Муҳоҷирон метавонанд бидуни миёнарав ва сабти ном билет бихаранд

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентиии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон дигар ниёзе ба сабти номи қаблӣ дар сафорат ва консулгариҳо вуҷуд надорад ва муҳоҷирони тоҷикистоние, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд, аз намояндагиҳои ширкати “Сомон Эйр” ва ширкати русии “Utair” чиптаҳоро озодона бидуни миёнаравҳо харидорӣ намоянд.

Гуфта мешавад, ки барои дастрасии бештар ва бароҳатии мусофирон теъдоди нуқтаҳои фурӯши чипта дар шаҳрҳои Федератсияи Русия минбаъд зиёд карда мешавад ва дар хусуси нуқтаҳои нави фурӯши билетҳо маълумоти иловагӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки  арзиши чипта дар хатсайрҳои таҳлиявӣ бо пуршавии яктарафа 395 евро (эконом-класс)  (аз самти Русия ба Тоҷикистон) муқаррар гардидааст ва дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Тоҷикистон ба Русия) арзиши чипта коҳиш меёбад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон эълон кардааст, шаҳрвандоне, ки бо ин парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон бармегарданд бояд бо худ маълумотнома дар мавриди надоштани бемории коронавирус дошта бошанд.

Қаблан бояд барои парвоз ба Тоҷикистон дар сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирон бояд номнавис мекарданд, ки аз хизматрасонӣ ва муомилаи дағалонаи намояндагони сафорат ҳамеша шикоят мекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як тоҷик дар фурудгоҳи Модлини Лаҳистон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ

Кормандони Хадамоти марзбонии Лаҳистон дар фурудгоҳи Варшава–Модлин як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро боздошт карданд.

Оғози давраи нави машваратҳо байни Тоҷикистону Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола

Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола даври даҳуми машваратҳои солонаи сиёсиро дар шаҳри Вашингтон баргузор карданд.

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов даргузашт

Ҳунарманди маъруфи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания» Бахтиёр Раҳимов шаби 30-юми июн дар синни 56-солагӣ даргузашт.

Коҳиши дархости паноҳандагии тоҷикистониён аз Лаҳистон

Аз аввали соли ҷорӣ 62 шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон дархости паноҳандагӣ додаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 3% кам аст.