Хона блог саҳифа 99

Сухане чанд дар бораи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

0

Кишвари Лаҳистон барои муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик дар тӯли наздик ба ду дахсола, шаке нест, ба истгоҳи амн, вале муваққатӣ, ҷое барои гирифтани таҷруботи баъдӣ ва макони хуб барои транзити мароҳили баъд табдил шудааст.

_________

Пӯшида нест, тайи чанд даҳаи ахир теъдоди зиёде аз мардуми Тоҷикистон ба далели сахтии рӯзгори хеш маҷбур ба тарки кишвар шуданд. Натоиҷи пажӯҳишҳои коршиносони ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ нишон медиҳанд, ки то авохири соли 2014 ва ибтидои соли 2015 қисмати зиёди мардум ба сабаби набудани ҷойи кор ва набудани даромади молӣ, ба хотири таъмини ниёзҳои хонавода рӯ ба муҳоҷирати корӣ, асосан ба кишвари Русия менамуданд.

Тибқи гузоришҳои бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авзоъи сиёсӣ нисбатан ором ва озодии сухан то ба ҳадде риоят мешуданд ва дар баробари матбуоти давлатӣ матбуоти хусусӣ ва гурӯҳӣ низ фаъол буданд.

Вале аз миёнаҳои соли 2015, яъне пас аз эъломи баста шудани Ҳизби Наҳзати Исломӣ авзоъи сиёсӣ ва иҷтмоъӣ – иқтисодии кишвар ба куллӣ тағйир ёфт. Ҳизбҳои дигари сиёсӣ, матолиб ва гузоршиҳои рӯзноманигорони дохилӣ зери контроли шадиди хукумат қарор гирифтанд. Гузоришҳои фаровоне дар бораи ин ки аксарияти журналистон ва фаъолони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон равонаи зиндон, рӯзнома ва сайтҳои зиёди хабарӣ ва иттилоърасонӣ баста шуданд, ироъа шудаанд. Он чи барои ҷавомеъи байналмилал ошкор аст, авзоъи бисёр сахт ва заҷровари муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои мухталифи собиқ шуравӣ, бахусус дар Русия аст. 

Магар пӯшида аст, фишор бар сари озоданешон ва мухолифони режими Эмомалӣ Рахмон, на танҳо дар дохили кишвар, балки дар кишварҳои собиқ шӯравӣ ҳам, алалхусус дар Русия бо тамоми усулҳои зишташ вусъат гирифт. Амалҳои ғайри инсонӣ ва барномарезишудаи ҳукумати Русия нисбат ба муҳоҷироне, ки аз кишвархои Осиёи Марказӣ вориди Русия шудаанд, борҳову борҳо дар гузоришҳои созмонҳои мухталифи ҳимоят аз ҳуқуқи инсонҳо матраҳ шудаанд. Авзоъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, бахусус, пас аз ҷанги Русия ва Укроин ба таври бесобиқа бад шуд.

Анбӯҳе муҳоҷирони тоҷик аз тарси боздошти хеш аз тарафи маъмурони полиси Русия ва истердодашон ба кишвари Тоҷикистон, рӯ ба кишварҳои Аврупо ниҳоданд. Тибқи гузоришҳои расмии кишварҳои Иттиҳоди Урупо то имрӯз бештари паноҳҷӯёни тоҷик аз кишварҳои Лахистон ва Олмон дархости иқомат намуданд. Теъдоди дақиқи зиёди паноҳҷӯёни тоҷик дар кишварҳои урупоӣ маълум нест, вале он чи ошкор аст, ин аст, ки рӯз ба рӯз зиёд шудани теъдоди паноҳҷӯёни тоҷик дар кишварҳои Иттиходи Урупо уврупоӣ нишондиҳандаи рӯшани вазъияти сахти сиёсиву иқтисодӣ дар кишвари Точикистон ва Русия аст. 

Вазъияти муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон

Ҳамон гуна, ки омад, аслитарин сабаби муҳоҷирати тоҷикон ба кишвари Лаҳистон, бад будани вазъи иқтисодӣ ва сиёссии Тоҷикистон аст. Мутазаккир бояд шуд, ки маоши миёна дар Тоҷикистон (тақр. 300-400 доллар) барои зиндагии маъмулии хонаводаи тоҷик кофӣ нест. Ин дар ҳоле аст, ки дар кишвари Лаҳистон имконияти кор маош баробари 800-1200 евро барои муҳоҷирони тоҷик имкони ҷадиде фароҳам меоварад. Зимнан, вуҷуди шартҳои сабуктари раводид барои кор дар Лаҳистон дар мукоиса бо Олмон ё Фаронса, мусаллам аст, сабаби афзудани теъдоди муроҷиъини тоҷик барои гирифтани ҳаққи иқомат мешавад. Гузашта аз ин, тавассути Украина ё Беларус вориди хоки Лаҳистон шудан барои муҳиҷироне, ки аз Русия ба ин кишвар меоянд, дар муқоиса бо марзҳои дигар кори осонтарест. 

Гуфтанӣ аст, муҳоҷирони тоҷик дар Лаҳистон гурӯҳи нисбатан нав ҳастанд. То солҳои 2010 шумораи онҳо дар муқоиса бо муҳоҷирони давлатҳои дигари собиқ шӯравӣ кам буд, вале аз соли 2014 ба ин тараф, бо сабабҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ, муҳоҷират афзоиш ёфт. 

Дар кишвари Лаҳистон барои гирифтани хаққи иқомат ду ҷараёни асосӣ вуҷуд дорад: 1. Муҳоҷирати корӣ – асосан ҷавонон ва миёнасолон барои кор дар соҳаҳои сохтмон, кишоварзӣ, хидматрасонӣ ва логистика меоянд. 

2. Муҳоҷирати сиёсӣ / паноҳандагӣ – баъзе фаъолони сиёсӣ, рӯзноманигорон ё шахсони ҳадафи фишор қарор гирифта, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои амният ва озодӣ ба Лаҳистон муроҷиат мекунанд. 

Аз рӯи додаҳои Prague Process, шумораи иҷозатномаҳои иқомат барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо аз 2015 то 2022 афзоиш ёфтааст: 

Соли 2015 Лахистон ба 539 тоҷик паноҳандагӣ додааст (аз шумораи зиёди муроҷиаткунандаҳо). Зикр бояд намуд, ин давраи пас аз шиддати фишорҳо болои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз тарафи хукмат буд. 

2016: 882 тоҷик муроҷиат карда, вале қисми зиёдаш рад шудааст. 

2017: 154 ариза сабт шуда. 

Соли 2019: 1588 иҷозатнома; 

Соли 2022:  4135 ииҷозатнома. 

Соли 2020: 27 нафар паноҳандагии сиёси гирифтаанд, аз ин миён, 63 аризаи паноҳҷӯёни сиёсӣ рад шуд.

Нигаронии муҳоҷирони тоҷик

Муҳоҷирати ононе, ки фазои зиндагиашонро танг кардаанд, боиси гирифториҳои нав ба нав мешаванд. Ошкор аст, бо баробари зиёд шудани теъдоди паноҳҷӯёни тоҷик дар кишварҳои Иттиходи Урупо, мушкилоти онон рӯз ба рӯз афзуда мешаванд. Чунончи, маълум аст, тибқи қонуни пазириши муҳочирон дар кишварҳои Иттиҳоди Урупо, муҳоҷир ва ё паноҳҷӯй, аз кишваре, барои аввал ворид шудааст, бояд ки нишони ангушти хеш гузорад ва фақат аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кунад, дар ғйри сурат, иқдоми паноҳҷӯй ғайри қонунӣ маҳсуб мешавад. 

Муттаассифона, теъдоди зиёди паноҳҷӯён, аз ҷумла, муҳоҷирони тоҷик, дар бештари маворид, ба сабаби надонистани забони хориҷӣ ва ҳамчунин, ба иллати надоштани дониши ҳуқуқии аввалия, иштибои ҷиддеро дар шуруъи кори худ барои дарёфти паноҳандаги муртакиб мешаванд. Пажуҳишҳо нишон медиханд, ки ин иштибоҳи муҳоҷирон ва паноҳҷӯён, аз тарафи масъулини созмонҳои муҳоҷиратии кишварҳои Иттиҳоди кишварҳои Урупо ба унвони яке аз муассиртарин ва дар баъзе мавоқеъ, асоситарин садди роҳи дарёфти иқомат аз кишварҳои урупоӣ мешаванд. Аз ин ру, надонистани қонунҳои муҳоҷиратӣ ва ё беэътибор пиндоштани ин қонунҳо ҳамаи кишварҳои Иттиходи Урупо, боиси сангинтар шудани мушкилоти шахси муддаъӣ бар паноҳандагӣ мегардад. Дар ин маврид хеле боэхтиёт мебояд буд. 

Он гуна, ки гуфта шуд, дар натиҷаи ҳамла Русия ба Украина ҳазорон нафар шаҳрванд тоҷиконистонӣ ба кишварҳои урупоӣ муҳоҷират карданд, вале ба далоиле, хелеҳо ҷавоби манфӣ дарёфт карданд. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвари Лаҳистон, яке аз далеле, ки радди тақозои паноҳҷӯёни тоҷик, ин аст, ки аксарияти онҳо, замоне ки дар Украина иқомат доштанд, мавриди ҳимояти расмии мақомоти Украина набуданд. Бояд таъкид намуд, ки ин маврид барои кишвари Лаҳистон барои дидни иқомат барои паноҳҷӯёни хориҷӣ, бисёр арзишманд аст. Дигар аз сабаби муҳимми радди дархости паноҳҷӯён дар кишвари Лаҳистон ин аст, аксари муҳоҷирони тоҷик, ки аз тарики хоки Украина ва Белорусия, вориди кишвари Лаҳистон шудаанд, тибқи маслаҳатҳои нодурсти дӯстонашон мехостанд аз тариқи ин кишвар ба кишварҳои дигари урупоӣ нақли макон кунанд ва дар давлатҳои мураффахе, чун: Олмон, Утриш, Фарансо ва ғ. дархости паноҳандагӣ кунанд, ки албатта, бо ин иқдоми ноогоҳонаву нооқилонаи худ, барои худ сахтарин монеъаро эчод мекунанд. 

Мушкилоти дигаре, ки муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик зимни пайгирии кори худ дар Лахистон рӯ ба рӯ мешаванд, масъалаи забономӯзӣ аст. Дар гузоришҳои коршиносони лаҳистонӣ ва ошноии ғайри расмӣ бо теъдоде аз муҳоҷирини тоҷик ва мушоҳидаҳои вазъи кори онон нишон медиҳанд, омӯхтани забони лаҳистонӣ барои ағлаби тоҷикон душвор аст. Ин вазъ, ба гуфтаи бархе аз муҳоҷирон сабаби тӯлонӣ шудани корашон шуда. Ҳамчунин бархе ҳам ишораҳое бар надонистани забони инглисиро боиси маҳдуд шудани имкониятҳо барои пайдо кардани кор дар Лаҳистон медонанд. 

Дигар аз мушкилоте, ки муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик дар кишвари Лахистон даргир шудаанд, ба назар мерсад, баста ва нисбатан хурду махдуд будани муҳити иҷтимоии ҷомеаи тоҷикон ва фаъол набудани онон дар шабакаҳои интернетӣ мебошад. 

Мушкилоти дигаре, ки муҳоҷирони ва паноҳҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон, бо ҳадафи ҳар чи зудтар гирифтани мақоми паноҳангагии худ, албатта, ноогоҳона, барои худашон эҷод мекунанд, ба истилоҳ, печидатар кардани мушкилоти ҳуқуқашон аст. Чунончи, таҳияи чаълии мадорики паноҳҷӯёни тоҷик, яке аз ин навъ мушикилот аст. Зимнан, ин навъи иштибоҳ бисёр сахт миёни паноҳҷӯёни тоҷик маъмул шудааст. Таассуфовар аст, ки иддаи зиёди муҳоҷирони наввуруд ҳуҷҷатҳои кориашонро тавассути миёнаравонашон ба таври қалбакӣ таҳия мекунанд, ки муссаламан, ин роҳи ғайри қонунӣ дар нахустин баррасиҳои масъулин ва коршиносони созмонҳои муҳоҷиратии кишвари Лаҳистон ба осонӣ боз мешавад. Натиҷатан, дархостҳои ин навъ аз паноҳҷӯёни тоҷик, пазируфта намешаванд. Пас аз гирифтани посухи рад, иддае ҳам, бо маслаҳати миёнаравон, бидуни иҷозаи кишвари Лаҳистон ба кишварҳои ҳамсояи дуру наздик, чун Олмон, Чехия ё Австрия, барои гирифтани иқомат кӯч мебанданд. Зимнан, тибқи мушоҳидоте, ки анҷом шудааст, бештари ин гурӯҳ аз паноҳҷӯён ва муҳоҷирони тоҷики дар кишварҳои дувум ва ё ҳатто севуми урупоӣ ҳам барои гирифтани посухи мусбат муваффақ нашудаанд. 

Бар пояи он чи, ки омад, метавон чунин натиҷа гирифт, ки кишвари Лаҳистон барои муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик дар тӯли наздик ба ду дахсола, шаке нест, ба истгоҳи амн, вале муваққатӣ, ҷое барои гирифтани таҷруботи баъдӣ ва макони хуб барои транзити мароҳили баъд табдил шудааст. Аз назари теъдоди зиёди муҳоҷирон ва паноҳандагони тоҷик, агарчи, дар Лаҳистон барои пайдо кардани кори расмӣ ва маоши нисбатан хуб имкониятҳое вуҷуд доранд, вале дар муқоиса бо давлатҳои дигари Иттиходи Урупо, дар ин кишвар барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ барояшон шонси муваффақият пасттар аст. Ба ҳамини далел аст, ки ағлаби муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни тоҷик, аввал, ба ин кишвар ҷо мешаванд, сипас бо гузашти замоне, худсарона ва ё бо кумаки миёнаравоне ба кишварҳои дигари Иттиходи Урупо мераванд. Бо ин ки ҷомеаи муҳоҷрони тоҷик дар Лаҳистон хурду пароканда аст, то ба ҳол нисбат ба ҳалли мушкилоти худ, ки зикраш дар боло омад, ба чиддӣ андеша накарда ва роҳҳои ҳалли ниёзҳои муҳочирон дар ин кишвар номаълум боқӣ мондаанд.

Комбиз Доро

________________

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ аст ва матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Шоҳнома ройгон, аммо миллионҳо сомонӣ аз буҷа ба кисаи кӣ рафт?

0

Дар Тоҷикистон паҳн кардани китоби “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба таври ройгон оғоз ёфтааст. Ин иқдом бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ шудааст.

Тақсимоти китоб аз ноҳияҳои Бадахшон ва водии Рашт оғоз гардида, қарор аст ҳар як хонавода як нусхаи дуҷилдаи “Шоҳнома”-ро дарёфт кунад. Нашри нав бо теъдоди умумии 1,7 миллион нусха ба табъ расидааст. Мақомот мегӯянд, ки ҳадаф аз ин иқдом зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ, боло бурдани худшиносӣ ва бедории эҳсоси ватандӯстӣ миёни шаҳрвандон, махсусан ҷавонон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки соли 2019 ҳам Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро дастур дод ва он баъд аз чоп ба ҳар хонаводаи тоҷик ройгон тақсим карда шуд. Барои чопи 1 миллиону 600 ҳазор нусхаи он китоб 136 миллион сомонӣ аз буҷаи давлатӣ ҷудо гардида буд.

Бар асоси таҳқиқоти Радиои Озодӣ, дар озмуни чопи “Тоҷикон” ширкати “Нашриёти муосир”, ки марбути домоди Президенти кишвар Шамсулло Соҳибов аст, ғолиб эълон шуд. Ва барои иҷрои тендер ба онҳо 13,5 миллион доллар пардохт гардид. Бархе аз коршиносон ин маблағро аз нархи воқеии чопи китоб зиёд арзёбӣ краданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 5-уми декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур дода буд , ки “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад, то аҳолӣ бо таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони худ шинос гардад.

Он замон мунтақидон гуфта буданд нарши “Шоҳнома” барои пул ба даст овардани наздикони Эмомали Раҳмон аст.

СММ: ДИИШ-и Хуросон таҳдиди ҷиддӣ барои Осиёи Марказист

0

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид 20-уми августи соли равон зимни нишасте ҳушдор дод, ки ДИИШ-и Хуросон ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ барои Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Аврупо боқӣ мондааст.

Дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ, ки вобаста ба “Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни терроризм” баргузор шуд, таъкид гардид, ки фаъол шудани ДИИШ-и Хуросон дар Афғонистон таҳдиди ҷиддие ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон мебошад.

Мудири Идораи зиддитеррористии СММ, муовини Дабири кул Владимир Воронков зимни суханронияш гуфт, ки “Таҳдидҳо ба сулҳу амнияти байналмилалӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи террористии ДОИШ эҷод мешаванд, сарфи назар аз талошҳои ҷиддӣ барои аз байн бурдани онҳо, ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст.”

Ин намояндаи баландпояи СММ мегӯяд, ки ДИИШ дар Афғонистон, Сумол, Сурия ва Африқо ба таври фаъол нерӯ ҷалб мекунад ва барои дарёфти кумакҳои молӣ таблиғот мебарад. Аз ҷумла, ӯ таъкид мекунад, ки ДИИШ ҳоло аз фанновариҳои навин, ба монанди рамзҳои диҷиталӣ ва шабакаҳои рамзгузоришуда истифода мекунад, ки пайгирии фаъолияти молии онҳо барои ниҳодҳои байналмилалӣ сахт аст.

Ба гуфтаи ӯ, ДИИШ аз платформаҳои рамзгузоришуда барои гуфтугӯ байни аъзои худ ва ба таври васеъ аз ҳуши маснуӣ барои таблиғоташ истифода мебарад.

Воронков қайд кард, ки тибқи иттилои кишварҳои узв, ДОИШ метавонад ба ҷалби мутахассисон дар соҳаи амнияти киберӣ талош кунад, ки ин боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад.

Ҳамчунин дар ин нишаст ёвари Дабири кулл ва раиси Директориати иҷроияи Кумитаи зиддитеррористии СММ Наталя Герман гуфт, ки ҳоло барномаҳои СММ барои кумак ба кишварҳо дар самти дастгирии ислоҳоти қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии минтақавӣ барои муқовимат ба маблағгузории терроризмро дар бар мегиранд.

Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳи махсус ба технологияҳои инноватсионӣ, аз ҷумла ҳуши маснуӣ дода мешавад, ки аз ҷониби ДОИШ барои таблиғот ва ҷалби ҷангҷӯён истифода мегардад. Ӯ мегӯяд, бо омӯзиш ва пиёда кардани барномаи ҳуши маснуӣ аз ҷониби давлатҳо метавон фаъолиятҳои террористӣ ошкор ва пешгирӣ карда шаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде пеш коршиносони СММ дар гузорише ба Шӯрои Амнияти СММ навишта буданд, ки Толибон дар Афғонистон шароити амнеро барои гурӯҳҳои террористӣ фароҳам кардаанд, ки ин таҳдиди ҷиддӣ барои амнияти Осиёи Марказӣ ва соири кишварҳо ба шумор меравад.

Аммо мақомоти Толибон пайваста гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди вуҷуди пойгоҳҳои омӯзишии марбут ба гурӯҳҳои террорисиро рад мекунанд ва онро муғризона ва якҷониба медонад.

Падару писар бинои нави Донишкадаи исломиро боз карданд

0

Дар пасманзари саркӯби озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе бинои нави Донишкадаи исломӣ ифтитоҳ шуд.

21-уми августи соли ҷорӣ, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи писараш, раиси Маҷлиси миллӣ ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар ноҳияи Синои пойтахт иштирок кардаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои ҳукуматӣ, сохтмони биноҳо соли 2019 аз ҳисоби Фонди захиравии Президент ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ оғоз ёфта буд. Аммо дар хабарҳо номи соҳибкорон ва маблағи масрафнамуда оварда нашудааст.

Гуфта мешавад, ин донишкада дар масоҳати зиёда аз ду гектар замин сохта шуда, дорои 7 бино, маҷлисгоҳ бо 513 ҷойи нишаст, 90 синфхона, утоқи корӣ, хобгоҳ ва дигар ҳуҷраҳо буда, барои таҳсили 2500 донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.

Инчунин донишкада дорои осорхона буда, дар он нусхаҳои нодири дастнависҳо, аз ҷумла Қуръони карим, китобҳои таърихӣ ва осори донишмандони тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.

Бояд гуфт, Донишкадаи исломӣ дар ҳоли ҳозир танҳо макони расмии таълими динӣ дар Тоҷикистон буда, барои тоҷиконе ки берун аз он таълими динӣ мегиранд ҷавобгарии ҷиноӣ муайян шуда, метавонанд аз 60 то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то се сол зиндон шаванд.

Ҳатто бори аввал рӯзи 19-уми август шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ мисли падараш Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додрасҳо аз таълими ғайриқонунии динӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ карда, бидуни овардани оморе гуфтааст, 80 дарсади онҳое, ки ғайриқонунӣ таълими динӣ гирифтаанд, ҷавонони то 30-сола мебошанд.

Пештар аз ин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 105 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар он 175 нафар, аз ҷумла 86 ноболиғ иштирок доштаанд. Ғайр аз ин, 32 донишҷӯ, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Гуфта мешавад, созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар борҳои режими имрӯзаи Тоҷикистонро барои маҳдуд намудани озодиҳои динӣ дар кишвар ва саркӯбу боздошти диндорон танқид карда буданд.

Ҳатто Комиссюни байналмилалии Амрико дар мавриди озодиҳои динӣ (USCIRF) борҳо аз мақомоти Амрико хоҳони ҷорӣ кардани таҳримҳои ҳадафмандона бар зидди баъзе идора ва мансабдорони Тоҷикистон ва он афроде, ки дар поймол кардани озодии динии сокинон нақш доранд, шуда буд.

Ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз соли 2016 Тоҷикистонро ба хотири фишор болои диндорон ва поймол кардани ҳуқуқҳои динӣ ва мазҳабии шаҳрвандон дар қатори “кишварҳои мавриди нигаронии хос” ҷой додааст.

Ба корманди БДА пора надиҳӣ, туро “хоини давлат” муттаҳам мекунад

0

Сокинон мегӯянд, агар ба пулиси роҳ пора надиҳӣ, талош мекунад туро гунаҳкор барорад, агар аз ҳуқуқат талаб кардӣ, ҳатто ба ҷурми “хиёнат ба давлат” муттаҳамат мекунад.

Корбаре бо номи Алишер Саидов дар саҳифаи Фейсбуки худ видеоеро нашр кардааст, ки дар он баҳси ӯ бо як корманди Бозрасии давлатии автомобилии роҳ сабт шудааст. Ба гуфтаи ронанда, корманди БДА мехост ӯро ҷарима кунад, ки боиси эътирози шадиди ӯ гардид.

Дар навор дида мешавад, ки ронанда ба корманди БДА хитоб карда мегӯяд: Шумо ҳақ надоред ба шахсияти мардум дахолат кунед”. Дар посух корманди БДА мегӯяд: “Мо ба шахсияти шумо умуман дахолат надорем”. Аммо баҳс пас аз он боло мегирад, ки ронанда иддао мекунад корманд ӯро “беақл” хондааст.

Корманди БДА, ба ҷойи шарҳи қонуншиканӣ, талош мекунад ронандаро ба риоя накардани пӯшиши либос ва доштани риш муттаҳам кунад. Ронанда мегӯяд: “Агар ҳамин аст, пас маро барои доштани риш ҷарима кунед, на барои чизҳои дигар”.

Бахши дигари баҳс, ки вокуниши зиёдро ба миён овардааст, он аст, ки корманди БДА кӯшиш мекунад шаҳрвандро ба иттиҳоми “хусумат нисбат ба давлат” айбдор намояд.

Ин мавзуъ дар шабакаи иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба бор овард. Бисёре аз корбарон талоши корманди БДА-ро барои “барчасп задани душманӣ нисбат ба давлат” танқид карда, навиштаанд: “Агар ҳар кас аз ҳаққи худ дифоъ кунад, ӯро ба хусумат нисбат ба давлат муттаҳам мекунанд”.

Кобаре дар зери ин навор навиштааст “Ман ҳайронам аз ҳамин хел кормандони БДА. Одамро бозмедоранд, ҳар гуна гап мезананд. Эрод ба сару либосашон мегиранд ба талабот ҷавобгӯ нест, гуфта протокол мекунанд агар ҳами чиз друст ҳам бошад, ҳазору як баҳона меёбанд, ҳадафашон нопок аст”.

Корбари дигар бошад чунин навиштааст: “Номера канданаш умуман ҳуқуқ надорад. Дар ягон қонун навишта нашудааст. Танҳо вазифааш ҳамин аст, ки мошинро гирифта ба ҷармагоҳ барад, на ин ки дар сари шаҳрванд номи давлатро истифода барад. 100% гунаҳкор худи милиса аст. Гапзании ӯро бинед ҳақ надорад ба касе “беақл” гӯяд. Аз гапаш маълум аст, ки саводаш то кадом андоза паст аст”.

Коршиносони таъкид мекунанд, ки дар Тоҷикистон ҳар касе аз ҳаққи худ дифоъ кунад, зуд бо барчаспи “душмани миллат” ё “доштани хусумат нисбати давлат” зада мешавад. Ба гуфтаи онҳо, чунин равиш нишон медиҳад, ки ҳукумат ҳатто одитарин эътирозро таҳаммул намекунад.

Мухолифон низ изҳор медоранд, ки мақомот дар Тоҷикистон бо баҳонаҳои ночиз аз қабили гузоштани лайк ё тамошои видеое, ки ба мақомот писанд нест, бо баҳонаи доштани риш руймол ва ғайра мардумро ҷарима ва ҳатто зиндонӣ мекунанд.

Ҳукми зиндони як муҳоҷири истирдодшуда аз Олмон ба Тоҷикистон

0

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Мирзомурод Алиев, сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Олмон ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба манобеаш нависта, ки мурофиаи додгоҳии Алиев аввоили моҳи август бидуни вакили дифоъ баргузор шуда, додрас ӯро ба тундгароӣ ва пайравӣ аз гурӯҳи “Ансоруллоҳ” гумонбар донистааст.

Назари худи ин ҷавон ва пайвандону наздиконаш дар мавриди иттиҳомоти мақомот дастрас нест. Мақомоти Тоҷикистон ҳам расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Гуфта мешавад, Мирзомурод Алиев як сол пеш, пас аз боздошти гурӯҳе аз сокинони Язгулом, аз Маскав ба Беларус ва аз онҷо ба Лаҳистону Олмон рафта, муддате дар шаҳри Дортмунд зиндагӣ кардааст. Аммо мақомоти Олмон ӯро рӯзи 4-уми июни соли ҷорӣ бо далели он ки таҳти пайгард қарор дорад, аз ин кишвар ихроҷ карданд.

Пештар аз Алиев, Додгоҳи ноҳияи Исмоли Сомонии Душанбе моҳи июли соли ҷор Обид Қувватбеков, бародарзодаи Мавлавӣ Абдуллобек, рӯҳонии маъруф дар Язгуломро панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Инчунин моҳи марти соли ҷорӣ 31 сокинони деҳаи Жамак, Андарбак ва Будуни ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро бо иттиҳоми “омодагӣ ба харобкорӣ” ва узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” аз 2 то 23 сол равонаи зиндон гардида буданд.

Ҳамзамон расонаҳо моҳи марти соли ҷорӣ аз боздошти беш аз бист сокини маҳаллаи “Дарвоз”-и Душанбе, ки ҳамагӣ зодагони ҷамоати Язгулом буданд, хабар доданд. Рӯзи 17-уми июни соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Исмоили сомонӣ аз ин гурӯҳ панҷ нафарро ба муҳлатҳои аз панҷ то панҷуним соли зиндон ва чор тани дигарро шартан барои огоҳ накардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 8-моҳӣ маҳкум ба зиндон кард. Аммо ин гурӯҳ ба пайравӣ аз “Салафия” айбдор шудаанд.

Тақдири боқимонда боздоштшудаҳо ва чор зодаи дигари Язгулом, ки моҳи апрели соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда буданд маълум нест.

Маргбортарин садама. Марги қариб 80 нафар дар як шаб

0

Шаби 19-уми август ар як садамаи марговар дар вилояти Ҳироти Афғонистон ҳадди ақал 79 нафар, аз ҷумла 19 кӯдак ҷони худро аз даст доданд.

Ҳодиса дар шоҳроҳи Ҳирот-Исломқалъа, дар ноҳияи Гузараи Афғонистон вақте рух дод, ки як автобуси мусофирбари ҳомили муҳоҷирони афғон, ки тоза аз Эрон ихроҷ шуда буданд, бо як мошини боркаш ва мотосикл бархӯрд. Пас аз бархӯрд автобус оташ гирифт ва аксари мусофирон дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд. 

Мақомоти Толибон гуфтаанд, ин ҳодиса яке аз маргбортарин садамаҳои солҳои охир дар Афғонистон ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, сабаби садама суръати зиёди автобус ва беэҳтиётии ронанда будааст. Танҳо се нафар аз мусофирони автобус зинда мондаанд, ки ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ҳамчунин ду нафар аз мусофирони мошини боркаш ва ду мотосиклрон низ дар байни қурбониён ҳастанд. 

Ин садама дар замоне рух дод, ки Афғонистон бо мавҷи бозгашти маҷбурии муҳоҷирон аз Эрон, Тоҷикистон ва Покистон рӯ ба рӯ аст.

Тибқи иттилои Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, аз оғози соли ҷорӣ зиёда аз 1,8 миллион афғон аз Эрон ва тақрибан 184 ҳазор нафар аз Покистон инчунин зиёда 1000 нафар аз Тоҷикистон ба Афғонистон бозгардонида шудаанд. 

Ба гуфтаи огоҳон, дар роҳҳои Афғонистон садамаҳо зиёд рух медиҳанд, ки сабабҳои асосии ин ҳодисаҳоро роҳҳои фарсуда, набудани қоидаҳои ҳаракат ва беэҳтиётии ронандагон мегӯянд.

Варзишгоҳи нави Душанбе оташ гирифт

0

Имрӯз, 20 август, як варзишгоҳи футбол дар шаҳри Душанбе, ки ҳоло раванди сохту сози бинои он идома дорад, ба коми оташ рафт.

Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳодиса субҳи мирӯз дар ошёнаи якуми бинои варзишгоҳ рух додааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар лаҳзаҳои аввал макони ҳодиса пурра зери дуди ғализ қарор гирифта, кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ба зудӣ ба макон ҳозир шуда, оташро хомӯш карданд.

Мақомот мегӯянд, сабабҳои рух додани сӯхтор ҳанӯз муайян нашуда, таҳқиқи қазия аз ҷониби мутахассисони соҳа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Ба иттилои пешакӣ, дар натиҷаи ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Варзишгоҳи мазкур дар доираи барномаи рушди инфрасохтори варзишӣ дар шаҳри Душанбе сохта мешавад ва барои баргузории мусобиқаҳои футбол, тамринҳои даставӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ пешбинӣ шудааст.

Мақомот таъкид мекунанд, ки дар наздиктарин фурсат иттилооти расмӣ дар бораи сабаб ва хисороти сӯхтор пешниҳод хоҳад шуд.

Нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон гаронтарин дар ҷаҳон аст

0

Сафири Туркия дар Душанбе Умут Ачар бо нашри паёме дар саҳфаи фейсбукияш аз мақомоти кишвар хостааст, ки нархи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳоро арзон кунад.

Ба навиштаи сафири Туркия, нархи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон гарнтарин нарх дар сатҳи ҷаҳон аст. Ӯ мегӯяд, “дар ҳоли ҳозир ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Душанбе 1780 доллар пардохт мекунад.” Аммо ба гуфтаи сафир, ширкати “Сомон Эйр” аз Истамбул як тонна сӯзишвориро ба қимати 930 доллар харидорӣ мекунад.

Умут Ачар гуфтааст, ки барои арзон шудани нархи билетҳо байни Туркия ва Тоҷикистон, мақомоти дахлдори тоҷик бояд нархи сӯзишвориро ба ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines арзонтар бифурӯшанд.

Ӯ ҳамчунин менависад, агарчи мақомоти Тоҷикистон нархи баъзе аз хидматрасониҳо дар фурӯдгоҳ ва нархи билетҳоро каме ҳам бошад арзон кардааст, вале нархи гарони сӯзишворӣ ба нархи билетҳо таъсири худро мерасонад.

Сафир Туркия таъкид мекунад, ки ширкати Turkish Airlines дар як ҳафта 5 маротиба ба Душанбе парвоз анҷом медиҳад, бо афзоиши сафарҳо ҳама мусофирон мехоҳанд бо нархи арзон парвоз кунанд ва агар Тоҷикистон нархи сӯзишвориро арзон кунад, билетҳо ҳам арзон мешаванд.

Кӣ рост мегӯяд, Вазорати маориф ё мардум?

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста ба эътирозҳои мардум дар бораи пулситониҳои бемавриди мактабҳо аз волидайн вокуниш кард.

Ин вазоратхона дар саҳифаи расмии худ дар Facebook хабарҳоро дар бораи хариду фурӯши маҷбурии либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ рад кардааст. Вазорат таъкид намудааст, ки чунин амал қатъиян мамнуъ мебошад.

Ба гуфтаи Вазорати маориф, як дастурамали либоси ягона барои хонандагону омӯзгорон таҳия ва ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шудааст. Ин дастурамал ҷанбаи тавсиявӣ дошта, ҳадафаш таъмини ягонагии зоҳирии хонандагону омӯзгорон мебошад.

Ҳамзамон Вазорати маориф ёдовар шудааст, ки тибқи қонунгузории кишвар шаҳрвандон дар интихоби либос ва мол озод ҳастанд. Ҳар як шахс метавонад мувофиқи хоҳиш ва имконияти молии худ либос ё дигар молу коло харидорӣ кунад, бе дахолати дигарон.

Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар борҳо аз фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ дар дохили муассисаҳои таълими шикоят карда, ҳамчунин сифати чунин либосҳоро паст арзёбӣ намудаанд. Вазорат таъкид кардааст, ки дар таҳия ва дӯхти либосҳои мактабӣ даст надорад ва хотиррасон намуда, ки фурӯши либос ё дигар молу маҳсулот дар дохили муассисаҳои таълимӣ манъ аст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар сурати пайдо шудани мушкилот дар сифати либосҳои мактабӣ сокинон метавонанд ба Вазорати саноат, Ожонсии стандартизатсия ва дигар мақомотҳои марбут муроҷиат намоянд.

Бо вуҷуди изҳороти Вазорати маориф ва илм сокинон мегӯянд, ки ҳар сол дар оғози соли таҳсил бо ин мушкил рӯбарӯ мешаванд. Ба гуфтаи онҳо, муассисаҳои таълимӣ аксаран хонандагонро водор месозанд, ки танҳо либосҳои пешниҳодшуда аз ҷониби мактабро харидорӣ кунанд. Аммо волидайн аз сифати паст ва нархи гарони чунин либосҳо шикоят доранд.

Аз сӯи дигар, дар охири соли таҳсил мушкили дигар, аз ҷумла ҷамъоварии маблағ аз падару модарон барои таъмири мактабҳо ва корҳои дигар домангири онҳо мешавад. Гарчанде Вазорати маориф чандин маротиба таъкид кардааст, ки чунин амалҳо ғайриқонунӣ мебошанд, вале сокинон мегӯянд, ки пул ҷамъкунӣ ҳанӯз идома дорад.

Ба андешаи падару модари хонандагон, ин мушкилот ҳар сол такрор шуда, боиси норозигӣ ва беэътимодии ҷомеа нисбат ба низоми маориф гардидааст. Онҳо аз мақомот талаб доранд, ки на танҳо бо изҳорот, балки бо чораҳои амалӣ пеши роҳи чунин ҳолатҳоро гиранд.