танҳо метавонанд кори муҳоҷиронеро маҳдуд созанд, ки дорои патентанд, аммо баъзе истисноҳо ба муҳоҷирон имкон медиҳанд бидуни ин ҳуҷҷат фаъолият кунанд.

Миронов таъкид карда, ки қарори Вазорати меҳнат, мисли лоиҳаи пешниҳод намудаи ҳизбаш, маҳдудиятҳо ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ дахл хоҳад дошт, на танҳо ба гурӯҳҳои ҷудогона.

Тибқи маълумоти Хадамоти сарҳадии ФСБ, дар шаш моҳи аввали соли 2025 зиёда аз 4,7 миллион шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия ворид шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8% камтар мебошад.

Сергей Миронов таъкид кардааст, ки чунин камшавӣ далели самаранокии сиёсати муҳоҷиратӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто чораҳои амалкунанда бисёре аз муҳоҷиронро ба бахши ғайрирасмии иқтисод тела медиҳанд ва дар сурати сахттар гардидани қоидаҳо ин тамоюл метавонад боз ҳам афзоиш ёбад.

Ба ҳамин хотир ӯ гуфтааст, ки бояд дар Русия фаъолияти диаспораҳо манъ, назорати биометрӣ дар марз ва принсипи омадан-кор кардан-рафтан барои муҳоҷирон ҷорӣ шавад.

Дар ҳоле ин вакили рус аз бастани диаспораҳои муҳоҷирон мегӯяд, ки аксар диаспораҳо ба барномаҳои фарҳангӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон машғуланд ва баста шудани онҳо вазъи муҳоҷиронро дар Русия метавонад сахттар кунад.

Аввалин машқи низомии мустақили Эрон пас аз ҷанг бо Исроил

0

Нерӯҳои дарёии Эрон 21-уми августи соли ҷорӣ аввалин размоиши мушакии худро пас аз ҷанг бо Исроил дар уқёнуси Ҳинд ва баҳри Умон анҷом дод.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, Нерӯҳои дарёии ин кишвар эълон карда, ки дар чорчӯби машқи мушакии “Иқтидор 1404” се мушаки крузи баҳрӣ бо номҳои “Насир”, “Қадир” ва “Қодир” истифода шудаанд. Ин аввалин машқи низомии мустақили Эрон пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ба шумор меравад.

Ба иттилои Нерӯи дарёӣ, размоиш бо ҳадафи намоиши тавонмандии дифоӣ ва озмоиши навтарин силоҳҳо дар минтақаи шимоли уқёнуси Ҳинд ва баҳри Умон оғоз ёфт. Дар он воҳидҳои киштиҳои рӯйобӣ ва зериобӣ, воҳидҳои парвозӣ, пойгоҳҳои мушакии аз соҳил ба баҳр, мушакандозҳои дарёӣ ва воҳидҳои ҷанги электронӣ иштирок доштанд.

Ба гузориши телевизиони давлатии Эрон, дар ҷараёни ин машқи низомӣ мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба самти аҳдоф дар обҳои озоди уқёнуси Ҳинд партоб шудаанд.

Қаблан, сухангӯи ин размойш, дарёдор Аббос Ҳасанӣ гуфта буд, ки тамринҳои низомӣ ду рӯз давом хоҳад кард. Аммо равобити умумии артиш эълон карда, ки машқ пас аз дастёбӣ ба ҳадафҳои пешбинишуда ба анҷом расидааст.

Гуфта мешавад, ин размоиш як моҳ пас аз розмоиши муштараки Эрон ва Русия дар баҳри Хазар баргузор шуд.

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҳтар шудааст?

0

Ваколатдори ҳуқуқи инсон бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Тоҷикистон аз ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон дар кишвар гуфт.

19-уми августи соли ҷорӣ, омбудсмен Умед Бобозод бо намояндаи тозатаъйини Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Судито Мукерҷӣ мулоқот кардааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла масоили мутобиқатии Ваколатдори ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкориҳо дар самти Шарҳи Универсалии Даврӣ (марҳилаи сеюм) ва дигар масъалаҳо гуфтугӯ кардаанд.

Бобозода дар мавриди дастовардҳои Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи инсон гуфта, иддао кардааст, ки кишвар дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон пайваста қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Дар иттилоияи дафтари Омбудсмени тоҷик гуфта мешавад, ки Судито Мукерҷӣ аз идома додани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд барои риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумат дар ин самт изҳори миннатдорӣ кардааст.

Ин мулоқот дар ҳоле сурат мегирад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ягон тавсияи ниҳодҳои СММ-ро дар мавриди озодии маҳбусони сиёсӣ иҷро накардааст.

Ва Умед Бобозода ҳам дар ҳоле аз қадамҳои устувори Ҳукумати кишвар дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва кишварҳои ғарбӣ режими имрӯзаи Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқу озодиҳои сокинон борҳо танқид кардаанд.

Бори охир 8 созмони ҳуқуқи башарӣ дар изҳороте аз идомаи таъқибу фишори системавии мақомоти Тоҷикистон алайҳи помириҳо изҳори нигаронӣ карда буданд. Ин 8 созмон аз давлатҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва Русия хоста буданд, ки дар таъқибҳои фаромиллӣ ширкат накунанд ва аз кишварҳои ҳомии ҳуқуқ талаб карданд, ки алайҳи мансабдорони масъули таъқибҳо таҳрим ва манъи сафар ҷорӣ намоянд.

Раиси ширкати сохтмонӣ як хонаро ба 7 кас дар як замон фурӯхтааст

0

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти раиси як шикарти хонасозӣ хабар дод, ки бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми хеле калон дар ҷустуҷӯ буд.

Дар хабари ВКД гуфта мешавад, Одинаев Содиқ Ҳикматуллоевич, сокини 32-солаи пойтахт, ки барои содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, аз ҷониби пулиси шаҳри Душанбе боздошт шуд. 

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки Одинаев раҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ “Ҷамол-Басир” буд, ӯ ҳангоми фаъолиташ дар ин ширкат “беш аз 160 нафарро фиреб дода, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин намудан, маблағҳои калони пулии онҳоро азони худ кардааст.”

Бар асоси навиштаи ВКД, Одинаев Содиқ як хонаро дар як замон ба 3 то 7 кас фурӯхта ва маблағи онҳоро гирифтааст. Ин ниҳод мегӯяд, бо гирифтани ин маблағҳо номбурда “дар ҳаҷми махсусан калон ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст.” 

Тафтишоти пешакӣ муайян намуда, ки зарари ба шаҳрвандон расонидаи Одинаев наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳанд. 

Ба иттилои ВКД, гумонбаршаванда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин моддаи Кодекси ҷиноии кишвар барои шахси гунаҳкор ҷарима ба андозаи як ҳазору чорсаду шаст то дуҳазору яксаду навад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.