Муаррифии сомонаҳои куҳна дар Вазорати меҳнат

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр нишасте доир кард, ки дар он аз фаъол шудани се сомона хабар дод.

Сурат: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Дар рафти нишаст оид ба муаррифии сомонаҳо қайд карда, ки фаъол гаштани онҳо минбаъд ба корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон барои пайдо кардани ҷойи кор кумак хоҳанд кард.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии кишвар ин се сомона (www.kor.tj, www.shugl.tj, www.kasb.tj)  дар заминаи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таъмини бехатарии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 30 декбри соли 2019, №642 «Дар бораи Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудаанд.

Гуфта мешавад, тавассути ин се сомона шаҳрвандон метавонанд мустақилона маълумотҳои саривақтӣ, навигариҳо дар бораи ҷойҳои кории холӣ, санад ва дигар маводҳои заруриро дастрас намоянд.

Инчунин ба шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ҷойҳои кории холӣ таъмин ва барои интихоби мутахассисон ба корфармоён шароит фароҳам меорад.

Вазорати меҳнат дар ҳоле аз муаррифии се сомона хабар медиҳад, ки сомонаҳои мазкур қаблан дар интернет фаъолият мекарданд. Бино ба маълумоти торнамои “Get.TJ” сомонаи kor.tj аз сентябри соли 2011 таҳти номи “Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шуда, 10 сол мешавад, ки рӯйи кор аст.

Сомонаи shugl.tj бошад, шаш моҳ пеш, моҳи марти ҳамин сол ва сомонаи kasb.tj 5 моҳ қабл, апрели соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда, ҳар се сомонаҳо бо нишонии кӯчаи Алишер Навоӣ 5/1 дар доменҳои интернетӣ сабти ном гаштаанд.  

Коршиносон мегӯянд, бо фаъол гаштани чунин сомонаҳо вазъият тағйир нахоҳад кард ва теъдоди бекорон ва корҷӯён чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ бештар ва дар ҳоли афзоиш аст. Чунки дар Тоҷикистон истеҳсолот мавҷуд нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кабирӣ рафт, кӣ омад?

Интихоби раиси нави Наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд.Имрӯз, 19-уми...

Давоми силсилаи боздоштҳо: панҷ сокини Язгулом дар масҷид дастгир шуданд

Мақомоти интизомии шаҳри Душанбе панҷ нафарро бо гумони алоқамандӣ ба ҳаракатҳои ифротгароӣ боздошт карданд.

ИМА дар ҳамдастӣ ба ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” як шаҳрванди Афғонистонро маҳкум кард

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҳамала ба толори "Крокус Сити Ҳолл" ба зиндон маҳкум шуд.

Камарбанди сиёҳ, доктори фахрӣ ва “дастхати муқаддас”-и Раҳмон дар Корея

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Кореяи Ҷанубӣ соҳиби дани фахрии 9-уми таэквондо ва унвони доктори фахрии Донишгоҳи Корея шуд.