27.9 C
Dushanbe

Кабирӣ: Муҷоҳидини Афғонистон иштибоҳи моро такрор карданд

Раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, қумандонҳо ва муҷоҳидини пешини Афғонистон, ки аксарашон пас аз расидан ба қудрат ҳамон иштибоҳеро такрор карданд, ки муҷоҳидини Иттиҳоди нерӯҳои опозитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ) пас аз ба қудрат расидан анҷом дода буданд.

Кабирӣ, ки шоми душанбеи 16-уми август дар барномаи зинда дар шабакаи ютубии Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) суҳбат мекард, гуфт, ки пас аз истиқрори сулҳу баргаштан ба Тоҷикистон намояндагони ҲНИТ дар қудрат ширкат карданд, вале бархилофи хостаҳои раҳбарон ва сиёсати ҲНИТ баъзе аз онҳо ба рифоҳу маъишат гузаштанд ва ҳатто баъзеяш даст ба фасод ҳам заданд.

“Мо дар қудрат ширкат кардем, дар парлумон будем, аммо шуруъ кардем ба қасрсозӣ, ба кор, ҳатто кор ба ҳадде расид, ки баъзе аз намояндагони муҷоҳиди мо, ки ба қудрат расиданд, дар фасод шарик буданд”- афзуд Кабирӣ.

Раҳбари ПМТ таъкид дошт, ки аз чунин шахсиятҳо ду се нафараш имрӯз дар паҳлуи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд ва ҳатто ҲНИТ-ро санг ҳам мезананд. “Вақте вазир буданд чӣ қадар дуздиҳо мекарданд аз гумруку аз ҷойҳои дигар ва инро миллат ҳам медонад”.

Муҳиддин Кабирӣ сабаби фосила пайдо шудан байни гурӯҳҳои демократӣ ва миллию озодихоҳӣ ва мардум ва муҷоҳидини ИНОТ ва инчунин аз даст додани қудрати нерӯҳои мухолифини он замонро дар қасрсозиҳову зиндагии бисёр ҳам бо рифоҳ ва намоишӣ арзёбӣ кард.

Дар идома раҳбари ПМТ сабаби шикасти қумандонҳои собиқи Афғонистонро низ ба ҳамин омил рабт дода гуфт, ки “дақиқан ҳамин кор дар Афғонистон шуд. Муҷоҳидон баъд аз оне, ки омаданд ба Кобул ҳокимиятро гирифтанд, дар парлумон дар ҳукумат дар вилоятҳо ба ҳайси волӣ дунболи дигар чиз гаштанд. Вақте муҷоҳидин ин иштибоҳотро карданд, миллати афғон онҳоро тарк кард ва дар паҳлӯи онҳо наистод. Ин сабаби асосӣ буд, ки Толиб тавонист шаҳрҳоро яке паси дигар бидуни муқовимат бигирад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.